Моддаи 54-и Кодекси Меҳнат. Роҳ надодан ба ғайриқонунӣ аз кор озод намудан ва ба кори дигар гузаронидани корманд
- Корманде, ки ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронида ё ғайриқонунӣ аз кор озод карда шудааст, аз ҷониби худи корфармо ё суд ба кор барқарор карда мешавад.
- Ҳангоми баррасии баҳс дар суд корфармо уҳдадор аст, зарурат ва асоснокии ба кори дигар гузаронидан ё аз кор озод кардани кормандро исбот намояд.