Главная / Илм / ҚУРБОНОВА Муборак Ҳасановна

ҚУРБОНОВА Муборак Ҳасановна

kurbonova-muborakҚУРБОНОВА Муборак Ҳасановна (тав. 12. 04. 1957), акушер-гинеколог, доктори илми тиб (1996), проф. (2003). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1980). Ординатори клиникии кафедраи акушерӣ ва гинекологияи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1981 – 83), аспиранти Маркази умумииттифоқии тадқиқоти илмии ҳифзи модар ва кӯдак (ш. Москва, 1983 – 85), мудири шӯъба (1987 – 2008) ва директори Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва перинатологияи Тоҷикистон (2008 – 09). Доир ба масъалаҳои пешгирии бордоршавӣ дар занҳои гирифтори нуқси ҷисмонӣ, ташхис ва муолиҷаи иллатҳои гинекологӣ дар ҷавонзанҳо ва дӯшизагони Тоҷикистон тадқиқот бурдааст. Дар мавзӯи «Истифодаи васоити дохилибачадонии пешгирии ҳамл дар занҳои гирифтори пиелонефрит ва гломерулонефрити музмин» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Моҳият ва самараи доруҳои пешгирии ҳамл ҳангоми баъзе намуди бемориҳои экстрагениталӣ ва акушерӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ. Таҳти роҳбарии ӯ 4 наф. рисолаҳои номзадӣ ва 1 наф. рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд. Раиси Ассотсиатсияи акушер-гинекологҳои ҶТ. Бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …