Главная / Илм / КУРБОНОВА Муборак Хасановна

КУРБОНОВА Муборак Хасановна

kurbonova-muborakКУРБОНОВА Муборак Хасановна (тав. 12. 04. 1957), акушер-гинеколог, доктори илми тиб (1996), проф. (2003). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1980). Ординатори клиникии кафедраи акушери ва гинекологияи факултаи муоличавии ДДТТ (1981 – 83), аспиранти Маркази умумииттифокии тадкикоти илмии хифзи модар ва кудак (ш. Москва, 1983 – 85), мудири шуъба (1987 – 2008) ва директори Пажухишгохи акушери, гинекология ва перинатологияи Точикистон (2008 – 09). Доир ба масъалахои пешгирии бордоршави дар занхои гирифтори нукси чисмони, ташхис ва муоличаи иллатхои гинекологи дар чавонзанхо ва душизагони Точикистон тадкикот бурдааст. Дар мавзуи «Истифодаи васоити дохилибачадонии пешгирии хамл дар занхои гирифтори пиелонефрит ва гломерулонефрити музмин» рисолаи номзади ва дар мавзуи «Мохият ва самараи дорухои пешгирии хамл хангоми баъзе намуди беморихои экстрагенитали ва акушери» рисолаи доктори дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 100 асару маколахои илми. Тахти рохбарии у 4 наф. рисолахои номзади ва 1 наф. рисолаи доктори дифоъ намудаанд. Раиси Ассотсиатсияи акушер-гинекологхои ЧТ. Бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …