Главная / Илм / ГИДРОКОРТИЗОН

ГИДРОКОРТИЗОН

gidrokortizonГИДРОКОРТИЗОН, гормони қишри ғадуди болои гурда; доруи глюкокортикоидӣ, ки таъсири возеҳи зидди аллергия, зидди илтиҳоб, зидди хориш дорад. Г. шабеҳи кортизон, вале нисбати он фаъолтар аст. Г.-ро барои муолиҷаи бемориҳои аллергӣ ва илтиҳобии пӯст, конъюнктивит, блефарит, придосиклит, кератит ва дерматити пилки чашм кор мефармоянд. Онро ҳангоми артритҳо, аз ҷумла артрити тарбодӣ, ба ҷавфи бандҳо (баъзан ба мушак) мефиристанд; дар аснои нуқси ғадудҳои болои гурда ба варид фиристода мешавад.
Г. метавонад боиси дар организм банд шудани об ва намак, инкишофи варам, гипергликемия ва гликозурия, баланд шудани фишори хун, хастаҳолӣ, заъфи мушакҳо, бехобӣ, амрози рӯҳӣ, ташаннуҷ (дар кӯдакон), гирсутизм, аменорея, бачапартоӣ ва ғ. гардад. Дар сурати ба мушоҳида расидани чунин таъсироти номатлуб истифодаи Г.-ро қатъ кардан лозим аст.
Г.-ро дар мавридҳои бемории меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта, тромбофлебит, ихтилоли рӯҳӣ, фишори хун, эндокардити шадид, остеопороз, ҳомилагӣ таъин намекунанд; ҳангоми бемориҳои вирусӣ, занбӯруғӣ ва римсори пӯст низ истифодаи он манъ аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …