Главная / Гуногун / Тавлиди харакати буржуазию инкилоби

Тавлиди харакати буржуазию инкилоби

Хукмронии иртичоъ ба пешрафти нерухои пешкадами мамлакат халал расонида натавонист. Мубориза барои конститутсияи соли 1876 ва иштирок дар парламенти аввал барои онхо мактаби хакикии муборизаи сиёси гардид. Гояхои “Усмонхои нав”-ро вобаста ба шароит иштирокчиёни харакати чавонтуркхо кабул карда, ривоч доданд. Режими зулму истибдод онхоро алайхи мутлакияти султон ба чустучуи усулхои инкилобии мубориза тела дод.

Соли 1899 гурухи хонандагони таълимгохи харбию тиббии шахри Истамбул бо ташаббуси донишчу Иброхим Темо созмонхои аввалини чамъияти махфии “Иттиход ва таракки”-ро ташкил намуданд, то ки бар зидди зулми Абдулхамид мубориза баранд. Худи хамон вакт бо рохбарии Ахмад Ризобей маркази оппозитсияи мухочирин ташкил меёбад. Иштирокчиёни ин созмонро дар Европа “чавонтуркхо” меномиданд.

detail_c62ea99a988eccd4f74f3f9d2a3642c8

Чавонтуркхо аз нав баркарор кардани режими конститутсиони ва ба амал баровардани ислохоти демократии европавиро максади асосии худ мешумориданд. Дар Конгресси якуми чавонтуркхо, ки соли 1902 дар Париж баргузор гардид, барои муттахид кардани чидду чахди хамаи хизбхои сиёси, гуруххо ва махфилхое, ки бар зидди режими истибдод мубориза мебурданд, кушиш ба харч дода шуд. Вале оид ба роху усулхои тагйири сохти мавчудаи Туркия дар байни иштирокчиёни ин конгресс мухолифат ва чудои ба амал омада, ба ташкил ёфтани ду созмони мустакил оварда расонид. Асоси яке аз онхоро гурухи Ахмад Ризо ташкил кард. Гояхои у, ки каблан дар сахифахои рузномаи “Машварат” чоп шуда буданд, асоси барномаи ин иттиходияи сиёсиро ташкил медоданд. Гурухи Сабохиддин дар “Чамъияти ташаббуси хусуси ва гайримарказони” муттахид шуд. Он ба чонибдории федератсияи Усмониён баромад мекард. Мувофики диди гурухи Сабохиддин дар ин федератсия бояд хамаи халкиятхо хукуки автономи дошта бошанд. Ин созмон чонибдори бо давлатхои хоричи барпо намудани хамкории фаъолона буд, хамкорие, ки ба мамлакат сармоя дохил намуда, “ташаббуси шахси”-ро ривоч медихад. Фикрхои хар ду гурухи чавонтуркхо асосан пешкадам буданд. Аз тарафи дигар, ракобати байнихамдигарии ду маркази чавонтуркхо муборизаи онхоро бар зидди истибдоди Абдулхамид як кадар суст мекард.

Болоравии вазъияти инкилоби дар империя солхои 1906 – 1907 ба болоравии нави харакати чавонтуркхо мусоидат кард. Дар ин мархалаи мубориза дар стратегия ва тактикаи фаъолияти чавонтуркхо тагйироти кулли ба амал омад. Онхо хуб фахмиданд, ки бар зидди режими Абдулхамид муттахидкунии Нерухои демократию ватанпарвар ва вахдати хамаи куввахои инкилоби зарур аст. Соли 1907 бо ташаббуси чавонтуркхо дар Париж анчумане барпо гардид, ки дар он гайр аз чавонтуркхо созмонхои дигари буржуазию инкилоби ва ватанпарвару озодихохи империяи Усмониён иштирок карданд. Анчуман барномаи бархам додани режими истибдод ва аз нав баркарор кардани идораи конститутсиониро кабул кард.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …