Главная / Гуногун / Тавлиди ҳаракати буржуазию инқилобӣ

Тавлиди ҳаракати буржуазию инқилобӣ

Ҳукмронии иртиҷоъ ба пешрафти нерӯҳои пешқадами мамлакат халал расонида натавонист. Мубориза барои конститутсияи соли 1876 ва иштирок дар парламенти аввал барои онҳо мактаби ҳақиқии муборизаи сиёсӣ гардид. Ғояҳои “Усмонҳои нав”-ро вобаста ба шароит иштирокчиёни ҳаракати ҷавонтуркҳо қабул карда, ривоҷ доданд. Режими зулму истибдод онҳоро алайҳи мутлақияти султон ба ҷустуҷӯи усулҳои инқилобии мубориза тела дод.

Соли 1899 гурӯҳи хонандагони таълимгоҳи ҳарбию тиббии шаҳри Истамбул бо ташаббуси донишҷӯ Иброҳим Темо созмонҳои аввалини ҷамъияти махфии “Иттиҳод ва тараққӣ”-ро ташкил намуданд, то ки бар зидди зулми Абдулҳамид мубориза баранд. Худи ҳамон вақт бо роҳбарии Аҳмад Ризобей маркази оппозитсияи муҳоҷирин ташкил меёбад. Иштирокчиёни ин созмонро дар Европа “ҷавонтуркҳо” меномиданд.

detail_c62ea99a988eccd4f74f3f9d2a3642c8

Ҷавонтуркҳо аз нав барқарор кардани режими конститутсионӣ ва ба амал баровардани ислоҳоти демократии европавиро мақсади асосии худ мешумориданд. Дар Конгресси якуми ҷавонтуркҳо, ки соли 1902 дар Париж баргузор гардид, барои муттаҳид кардани ҷидду ҷаҳди ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳо ва маҳфилҳое, ки бар зидди режими истибдод мубориза мебурданд, кӯшиш ба харҷ дода шуд. Вале оид ба роҳу усулҳои тағйири сохти мавҷудаи Туркия дар байни иштирокчиёни ин конгресс мухолифат ва ҷудоӣ ба амал омада, ба ташкил ёфтани ду созмони мустақил оварда расонид. Асоси яке аз онҳоро гурӯҳи Аҳмад Ризо ташкил кард. Ғояҳои ӯ, ки қаблан дар саҳифаҳои рӯзномаи “Машварат” чоп шуда буданд, асоси барномаи ин иттиҳодияи сиёсиро ташкил медоданд. Гурӯҳи Сабоҳиддин дар “Ҷамъияти ташаббуси хусусӣ ва ғайримарказонӣ” муттаҳид шуд. Он ба ҷонибдории федератсияи Усмониён баромад мекард. Мувофиқи диди гурӯҳи Сабоҳиддин дар ин федератсия бояд ҳамаи халқиятҳо ҳуқуқи автономӣ дошта бошанд. Ин созмон ҷонибдори бо давлатҳои хориҷӣ барпо намудани хамкории фаъолона буд, ҳамкорие, ки ба мамлакат сармоя дохил намуда, “ташаббуси шахсӣ”-ро ривоҷ медиҳад. Фикрҳои ҳар ду гурӯҳи ҷавонтуркҳо асосан пешқадам буданд. Аз тарафи дигар, рақобати байниҳамдигарии ду маркази ҷавонтуркҳо муборизаи онҳоро бар зидди истибдоди Абдулҳамид як қадар суст мекард.

Болоравии вазъияти инқилобӣ дар империя солҳои 1906 – 1907 ба болоравии нави ҳаракати ҷавонтуркҳо мусоидат кард. Дар ин марҳалаи мубориза дар стратегия ва тактикаи фаъолияти ҷавонтуркҳо тағйироти куллӣ ба амал омад. Онҳо хуб фаҳмиданд, ки бар зидди режими Абдулҳамид муттаҳидкунии Нерӯҳои демократию ватанпарвар ва ваҳдати ҳамаи кувваҳои инқилобӣ зарур аст. Соли 1907 бо ташаббуси ҷавонтуркҳо дар Париж анҷумане барпо гардид, ки дар он ғайр аз ҷавонтуркҳо созмонҳои дигари буржуазию инқилобӣ ва ватанпарвару озодихоҳи империяи Усмониён иштирок карданд. Анҷуман барномаи барҳам додани режими истибдод ва аз нав барқарор кардани идораи конститутсиониро қабул кард.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …