Главная / Чугрофия / УФУК ВА ТАРАФХОИ ОН

УФУК ВА ТАРАФХОИ ОН

Уфук, самтхои асоси вамиёна

Муаяйнкунии тарафхо, накшаи махал, аксгирии кутбй ва маршрута (рохпаймои)

Хангоми сохтани накша, мисли сохтани харитахои чугрофй ва топографй, аввалан самти сатхи замин муайян карда мешавад.

Пеш аз сохтани накшаи махал мо бояд атрофро хуб биёмузем.

qutbchenkunak

Дар ин хангом, кисми намоёни онро мебинем, ки гуё ба осмон бар мехурад. Ана хамин уфук номида мешавад.

Уфук – хатест, ки осмон ва сатхи замин ё сатхи об ва сомонро чудо мекунад.

Самтхои асосии уфук шимол, чануб, шарк ва гарб мебошад. Ба гайр аз самтхои асосй, ичунин самтхои миёнгузар низ хастанд: шимолй-шарки, шимолй- гарбй, чануби-шарки ва чануби-гарбй.

Дар мавридхои алохида, ба гайр аз 8 самт, муайян кардани самтхои нисбатан дакик лозим мешавад.

Инхоро дар бар мегирад: шимолй – шимолй-гарбй, гарбй – шимолй-гарбй, гарб – чанубй-гарбй, чанубй – чанубй-гарби, чануби – чанубй-шаркй, шаркй – шимолй-шарки ва шимолй – шимолй-шаркй. Уфук 16 самт дорад.

qutbche

Онхоро бахрнавардон румбхои уфук меноманд.

Барои самтхои уфукро дуруст муайян кардан бояд аввал тарафи шимолиро муайян кард. Силас, дигар самтхои уфукро майян кардан лозим аст.

Кутби муайян кардан мумкин аст. Инчунин кутбнамо ва дигар воситахоро низ истифода бурдан мумкин аст. Осонтарин тарзи пайдо кардани самхои уфук – ин истифода кардани кутбнамо мебошад.

Акбараки кутбнамо хамеша шимол ва чанубро нишон дода меистад.

Кутбнамо – ин асбобест, ки самтро аз руйи меридиани магнитй нишон медихад

Бисёр тарзхои муайянкунии самтхои уфук мавчуд аст. Бархе аз онхоро нишон медихем:

Рузона хангоми соф будани осмон самтхои уфукро муайян кардан душвор нест: соати 13.00 Офтоб дар чануб меистад. Субхи тобистон дар соати 7.00 Офтоб дар шарк меистад, бегохй дар саоти 19.00 дар гарб. Шаб бошад аз руйи Ситораи

Азимут – кунчест, ки дар миёни самти шимол (ба нимкурраи Чанубй – ба чануб) ва самти ягой ашёи дур мебошад.

Азимут одатан ба самти харакати намоёни курраи осмонй (дар харитахо аз руйи самти харакати акрабаки соат) хисоб карда мешавад.

Кутбнамои оханрабой аввалин бор дар Чин 4000 сол пеш сохта шудааст. Дар он кутбнамо, дар дохили сандукчаи чубй санге гузошта туда буд. Сузани охание, ки ба санг часпонда туда буд, хамеша чанубро нишон медихад. Онро сайёхон ва точирони чинй дар хама вазъи холати хаво истифода мекарданд. Ин кор аз хатархои гуногун пешгирй мекард.

Дар аввали асри XIV устои итолёй Флавио Жиойя микёси кутбнаморо мукам – мал кард. Дар миёни картони давра у сузани оханрабой чойгир кард ва картонро хат кашида ба 32 румб таксим кардааст.

Коидахои коркунии кутбнамо

  1. Кутбнамо (компас) ба чое гузошта мешавад, ки метал набошад.
  2. Бояд мунтазир шуд, то акрабак карор гирад.
  3. Корро замоне шуруъ кардан л озим аст, ки акрабаки шимолро нишон додаистода, дар сифр истад.
  4. Бояд нуги акрабак дакикан ба нишондихандаи шимол дуруст карда шавад.
  5. Барой муайянкунии азимута, бояд байни нишонаи шимол ва нишонае, ки объектро нишон медихад аз руйи гардиши акрабаки соат хисоб карда шавад.

Чи тавр ва ба кадом самт сабзидани растанихоро назорат карда, метавон самтхои уфукро муайян кард. Масалан, дарахте, ки танхо месабзад дар кисми шимол шохахош камтар аст, нисбат ба кисми чануб.

Халкахои дарахтон, ки хангоми буриш аён мешаванд, дар самти чануб аз хамдигар дур чойгир мешаванд, дар самти шимол бошад ба хамдигар наздик чойгир мешаванд. Дар сангхое, ки дар сахро танхо хобидаанд, танхо дар самти шимолиаш ушна меруяд. Дар мурчахонахое, дар чангал ё дар даштхо хастанд, самти чанубаш нишеб, самти шимолаш бошад шебдор мебошад. Дар дарёбоди рудхо сохилхои чанубй мулоимтар ва сохилхои шимолй бошад тундтар аст.

Ченкунии фосила. Фосилаи байни ашёхои наздикро бо рулекта ва метр чен кардан мумкин аст. Масалан, дарозй ва бари синф, хона, уток. Рох ё маршруте, ки хангоми сафар, экскурсия тай шудааст бо метр ё рулетка чен кардан вактгир ва душвор мебошад. Дар чунин холатхо масофаро бо кадамхо чен кардан кулайтар мебошад.

Хангоми бо кадамхо чен кардан дарозии миёнаи кадамро донистан зарур аст. Барой муайян кардани дарозии миёнаи кадам чунин амалхоро ичро кардан лозим аст:

  1. Тавассути рулетка масофаи мухит чен карда шавад. Масалан, 200 метр.
  2. Ин масофа бо кадам чен карда шавад.
  3. Хисоб мекунем. Фарз кардем, ки 200 метрро бо 250 кадам рафтед…

Пас, 20 000 см : 250 = 80 см.

Хамин тавр, дарозии миёнаи кадам ба 80 см баробар аст. Ба гайр аз ин, масо- фаро аз руйи вакти дар сафар сарфшуда муайян кардан мумкин аст. Агар 1 км-ро дар 15 дакика тай кунед, пас дар як соат 4 км-ро тай карда метавонед.

Баъзан барон ченкунии масофа асбобхое истифода мешаванд, ки масофаёб номида мешаванд.

Масофаёбро метавонед худатон аз порчаи картонй бисохед (рас.7). Барой бо фосилаёб муаяйн кардани масофа, фосилаёбро дар баробари чашм бо дастон ба масофаи дарозии даст нигах доред.

Дар ин хангом фоислаёбро ба чапу рост харакат додан лозим аст, то ки тамо- маи объект тавассути тирезача аён шавад. Раками дар микёс нишондодашуда ба масофаи байни мушохидакунанда то объект баробар аст.

Муайянкунии самтхои уфук аз руйи Ситораи кутби

Шаб (хангоми соф будани осмон) Ситораи Кутбиро чунин пайдо кардан мум­кин аст: вай дар нимкураи шимолй тамоми шаб намоён аст ва дар хамаи фас- ли сол шимолро нишон медихад. Барой ёфтани Ситораи Кутби аввал гурухи ситорахо бо номи Дубби .Акбар (Хирси калон (дар миёни халк Хафтдодарони калон мегуянд) пайдо кардан лозим аст.

Хафт ситораи рушан, ки шакли раками хафт монанд аст.

Агар дар фикри худ тавассути девораи хамин хафт ситора хат кашида гу- зарем, дар масофаи панд маротиба дуртар аз ин девора Ситораи кутбиро дидан мумкин аст (рас. 8).

Самтёбй дар махал яке аз махоратхои мухим мебошад, ки дар хаёти одам лозим мешавад. Самтёбй хангоми шиноварй (бо киштй) ва парвозхо (бо тайёра) бисёр зарур мешавад.

Самтёбй хангоми сафархо ва экскурсияхо, омухтани курраи замин истифода мешавад, то ки гум нашуда, бидонй дар кучо хастй.

Савол ва супоришхо

  1. Бо мисолхои обьектхои гуногун дар бораи тарзхои самтёбй андешаатонро баён кунед.
  2. Ба экскурсия равед. Дар натичаи экскурсия нависед, ки чй гуна аз руйи самтхои уфук самтро пайдо карда тавонистед.
  3. Расми 8-ро истифода карда, осмонро мушохида кунед ва ситораи Кутбиро пайдо кунед.

Инчунин кобед

xona

МАХАЛХОИ АХОЛИНИШИН

Хелхои махалхои ахолинншин. Давраи дуру дароз инсон аз табиат зич вобаста буд. Одамон гурух-гурух дар …