Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр кун Чабраил (а) биёяд. Чабраил (а) меояд пайгамбар мепурсад ваъда буд, ки умри ман то 90 сол мерасад холо 63 соли умри ман гузаштааст? Чабраил (а) мегуяд 27 соли умри ту дар шаби меъроч гузаштааст. Пайгамбар боз мепурсад баъд аз сари ман боз ба замин фуру хохи омад ё на? Чабраил (а) мегуяд баъд аз сари ту хеч вакт ба замин фуру нахохам омад, магар 10 бор, ки 10 гавхари аз Дунё хохам бурд. Пайгамбар мепурсад кадом 10 гавхар хохи бурд? Чабраил (а) мегуяд ё Расулуллох
1)-ум бор гавхари сабр, ки хеч дарвешро сабр нахохад монд.
2)-ум бор гавхари шарм, ки хеч касро шарму хаё нахохад монд.
3) бор гавхари мехр, ки хеч касро мехр нахохад монд.
4) бор гавхари адл, ки подшохонро адлу инсоф нахохад монд.
5) бор гавхари баракат, ки ба чизе баракат нахохад монд.
6) бор гавхари саховат, ки факиронро хеч кас дуст нахохад дошт.
7) бор гавхари рости, ки хеч касро рости нахохад монд.
8) бор гавхари халол, ки хеч кас халолу харомро нахохад шинохт.
9) бор гавхари амал, ки олимон бар илм кор нахоханд кард.
10) бор гавхари баракат, ки Куръони мачид аз Дунё хохам бурд, Баъд аз он осори Киёмат падид хохад шуд.
Пас Пайгамбар (с) мегуяд ё Чабраил (а) холи умматони ман чи мешавад? Чабраил (а) мегуяд фармони Хактаъоло овордам, ки Мухаммадро бигу ки умматони худро ба ман бисупорад то ба рузи Киёмат ба у супорам. Пайгамбар хамаи ёронро даъват намуда васият кард, ки эй ёрон халолро халол донеду харомро харом ва молро закот дихеду факиронро махрум нагузоред ва хамсоягонро маранчонед ва бар занону фарзандону ятимон шафкат кунед, ки ба кадре аз он имтихон гузаред!
Пас пайгамбар(с) фармуд ки эй Азроил истода шаву кабзи чони бар куну бар умматони ман накун, ки ишон кудрат надоранд ва бисёр заифу камкуватанд. Азроил (а) гуфт: ё Расулуллох хар уммати ту, ки баъд аз намози фариза <Оятулкурси> бихонад чони у чунон кабз кунам, ки тифли ширхора ба пистони модар шир бинушаду дар хоб равад, модараш пистони худ бикашаду тифлро маълум набошад.
Баъд Азроил даст бар синаи муборак ниход ва пайгамбар ох баровард. Азроил (а) гуфт: ё Расулуллох чаро ох бароварди? Фармуд, ки эй Азроил ман донистам, ки ту куххои Дунё бар синаи ман ниходи тарсам, ки бар умматони ман хамчунин куни! Баъд хама ёрон пурсиданд, ки ё Расулуллох аз ин чахон мерави моёнро насихат кун? Пайгамбар мегуяд аз бади пархез кунед ва кинаро аз дил бадар кунед. Боз ёрон пурсиданд ё Расулуллох Киёмат кай хохад омад? Пайгамбар чавоб надод ва ангушти шаходат ишорат кард.
Баъзе гумон бурданд, ки баъд аз 1 сол хохад шуд ва баъзе гуфтанд, ки баъд аз 1000 сол ва баъзе гуфтанд, ки ба чуз Худои таъоло касе надонад. Пас чони муборак ба Хак таслим кард. Баъд хама зор зор бигристанд. Хама ёрон намози чаноза адо карданд ва Чабраил (а) тамоми фариштагони хафт осмон хамрох оварда намози чаноза хонданд. Илохо ба хурмати чони поки Мухаммади Мустафо (с) чумла муъминонро тавфики хайр мархамат фармояд, омин сумма омин.