Главная / Илм / ДИАБЕТИ КАНДи

ДИАБЕТИ КАНДи

diabetes-mellitusДИАБЕТИ КАНДи (Diabetes mellitus), касалии канд, кандпешоби, бемории гадудхои дохили, ки хангоми он аз сабаби дар организм нарасидани гормони гадуди зери меъда – инсулин мубодилаи моддахо халал меёбад. Тибки маълумоти омории Ташкилоти Умумичахонии Тандурусти микдори беморони гирифтори Д. к. дар тамоми кураи замин 159 млн. нафарро ташкил медихад. Ин нишондод дар байни кудакон ба 15 млн. наф. расидааст.
Дар чумхурии мо такр. 0,2 – 0, 3% ахоли ба ин бемори гирифтор аст. Бинобар ин, Д. к.-ро муаммои аср низ меноманд, зеро он баъди беморихои дилу рагхо ва саратон дар чои сеюм меистад. Хар 10 – 15 сол микдори ин бемори ду маротиба зиёд мешавад. Аз ин лихоз дар бисёр мамлакатхо, аз чумла дар Точикистон Д. к. нафакат мушкилоти тиб, балки мушкилоти ичтимои низ гаштааст.
Д. к. навъи I (инсулини: хучайрахои махсус онро кам хосил мекунанд) ва навъи II (гайриинсулини: дар сурати суст шудани фаъолияти инсулин, афзудани тачзияи он, зиёд гаштани талаботи бофтахо ба инсулин ва г. рух менамояд) мешавад.
Дар пайдоиши Д. к. ирсият мавкеи мухим дорад. Пурхури, хамчунин аз хад зиёд истеъмол кардани ангиштоби зудхазм низ боиси инкишофи Д. к. мешавад. Канди хун ангезандаи асосии хучайрахое мебошад, ки инсулинро синтез мекунанд. Доими баланд будани микдори канди хун (дар аснои пурхури) боиси суст шудани фаъолияти хучайрахои мазкур мегардад. Баъзан иллатхои гуногуни гадуди зери меъда (ниг. Панкреатит) низ метавонанд сабаби Д. к. шаванд. Д. к. баъди холатхои сахти асабиву рухи ва беморихои сирояти низ инкишоф меёбад. Бинобар норасоии инсулин чигар ва мушакхо кобилияти ба гликоген табдил додани кандро аз даст медиханд. Аз ин сабаб бофтахо кандро тачзия (оксид) намекунанд ва онро хамчун манбаи энергия истифода намебаранд. Дар натича микдори канд дар таркиби хун афзуда (гипергликемия), ихрочи он тавассути пешоб зиёд мешавад (гликозурия). Беморон зуд-зуд ташна мемонанд, бисёр пешоб (дар як шаборуз то 6 л ва зиёдтар) мекунанд. Вазни хоси пешоб аз сабаби канд доштан зиёд аст. Маризон аз хориши пуст (хусусан пусти атрофи макъад) азият мекашанд. Яке аз аломатхои хоси Д. к. пайдоиши беморихои римноки пуст аст; фаъолияти узвхои таносул низ халал меёбад. Дар натичаи табобати нодуруст ахволи бемор вазнин шуда, аз сабаби иллат ёфтани асабхои канори дарди дасту пой авч мегирад. Ихтилоли босира (бинобар тагйироти хунрагхои шабакияи чашм) ва осеби бофтахои гурда оризахои ногувору вазнини Д. к. мебошанд. Д. к. ба инкишофи атеросклероз мусоидат мекунад.
Дар сурати пурра табобат накардани бемори ихтилоли мубодилаи моддахо авч гирифта, дар хун махсули равгани оксиднашуда, яъне пайвастхои кетони чамъ мешаванд (онхо боиси захролудии организм мегарданд). Бемор тадричан камиштихо ва бемадор гашта, мудом ташна мемонад, пусту луобпардахо хушк ва микдори пешоб зиёд мешавад, аъзои бадан мехорад. Эхтимол дилбехузури ва кай низ рух намоянд; аз дахон буи атсетон меояд. Бехолию хоболуди ба бехуши мубаддал гашта, окибат оризаи вазнинтарини Д. к. – кома (игмо)-и диабети сар мезанад. Дар сурати бад шудани ахволи бемор бояд хатман ба духтур мурочиат кард. Духтур беморро зери назорати доими гирифта, табобат мекунад. Ашхоси ба тозаги беморшударо барои муоинаи муфассал ва интихоби тарзи табобат дар беморхона мехобонанд. Пархез, тазрики инсулин ва дорухое, ки микдори кандро кам мекунанд, воситахои асосии табобат мебошанд. Максади муолича муътадил гардондани чараёни мубодилаи моддахо дар организм, кам кардани микдори канди хун ва пешоб аст.
Дар аснои интихоби воситаи муолича духтур навъи бемори, вазнинии чараён ва боди ногувори онро ба назар мегирад. Чунончи, зимни Д. к.-и ирси, ки ба он аксар чавонон гирифтор мешаванд, организм инсулинро мутлако кам хосил мекунад. Дар чунин холатхо бо максади чуброни норасоии он ба организм инсулин мефиристанд. Хангоми Д. к. одамони солхурдаи фарбех барои пурра кардани микдори инсулини организм бояд пархез ва аз дорухои кандфарор истифода намоянд.
Пархези беморони диабети канди. Дар вакти табобати хама навъхои Д. к. пархез зарур аст. Пархез хангоми Д. к.-и навъи I ва II аз хамдигар ба кулли фарк мекунад. Хангоми тавсияи пархез ба беморони Д. к.-и навъи I ба калорияи гизо диккат медиханд (яъне истеъмоли кариб тамоми гизохо раво аст). Ба беморони Д. к.-и навъи II, ки бисёр вакт онхо одамони фарбех мебошанд, гизохои камкалория тавсия карда мешавад. Бемор бояд дарк кунад, ки кадом гизо ва бо кадом суръат микдори канди хунро баланд менамояд.
Таркиби гизо аз сафеда, чарбхо, карбогидратхо, моддахои минерали ва витаминхо иборат аст.
Сафедахо хамчун масолехи сохтмон барои бунёди хучайрахои организм хизмат мекунанд. Онхо аз аминокислотахо иборат мебошанд. Сафедахои гизо ба организм ворид гашта, барои тахияи хучайрахои мушак, пуст, узвхои дохили, хун ва г. истифода мешаванд. Сафедахои хайвони хусусан дар таркиби тухм, маводи шири, гушт, мохи бисёранд. Сафедахои наботи дар таркиби растанихои лубиёи, наск, нахуд, мош, чуворимакка ва занбуругхо вучуд доранд.
Чарбхо (липидхо) ба чисм неру мебахшанд, онхо манбаи гормонхо ва витаминхо мебошанд. 1 г чарб 9 ккал неру дорад. Гизохои дорои чарбуи хайвони ба 4 гурух чудо мешаванд: гизохое, ки чарби аён доранд (равган, маргарин, чарбу); гизохое, ки чарби ноаён доранд (гушт, мохи, махсулоти шири); гизохое, ки равгани наботии аён доранд (равгани пахта, офтобпараст, чуворимакка, зайтун ва г.); гизохое, ки равгани наботии ноаён доранд (донаи офтобпараст, чормагз, бодом, писта). Барои беморони Д. к. хоса истеъмоли равгани растани муфид аст (холестерини кам дорад).
Карбогидратхо сарчашмаи неру мебошанд (1 г канд 4 ккал неру дорад). Онхо ба чанд гурух чудо мешаванд: одди (моносахаридхо ва дисахаридхо), мас., глюкоза, фруктоза, сахароза, лактоза ва малтоза; мураккаб (полисахаридхо), мас., крахмал, гликоген ва клетчатка. Глюкоза дар таркиби ангур, шарбати ангур ва асал вучуд дорад. Фруктоза дар таркиби себ, афлесун, шафтолу, тарбуз, инчунин мевахои хушк, шарбатхо, асал ва нушокихо мавчуд аст. Сахароза дар шакли холис хамчун канд (шакар) ва дар таркиби махсулоти канноди, орд, шарбатхо ва мураббохои гуногун чой дорад. Крахмал ба гайр аз холати холис, хамчунин дар таркиби махсулоти орди, макарони ва картошка мавчуд аст. Гликоген дар чигар хосил мешавад. Клетчатка дар хучайрахои растани, махсулоти галлаги, мевахо ва сабзавот дучор меояд.
Барои беморони Д. к. маводи хурокиро ба се кисм таксим мекунанд: 1) гизохое, ки онхоро метавон тановул намуд, вале кабл аз ин онхоро барои назорати микдор ба вохиди нон (ВН) баргардондан лозим аст; 2) гизохое, ки ба вохиди нон гардондани онхо шарт нест (мувофики хохиш метавон тановул намуд); 3) гизохое, ки дар мавриди зарурат истеъмол мешаванд (мас., дар холати паст шудани микдори канди хун).
Вохиди нон барои арзёбии микдори карбогидратхо истифода мешавад; як ВН ба 12 г канд ё 25 г нон баробар аст.
Ба гурухи ширинихо канд, асал, шарбатхои гуногун, мураббо, компот, махсулоти канноди (торт, кулчаканд, печени, яхмос, хамаи намуди конфетхо), ангур, харбуза ва г. дохил мешаванд. Ширинихо канди хунро зуд баланд мекунанд. Бинобар ин истеъмоли онхо барои беморони Д. к. зарар дорад.
Ба маводи орди ва ярма дар навбати аввал нони сиёх мансуб аст. Зеро нони сафед зуд хазм шуда, канди хунро баланд мекунад. Агар буханкаи нони сиёх такр. ба гафсии 1 см бурида ва ба ду хисса таксим карда шавад, такр. 25 г-ро ташкил медихад. Хамин бурида 1 ВН аст. Ба ин гурух ярмахои марчумак, биринч, гандум, чав дохил мешаванд, ки истеъмоли онхо барои беморон равост.
Мева аз чумлаи гизохои маъмул буда, канди он тез чаббида мешавад. Агар меваро мувофики ВН хисоб бикунем, пас истеъмоли он чоиз аст. Хангоми Д. к. истеъмоли ангур, анчир, харбуза, банан, ананас, хурмо, мавиз ва гулинг хеле махдуд карда мешавад. Беморон бояд ба кадри зарури себ, нок, ситрусихо, тарбуз, зардолу, шафтолу, олу, анор, олуболу, гелос, кулфинай, кот, зирк, ангат истеъмол намоянд. Шарбати мевахоро факат барои бартараф сохтани гипогликемия истифода мебаранд.
Карбогидратхо хусусан дар таркиби картошка бисёр мебошанд. Барои хамин, микдори онхоро ба ВН гардонида, сипас истеъмол кардан лозим аст. Як дона картошкаи андозааш миёна ба 1 ВН баробар мебошад. Ба беморони Д. к. истеъмоли тамоми намудхои карам, сабзи, шалгам, шалгамча, помидор, бодиринг, каду, боимчон, лаблабу, пиёзи кабуд ва бехпиёз, торон, кабуди (шибит, гашнич), занбуругхо ва г. чоиз аст.
Махсулоти шири (шир, саршир, чургот ва г.) низ аз руи ВН хисоб карда мешавад (1 истакон=1 ВН). Каймок, творог, равгани маска ва панир микдори кандро зиёд намекунанд.
Махсулоти гушти ва мохи дар холати бирён ё дампаз кандро баланд намесозанд. Ба хасиб ва хасибчахо крахмал, ба киммакабоб нону картошка, ба тухмбирён (омлет) орд хамрох карда мешавад. Бинобар ин аз истеъмоли онхо бояд худдори кард.

Микдори маводе, ки ба 1 ВН баробар аст
(истеъмоли хамин микдори мавод ба беморон равост)

Ширинихо
Шакар 1 кошук
Канд 2,5 пора (12 г)
Асал 1 кошук
Квас 1 истакон (200 мл)
Лимонад ¾ истакон (70 мл)
Шарбати себ камтар аз 1/3 истакон (70 мл)
Шарбати ангур ½ истакон (100 мл)

Маводи орди, ярма ва махсулоти гушти бо иловаи нон ва крахмал

Нон, кулча 1 бурида (12 г)
Крахмал 1 кошук
Орд 1 кошук
Хамири нопухтаи вараки 35 г
Самбусаи гушти 25 г
Нони хушк 20 г
Печении пархези 3 дона
Нони коки куфта 1 кошук (15 г)
Чалпаки тунук (блини) 1 донаи калон
Чалпаки гафс (алади) 1 донаи миёна
Тушбераи меваги 2 дона
Тушбераи гушти 4 дона
Ярма (аз галлаи дилхох) 2 кошук
Оши бурида, оши туппа (макаронхо) 1,5 кошук
Гушти кимма (котлетхо) 1 донаи миёна
Хасиби обпаз, хасибча 150 – 200 г

Меваю буттамева

Себ 1 донаи миёна (100 г)
Нок 1 донаи миёна (90 г)
Банан ½ дона (90 г)
Афлесун 1 донаи миёна (170 г)
Мандарин 3 донаи майда (170 г)
Тарбуз 400 г бо пусташ
Харбуза 300 г бо пусташ
Зардолу 3 донаи миёна (110 г)
Олу 4 донаи миёна (100 г)
Олуи сурх 3 донаи миёна (80 г)
Ананас 90 г бо пусташ
Анор 1 донаи калон (200 г)
Хурмо 1 донаи миёна (80 г)
Манго 80 г
Киви 150 г
Олуча, гелос 15 донаи калон (100 г)
Гулинг, олуи хушк, мавиз 20 г
Буттамевахо (кулфинай,
тути замини, марминчон,
кот, тамашк) 1 пиёла (150 г)

Сабзавот

Картошка 1 донаи миёна
Куфтаи картошкаги 1,5 кошук
Картошкабирён 2 кошук (12 буридача)
Картошкабирёни хушк (чипси) 25 г
Лубиё 5 кошук
Чуворимакка ½ сарак
Мушунг 110 г (7 кошук)
Сабзавоти дигар (карам, лаблабу,
сабзи, турб, шалгам, шалгамча, помидор,
бодиринг, каду, пиёз, чукри, кабуди) Ба хисоб гирифта намешавад
Соя, равгани растани Ба хисоб гирифта намешавад
Чормагз, донаи офтобпараст (магзи
вазнаш на кам аз 59 г) Ба хисоб гирифта намешавад

Маводи шири

Шир, чургот, саршири равганнокиаш гуногун 1 истакон
Кулчаи панири 1 донаи миёна
Яхмос 65 г

Нушокихо

Шарбати афлесун ½ истакон (100 г)
Пивои пархези 1 истакон (200 г)
Кахва, чойи бе канд Ба хисоб гирифта намешавад

Хурок бояд витаминхои С ва гурухи В дошта бошад. Таомро рузе 4 – 5 маротиба хурдан лозим; ба нахори 25%, ба нахории 2-юм 10%, ба хуроки нисфирузи 35%, ба хуроки бегох 10% ва ба хуроки шом 20%-и калорияи шаборузии хурок бояд рост ояд. Саноати хуроквори барои беморони гирифтори Д. к. пархезонаи махсус истехсол мекунад, ки ангиштоби зудхазм надорад (мас., нон, хасиб ва конфетхои диабетие, ки аз ксилит ё сорбит тайёр мекунанд). Инсулин воситаи асосии табобати Д. к. (гайр аз чараёни сабуки он) аст. Таъсири препаратхои инсулин аз 6 – 8 соат то 30 – 36 соат давом мекунад. Навъи инсулин ва вояи онро духтур мукаррар менамояд. Барои табобати Д. к. бояд худи бемор фаъол бошад; бемор ё ягон хеши наздики у аз корманди тиб усули тазрики инсулинро меомузад. Мавриди сузандору кардан, коидахои антисептика ва асептика бояд риоя шаванд. Инсулинро 10 – 20 дак. пеш аз таом тазрик мекунанд. Давомот ва мухлати таъсири инсулинро ба назар гирифта, низоми истеъмоли таомро тартиб медиханд. Танхо духтур тарзи табобати таъиншуда ва вояи инсулинро метавонад тагйир дихад. Мариз бояд пархез ва режими таъинкардаи духтурро риоя карда, ба муоинаи лаборатори хозир шавад.
Мавриди тазрики инсулин (хусусан хангоми вайрон кардани тартиби гизо) мумкин аст, ки микдори канди хун аз хад кам шуда, гипогликемия сар занад. Дар чунин холат бемор нохост бехол ва сахт гурусна шуда, арак мекунад, дилаш мезанад; дар у аломати тарс ва баъзан дарди сар, ларзиши бадан, тахайюч ба вучуд меояд. Дар ин хол бемор бояд 3 – 5-дона канд хурад ё кандчой нушад. Ин тадбир инкишофи игмои гипогликемиявиро пешгири мекунад. Шахси гирифтори Д. к., ки инсулин (хусусан инсулини таъсираш тулони) кабул мекунад, бояд доимо хамрох канд гирифта гардад. Бемор бояд дар кисса хатчае дошта бошад, ки дар он оид ба бемори ва микдори кабули инсулин маълумот дихад; ин ба кормандони тиб барои сари вакт ва дуруст ёри расонидан кумак менамояд. Дар аснои ба амал омадани гипогликемия бемор бояд хатман барои аник кардани тарзи табобат ба духтур мурочиат кунад. Барои муоличаи Д. к. дорухоеро низ истифода мебаранд, ки онхо ба хосил шудан ва таъсири инсулин таквият мебахшанд. Чунин дорухоро зери мушохидаи доимии духтур ва назорати лаборатори кор мефармоянд. Дар баъзе мавридхо чараёни бемори ва пайдо шудани боди ногувор талаб мекунад, ки тарзи табобатро тагйир диханд, яъне ба бемор муваккати ё доими бар ивази таблетка (курс) инсулин фиристанд. Хамаи беморони гирифтори Д. к.-ро аз руи чои истикомат зери назорати тибби мегиранд. Ба беморон дорухои заруриро бепул медиханд. Дар холати сабук будани бемори бо тавсияи духтур табобати курортию санатори, варзиши шифои, оббози, пиёдагарди, лижатози мувофики максад аст.
Диабети канди дар кудакон. Инсулин барои сабзиши кудак ахамияти нихоят калон дорад. Бинобар ин дар давраи инкишофи кудакон дар 4 – 6 ва 8 – 12-солаги, хамчунин дар давраи инкишофи чинсии онхо, ки организм ба гизо талаботи бештар дорад, Д. к. бисёр ба мушохида мерасад. Сабаби Д. к. дар кудакон низ гуногун мебошад, мас., сахт тарсидан, лат хурдани майна ва шикам, амрози сирояти, фарбехи ва г. Д. к. дар кудакони навзод низ ба вучуд меояд. Кудаки бемор пистони модарро харисона мемакад, хол он ки торафт харобу логар мешавад; у ноором буда, зуд-зуд пешоб мекунад, парпечаш баъди хушк шудан, мисли охари (крахмалхурда) аст. Дар кудакон, одатан, Д. к.-и навъи I (инсулини) ба назар мерасад. Бинобар ин онхо бояд рузе 3 маротиба инсулин кабул кунанд (бо сузандору). Муаллимон бояд вазъи кудаки беморро донанд ва ба хурок хурдани у (хатто дар вакти дарс) монеъ нашаванд.
Барои пешгирии Д. к. аз пурхури ва суиистеъмоли ширини худдори карда, вазни мукаррарии баданро нигох доштан, газаки роххои талха ва гадуди зери меъдаро саривакт табобат кардан лозим аст. Дар мавриди тамоюли ирси ба Д. к. доштан, бо максади сари вакт ошкор сохтани аломатхои аввалини ихтилоли мубодила ва рафъи он назорати доимии тибби зарур аст. Хангоми пайдоиши Д. к. оризахои ногувори он бояд пешгири карда шаванд. Барои пешгирии амрози римнок беморон бояд пустро тоза нигох дошта, онро аз захми хурд, харошидан, зарб хурдан эхтиёт кунанд, чунки мавриди Д. к. хар гуна осеби пуст метавонад ба реши бедармон табдил ёбад. Нигохубини дахон хеле мухим аст, соле ду маротиба аз назорати духтури дандон гузаштан лозим. Хамрох шудани хар гуна беморихои дигар, кори вазнини чисмони ва изтироби асабию рухи чараёни бемориро вазнин мегардонанд.

Ш.С. Анварова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …