Главная / Чамъият / КОДЕКСИ ЧИНОЯТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОДЕКСИ ЧИНОЯТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КИСМИ УМУМИ.. 12

ФАСЛИ I. КОНУНИ ЧИНОЯТИ.. 12

БОБИ  1. ВАЗИФА ВА ПРИНЦИПХОИ КОНУНИ ЧИНОЯТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН, АСОСИ ЧАВОБГАРИИ ЧИНОЯТИ.. 12

Моддаи 1. Конуни чиноятии Чумхурии Точикистон. 12

Моддаи 2. Вазифахои Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон. 13

Моддаи 3. Принсипхои Конуни чинояти ва чавобгарии чинояти. 13

Моддаи 4. Принсипи конуният. 13

Моддаи 5. Принсипи баробари дар назди конун. 13

Моддаи 6. Принсипи ногузирии чавобгари. 13

Моддаи 7. Принсипи чавобгарии фарди ва гунахгори. 13

Моддаи 8. Принсипи адолат. 13

Моддаи 9. Принсипи  инсондусти. 13

Моддаи 10. Принсипи демократизм.. 14

Моддаи 11. Асоси чавобгарии  чинояти. 14

Моддаи 111. Коидахои тафсири конуни чинояти. 14

БОБИ 2. АМАЛИ КОНУНИ ЧИНОЯТИ ДАР ЗАМОНУ МАКОН.. 14

Моддаи 12.  Амали Конуни чинояти дар замон. 14

Моддаи 13. Кувваи бозгашти Конуни  чинояти. 14

Моддаи 14. Амали  конуни  чинояти  нисбати шахсоне, ки дар худуди Чумхурии Точикистон чиноят содир намудаанд. 14

Моддаи 15. Амали конуни чинояти нисбати шахсоне, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон чиноят содир намудаанд. 15

Моддаи 16. Супоридани шахсе, ки чиноят содир намудааст. 15

ФАСЛИ II. ЧИНОЯТ. 15

БОБИ 3.  МАФХУМ ВА НАМУДХОИ ЧИНОЯТ. 15

Моддаи 17. Мафхуми чиноят. 15

Моддаи 18.  Категорияхои чиноят. 16

Моддаи 19. Такрори чиноят. 16

Моддаи 20. Мачмуи чиноят. 16

Моддаи 21. Рецидиви чиноят. 17

БОБИ 4. ШАХСОНЕ, КИ БОЯД БА ЧАВОБГАРИИ ЧИНОЯТИ КАШИДА ШАВАНД.. 17

Моддаи 22. Шартхои умумии чавобгарии чинояти. 17

Моддаи 23. Синну соле, ки аз он чавобгарии чинояти фаро мерасад. 17

Моддаи 24. Номукаллафи. 18

Моддаи 25. Чавобгарии  чиноятии шахсони дорои парешонхолии дардмандонаи  рухи, ки мукаллафиро истисно намекунад (мукаллафии махдуд) 18

Моддаи 26. Чавобгарии  чиноятии  шахсоне,  ки  дар холати  масти чиноят содир намудаанд. 18

БОБИ 5. ГУНОХ.. 18

Моддаи 27. Шаклхои гунох. 18

Моддаи 28. Чинояти касдан содиршуда. 18

Моддаи 29. Чинояти аз беэхтиёти  содиршуда. 19

Моддаи 30. Чавобгари барои чинояте, ки бо ду шакли гунох содир шудааст. 19

Моддаи 31. Бегунох расонидани зарар  (тасодуф) 19

БОБИ 6. ЧИНОЯТИ НОТАМОМ ВА ХОТИМАЁФТА.. 19

Моддаи 32. Тайёри ба чиноят, суискасди чиноят. 19

Моддаи 33. Чинояти хотимаёфта. 19

Моддаи 34.  Ихтиёри  даст кашидан аз  чиноят. 19

БОБИ 7. ШАРИКИ ДАР ЧИНОЯТ. 20

Моддаи 35. Мафхуми шарики  дар чиноят. 20

Моддаи 36. Шарикони чиноят. 20

Моддаи 37. Чавобгарии шарикони чиноят. 20

Моддаи 38. Ифроти (эксцесс) ичрокунандаи  чиноят. 20

Моддаи 39. Чиноят содир  намудани  гурухи  шахсон, гурухи  шахсон  бо  маслихати  пешаки, гурухи муташаккил ё иттиходи чинояти  (ташкилоти чинояти) 21

БОБИ 8. ХОЛАТХОЕ, КИ ЧИНОЯТ БУДАНИ  КИРДОРРО ИСТИСНО МЕКУНАНД.. 21

Моддаи 40. Мудофиаи зарури. 21

Моддаи 41. Расонидани зарар хангоми дастгир кардани шахсе, ки чиноят содир намудааст. 22

Моддаи 42. Зарурати нихои. 22

Моддаи 43. Мачбуркунии чисмони  ё рухи. 22

Моддаи 44. Таваккали асоснок. 22

Моддаи 45. Ичрои фармон ё амр. 23

ФАСЛИ III. ЧАЗО.. 23

БОБИ 9. МАФХУМ, МАКСАД ВА НАМУДХОИ ЧАЗО.. 23

Моддаи 46. Мафхум ва максади чазо. 23

Моддаи 47. Намудхои чазо. 23

Моддаи 48. Чазохои асоси ва иловаги. 23

Моддаи 481. Корхои хатми. 24

Моддаи 49. Чарима. 24

Моддаи 50.  Махрум  кардан  аз хукуки ишголи  мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян. 25

Моддаи 51. Махрум кардан аз рутбахои харби, дипломати, рутбахо, унвонхои махсус, мукофотхои давлати ва унвонхои ифтихории Точикистон. 25

Моддаи 52. Корхои ислохи. 25

Моддаи 53. Махдуд кардан дар хизмати харби. 26

Моддаи 54. Махдуд кардани озоди. 26

Моддаи 55 бо  КЧТ аз 17.05.04 с., №35 хорич шуд. 26

Моддаи 56. Нигох доштан дар кисми харбии интизоми. 26

Моддаи 57. Мусодираи молу мулк. 27

Моддаи 58. Махрум сохтан аз озоди. 27

Моддаи 581. Якумра аз озоди махрум сохтан. 28

Моддаи 59. Чазои катл. 28

БОБИ 10. ТАЪИНИ ЧАЗО.. 29

Моддаи 60. Асосхои умумии таъини чазо. 29

Моддаи 61. Холатхое, ки чазоро сабук  мекунанд. 29

Моддаи 62. Холатхое, ки чазоро вазнин   мекунанд. 29

Моддаи 63. Таъини чазои сабуктар нисбат  ба чазое, ки  барои  ин чиноят  пешбини шудааст. 30

Моддаи 64. Таъини чазо барои чинояти нотамом.. 30

Моддаи 65. Таъини чазо барои содир намудани чиноят дар шарики. 31

Моддаи 66. Таъини чазо дар холати рецидиви чиноятхо. 31

Моддаи 67. Таъини чазо барои мачмуи  чиноятхо. 31

Моддаи 68. Таъини чазо аз руи мачмуи хукмхо. 32

Моддаи 69.  Тартиби муайяни кардани мухлати чазо хангоми зам кардани он. 32

Моддаи 70. Хисоб кардани мухлати чазо ва ба хисоб гирифтани чазо. 32

Моддаи 71. Шартан татбик накардани  чазо. 33

ФАСЛИ IV. ОЗОД КАРДАН АЗ ЧАВОБГАРИИ ЧИНОЯТИ ВА ЧАЗО.. 33

БОБИ 11. ОЗОД КАРДАН АЗ ЧАВОБГАРИИ ЧИНОЯТИ.. 33

Моддаи 72. Озод кардан аз чавобгарии чинояти, бо сабаби пушаймони аз кирдор. 33

Моддаи 73.  Озод кардан аз чавобгарии чинояти бо сабаби ошти шудан бо чабрдида. 34

Моддаи 74. Озод кардан аз чавобгарии чинояти бо сабаби тагьир ёфтани вазъият. 34

Моддаи 75. Озод кардан аз чавобгарии чинояти бо сабаби гузаштани мухлати  ба чавобгарии чинояти кашидан. 34

БОБИ 12. ОЗОД  КАРДАН АЗ ЧАЗО.. 34

Моддаи 76. Шартан пеш аз мухлат  аз адои  чазо озод кардан. 34

Моддаи 77.  Ба намуди чазои сабуктар иваз кардани кисми адонашудаи чазо. 35

Моддаи 78.  Мавкуф гузоштани адои чазо нисбати адои чазо нисбати занони хомила ва заноне, ки кудакони то синни хаштсола доранд. 36

Моддаи 79. Бо сабаби бемори аз чазо  озод кардан. 36

Моддаи 80. Озод кардан аз чазо дар натичаи  холатхои фавкулодда. 36

Моддаи 81. Озод кардан аз адои чазо бо сабаби гузаштани мухлати ичрои хукми  айбдоркуни. 36

БОБИ 13. АВФ.  БАХШИШИ ЧАЗО. ДОГИ  СУДИ. САФЕДКУНИ.. 37

Моддаи 82. Авф.. 37

Моддаи 83. Бахшиши чазо. 37

Моддаи 84. Доги суди. 37

Моддаи 85. Сафедкуни. 38

ФАСЛИ V. ЧАВОБГАРИИ ЧИНОЯТИИ НОБОЛИГОН.. 38

БОБИ 14. ХУСУСИЯТХОИ ЧАВОБГАРИИ ЧИНОЯТИ ВА ЧАЗОДИХИИ НОБОЛИГОН.. 38

Моддаи 86. Чавобгарии чиноятии ноболигон. 38

Моддаи 87. Намудхои чазое, ки ба ноболигон таъин карда  мешаванд. 38

Моддаи 88. Таъин намудани чазо ба ноболигон. 39

Моддаи 89. Озод кардан аз чавобгарии чинояти бо истифодаи чорахои  мачбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта. 39

Моддаи 90. Аз чазо озод кардани ноболигон. 40

Моддаи 91. Шартан пеш аз мухлат аз адои чазо озод намудани ноболигон. 40

Моддаи 92. Ба чазои нисбатан сабуктар  иваз намудани чазо. 40

Моддаи 93. Мухлати  ба чавобгарии чинояти  кашидан ва  ичрои хукм.. 41

Моддаи 94. Мухлати бархам додани доги  суди. 41

Моддаи 95. Татбики мукаррароти хамин боб  нисбати шахсони аз  хаждах то бистсола. 41

ФАСЛИ VI. ЧОРАХОИ МАЧБУРИИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТИББИ.. 41

БОБИ 15. МАКСАД, АСОС, ТАЪИН КАРДАНВА ТАРТИБИ ТАТБИКИ ЧОРАХОИ МАЧБУРИИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТИББИ.. 41

Моддаи 96. Максади татбики чорахои мачбурии  дорои хусусияти тибби. 41

Моддаи 97. Асосхо барои татбики чорахои  мачбурии дорои хусусияти тибби. 41

Моддаи 98. Намуди чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби. 42

Моддаи 99. Таъин намудани чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби. 42

Моддаи 100. Дароз кардани мухлат, тагйир додан ва катъ намудани татбики чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби. 42

Моддаи 101. Татбики чорахои  мачбурии   дорои хусусияти тибби нисбати шахсони гирифтори майзадаги, нашъаманди, токсикомания ё бемории сил. 42

Моддаи 102.  Ба хисоб гарифтани вакти татбики  чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби. 42

Моддаи 103. Табобати мачбури якчоя бо татбики чазо. 43

КИСМИ МАХСУС.. 43

ФАСЛИ VII. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ШАХСИЯТ. 43

БОБИ 16. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ХАЁТ ВА САЛОМАТИ.. 43

Моддаи 104. Одамкуши. 43

Моддаи 105.  Кудаки навзоди худро куштани модар. 43

Моддаи 106. Одамкуши дар холати хаячони сахти рухи. 44

Моддаи 107. Одамкуши дар холати аз хадди мудофиаи зарури баромадан ё дар холати баромадан аз хадди чорахое, ки барои дастгир намудани шахси чиноят содир карда заруранд. 44

Моддаи 108. Аз беэхтиёти ба марг расондан. 44

Моддаи 109. Ба худкуши расондан. 44

Моддаи 110. Касдан расонидани зарари вазнин ба саломати. 44

Моддаи 111. Касдан расонидани зарари  миёна ба саломати. 45

Моддаи 112. Касдан расонидани зарари  сабук ба саломати. 45

Моддаи 113. Касдан расонидани зарар ба саломати дар холати хаячони сахти рухи. 45

Моддаи 114. Касдан расонидани  зарари  вазнин ба саломати дар холати баромадан аз хадди мудофиаи зарури. 46

Моддаи 115.  Касдан расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломати дар холати баромадан аз хадди чорахои зарури хангоми дастгир кардани шахси чиноят содирнамуда. 46

Моддаи 116. Лату куб. 46

Моддаи 117. Азобу укубат. 46

Моддаи 118. Аз беэхтиёти расонидани зарари  вазнин ба саломати. 46

Моддаи 119. Аз беэхтиёти расонидани зарари  миёна ба саломати. 47

Моддаи 120.  Тахдиди куштан ё расонидани  зарари вазнин ба саломати. 47

Моддаи 121. Вайрон кардани коидахои  чаррохии трансплантация. 47

Моддаи 122. Мачбур кардан барои гирифтани узвхо ё бофтахои бадани инсон барои трансплантатсия  47

Моддаи 123. Искоти гайриконунии хамл (аборт) 47

Моддаи 124. Ба искоти хамл мачбур  сохтани зан. 48

Моддаи 125. Сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам.. 48

Моддаи 126. Сироят кардан бо касалии зухрав. 48

Моддаи 127. Дар хатар монондан. 48

Моддаи 128. Ёри нарасонидан ба бемор. 49

Моддаи 129. Аз чониби корманди тиб номатлуб ичро гардидани вазифаи касби. 49

БОБИ 17. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ОЗОДИ,  ОБРУ ВА ЭЪТИБОРИ ШАХСИЯТ. 49

Моддаи 130.  Одамрабои. 49

Моддаи 130.1 Хариду фуруши одамон. 50

Моддаи 1302. Истифодаи мехнати гуломона. 50

Моддаи 131. Гайриконуни махрум кардан  аз озоди. 51

Моддаи 132. Чалби одамон барои истисмор. 51

Моддаи 133. Гайриконуни чойгир намудан дар  шифохонаи беморихои рухи. 51

Моддаи 134. Мачбуркуни. 52

Моддахои 135 ва 136 бо КЧТ аз 3.07.12 с., № 844 хорич шуд. 52

Моддаи 137. Тахкири оммавии Президенти  Чумхурии Точикистон ё тухмат кардан ба у. 52

Моддаи 1371. Тахкири оммавии Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат ё тухмат кардан ба у. 52

БОБИ 18. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ОЗОДИИ ЧИНСИ ВА ДАХЛНОПАЗИРИИ  ЧИНСИ.. 52

Моддаи 138. Тачовуз ба номус. 52

Моддаи 139. Харакати зуроварии дорои  хусусияти шахвони. 53

Моддаи 140.  Мачбур  намудан  ба  харакати дорои хусусияти шахвони. 53

Моддаи 141. Алокаи чинси ва дигар харакати дорои хусусияти шахвони бо шахсе, ки хануз ба синни шонздахсолаги нарасидааст. 53

Моддаи 142. Харакати бадахлокона. 53

Моддаи 1421. Алокаи чинси, дигар харакатхои хусусияти шахвонидошта ё харакатхои бадахлокона бо суиистифода аз хиссиёт ва боварии дини. 54

БОБИ 19. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ХУКУК ВА ОЗОДИХОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ИНСОН ВА ШАХРВАНД.. 54

Моддаи 143. Вайрон кардани баробархукукии шахрвандон. 54

Моддаи 1431. Шиканча. 54

Моддаи 144. Гайриконуни чамъ ва пахн кардани маълумот оид ба хаёти шахси. 55

Моддаи 145. Ошкор намудани сирри тибби. 55

Моддаи 146. Вайрон кардани махрамияти мукотиба сухбатхои телефони, муросилот ва мухобирот телеграфи ё  дигар  мухобирот. 55

Моддаи 147. Вайрон намудани дахлнопазирии манзил. 56

Моддаи 148. Радди додани маълумот ба шахрванд. 56

Моддаи 149. Гайриконуни махдуд кардани тагйири макон, интихоби озоди махалли зист, тарки чумхури кардан ва бозгаштани шахрванд ба он. 56

Моддаи 150. Монеъ шудан ба татбики хукукхои интихоботи ва фаъолияти комиссияхои интихоботи  56

Моддаи 151. Сохтакории хуччатхои интихоботи, хуччатхои раъйпурси ё хисоби нодурусти овоз  57

Моддаи 152. Мачбур намудан барои иштирок дар корпартои ва ё рад кардани иштирок дар корпартои. 57

Моддаи 1521. Рохбари ба корпартоии манъшуда дар шароити вазъияти фавкулодда. 57

Моддаи 153. Вайрон кардани конунхои мехнат. 57

Моддаи 1531. Напардохтани музди мехнат, нафака, стипендия, ёрдампули ё дигар пардохтхо. 57

Моддаи 154. Вайрон кардани коидахои  мухофизати мехнат. 57

Моддаи 155. Беасос саркаши намудан аз кабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдуш намудани зани синни кудакаш  то сесола. 58

Моддаи 156. Вайрон кардани хукукхои муаллифи ва хукукхои вобаста ба он. 58

Моддаи 1561 Вайрон кардани хукукхо ба ихтироот, намунахои саноати ва моделхои муфид. 58

Моддаи 157. Монеъ шудан ба фаъолияти ташкилоти дини. 58

Моддаи 158. Монеъ шудан ба фаъолияти хизбхои сиёси ва иттиходияхои чамъияти. 59

Моддаи 159. Ташкили хизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти ва ташкилоти диние, ки ба шахсият ва  хукуки шахрвандон тачовуз мекунанд. 59

Моддаи 160. Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани мачлисхо, гирдихамоихо, намоишхо, пикетгузормхо ва рохпаймоихо. 59

Моддаи 161. Монеъ шудан ба гузаронидани мачлис, гирдихамои, намоиш, рохпаймои, пикетгузори ё иштирок дар онхо. 59

Моддаи 162.  Монеъ   шудан  ба  фаъолияти конунии касбии журналистон. 59

Моддаи 163.  Вайрон  кардани  конунхо оид ба мурочиати шахрвандон. 60

Моддаи 164. Монеъ шудан ба гирифтани тахсилоти хатмии умумии асоси (нухсола) 60

БОБИ 20. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ОИЛА  ВА  НОБОЛИГОН.. 60

Моддаи 165. Чалби ноболигон ба содир намудани чиноят. 60

Моддаи 166. Чалби шахси  ноболиг  ба содир намудани кирдорхои зиддичамъияти. 60

Моддаи 167. Хариду фуруши ноболигон. 61

Моддаи 168.  Ба шавхар додани духтари  ба синни никох нарасида. 61

Моддаи 169. Бастани акди  никох дар хакки шахсе, ки ба синни никохи нарасидааст. 61

Моддаи 170. Дузанаги ё серзанаги. 62

Моддаи 171. Иваз намудани тифл. 62

Моддаи 172. Писархондии (духтархондии) гайриконуни. 62

Моддаи 173. Ифшои сирри писархонди (духтархонди) 62

Моддаи 174. Ичро накардани ухдадори оид ба таълиму тарбияи ноболиг. 62

Моддаи 175. Ичрои номатлуби ухдадори оид ба таъмини бехатарии хаёт ва саломатии кудак. 62

Моддаи 176. Суиистифода аз хукуки васи  ё парастор. 63

Моддаи 177. Бадкасдона саркаши намудани падару модар аз таъминоти фарзандон. 63

Моддаи 178. Бадкасдона саркаши намудани  фарзандон  аз таъминоти падару модари гайри кобили мехнат. 63

ФАСЛИ VIII. ЧИНОЯТХО  БА МУКОБИЛИ АМНИЯТИ ЧАМЪИЯТИ ВА САЛОМАТИИ АХОЛИ   63

БОБИ 21. ЧИНОЯТХО  БА МУКОБИЛИ АМНИЯТИ ЧАМЪИЯТИ.. 63

Моддаи 179. Терроризм.. 63

Моддаи 1791. Чалб кардан барои содир намудани чиноятхои хусусияти террористи дошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онхо. 64

Моддаи 1792. Маблаггузории чиноятхои хусусияти террористидошта. 64

Моддаи 179 3. Даъвати оммави барои содир намудани чиноятхои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террорсти. 65

Моддаи 180.  Иттилооти баръало бардуруг оид   ба кирдори террористи. 65

Моддаи 181. Гасби гаравгон. 65

Моддаи 182. Гасби бино, иншоот, воситахои  иттилоот ва алока. 66

Моддаи 183. Рохзании оби. 66

Моддаи 184. Гайриконуни хай карда бурдан ё гасби  хавопаймо, кишти  ё катори рохи охан. 66

Моддаи 1841. Гасб, вайрон кардан, содир намудани амалхои зуровари дар платформаи стасионарии вокеи шелфи континентали. 67

Моддаи 1842. Кирдорхои касдона ба мукобили бехатарии хавопаймо ё кишти. 67

Моддаи 1843. Харакатхои касдона ба мукобили бехатарии фурудгоххое, ки ба авиатсияи граждани хизмат мерасонанд. 68

Моддаи 1844 . Интиколи гайриконунии шахси содирнамудаи чинояти хусусияти террористидошта дар наклиёт. 68

Моддаи 185. Ташкили вохидхои мусаллахи гайриконуни. 68

Моддаи 186. Бандитизм.. 69

Моддаи 187. Ташкили иттиходи  чинояти (ташкилоти чинояти) 69

Моддаи 188. Бетартибихои оммави. 69

Моддаи 189 . Барангехтани   кинаю  адовати  милли, нажоди, махалгарои ва ёдини. 69

Моддаи 190.  Вайрон кардани  коидахои бехатарии  корхои   кухи,  сохтмон ва дигар корхо. 70

Моддаи 191. Вайрон кардани коидахои бехатари дар  объектхое, ки  хавфи таркиш доранд. 70

Моддаи 192. Вайрон кардани коидахои зидди сухтор. 70

Моддаи 193. Муносибати гайриконуни бо маводи радиоактиви. 70

Моддаи 194. Тасарруфи  маводи  радиоактиви. 71

Моддаи 1941. Истифодабарии гайриконунии мавод, воситаи радиоактиви ё объекти ядрои. 71

Моддаи 1942. Харакатхои касдона ба мукобили бехатарии дастгохи ядрои. 72

Моддаи 1943. Гайриконуни тайёр кардани воситаи таркандаи ядрои ё воситаи афканандаи радиатсия  72

Моддаи 1944. Хамлу накли гайриконунии моддахои тарканда, маводи радиоактиви, силохи биологи, химияви ё ядрои дар хавопаймо, кишти ё наклиёти хушкигард. 72

Моддаи 1945. Гайриконуни истифода бурдан ва ё партофтани моддахои тарканда, силохи биологи, химияви ё ядрои, моддахои хатарнок ва зараррасон аз кишти ё платформаи стасионарии вокеи шелфи континентали. 73

Моддаи 195. Гайриконуни сохиб шудан,  ба дигарон додан, ба сохибияти каси дигар додан, нигох доштан, интикол додан гирифта гаштани силох,  лавозимоти чанги,  моддахои тарканда ва воситахои таркиш.. 73

Моддаи 1951. Гайриконуни расонидан, чойгир намудан, ба кор андохтан ё тарконидани воситаи тарканда ё воситаи дигари марговар. 74

Моддаи 1952 .  Муомилот ва истифодаи моддахои оташзананда. 74

Моддаи 196. Гайриконуни сохтани силох. 75

Моддаи 197. Нигахдошти бепарвоёнаи  силох. 75

Моддаи 198. Ичрои номатлуби вазифаи хифзи силох, лавозимоти чанги, моддахои тарканда ва воситахои таркиш.. 75

Моддаи 199. Тасарруфи  силох, лавозимоти  чанги, моддахои тарканда ва воситахои таркиш.. 75

Моддаи 1991. Муомилоти гайриконунии маводи тарфгари (пиротехники) 76

БОБИ 22. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ САЛОМАТИИ АХОЛИ.. 76

Моддаи 200. Муомилоти гайриконунии воситахои нашъадор ё моддахои психотропи бо максади ба сохибияти каси дигар додан. 76

Моддаи 201. Муносибати гайриконуни бо воситахои нашъадор ё моддахои психотропи. 77

Моддаи  202. Тасарруфи воситахои нашъадор ё моддахои психотропи. 77

Моддаи 2021. Гайриконуни истехсол, тайёр кардан, коркард, сохиб шудан, нигох доштан, ба сохибияти каси дигар додан, интикол ё фиристодани прекурсорхо. 78

Моддаи 2022. Тасарруфи прекурсорхо. 78

Моддаи 203. Моил кардан ба истеъмоли воситахои нашъадор ё моддахои психотропи. 78

Моддаи 204. Парвариши гайриконунии зироатхои дорои моддахои нашъадори кишташон манъшуда  79

Моддаи 205. Ташкил ё нигахдошти фасодхона  барои  истеъмоли  воситахои нашъадор ё моддахои психотропи. 79

Моддаи 206. Муомилоти гайриконунии моддахои сахттаъсир ё захролуд бо максади ба сохибияти каси дигар додан. 79

Моддаи 2061. Вайрон намудани коидахои муомилоти воситахои нашъадор, моддахои психотропи ё прекурсорхо, моддахои сахттаъсир ё захролуд. 80

Моддаи 207. Вайрон намудани коидахои санитарию  эпидемиологи. 80

Моддаи 208. Нихон доштани иттилоот оид ба холатхое, ки барои хаёт ва саломатии одамон хавфнок мебошанд. 80

Моддаи 209. Истехсол, нигох доштан, интикол ё  ба сохибияти каси дигар додани мол ё махсулот, ичрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатари чавоб нмедихад. 80

Моддаи 210. Гайриконуни машгул шудан ба фаъолияти амалии хусусии тибби ва фаъолияти хусусии фармасефти. 81

Моддаи 2101. Гайриконуни ба худуди Чумхурии Точикистон ворид намудан, истехсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, калбаки (сохта) ва ба талаботи стандартхои мукарраршуда чавобгуйнабуда, инчунин дорувории мухлати истифодааш гузашта. 81

БОБИ 23. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ БЕХАТАРИИ ХАРАКАТ ВА ИСТИФОДАИ НАКЛИЁТ  81

Моддаи 211. Вайрон кардани коидахои бехатарии харакат ва истифодаи наклиёти рохи охан, хавои ё оби. 81

Моддаи 212. Вайрон кардани коидахои харакати рох ва истифодаи воситахои наклиёт. 82

Моддаи 2121. Идора намудани воситаи наклиёт бо раками кайди давлатии бегона, раками калбаки ва ё тайёр кардани ракамхои калбакии кайди воситаи наклиёт. 82

Моддаи 2122. Идора кардани воситаи наклиёт аз тарафи шахсе, ки хукуки ронандаги надорад ва дар холати масти карор дорад. 82

Моддаи 213. Таъмири бадсифати роххо воситахои наклиёт ва ба истифода баровардани онхо бо  норасоихои техники. 83

Моддаи 214. Корношоям сохтани воситахои наклиёт  ё роххо. 83

Моддаи 215. Гайриконуни дар наклиёти хавои бо худ бурдани моддахои тарканда ё зуддаргиранда  83

Моддаи 216. Вайрон кардани коидахое, ки кори бехатарии  наклиётро таъмин менамояд. 83

Моддаи 217. Вайрон кардани  коидахои  бехатари  хангоми сохтмон, истифодабари ва таъмири хатхои  кубури  магистрали. 84

Моддаи 218. Вайрон кардани коидахои парвози  байналмилали. 84

Моддаи 219. Худсарона, бидуни зарурат  боздоштани  поезд. 84

ФАСЛИ IX. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИ ВА МУХИТИ ЗИСТ. 84

БОБИ 24. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИ ВА МУХИТИ ЗИСТ. 84

Моддаи 220. Вайрон кардани коидахои бехатарии экологи хангоми ичрои кор. 84

Моддаи 221. Касдан нихон доштан ё тахриф кардани тахсилот оид ба олудагии мухити атроф.. 84

Моддаи 222. Наандешидани тадбир чихати рафъи  окибати олудагии экологи. 85

Моддаи 223. Вайрон кардани коидахои бехатари хангоми муносибат бо моддахо ва партовхои аз нигохи экологи хавфнок. 85

Моддаи 224. Вайрон кардани коидахои бехатари хангоми муносибат бо омилхои микробиологи  ё дигар омилхои биологи ё токсинхо (моддахои захролуд) 85

Моддаи 225. Вайрон кардани коидахои байтори (ветеринари) ва коидахои барои мубориза ба мукобили касали ва хашароти зараррасони растани мукарраршуда. 85

Моддаи 226. Ифлос кардани об. 85

Моддаи 227. Олуда сохтани фазо. 86

Моддаи 228. Хароб кардани замин. 86

Моддаи 229. Вайрон  кардани коидахои хифз ва истифодаи сарватхои зеризамини. 86

Моддаи 230. Сайди гайриконунии хайвоноти оби. 87

Моддаи 231. Вайрон кардани коидахои хифзи захираи мохи. 87

Моддаи 232. Шикори гайриконуни. 87

Моддаи 233. Нобуд кардани макони дар вазъияти басо хатарнок карордоштаи зисти организмхо, ки ба китоби Сурхи Чумхурии Точикистон дохил карда шудаанд. 88

Моддаи 234. Гайриконуни буридани дарахт  ва буттахо. 88

Моддаи 2341. Муомилоти гайриконунии шираи камол. 88

Моддаи 235. Несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба чангал. 88

Моддаи 236. Вайрон кардани низоми худудхо ва объектхои табии махсус хифзшаванда. 89

ФАСЛИ X. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ТАРТИБОТИ ЧАМЪИЯТИ ВА АХЛОК.. 89

БОБИ 25. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ТАРТИБОТИ ЧАМЪИЯТИ ВА АХЛОК.. 89

Моддаи 237. Авбоши. 89

Моддаи 2371. Вандализм.. 89

Моддаи 238. Ба фохишаги чалб намудан. 89

Моддаи 239. Ташкил ё нигахдошти фохишахонахо, даллаги ё занчаллоби. 90

Моддаи 240. Ташкил  ё нигохдории киморхона (казино), мизу автоматхои бози бо бурди пули. 90

Моддаи 241. Гайриконуни тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметхои порнографи. 90

Моддаи 2411. Тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметхои порнографи бо акси ноболигон. 90

Моддаи 2412. Истифодаи ноболиг бо максади истехсол намудани мавод ё предметхои порнографи  91

Моддаи 242. Несту нобуд ё вайрон кардани ёдгорихои таърих ва фарханг. 91

Моддаи 243. Тахкири часади фавтидагон ва  гури онхо. 91

ФАСЛИ ХI. ЧИНОЯТХО ДАР СОХАИ ИКТИСОДИЁТ. 91

БОБИ 26. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ МОЛИКИЯТ. 91

Моддаи 244. Дузди. 91

Моддаи 245. Азонихудкуни ё исрофкори. 92

Моддаи 246. Тасарруфи пулу моли ба тарики кредит додашуда. 93

Моддаи 247. Каллоби. 93

Моддаи 248. Горатгари. 94

Моддаи 249. Рохзани. 94

Моддаи 250. Тамаъчуи. 95

Моддаи 251. Тасарруфи ашьё ё асноди дорои арзиши  махсус. 95

Моддаи 252. Гайриконуни хай карда бурдани автомобил ё дигар воситахои наклиёт бидуни максади тасарруф.. 95

Моддаи 253. Расонидани зарари молу мулки бо рохи  фиреб ё суиистифодаи бовари. 96

Моддаи 254. Сохиб  шудан ё ба сохибияти каси дигар додани молу мулке, ки баръало бо рохи чиноят ба даст оварда  шудааст. 96

Моддаи 255. Касдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк. 96

Моддаи 256. Аз беэхтиёти несту нобуд ё  вайрон кардани молу мулк. 97

Моддаи 257. Тасарруфи воситаи фондхои  кумаки хоричи. 97

БОБИ 27. ЧИНОЯТХО ДАР СОХАИ ФАЪОЛИЯТИ ИКТИСОДИ.. 97

Моддаи 258. Монеъ шудан ба фаъолияти  конунии сохибкори. 97

Моддаи 259. Сохибкории гайриконуни. 98

Моддаи 2591. Истехсол, ба даст овардан, нигохдори, хамлу накл ё ба муомилот баровардани мол ва махсулоти тамганошуда. 98

Моддаи 260. Ташкили (таъсиси, азнавташкилдихии)  гайриконунии шахси хукуки. 98

Моддаи 2601. Истифодаи гайриконунии хуччатхо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдихии) шахси хукуки. 99

Моддаи 261. Бакайдгирии ахди гайри-конуни бо замин. 99

Моддаи 262. Конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда. 99

Моддаи 263. Фаъолияти гайриконунии бонки. 100

Моддаи 264. Гайриконуни гирифтани кредит. 100

Моддаи 265. Гайриконуни додани кредит. 101

Моддаи 266. Саркашии бадкасдона аз адои  карзи кредитори. 101

Моддаи 267. Мачбур кардан ба бастани ахд ё ба саркаши кардан аз бастани он. 101

Моддаи 268.  Гайриконуни истифода бурдани  маблаг. 101

Моддаи 269.  Харакати гайриконуни хангоми муфлисшави. 102

Моддаи 270.   Муфлисии бадкасдона. 102

Моддаи 271. Муфлисии сохта. 102

Моддаи 272 бо кчт аз 17.05.04 с., №35 хорич карда шудааст. 102

Моддаи 273. Кирдори  инхисори (монополисти) ва махдуд  кардани ракобат. 102

Моддаи 274. Бадкасдона вайрон кардани коидахои баргузории савдои оммави ё тендер, ё музоядахо (аукцион) 103

Моддаи 275. Истифодаи гайриконунии воситахои фардикунонии иштирокчиёни ахлхои граждани молхо, корхо ва хизматрасони. 103

Моддаи 276. Дидаю дониста додани рекламаи бардуруг. 103

Моддаи 277.  Гайриконуни ба даст овардани маълумоти дорои сирри тичорати ё бонки. 104

Моддаи 278. Ифшои сирри тичорати ё бонки. 104

Моддаи 279. Ришвадихии тичорати. 104

Моддаи 280. Ришвадихи ба иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобикахои касбии варзиши ва озмунхои намоишии тичорати. 105

Моддаи 281. Тайёр кардан ё ба муомилот  баровардани пул ё когазхои киматноки калбаки (сохта) 105

Моддаи 282.  Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани картахои сохтаи (калбакии) кредити ё хисоббаробаркуни ё дигар асноди  пардохт. 105

Моддаи 283. Суиистифода хангоми баровардани когазхои киматнок (эмиссия) 106

Моддаи 284. Бастани ахди гайриконунии бо металлхои киматбахо, сангхои кимматбахои табии ё марворид. 106

Моддаи 285.  Вайрон кардани коидахои ба давлат  супоридани  фулузот  ва  сангхои киматбахо. 106

Моддаи 286. Додугирифти гайриконуни бо  асъори хоричи. 106

Моддаи 287. Аз хорича барнагардонидани воситахо ба асъори хоричи. 107

Моддаи 288 бо кчт аз 17.05.04 с., №35 хорич карда шудааст. 107

Моддаи 289. Кочок. 107

Моддаи 290. Ба худуди Чумхурии Точикистон  барнагардонидани  сарватхои бадеи, таърихи ё бостоншиносии халкхои Чумхурии  Точикистон ва мамлакатхои хоричи. 108

Моддаи 291. Саркаши аз пардохтхои гумруки. 108

Моддаи 292. Саркаши аз супоридани андозхо ва (ё) пардохтхо аз шахси хукуки. 108

Моддаи 293. Саркашии  шахси вокеъи аз пардохти андоз. 109

Моддаи 294. Фиреби истеъмолкунандагон. 109

Моддаи 295. Суиистифодаи ваколат аз чониби кормандони ташкилотхои тичорати ва дигар ташкилотхо. 110

Моддаи 296. Суиистифодаи ваколат аз чониби  аудиторхо, судяхои хаками ё арбитрхои арбитражи байналмилалии тичорати, (адвокат) 110

Моддаи 297. Аз хадди ваколат гузаштани кормандони хадамоти мухофизати хусуси ва детективи  111

ФАСЛИ XII. ЧИНОЯТХО  БА МУКОБИЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТИ.. 111

БОБИ 28. ЧИНОЯТХО  БА МУКОБИЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТИ.. 111

Моддаи 298. Гайриконуни  даромадан ба  иттилооти компьютери. 111

Моддаи 299. Тагйир додани иттилооти компьютери. 111

Моддаи 300. Тахриби компьютери. 111

Моддаи 301. Гайриконуни ба даст овардани  иттилооти компьютери. 112

Моддаи 302.  Тайёр кардан ва ба сохибияти каси дигар додани воситахои махсус барои гирифтани тамоси гайриконуни ба системаи ё шабакаи компьютери. 112

Моддаи 303. Тахия, истифода ва пахн кардани  барномахои зараровар. 112

Моддаи 304.  Вайрон кардани коидахои истифодаи система ё шабакаи компьютери. 112

ФАСЛИ ХIII. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ.. 113

БОБИ 29. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ АСОСХОИ СОХТИ КОНСТИТУТСИОНИ ВА АМНИЯТИ ДАВЛАТ. 113

Моддаи 305. Хиёнат ба давлат. 113

Моддаи 306. Бо зуровари гасб намудани хокимият ё бо зуровари нигох доштани хокимият. 113

Моддаи 307. Даъвати оммави барои бо рохи зуровари тагйир додани сохти конститутсионии Чумхурии  Точикистон. 114

Моддаи 3071. Даъвати оммави барои амали намудани фаъолияти экстремисти (ифротгарои) ва сафедкунии оммавии экстремизм.. 114

Моддаи 3072. Ташкили иттиходи экстремисти (ифротгарои) 114

Моддаи 3073. Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремисти (ифротгарои) 115

Моддам 3074. Ташкили таълим ё гурухи таълимии хусусмяти динии экстремистидошта. 115

Моддаи 308. Чосуси. 115

Моддаи 309. Тахрибкори (Диверсия) 115

Моддаи 310. Тачовуз  ба хаёти  арбоби давлати ё чамъиятии Чумхурии Точикистон. 116

Моддаи 311. Ифшои сирри давлати. 116

Моддаи 312. Гум кардани асноди дорои сирри давлати. 116

Моддаи 313. Исёни мусаллахона. 116

БОБИ 30. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ ВА ВА МАНФИАТХОИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИ.. 116

Моддаи 314. Суиистифода аз ваколатхои мансаби. 116

Моддаи 315. Беамали дар ичрои вазифа. 117

Моддаи 316. Баромадан аз хадди  ваколатхои мансаби. 117

Моддаи 317 . Сохиби кардани ваколати шахси мансабдор. 118

Моддаи 318. Иштироки гайриконуни дар фаъолияти сохибкори. 118

Моддаи 319. Гирифтани пора. 118

Моддаи 320. Додани пора. 119

Моддаи 321. Игвои порадихи. 119

Моддаи 322. Хунукназари. 120

Моддаи 323. Сохтакории хизмати. 120

Моддаи 3231. Гайриконуни додани шиносномаи шахрванди Чумхурии Точикистон, хамчунин ба хуччатхое, ки барои гирифтани шахрвандии Чумхурии Точикистон асос мебошанд, ворид намудани маълумотхои баръало бардуруг. 120

Моддаи 324. Гирифтани мукофот бо рохи тамаъчуи. 120

Моддаи 325. Додани мукофот ба хизматчи. 121

Моддаи 326. Гайриконуни ичозат додан ба гирифта гаштан ва нигохдории силохи оташфишон. 121

Моддаи 327. Гайриконуни нигох доштани мухофизони  шахси ва истифодаи техникаи чанги бо хамин максад. 121

БОБИ 31. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ТАРТИБИ ИДОРАКУНИ.. 121

Моддаи 328. Истифодаи зуровари ба мукобили намояндаи хокимият. 121

Моддаи 329. Тахдид нисбати кормандони макомоти хифзи хукук ё хизматчиёни харби. 121

Моддаи 330. Тахкири намояндаи хокимият. 122

Моддаи 331. Монеъ шудан ба фаъолияти муассисахои татбиккунандаи чазо ва муассисахои хабси пешаки. 122

Моддаи 332.  Кирдорхое, ки кори чойхои махрумият  аз озодиро номураттаб месозанд. 122

Моддаи 333. Истифодаи гайриконунии аломату нишонахои Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар. 122

Моддаи 334. Худсари. 122

Моддаи 335. Гайриконуни гузаштан аз Сархади давлатии Чумхурии Точикистон. 123

Моддаи 3351. Ташкили воридшавии гайриконунии шахрвандони хоричи ё шахсони бешахрванд ба Чумхурии Точикистон ё ташкили гузариши транзитии гайриконуни ба воситаи марзи Чумхурии Точикистон. 123

Моддаи 335 2. Ташкили мухочирати гайриконуни. 123

Моддаи 336. Вайрон кардани низоми  Сархади  давлати. 123

Моддаи 337. Тасарруфи мукофоти давлати. 124

Моддаи 338. Худсарона ишгол намудани китъаи замин ва сохтмони худсарона дар он. 124

Моддаи 3381. Гайриконуни додани китъаи замин. 124

Моддаи 339. Тасарруф ё вайрон кардани хуччат,  штамп, мухр. 124

Моддаи 340. Сохтакори, тайёр кардан ё ба сохибияти каси дигар додани хуччат, мукофоти давлати, штамп, мухр ва бланкахои калбаки. 125

Моддаи 3401. Сохтакорона тайёр кардан, ба муомилот баровардани маркахои бочи аксизи, маркахои махсус ё аломатхои мутобикат ва ё истифодаи онхо. 125

Моддаи 341. Сохиб шудан ё ба сохибияти каси дигар додани хуччатхои расми ва мукофоти давлати  125

Моддаи 342. Тахкир кардани рамзхои  давлати. 125

Моддаи 343. Саркаши аз хизмати харби ва  альтернативи. 125

Моддаи 344. Саркаши аз даъвати сафарбари. 126

БОБИ 32. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ АДОЛАТИ СУДИ.. 126

Моддаи 345. Монеъ шудан ба татбики адолати суди, тахкик ва тафтиши пешаки. 126

Моддаи 346. Дидаю дониста расонидани  хабари бардуруг. 126

Моддаи 347.  Хабар надодан дар бораи чиноят ё пинхон доштани он. 126

Моддаи 348. Дидаю дониста ба чавобгарии чинояти кашидани шахси бегунох. 127

Моддаи 349. Дидаю дониста гайриконуни баровардани хукм, халнома ё дигар актхои суди. 127

Моддаи 350. Монеъ шудан ба хозиршавии шохид ё чабрдида ба суд, макомоти тахкик ё тафтиши пешаки. 127

Моддаи 351. Гувохии бардуруг. 127

Моддаи 352. Саркаши аз хозир шудан ё нахостани додани нишондод, хулоса ё  тарчума кардан. 128

Моддаи 353. Ришвадихи ё мачбур кардан барои додани  баёноти  бардуруг, хулосаи  бардуруг ё тарчумаи нодуруст. 128

Моддаи 354. Аз чониби тахкикбаранда, муфаттиш ё суд мачбур сохтан ба додани нишондод. 128

Моддаи 355. Беэхтироми нисбати суд. 128

Моддаи 356. Тахдид ё зуровари вобаста ба амалбарории адолати суди, тахкик ё тафтиши пешаки  129

Моддаи 357 бо кчт аз 17.05.04 с., №35 хорич карда шудааст. 129

Моддаи 358. Гайриконуни дастгир ё хабс намудан. 129

Моддаи 359. Сохтакории далелхо. 129

Моддаи 360. Гайриконуни озод кардан  аз чавобгарии чинояти. 129

Моддаи 361. Фош кардани маълумоти тахкик ибтидои ё тафтиши пешаки. 130

Моддаи 362. Харакати гайриконуни нисбати молу мулке, ки руйхат шудааст, ё ба вай хабс гузошта шудааст, ё ин ки мусодира карда мешавад. 130

Моддаи 363. Ичро накардани хукми суд, халномаи  суд ё санади дигари суди. 130

Моддаи 364. Саркаши аз адои чазои махрум  сохтан аз озоди. 130

Моддаи 365. Гурехтан аз чойхои махрум сохтан аз озоди ё аз хабси пешаки. 130

ФАСЛИ XIV. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ХИЗМАТИ ХАРБИ.. 131

БОБИ 33. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ХИЗМАТИ  ХАРБИ.. 131

Моддаи 366. Мафхуми чиноятхо ба мукобили хизмати харби. 131

Моддаи 367 бо кчт аз 17.05.04 с., №35 хорич карда шудааст. 131

Моддаи 368. Ичро накардани фармон. 131

Моддаи 369. Мукобилият ба  сардор ё мачбур кардани у ба вайрон кардани вазифахои хизмати. 131

Моддаи 370. Истифодаи зуровари дар хакки сардор. 131

Моддаи 371. Тахдид ба сардор. 132

Моддаи 372. Тахкири хизматчии харби. 132

Моддаи 373. Вайрон кардани коидахои оинномавии муносибатхои байнихамдигарии хизматчиёни  харби  дар  холати   набудани тобеияти хизмати дар байни онхо. 132

Моддаи 374. Худсарона тарк кардании кисми харби ё махалли хизмат. 132

Моддаи 375. Фирор. 133

Моддаи 376. Саркаши аз ичрои вазифахои хизмати харби бо рохи узвмаибкуни ё усули дигар. 133

Моддаи 377. Вайронкунии коидахои бачооварии  навбатдории чанги. 134

Моддаи 378. Вайронкунии коидахои ба чо  овардани хизмати сархади. 134

Моддаи 379. Вайронкунии коидахои оинномавии хизмати каровули. 134

Моддаи 380. Вайронкунии коидахои оинномавии ба чо овардани хизмати дохили ва гардиши посбонон дар гарнизон. 134

Моддаи 381. Вайронкунии коидахои ба чо овардани хизмат оид ба хифзи тартиботи чамъияти ва таъмини  амнияти  чамъияти. 134

Моддаи 382. Ихтиёран додани силохи оташфишон, лавозимоти чанги, моддахои тарканда, воситахои таркиш ва техникаи чанги аз чониби хизматчии харби. 135

Моддаи 383. Воситахои бурдани чангро ба душман таслим намудан ё он воситахоро партофта рафтан  135

Моддаи 384. Худсарона баромада рафтан аз майдони чанг ё саркаши кардан аз кор фармудани силох  135

Моддаи 385. Бо ихтиёри худ таслим шудан  ба асири. 135

Моддаи 386. Несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки харби. 135

Моддаи 387. Вайронкунии коидахои муносибат  бо силох ва бо предметхое, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад. 135

Моддаи 388. Барбод додан ё гум кардани молу мулки харби. 136

Моддаи 389.  Вайронкунии коидахои ронандаги  ё истифодабарии мошинхо. 136

Моддаи 390. Вайронкунии коидахои парвоз  ё тайёри ба он. 136

Моддаи 391. Суиистеъмоли хокимият ё макоми хизмати, аз хадди ваколатхои мансаби ва хизмати баромадан ё  бефаъолиятии хокимият. 136

Моддаи 392. Муносибати хунукназарона  ба хизмат. 137

Моддаи 393. Тасарруфи силохи оташфишон, лавозимоти чанги ва техникаи чанги. 137

Моддаи 394 бо кчт аз 2.12.02 с., № 64 хорич карда шудааст. 137

ФАСЛИ XV. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ СУЛХУ АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ. 137

БОБИ 34. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ СУЛХУ АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ. 137

Моддаи 395. Чанги тачовузкорона. 137

Моддаи 396. Даъвати оммави барои сар кардани чанги тачовузкорона. 137

Моддаи 397. Истехсол ё пахн намудани силохи катли ом.. 138

Моддаи 398. Геноцид. 138

Моддаи 399. Биоцид. 138

Моддаи 400. Экоцид. 138

Моддаи 401. Зархариди. 138

Моддаи 4011. Чалб ва иштироки гайриконунии шахрвандони Чумхурии Точикистон ва шахсони бешахрванд дар вохиди мусаллах, задухурди мусаллахона ё амалиёти чанги дар каламрави дигар давлатхо. 139

Моддаи 402. Хамла ба шахсон ва муассисахои тахти химояи байналмилали карордошта. 139

Моддаи 403. Баркасдона вайрон  кардани меъёрхои байналмилалии хукуки башар, ки дар чараёни низои мусаллахона содир  шудааст. 139

Моддаи 404. Баркасдона вайрон кардани меъёрхои хукуки байналмилалии башар, ки дар вакти мухолифати мусаллахонаи байналмилали ё дохили бо тахдид ба саломати содир шудаст ё боиси осеби чисмони гардидааст. 140

Моддаи 405. Дигар конуншиканихои меъёри байналмилалии хукуки башар. 140

Замимаи № 1. 141

 

 

КИСМИ УМУМИ

 ФАСЛИ I. КОНУНИ ЧИНОЯТИ 

БОБИ  1. ВАЗИФА ВА ПРИНЦИПХОИ КОНУНИ ЧИНОЯТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН, АСОСИ ЧАВОБГАРИИ ЧИНОЯТИ

 

Моддаи 1. Конуни чиноятии Чумхурии Точикистон

 

1) Конуни  чиноятии Чумхурии Точикистон аз хамин Кодекс иборат аст. Конунхои наве, ки чавобгарии чиноятиро пешбини менамоянд, ба Кодекси чинояти бояд дохил карда шаванд.

2) Хамин Кодекс ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва принсипу меъёрхои умумиэътирофшудаи  хукуки  байналмилали  асос меёбад.

 

Моддаи 2. Вазифахои Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон

 

1) Вазифахои хамин Кодекс аз хифзи хукуку озодихои инсон ва шахрванд, амнияти чамъияти ва саломатии ахли, мухити зист, тартиботи чинояти ва ахлок, моликият, химояи сохти конститутсиони ва амнияти Чумхурии Точикистон аз тачовузи чинояти, таъмини сулх ва амнияти башарият, тарбияи шахрвандон дар рухияи риояи Конститутсия ва конунхои чумхури, инчунин пешгирии чиноятхо иборат аст.

2) Барои татбики ин вазифахо хамин Кодекс асосу принципхои чавобгарии чиноятиро мукаррар намуда, муайян мекунад, ки кадом кирдорхои барои шахсият, чамъият ё давлат хавфнок чиноят эътироф мегарданд ва намудхои чазою чорахои дигари дорои хусусияти хукукии чиноиро барои содир кардани онхо мукаррар менамояд.

 

Моддаи 3. Принсипхои Конуни чинояти ва чавобгарии чинояти

 

Конуни чинояти ба принсипхои конуният, баробари дар назди конун, ногузир будани чавобгари, чавобгарии фарди, гунахгори, адолат, инсондусти ва демократизм асос меёбад.  

 

Моддаи 4. Принсипи конуният

 

1) Чиноят будани кирдор, сазовори чазо ва окибатхои дигари хукукии чинои будани онро танхо хамин Кодекс муайян менамояд.

2) Хеч кас дар содир намудани чиноят гунахгор дониста намешавад ва ба чазои чинояти кашида намешавад ба чуз  бо хукми суд ва дар асоси конун.

3) Татбики конуни чинояти аз  руи  киёс манъ аст.

4) Мазмуни Кодекси чинояти бояд дакикан мутобики матни он фахмида шавад.

 

Моддаи 5. Принсипи баробари дар назди конун

 

Шахсоне, ки чиноят содир намудаанд, катъи назар аз чинс, нажод, миллат, шахрванди, забон, муносибат ба дин, акидахои сиёси, тахсилот, вазъи ичтимои, хизмати ва молу мулки, мансубият ба  хизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти, махалли истикоматашон ва дигар холатхо дар назди конун баробаранд ва  бояд ба чавобгарии чинояти кашида шаванд. 

 

Моддаи 6. Принсипи ногузирии чавобгари

 

Хар шахсе, ки чиноят содир намудааст, бояд  тахти чазо карор гирад ё нисбати у чорахои дигари дорои хусусияти хукукии чиноии дар хамин Кодекс пешбинишуда татбик гардад.

 

Моддаи 7. Принсипи чавобгарии фарди ва гунахгори

 

1) Хеч кас тахти чавобгарии чинояти  карор гирифта наметавонад ба чуз  аз кирдори  (харакат ё бахаракати) шахсии худ.

2) Шахс танхо барои он кирдори барои чамъият хавфнок ва окибати хавфнокии чамъиятии ба вукуъ пайвастани он, ки гунохи у нисбати он  муайян  шудааст, ба чавобгарии чинояти кашида мешавад.

3)  Гунахгоркунии объективи, яъне барои зарари бегунохона расонидашуда ба чавобгарии чинояти кашидан мумкин нест.

 

Моддаи 8. Принсипи адолат

 

1) Чазо ва чорахои дигари дорои хусусияти хукукии чинои, ки нисбати шахси чиноят содирнамуда татбик мешавад, бояд одилона бошад, яъне ба хусусияту дарачаи хавфнокии чамъиятии чиноят, холатхои содир намудани он ва шахсияти гунахгор мувофик бошанд.

 

Моддаи 9. Принсипи  инсондусти

 

1) Ба шахси чиноят содирнамуда бояд чазое таъин гардад ё чунин чораи дорои хусусияти хукукии чинои раво дида шавад, ки барои ислохи у ва пешгири намудани чиноятхои нав зарур ва кофи  бошад.

2) Чазо ё чорахои дигари дорои хусусияти хукуки чинои, ки нисбати шахси чиноят содирнамуда истифода мешавад, максади озори  чисмони, тахкири шаъну эътибори инсонро надорад.

 

Моддаи 10. Принсипи демократизм

 

Дар холатхои пешбининамудаи хамин Кодекс барои ислохи шахсоне, ки чиноят содир намудаанд, хизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти, макомоти худидораи шахрвандон ё коллективхо бо дархосту ризоияти онхо чалб карда мешаванд.

 

Моддаи 11. Асоси чавобгарии  чинояти

 

Асоси чавобгарии чинояти содир намудани кирдоре мебошад, ки дорои  тамоми аломатхои таркиби чинояти дар хамин Кодекс пешбинигардида аст.

 

Моддаи 111. Коидахои тафсири конуни чинояти

 

1) Агар меъёри хукуки чинояти духура ифода ёфта башад, ё худ онро ду маънидод намоянд, дар ин сурат он ба мафиати айбдоршаванда (судшаванда, махкумшуда) тафсир (маънидод) карда мешавад.

2) Иборахо ва (ё) мафхумхое, ки дар хамин Кодекс истифода бурда мешаванд, хамон маъноеро дороянд, ки дар конунхои дахлдор оварда шудаанд, агар дар Кодекси чинояти тартиби дигар пешбини нашуда бошад.

3) Дар доираи Кодекси мазкур ба маънохои гуногун тафсир кардани мафхуми якхела манъ аст, ба шарте, ки дар худи хамин Кодекс оид ба он нишондоди махсус мавчуд набошад.

 

БОБИ 2. АМАЛИ КОНУНИ ЧИНОЯТИ ДАР ЗАМОНУ МАКОН

 

Моддаи 12.  Амали Конуни чинояти дар замон

 

1) Чиноят ва сазовори чазо будани кирдор бо конуне, ки дар вакти содир намудани он кирдор амал мекунад, муайян карда мешавад.

2) Вакти содир намудани чиноят, вакти содир шудани кирдори барои чамъият хавфнок, сарфи назар аз вакти фаро расидани окибатхои он, эътироф карда мешавад.

 

Моддаи 13. Кувваи бозгашти Конуни  чинояти

 

1) Конуни чиноятие, ки чиноят будани кирдорро бартараф мекунад, чазоро сабук ё ба тарики дигар вазъи шахси чиноят содиркардаро бехтар мекунад, кувваи бозгашт дорад, яъне ба шахсоне татбик мегардад, ки то эътибор пайдо кардани чунин конун кирдор содир кардаанд, аз чумла ба шахсоне, ки мухлати чазоро адо мекунанд ё кардаанд, вале доги суди доранд. Аз лахзаи эътибор пайдо кардани конуне, ки чиноят будани кирдорро бартараф мекунад, кирдори то эътибор пайдо кардани конун содиршуда чиноят хисоб намешавад.

2) Агар конуни нави чинояти чазои кирдореро, ки шахс барои содир кардани он мухлати чазоро адо мекунад, сабук созад, чазои таъиншуда бояд мутобики хадди болоии чазое, ки конуни чиноятии нав муайян кардааст, ихтисор  карда шавад.

3) Конуни чиноятие, ки чиноят будани кирдорро мукаррар менамояд, чазоро пурзур мекунад ё ба тарики дигар вазъи шахсеро, ки ин кирдорро содир намудааст, бадтар месозад, кувваи бозгашт надорад.

 

Моддаи 14. Амали  конуни  чинояти  нисбати шахсоне, ки дар худуди Чумхурии Точикистон чиноят содир намудаанд

 

1) Шахсе, ки дар  худуди Чумхурии Точикистон чиноят содир намудааст, мутобики хамин Кодекс ба чавобгари кашида мешавад, агар тибки  санадхои хукукии байналмилалие, Точикистон онхоро эътироф кардааст тартиби дигар мукаррар нашуда бошад.

2) Чунин кирдор дар худуди Чумхурии Точикистон содир шуда чиноят эътироф карда мешавад, агар:

а) дар худуди Чумхурии Точикистон шуруъ шудааст ё идома ёфтааст ва ё ба итмом расонида шудааст;

б) берун аз худуди Чумхурии Точикистон содир шудааст, вале окибати чиноят дар худуди он фаро расидааст;

в) дар худуди Чумхурии Точикистон содир шудааст, вале окибати чиноят  берун аз худуди он фаро расидааст;

г) дар шарики бо шахсоне содир шудааст, ки фаъолияти чинояткоронаи худро дар худуди давлати дигар ба амал баровардааст.

3) Шахсе, ки дар киштии оби ё хавопаймои конунан тахти парчам ё аломатхои шиносоии Чумхурии Точикистон дар обхои кушод ё фазои хавои берун аз худуди Чумхурии Точикистон харакаткунанда чиноят содир карда бошад, мутобики хамин Кодекс ба чавобгарии чинояти кашида мешавад, агар дар санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбини нашуда бошад. Шахсе, ки дар киштии харбии оби ё хавопаймои харбии Чумхурии Точикистон новобаста аз махалли вокеъбудаи онхо чиноят содир кардааст, хамчунин мутобики хами Кодекс ба чавобгарии чинояти кашида мешавад.

4) Масъалаи чавобгарии чиноятии намояндагони дипломатии давлатхои хоричи ва шахрвандони дигари дорои масуният, дар холати аз чониби ин шахсон содир шудани чиноят дар худуди Чумхурии Точикистон, дар асоси меъёрхои хукуки  байналмилали  хал мешавад.

 

Моддаи 15. Амали конуни чинояти нисбати шахсоне, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон чиноят содир намудаанд

 

1) Шахрванди Чумхурии Точикистон, инчунин шахси бешахрванди доимо дар он истикоматкунанда барои чинояти дар худуди давлати хоричи содиркардааш мутобики хамин Кодекс ба чавобгарии чинояти кашида мешавад, агар кирдори содиркардаи у дар давлате, ки дар худуди он ин кирдорро содир кардааст, чиноят эътироф карда шавад ва агар у барои ин чиноят дар давлати  хоричи  махкум нашуда бошад. Хангоми махкум кардани шахсони маскур чазо набояд аз хадди болои санксияи пешбининамудаи конуни давлати хоричие, ки дар худуди он чиноят содир шуда буд, зиёд бошад.

2) Шахрванди хоричи ё шахси бешахрвандии дар Чумхурии Точикистон доимо истикоматнакунанда барои чинояти берун аз худуди Точикистон содир кардааш мутобики хамин Кодекс дар холатхои зерин ба чавобгари кашида мешавад, агар у:

а) чинояте содир карда бошад, ки меъёрхои хукуки байналмиллалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф карда ё меъёрхои мукарарнамудаи карордод ё созишномахои байнидавлати пешбини намудаанд;

б) бар зидди шахрвандони Точикистон ё манфиатхои Чумхурии Точикистон чинояти вазнин ё чинояти махсусан вазнин содир карда бошад.

3) Ин коидахо дар холате истифода мешаванд, ки агар шахрванди хоричи ё шахси бешахрвандии дар Чумхурии Точикистон доимо истикоматнакунанда дар давлати дигар махкум нашуда бошад.

4) Шахрванди Чумхурии Точикистон, инчунин шахси бешахрванди дар Чумхурии Точикистон доимо истикоматкунанда барои чинояти дар худуди давлати хоричи содиркардааш мутобики Кодекси мазкур дар холате низ ба чавобгари кашида мешавад, ки мутобики моддахои мушаххаси Кисми махсуси Кодекси мазкур чавобгарии чинояти махз барои дар худуди давлати хоричи содир намудани чиноят пешбини гардида бошад. Дар ин маврид холатхои дар кисми 1 (ба истиснои махкум шудан) хамин модда пешбинигардида ба инобат гирифта намешаванд. (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359).

5) Доги суди ва дигар окибатхои хукукии чинояти нисбати шахсе, ки дар худуди давлати хоричи чиноят содир кардааст, набояд хангоми банду басти (квалификатсияи) кирдори ин шахс ва хангоми таъини чазо барои чинояте, ки дар худуди Чумхурии Точикистон содир кардааст, ба инобат гирифта шавад, агар дар санадхои хукукии байналмилалие, ки точикистон онхоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбини  нашуда бошад.

 

Моддаи 16. Супоридани шахсе, ки чиноят содир намудааст

 

1)  Шахрванди Чумхурии Точикистон, ки дар худуди давлати дигар чиноят содир кардааст, ба он давлат супорида намешавад, агар дар  шартномаи тарафайн тартиби дигар пешбини нашуда бошад.

2) Шахрванди хоричи ё шахси бешахрванди, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон чиноят содир намуда, дар худуди он карор дорад, мутобики шартномаи байналмилали метавонад барои ба чавобгарии чинояти кашидан ё адо намудани чазо ба давлати хоричи супорида шавад.

 

ФАСЛИ II. ЧИНОЯТ 

БОБИ 3.  МАФХУМ ВА НАМУДХОИ ЧИНОЯТ

 

Моддаи 17. Мафхуми чиноят

 

1) Кирдори (харакат ё бехаракати) содиршудаи гунахгоронаи барои чамъият хавфноке, ки хамин Кодекс бо тахдиди татбики чазо манъ кардааст, чиноят эътироф мешавад.

2) Кирдоре (харакат ё бехаракатие), ки зохиран аломатхои яке аз кирдорхои дар  Кисми махсуси хамин Кодекс пешбинигардидаро дошта бошад хам, вале бо сабаби камахамияти барои чамъият хавфнок нестанд, чиноят намебошад.

 

Моддаи 18.  Категорияхои чиноят

 

1) Кирдорхои дар хамин Кодекс пешбинигардида вобаста ба хусусият ва дарачаи хавфи барои чамъият доштаашон ба чиноятхои начандон вазнин, дарачаи миёна, вазнин ва махсусан вазнин таксим мешаванд.

2) Кирдорхои касдона содиркардае,  ки чазои хадди аксари барои онхо дар хамин Кодекс пешбинигардида аз ду соли махрум сохтан аз озоди зиёд нест ва кирдорхои аз беэхтиёти содиршавандае, ки чазои хадди аксари барои онхо дар хамин Кодекс пешбинигардида аз панч соли махрум сохтан аз озоди зиёд нест, чиноятхои начандон вазнин эътироф мешаванд.

3) Кирдорхои касдан содиршавандае, ки чазои хадди аксари барои онхо дар хамин Кодекс пешбинигардида  аз панч соли махрум сохтан аз озоди зиёд нест ва кирдорхои аз беэхтиёти содиршавандае, ки чазои хадди аксар барои онхо аз панч соли махрум сохтан аз озоди зиёд мебошад, чиноятхои дарачаи миёна эътироф мешаванд.

4) Кирдорхои касдан содиршудае, ки чазои хадди аксари барои онхо дар хамин Кодекс пешбинигардида аз дувоздах соли махрум сохтан аз озоди зиёд нест, чиноятхои вазнин эътироф мешаванд.

5) Кирдорхои касдан содиршудае, ки чазои хадди аксари барои онхо дар хамин Кодекс зиёда аз дувоздах соли махрум сохтан аз озоди ё чазои катл пешбини гардидааст, чиноятхои махсусан вазнин эътироф мешаванд.

 

Моддаи 19. Такрори чиноят

 

1) Такрори чиноят кирдоре эътироф мешавад, ки шахс дар вакти гуногун ду ё зиёда   чинояти дар хамон як модда ё кисми моддаи хамин Кодекс пешбинишударо содир намудааст.

2) Содир кардани ду ва ё зиёда аз он чинояти дар моддахои мухталифи хамин Кодекс пешбинигардидаро танхо дар холатхое такрори чиноят хисобидан мумкин аст, ки агар он дар Кисми махсуси хамин Кодекс зикр гардида бошад.

3) Чиноят такрори эътироф намешавад, агар шахс  барои чинояти каблан содирнамудааш мувофики тартиби мукаррарнамудаи конун аз чавобгарии чинояти озод шуда буд ё  доги суди барои ин чиноятхо бархам хурда  ё бардошта шудааст.

4) Дар мавриде, такрори чиноятро хамин Кодекс ба сифати холатхое пешбини менамояд, ки барои он чазои нисбатан сахтарро пешбини кардааст, чинояти аз тарафи шахс содиргардида мутобики кисми дахлдори моддаи хамин Кодекс, ки чазоро барои такрори чиноят пешбини менамояд, банду баст (квалификатсия) карда мешавад.

5) Чинояте, ки аз як катор кирдорхои чиноятии хаммонанд иборат буда, бо касди умуми ва максади ягона равона шудааст ва  дар мачмуъ  чинояти давомдорро ташкил мекунанд, такрори чиноят эътироф намешавад.

6) Дар муддати дароз ичро накардани ухдадорихое, ки хусусияти пайваста содир намудани  таркиби як чинояти дарозмуддат дорад, такрори чиноят эътироф намешавад.

 

Моддаи 20. Мачмуи чиноят

 

1) Содир кардани ду ё зиёда аз он кирдори чиноятии дар моддахои гуногун  ё кисмхои мухталифи хамон  моддахои Кисми махсуси хамин Кодекс пешбинигардида, ки шахс барои хеч кадоми он махкум нашудааст, мачмуи чиноят эътироф мешавад. Дар айни замон чиноятхое, ки шахс барои содир кардани онхо тибки асосхои мукаррарнамудаи конун аз чавобгарии чинояти озод шудааст, ба назар гирифта  намешаванд.

2) Як кирдоре, ки аломатхои чинояти дар ду ё бештар моддаи хамин Кодекс пешбинигардидаро дорад, хамчунин мачмуи чиноятхо эътироф мешавад.

3) Хангоми содир намудани мачмуи чиноят шахс барои хар чинояти содирнамудааш дар асоси модда ё кисми дахлдори хамин Кодекс ба чавобгари кашида мешавад.

4) Агар чиноят аз чониби меъёрхои умуми ва махсус пешбини шуда бошад, он гох мачмуи чиноят чой надорад ва чавобгарии чинояти дар асоси меъёри махсус ба миён меояд.

 

Моддаи 21. Рецидиви чиноят

 

1) Содир намудани чинояти касдона аз тарафи шахсе, ки каблан барои содир кардани чинояти касдона доги суди дорад, рецидиви чиноят  эътироф мешавад.

2) Ретсидиви чиноят дар холатхои зерин хавфнок дониста мешавад:

а) дар холати содир намудани чинояти вазнин, агар ин шахс каблан на камтар аз ду маротиба барои касдан содир намудани чиноятхои дарачаи миёна бо махрум сохтан аз озоди махкум шуда бошад;

б) дар холати содир намудани чинояти вазнин, агар шахс каблан барои содир намудани чинояти вазнин ё махсусан вазнин ба махрум сохтан аз озоди  махкум шуда бошад;

в) дар холати содир намудани чинояти махсусан вазнин, агар ин шахс каблан барои содир намудани чинояти вазнин ба махрум сохтан  аз озоди  махкум шуда бошад.

3) Ретсидиви чиноят дар холатхои зерин махсусан хавфнок дониста мешавад:

а) дар холати содир намудани чинояти вазнин, агар ин шахс каблан ду маротиба барои содир намудани чиноятхои вазнин ба махрум сохтан аз озоди махкум шуда бошад;

б) дар холати содир намудани чинояти махсусан вазнин, агар ин шахс кблан ду маротиба барои содир намудани чиноятхои вазнин махкум карда шудааст, ё ин ки кблан барои содир намудани чинояти махсусан вазнин махкум шуда бошад.

4)  Хангоми эътирофи ретсидиви чиноят ба назар гирифта намешавад:

а) доги суди барои чинояте, ки шахс то синни хаждахсолаги содир намудааст;

б) доги суди барои чинояте, ки нисбати он шартан татбик накардани чазо ё ин ки аз руи он мавкуф гузоштани ичрои хукм татбик гардидааст, агар шартан татбик накардани чазо ё мавкуф гузоштани ичрои хукм бекор карда нашуда бошад ва шахс барои адо намудани чазо ба чойхои махруми аз озоди фиристода нашудааст, инчунин доги судие,  ки мувофики тартиби мукаррарнамудаи моддаи 84 – и хамин Кодекс бархам хурдааст ё бардошта шудааст.

5) Ретсидиви чиноят дар асос ва худуди пешбининамудаи хамин Кодекс боиси чазои сахттар мегардад.

 

БОБИ 4. ШАХСОНЕ, КИ БОЯД БА ЧАВОБГАРИИ ЧИНОЯТИ КАШИДА ШАВАНД

 

Моддаи 22. Шартхои умумии чавобгарии чинояти

 

Танхо шахси  вокеии  мукаллаф ба чавобгарии чинояти кашида мешавад, ки ба синну соли мукаррарнамудаи хамин Кодекс расидааст.

 

Моддаи 23. Синну соле, ки аз он чавобгарии чинояти фаро мерасад

 

1) Ба чавобгарии чинояти шахсе кашида мешавад, ки дар вакти содир намудани чиноят ба синни шонздахсолаги расидааст.

2) Шахсе, ки дар вакти содир намудани чиноят ба синни чордахсолаги расидааст, барои содир намудани чиноятхои зерин ба чавобграрии чинояти кашида мешаванд: одамкуши (моддаи 104), касдан расонидани зарари вазнин ба саломати (моддаи 110), касдан расонидани зарари миёна ба саломати (моддаи 111),  одамрабои (моддаи 130), тачовуз ба номус (моддаи 138), кирдори зуроварии дорои хусусяти шахвони (моддаи 139), терроризм (моддаи 179), гасби гаравгон (моддаи 181), тасарруфи силохи, лавозимоти чанги, моддахои тарканда ва воситахои таркиш (моддаи 199), муомилоти гайриконунии воситахои нашъадор ё моддахои психотропи  бо максади ба сохибияти каси дигар додан (моддаи 200), муносибатхи гайриконуни  бо воситахои нашъадор ё моддахи  психотропи (моддаи 201), тасарруфи воситахои нашъадор ё моддахои психотропи (моддаи 202), парвариши гайриконунии  зироатхои  дорои моддахои нашъаовари кишташон манъшуда (моддаи 204), муомилоти гайриконунии моддахои сахттаъсир ва захролуд бо максади ба сохибияти каси дигар додан (моддаи 206), корношоям сохтани воситахои наклиёт ё роххо (моддаи 214), авбоши дар холатхои вазнинкунанда (кисмхои дуюм ва сеюми моддаи 237), дузди (моддаи 244), горатгари (моддаи 248), рохзани (моддаи 249), тамаъчуи (моддаи 250), гайриконуни хай карда бурдани  автомобиль ё дигар воситахои наклиёт бидуни максади тасарруф (моддаи 252), касдан несту нобуд ё  вайрон  кардани  молу мулк   дар холатхои    вазнинкунанда (кисми дуюми моддаи 255).

3) Дар холатхои алохидаи дар Кисми махсуси хамин Кодекс пешбинигардида танхо он шахсе ба чавобгарии чинояти кашида мешавад, ки аз синни шонздахсола болотар аст.

4) Агар ноболиг дар вакти содир намудани кирдори ба чамъият хавфнок ба сину соли дар кисми якум ё дуюми хамин модда пешбинишуда расида бошад, аммо дар натичаи акиб мондан дар инкишофи рухи, ки бо парешонхолии рухи алокаманд намебошад, наметавонист ба таври пурра хусуссияти вокеи ва хавфи чамъиятии харакати (бехаракатии) худро дарк намояд ё онхоро идора намояд, у ба чавобгарии чинояти кашида намешавад.

 

Моддаи 24. Номукаллафи

 

1) Шахсе, ки хангоми содир намудани кирдори барои чамъият хавфнок дар холати номукаллафи буд, яъне бар асари бемории рухии доими, парешонии муваккатии рухи, заъфи акл ва ё холати  дигари бемории рухи хусусияти вокеи ва хавфнокии чамъиятии  харакат ё бехаракатии худро дарк ё онро идора карда наметавонист, ба чавобгарии чинояти кашида намешавад.

2) Ба шахсе, ки дар холати номукаллафи кирдори барои чамъият хавфноки дар конуни чинояти пешбинишударо содир намудааст, чорахои дорои хусусияти мачбурии тиббии дар хамин Кодекс пешбинигардидаро таъин кардан мумкин аст (КЧТ аз 23.07.16 с., №1330).

3) Шахсе, ки дар холати мукаллафи чиноят содир намуда, вале то баровардани хукми суд мубталои бемории рухие шудааст, ки барои дарки хавфи кирдори худ ё идора кардани онро имконият намедихад, хамчунин чазо дода намешавад. Суд метавонад нисбати чунин шахс  чорахои  мачбурии  дорои хусусияти тиббиро раво бинад ва пас аз шифо ёфтан ин шахсро чазо додан мумкин аст агар мухлатхои дар моддаи 75 хамин Кодекс пешбинишуда нагузашта бошад.

 

Моддаи 25. Чавобгарии  чиноятии шахсони дорои парешонхолии дардмандонаи  рухи, ки мукаллафиро истисно намекунад (мукаллафии махдуд)

 

1) Шахси мукаллафе, ки дар вакти содир намудани чиноят бар асари парешонхолии рухи наметавонист пурра хуссусияти вокеи ва хавфи чамъиятии харакати (бехаракатии) худро дарк намояд ё онро идора намояд, ба чавобгарии чинояти кашида мешавад.

2) Холати мукаллафии махдуд хангоми таъини чазо ба назар гирифта шуда, барои таъин намудани чораи мачбурии дорои хусусияти тибби асос шуда метавонад.

 

Моддаи 26. Чавобгарии  чиноятии  шахсоне,  ки  дар холати  масти чиноят содир намудаанд

 

1) Шахсе, ки дар холати масти дар асари истеъмоли машруботи алкоголи,  воситахои нашъдор, моддахои психотропи ё моддахои дигари мадхушкунанда чиноят содир кардааст, аз чавобгарии чинояти озод карда намешавад.

2) Дар сурати чиноятро содир намудани майзада, нашъаманд ё токсикоман, суд дар баробари мукаррар намудани чазо метавонад чорахои мачбурии дорои хусусияти тиббии дар хамин Кодекс пешбинигардидаро таъин намояд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1330).

 

БОБИ 5. ГУНОХ

 

Моддаи 27. Шаклхои гунох

 

1) Танхо шахсе дар содир кардани чиноят гунахгор эътироф мешавад, ки у ин кирдорро касдан ё аз беэхтиёти содир карда бошад.

2) Кирдори танхо аз беэхтиёти содиршуда дар холате чиноят эътироф мешавад, ки агар он дар моддаи дахлдори Кисми махсуси хамин Кодекс пешбини нашуда бошад.

 

Моддаи 28. Чинояти касдан содиршуда

 

1) Чинояти касдан содиршуда кирдоре эътироф мешавад, ки бо касди бевосита ё бавосита содир шудааст.

2) Чиноят бо касди бевосита содиршуда эътироф мешавад, агар шахс ба чамъият хавфнок будани харакати ( бехаракатии) худро дарк карда, имконияте ё ногузирии фаро расидани окибати барои чамъият хавфноки онро пешбини намуда, хохони фаро расидани он бошад .

3) Чиноят бо касди бавосита содиршуда эътироф мешавад,  агар шахс ба чамъият хавфнок будани харакати (бехаракатии) худро дарк карда, имконияти фаро расидани окибати барои чамъият хавфнокии онро пешбини намуда, фаро расидани окибатро нахоста, вале дидаву дониста  ба ин окибатхо рох дода бошад,  ё ба онхо беэътиноёна муносибат карда бошад.

 

Моддаи 29. Чинояти аз беэхтиёти  содиршуда

 

1) Чинояти  аз беэхтиёти содиршуда кирдори барои чамъият хавфноке эътироф мешавад, ки аз худбовари ё  бепарвои содир шудааст.

2) Чиноят хангоме аз  худбовари содиршуда эътироф мешавад , ки агар шахс имконияти фаро расидани окибатхои барои чамъият хавфноки харакати (бехаракатии) худро пешбини карда, вале бе асосхои ба он кофи, худбоварона хисоб карда бошад, ки он окибатхоро бартараф мекунад.

3) Чиноят хангоме аз бепарвои содиршуда эътироф мешавад, ки агар шахс имконияти фаро расидани окибатхои барои чамъият хавфнокии харакати (бехаракатии) худро пешбини накарда бошад, хол он, ки  дар сурати  бодиккати ва дурандешии зарури мебоист ва метавонист он окибатхоро  пешбини кунад.

 

Моддаи 30. Чавобгари барои чинояте, ки бо ду шакли гунох содир шудааст

 

Агар шахс дар натичаи касдан содир намудани чиноят аз беэхтиёти дигар окибатхои ба чамъият хавфнокро расонад, ки мувофики хамин Кодекс боиси таъини чазои сахттар мегардад, чунин чиноят касдан содиршуда эътироф мешавад.

 

Моддаи 31. Бегунох расонидани зарар  (тасодуф)

 

1) Кирдор бегунох содиршуда эътироф мешавад, агар шахси содирнамудаи он хавфнокии чамъиятии харакати (бехаракатии) худро дарк накарда бошад ва вобаста ба холатхои кор намебоист ё наметавонист онро дарк кунад ё имконияти фаро расидани окибатхои барои чамъият хавфнокро пешбини накарда бошад ва вобаста ба холатхои кор намебоист ё наметавонист онро пешбини кунад.

2) Кирдор инчунин бегунох содиршуда эътироф мешавад, агар шахси содирнамудаи он, гарчанд имконияти фаро расидани окибатхои барои чамъият хавфноки харакати (бехаракатии) худро пешбини карда бошад хам, аммо ин окибатхоро бо сабаби номувофикии сифатхои психофизиологии худ ба талаботи шароити фавкуллода ё аз хад зиёд мондашавии асабу рух пешгири карда натавониста бошад.

 

БОБИ 6. ЧИНОЯТИ НОТАМОМ ВА ХОТИМАЁФТА

 

Моддаи 32. Тайёри ба чиноят, суискасди чиноят

 

1) Тайёри ба чиноят ин аз тарафи шахс касдан чустучу, тайёр  ё мувофик кардани восита ё олоти содир намудани чиноят, ёфтани шарикони чиноят, забоняккуни барои содир кардани чиноят ё касдан фарохам овардани шароити дигар барои содир кардани чиноят мебошад, агар зимнан чиноят бо сабабхои аз ин шахс вобастанабуда то ба охир расонида нашуда бошад.

2) Чавобгарии чинояти танхо барои тайёри ба чинояти, вазнин ё махсусан вазнин мукаррар  карда  мешавад.

3) Суикасди чиноят  харакати (бехаракатии) касдонаи шахс мебошад, ки бевосита ба содир кардани чиноят равона гардидааст, агар зимнан чиноят бо сабабхои аз ин шахс вобастанабуда то ба  охир расонида нашуда бошад.

4) Чавобгари барои тайёри ба чиноят ё суикасди чиноят бо ишора ба хамин модда мутобики хамон моддаи Кисми махсуси Кодекси чинояти фаро мерасад, ки барои чинояти хотимаёфта мукаррар шудааст.

 

Моддаи 33. Чинояти хотимаёфта

 

Чиноят хотимаёфта эътироф мешавад, агар кирдори содирнамудаи шахс тамоми аломатхои таркиби чинояти дар хамин Кодекс пешбинигардидаро дошта бошад.

 

Моддаи 34.  Ихтиёри  даст кашидан аз  чиноят

 

1) Бо ихтиёри худ даст кашидан аз чиноят он аст, ки  агар шахс имконияти то охир расонидани чиноятро дарк карда, ихтиёран ва ба таври катъи харакатхои тайёри ё харакати (бехаракатии) бевосита ба содир намудани чиноят равонашударо катъ кунад.

2) Агар шахс чиноятро ба охир нарасонида, бо ихтиёри худ ва ба таври катъи аз он даст кашида бошад, у барои ин чиноят ба чавобгари кашида намешавад.

3) Шахсе, ки ихтиёран аз ба охир расонидани чиноят даст кашидааст, танхо дар холате ба чавобгарии чинояти кашида мешавад, ки кирдори содирнамудаи у таркиби чинояти дигар дошта бошад.

4) Агар ташкилкунандаи чиноят ва тахриккунандаи чиноят бо рохи саривакт хабар додан ба макомоти хокимият ё чорахои дигари андешидаашон аз чониби ичрокунанда ба охир расонидани чиноятро пешгири карда бошанд, онхо ба чавобгарии чинояти кашида намешаванд.  Агар ёрдамчи барои пешгирии содиршавии чиноят хамаи чорахои аз у вобастабударо андешида бошад, ба чавобгарии чинояти кашида намешавад.

5) Агар харакатхои дар кисми чоруми хамин модда зикргардидаи ташкилкунанда ва тахриккунанда аз чониби ичрокунанда содир кардани чиноятро пешгири карда натавонанд, чорахои андешидаи онхоро хангоми таъин намудани чазо хамчун холатхои сабуккунанда хисоб  кардан мумкин аст.

 

БОБИ 7. ШАРИКИ ДАР ЧИНОЯТ

 

Моддаи 35. Мафхуми шарики  дар чиноят

 

Иштироки якчояи  касдонаи ду ё зиёда шахсон дар содир намудани чинояти касдона шарики дар чиноят эътироф  мешавад.

 

Моддаи 36. Шарикони чиноят

 

1) Ташкилкунанда, тахриккунанда ва ёрдамчи дар баробари ичрокунанда шарикони чиноят эътироф  мешаванд.

2) Ичрокунанда шахсе эътироф мешавад, ки бевосита чиноятро содир намудааст ё якчоя бо шахсони дигар (хамичрокунандагон) бевосита дар содир намудани он иштирок кардааст, инчунин шахсе, ки бо рохи истифодаи шахсони дигаре, ки мувофики конун ба чавобгарии чинояти кашида намешаванд,   чиноят содир кардааст.

3) Ташкилкунанда шахсе эътироф мешавад, ки чиноятро ташкил  ё ба ичрои он рохбари карда бошад, инчунин шахсе, ки гурухи муташаккил ё иттиходи чиноятиро (ташкилоти чинояти) таъсис дода ё ба он рохбари кардааст.

4) Тахриккунанда шахсе эътироф  мешавад, ки шахси дигарро бо рохи багапдарори, порадихи (харидан), тахдид ё ба тарики дигар ба содир кардани чиноят моил кардааст.

5) Ёрдамчи шахсе ътироф  мешавад, ки бо маслихату дастур, додани тахсилот, восита ё олоти содир кардани чиноят ё рафъи монеахо ба содир намудани чиноят мусоидат кардааст, инчунин шахсе, ки пинхон кардани чинояткор, восита ё олоти содир намудани чиноят, осори чиноят ё ашьёи бо рохи чиноят ба даст омадаро пешаки ваъда додааст, хамчунин шахсе, ки дар хусуси сохиб шудан ё ба сохибияти каси дигар додани чунин ашьёро пешаки ваъда додааст.

 

Моддаи 37. Чавобгарии шарикони чиноят

 

1) Чавобгарии шарикони чиноят вобаста ба хусусият ва дарачаи иштироки вокеии  хар яки онхо дар содир намудани чиноят муайян карда мешавад.

2) Хамичрокунандагон барои чинояти якчоя содирнамудаашон бо моддаи Кисми махсуси  хамин Кодекс бе ишора ба моддаи 36 хамин Кодекс ба чавобгарии чинояти кашида мешаванд.

3) Чавобгарии чиноятии ташкилкунанда, тахриккунанда ва ёрдамчи бо ишора ба моддаи 36 хамин Кодекс мутобики моддаи Кисми махсуси Кодекси мазкур мукаррар мегардад, ба истиснои холатхое, ки агар онхо дар як вакт хамичрокунандагони чиноят бошанд.

4) Шахсе, ки субъекти чинояти дар моддаи Кисми махсуси хамин Кодекс махсус зикргардида набуда, дар содир намудани чинояти пешбининамудаи хамин модда иштирок кардааст, барои ин чиноят метавонад танхо ба сифати ташкилкунанда, тахриккунанда ё ёрдамчи  ба чавобгари кашида шавад.

5) Агар ичрокунанда бо сабабхои аз у новобаста чиноятро то ба охир расонида натавонад, шарикони дигари чиноят барои шарики дар тайёри ба содир намудани чиноят ё суикасди содир намудани чиноят ба чавобгари кашида мешаванд.

6) Агар кирдорхои ташкилкунанда, тахриккунанда ё ёрдамчи бо сабабхои аз онхо новобаста барор нагиранд, онхо барои тайёри ба чинояти дахлдор ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 38. Ифроти (эксцесс) ичрокунандаи  чиноят

 

Аз чониби ичрокунанда содир гардидани чинояте, ки шарикони дигар касди онро надоштанд, ифроти ичрокунанда эътироф мешавад. Барои ифроти ичрокунанда дигар шарикони чиноят ба чавобгарии чинояти кашида намешаванд.

 

Моддаи 39. Чиноят содир  намудани  гурухи  шахсон, гурухи  шахсон  бо  маслихати  пешаки, гурухи муташаккил ё иттиходи чинояти  (ташкилоти чинояти)

 

1) Чиноят бе маслихати пешаки аз чониби гурухи шахсон содиршуда эътироф мешавад, агар дар он ичрокунандагоне иштирок карда бошанд, ки дар хусуси  якчоя содир намудани он пешаки маслихат накардаанд.

2) Чиноят бо маслихати пешаки аз чониби гурухи шахсон содиршуда эътироф мешавад, агар дар он  шахсоне иштирок карда бошанд, ки дар хусуси якчоя содир намудани он пешаки маслихат кардаанд.

3) Чиноят аз чониби гурухи муташаккил содиршуда эътироф мешавад, агар он аз чониби гурухи устувори шахсоне, ки пешаки барои содир кардани  як ё якчанд чиноят муттахид шудаанд, содир шуда бошад.

4) Иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти)  муттахидшавии ду ё якчанд  гурухи муташаккил эътироф мешавад, ки барои содир намудани   чиноятхои вазнин ё махсусан вазнин ба ташкилоти устувор  таъсис ёфта, фаъолияти он ба таксимоти вазифаи идоракуни, таъмин ва ичрои максадхои чинояткоронаи иттиход дар байни аъзои иттиход  ва сохторхои он асос меёбад.

5) Чиноят дар холате аз чониби иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти) содиршуда эътироф мешавад, ки агар онро узви (аъзои) чунин иттиход чихати ичрои максадхои чинояткоронаи он, инчунин бо супориши иттиходи чинояти шахсе содир карда бошад, ки узви иттиходи чинояти нест.

6) Шахсе, ки гурухи муташаккил ё иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти) таъсис додааст ё ба он рохбари кардааст, дар холатхои пешбининамудаи моддахои дахлдори Кисми махсуси хамин Кодекс барои ташкил ва рохбарии онхо, инчунин барои тамоми чиноятхои  содирнамудаи гурухи муташаккил, ё иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти) агар   ксди  у содир намудани онхоро дар бар гирифта бошад, ба чавобгарии чинояти кашида мешавад. Дигар иштирокчиёни гурухи муташаккил ё иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти)  барои иштирок дар  онхо дар холати пешбининамудаи моддахои дахлдори Кисми махсуси хамин Кодекс инчунин барои чиноятхое, ки дар тайёри ё содир кардани онхо ширкат варзидаанд, ба чавобгарии чинояти кашида мешаванд.

7) Таъсиси гурухи муташаккил дар холатхое, ки дар моддахои Кисми махсуси хамин Кодекс  пешбини нашудааст, боиси Чавобгарии чиноятии барои тайёри ба он чиноятхое мегардад, ки барои содир кардани онхо ин гурух таъсис ёфтааст.

8) Чавобгарии чиноятии шахсони дар хамин модда номбаршуда бе ишора ба моддаи 36 Кисми умумии хамин Кодекс фаро мерасад.

9) Иштирокчии гурухи муташаккил ё иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти),   ки ихтиёран ба макомоти хокимият хозир шуда, то содир гардидани чиноят дар ошкор намудани нияти чинояткорона фаъолона мусоидат намудааст, агар дар кирдори у аломатхои таркиби чинояти дигар мавчуд набошад. аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад.

 

БОБИ 8. ХОЛАТХОЕ, КИ ЧИНОЯТ БУДАНИ  КИРДОРРО ИСТИСНО МЕКУНАНД

 

Моддаи 40. Мудофиаи зарури

(Конуни ЧТ аз 17.05.2004 с., №35)

 

1) Харакате, ки дар холати мудофиаи зарури, яъне хангоми химояи шахсият ва хукукхои  мудофиакунанда ё шахси дигар, манфиатхои бо конун хифзшавандаи чомеа ё давлат аз тачовузи барои чамъият хавфнок бо рохи расонидани зарар ба тачовузкунанда содир шудааст, агар ин тачовуз бо зуровари барои хаёти мудофиакунанда ё шахси дигар хавфнок бошад, ё ин ки бо тахдиди бевоситаи истифодаи чунин зуровари алокаманд бошад, чиноят хисобида намешавад.  (Конуни ЧТ аз 17.05.2004 с., №35)

2) Химоя аз тачовузи ба зуровари марбут набуда, ки барои хаёти мудофиакунанда ё шахси дигар хавфнок нест, ё ин ки бо тахдиди бевоситаи истифодаи чунин зуровари конуни хисобида мешавад, агар зимнан ба аз хадди мудофиаи заррури баромадан, рох дода нашуда бошад, яъне харакати касдонае, ки баръало ба хусусияту дарачаи хавфнокии тачовуз мувофик нест.  (Конуни ЧТ аз 17.05.2004 с., №35)

3) Харакатхои шахси мудофиакунанда, ки дар натичаи тачовузи нобахангом ба вучуд омадаанд, баромадан аз хадди мудофиаи зарури хисоб намешавад, агар шахс имконияти ба таври объективи бахо додани дарача ва хусусияти хавфнокии тачовузро набошта бошад.  (Конуни ЧТ аз 17.05.2004 с., №35)

4) Шахс, сарфи назар аз имконияти халос шудан аз тачовуз, новобаста аз тайёрии касби ё дигари тайёрии махсус ё макоми хизматиаш ё имконияти ба шахсони дигар ё макомоти хокимият барои кумак мурочиат карданаш, ба мудофиаи зарури хукук дорад.   (Конуни ЧТ аз 17.05.2004 с., №35)

5) Касдан барангехтани игвои тачовуз бо максади расонидани зарар, мудофиаи зарури хисоб намешавад.   (Конуни ЧТ аз 17.05.2004 с., №35)

 

Моддаи 41. Расонидани зарар хангоми дастгир кардани шахсе, ки чиноят содир намудааст

 

1) Харакатхое, ки хангоми дастгир кардани шахси чиноят содирнамуда бо максади ба макомоти хокимият супурдан ё пешгирии имконияти чиноятхои навро содир карданаш ба у зарар расонидаанд, агар бо воситахои дигар дастгир намудани чунин шахс гайриимкон бошад ва дар айни замон чорахои зарурии бо ин максад андешидашуда аз хад набаромада бошанд, чиноят хисоб намешаванд.

2) Номутобикатии ошкорои воситаю усулхои дастгир кардан ба хавфи кирдор ва шахси содирнамуда, инчунин ба холатхои дастгир кардан, ки дар натичаи онхо ба шахс касдан зараре расонида шавад, ки зарурати дастгир кардан  онро талаб намекард,  баромада аз хадди чорахои зарури барои дастгир кардани шахси чиноят содирнамуда эътироф мешавад.

3) Хукуки дастгир кардани шахси чиноят содирнамударо дар баробари шахсони ба ин кор махсус ваколатдор, инчунин чабрдидагон ва шахрвандони дигар низ доранд.

4) Хангоми арзёбии конуни будани зарари дар вакти дастгир кардани шахси чиноят содирнамуда расонидашуда харакати у дар мавриди аз дастгиршави халос хурдан, кувваю имконияти дастгиршаванда, холати рухии у ва холатхои дигари вобаста бо амали дастгир кардан ба назар гирифта мешаванд.

 

Моддаи 42. Зарурати нихои

 

1) Дар холати зарурати нихои, яъне барои рафъи хавфи бевосита ба хаёт, саломати ва хукуку манфиатхои конунии ин шахс ё шахсони дигар, манфиатхои чомеа ё давлат тахдидкунанда расонидани зарар ба манфиатхое, ки хамин Кодекс мухофизат мекунад, агар рафъи ин хавф бо воситахои дигар номумкин бошад  чиноят хисоб намешавад, агар зимнан зарурати нихои аз хад нагузашта бошад,

2) Расонидани зараре, ки ба хусусияту дарачаи хавфи тахдидкунанда ва холатхои рафъи хавф баръало мувофик набуда, дар натича ба манфиатхои конунан мухофизатшаванда баробари зарари пешгиришуда ё аз он бештар зиён оварда шуда бошад, он аз хад гузаронидани зарурати нихои эътироф мешавад. Чунин азхадгузарони танхо дар холати касдан расонидани зарар боиси чавобгари мегардад.

3) Хангоми арзёбии конуни будани кирдори дар холати зарурати нихои содиршуда хусусияту дарачаи хавфи рафъшаванда, вокеят ва наздикии фаро расидани он, имконияти вокеии шахс дар мавриди пешгири намудани он, вазъи рухии у дар холати бамиёномада ва холатхои дигар ба  назар гирифта мешаванд.

 

Моддаи 43. Мачбуркунии чисмони  ё рухи

 

1) Расонидани зарар ба манфиатхои бо хамин Кодекс мухофизатшаванда дар натичаи мачбуркунии чисмони ё рухи, агар дар натичаи чунин мачбуркуни шахс харакати (бехаракатии) худро идора карда натавонад, чиноят хисоб намешавад.

2) Масъалаи чавобгарии чинояти барои расонидани зарар ба манфиатхои бо хамин Кодекс мухофизатшаванда дар натичаи мачбуркунии рухи, инчунин дар натичаи мачбуркунии чисмони, ки дар асари он шахс имконияти идора кардани амали худро нигох доштааст, бо дарназардошти мукаррароти моддаи 42 хамин Кодекс хал мешавад.

 

Моддаи 44. Таваккали асоснок

 

1) Расонидани зарар ба манфиатхои бо хамин Кодекс мухофизатшаванда хангоми таваккали асоснок чихати ноил шудан ба максади барои чомеа фоиданок чиноят хисоб намешавад.

2) Таваккал дар холате асоснок эътироф мешавад, ки агар ноил шудан ба максади мазкур бо харакати (бехаракатии) ба таваккал марбутнабуда номумкин бошад ва шахсе, ки ба таваккал рох додааст, барои пешгири намудани зарар ба манфиатхои бо хамин Кодекс мухофизатшаванда тамоми чорахои заруриро андешида бошад.

3) Агар таваккал баръало бо тахдиди халокати одамон, фалокати экологи ё офати чамъияти алокаманд бошад, он асоснок эътироф карда намешавад.

 

Моддаи 45. Ичрои фармон ё амр

 

1) Расонидани зарар ба манфиатхои бо хамин Кодекс мухофизатшаванда аз чониби шахсе, ки бо максади ичрои хатмии фармон ё амри мувофики тартиби мукарраргардида ба у додашуда амал кардааст, чиноят намебошад. Барои расонидани чунин зарар шахсе ба чавобгарии чинояти кашида мешавад, ки фармон ё амри гайриконуни додааст.

2) Шахсе, ки бо максади ичрои фармон ё амри гайриконуни касдан чиноят содир кардааст, бо асосхои умуми ба чавобгарии чинояти кашида мешавад.

3) Ичро накардани фармон ё амри баръало гайриконуни чавобгарии чиноятиро истисно мекунад.

 

ФАСЛИ III. ЧАЗО

 БОБИ 9. МАФХУМ, МАКСАД ВА НАМУДХОИ ЧАЗО

 

Моддаи 46. Мафхум ва максади чазо

 

1) Чазо чораи мачбуркунии давлатие мебошад, ки бо хукми суд таъин карда мешавад. Он нисбати шахсе, ки дар содир намудани чиноят гунахгор эътироф шудааст татбик гардида, аз махрум ё махдуд кардани хукуку озодихои  шахс, ки дар хамин Кодекс пешбини гардидаанд, иборат мебошад.

2) Чазо бо максади баркарор намудани адолати ичтимои, ислохи махкумшуда, инчунин пешгирии содир гардидани чиноятхои нав  татбик мешавад.

 

Моддаи 47. Намудхои чазо

 

Намудхои чазо инхо мебошанд:

а) чарима;

б) махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян;

в) махрум кардан аз рутбахои харби, дипломати, рутбахо, унвонхои махсус, мукофотхои давлати ва унвонхои ифтихории Точикистон;

г) корхои хатми; (КЧТ аз 31.12.08с., №451)

д) корхои ислохи;

е) махдуд кардан дар хизмати харби;

ж) махдуд кардани озоди;

з) нигох доштан дар кисми харбии интизоми;

и) мусодираи молу мулк;

к) махрум сохтан аз озоди;

л) якумра аз озоди махрум сохтан;

м) чазои катл.

 

Моддаи 48. Чазохои асоси ва иловаги

 

1) Корхои  хатми, корхои ислохи, махдуд кардан дар хизмати харби, махдуд кардани озоди, нигох доштан дар кисми харбии интизоми, махрум сохтан аз озоди, якумра аз озоди махрум сохтан, чазои катл танхо хамчун  ба сифати чазои асоси татбик мешаванд.

2) Чарима, махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ва ё машгул шудан бо фаъолияти муайян хам ба сифати чазохои асоси ва хам иловаги татбик мешаванд.

3) Махрум кардан аз рутбаи махсус, харби, рутбаи дарачави ва мукофотхои давлати, инчунин мусодираи молу мулк танхо ба сифати чазои иловаги истифода мешаванд.

4) Барои як чиноят танхо як чазои асоси таъин намудан мумкин аст. Дар холатхо ва мувофики тартиби мукаррарнамудаи хамин Кодекс бо чазои асоси таъин кардани як ё якчанд чазои иловаги мумкин аст. (КЧТ аз 26.07.14с., №1088)

5) Чаримаро хамчун чазои иловаги танхо дар холатхое, ки бевосита дар Кисми махсуси хамин Кодекс пешбини шудаанд, таъин намудан мумкин аст. (КЧТ аз 13.06.13с., №965)

Кисми 6 бо КЧТ аз 26.07.14с., №1088 хорич шуд

 

Моддаи 481. Корхои хатми

 

1) Корхои хатми аз чониби махкумшуда берун аз вакти корхои асоси ё аз таълим ба таври бемузд ичро намудани корхои фоиданоки чамъияти мебошад, ки намудхои онхоро макомоти хокимияти махалли муайян менамояд.

2) Корхои хатми ба мухлати аз шаст то дусаду чил соат мукаррар карда мешавад ва на зиёда аз чор соат дар як руз адо карда мешаванд.

3) таъини корхои хатми барои шахсони зерин манъ аст:

а) хизматчиёни харб;

б) шахсоне, ки ба синну соли нафака расидаанд;

в) занони хомила;

г) шахсоне, ки бо сабаби нигохубини кудак дар рухсати мебошанд;

д) маъюбони гуруххои 1 ва 11;

4) Дар давраи  адои чазо дар намуди корхои хатми ба миён омадани яке аз холатхои дар кисми сеюми хамин модда пешбинишуда суд бо пешниходи макоме, ки ба зиммаи он ичрои хукм вогузор шудааст, шахсро аз адои минбаъдаи чазо озод мекунад.

5) Дар холати ашадди саркаши кардани махкумшуда аз адои корхои хатми, суд онро ба чазои корхои ислохи ё махдуд кардани озоди дар доираи ин намудхои чазо, ки бо хамн Кодекс пешбини шудааст, иваз менамояд.

 

Моддаи 49. Чарима

 

1) Чарима ситонидани маблаге мебошад, ки дар доираи пешбининамудаи хамин Кодекс таъин шудааст.

2) Чарима ба маблаги аз сад то бисту як хазору нухсад андозаи мукарраршудаи нишондиханда барои хисобхо, ки дар вакти содир шудани чиноят амал мекард таъин карда мешавад (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274).

Андозаи чарима аз руи мачмуи чиноятхо ё мачмуи хукумхо барои содир намудани чиноятхои дар кисмхои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 хамин Кодекс пешбинигардида аз панч хазор нишондиханда барои хисобхо,  ки дар вакти содир кардани чиноят амал мекард, зиёд буда наметавонад. (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

3) Суд андозаи чаримаро бо дарназардошти вазнинии чинояти содиргардида ва вазъи молу мулкии махкумшуда дар доираи пешбини намудаи хамин Кодекс муайян менамояд.

4) Чаримаро ба сифати намуди чазои иловаги танхо дар холатхои пешбининамудаи моддахои дахлдори Кмсми махсуси хамин Кодекс таъин кардан мумкин аст.

5) Дар холати ашадди саркаши  намудан аз пардохти чарима суд онро ба чазохои корхои ислохи ё махдуд кардани озоди мутобикан ба андозаи чаримаи таъингардида, дар доираи ин намудхои чазо, ки бо хамин Кодекс пешбини шудааст, иваз менамояд.

6) Дар холати аз тарафи шахс содир намудани  чиноятхои дар моддахои  245 (ба истиснои банди «а» кисми 4),  246 (ба истиснои банди «а» кисми 3), 247 (ба истиснои банди «в» кисми 3 ва банди «а» кисми 4), 251, 253, 255 (ба истиснои бандхои «а» ва «б» кисми 2), 256 (ба истиснои холатхое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошад), 257 (ба истиснои банди «г» кисми 2 ва банди «б» кисми 3), 258, 259, 2591, 260, 263, 264, 265, 266, 268, 270, 271, 273 (ба истиснои бандхои «а» ва «б» кисми 3), 274, 276, 277, 278, 285, 286, 287, 289 кисмхои 1 ва 2, 295, 3401 ва 388 кисмхои 1 ва 2 Кодекси мазкур пешбинишуда, агар гунахгор то баровардани хукми суд зарари моддиро пурра талофи намояд, нисбати у чазои чарима ва ё дигар чазои бо махрум сохтан аз озоди алокаманд набудаи дар санксияхои моддахои номбаршуда пешбинигардида таъин карда мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617; КЧТ аз 14.11.16 с., №1359; КЧТ аз 24.02.17 с., №1379).

7) Дар холати аз тарафи шахс содир намудани  чиноятхои дар моддахои 314 (ба истиснои холатхое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 315, 316 (ба истиснои бандхои «а» ва «б» кисми 3 ва холатхое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 318, 322 (ба истиснои холатхое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 323, 340 кисмхои 1 ва 2 ва 391 кисми 1 хамин Кодекс пешбинигардида, агар онхо дар алокаманди бо чиноятхои пешбининамудаи кисми 6 моддаи мазкур содир шуда бошанд, чазо ба тартиби муайяннамудаи кисми 6 хамин мода таъин карда мешавад. (КЧТ аз 25.03.11 с., №694)

8) Дар мавриди пас аз баровардани хукми суд пурра талофи намудани зарари модди аз тарафи махкумшуда барои содир намудани чиноятхои  пешбининамудаи кисмхои 6 ва (ё) 7 моддаи мазкур чазои таъингардидаи махрум сохтан аз озоди аз чониби суде ,ки хукм бароварда аст ё суди махаллиичрои чазо ё суди болои ба чазои чарима иваз карда мешавад. (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

9) Дар холати ашадди саркаши намудан ва ё имконнопазирии пардохти чарима, к ибо тартиби пешбининамудаи кисмхои 6, 7 ва (ё) 8 моддаи мазкур ба сифати чазои асоси таъин ё иваз карда шудааст, суд чазои чаримаро (ё кисми напардохтаи онро) ба чазои махрум сохтан аз озоди иваз менамояд. Хангоми иваз намудани чазои чарима ба чазои махрум сохтан аз озоди ё чазои махрум сохтан аз озоди ба чазои чарима, мухлат ва андозаи ин намуди чазохо набояд аз хадди поёни ва болоии мукаррарнамудаи моддахои дахлдори кисми махсуси хамин Кодекс бо назардошти кисми адокардаи чазо кам ва ё зиёд бошанд. (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

10) Дар холати иваз намудани чазои махрум сохтан аз озоди ба чазои чарима ва ё чазои чарима ба чазои махрум сохтан аз озоди як шабонарузи махрум сохтан аз озоди ба 50 фоизи як нишондиханда барои хисобхо, ба истиснои чиноятхои дар кисми 11 хамин модда пешбинишуда баробар аст. (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274)

11) Дар холати ашадди саркаши намудан ва ё имконнопазирии пардохти чарима, ки барои содир намудани чиноятхои дар моддахои 319-321 хамин Кодекс пешбинигардида таъин карда шудааст, суд чазои чаримаро (ё кисми напардохтаи онро) ба чазои махрум сохтан аз озоди иваз менамояд. Ин масъала аз чониби суде, ки хукм баровардааст, ё суди махалли ичрои чазо ва ё суди болои хал карда мешавад (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274).

12) Хангоми иваз намудани чазои махрум сохтан аз озоди ба чазои чарима ё чазои чарима ба чазои махрум сохтан аз озоди барои содир намудани чиноятхои дар кисми 11 хамин модда пешбинигардида як шабонарузи махрум сохтан аз озоди ба панч нишондиханда барои хисобхо баробар аст (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274).

 

Моддаи 50.  Махрум  кардан  аз хукуки ишголи  мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян

 

1) Махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян аз манъ кардани ишголи мансаб дар хидмати давлати ва макомоти хокимияти махалли ё машгул шудан бо фаъолияти муайяни касби ё фаъолияти дигар иборат аст.

2) Махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян аз як то бист сол мукаррар карда мешавад.  (КЧТ аз 28.08.17 с., №1467)

3) Махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян дар холате ба сифати чазои иловаги низ  бо ишора ба хамин модда таъин карда шуда  метавонад, ки ин намуди чазо дар Моддаи дахлдори Кисми махсуси хамин Кодекс пешбини нагардида бошад хам ва агар суд, бо дарназардошти хусусият ва дарачаи чинояти содиршуда ва дар хусуси шахсияти гунахгор, имконнопазирии нигох доштани хукуки уро барои ишгол намудани мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян эътироф намояд.

4) Хангоми ба сифати чазои иловаги ба хабс, нигох доштан дар кисми харбии интизоми, махдуд кардани озоди ё аз озоди махрум сохтан таъин гардидани ин чазо, он  дар  тамоми вакти адои чазои асоси ва зиёда аз он  пас аз адои чазои асоси дар мухлати мукаррарнамудаи хукм  низ татбик мегардад. Дар холатхои дигар мухлати он аз лахзаи эътибори конуни пайдо кардани хукм хисоб карда мешавад.

 

Моддаи 51. Махрум кардан аз рутбахои харби, дипломати, рутбахо, унвонхои махсус, мукофотхои давлати ва унвонхои ифтихории Точикистон

 

Шахсе, ки рутбаи  харби, дипломати, рутбахо,  унвонхои махсус, мукофотхои давлати ва унвонхои ифтихории Точикистонро дорад, дар холати барои чиноятхои  вазнин ё махсусан вазнин махкум шуданаш   суд метавонад бо назардошти шахсият ва кирдори содиркардааш уро аз чунин рутбахои харби, дипломати, рутбахо, унвонхои махсус мукофотхои давлати ва унвонхои ифтихории Точикистон махрум намояд.

 

Моддаи 52. Корхои ислохи

 

1) Корхои ислохи дар чои кори махкумшуда ё дар чойхои дигаре, ки макоми ичрокунандаи хукм муайян менамояд, вале дар нохияи истикомати махкумшуда ба мухлати аз ду мох то ду сол таъин гардида,  аз дах то си фоизи музди мехнат ба фоидаи давлат нигох дошта мешавад. (КЧТ аз 17.05.04 с., №35)

2) Дар мавриди аз тарафи шахси махкумшуда хангоми адо намудани чазои корхои ислохи ба вучуд омадани холатхои дар кисми чоруми хамин модда пешбинишуда,  суд бо пешниходи макоме, ки ба зиммаи он ичрои хукм вогузор шудааст, шахсро аз адои минбаъдаи чазо озод менамояд ё ин, ки кисми адо накардаи чазоро ба чазои сабуктар иваз менамояд.

3) Дар сурати аз адои мухлати чазо ашади саркаши намудани шахси ба корхои ислохи махкумшуда, суд метавонад ба хисоби  як рузи махдуд кардани озоди ба чои  як рузи корхои ислохи, як рузи махрум сохтан аз озоди ба чои се рузи корхои ислохи чазои нотамомро бо махдуд кардани озоди, хабс ё махрум сохтан аз озоди иваз намояд.

4) Таъини корхои ислохи барои шахсони зерин манъ аст:

а) хизматчиёни харби;

б) шахсони ба синни шонздахсолаги нарасида;

в) шахсоне, ки ба синну соли нафака расидааст;

г) занони хомиладор;

д) шахсоне, ки бо сабаби нигохубини кудак дар рухсати мебошанд;

е) маъюбони гуруххои I ва II.

 

Моддаи 53. Махдуд кардан дар хизмати харби

 

1) Махдуд кардан дар хизмати харби дар холатхое, ки дар моддахои Кисми махсуси хамин Кодекс барои содир намудани чиноятхо ба мукобили хизмати харби пешбини гардидаанд, инчунин бар ивази корхои ислохи мехнатии барои чиноятхои дигар пешбинигардида нисбати хизматчиёни харбии махкумшудаи хайати афсарон, инчунин хизматчиёни харбии  бо тартиби ихтиёри хизматкунанда ба мухлати аз ду мох то ду сол татбик мешавад.

2) Аз таъминоти пулии шахси ба махдуд кардан дар хизмати харби махкумшуда ба фоидаи давлат ба андозаи мукаррарнамудаи хукми суд  аз дах то си фоизи маблаги таъминоти пули ситонида мешавад.

3) Дар давраи адои чазо дар намуди махдуд кардан дар хизмати харби  махкумшударо  ба мансаби баланд таъин  кардан ё ба у додани рутбаи харбии болотар манъ аст, мухлати чазо бошад ба собикаи хизмати у барои додани рутбаи навбатии харби хисоб карда намешавад.

 

Моддаи 54. Махдуд кардани озоди

 

1) Махдуд кардани озоди, яъне нигох доштани махкумшуда дар муассисахои махсус бидуни чудо кардан аз чамъият дар шароити татбики назорат аз болои он ба мухлати аз як то панч сол  мебошад.

2) Дар холати иваз кардани корхои ислохи бо махдуд кардани озоди, он метавонад ба мухлати камтар аз  як сол таъин гардад.

3) Дар холати аз адои чазо ашади саркаши намудани шахси ба махдуд кардани озоди махкумшуда, он ба мухлате, ки дар хукми суд барои махдуд кардани озоди таъин шудааст, бо махрум сохтан аз озоди иваз карда мешавад. Дар айни замон вакти адои махдуд кардани озоди ба мухлати махрум сохтан аз озоди дохил мегардад аз хисоби  як рузи махрум сохтан аз озоди баробари  як рузи махдуд кардани озоди.

4) Таъини махдуд кардани озоди барои  шахсони зерин манъ аст:

а) хизматчиёни хрби;

б) шахсоне, ки ба синну соли нафака расидаанд;

в) занони хомиладор;

г) шахсоне, ки бо сабаби нигохубини кудак дар рухсати мебошанд;

д) маъюбони гуруххои I ва II.

 

Моддаи 55 бо  КЧТ аз 17.05.04 с., №35 хорич шуд.

 

Моддаи 56. Нигох доштан дар кисми харбии интизоми

 

1) Нигох доштан дар кисми харбии интизоми ба хизматчиёни харбие таъин карда мешавад, ки хизмати харбиро аз руи даъвати хизмати мухлатнок адо мекунанд, инчунин ба хизматчиёни харбие, ки хизмати харбиро  бо тартиби ихтиёри дар вазифаи аскари катори ва хайати сержантхо адо мекунанд, агар онхо дар лахзаи хукмро баровардани суд мухлати бо конун мукарраргардидаи хизматро тибки даъват адо накарда бошанд. Ин чазо ба мухлати аз се мох то ду сол  дар холатхое мукаррар карда мешавад, ки моддахои дахлдори Кисми махсуси хамин Кодекс барои содир намудани чиноят ба мукобили хизмати харби пешбини намудаанд, инчунин дар холатхое, ки хусусияти чиноят ва шахсияти гунахгор дар бораи имконияти иваз намудани махрум сохтан аз озоди ба мухлати на бештар аз ду сол  бо нигох доштани  махкумшуда дар кисми харбии интизоми дар хамин мухлат далолат диханд.

2) Иваз кардани махрум сохтан аз озодиро  бо нигох доштан дар кисми харбии интизоми ба шахсе, ки каблан чазоро дар  намуди махрум сохтан аз озоди адо намудааст, манъ аст.

3) Ба хизматчиёни харбии махкумшудае, ки бо сабаби вазъи саломатиашон барои хизмати харби ношоям дониста шудаанд ё нисбати онхо холатхои дигаре мукаррар шудаанд, ки онхоро аз хизмати харби озод мекунанд, нигох доштан дар кисми харбии интизоми татбик карда намешавад.

4) Хангоми нигох доштан дар кисми харбии интизоми бар ивази махрум сохтан аз озоди мухлати нигох доштан  дар кисми харбии интизоми ба хисоби як рузи махрум сохтан аз озоди баробари як рузи нигох доштан дар кисми харбии интизоми муайян карда мешавад.

 

Моддаи 57. Мусодираи молу мулк

 

1) Мусодираи  молу  мулк  ин дар асоси хукми айбдоркунанда мачбуран ба таври ройгон гирифтан ва ба моликияти давлат гузаронидани молу мулки зерини махкумшуда мебошад: (КЧТ аз 26.07.14с., №1089)

а) маблагхои пули, арзишхо ва дигар молу мулке, ки дар натичаи содир намудани  чиноятхои дар кисми 2 моддаи 104, кисмхои 2 ва 3 моддаи 110, кисмхои 2 ва 3 моддаи 130, моддаи 1301, кисми 3 моддаи 131, моддаи 132, кисми 2 моддаи 150, моддаи 1531 (агар чиноят бо гараз содир шуда бошад), моддахои 156, 1561, 167, кисми 2 моддаи 171 (агар чиноят бо максади гаразнок содир шуда бошад), моддаи 172 (агар чиноят бо максади гаразнок содир шуда бошад), моддаи 173 (агар чиноят бо гараз содир шуда бошад), моддахои 179, 1791, 1792, 1793, 181, 183, 184,1842, 185, 186, 187, 188, 193, 194, 195, 200, 201, 202, 2021, 2022, 204, 205, 206, 221, 230, 232, 238, 239, 240, 241,244, 250, 254, 257, 259, 2591, 262, 273, 274, 275, 277, 278, кисмхои 3 ва 4 моддаи 279, кисми 3 моддаи 280, моддахои 281, 282, 284, 286, 291,  293, 305, 306, 307, 3071, 3072, 3073, 308, 309, 310, 313, 314, 319,320, кисми 2 моддаи 324, 3351, 3352, кисми 2 моддаи 3381, 340, 2401, 351, 352, 353,356, кисмхои 3 ва 4 моддаи 391, 397 ва кисми 3 моддаи 401 ва моддаи 402 Кодекси мазкур пешбинишуда ба даст оварда шудаанд ё мол ва (ё ашёи дигари кочок мебошанд, ки барои он моддаи 289 Кодекси мазкур чавобгари мукаррар намудааст ва хама гуна даромадхо аз ин молу мулк, ба истиснои молу мулк ва даромадхо аз он, ки бояд ба сохиби конуни баргардонида шаванд; (КЧТ аз 26.07.14с., №1089; КЧТ аз 14.05.16 с., №1304; КЧТ аз 24.02.17 с., №1379);

б) маблагхои пули, арзишхо ва дигар молу мулке, ки ба онхо молу мулки дар натичаи содир намудани акаллан як чинояти бо моддахои дар банди а) кисми мазкур пешбинигардида бадастовардашуда ва даромадхо аз ин молу мулк кисман ё пура табдил дода ё ба шакли дигар  гардонида шудаанд;

в) маблагхои пули, арзишхо ва дигар молу мулке, ки барои маблаггузории терроризм, гурухи муташаккил, вохиди мусаллахи гайриконуни ва иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти) истифода мешаванд ё пешбини шудаанд;

г) олот ва (ё) воситахои содир намудани чиноят, ки ба шахси гунахгор тааллук доранд. 

2) Агар молу мулки дар натичаи содир намудани чиноят бадастовардашуда ва (ё) даромадхо аз ин молу мулк ба молу мулки ба таври конуни бадастомада хамрох карда шуда бошанд, он кисмати ин молу мулк мусодира мегардад, ки ба арзиши молу мулки хамрохкардашуда ва даромадхо аз он мувофик мебошад.

3) Молу мулки дар кисмхои 1 ва 2 моддаи мазкур зикргардида, ки аз чониби шахси гунахгор ба дигар шахс (ташкилот) дода шудааст, дар он холат мусодира мегардад, ки агар шахси ин молу мулкро кабулнамуда медонист ё бояд медонист, ки он дар натичаи харакатхои чинояти ба даст оварда шудааст.

4) Агар мусодираи ашёи муайян, ки ба молу мулки дар кисмхои 1- 3 моддаи мазкур зикргардида дохил мешавад, дар лахзаи кабули карори суд дар бораи мусодираи ин ашё бинобар истифодаи он, фуруш ё бо сабаби дигар гайриимкон бошад, суд дар бораи мусодираи маблаги пулие, ки ба арзиши ашёи мазкур мувофик аст, карор кабул менамояд.

5) Хангоми халли масъалаи мусодираи молу мулк мутобики кисмхои 1 – 4 моддаи мазкур, дар навбати аввал бояд масъалаи талофи гардидани зарари ба сохиби конуни расонидашуда, хал карда шавад.

6) Дар холате, ки шахси гунахгор молу мулки дигарро, ки ба он ситониш метавонад татбик гардад, надошта бошад, он гох зарари ба сохиби конуни расонидашуда аз арзиши молу мулки дар кисмхои 1 ва 2 моддаи мазкур зикршуда талофи гардида, кисми бокимонда ба фоидаи давлат гузаронида мешавад.

7) Барои содир намудани чиноятхои дар банди а) кисми 1 хамин модда пешбинишуда суд метавонад мусодираи пурраи молу мулкро хамчун чазои иловаги таъин намояд. (КЧТ аз 26.07.14с., №1089)

8) Молу мулке, ки барои махкумшуда ё шахсони тахти сарпарастии у карордошта зарур аст, мувофики руйхати дар Кодекси ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон пешбинигардида мусодира карда намешавад.

(КЧТ аз 13.06.13с., №965)

 

Моддаи 58. Махрум сохтан аз озоди

 

1) Махрум сохтан аз озоди аз чудо кардани шахси махкумшуда аз чамъият бо рохи дар колонияхои ислохи сукунат, дар колонияхои ислохи низомашон умуми, пурзур сахт, махсус ё дар махбас чо кардани у иборат аст. Шахсони ба махрум сохтан аз озоди махкумшудае, ки дар лахзаи баровардани хукм ба синни хаждахсолаги нарасидаанд, дар колонияхои тарбиявии дорои низоми умуми ё пурзур бо тартиби мукаррарнамудаи фасли панчуми Кисми умумии хамин Кодекс чо карда мешаванд.

2) Махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз шаш мох то бисту панч сол мукаррар мешавад. Хангоми то баровардани хукми суд пурра талофи намудани зарари модди аз чониби гунахгор барои содир намудани чиноятхои  дар кисмхои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 хамин Кодекс пешбинигардида нисбати у чазои  махрум сохтан аз озоди таъин карда намешавад. (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

3) Дар сурати иваз кардани чазохои чарима, корхои ислохи ё махдуд кардани озоди ба чазои махрум сохтан аз озоди он метавонад мутобикан бо назардошти андоза ва мухлати адонагардидаи ин намуди чазохо ба мухлати камтар аз шаш мох таъин гардад. (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

4) Дар сурати кисман ё пурра чамъ кардани мухлатхои махрум сохтан аз озоди хангоми таъин намудани чазо аз руи мачмуи чинояту хукмхо, мухлати хадди аксари махрум сохтан аз озоди набояд аз си сол зиёд бошад.

5) Чазои махрум сохтан аз озоди дар чойхои зерин таъин мешавад:

а) барои шахсоне, ки аз беэхтиёти чиноят содир намуда ва ба мухлати на   зиёдтар аз панч сол  бо махрум сохтан аз озоди махкум шудаанд – дар колонияхои ислохи сукунат;

б) барои шахсоне, ки бори аввал бо махрум сохтан аз озоди барои касдан содир намудани чиноятхои начандон вазнин,  дарачаи миёна, инчунин шахсоне, ки барои содир  намудани чиноят аз беэхтиёти  ба чазои махрум сохтан аз озоди  ба мухлати зиёда аз панч сол махкум шудаанд – дар колонияхои ислохии дорои низоми умуми;

в) барои шахсоне, ки бори аввал бо махрум сохтан аз озоди барои касдан содир намудани чиноятхои вазнин махкум шудаанд – дар колонияхои ислохии дорои низоми пурзур;

г) барои шахсоне, ки бори аввал ба чазои махрум сохтан аз озоди барои содир намудани чиноятхои махсусан вазнин махкум шудаанд  ва инчунин хангоми рецидиви чиноят, агар махкумшуда чазои махрум сохтан аз озодиро адо карда истода бошад ё каблан ин намуди чазоро адо карда бошад  – дар колонияхои ислохии дорои низоми сахт;

д)  дар холати ретсидиви махсусан хавфнок, инчунин барои махкумшудагоне, ки нисбати онхо чазои якумра аз озоди махрум сохтан таъин шудааст ё чазои катл тибки тартиби бахшиши чазо ба махрум сохтан аз озоди иваз карда шудааст  – дар калонияхои ислохии дорои низоми махсус;

е) ба шахсоне, ки барои чиноятхои махсусан вазнин ба мухлати зиёда аз дах сол махкум шудаанд, инчунин дар холатхои рецидиви махсусан хавфнок мумкин аст дар махбас адо кардани кисми мухлати чазо таъин шавад, вале на зиёдтар аз панч сол.

6) Ба занони ба махрум сохтан аз озоди махкумшуда адои чазо дар колонияи ислохи низоми зерин таъин карда мешавад:

а) дар холати рецидиви махсусан хавфнок – дар колонияхои ислохи дорои низоми сахт;

б) барои чиноятхои аз беэхтиёти содир намуда – дар колонияхои ислохи сукунат;

в) дигар заноне, ки ба махрум сохтан аз озоди  махкум шудаанд – дар колонияхои ислохи дорои низоми умуми.

7) Вобаста ба хусусияту дарачаи хавфнокии чамъиятии чинояти содиршуда, шахсияти гунахгор ва холатхои дигар суд метавонад бо зикри далелхои кабули карор низоми сабуктари адои чазои махрум сохтан аз озодиро таъин намояд.

8) Намуди бо хукм таъиншудаи муассисаи ислохиро суд мутобики Кодекси ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон тагьир медихад.

 

Моддаи 581. Якумра аз озоди махрум сохтан

 

1) Якумра аз озоди махрум сохтан танхо хамчун алтернативаи чазои катл барои содир намудани чиноятхои махсусан вазнин, ки хамин Кодекс пешбини намудааст, таъин карда мешавад.

2) Якумра аз озоди махрум сохтан ба занон, инчунин шахсони то синни хаждахсолаги чиноят содирнамуда ва мардоне, ки дар лахзаи баровардани хукм аз тарафи суд ба шастусесолаги расидаанд, таъин карда намешавад.

 

Моддаи 59. Чазои катл

 

1) Чазои катл дар шакли паррондан хамчун чораи истиснои танхо барои чиноятхои зерин  мукаррар карда мешавад: одамкуши (кисми дуюми моддаи 104), тачовуз ба номус (кисми сеюми моддаи 138),  терроризм (кисми сеюми моддаи 179).

2) Катл ба зани хомиладор ё шахси то синни хаждахсолаги чиноят содирнамуда таъин карда намешавад.

3) Чазои катл ба тарики бахшиши чазо мумкин аст ба якумра аз озоди махрум сохтан ё  махрум сохтан аз озоди ба мухлати бисту панч сол иваз карда шавад.

 

БОБИ 10. ТАЪИНИ ЧАЗО

 

Моддаи 60. Асосхои умумии таъини чазо

 

1) Ба шахсе, ки дар содир намудани чиноят гунахгор дониста шудааст, дар доираи мукаррарнамудаи Кисми махсус ва бо дарназардошти мукаррароти Кисми умумии хамин Кодекс чазои сазовор таъин карда мешавад.

2) Намуди чазои нисбатан сахттар аз чумлаи чазохое, ки барои чинояти содиршуда пешбини гардидааст, танхо дар холате таъин карда мешавад, ки намуди чазои нисбатан сабуктар ноил шудан ба максади чазоро таъмин карда натавонад.

3) Хангоми таъини чазо суд принципи фардикунондани чазоро ба асос гирифта, хусусияту дарачаи хавфнокии чамъиятии чинояти содиршуда, яъне арзиши объектхои бо конун мухофизатшаванда, сабабхои содир намудани чиноят, тарзи амал, шахсияти гунахгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, холатхое, ки чазоро сабук ва вазнин мекунанд, фикру акидаи чабрдидаро аз руи парвандахои айбдоркунии хусуси ба назар мегирад.

 

Моддаи 61. Холатхое, ки чазоро сабук  мекунанд

 

1) Холатхои сабуккунандаи чазо инхо мебошанд:

а) бори аввал содир намудани чиноят;

б) ноболиг будани гунахгор;

в) хомиладор будан;

г) кудакони хурдсол доштани гунахгор;

д) бо сабаби вазнинии шароити зиндаги ва ё аз руи дилсузи содир намудани чиноят;

е) содир намудани чиноят дар холати хаячони сахти рухие, ки сабаби он зуровари, тахкири сахт ё амалхои дигари гайриконунии чабрдида мебошад;

ж) содир намудани чиноят дар холати аз хадди мухофизати зарури гузаштан,  дастгир кардани шахси чиноят содирнамуда, зарурати нихои, таваккали асоснок, ичрои фармон ё амр;

з) тахти таъсири мачбуркунии чисмони ё рухи вобастагии модди, хизмати ва ё вобастагии дигар содир намудани чиноят;

и) ихтиёран омада ба гунохи худ икрор шудан, сидкан пушаймон шудан, фаъолона мусоидат кардан дар ошкор намудани чиноят, фош кардани дигар иштирокчиёни чиноят ва дар кофтукови молу мулки дар натичаи чиноят бадастомада;

к) бевосита пас аз содир намудани чиноят расонидани ёрии тибби ё кумаки дигар ба чабрдида, ихтиёран талофи кардан ё рафъ сохтани зарари модди ва маънавии дар натичаи чиноят расонидашуда, анчом додани амалхои дигаре, ки ба ислохи зарари ба чабрдида расонидашуда равона гардидаанд.

2) Агар холати дар кисми якуми хамин модда зикргардида дар моддаи дахлдори Кисми махсуси хамин Кодекс ба сифати аломати чиноят пешбини шуда бошад, онро такроран хамчун холати сабуккунандаи чазо ба назар гирифтан мумкин нест.

3) Хангоми таъин намудани чазо холатхои дигари дар кисми якуми хамин модда зикрнагардида мумкин аст хамчун холатхои сабуккунанда ба назар гирифта шаванд.

 

Моддаи 62. Холатхое, ки чазоро вазнин   мекунанд

 

1) Холатхои вазнинкунандаи чазо инхо мебошанд:

а) такроран содир намудани чиноят, рецидив, хамчун касб содир намудани чиноят;

б) окибати вазнин доштани чиноят;

в) дар хайати гурухи шахсон, гурухи шахсон бо маслихати пешаки, гурухи муташаккил ё иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти) содир намудани чиноят;

г) накши махсусан фаъол дар содир намудани чиноят;

д) ба содир намудани чиноят дидаю дониста чалб кардани шахсоне, ки гирифтори бемории рухи мебошанд, дар холати масти карор доранд, инчунин шахсони хурдсол ё ноболиг;

е) содир намудани чиноят бо сабаби адовати  махалгарои, милли,  нажоди ё дини, таассуби дини, кассосгири барои амалхои конунии шахсони дигар, инчунин бо максади руйпуш намудани чинояти дигар ё сабук кардани содиршавии он;

ж) дидаю дониста  аз тарафи гунахгор содир намудани чиноят нисбати зани хомиладор, инчунин нисбати кудаки хурдсол, ноболиг, шахси дигари бепанох ё нотавон ё шахсе, ки дар тобеияти гунахгор мебошад;

з) содир намудани чиноят нисбати шахс ё хешовандони наздики у вобаста ба ичрои фаъолияти  хизмати ё чамъиятиаш;

и) чиноят содир намудани шахс, ки бо  рафтори худ савганд ё касами касбии ёдкардаашро вайрон намудааст;

к) содир намудани чиноят бо берахмии махсус садизм, шиканча ё азобу укубат додани чабрдида;

л) содир намудани чиноят нисбати шахсон бо истифодаи силохи оташфишон, лавозимоти чанги , техникаи харби, моддахои тарканда, воситахои таркиш ё  воситахои ба он монанд, воситахои техникии махсус тайёркардашуда, моддахои захрнок ва радиоактиви, дорувор ва дигар воситахои химиявии дорусози ё бо усули барои чомеа хавфнок;

м) содир намудани чиноят бо истифода аз шароити вазъияти фавкулодда, офати табии ё фалокатхои  дигари чамъияти, инчунин хангоми бетартибихои оммави;

н) содир намудани чиноят дар холати мастии майзадаги, мадхуши аз маводи нашъаовар ё тахти таъсири моддахои психотропи ва дигар моддахои мадхушкунанда;

о) касдан содир намудани чиноят нисбати падару модар;

п) содир намудани чиноят бо максади гаразнок ё  дигар нияти нопоку паст.

2) Суд метавонад вобаста ба хусусияти чиноят холатхои дар бандхои «а», «н» ва «о» зикргардидаро хамчун холатхои вазнинкунанда эътироф накунад.

3) Агар холати дар кисми якуми хамин модда зикргардида дар моддаи дахлдори Кисми махсуси хамин Кодекс ба сифати  аломати чиноят пешбини шуда бошад, онро  суд такроран хамчун холати вазнинкунандаи чазо ба назар гирифта наметавонад. 

4) Хангоми таъини чазо суд холатхои дар хамин модда зикрнагардидаро холатхои вазнинкунанда эътироф карда наметавонад.

 

Моддаи 63. Таъини чазои сабуктар нисбат  ба чазое, ки  барои  ин чиноят  пешбини шудааст

 

1) Дар холати мавчуд будани холатхои мустаснои вобаста бо максаду ниятхо, накши гунахгор, рафтори у хангоми содир намудани чиноят ё пас аз он ё холатхои дигаре, ки дарачаи хавфнокии чамъиятии чиноятро хеле кам мекунанд ва хамчунин дар холати мусоидати фаъолонаи иштирокчии чинояти гурухи барои ошкор намудани чинояти содирнамудаи гурух, мумкин аст  чазо аз хадди поёнии дар моддаи дахлдори Кисми махсуси хамин Кодекс пешбинигардида камтар таъин карда шавад ё суд метавонад нисбат ба чазои дар ин модда пешбинигардида чазои сабуктар таъин намояд ё чазои иловагиро,  ки ба сифати чазои хатми пешбини шудааст, таъин накунад.

2) Холатхои алохидаи сабуккунанда ва хам мачмуи чунин холатхо метавонанд хамчун холатхои мустасно эътироф карда шаванд.

 

Моддаи 64. Таъини чазо барои чинояти нотамом

 

1) Хангоми таъин намудани чазо барои чинояти нотамом холатхое ба назар гирифта мешаванд, ки бо сабаби онхо чиноят то ба охир расонида нашудааст.

2) Мухлат ё андозаи чазо барои тайёри ба чиноят аз нисфи мухлати хадди аксар ё андозаи болотарини намуди чазои сахте, ки дар моддаи дахлдори Кисми махсуси хамин Кодекс барои чинояти тамомшуда пешбини гардидааст, зиёд буда наметавонад.

3) Мухлат ё андозаи чазо барои суикасди чиноят аз чор се хиссаи мухлати хадди аксар ё андозаи болотарини намуди чазои сахте, ки дар моддаи дахлдори Кисми махсуси хамин Кодекс барои чинояти тамомшуда пешбини гардидааст, зиёд буда наметавонад.

4) Барои тайёри ба чиноят ва  суйкасди чиноят чазои катл ва чазои якумра аз озоди махрум сохтан таъин карда намешавад.

 

Моддаи 65. Таъини чазо барои содир намудани чиноят дар шарики

 

1) Хангоми таъин намудани чазо барои чинояти дар шарики содиршуда хусусият ва дарачаи иштироки вокеии шахс дар содир намудани он, ахамияти ин иштирок дар муваффак шудан ба максади чиноят, таъсири у ба хусусият ва андозаи зарари расонидашуда ё  зарари имконпазир ба назар гирифта мешавад.

2) Холатхои сабуккунанда ё вазнинкунандаи марбут ба шахсияти яке аз шарикон хангоми таъин намудани чазо танхо нисбат ба ин шарик ба назар гирифта мешавад.

 

Моддаи 66. Таъини чазо дар холати рецидиви чиноятхо

 

1) Хангоми таъин намудани чазо дар холати рецидив, рецидиви хавфнок ё рецидиви махсусан хавфноки чиноятхо шумора, хусусият ва дарачаи хавфнокии чамъиятии чиноятхои каблан содиршуда, холатхое, ки дар асоси онхо таъсири ислохкунии чазои кабли нокифоя буд, инчунин хусусият ва дарачаи хавфнокии чамъиятии чиноятхои нав содиргардида ба назар гирифта мешавад.

2) Мухлати чазо дар холати рецидиви чиноятхо на камтар аз нисфи мухлати хадди аксари намуди чазои сахте, ки барои чинояти содиршуда пешбини шудааст, дар холати рецидиви хавфноки чиноятхо –  на камтар аз се ду хисса ва дар холати рецидиви махсусан хавфноки чиноятхо –  на камтар аз чор се хиссаи мухлати хадди аксари намуди чазои сахте, ки барои чинояти содиршуда пешбини гардидааст, буда наметавонад.

3) Агар дар моддаи (кисми моддаи) Кисми махсуси хамин Кодекс холат рецидив, рецидиви хавфнок ё рецидиви махсусан хавфнок хамчун аломати таснифкунанда ишора гардида бошад, дар ин маврид чазо барои чинояти содир намуда бидуни дарназардошти коидахои пешбини намудаи кисми дуюми хамин модда таъин карда мешавад.

4) Мукаррароти моддаи мазкур барои содир намудани чиноятхое, ки дар кисмхои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 хамин Кодекс пешбини шудаанд, татбик карда намешаванд. (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 67. Таъини чазо барои мачмуи  чиноятхо

 

1) Дар сурати содир намудани мачмуи чиноятхо суд барои хар чиноят алохида чазо (асоси ва иловаги) таъин намуда, бо рохи чазои сабуктарро дар бар гирифтани чазои вазнинтар ва ё бо рохи пурра ё кисман зам кардани чазохои таъиншуда чазои нихоиро муайян менамояд.

2) Агар мачмуи чиноятхоро чиноятхои начандон вазнин ва дарачаи миёна дар бар гирифта бошад, чазои нихои бо рохи чазои сабуктарро дар бар гирифтани чазои вазнинтар ва ё бо рохи пурра ё кисман зам кардани чазохо таъин карда мешавад. Дар ин холатхо чазои нихои хангоми зам кардан набояд аз мухлат ё андозаи чазои болоие, ки барои содир намудани чинояти нисбатан вазнинтар, аз чумлаи чиноятхои содиршуда пешбини гардидааст, сахттар бошад.

3)  Агар яке аз чиноятхои дар мачмуъ содиршуда чинояти вазнин ё махсусан вазнин бошад, он гох чазои нихои  бо рохи кисман ё пурра зам кардани чазохои таъиншуда таъин карда мешавад. Дар ин холат чазои нихои дар намуди махрум сохтан аз озоди набояд аз си сол зиёдтар бошад. Чазои нихоии чарима аз руи мачмуи чиноятхои дар кисмхои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 Кодекси мазкур пешбинишуда набояд аз панч хазор нишондиханда барои хисобхо зиёд бошад. Агар яке аз чиноятхои дар мачмуъ содиршуда чинояти дигар бошад, чазои нихои аз руи коидахои умуми муайян карда мешавад. (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

4) Агар барои яке аз чиноятхои дар мачмуъ содиршуда чазои катл ё якумра аз озоди махрум сохтан таъин карда шавад, он гох чазои нихои ба рохи чазои сабуктарро дар бар гирифтани чазои катл ё якумра аз озоди махрум сохтан таъин карда мешавад.

5) Ба чазои асосии барои мачмуи чиноятхо таъиншуда метавонанд чазохои иловагие хамрох карда шаванд, ки барои чиноятхои мачмуи чиноятхоро ташкилкунанда таъин шудаанд. Агар барои якчанд  чиноятхо як намуди чазои иловаги таъин гардида бошад, он гох мухлат ва андозаи чазои нихои мувофики коидахои мукаррарнамудаи кисмхои дуюм ва сеюми хамин модда, вале на зиёда аз мухлат ё андозаи хадди аксаре, ки дар Кисми умумии хамин Кодекс барои хар як намуди чазо пешбини шудааст, муаян карда мешавад. Чазохои иловагии гуногуннамуд бояд мустакилона ичро карда шаванд.

6) Агар пас аз баровардани хукм аз руи парванда мукаррар гардад, ки махкумшуда дар содир намудани чинояти дигари то баровардани хукм аз руи парвандаи аввал низ гунахгор мебошад, чазо бо коидахои дар хамин модда зикргардида таъин карда мешавад. Дар ин холат чазои аз руи хукми аввали суд адогардида ба мухлати нихоии чазо хисоб карда мешавад.

 

Моддаи 68. Таъини чазо аз руи мачмуи хукмхо

 

1) Агар махкумшуда пас аз баровардани хукм, вале то адои пурраи чазо чинояти нав содир карда бошад, суд чазоеро, ки аз руи хукми пештара то охир адо нашудааст пурра ё кисман ба чазои дар асоси хукми нав таъиншуда зам мекунад.

2) Чазои нихои аз руи мачмуи хукмхо, дар холате, ки агар он бо махрум сохтан аз озоди вобаста набошад, аз мухлат ва андозаи баландтарине, ки дар Кисми умумии хамин Кодекс барои ин намудхои чазо мукаррар гардидааст, зиёд буда наметавонад. Чазои нихоии чарима аз руи мачмуи хукмхо барои чиноятхои дар кисмхои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 Кодекси мазкур пешбинишуда набояд аз панч хазор нишондиханда барои хисобхо зиёд бошад. Агар яке аз чиноятхои ба мачмуи хукмхо дохил буда чинояти дигар бошад, чазои нихои аз руи коидахои умуми муайян карда мешавад. (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

3) Чазои нихои аз руи мачмуи хукмхо дар шакли махрум сохтан аз озоди метавонад аз мухлати баландтарини чазое, ки дар хамин Кодекс барои чиноят аз руи хукми охир пешбини шудааст, баландтар бошад, вале на зиёда аз си солро ташкил кунад.

4) Дар мавриди таъини чазо аз руи мачмуи хукмхо, агар бо яке аз хукмхо чази катл ё якумра аз озоди махрум сохтан таъин шуда бошад, чазои нихои бо рохи чазои сабуктарро дар бар гирифтани чазои катл ё якумра аз озоди махрум сохтан таъин карда мешавад.

5) Чазои нихои аз руи мачмуи хукумхо бояд хам аз чазои и и уи чиночби нав таъин шуда ва хам аз кисми то охир адонашудаи чазо аз руи хукми пештараи суд зиёдтар бошад.

6) Ба чазои асоси хамрох кардани чазохои иловагии аз руи хукми пештара ичронашуда мутобики коидахои пешбининамудаи кисми панчуми моддаи 67 хамин Кодекс сурат мегирад.

 

Моддаи 69.  Тартиби муайяни кардани мухлати чазо хангоми зам кардани он

  

1) Дар холати кисман ё пурра зам кардани чазохо аз руи мачмуи  чиноятхо ё мачмуи хукмхо як рузи махрум сохтан аз озоди баробар аст ба:

а)   як рузи   нигох доштан дар кисми харбии интизоми;

б)  ду рузи махдуд кардани озоди;

в)  се рузи корхои ислохи ё махдуд кардан  дар хизмати харби;

г) хашт соати корхои хатми.

д) 50 фоизи як нишондиханда барои хисобхо нисбати андозаи чаримае, ки доир ба чиноятхои дар кисмхои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 Кодекси мазкур пешбинишуда таъин гардидаанд. (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

2) Чарима ё махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ва машгул шудан бо фаъолияти муайян, махрум сохтан аз рутбаи махсус, рутбаи  харби, рутбаи дарачави ва мукофотхои давлати, инчунин мусодираи молу мулк хангоми бо махдуд кардани озоди, нигох доштан дар кисми харбии интизоми, махрум сохтан аз озоди зам шуданашон мустакилона ичро мешаванд.

 

Моддаи 70. Хисоб кардани мухлати чазо ва ба хисоб гирифтани чазо

 

1) Мухлати махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ва машгул шудан бо фаъолияти муайян, корхои ислохи, махдуд кардан дар хизмати харби, махдуд кардани озоди, хабс, нигох доштан дар кисми харбии интизоми, махрум сохтан аз озоди бо мох ва сол инчунин корхои хатми –  бо соатхо  хисоб карда мешаванд.

2) Хангоми иваз ё зам кардани чазохои дар кисми якуми хамин модда зикргардида, инчунин хангоми ба хисоб гирифтани чазо, мухлатро бо шабонаруз хисоб кардан мумкин аст.

3) Хангоми таъин намудани чазо ба махкумшудаи то мурофиаи суди дар хабс нигохдошташуда дар  намуди чарима, махрум сохтан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ва машгул шудан бо фаъолияти  муайян, агар онхо ба сифати чазои асоси таъин шуда бошанд, суд бо дарназардошти мухлати дар хабс нигох доштани у, чазоро сабуктар мекунад ё аз адои он пурра озод менамояд. Дар ин маврид хангоми таъин намудани чазои чарима барои чиноятхои  пешбининамудаи кисмхои 6 ва (ё) 7 моддаи 49 Кодекси мазкур, тартиби муайяннамудаи кисми 10 моддаи 49 хамин Кодекс татбик карда мешавад. (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

4) То эътибори конуни пайдо кардани хукм дар хабс нигох доштан ба мухлати чазо дар  намуди махрум сохтан аз озоди, нигох доштан дар кисми харбии интизоми ба хисоби  як руз баробари як руз, дар шакли махдуд кардани озоди – як руз баробари ду руз, корхои ислохи, махдуд кардан дар хизмати харби – як руз баробари се руз,  кохои хатми – як руз баробари хашт соати корхои хатми  ба хисоб гирифта мешавад. (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

5) То эътибори конуни пайдо кардани хукм дар хабс нигох доштан ё адои чазо дар  намуди махрум сохтан аз озоди, ки бо хукми суд барои чинояти дар хорича содирнамуда таъин шудааст, дар холати мутобики моддаи 16 хамин Кодекс супурда шудани шахс, як   руз баробари   як руз ба хисоб гирифта мешавад.

6) Вакте, ки дар давоми он нисбати шахси пас аз содир намудани чиноят мубталои бемории рухи гардида чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби татбик карда шудаанд, ба мухлати чазо ба хисоб гирифта мешавад. (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 71. Шартан татбик накардани чазо

 

1) Агар суд чазоро дар  намуди корхои ислохи, махдуд кардан дар хизмати харби, махдуд кардани озоди, нигох доштан дар кисми харбии интизоми ё махрум сохтан аз озоди таъин намуда, ба хулосае ояд, ки ислох кардани махкумшуда бе адои чазо, вале дар шароити назорати рафтораш имконпазир аст, он гох метавонад дар хусуси шартан татбик накардани чазо карор кабул намояд.

2) Хангоми шартан татбик накардани чазо суд хусусият ва дарачаи хавфнокии чамъиятии чинояти содиршуда, бораи шахсияти гунахгор ва холатхои сабуку вазнинкунандаро ба назар мегирад. Шартан татбик накардани чазо нисбати шахсе, ки барои  чинояти махсусан вазнин ва инчунин каблан барои чинояти касдона ба чазои махрум сохтан аз озоди махкум шудааст, ба истиснои ноболигон, маъюбони гурухи якум ва дуюм, занон, инчунин мардоне, ки ба синни нафака расидаанд, татбик карда намешавад.

3) Дар холати шартан татбик накардани чазо суд мухлати санчиш мукаррар менамояд, ки дар давоми он махкумшуда бояд бо рафтори худ ислох шуданашро исбот кунад. Мухлати санчиш бо давомнокии аз як то панч сол таъин гардида, аз лахзаи эътибори конуни пайдо кардани хукм хисоб карда мешавад.

4) Дар холати шартан татбик накардани чазо мумкин аст чазохои иловаги, ба истиснои мусодираи молу мулк, таъин карда шаванд.

5) Суд дар хусуси шартан татбик накардани чазо карор кабул намуда, метавонад ичрои вазифахои муайяни зеринро ба зиммаи махкумшуда гузорад: дар мухлати муайян зарари расонидаро баркарор намудан, иваз накардани истикоматгохи доими, чои кор ё тахсил бидуни огох кардани макомоте, ки ба рафтори махкумшуда назорат мекунанд, ба чойхои муайян нарафтан, ба кор ё тахсил дохил шудан, даври муоличаи майзадаги, нашъаманди, токсикомани ё касалихои зухрави тамом кардан, аз чихати модди дастгири намудани оила.

6) Агар махкумшуда бо гузашти на камтар аз нисфи мухлати санчиш бо рафтори худ ислох шуданашро исбот кунад, суд бо пешниходи макомоти ба рафтори махкумшуда назораткунанда метавонад дар хусуси бекор кардани махкуми ва бардоштани доги суди карор кабул намояд.

7) Агар махкумшуда дар холати шартан татбик накардани чазо  ба вайрон кардани тартиботи чамъияти рох дода барои содир намудани он ба у чазои маъмури таъин шуда бошад ё ашадди аз ухдадорихое, ки суд ба зимааш гузоштааст, саркаши намояд суд метавонад бо пешниходи макомоти дар кисми нухуми хамин модда зикргардида дар бораи бекор кардани шартан махкумшави ва барои адои чазои бо хукм таъиншуда фиристодани махкум карор кабул кунад.

8) Агар махкумшуда дар давоми мухлати санчиш чинояти нав содир намояд, суд шартан татбик накардани чазоро бекор намуда, мувофики коидахои пешбининамудаи моддаи 68 хамин Кодекс чазо таъин мекунад.

9) Ба рафтори махкумшудае, ки дар хакки у шартан татбик накардани чазо таъин  карда шудааст – макоми ваколатдори давлати, ба рафтори хизматчиёни харби бошад- фармондехии кисмхои харби назорат мекунанд. (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

 

ФАСЛИ IV. ОЗОД КАРДАН АЗ ЧАВОБГАРИИ ЧИНОЯТИ ВА ЧАЗО 

БОБИ 11. ОЗОД КАРДАН АЗ ЧАВОБГАРИИ ЧИНОЯТИ

 

Моддаи 72. Озод кардан аз чавобгарии чинояти, бо сабаби пушаймони аз кирдор

 

1) Шахсе, ки бори аввал чинояти начандон вазнин ва ё дарачаи миёна содир кардааст, агар пас аз содир намудани чиноят ихтиёри омада, ба гунохи худ икрор шавад ё ба ошкор намудани чиноят фаъолона мусоидат кунад  ё зарари расонидаашро  талофи намояд ё ин ки ба тарики дигар зиёни расонидаашро рафъ кунад, мумкин аст аз чавобгарии чинояти озод карда шавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

2) Шахсе, ки категорияи дигари чиноятро содир намудааст, танхо дар холатхое, ки махсус дар моддаи Кисми махсуси хамин Кодекс пешбини гардидаанд, аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад. (КЧТаз 21.07.10 с., №617; КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359).

 

Моддаи 73.  Озод кардан аз чавобгарии чинояти бо сабаби ошти шудан бо чабрдида

 

Агар шахси чинояти начандон вазнин ё дарачаи миёна содирнамуда  бо чабрдида ошти шуда, зарари ба чабрдида расонидаашро талофи карда бошад, мумкин аст аз чавобгарии чинояти озод карда шавад. (КЧТ аз 17.05.04 с., №35)

 

Моддаи 74. Озод кардан аз чавобгарии чинояти бо сабаби тагьир ёфтани вазъият

 

Шахси бори аввал содиркардаи чинояти начандон вазнин ё дарачаи миёна мумкин аст, аз чавобгарии чинояти озод карда шавад, агар мукаррар  гардад,  ки бо сабаби тагйир ёфтани вазъият ин шахс ва ё кирдори содирнамудаи у дигар барои чамъият хавфнок нест.

 

Моддаи 75. Озод кардан аз чавобгарии чинояти бо сабаби гузаштани мухлати  ба чавобгарии чинояти кашидан

 

1) Агар аз рузи содир шудани чиноят мухлати зерин гузашта бошад, шахс аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад:

а) ду сол пас аз содир намудани чинояти начандон вазнин;

б) шаш сол пас аз содир намудани чинояти дарачаи миёна;

в) дах сол пас аз содир намудани чинояти вазнин;

г) понздах сол пас аз содир намудани чинояти махсусан вазнин ба истиснои нишондоди кисми панчуми хамин модда.

2) Мухлати ба  чавобгарии чинояти кашидан аз рузи содир шудани чиноят то рузи эътибори конуни пайдо намудани хукм хисоб карда мешавад.

3) Агар шахс аз тафтишот ё суд саркаши намояд, чараёни мухлати ба  чавобгарии чинояти кашидан боздошта мешавад. Дар ин холат мухлати ба  чавобгарии чинояти кашидан аз рузи дастгир кардани  шахс ё омада, ба гунохи худ икрор шудани у баркарор карда мешавад. Зимнан, агар аз вакти содир намудани чиноят бист сол гузашта, мухлати ба  чавобгарии чинояти кашидан бо содир намудани чинояти нав катъ нагардида бошад, ин шахсро ба чавобгарии чинояти кашидан мумкин нест.

4) Агар то гузаштани мухлати дар хамин модда зикрёфта шахс  касдан чинояти нави дарачаи миёна, вазнин ё махсусан вазнин содир намояд, мухлати ба  чавобгарии чинояти кашидан аз рузи содир намудани чиноятхои мазкур аз нав шуруъ гардида, мухлати ба  чавобгарии чинояти кашидан барои хар чиноят алохида хисоб карда мешавад. пешбини шудааст, суд хал менамояд. Агар суд бо сабаби гузаштани мухлати

5) Масъалаи истифодаи мухлати ба  чавобгарии чинояти кашиданро нисбати шахси содирнамудаи чинояте, ки барои он чазои катл ё якумра аз озоди махрум сохтан ба  чавобгарии чинояти кашидан аз чавобгарии чинояти озод намудани шахсро имконнопазир донад, ба у чазои катл ё якумра аз озоди махрум сохтан таъин карда намешавад.

6) Нисбати шахсоне, ки ба мукобили сулх ва амнияти башарият чиноят содир намудаанд, мухлати ба  чавобгарии чинояти кашидан истифода карда намешавад.

 

БОБИ 12. ОЗОД  КАРДАН АЗ ЧАЗО

 

Моддаи 76. Шартан пеш аз мухлат  аз адои  чазо озод кардан

 

1) Шахсе, ки чазоро дар намуди махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян корхои ислохи, махдуд кардан дар хизмати харби, махдуд кардани озоди,махрум сохтан аз озоди ё нигох доштан дар кисми харбии интизоми адо карда истодааст, агар у бо рафтори намунави ва муносибати софдилона ба мехнат ислох шудани худро исбот кунад , суд метавонад  уро шартан пеш аз мухлат  аз адои чазо озод кунад. Дар айни замон ин шахсро пурра ё кисман аз  адои чазои иловаги озод намудан мумкин аст.

2) Суд шахсро шартан пеш аз мухлат  аз адои чазо озод карда, метавонад ба зиммааш ухдадорихои пешбининамудаи кисми панчуми моддаи 71 хамин Кодексро гузорад, ки шахс бояд дар давоми кисми адонашудаи чазо онхоро ичро кунад.

3) Шартан пеш аз мухлат озод кардани махкумшуда танхо дар мавриди  вокеан мухлати зеринро адо намудани у имконпазир аст:

а) на камтар аз нисфи чазое, ки барои чинояти начандон вазнин ё дарачаи миёна таъин гардидааст;

б) на камтар аз се ду кисми чазое, ки барои чинояти вазнин таъин шудааст;

в) на камтар аз чор се хиссаи  чазои барои чинояти махсусан вазнин таъиншуда, инчунин чазое, ки ба шахси каблан шартан пеш аз мухлат  аз адои чазо озодгардида таъин шудааст, агар шартан пеш аз мухлат  аз адои  чазо озод намудан тибки асосхои дар кисми шашуми хамин модда пешбигардида бекор карда шуда бошад.

4) Мухлати чазои вокеан адонамудаи шахс дар намуди махрум сохтан аз озоди аз шаш мох камтар буда наметавонад.

5) Ба рафтори шахсе, ки шартан пеш аз мухлат аз адои чазо озод карда шудааст, макоми давлатии ваколатдор ва ба рафтори хизматчиёни харби фармондехии кисмхои харби назорат мекунанд.

6) Агар дар давоми мухлати бокимондаи чазои адонашуда:

а) махкумшуда тартиботи чамъиятиро вайрон карда ва барои он ба у чазои маъмури татбик шуда  бошад ё аз ичрои ухдадорихое, ки суд хангоми шартан пеш аз мухлат аз адои чазо озод кардани у ба зиммааш гузоштааст, ашадд  саркаши намояд, суд бо дархости макомоти дар кисми панчуми хамин модда зикргардида дар хусуси бекор кардани шартан пеш аз мухлат аз адои чазо озод кардан ва татбики кисми чазои адонашуда карор кабул мекунад;

б) махкумшуда чиноят содир намояд, суд мувофики коидахои пешбининамудаи моддаи 68 хамин Кодекс ба у чазо таъин мекунад.

7) Шахсони зайл дар холатхои зерин шартан пеш аз мухлат аз адои чазо  озод  карда намешаванд:

а) шахсе, ки нисбати у чазои якумра аз озоди махрум сохтан таъин шудааст ё чазои катл ба тарики бахшиши чазо  бо махрум сохтан аз озоди иваз карда шудааст;

б) дар холати рецидиви махсусан хавфнок;

в) ташкилкунанда, иштирокчиёни гурухи муташаккил ё иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти);

г) шахсе, ки барои чиноятхои мукобили сулху амнияти башарият махкум карда шудааст.

 

Моддаи 77.  Ба намуди чазои сабуктар иваз кардани кисми адонашудаи чазо

 

1) Ба шахсе, ки барои содир намудани чиноят   чазои махрум сохтан аз озодиро адо мекунад, суд бо дарназардошти рафтори у дар давраи адои чазо, кисми адонашудаи чазоро бо намуди чазои нисбатан сабуктар иваз карда метавонад. Дар айни замон шахс метавонад пурра ё кисман аз намуди адои чазои иловаги озод карда шавад.

2)  Дар сурати иваз намудани кисми адонашудаи чазо суд метавонад мутобики намудхои чазохое, ки дар моддаи 47 хамин Кодекс нишон дода шудаанд, намуди сабуктари чазоро дар доираи ин намуди чазои пешбиникардаи хамин Кодекс интихоб намояд.

3)  хорич карда шудааст.

3) Ба чазои нисбатан сабуктар иваз кардани чазо пас аз вокеан мухлати зеринро адо намудани махкумшуда татбик шуда метавонад, ба истиснои мукаррароти пешбининамудаи кисми 8 моддаи 49 Кодекси мазкур: (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

а) на камтар аз сеяки мухлати чазое, ки суд барои чинояти начандон вазнин ва  дарачаи миёна таъин кардааст;

б) на камтар аз нисфи чазое, ки суд барои чинояти вазнин таъин кардааст, инчунин ба шахсе, ки каблан барои касдан содир намудани чиноят чазоро дар намуди махрум сохтан аз озоди адо мекунад;

в) на камтар аз се ду хиссаи чазое, ки суд барои чинояти махсусан вазнин таъин кардааст, инчунин ба шахсе, ки каблан шартан пеш аз мухлат аз чазо озод кардан, ё чазояш ба чазои нисбатан сабуктар иваз шуда, дар давоми кисми адонашудаи чазо касдан чинояти нав содир кардааст.

4) Шахсоне, ки чазояшон ба чазои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, мумкин аст мувофики коидахои пешбининамудаи моддаи 76 хамин Кодекс шартан пеш аз мухлат аз  адои чазо озод карда шаванд.

5)  Нисбати шахсоне, ки чазояшон ба чзои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, шартан пеш аз мухлат аз адои чазо озод кардан мувофики коидахои пешбининамудаи моддаи 76 хамин Кодекс татбик карда мешавад.

6) Кисми чазои адонакардаи шахсони дар кисми хафтуми моддаи 76 хамин Кодекс номбаршуда бо чазои нисбатан сабук иваз карда намешавад.

7) Дар мавриди аз тарафи махкумшуда пурра талофи намудани зарари модди тартиби пешьининамудаи кисми 8 моддаи 49 хамин Кодекс татбик карда мешавад. (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 78.  Мавкуф гузоштани адои чазо нисбати адои чазо нисбати занони хомила ва заноне, ки кудакони то синни хаштсола доранд

 

1)  Занони хомилаи махкумшуда ё занони дорои фарзандони то синни хаштсоларо ба истиснои заноне, ки барои чиноятхои махсусан вазнин махкум гардидаанд, суд метавонад то хаштсола шудани кудак адои чазоро нисбати онхо мавкуф гузорад.

2) Нисбати зани махкумшуда адои чазо дар сурате мавкуф гузошта мешавад, ки оила ё хешовандонаш барои якчоя бо у зиндаги кардан розиги додаанд ё барои мустакилона таъмин намудани шароити лозимаи тарбияи кудак имконият доранд.

3) Агар зани махкумшудае, ки нисбати он адои чазо мавкуф гузошта шудааст  аз кудак даст кашад ё уро ба ятимхона супорад, аз махалли сукунат гайб зада бошад ё аз тарбияи кудак ва нигохубини у саркаши намояд, тартиботи чамъиятиро вайрон кунад ва дар ин хусус макоми ба у назораткунанда зиёда аз ду маротиба уро хатти огох карда бошад, суд метавонад зани махкумшударо барои адо намудани чазои бо хукм таъиншуда фиристад.

4) Пас аз хаштсола шудани кудак ё дар холати вафот кардани у, суд вобаста ба рафтори зани махкумшуда метавонад уро аз адои чазо озод кунад ё онро бо чазои нисбатан сабуктар иваз намояд ва ё зани махкумшударо барои адо намудани чазои бо хукм таъиншуда фиристад. Дар ин холат суд метавонад вактеро, ки дар давоми он зани махкумшуда мухлати чазоро адо накарда аст, пурра ё кисман ба мухлати адои чазо ба хисоб гирад.

5) Агар зани махкумшуда дар давраи  мавкуф гузоштани адои чазо  чинояти нав содир кунад, суд мувофики коидахои дар моддаи 68 хамин Кодекс пешбинигардида ба у чазо таъин мекунад.

 

Моддаи 79. Бо сабаби бемори аз чазо  озод кардан

 

1) Суд шахсеро, ки пас аз баромадани хукм ба бемории рухи гирифтор шуда, имконияти дарки вокеии амалхои худ ва идора кардани онхоро аз даст додааст, аз чазо ё адои минбаъдаи он озод мекунад. Ба чунин шахс суд метавонад чораи мачбурии дорои хусусияти тиббиро таъин намояд.

2) Шахсеро, ки пас аз баромадани хукм мубталои бемории дигари вазнине гардидааст, ки монеи адои чазо мебошад, суд метавонад аз адо намудани чазо озод кунад ё ин чазоро бо чазои нисбатан сабуктар иваз намояд. Зимнан вазнинии чинояти содиршуда, шахсияти махкумшуда, хусусияти бемори ва холатхои дигар ба назар гирифта мешаванд.

3) Хизматчиёни харбие, ки ба махдуд кардан дар хизмати харби ё нигох доштан дар кисми харбии интизоми махкум шудаанд, дар холати мубталои беморие шуданашон, ки дар натичаи он барои хизмат ношоям эътироф мегарданд, аз чазо ё адои минбаъдаи он озод карда мешаванд. Хамчунин кисми адонашудаи чазо мумкин аст ба чазои дигари нисбатан сабуктар иваз карда шавад.

4) Шахсони дар кисмихои якум ва дуюи хамин модда зикргардида, дар холати шифо ёфтанашон, агар мухлати  дар моддаи 81 хамин Кодекс пешбини шудааст, нагузашта бошад, мумкин аст чазо дода шаванд. Дар айни замон вакте, ки дар давоми он нисбати онхо чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби андешида шудаанд, ба мухлати чазо хисоб карда мешавад.

 

Моддаи 80. Озод кардан аз чазо дар натичаи  холатхои фавкулодда

 

Шахсе, ки барои содир намудани чинояти начандон вазнин ё дарачаи миёна махкум шудааст мумкин аст аз чазо озод карда шавад, агар чазоро адо намуданаш дар натичаи сухтор ё офати табии, бемории вазнин ё фавти ягона узви кобили мехнати оила ё холатхои дигари фавкулодда метавонад барои махкумшуда ё оилаи у боиси окибатхои хеле вазнин  гардад.

 

Моддаи 81. Озод кардан аз адои чазо бо сабаби гузаштани мухлати ичрои хукми  айбдоркуни

 

1) Агар хукми айбдоркуни аз рузи эътибори конуни пайдо карданаш дар мухлати зерин ба ичро расонида нашуда бошад, шахси барои чиноят махкумшуда аз адои чазо озод карда мешавад:

а) ду сол дар холати махкум кардан барои чинояти начандон вазнин;

б) шаш сол дар холати махкум кардан барои чинояти  дарачаи миёна;

в) дах сол дар холати махкум кардан барои чинояти вазнин;

г) понздах сол дар холати махкум кардан барои чинояти махсусан вазнин ба истиснои нишондоди кисми чоруми хамин модда.

2) Агар махкумшуда аз адои чазо саркаши кунад, мухлати ичрои хукм боздошта мешавад. Дар ин холат мухлати  ичрои хукм аз рузи дастгир кардани шахс ё омада ба гунохи худ икрор шудани у баркарор мешавад. Дар айни замон, агар аз вакти баровардани хукм бист сол гузашта, мухлати ичрои хукм катъ нашуда бошад, хукми айбдоркуни ба ичро расонида намешавад.

3) Агар то гузаштани мухлати дар хамин модда зикргардида шахс касдан чинояти нави дарачаи миёна, вазнин ё махсусан вазнин  содир кунад, мухлати ичрои хукм катъ мегардад. Дар ин холат хисоби мухлати ичрои хукм аз сари нав аз рузи содир намудани чинояти нав шуруъ мешавад.

4) Масъалаи нисбати шахси ба чазои катл ё якумра аз озоди махрум сохтан махкумшуда татбик намудани мухлати ичрои хукмро суд хал мекунад. Агар суд татбики мухлати ичрои хукмро имконнопазир донад, ин намуди чазо  бо махрум сохтан аз озоди иваз карда мешавад.

5) Нисбати шахсоне, ки ба мукобили сулх ва амнияти башарият чиноят содир кардаанд, мухлати ичрои хукм татбик карда намешавад.

 

БОБИ 13. АВФ.  БАХШИШИ ЧАЗО. ДОГИ  СУДИ. САФЕДКУНИ

 

Моддаи 82. Авф

 

1) Авф дар  асоси конуни Чумхурии Точикистон нисбати доираи инфиродан номуайяни шахсон  татбик карда мешавад.

2) Бо санади авф шахси содирнамудаи чиноят метавонад аз чавобгарии чинояти озод карда шавад ва шахси барои чиноят махкумшуда хам аз чазои асоси ва хам иловаги пурра ё кисман озод карда шавад ё кисми чазои адонакардаи у ихтисор гардад ё ба намуди чазои сабуктар  иваз карда  шавад ё доги судиаш  бардошта шавад.

3) Санади авф ба кирдорхои сазовори чазои чиноятие, ки то кабули он содир гардидаанд, дахл дорад.

 

Моддаи 83. Бахшиши чазо

 

1) Бахшиши чазо аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон нисбати шахси муайян татбик мегардад.

2) Бо санади бахшиши чазо шахси барои чиноят махкумшуда метавонад хам аз чазои асоси ва хам иловаги пурра ё кисман озод карда шавад ё кисми чазои адонакардаи у ихтисор гардад ё ба чазои сабуктар иваз карда шавад ё доги судиаш бардошта шавад.

Эзох ба моддахои 82 ва 83: Татбики санадхои авф ва бахшиши чазо  барои хукуки чабрдида дар мавриди гирифтани товони зарари бо кирдори чинояти расонидашуда монеъ шуда наметавонад.

 

Моддаи 84. Доги суди

 

1)  Шахс доги суди дошта эътироф карда мешавад, аз рузи эътибори конуни пайдо кардани хукми айбдоркуни, ки бо он чазо таъин карда шудааст ва то рузи бархам хурдан ё бардоштани доги суди. 

2) Шахс  доги суди надошта хисоб мешавад:

а) дар сурати кабули санадхои авф ё бахшиши чазо, агар дар ин санадхо бардоштани доги суди пешбини шуда бошад – аз рузи эътибори конуни пайдо кардани чунин санадхо;

б) дар сурати кабули санади авф ба шарте, ки он барои кирдори содиркардашуда татбик намудани чазоро бекор кунад ва ин холат дар рафти мурофиаи суди ошкор шавад – аз рузи эътибори конуни пайдо кардани хукми айбдоркуни;

в) дар сурати кбул намудани конуни нави чинояти, ки чиноят будани кирдорро бартараф мекунад – аз рузи эътибори конуни пайдо кардани чунин Конун;

г) дар сурати аз чазо озод кардани ноболигон мувофики моддаи 90 хамин Кодекс – аз руи эътибори конуни пайдо кардани карори суд дар бораи аз чазо озод кардани ноболиг;

д) дар сурати ичро накардани хукми айбдоркуни – аз рузи гузаштани мухлатхои ичрои хукми айбдоркуни.

3) Доги суди дар мухлати зерин бархам мехурад:

а)  ба махкумшудае, ки нисбати у шартан татбик накардани чазо татбик карда шудааст баъди тамом шудани мухлати санчиш;

б) нисбати шахсоне, ки аз махдуд кардани озоди дида ба чазои сабуктар махкум шудаанд- бо гузаштани  як сол пас аз тамом кардани мухлати таъиншудаи чазо;

в) нисбати шахсоне, ки барои чиноятхои начандон вазнин ва дарачаи миёна ба махдуд кардани озоди ва ё махрум  сохтан аз озоди махкум шудаанд – бо гузаштани се сол пас аз адои чазо;

г) нисбати шахсоне, ки барои чиноятхои вазнин бо махрум  сохтан аз озоди махкум шудаанд – бо гузаштани панч сол пас аз адои чазо.

д) нисбати шахсоне, ки барои чиноятхои махсусан вазнин ба махрум сохтан аз озоди махкум шудаанд – бо гузаштани хашт сол пас аз адои чазо.

4)  хорич карда шудааст.

4) Агар шахс мувофики тартиби мукаррарнамудаи конун пеш аз мухлат аз чазо озод шуда ё кисми чазои адонакардаи у бо чазои нисбатан сабуктар иваз шуда бошад, мухлати бархам додани доги суди аз лахзаи аз адои чазои асоси ва иловаги озод карда шуданаш хисоб карда мешавад.

5) Агар шахс то тамом шудани мухлати бархам додани доги суди чинояти нав содир кунад, чараёни мухлати бархам додани доги суди катъ мегардад. Мухлати бархам додани доги суди барои чинояти аввал пас аз адои вокеии чазо (асоси ва иловаги) барои чинояти охирин аз нав хисоб карда мешавад. Дар ин холат то тамом шудани мухлати бархам додани доги суди барои чинояти нисбатан вазнинтар шахс дорои доги суди барои ду чиноят хисоб карда мешавад.

6) Агар махкумшуда пас аз адои чазо рафтори бенуксон нишон дихад, суд дар асоси илтимосномаи у метавонад доги судиашро то тамом шудани мухлати бархамдихии доги суди, вале баъди   гузаштани нисфи ин мухлат бекор кунад.

7)  Бархам хурдан ё бардоштани доги суди окибатхои хукукии чавобгарии чиноятиро беэътибор мегардонад.

 

Моддаи 85. Сафедкуни

 

1) Шахсе, ки чиноят содир накарда, беасос ба чавобгарии чинояти кашида шудааст ё гаъриконуни махкум гардидааст, бояд сафед карда шавад, яъне суд далели беасос ба чавобгарии чинояти кашидан ё гайриконуни махкум шудани уро эътироф намояд.

2) Хамаи хукукхои шахси сафедкардашуда пурра баркарор карда, аз у ё дар холати зарури аз хешовандони у аз номи давлат узр хоста мешавад, ки дар холати ба нашр мухолиф набудани у ё хешовандонаш, дар матбуоти махалли зисти шахси сафед- кардашуда ба табъ расонида мешавад.

3) Зарареро, ки ба шахрванд дар натичаи гайриконуни махкум кардан ё гайриконуни ба чавобгарии чинояти кашиданаш расонида шудааст, давлат пурра талофи менамояд.

 

ФАСЛИ V. ЧАВОБГАРИИ ЧИНОЯТИИ НОБОЛИГОН 

БОБИ 14. ХУСУСИЯТХОИ ЧАВОБГАРИИ ЧИНОЯТИ ВА ЧАЗОДИХИИ НОБОЛИГОН

 

Моддаи 86. Чавобгарии чиноятии ноболигон

 

1) Шахсоне ноболиг эътироф мегарданд, ки дар вакти содир намудани чиноят синни чордахсолагиро пур кардаанд вале ба синни хаждахсолаги нарасидаанд.

2) Ба ноболигоне, ки чиноят содир намудаанд, мумкин аст чазо ё чорахои мачбуркуни  дорои хусусияти тарбияви дошта таъин карда шаванд.

 

Моддаи 87. Намудхои чазое, ки ба ноболигон таъин карда  мешаванд

 

1) Намудхои чазое, ки ба ноболигон таъин карда мешавад, аз инхо иборатанд:

а) чарима;

б) махрум кардан аз хукуки машгул шудан бо фаъолияти муайян;

в) корхои хатми; (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

г) корхои ислохи;

д) махрум сохтан аз аз озоди.

2) Чарима танхо дар сурате таъин карда мешавад, ки ноболиг даромади мустакилона ё молу мулке дошта бошад, ки ба он чарима андохтан мумкин аст. Чарима ба андозаи то сад нишондиханда барои хисобхо таъин карда мешавад. Дар холати иваз намудани чазои махрум сохтан аз озоди ба чазои чарима мутобики тартиби мукаррарнамудаи кисми 8 моддаи 49 хамин Кодекс барои чиноятхои дар кисмхои  6 ва (ё) 7 моддаи 49 хамин Кодекс пешбинигардида андозаи нихоии чарима  аз дусат нишондиханда барои хисобхо зиёд буда наметавонад. Дар холати ашадди саркаши намудани ноболиг аз пардохти чарима ва ё имконнопазирии пардохти чарима суд чаримаро (ё кисми напардохтаи онро) мутобики тартиби пешбининамудаи кисми 5 моддаи 49 хамин Кодекс иваз менамояд. (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

3) Махрум сохтан аз хукуки машгул шудан бо фаъолияти муайян ба ноболигон ба мухлати аз  як то ду сол таъин карда мешавад.

4) Корхои хатми ба мухлати аз чил то як саду шаст соат таъин карда мешавад, ки он аз ичрои корхои барои ноболигон мувофик, берун аз вакти тахсил ё корхои асоси иборат аст. Давомнокии ичрои чунин намуди чазо нисбати ноболигони то синни шонздахсола аз ду соат дар як руз ва нисбати ноболигони синни аз шонздах то хаждахсола аз се соат дар як руз зиёд буда наметавонад.

5) Корхои ислохи ба ноболигон дар чои корашон ба мухлати аз ду мох то як сол таъин карда мешаванд. Дар айни замон аз  панч то понздах фоизи музди мехнати махкумшудагон ба хисоби даромади давлат нигох дошта мешавад.

6)  Ба ноболигоне, бори аввал чиноятхои начандон вазнин ё дарачаи миёна содир намудаанд, чазои махрум сохтан аз озоди таъин карда намешавад ва агар санксияи моддаи Кисми махсус гайр аз чазои махрум сохтан аз озоди дигар намуди чазоро пешбини накарда бошад, он гох суд чазохои бо махрум сохтан аз озоди алокаманд набудаи дар Кисми умумии хамин Кодекс пешбинишударо дар доираи хачм ва мухлатхои пешбининамудаи Кисми умумии хамин Кодекс таъин менамояд. Махрум сохтан аз озоди нисбати ноболигоне таъин карда мешавад, ки: (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

а)  дар синни то шонздахсолаги чинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд – ба мухлати то хафт сол;

б)  дар синни аз шонздахсола то хаждахсолаги чинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд – ба мухлати то дах сол;

7) Махрум  сохтан аз озодиро ноболигон дар чойхои зерин адо мекунанд:

а) ноболигони чинси марде, ки бори аввал  ба махрум  сохтан аз озоди махкум шудаанд, инчунин ноболигони чинси зан- дар колонияхои тарбиявии дорои низоми умуми;

б) ноболигони чинси марде, ки каблан махрум сохтан аз озодиро адо намудаанд- дар колонияхои тарбиявии дорои низоми пурзур.

 

Моддаи 88. Таъин намудани чазо ба ноболигон

 

1) Хангоми ба ноболиг таъин намудани чазо, ба гайр аз холатхои дар моддаи 60 хамин Кодекс пешбинигардида, инчунин шароити зиндаги ва тарбияи у, дарачаи инкишофи рухи, вазъи саломати, хусусиятхои дигари шахси, инчунин таъсири шахсони дигар ба назар гирифта мешавад.

2)  Ба шахсе, ки дар синни аз чордахсолаги то шонздхсолаги якчанд чиноят содир кардааст ва яке аз ин чиноятхо вазнин ё махсусан вазнин мебошад, чазои махрум сохтан аз озоди аз руи мачмуи чиноятх ва мачмуи хукмхо аз дах сол зиёд буда наметавонад.

3)  Ба шахсоне, ки дар синни аз шонздахсолаги то хаждахсолаги як чанд чиноят содир кардааст ва яке аз ин чиноятхо вазнин ё махсусан вазнин аст, чазои махрум сохтан аз озоди аз руи мачмуи чиноятхо ва мачмуи хукмхо аз дувоздах сол зиёд буда наметавонад.

4) Андозаи нихоии чазои чарима ба ноболигон барои мачмуи чиноятхо ва ё аз руи мачмуи хукмхо доир ба чиноятхои дар кисмхои  6 ва (ё) 7 моддаи 49 хамин Кодекс пешбинигардида аз дусат нишондиханда барои хисобхо зиёд буда наметавонад. (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 89. Озод кардан аз чавобгарии чинояти бо истифодаи чорахои  мачбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта

 

1) Агар хисоб карда шавад, ки ислохи ноболиги бори аввал чинояти начандон вазнин ё дарачаи миёна содирнамуда бо рохи татбики чорахои мачбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта имконпазир аст, уро аз чавобгарии чинояти озод кардан мумкин аст.

2) Ба ноболиг чунин чорахои мачбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта таъин кардан мумкин аст:

а) огох кардан;

б) ба назорати падару модар ё шахсони онхоро ивазкунанда ё макоми давлати оид ба кор бо ноболигон супурдан;

в) ба зимма гузоштани ухдадории баркарор кардани зарари расонидашуда;

г) махдуд кардани фарогат ва мукаррар намудани талаботи махсус ба рафтор.

3) Ба ноболиг мумкин аст хамзамон якчанд чораи мачбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта таъин карда шавад. Давомнокии мухлати татбики чорахои мачбурии таъсиррасонии тарбиявиро, ки дар бандхои «б» ва «г» кисми дуюми хамин модда пешбини шудаанд, макоми таъиннамудаи ин чорахо мукаррар менамояд.

4) Дар холати мунтазам аз чораи мачбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта саркаши намудани ноболиг, он бо дархости макоми давлати оид ба кор бо ноболигон бекор карда шуда, мавод барои ба чавобгарии чинояти кашидани ноболиг мувофики конун ба макоми дахлдор фиристода мешавад.

 

Моддаи 90. Аз чазо озод кардани ноболигон

 

1)  Ноболиге, ки барои содир намудани чинояти вазнин ё дарачаи миёна махкум шудааст, мумкин аст аз чониби суд бо татбики чорахои мачбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта, ки дар кисми дуюми моддаи 89 хамин Кодекс пешбини шудааст, аз чазо озод карда шавад.

2)  Ноболиге, ки барои содир намудани чинояти дарачаи миёна махкум шудааст, мумкин аст аз чониби суд аз чазо озод карда шавад, агар эътироф карда шавад, ки максадхои чазо мумкин аст танхо бо рохи чойгир кардани у дар муассисахои махсуси тарбияви ё табобати – тарбияви барои ноболигон ба даст оварда мешавад. Дар ин маврид мухлати дар муасисаи нишондодашуда нигох доштан аз мухлати хадди болоии чазо, ки Кодекси мазкур барои чинояти содиркардаи ноболиг пешбини намудааст, зиёд буда наметавонад.

3)  Нигох доштани ноболиг дар муассисахои дар кисми дуюми хамин модда нишондодашуда мумкин аст то ба охир расидани мухлате, ки кисми дуюми хамин модда пешбини кардааст, катъ карда шавад, агар тибки хулосаи макоми махсуси давлати, ки ислохшавиро таъмин менамояд,  ноболиг барои ислохшавии худ ба татбики минбаъдаи чораи мазкур дигар эхтиёч надошта бошад. Дароз кардани мухлати нигох доштан дар муассисаи махсуси тарбияви ё табобати – тарбияви барои ноболигон баъди ба охир расидани мухлати пешбиникардаи кисми дуюми хамин модда танхо дар мавриди зарурати ба охир расидани тайёрии тахсилоти умуми ё касби рох дода мешавад.

 

Моддаи 91. Шартан пеш аз мухлат аз адои чазо озод намудани ноболигон

 

1) Шахсоне, ки дар синну соли ноболиги чиноят содир намуда, ба корхои ислохи ё махрум  сохтан аз озоди махкум  шудаанд, пас аз вокеан адо намудани мухлати зерин метавонанд шартан пеш аз мухлат аз адои чазо озод карда шаванд:

а) на камтар аз сеяки мухлати чазое, ки барои чинояти начандон вазнин ё дарачаи миёна таъин шудааст;

б) на камтар аз нисфи чазое, ки барои чинояти вазнин таъин шудааст;

в) на камтар аз се ду хиссаи чазое, ки барои чинояти махсусан вазнин таъин шудааст.

 

Моддаи 92. Ба чазои нисбатан сабуктар  иваз намудани чазо

 

1) Ба шахсе,  ки барои чинояти дар синни то хаждахсолаги содирнамудааш  бо махрум  сохтан аз озоди ё бо корхои ислохи махкум шудааст, кисми адонакардаи чазо мумкин аст бо чазои нисбатан сабуктар иваз карда шавад.

2)  Ба чазои нисбатан сабуктар иваз намудани кисми адонашудаи чазо нисбати шахси махкумшуда дар сурате татбик шуданаш мумкин аст, ки агар у бо рафтори намунави ва муносибати софдилона ба мехнат ё таълим рохи ислохшавиро пеша карда бошад.

3) Ба чазои нисбатан сабуктар иваз кардани кисми мухлати адонашудаи чазо дар холати вокеан адо намудани мухлати зерин имконпазир аст, ба истиснои мукаррароти  пешбининамудаи кисми 8 моддаи 49 Кодекси мазкур. (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

а) на камтар аз чорьяки мухлати чазое, ки барои чинояти начандон вазнин ё дарачаи миёна таъин шудааст;

б) на камтар аз сеяки мухлати чазое, ки барои чинояти вазнин таъин шудааст;

в) на камтар аз нисфи мухлати чазое, ки барои чинояти махсусан вазнин таъин шудааст, инчунин барои чинояти касдона, агар шахс каблан барои касдан содир намудани чиноят ба махрум  сохтан аз озоди махкум шуда бошад.

4) Хангоми бо корхои ислохи иваз кардани кисми адонашудаи махрум  сохтан аз озоди, онхо дар доираи мухлатхои барои ин намуди чазо мукарраргардида таъин шуда, набояд аз мухлати адонашудаи махрум  сохтан аз озоди зиёдтар бошанд.

5)  Нисбати шахсоне, ки чазояшон ба чзои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, шартан пеш аз мухлат аз адои чазо озод кардан мувофики коидахои пешбининамудаи моддаи 91 хамин Кодекс татбик карда мешавад.

6) Агар шахсе,  ки чазояш ба чазои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, дар давоми кисми адонашудаи чазо касдан чинояти нав содир кунад, суд мувофики коидахои дар моддахои 68 ва 88 хамин Кодекс пешбинигардида ба у чазо таъин менамояд.

7) Дар мавриди аз тарафи махкумшуда пурра талофи намудани зарари модди, тартиби пешбининамудаи кисми 8 моддаи 49 хамин Кодекс татбик карда мешавад. (КЧТаз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 93. Мухлати  ба чавобгарии чинояти  кашидан ва  ичрои хукм

 

Мухлати ба чавобгарии чинояти    кашидан ва  ичрои хукми айбдоркунии  дар моддахои 75 ва 81 хамин Кодекс пешбинигардида хангоми аз чавобгарии чинояти ё аз адои мухлати чазо озод намудани ноболигон нисфи он ихтисор карда мешавад.

 

Моддаи 94. Мухлати бархам додани доги  суди

 

Барои шахсоне,  ки то синни хаждахсолаги чиноят содир кардаанд, мухлати дар кисми сеюми моддаи 84 хамин Кодекс пешбинигардидаи бархам додани доги суди ихтисор гардида, мутобикан баробар аст  ба:

а) як сол пас аз адо намудани мухлати махрум сохтан аз озоди барои чинояти начандон вазнин ё  дарачаи миёна;

б) се сол пас аз адо намудани мухлати махрум сохтан аз озоди барои чиноятхои вазнин ё махсусан вазнин.

 

Моддаи 95. Татбики мукаррароти хамин боб  нисбати шахсони аз  хаждах то бистсола

 

Дар холатхои истисно, бо дарназардошти кирдори содиршуда ва шахсият,  суд метавонад  нисбат ба  шахсоне, ки дар    синни аз хаждахсолаги то бистсолаги чиноят содир намудаанд, мукаррароти хамин бобро татбик намояд, ба гайр аз дар муассисаи тарбияви ё табобатию тарбияви барои ноболигон чойгир кардани онхо.

 

ФАСЛИ VI. ЧОРАХОИ МАЧБУРИИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТИББИ 

БОБИ 15. МАКСАД, АСОС, ТАЪИН КАРДАНВА ТАРТИБИ ТАТБИКИ ЧОРАХОИ МАЧБУРИИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТИББИ

 

Моддаи 96. Максади татбики чорахои мачбурии  дорои хусусияти тибби

 

Максад аз татбики чорахои мачбурии дорои  хусусияти тибби – ин муоличаи шахсоне, ки дар кисми 1 моддаи 97 хамин Кодекс зикргардида ё бехбуди холати рухии онхо, инчунин пешгирии кирдорхои наве, ки метавонад аз чониби онхо содир шавад ва дар Кисми махсуси хамин Кодекс пешбини гардидааст, иборат  мебошад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1330).

 

Моддаи 97. Асосхо барои татбики чорахои  мачбурии дорои хусусияти тибби

 

1) Чорахои мачбурии дорои хусусияти тиббиро суд метавонад ба шахсони зерин таъин намояд, ки кирдорхои дар хамин Кодекс пешбинигардидаро дар холатхои зерин содир намудаанд;

а) дар холати номукаллафи;

б) пас аз содир намудани чиноят мубталои беморихои рухие гардидаанд, ки таъин ё ичрои чазоро имконнопазир месозанд;

в) дар холати чой доштани мукаллафии махдуд;

г) чиноят содир намуда, мухточи табобат аз майзадаги, нашъаманди, токсикомания ё бемории сил, мебошанд (КЧТаз 23.11.15 с., №1228; КЧТ аз 23.07.16 с., №1330).

2) Тартиби ба ичро расонидани чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби бо  санадхои меъёри хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

3) Нисбати шахсони дар кисми якуми хамин модда номбаршудае, ки чинояти начандон вазнин содир намудаанд, инчунин шахсоне, ки аз руи холати рухияшон хавфе надоранд, суд метавонад маводхои заруриро ба макомоти тандурусти барои халли масъалаи табобати ин шахсон ё фиристонидани онхо ба муассисахои беморихои руху асаб мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ирсол намояд.

 

Моддаи 98. Намуди чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби

1) Суд намудхои зерини чорахои мачбурии дорои хусусияти тиббиро таъин карда метавонад:

а) назорати мачбурии амбулатори ва табобат дар назди духтури беморихои рухи (психиатр);

б) табобати мачбури дар шифохонаи умумии беморихои рухи;

в) табобати мачбури дар шифохонаи махсус- гардонидашудаи беморихои рухи;

г) табобати мачбури дар шифохонаи махсусгардонидашудаи беморихои рухи тахти назорати пуршиддат.

2) Ба шахсоне, ки барои дар холати мукаллафи содир намудани кирдорхои пешбининамудаи хамин Кодекс махкум шудаанд, вале ба табобати майзадаги, нашъаманди, токсикомания ё бемории сил ва ё беморихои рухии мукаллафиро истиснонакунанда эхтиёч доранд, суд дар баробари чазо чораи мачбурии дорои хусусияти тиббиро дар шакли назорати мачбурии амбулатори ва табобатро дар назди духтури беморихои рухи ё сил таъин карда метавонад. (КЧТаз 23.11.15 с., №1228; КЧТ аз 23.07.16 с., №1330)

 

Моддаи 99. Таъин намудани чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби

 

1) Дар холати чой доштани асосхои пешбининамудаи моддаи 97 хамин Кодекс, агар шахс тибки холати рухии худ барои чойгиркуни дар шифохонаи беморихои рухи эхтиёч надошта бошад, мумкин аст назорати мачбурии амбулатори ва табобат дар назди духтури беморихои рухи таъин карда шавад.

2) Дар холати чой доштани асосхои пешбининамудаи моддаи 97 хамин Кодекс, агар хусусият ва вазнинии бемории рухии шахс чунин шароити табобат, нигохубин, нигохдори ва назоратро талаб кунад, ки танхо дар шароити шифохона имконпазир бошад, метавонад табобати мачбури дар шифохонаи беморихои рухи таъин карда шавад.

3) Табобати мачбури дар шифохонаи умумии беморихои рухи танхо ба шахсе таъин кардан мумкин аст, ки аз руи холати рухии худ ба чой кардан дар шифохона эхтиёч дорад, вале назорати пуршиддатро талаб намекунад.

4) Табобати мачбури дар шифохонаи махсусгардонидашудаи беморихои рухи ба шахсе таъин кардан мумкин аст, ки аз руи холати рухии худ назорати доимиро талаб мекунад.

5) Табобати мачбури дар шифохонаи махсусгардонидашудаи беморихои рухи тахти назорати пуршиддат метавонад ба шахсе таъин карда шавад, ки аз руи холати рухиаш барои худ ва шахсони дигар махсусан хавфнок буда, назорати доимию шадидро талаб мекунад.

 

Моддаи 100. Дароз кардани мухлат, тагйир додан ва катъ намудани татбики чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби

 

1) Дароз кардани мухлат, тагйир додан ва катъ намудани татбики чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби дар асоси хулосаи комиссияи духтурони беморихои рухи аз чониби суд ба амал бароварда мешавад.

2) Дар холати ба татбики чорахои мачбурии  дорои  хусусияти тибби эхтиёч надоштани шахси рухан бемор, инчунин дар холати бекор карда шудани онхо суд метавонад чунин шахсро барои халли масъалаи тибки асосхои умуми табобат кардан ба макомоти тандурусти супорад ё ба муассисаи таъминоти ичтимои фиристад ё ин ки  уро бо шарти назорати хатмии духтурон ба парастории хешовандон ё васиён дихад.

 

Моддаи 101. Татбики чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби нисбати шахсони гирифтори майзадаги, нашъаманди, токсикомания ё бемории сил

(КЧТ аз 23.11.15 с., №1228; КЧТ аз 23.07.16 с., №1330)

 

1) Дар холати чиноят содир намудани шахсони гирифтори майзадаги, нашъаманди, токсикомания ё бемории сил суд дар холати мавчуд будани хулосаи тибби метавонад дар баробари чазо ба онхо чорахои мачбурии дорои хусусияти тиббиро низ таъин намояд (КЧТаз 23.11.15 с., №1228; КЧТ аз 23.07.16 с., №1330).

2) Шахсони дар кисми якуми хамин модда номбаршудае, ки ба намуди чазои махрум сохтан аз озоди вобастанабуда махкум шудаанд, бояд дар муассисахои тибби мачбуран табобат карда шаванд.

3) Шахсони дар кисми якуми хамин модда номбаршудае, ки ба махрум сохтан аз озоди махкум шудаанд, бояд дар махалли адои чазо ва пас аз озод шуданашон, дар холати чой доштани зарурат барои идома додани табобат, тибки асосхои умуми дар муассисахои тибби табобат карда шаванд.

 

Моддаи 102.  Ба хисоб гарифтани вакти татбики чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби

 

Мухлате, ки дар давоми он ба шахси пас аз содир намудани чиноят ба бемории рухи гирифторшуда чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби татбик шудаанд, дар холати шифо ёфтани у ва таъин шудани чазо ё баркарор намудани татбики он, ба хисоби   як рузи дар шифохонаи беморихои рухи баробар ба як рузи махрум сохтан аз озоди ба мухлати чазо хисоб карда мешавад.

 

Моддаи 103. Табобати мачбури якчоя бо татбики чазо

 

1) Дар холатхои пешбининамудаи кисми дуюми моддаи 98 хамин Кодекс чорахои мачбурии дорои хусусияти тибби дар махалли адо намудани чазои махрум сохтан аз озоди ва нисбати шахсони ба намудхои дигари чазо махкумшуда бошад дар муассисахои макомоти тиббие ба ичро расонида мешаванд, ки ба беморони рухи кумаки амбулатории психиатри мерасонанд.

2) Дар асоси хулосаи комиссияи духтурони беморихои рухи суд метавонад чунин шахсро чихати табобат ба шифохонаи беморихои рухи ё муассисаи дигари табобати фиристад , агар ин ба  холати рухии махкумшуда асос ёфта, ба манфиати табобат бошад.

3) Вакти табобат дар муассисахои нобурда ба мухлати адои чазо хисоб карда мешавад. Дар холати аз байн рафтани зарурати табобати махкумшуда дар муассисахои номбурда,  у бо карори суд мувофики тартиби пешбининамудаи кисми чоруми  хамин модда, барои адои мухлати бокимондаи  чазо фиристода мешавад.

4) Чораи мачбурии дорои хусусияти тиббии якчоя бо ичрои чазо таъингардидаро суд бо пешниходи макомоти татбиккунандаи чазо, дар асоси хулосаи комиссияи духтурони беморихои рухи,  катъ мекунад.

 

КИСМИ МАХСУС 

ФАСЛИ VII. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ШАХСИЯТ 

БОБИ 16. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ХАЁТ ВА САЛОМАТИ

 

Моддаи 104. Одамкуши

 

1) Одамкуши, яъне касдан аз хаёт махрум сохтани одами дигар,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то понздах сол чазо дода мешавад.

2) Куштани:

а) ду шахс ё бештар аз он;

б) шахс ё наздикони у вобаста бо фаъолияти хизмати ва ё карзи чамъиятиро ичро кардани у;

в) бараъло ноболиг ё шахсе, ки дар холати очизи карор доштани у барои гунахгор аён аст;

г) марбут ба одамрабои ё гаравгонгири;

д) зане, ки хомилагии у барои гунахгор аён аст;

е)  одам бо берахмии махсус;

ж) одам бо тарзи ба хаёти мардуми зиёд хавфнок;

з) одам аз чониби гурухи шахсон ё гурухи шахсон бо маслихати пешаки, гурухи муташаккил, иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти) ;

и) одам бо максади гаразнок ё кирояи зархаридон, инчунин марбут ба рохзани, тамаъчуи ё бандитизм;

к) одам аз хиссиёти авбоши;

л) одам бо нияти руйпуш намудани чинояти дигар ё осон кардани содир намудани он, инчунин марбут бо тачовуз ба номус ё кирдори зуроварии дорои хусусияти шахвони;

м) одам бо сабаби нафрат ё хусумати милли, нажоди, дини махалгарои ё интикоми хуни;

н) одам бо максади истифодаи аъзои бадан ё бофтахои чабрдида;

п)  хорич карда шудааст;

о) одам дар холати пешбининамудаи кисми дуюми моддаи 403 хамин Кодекс

п) одам дар холати рецидиви махсусан хавфнок ё такроран ба истиснои кирдорхои пешбининамудаи моддахои 105, 106 ва 107 хамин Кодекс,

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бисту панч сол бо мусодираи молу мулк ё якумра аз озоди махрум сохтан бо мусодираи молу мулк  чазо дода мешавад. (КЧТ аз 31.12.08с., №451).

 

Моддаи 105.  Кудаки навзоди худро куштани модар

 

1)  Кудаки навзоди худро куштани модар хангоми таваллуд ё бевосита пас аз он дар холати харбии асаб, ки бо сабаби таваллуд ба вучуд омадааст ё дар холати харобии рухие, ки мукаллафиро истисно намекунад,

– бо махдуд кардани озоди ба мухлати то  панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба  мухлати то се сол  чазо дода мешавад. (КЧТ аз 17.05.04 с., №35)

 

Моддаи 106. Одамкуши дар холати хаячони сахти рухи

 

1) Одамкуши дар холати хаяони сахти рухи (чунун), ки ногахон бо сабаби зуровари, тахкир ё дашноми кабех ё рафтори дигари зиддихукуки  ё бадахлоконаи чабрдида, инчунин дар холати давомдори харобкунандаи асаб бо сабаби рафтори мунтазами гайриконуни ё рафтории бадахлоконаи чабрдида ба вучуд омадааст,

– бо махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба ин мухлат чазо дода мешавад.

2) Дар холати чунун куштани ду ё бештар шахсон,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 107. Одамкуши дар холати аз хадди мудофиаи зарури баромадан ё дар холати баромадан аз хадди чорахое, ки барои дастгир намудани шахси чиноят содир карда заруранд

 

1) Одамкуши дар холати аз хадди мудофиаи зарури баромадан,-

бо махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

2) Одамкуши дар холати  баромадан аз хадди  чорахое, ки барои дастгир кардани шахси чиноят содирнамуда заруранд,

– бо махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

 

Моддаи 108. Аз беэхтиёти ба марг расондан

 

1) Аз беэхтиёти ба марг расондан,

– бо махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

2) Аз беэхтиёти ба марг расондан дар натичаи вазифаи касбии худро ба таври дахлдор  ичро накардани шахс, инчунин аз беэхтиёти ба марг расондани ду ва ё зиёда шахсон,

– бо махдуд кардани озоди ба мухлати аз ду то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат бо махрум сохтан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян  ба мухлати аз ду то панч сол ва ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 109. Ба худкуши расондан

 

1) Бо рохи тахдид, муомилаи берахмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси чабрдида ба худкуши ё суикасди  худкуши расонидани шахс,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор нисбати шахсе,ки аз чихати модди ё аз чихати дигар тобеи гунахгор мебошад ё ин ки дар хакки ноболиг  содир шудааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 110. Касдан расонидани зарари вазнин ба саломати

 

1) Касдан ба саломати расонидани зарари вазнине, ки барои хаёти инсон хавфнок мебошад ё боиси нобино, гунг, кар шудан ё талаф додани ягон узви бадан гардидааст ё  аз кор мондани ин узв, катъ гардидани хомиладори ё дар бадсуратии ислохнопазири руй ифода ёфтааст, инчунин расонидани зарари дигар ба саломати, ки барои хаёт хавфнок мебошад ё боиси харобшавии  зиёди саломатии марбут бо аз даст додани на камтар аз сеяки кобилияти умумии мехнати гардидаст ё гунахгор  баръало медонист, ки он боиси пурра аз даст додани кобилияти мехнатии касби ё бемории рухи, нашъаманди ва ё токсикомания мегардад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар он:

а) нисбати ду ва ё зиёда шахсон;

б) нисбати шахс ё наздикони у вобаста бо фаъолияти хизмати ва ё карзи чамъиятиро ичро намудани у;

в)  нисбати шахси баръало ноболиг ё шахсе,  ки дар холати очизи карор доштани у барои гунахгор аён аст;

г) нисбати шахси рабудашуда ё гаравгон;

д)  хорич карда шудааст;

д) бо берахмии махсус;

е) бо усули хатари умумидошта;

ж) аз чониби гурухи шахсон ё гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

з) дар чараёни бетартибихои оммави;

и) бо нияти гаразнок ё бо кирояи зархаридон;

к) бо хиссиёти авбошона;

л) бо максади руйпуш намудани чинояти дигар ё осон кардани содир намудани он, инчунин марбут бо тачовуз ба номус ё кирдори зуроварии дорои хусусияти шахвони;

м) бо сабаби нафрат ё хусумати милли , нажоди, дини, махалгарои ё интиком;

н) бо максади истифодаи аъзои бадан ё бофтахои чабрдида;

о) такроран ё аз чониби шахсони каблан барои одамкуши махкумшуда содир гардидааст, ба истиснои кирдорхои пешбининамудаи моддахои 105, 106 ва 107 хамин Кодекс,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол ва мусодираи молу мулк ё бидуни он чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар онхо:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) дар холати рецидиви хавфнок содир  гардида бошанд;

в) аз беэхтиёти боиси фавти чабрдида гардида бошанд,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то понздах сол ва мусодираи молу мулк чазо дода мешавад. (КЧТ аз 31.12.08с., №451)

 

Моддаи 111. Касдан расонидани зарари  миёна ба саломати

 

1) Касдан расонидани зарари миёна ба саломати, ки барои хаёт хавфнок набуда ва окибатхои дар моддаи 110 хамин Кодекс пешбинишударо ба миён наовардааст,  вале боиси харобшавии  тулонии саломати ё  ба таври устувору назаррас аз даст додани  камтар аз сеяки кобилияти умумии мехнати шудааст,

– бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдоре, ки:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон;

б) нисбати шахс ё наздикони у вобаста бо фаъолияти хизмати ё карзи чамъиятиро ичро намудани у;

в) аз чониби гурухи шахсон ё гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

г) бо берахмии махсус;

д) дар чараёни бетартибихои оммави;

е) бо сабаби нафрат ё хусумати милли, нажоди, дини, махалгарои ё интиком;

ж) такроран ё аз чониби шахси каблан содирнамудаи чинояти касдан расонидани зарари вазнин ба саломати ё одамкушии пешбининамудаи моддахоии 104 ва 110 хамин Кодекс содир гардидааст,

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 112. Касдан расонидани зарари  сабук ба саломати

 

Расонидани зарари сабук ба саломати, ки боиси ба мухлати кутох хароб шудани саломати ё андаке ба таври устувор аз даст додани кобилияти мехнат гардидааст,

бо корхои хатми ба мухлати аз хаштод то яксаду шаст соат ё бо чарима ба андозаи то сесад нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол  ё хабс ба мухлати то чор мох чазо дода мешавад.

 

Моддаи 113. Касдан расонидани зарар ба саломати дар холати хаячони сахти рухи

 

1) Касдан расонидани зарари миёна ба саломати дар холати хаячони сахти рухи (чунун), ки ногахон дар асари зуровари, тахкир ё дашноми кабех ё рафтори дигари зиддихукуки ё бадахлоконаи чабрдида, инчунин дар холати давомдори харобкунандаи асаб бо сабаби кирдори мунтазами гайриконуни ё рафтори бадахлоконаи чабрдида ба вучуд омадааст,

– бо  корхои хатми ба мухлати аз сад то яксаду хаштод соат ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махдуд кардани озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

2) Касдан расонидани зарари вазнин ба саломати, ки дар холатхои дар кисми якуми хамин модда зикргардида содир шудааст,

– бо махдуд кардани озоди ба мухлати то се  сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 114. Касдан расонидани  зарари  вазнин ба саломати дар холати баромадан аз хадди мудофиаи зарури

 

Касдан расонидани зарари вазнин ба саломати дар холати баромадан аз хадди мудофиаи зарури,

– бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол ва ё махрум сохтан аз озоди  ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

 

Моддаи 115.  Касдан расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломати дар холати баромадан аз хадди чорахои зарури хангоми дастгир кардани шахси чиноят содирнамуда

 

1) Касдан расонидани зарари миёна ба саломатии шахси содирнамудаи чиноят дар холати  баромадан аз хадди чорахое, ки барои дастгир кардани у заруранд,

– бо корхои хатми ба мухлати то яксаду чил соат ё бо чарима ба андозаи то дусад нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Касдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси содирнамудаи чиноят дар холати  баромадан аз хадди чорахое, ки барои дастгир кардани у заруранд,

– бо махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

 

Моддаи 116. Лату куб

 

Лату куб ё  содир намудани харакати  дигари зуровари, ки дарди чисмони расонидаанд, вале боиси окибатхои дар моддаи 112 хамин Кодекс зикршуда нагардидаанд,

– бо корхои хатми ба мухлати то яксаду бист соат ё бо чарима  ба андозаи то сесад нишондиханда барои хисобхо ё  корхои ислохи ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 117. Азобу укубат

 

1) Азобу укубати чисмони ё рухи бо рохи лату куби мунтазам ё бо усули дигари зуровари, агар он боиси окибатхои дар моддахои 110 ва 111 хамин Кодекс зикршуда нагардида бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдоре, ки:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон;

б) нисбати шахс ё наздикони у вобаста бо фаъолияти хизмати ва ё карзи чамъиятиро ичро намудани у;

в) нисбати  бараъло ноболиг ё шахсе, ки нотавон будани у барои гунахгор аён аст, ё шахсе, ки аз чихати модди ё аз чихати дигар вобастаи гунахгор аст, инчунин шахси  рабудашуда  ё гаравгон гирифташуда;

г) нисбати зане, ки хомила будани у барои гунахгор аён аст;

д) аз чониби гурухи шахсон ва гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

е) аз руи кирояи зархаридон;

ж) бо сабаби нафрат ё хусумати милли, нажоди, дини, махалгарои ё интиком  содир шудааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз  се то хафт сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 118. Аз беэхтиёти расонидани зарари  вазнин ба саломати

 

1) Аз беэхтиёти расонидани зарари вазнин ба саломати,

– бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдоре, ки дар натичаи ухдадорихои касбии худро ба таври лозими ичро накардани шахс содир шудааст ё аз беэхтиёти расонидани  зарари вазнин ба саломатии ду ё зиёда шахсон,

– бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян  ба   мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 119. Аз беэхтиёти расонидани зарари  миёна ба саломати

1) Аз беэхтиёти расонидани зарари миёна ба саломати,

– бо  корхи хатми ба мухлати аз як саду бист то дусад соат ё бо  чарима  ба андозаи аз сад то чорсад нишондиханда барои хисобхо ё  махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдоре, ки дар натичаи ухдадорихои касбии худро ба таври лозими ичро накардани шахс содир шудааст ё аз беэхтиёти расонидани зарари миёна ба саломатии ду ё зиёда шахсон,

– бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

 

Моддаи 120.  Тахдиди куштан ё расонидани  зарари вазнин ба саломати

 

Тахдиди куштан ё расонидани  зарари  вазнин  ба  саломати, агар барои амали гаштани ин тахдид асоси тарсу харос мавчуд бошад,

– бо  махдуд  кардани озоди ба мухлати то ду сол  ё хабс ба мухлати аз чор то шаш мох ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 121. Вайрон кардани коидахои  чаррохии трансплантация

 

1) Вайрон кардани шарту тартиби бурида гирифтани аъзо ё бофтахои бадани инсон ё шарту тартиби дар конун пешбинигардидаи трансплантация, ки боиси аз беэхтиёти расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломатии донор ё реципиент гардидааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки аз беэхтиёти боиси марги чабрдида гардидааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 122. Мачбур кардан барои гирифтани узвхо ё бофтахои бадани инсон барои трансплантатсия

 

1) Мачбур кардан барои гирифтани узвхо ё бофтахои бадани чабрдида барои трансплантатсия, ки бо рохи истифодаи зуровари ё тахдиди истифодаи он нисбати у ё наздиконаш ё бо рохи тахдиди несту нобуд кардани молу мулки у содир шудааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол ва махрум сохтан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) нисбати шахсе, ки нотавонии у барои гунахгор аён аст ё шахси тахти вобастагии модди ё тобеияти дигари гунахгор карордошта;

б) нисбати шахси  баръало  ноболиг;

в) нисбати ду ё зиёда шахсон содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати панч сол ва махрум сохтан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати аз се то панч сол чазо дода мешавад.

3) Кирдори дар кисми якум ё дуюми хамин модда пешбинигардидае, ки аз чониби:

а) гурухи шахсон ё гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

б) гурухи муташаккил ё иттиходияи чинояти (ташкилоти чинояти) содир шудааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз  панч то дах сол ва махрум сохтан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 123. Искоти гайриконунии хамл (аборт)

 

1) Искоти гайриконунии хамл аз чониби шахси дорои тахсилоти олии тиббии риштаи дахлдор,

– бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Искоти хамл аз чониби шахсе, ки тахсилоти олии тиббии риштаи дахлдор надорад ё шахси каблан барои искоти гайриконунии хамл судшуда содир шуда бошад,

– бо  чарима ба андозаи аз панчсад то хафтсад нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

3) Харакатхои дар кисмхои якум ё дуюми хамин модда пешбинигардида, агар онхо аз беэхтиёти боиси марги чабрдида ё расонидани зарари вазнин ба саломатии у гардида бошанд,

– бо махрум кардан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол  ва махрум сохтан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 124. Ба искоти хамл мачбур  сохтани зан

 

Ба искоти хамл мачбур сохтани зан, агар дар натича искоти хамл ба амал бароварда шавад,

– бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

 

Моддаи 125. Сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам

   (КЧТаз 23.07.16 с., №1330)

 

1) Дидаю дониста, тахти хавфи сироят бо вируси норасоии масунияти одам гузоштани шахси дигар (КЧТаз 23.07.16 с., №1330),

– бо махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол, ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то  ду сол чазо дода мешавад.

2) Бо вируси норасоии масунияти одам сироят кардани шахси дигар аз чониби шахсе, ки мубталои ин бемори будани худро медонист (КЧТаз 23.07.16 с., №1330),

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати  аз ду то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 17.05.04 с., №35)

3) Кирдори пешбининамудаи кисми дуюми хамин модда, ки:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон;

б) нисбати шахси баръало ноболиг содир шудааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати  аз панч то дах  сол чазо  дода мешавад. (КЧТ аз 17.05.04 с., №35)

 

Моддаи 126. Сироят кардан бо касалии зухрав

 

1) Бо касалии зухрави сироят кардани шахси дингар аз чониби шахсе, ки мубталои ин бемори будани худро медонист,

– бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати аз як то ду сол  чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон;

б) нисбати шахси баръало ноболиг содир шуда бошад,

– бо чарима ба андозаи аз  панчсад то хафтсад нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати   то  ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 127. Дар хатар монондан

 

1) Дидаю дониста нарасонидани ёри ба шахсе, ки дар вазъияти барои хаёт ё саломатиаш хавфнок карор дорад ва аз сабаби хурдсоли, пиронсоли, бемори ё аз сабаби очизии худ имконияти андешидани чорахои худмухофизатиро надорад, хангоме, ки шахси гунахгор  метавонист ба ин шахс ёри расонад ва вазифадор буд нисбати у гамхори зохир намояд ё худаш  уро дар холати барои хаёт ё саломатиаш хатарнок гузоштааст,

– бо корхои хатми ба мухлати аз яксаду чил то дусаду чил соат ё бо чарима ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад

2) Хамин кирдор, агар аз беэхтиёти боиси марги чабрдида гардида бошад,

– бо махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян  ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

3) Хамин кирдор, ки аз беэхтиёти:

а) боиси марги одамон;

б) боиси дигар окибатхои вазнин гардидааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то хашт сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати  то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 128. Ёри нарасонидан ба бемор

 

1) Бидуни сабабхои узрнок ёри нарасондан ба бемор аз чониби шахсе, ки вазифадор буд мутобики конун ё коидахои махсус ёри расонад ва он аз беэхтиёти боиси ба саломатии бемор расонидани зарари   миёна гардидааст,

– бо корхои хатми ба мухлати аз яксаду хаштод то дусаду чил соат ё  бо чарима ба андозаи аз сесад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати аз ду то панч сол ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар аз беэхтиёти марги бемор шуда бошад ё ба саломати зарари вазнин расонда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол ва махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба хамин мухлат ё махрум карда аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати аз панч то дах сол бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо чазо дода мешавад.

 

Моддаи 129. Аз чониби корманди тиб номатлуб ичро гардидани вазифаи касби

 

1) Ичро накардан ё номатлуб ба чо овардани вазифахои касби аз чониби корманди тиб бинобар муносибати бепарвоена ё беинсофона, ки аз сабаби чунин беэхтиёти ба саломатии бемор зарари миёна расонида шудааст,

– бо корхои хатми ба мухлати аз яксаду хаштод то дусаду чил соат ё бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар он бинобар беэхтиёти боиси расонидани зарари вазнин ба саломати ё марги бемор ё мубталои вируси норасоии масунияти одам гардидани бемор шуда бошад (КЧТаз 23.07.16 с., №1330),

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати  аз се то панч сол  бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

3) Хамин кирдор, ки аз беэхтиёти:

а) боиси марги одамон;

б) дигар окибатхои вазнин гардидааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хафт сол  бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол  чазо дода мешавад.

 

БОБИ 17. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ОЗОДИ, ОБРУ ВА ЭЪТИБОРИ ШАХСИЯТ

 

Моддаи 130.  Одамрабои

 

1) Одамрабо, яъне пинхони, ошкоро, бо рохи фиреб ё суиистифодаи бовари ё бо истифодаи зуровари, ё тахдиди истифодаи зуровари, зиддихукуки ба даст овардани шахс хангоми мавчуд набудани аломатхои чинояти дар моддаи 181 хамин Кодекс пешбинишуда,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки:

б) такроран ё аз чониби шахсе, ки каблан чинояти пешбининамудаи моддахои  1301; 131 ва 181 хамин Кодексро содир кардааст;

в) бо истифодаи зуроварии барои хаёт ва саломати хавфнок ё бо тахдиди истифодаи чунин зуровари;

г) бо истифодаи силох ё предмете, ки ба сифати силох истифода мешавад;

д) нисбати шахси баръало ноболиг;

е) нисбати зане, ки гунахгор баръало аз хомиладор будани у огох буд;

ж) нисбати ду ё зиёда шахсон;

з) бо гарази шахси содир шудааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол чазо дода мешавад.

3) Кирдорхое, ки  дар кисмхои якум ё дуюми хамин модда пешбини шудаанд, агар онхо:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) бо максади шахвони ё усули дигар истисмор намудани шахси дуздидашуда;

в) бо максади гирифтани аъзои бадан ё бофтахои чабрдида барои трансплантатсия;

г) дар холати рецидиви махсусан хавфнок:

д) аз беэхтиёти боиси марги чабрдида ё дигар окибатхои вазнин гашта бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то бист сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Шахсе, ки   одами рабудаашро ё гайриконуни аз озоди махрум кардаашро ихтиёри озод мекунад,  агар дар кирдори у таркиби чиноятхои дигар мавчуд набошад, аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад.

 

Моддаи 130.1 Хариду фуруши одамон

1) Хариду фуруши одамон, яъне бо максади суиистифода (суиистифодаи фохишагарии дигар шахсон ё дигар шакли суиистифодаи шахвоният, кор ё хизматрасонии мачбури, гуломи ё расму одатхои ба гуломи хамшабех, холати ноилочи ё гирифтани узв ва (ё) бофта) – чалбкуни, интикол, супоридан, пинхонкуни ё гирифтани одамон бо рохи тахдиди зури ё истифодаи он ё дигар шаклхои мачбурсози, дузди, каллоби, фиреб, суиистифодаи мансаб ё холати заифи, ё бо рохи ришва додан дар шакли пардохт ё фоида барои гирифтани розигии шахсе, ки дигар шахсро назорат мекунад,содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад. (КЧТ аз 5.01.08 с., №339)

2) Кирдорхое, ки дар кисми якуми хамин модда пешбини шудаанд, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) нисбати ду ё зиёда шахс;

г) бо истифодаи зури ё тахдиди истифодаи он;

д) бо максади аз чабрдида гирифтани узв ё бофтахои бадан барои трансплантатсия;

е) аз тарафи шахси мансабдор ё намояндаи хокимият бо истифодаи вазифахои хизмати, ё дигар шахсе, ки дар ташкилотхои тичорати, ё дигар ташкилотхо вазифаи идоракуниро ичро мекунад;

ё) бо чойивазкунии чабрдида таввасути сархади давлатии Чумхурии Точикистон содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз  хашт то дувоздах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

3) Кирдорхое, ки дар кисмхои якуми ва дуюми  хамин модда пешбини шудаанд, агар:

а) боиси марги чабрдидаихариду фуруши одамон ва ё дигар окибатхои вазнин гардида бошад;

б) аз чониби гурухи муташаккил;

в) дар холати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз  дувоздах то понздах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

 

Эзох: Шахсе,ки кирдорхои дар кисмхои якуми ва дуюми  хамин модда пешбиншударо содир карда бошад, агар ихтиёран ба макомотхои дахлдор хабар дода, чабрдида хариду фуруши одамонро озод карда бошад, ба шарте дар кирдорхои у таркиби чинояти дигар мавчуд набошад, аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад.

 

Моддаи 1302. Истифодаи мехнати гуломона

 

1) Истифодаи мехнати инсон, ки нисбат ба он ваколатхои ба хукуки моликият хосбуда амали мешаванд, дар холате, ки агар шахс бо сабабхои аз вай вобастанабуда ичрои корро(хизматрасониро)рад карда наметавонад,

– бо махрум сохтан  аз озоди ба мухлати то панч  сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон;

б) нисбати маъюбон;

в) нисбати зане, ки хомила будани у барои гунахгор аён аст ё нисбати шахси баръало ноболиг;

г) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки; 

д) аз чониби шахс бо истифодаи макоми хизматиаш;

е) бо рохи истифодаи иръоб (шантаж), зуровари ё тахдиди истифодаи он;

ж) бо кашида гирифтан, пинхон намудан ё нобуд кардани хуччатхои  тасдиккунандаи  шахсияти  чабрдида   содир  шудааст,

– бо махрум  сохтан  аз озоди ба мухлати аз панч то хашт  сол  чазо дода мешавад. 

3) Кирдорхои дар кисмхои якум ё дуюми хамин модда пешбинигардида, агар онхо:

а) аз чониби гурухи муташаккил содир шуда бошанд;

б) аз беэхтиёти боиси марги чабрдида ё дигар окибатхои вазнин гардида бошанд,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол  чазо дода мешаванд.

(КЧТ аз 14.03.14 с., № 1066)

 

Моддаи 131. Гайриконуни махрум кардан  аз озоди

 

1) Гайриконуни махрум кардан аз озоди, ки ба одамрабои ё гасби гаравгон  алокаманд намебошад,-

бо махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол, ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

б) такроран ё аз чониби шахсе, ки каблан чинояти пешбининамудаи моддахои 130, 1301, ва 181 хамин Кодексро содир кардааст;

в) ба истифодаи усули барои хаёт ва саломати хавфнок;

г) ба истифодаи силох ё предмете, ки ба сифати силох истифода мешавад;

д) нисбати шахси баръало ноболиг;

е) нисбати зане, ки гунахгор баръало аз хомиладор будани у огох буд;

ж) нисбати ду ё зиёда шахсон содир шудааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол чазо дода мешавад.

3) Кирдори дар кисмхои якум ё дуюми хамин модда пешбинишуда, агар:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) бо максади шахвони ё усули дигар истисмор намудани шахси гайриконуни аз озоди махрумшуда;

в) аз беэхтиёти боиси марги чабрдида ё дигар окибатхои вазнин гашта бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 132. Чалби одамон барои истисмор

 

1) Чалби одамон бо максади шахвони ё бо тарзи дигар истисмор намудани онхо,

– бо  чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба  хамон мухлат чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар: 

а) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

б) нисбати шахси баръало ноболиг;

в) такроран содир шуда бошад,

– бо чарима ба андозаи аз як хазор то як хазору панчсад нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

3) Кирдоре, ки  дар кисмхои якум ё дуюми хамин модда пешбини шудаанд, агар онхо:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) бо максади аз худуди Чумхурии Точикистон бурдани чунин шахсон;

в) дар холати рецидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дувоздах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 133. Гайриконуни чойгир намудан дар  шифохонаи беморихои рухи

 

1) Гайриконуни дар  шифохонахои беморихои рухи чойгир намудани шахсе, ки мухточи чунин шакли муолича намебошад ё гайриконуни нигох доштани у дар ин шифохона,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз як то панч сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) бо гарази шахси;

б) аз чониби шахс бо истифодаи макоми хизмати;

в) аз беэхтиёти боиси марги чабрдида гардидааст ё  боиси дигар окибатхои вазнин гашта бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз  панч  то  хашт сол ва махрум сохтан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 134. Мачбуркуни

 

Мачбур намудани шахс барои ичро кардан ё  ичро  накардани ягон харакат, ки бо тахдиди истифодаи  зуровари нисбати у ё нисбати дигар шахсони ба у наздик, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки онхо, пахн кардани маълумоти тухматангез ё ифшо намудани дигар маълумоте, ки онхо онро нихон доштан мехоханд ва ё бо рохи тахдиди поймол намудани хукук, озоди ва мафиатхои конунии ин шахсон, бидуни аломатхои чиноятхои нисбатан вазнин содир шуда бошад,

– ба корхои хатми ба мухлати аз яксаду хаштод то дусаду чил соат ё бо чарима ба андозаи аз дусад то пачсад нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

 

Моддахои 135 ва 136 бо КЧТ аз 3.07.12 с., № 844 хорич шуд.

 

Моддаи 137. Тахкири оммавии Президенти  Чумхурии Точикистон ё тухмат кардан ба у

 

1) Тахкири оммавии Президенти Чумхурии Точикистон ё тухмат кардан ба у,

– бо чарима ба андозаи аз сад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё ба корхои ислохи ба мухлати то як сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор бо истифодаи матбуот  дар воситахои ахбори омма ё дар шабакаи интернет содир шуда бошад,

– бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 1371. Тахкири оммавии Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат ё тухмат кардан ба у

(КЧТ аз 14.11.16 с., №1358)

 

1) Тахкири оммавии Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат ё тухмат кардан ба у, –

бо чарима ба андозаи аз сад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати то як сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар бо истифодаи матбуот, дигар воситахои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад, –

бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1358)

 

БОБИ 18. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ОЗОДИИ ЧИНСИ ВА ДАХЛНОПАЗИРИИ ЧИНСИ

 

Моддаи 138. Тачовуз ба номус

 

1) Тачовуз ба номус, яъне алокаи чинси бо истифодаи зуровари ё тахдиди истифодаи он нисбати зан ё нисбати дигар шахсони ба у наздик  ё бо истифода аз вазъияти очизонаи зан,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то хафт сол чазо дода мешавад.

2) Тачовуз ба номусе, ки;

а) такроран ё аз чониби шахсе, ки каблан чинояти пешбининамудаи моддаи 139 хамин Кодексро содир кардааст;

б) аз тарафи гурухи шахсон ё гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) бо берахмии махсус нисбат ба чабрдида ё дигар шахсони ба у наздик;

г) боиси ба касалии зухрави мубтало гардидании чабрдида шудааст;

д) нисбат ба духтари баръало ноболиг;

е) нисбати ду ё зиёда шахсон содир шудааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хафт то дувоздах сол чазо дода мешавад.

3) Тачовуз ба номусе, ки;

а) нисбат ба духтари баръало ба синни чордахсолаги нарасида ё хеши наздик;

б) дар холати рецидиви махсусан хавфнок;

в) аз чониби гурухи муташаккил;

г) бо истифода аз вазъияти бадбахтии умуми ё дар чараёни бетартибихои оммави ё ба окибатхои вазнин оварда расонда бошад;

д) бо истифодаи силох ё тахдиди истифодаи он ё предмете, ки ба сифати силох хизмат мекунад, содир шудааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то бисту панч сол ё чазои катл  ё якумра аз озоди махрум сохтан чазо дода мешавад.

 

Моддаи 139. Харакати зуроварии дорои  хусусияти шахвони

 

1) Бачабози, чимои зан бо зан (лесбиянство) ё дигар харакати дорои хусусияти шахвони дошта, ки бо истифодаи зуровари ё тахдиди истифодаи он нисбати чабрдида ё дигар шахсони ба у наздик ё истифодаи вазъияти очизонаи чабрдида анчом дода шудааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хафт сол чазо дода мешавад.

2) Хамин харакат, агар:

а) такроран ё аз чониби шахси каблан тачовус ба номусро содиркарда;

б) аз тарафи гурухи шахсон ё гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) бо берахмии махсус нисбат ба чабрдида ё дигар шахсони ба у наздик содир шуда бошад;

г) боиси ба касалии зухрави гирифтор шудани чабрдида гардидааст;

д) нисбат ба шахси баръало ноболиг анчом дода шудааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати  аз хафт то дах сол чазо дода мешавад.

3) Хамин харакат, агар:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон;

б) нисбат ба хеши наздик содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то понздах сол чазо дода мешавад.

4) Харакате, ки дар кисмхои якум ё дуюми хамин модда пешбини шудааст, агар:

а) нисбат ба шахси баръало ба синни чордахсолаги нарасида;

б) дар холати рецидиви махсусан хавфнок;

в) аз чониби гурухи муташаккил;

г) бо истифода аз вазъияти бадбахтии умуми ё дар чараёни бетартибихои оммави содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бист сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 140.  Мачбур  намудан  ба  харакати дорои хусусияти шахвони

 

Мачбур намудани  шахс  ба  алокаи  чинси,  бачабози, чимои зан бо зан ё анчом додани дигар харакати дорои хусусияти шахвони бо рохи иръоб (шантаж) ё тахдиди несту нобуд, вайрон кардан ё кашида гирифтани молу мулк ё бо истифода аз тобеияти хизмати, молу мулки  ё дигар шакли вобастагии чабрдида,

– бо чарима ба андозаи аз панчсад то хафтсад нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи мехнати ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 141. Алокаи чинси ва дигар харакати дорои хусусияти шахвони бо шахсе, ки хануз ба синни шонздахсолаги нарасидааст

 

1) Алокаи чинси, бачабози, чимои зан бо зан ё дигар харакати дорои хусусияти шахвони бо шахсе, ки баръало ба синни шондахсолаги нарасидааст, хангоми мавчуд набудани аломатхои чинояти дар моддахои 138 ва 139 хамин Кодекс пешбинишуда,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

2) Хамин харакат, агар:

а) бо истифодаи макоми хизмати;

б) аз чониби падару модар, омузгор ё дигар шахси вазифахои тарбияви ба зиммааш гузошташуда содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 142. Харакати бадахлокона

 

1) Анчом додани харакати бадахлокона нисбат ба шахсе, ки баръало ба синни шонздахсолаги нарасидааст, хангоми мавчуд набудани аломатхои чинояти пешбининамудаи моддахои 138, 139 ва 140 хамин Кодекс,

– бо махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол ё бо махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

2) Хамин харакат, агар:

а) бо истифодаи зуровари ё тахдиди истифодаи он;

б) бо истифодаи макоми хизмати;

в) аз чониби падару модар, омузгор ё дигар шахси вазифаи тарбияви ба зиммаашон гузошташуда;

г) нисбат  ба шахси баръало ба синни чордахсолаги нарасида  ё хеши наздик содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол  бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 1421. Алокаи чинси, дигар харакатхои хусусияти шахвонидошта ё харакатхои бадахлокона бо суиистифода аз хиссиёт ва боварии дини

 

  1. Алокаи чинси, дигар харакатхои хусусияти шахвонидошта ё харакатхои бадахлокона, ки бо суиистифода аз хиссиёт ва боварии динии чабрдида ё дар раванди таълими дини содир шудааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то хафт сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

  • Хамин кирдор, агар нисбат ба шахси ноболиг содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад. (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274)

 

БОБИ 19. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ХУКУК ВА ОЗОДИХОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ИНСОН ВА ШАХРВАНД

 

Моддаи 143. Вайрон кардани баробархукукии шахрвандон

 

1)  Касдан бевосита ё бавосита вайрон намудан ё махдуд кардани хукук ва озодихо ё ин ки бевосита ё бавосита мукаррар намудани бартарии шахрвандон вобаста ба чинс, нажод, миллат, забон, баромади ичтимои, мавкеъи шахси, молу мулки ё мансаби, махалли истикомат, муносибат бо дин, акида, марбут будан ба хизбхои сиёси, иттиходяхои чамъияти, ки ба хукук ва мафиатхои конунии шахрванд зарар расонидааст,-

бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки аз чониби шахс:

а) бо истифодаи зуровари ё тахдиди истифодаи он;

б) бо истифодаи макоми хизматиаш содир шудааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол бо махрум сохтан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 1431. Шиканча

 

1)Касдан расонидани азобу укубати чисмони ва (ё) рухи, ки аз чониби шахсе, ки тахкик ё тафтишоти пешаки мегузаронад ё шахси мансабдори дигар ё бо тахрики онхо ё розигии хомушонаи онхо ё бо огохи доштани онхо аз чониби шахси дигар, бо максади аз шахси тахти шиканча карордошта ё шахси сеюм гирифтани маълумот ё икроршави ё чазо додани у барои харакате, ки  содир намудааст ё дар содир намудани он гумонбар шудааст, инчунин тарсонидан ё мачбур кардани у ё шахси сеюм ё бо сабаби дигаре, ки ба хар гуна табъиз (дискриминатсия) асос ёфтааст, содир шудааст, –

бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо ё махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) нисбати зане, ки хомиладории у барои гунахгор аён аст ё  шахси баръало ноболиг ё нисбати маъюб;

г) бо расонидани зарари миёна ба саломати содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати  то панч сол  чазо дода  мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи  кисмхои якум ва дуюми хамин модда, агар:

а) бо  расонидани зарари вазнин ба саломати содир шуда бошанд; 

б) аз беэхтиёти боиси марги чабрдида ё боиси дигар окибатхои вазнин  гардида бошанд, бо махрум сохтан  аз озоди ба мухлати аз дах то понздах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати  то панч сол  чазо дода мешаванд.  (КЧТ аз 16.04.2012с., №808)

 

Моддаи 144. Гайриконуни чамъ ва пахн кардани маълумот оид ба хаёти шахси

 

1) Гайриконуни чамъ кардан   ё пахн намудани маълумот оид ба хаёти шахси, ки сирри шахси ё оилавии шахси дигарро дар бар мегирад бидуни ичозати у, ё пахн кардани чунин маълумот дар баромадхои оммави, асар  дар воситахои ахбори омма ё дар шабакаи интернет, агар чунин кирдор бо гарази шахси ё хавасмандии шахси анчом дода шуда, ба хукук ва манфиатхои конунии шахрванд зарар расонда бошад, –

бо корхои хатми ба мухлати аз яксаду бист то яксаду хаштод соат ё бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати то як сол  чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки аз чониби шахс бо истифодаи макоми хизматиаш анчом дода шудаааст, –

бо чарима ба андозаи аз панчсад то хаштсад нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё бо махрум сохтан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 145. Ошкор намудани сирри тибби

 

1) Ошкор намудани тахсилот оид ба бемори ё дигар натичахои тахкики тиббии бемор аз чониби корманди сохаи тиб, дорусози ё дигар корманд бидуни зарурати касби ё хизмати,-

бо чарима ба андозаи аз дусад то пачсад нишондиханда барои хисобхо ё махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба  мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки дар фош кардани тахсилот оид ба гирифтории шахс ба бемории вируси норасоии масунияти одам ифода меёбад (КЧТаз 23.07.16 с., №1330),-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисми якум ё дуюми хамин модда, агар онхо боиси окибатхои вазнин шуда бошанд,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати  аз ду то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба хамин мухлат чазо дода мешаванд.

 

Моддаи 146. Вайрон кардани махрамияти мукотиба сухбатхои телефони, муросилот ва мухобирот телеграфи ё  дигар  мухобирот

 

1) Вайрон кардани махрамияти мукотиба,  сухбатхои телефони, муросилот ва мухобироти телеграфи ё  дигар  мухобироти шахрвандон,-

бо корхои хатми ба мухлати аз сад то яксаду шаст соат ё бо чарима ба андозаи то дусад нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати то як сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки аз чониби шахс бо истифодаи макоми хизматиаш ё воситахои махсуси техники, ки барои нихони ба даст овардани тахсилот пешбини гардидаанд, содир шуда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё махрум намудан аз хукукхои ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

3) Гайриконуни истехсол кардан, ба сохибияти каси дигар додан ё сохиб шудан бо максади ба сохибияти каси дигар додани воситахои махсуси техники, ки барои нихони ба даст овардани тахсилот пешбини шудаанд,-

бо чарима ба андозаи аз панчсад то хаштсад нишондиханда барои хисобхо ё махру кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати аз панч то дах сол ё махдуд кардани озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 147. Вайрон намудани дахлнопазирии манзил

 

1) Гайриконуни ба даромадан бар хилофи хохиши шахси дар он истикоматкунанда манзил ё касеро аз манзилаш махрум кардан, –

бо чарима ба андозаи аз як хазор то ду хазор нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) бо истифодаи зуровари ё тахдиди истифодаи он;

б) бо истифодаи макоми хизмати;

в) бо гайриконуни васл намудани воситахои гушандози ё дигар воситахои махсус дар манзили истикомати содир шудааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Эзох: Дар зери мафхуми манзил дар хамин ва дигар моддахои хамин Кодекс хонаи истикоматии фарди бо бинохои истикомати ва гайриистикоматии ба он дохилшаванда, бинои истикомати новобаста аз шакли моликият ба фонди манзил дохилшаванда, ки барои истикомати доими ё муваккати мувофик аст, хамчунин дигар бино ё сохтмони ба фонди манзил дохилшаванда, вале барои истикомати муваккати таъин гардидааст, фахмида мешавад.

 

Моддаи 148. Радди додани маълумот ба шахрванд

 

Аз чониби  шахси мансабдор радди гайриконуни ба шахрванд додани санад ё хуччатхое, ки бевосита ба хукук ва озодихои у дахл доранд ва мутобики тартиби мукарраршуда чамъовари гардидаанд, инчунин додани тахсилоти нопурра ё касдан додани чунин маълумоти баргалат нопурра, агар он ба хукук ва манфиатхои хамин шахрванд зарар расонида бошад, –

бо чарима ба андозаи аз сесад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати аз се то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 149. Гайриконуни махдуд кардани тагйири макон, интихоби озоди махалли зист, тарки чумхури кардан ва бозгаштани шахрванд ба он

 

1) Гайриконуни махдуд намудани  тагйири макон, интихоби озоди махалли зист, тарки чумхури кардан ва бозгаштани шахрванд ба он,-

бо чарима ба  андозаи аз як хазор то ду хазор нишондиханда барои хисобхо ё махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) боиси окибатхои вазнин гардида бошад;

б) бо истифодаи макоми хизмати содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати аз се то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 150. Монеъ шудан ба татбики хукукхои интихоботи ва фаъолияти комиссияхои интихоботи

 

1) Монеъ шудан ба шахрванд чихати татбики хукукхои интихоботиаш ё хукуки иштирок дар райъпурси, инчунин монеъ шудан бо фаъолияти комиссияхои интихоботи ё комиссия оид ба гузаронидани райъпурси,-

бо чарима ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиханда барои хисобхо ё  корхои ислохи ба мухлати то як сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор агар:

а) дар алокаманди бо ришвадихи, фиреб, зуровари ё тахдиди истифодаи он;

б) бо истифодаи макоми хизмати;

в) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё аз чониби гурухи муташаккил содир шуда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати аз як то ду сол, ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол бо махрум сохтан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 151. Сохтакории хуччатхои интихоботи, хуччатхои раъйпурси ё хисоби нодурусти овоз

 

Сохтакории хуччатхои интихоботи, хуччатхои раъйпурси,  дидаю дониста нодуруст хисоб кардани овоз, дидаю дониста нодуруст муайян кардани натичахои интихобот, раъйпурси, хамчунин вайрон намудани овоздихии пинхони, ки аз чониби узви комиссияи интихоботи, гурухи ташаббускор ё комиссия оид ба гузаронидани раъйпурси содир шудааст,-

бо чарима ба андозаи аз як хазор то ду хазор  нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то чор сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 152. Мачбур намудан барои иштирок дар корпартои ва ё рад кардани иштирок дар корпартои

 

Бо зуровари  ё тахдиди истифодаи он мачбур намудан ба иштирок дар корпартои ё рад кардани иштирок дар корпартои,

– бо чарима ба андозаи аз як хазор то ду хазор нишондиханда барои хисобхо, ё махдуд кардани озоди ба мухлати то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

 

Моддаи 1521. Рохбари ба корпартоии манъшуда дар шароити вазъияти фавкулодда

 

Барои рохбари ба корпартоии манъшуда дар шароити вазъияти фавкулодда, хамчунин барои монеъ шудан ба кори корхона, муассиса ва дигар ташкилот дар шароити вазъияти фавкулодда,

– бо чарима ба андозаи аз панчсад то нухсад нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

(КЧТ аз 26.07.14с., №1088)

 

Моддаи 153. Вайрон кардани конунхои мехнат

 

Дидаю дониста гайриконуни аз кор озод кардани шахс, ичро накардани карори суд дар хусуси ба чои кори пештара баркарор кардан, мехнат, хамчунин дигар харакатхои касдан ва мохиятан вайронкунии конунхои мехнати Чумхурии Точикистон,-

бо чарима ба андозаи аз як хазор то ду хазор нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 1531. Напардохтани музди мехнат, нафака, стипендия, ёрдампули ё дигар пардохтхо

 

Аз чониби корфармо, рохбари корхона, муассиса ё ташкилот новобаста аз шакли моликияташон зиёда аз ду мох напардохтани музди мехнат, нафака, стипендия, ёрдампули ё дигар пардохтхои бо конун мукарраргардида, агар ин кирдор бо гараз ё дигар манфиатхои шахси содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз дусад то пачсад нишондиханда барои хисобхо бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 154. Вайрон кардани коидахои  мухофизати мехнат

 

1) Вайрон кардани коидахои техникаи бехатари ё дигар коидахои хифзи мехнат аз чониби шахсе, ки ба риоя кардани он масъул мебошад, агар он аз беэхтиёти боиси расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломати ё бемории касби гашта бошад,-

бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки аз беэхтиёти боиси марги инсон гардидааст ё ба саломатии чанд нафар зарари вазнин ворид намудааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

3)  Кирдорхои пешбининамудаи кисми якуми хамин модда, ки аз беэхтиёти боиси марги ду ё зиёда шахсон гардидаанд,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то хашт сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 155. Беасос саркаши намудан аз кабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдуш намудани зани синни кудакаш  то сесола

 

Беасос саркаши намудан аз кабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдуш намудани зан бинобар хомиладори, хамчунин беасос саркаши намудан аз кабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдуш намудани зане, ки кудаки то сесола дорад, –

бо чарима ба андозаи аз сесад то пачсад нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 156. Вайрон кардани хукукхои муаллифи ва хукукхои вобаста ба он

 

1) Азхудкунии муаллифи (асардузди)хамчунин ба хаммуалифи мачбур кардан, агар ин кирдорхо ба муаллиф ё дигар сохибхукук ба микдори калон зарарр расонида бошад, –

бо чарима ба андозаи то дусад нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Истифодаи гайриконунии объектхои хукуки муаллифи ё хукукхои вобаста ба он, хамчунин ба даст овардан, нигох доштан, интикол додан ё фиристондани нусхахои гайриконунии асар ё фонограммахо бо максади ба сохибияти каси дигар додан, агар ин кирдорхо ба микдори калон зарар расонидани бошад, –

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчо то  сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи кисми дуюми хамин модда, агар

а) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё аз чониби гурухи муташаккил;

б) бо расонидани зарар ба микдори мухсусан калон;

в) аз чониби шахс бо истифода аз макоми хизмати содир шудабошад, –

бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Дар моддаи 156 ва 1561 Кодекси мазкур тахти мафхуми зарар ба микдори калон чунин зараре хисобида мешавад, ки он аз андозаи нишондиханда барои хисобхо пранчсад маротиба зиёд мебошад ва зарар ба микдори махсусан  калон чунин зараре хисобида мешавад,ки он аз андозаи нишондиханда барои хисобхо ду хазор маротиба зиёд мебошад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №844)

 

Моддаи 1561 Вайрон кардани хукукхо ба ихтироот, намунахои саноати ва моделхои муфид

 

1) Истифодаи гайриконунии ихтироот, намунахои саноати ё моделхои муфид, бидуни розигии муаллиф ё арномадех фош намудани мохияти ихтирооот, намудани саноати ё модели муфид то интишори расмии маълумот дар бораи онхо, азхудкунии муаллифи ё ба хаммуалифи мачбур кардан, агар ин кирдорхо ба микдори калон зарар расонида бошад, –

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханюда барои хисобхо ё махрум сохтани аз озодии ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Кирдорхои пешбиннамудаи кисми якуми хамин моддаи, агар аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи сесаду шасту панч то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтани аз озоди ухлати аз ду то панч сол чазо дода мешад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №844)

 

Моддаи 157. Монеъ шудан ба фаъолияти ташкилоти дини

 

Монеъ шудан ба фаъолияти ташкилотхои дине, ки ба конун зид намебошанд ё ба амали ба чо овардани маросимхои дини, агар онхо тартиботи чамъиятиро вайрон накунанд ва ба хукуки шахрвандон тачовус нанамоянд, –

бо чарима ба андозаи то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 158. Монеъ шудан ба фаъолияти хизбхои сиёси ва иттиходияхои чамъияти

 

Монеъ шудан ба фаъолияти конунии хизбхои сиёси, иттиходияхои чамияти, хамчунин дахолат бо фаъолияти конуниашон, ки хукук ва манфиатхои умумии онхоро ба таври назаррас вайрон кардааст, –

бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 159. Ташкили хизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти ва ташкилоти диние, ки ба шахсият ва  хукуки шахрвандон тачовуз мекунанд

 

Ташкили хизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти ё ташкилоти диние, ки фаолияташон бо расонидани зарар ба саломатии шахрвандон ё дигар тачовуз ба шахсият ё хукуки шахрвандон алокаманд мебошад, хамчунин рохбари ба онхо –

бо чарима ба андозаи аз як хазор то як хазору панчсад нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол ё махрум сохтан  аз озоди ба  мухлати то се сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 160. Вайрон кардани тартиби ташкил ва гузаронидани мачлисхо, гирдихамоихо, намоишхо, пикетгузормхо ва рохпаймоихо

 

  1. Вайрон кардани тартиби ташкил ва (ё) гузаронидани мачлисхо. гирдихамоихо, намоишхо, пикетгузорихо ё рохпаймоихо аз тарафи шахси ташкилкунанда ё иштирокчии фаъоли хамин чорабинихо, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбики чазои маъмури содир шуда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шаст нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

  1. Хамин кирдор, агар бо истифода аз макоми хизмати ё истифодаи зуровари ё тахдиди истифодаи зуровари содир шуда бошад ё боиси вайрон ё несту нобуд шудани молу мулк ё дигар окибатхои вазнин гашта бошад,-

бо махрум сохтан аз озодй ба мухлати аз ду то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад.(КЧТ аз 02.08.11., №750)

 

Моддаи 161. Монеъ шудан ба гузаронидани мачлис, гирдихамои, намоиш, рохпаймои, пикетгузори ё иштирок дар онхо

 

1)Гайриконуни монеъ шудан ба гузаронидани мачлис, гирдихамои, намоиш, рохпаймои, пикетгузори ё иштирок дар онхо ё ин ки мачбур кардан дар иштирок дар онхо, агар ин кирдор бо зуровари ё тахдиди истифодаи он содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз як хазор то як хазору панчсад нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар бо истифодаи макоми хизмати содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 162.  Монеъ   шудан  ба  фаъолияти конунии касбии журналистон

 

1) Дар хар шакле, ки набошад монеъ шудан ба фаъолияти конунии касбии журналист, хамчунин мачбур намудани у барои пахн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо тахдиди зуровари, нобуд сохтан ё вайрон кардани молу мулк, пахн кардани дуруги бофтае ё фош намудани дигар тахсилоте, ки чабрдида мехохад онхоро нихон дорад, алокаманд аст, хамчунин бо рохи тахдиди поймол намудани хукук ва манфиатхои конунии журналист,-

бо чарима ба андозаи аз панчсад то хаштсад нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2 )Хамин кирдор, агар:

а) бо зуровари;

б) несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;

в) бо истифодаи макоми хизмати содир шуда бошад,-

бо махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 163.  Вайрон  кардани  конунхо оид ба мурочиати шахрвандон

 

1) Радди гайриконунии баррасии мурочиати шахрвандон, бидуни сабабхои узрнок вайрон намудани мухлати барррасии арзу шикояти онхо, кабули карори беасос ва хилофи конун, инчунин вайрон кардани конунхо оид ба мурочиати шахрвандон, ки ба хукук ва манфиатхои конунан хифзшудаи шахрвандон, чамъият ё давлат зарари чидди ворид намудааст, –

бо чарима ба андозаи аз панчсад  то хаштсад нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё бо махрум кардани аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се  сол чазо дода мешавад.

2) Таъкиби шахрванд аз чониби шахси мансабдор вобаста ба мурочиати у ба макоми давлати, корхона, ташкилоту муассиса ё иттиходи чамъияти ё барои танкиди дар мурочиаташ инъикосёфта, инчунин барои дар шакли дигар бо танкид баромад карданаш, –

бо  чарима ба андозаи аз як хазору панчсад  то ду хазор нишондиханда барои хисобхо ё бо  махдуд кардани озоди ба мухлати то панч сол бо махрум кардан аз ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати аз се то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 164. Монеъ шудан ба гирифтани тахсилоти хатмии умумии асоси (нухсола)

 

Ба хар тарзе монеъ шудани шахси вокеи ба гирифтани тахсилоти хатмии умумии асоси (нухсола), –

бо чарима ба андозаи аз як хазор то ду хазор нишондиханда барои хисобхо ё бо махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

БОБИ 20. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ОИЛА  ВА  НОБОЛИГОН

 

Моддаи 165. Чалби ноболигон ба содир намудани чиноят

 

1) Чалби шахси ноболиг ба содир намудани чиноят бо рохи ваъда, фиреб, тахдид ё дигар усул, ки аз чониби шахси ба синни хаждахсолаги расида анчом дода шудааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин харакат агар аз чониби падару модар, омузгор ё шахси дигари конунан ба зимааш тарбияи шахсони ноболиг гузошташуда содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол бо махрум сохтан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

3) Харакати дар кисми якум ё дуюми хамин модда пешбинишуда, ки бо зуровари ё тахдиди истифодаи он анчом дода шудааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол бо махрум кардан аз хукук ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

4) Харакати дар кисми якум, дуюм ё сеюми хамин модда пешбинишуда, ки бо чалби шахси ноболиг:

а) ба гурухи муташаккил ё  иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти);

б) чихати содир намудани чинояти вазнин ва махсусан вазнин анчом дода шудааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол бо махрум кардан аз хукук ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати аз се  то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Эзох: Дар боби мазкур зери мафхуми ноболигон шахсони хурдсол ва ноболиг фахмида мешавад.

 

Моддаи 166. Чалби шахси  ноболиг  ба содир намудани кирдорхои зиддичамъияти

 

1) Чалби шахси ноболиг чихати истеъмоли мунтазами нушокихои спирти, истеъмоли мунтазам гайритиббии моддахои сахттаъсир ё дигар моддахои мадхушкунанда, ё ба фохишагари, оворагарди, гадои, ки аз  чониби шахси синнаш ба хаждахсолаги расида содир шудааст, –

бо корхои ислохи ба мухлати то як сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин харакат агар аз чониби падару модар, омузгор ё шахси дигари конунан ба зиммааш тарбияи  шахсони ноболиг гузошташуда, содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

3) Харакати пешбининамудаи кисми якум ё дуюми хамин модда, агар :

а) нисбат ба ду ё якчанд ноболиг;

б) бо зуровари ё тахдиди истифодаи он,

в) такроран содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол бо махрум сохтан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати аз ду то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 167. Хариду фуруши ноболигон

 

1) Хариду фуруши ноболигон, яъне хариду фуруши шахси баръало ноболиг новобаста аз намуд ва шаклхои мачбурсози, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз  панч то хашт  сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

2) Кирдорхое, ки дар кисми якуми хамин модда пешбини шудаанд, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) нисбати ду ё зиёда ноболиг;

г) бо истифодаи зури ё тахдиди истифодаи он;

д) бо максади аз чабрдида гирифтани узв ё бофтахои банд барои трансплантатсия;

е) аз тарафи шахси мансабдор ё намояндаи хокимият бо истифодаи вазифохои хокимияти, ё дигар шахсе, ки дар ташкилотхои тичорати ё дигар ташкилотхо вазифаи идоракуниро ичро мекунад;

ё) бо чойивазкунии чабрдида тавассти сархади давлатии Чумхурии Точикистон содир шуда бошад: –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

3) Кирдорхое, ки  дар кисми якум ва  дуюми хамин модда пешбини шудаанд, агар:

а) боиси марги чабрдидаи хариду фуруши ноболигон ва ё дигар окибатхои вазнин гардида бошад;

б) аз чониби гурухи муташаккил;

в) дар холати рецидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дуаоздах то понздах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

 

Эзох: Шахсе,ки кирдорхои дар кисмхои якуми ва дуюми хамин модда пешбиншударо содир карда бошад, агар ихтиёран ба макомотхои дахлдор хабар дода, чабрдида хариду фуруши одамонро озод карда бошад, ба шарте дар кирдорхои у таркиби чинояти дигар мавчуд набошад, аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад».

 

Моддаи 168.  Ба шавхар додани духтари ба синни никох нарасида

 

Ба шавхар додани духтари ба синни никох нарасида аз чониби падару модар ё шахсоне, ки духтар тахти васояти онхост ё шахсоне, ки у тобеи онхо мебошад, хамчунин далолат кардан ё мусоидат кардан  барои ба шавхар додан,-

бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол  ё  махдуд кардани озоди ба  мухлати то пачсол  чазо дода мешавад.

 

Моддаи 169. Бастани акди никох дар хакки шахсе, ки ба синни никохи нарасидааст

 

Бастани созиши  никох дар хакки шахсе, ки ба синни никох нарасидааст, инчунин бастани  акди  никох бо чунин шахс,-

бо чарима ба андозаи аз як хазор то ду хазор нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё бо махдуд кардани озоди ба мухлати то пач сол  чазо дода мешавад.

 

Моддаи 170. Дузанаги ё серзанаги

 

Дузанаги ё серзанаги, яъне бо ду ё якчанд зан зиндаги кардан бо пешбарии хочагии умуми, –

бо чарима ба андозаи аз як хазор то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 171. Иваз намудани тифл

 

1) Иваз намудани тифл,-

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то чор сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки бо максади гаразнок ё нияти дигари кабех содир шудааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 172. Писархондии (духтархондии) гайриконуни

 

Харакати гайриконуни  дар мавриди писархондии (духтархондии) кудак, ба парастори (тахти васоят) додани онхо ё додани онхо ба тарбияи оилаи шахрвандон, ки бо максадхои гаразнок ё бо ниятхои дигари кабех анчом дода шудааст,-

бо чарима ба андозаи аз панчсад то хаштсад нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 173. Ифшои сирри писархонди (духтархонди)

 

1) Ифшои сирри писархонди (духтархонди) бидуни ихтиёри шахси фарзандхонда, ки аз чониби шахсе, ки вокеияти писархондиро (духтархондиро) хамчун сирри хизмати ё касби вазифадор аст хифз кунад ё аз чониби шахси дигар агар ин кирдор бо гарази  ё бо дигар ниятхои кабех содир бошад,-

бо чарима ба андозаи аз сесад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати то як сол  бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар боиси окибатхои вазнин гардида бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати аз се то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 174. Ичро накардани ухдадори оид ба таълиму тарбияи ноболиг

  (КЧТ аз 18.03.15с., №1177)

 

Ичро накардан ё ичрои номатлуби ухдадорихо оид ба таълиму тарбияи ноболиг аз чониби падару модар ё шахси дигар, ки ин ухдадори ба зиммаш  конунан гузошта шудааст, инчунин аз чониби омузгор ё дигар корманди муассисаи таълими ё тарбияви, агар ин кирдор бо муносибати берахмона нисбат бо ноболиг алокаманд бошад, (КЧТ аз 17.05.04 с., №35; аз 18.03.15с., №1177)

– бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1177)

 

Моддаи 175. Ичрои номатлуби ухдадори оид ба таъмини бехатарии хаёт ва саломатии кудак

 

1) Ичрои номатлуби ухдадори оид ба таъмини бехатарии хаёт ва саломатии кудаки хурдсол аз чониби шахсе, ки ин ухдадори тибки вазифаи хизмати ба зиммаш гузошта шудааст  ё аз чониби шахсе, ки ин вазифаро мувофики супориши махсус ба чо меорад, ё ин ухдадориро ихтиёран ба зимма гирифтааст, агар дар натича аз беэхтиёти ба саломатии кудак зарари миёна расида бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) аз беэхтиёти боиси ворид гаштани зарари вазнин ба саломатии хурдсол гаштааст;

б) аз беэхтиёти боиси марги у шудааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт  сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати аз се то панч сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Дар Кодекси мазкур зери мафхуми кудаки хурдсол шахси ба синни чордахсола нарасида фахмида мешавад.

 

Моддаи 176. Суиистифода аз хукуки васи  ё парастор

 

Истифодаи васоят ё  парастори  бо максади гаразнок ё дигар  ниятхои кабех, хамчунин дидаю дониста бе назорат ё  бе ёрдами зарури гузоштани шахси тахти васоят ё парастори карордошта, ки хукук ва манфиатхои конунии шахси тахти васоят ё парастона карордоштаро ба таври назаррас поймол кардааст,-

бо чарима бо андозаи аз сесад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи вазифахои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

 

Моддаи 177. Бадкасдона саркаши намудани падару модар аз таъминоти фарзандон

 

Бадкасдона, яъне бидуни сабабхои узрнок бештар аз се мох саркаши намудани падару модар аз ичрои карори суд оид ба пардохти маблаг барои таъминоти фарзандони ноболиг, хамчунин фарзандони гайри кобили мехнат, ки синнашон ба хаждахсолаги расидааст,-

бо корхои хатми ба мухлати аз яксаду бист то яксаду хаштод соат ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё бо махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

 

Моддаи 178. Бадкасдона саркаши намудани  фарзандон  аз таъминоти падару модари гайри кобили мехнат

 

Бадкасдона, яъне бидуни сабабхои узрнок бештар аз се мох саркаши намудани фарзандон аз ичрои карори суд оид ба пардохти маблаг чихати таъминоти падару модари гайри кобили мехнат ё эхтиёчманди ёрии модди,-

бо корхои хатми ба мухлати аз яксаду бист то як саду хаштод соат ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё бо махрум сохтан аз озоди ба хамн мухлат чазо дода мешавад.

 

ФАСЛИ VIII. ЧИНОЯТХО  БА МУКОБИЛИ АМНИЯТИ ЧАМЪИЯТИ ВА САЛОМАТИИ АХОЛИ 

БОБИ 21. ЧИНОЯТХО  БА МУКОБИЛИ АМНИЯТИ ЧАМЪИЯТИ

 

Моддаи 179. Терроризм

 

1) Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сухтор, тирпаррони аз силохи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари чидди ба молу мулк ё ба миён омадани окибатхои дигари барои чамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо максади халалдор сохтани амнияти чамъияти, фаъолияти макомоти хокимияти давлати ва сохторхои низоми, тарсонидани ахоли ё расонидани таъсир чихати аз чониби макомоти хокимият кабул намудани карор, инчунин тахдиди анчом додани кирдорхои зикршуда бо хамин максадхо,-  (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

б) такроран; (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

в) аз хиссиёти бадбини ё хусумати милли, нажоди, махалгарои ё дини; (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

г) аз чониби хизматчии харби; (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

д) аз чониби шахси мансабдор бо истифода аз макоми хизмати; (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

е) дар холати ретсидиви хавфнок содир шуда бошад, –  (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то понздах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи кисмхои якум, дуюм хамин модда, агар он :

а) аз чонибии гурухи муташаккил;

б) дар алокаманди бо тахдиди истифодаи силохи катли ом, маводи радиоактиви ё ичрои дигар кирдоре, ки ба халокати оммавии одамон оварда мерасонад;

в) дар холати рецидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад;

г) аз беэхтиёти боиси марги инсон ё ин ки дигар окибатхои вазнин гардида бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бисту панч сол ё чазои катл ё якумра аз озоди махрум  сохтан бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад. (КЧТ аз 31.12.08с №451).

Эзох: Шахсе, ки дар омода сохтани кирдори терористи  иштирок  дорад, агар макомоти давлатиро сари вакт огох созад ё бо рохи дигар содир гаштани кирдори терористиро пешгири кунад ва агар дар харакатхои ин шахс дигар таркиби чиноят мавчуд набошад, аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад.

Такрори дар моддаи мазкур пештар содир шудани як ё якчанд чинояти пешбининамудаи хамин модда, инчунин моддахои 1791, 180, 181, 185, 310 ва 402 хамин Кодексэътироф карда мешавад. (кчт аз 17.05.04 №35)

 

Моддаи 1791. Чалб кардан барои содир намудани чиноятхои хусусияти террористи дошта ё мусоидати дигар барои содир намудани онхо

 

1) Чалб кардани шахсон барои содир намудани чиноятхои дар моддахои 179, 1792, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 пешбининамудаи хамин Кодекс ё моил намудани шахс барои иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористи, мусаллах намудан ё таълими шахсон бо максади содир намудани чиноятхои номбаршуда, инчунин мусоидат кардан ба тарзи дигар, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) бо истифода аз макоми хизмати;

г) бо истифода аз воситахои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то понздах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

3) Кирдорхое, ки дар кисмхои 1 ва 2 хамин модда пешбини шудаанд, агар дар холати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошанд, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бист сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

Эзох: Шахсе, ки чинояти дар моддаи мазкур пешбинишударо содирнамуда, аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад, агар у ихтиёран ва саривакт бо рохи ба макомоти хокимияти давлати хабар додан ё бо дигар тарзхо барои пешгирии содир шудани чиноятхои хусусияти террористи дошта мусоидат намояд, агар дар харакатхояш таркиби чинояти дигар набошад.

 

Моддаи 1792. Маблаггузории чиноятхои хусусияти террористидошта

 

1) Бевосита ё бавосита пешниход намудан ё чамъ овардани воситахо бо максади пурра ё кисман истифодаи онхо ё бо дарки он ки ин воситахо аз чониби террористи алохида ё гурухи (ташкилоти) террористи ё бо максади таъминоти молиявии террористи алохида ё гурухи (ташкилоти) террористи ё  барои содир намудани чиноятхои дар моддахои 179, 1791, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 пешбининамудаи хамин Кодекс истифода мегарданд, хамчунин агар воситахои мазкур вокеан дар чиноятхои зикршуда истифода нагарданд, инчунин маблаггузории террористи алохида ё гурухи (ташкилоти) террористи, хатто агар он бо акти (актхои) террористии мушаххас алокаманд набошад (КЧТ аз 12.11.13с., №1028)

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад. (КЧТ аз 13.06.13с., №965, 966)

2) Кирдорхое, ки дар кисми якуми хамин модда пешбини гардидаанд, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон ё гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) аз чониби шахс бо истифода аз макоми хизмати;

г) бо истифодаи даромадхои бо рохи чиноят бадастовардаи  конунигардонидашуда (расмикунонидашуда) содир шуда бошанд, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то понздах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешаванд. (КЧТ аз 16.04.12с., №808)

3) Кирдорхое, ки дар кисмхои якум ё дуюми хамин модда пешбини гардидаанд, агар:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) дар холати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошанд, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бист сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешаванд. (КЧТ аз 16.04.12с., №808)

 

Эзох: Зери мафхуми «воситахо» дар моддаи мазкур активхои хама навъ, ламсшаванда ё ламснашаванда, манкул ё гайриманкул, новобаста ба тарзи ба даст овардани онхо, хамчунин хуччатхои хукуки ва ё санадхо дар хама гуна шакл, аз он чумла электрони ва раками, ки хукукро ба чунин активхо ва ё иштирок дар онхоро тасдик менамоянд, инчунин кредитхои бонки, чекхои сафари, чекхои бонки, интиколоти почтави, сахмияхо, когазхои киматнок, облигатсияхо, векселхо, аккредитивхо ва гайрахо фахмида мешаванд.

 

Моддаи 179 3. Даъвати оммави барои содир намудани чиноятхои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террорсти

(КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

 

1) Даъвати оммави барои содир намудани чиноятхои дар моддахои 179, 1791, 1792, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 пешбининамудаи хамин Кодекс, инчунин сафедкунии оммавии фаъолияти террористи, –    (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдорхо, ки бо истифода аз воситахои ахбори омма содир карда шудаанд, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то понздах сол чазо дода мешаванд.

 

Эзох: Зери мафхуми сафедкунии оммавии фаъолияти террористи таргибу ташвики оммави дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура  ва тачрибаи терроризм, таклифи таклид ва дастгирии он фахмида мешавад.  (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

 

Моддаи 180.  Иттилооти баръало бардуруг оид   ба кирдори террористи

 

1) Иттилооти баръало бардуруг оид ба рух додани таркиш, сухтор ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари чиддии ба молу мулк ё ба рух додани окибатхои дигари барои чамъият хавфнок оварда мерасонад, ё ба амнияти хавопаймо ва шиноварии бехатари киштии оби тахдид мекунад

бо корхои ислохи ба муддати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.(КЧТ аз 13.00.2013с.№965)

2) Кирдори пешбининамудаи кисми якуми хамин модда, ки аз беэхтиёти боиси расонидани зарар ба саломати ё дигар  окибатхои вазнин гардида бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то хафт сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 13.00.13с., №966)

 

Моддаи 181. Гасби гаравгон

 

1) Гасби гаравгон ё нигох доштани шахс ба сифати гаравгон марбут бо тахдиди куштан ё расонидани зарар ба саломатии у ё минбаъд нигох  доштани хамин шахс бо максади мачбур намудани давлат, ташкилотхои байналмилали, шахсони вокеъи хукуки ё гурухи шахсон ба ичро ё худдори намудан аз ичрои ин ё он харакат хамчун шарти озод кардани гаравгон, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

2) Хамин харакат, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон ё гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в)  бо истифодаи зуроварие, ки барои хаёт ё саломатии инсон хавфнок мебошад;

г) бо истифодаи силох ё предмете, ки ба сифати силох истифода мешавад;

д) нисбат ба шахси баръало ноболиг;

е) нисбат ба зане, ки гунахгор баръало хомиладор буданашро медонад;

ж) нисбат ба шахсе, ки гунахгор баръало аз дар вазъияти очизона крор доштани у огох буд;

з) бо нияти гаразнок ё кирояи зархаридон;

и) нисбати ду ва ё зиёда шахсон анчом дода шудааст;

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то понздах сол чазо дода мешавад.

3) Харакати пешбинишудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда агар;

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) аз беэхтиёти боиси марги инсон ё дигар окибатхои вазнин гашта бошад;

в) дар холати рецидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то бист сол  чазо дода мешавад.

 

Эзох: Шахсе, ки  бо ихтиёри худ ё талаби макомоти хокимият гаравгонро озод мекунад, агар дар харакати у таркиби чинояти дигар мавчуд набошад, аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад.

 

Моддаи 182. Гасби бино, иншоот, воситахои  иттилоот ва алока

 

1) Гасби бино, иншоот, роххо ё воситаи иттилоот ё алока, дигар иншооти коммуникатсиони ё  ин ки нигох доштани онхо, марбут бо  тахдиди несту нобуд ё вайрон кардани онхо ё бо тахдиди куштори шахрвандон ё расонидани зарар ба саломатии онхо бо максади мачбур кардани давлат ё дигар макомот, шахсони хукуки ё вокеи ё гурухи шахсон ба ичро ё худдори кардан аз ичрои ягон харакат хамчун шарти ичро накардани тахдид, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

2) Хамин харакат агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон ё гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) бо истифодаи зуроварие, ки  барои хаёт ё саломатии инсон хавфнок мебошад;

г) бо истифода аз силох ё предмете, ки ба сифати силох истифода мешавад, содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

3) Харакатхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар:

а) аз чониби гурухи муташакил анчом дода шуда бошад:

б) аз беэхтиёти боиси марги инсон ё дигар окибатхои вазнин шуда бошад;

в) дар холати рецидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах  то понздах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 183. Рохзании оби

 

1) Хучум ба киштии оби бо максади ба даст овардани молу мулки гайр, ки бо зуровари ё тахдиди истифодаи он содир шудааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дувоздах сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он чазо дода мешавад.

2) Хамин харакат, агар:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) аз беэхтиёти боиси  марги инсон ё дигар окибатхои вазнин гардида бошад;

в) такроран ё  бо истифодаи силох ё предмете, ки ба сифати силох истифода мешавад , содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то бист сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

 

Моддаи 184. Гайриконуни хай карда бурдан ё гасби  хавопаймо, кишти  ё катори рохи охан

 

1) Гайриконуни хай карда бурдан ё гасби хавопаймо, кишти ё катори рохи охан, хамчунин гасби чунин кишти ё катор бо максади гайриконуни хай карда бурдан ё ин ки амали намудани назорати гайриконуни дар дигар шакл, –

бо махрум сохтан аз озоди бо мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.

2) Содир намудан ё тахдиди содир намудани кирдорхои пешбининамудаи кисми якуми хамин модда бо максади мачбур намудани шахси вокеи ё хукуки, давлат ё ташкилоти байналмилали барои содир намудани ягон харакат ё ин ки худдори намудан аз он, агар чунин кирдорхо тавонанд вокеан ба бехатарии хавопаймо, кишти ё катораи рохи охан тахдид намоянд‚ –

бо махрум намудан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол чазо дода мешавад;

3) Харакатхои пешбининамудаи кисмхои якум ва дуюми хамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон ё гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) бо зуровари, ки ба хаёт ва саломатии инсон хавфнок аст ё бо тахдиди истифодаи чунин зуровари;

г) бо истифодаи силох,  ё предмете, ки ба сифати силох истифода мешавад, содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то понздах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

3) Харакатхои пешбининамудаи кисмхои якум, дуюм ва сеюми  хамин модда, агар:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) аз беэхтиёти боиси марги инсон ё дигар окибати вазнин гашта бошад;

в) дар холати рецидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бист сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 1841. Гасб, вайрон кардан, содир намудани амалхои зуровари дар платформаи стасионарии вокеи шелфи континентали

 

1) Гасби платформаи стасионарии вокеи шелфи континентали ё дигар шаклхои назорати гайриконуни аз болои он ё касдона вайрон кардани он ва ё расонидани зарар ба он, ки ба бехатарии платформа тахдид менамояд, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол чазо дода мешавад.

2) Содир намудани амали зуровари нисбати шахс дар платформаи стасионарии вокеи шелфи континентали, ки ба бехатарии он тахдид менамояд, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.

3) Содир намудан ё тахдиди содир намудани кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда бо максади мачбур намудани шахси вокеи ё хукуки, давлат ё ташкилоти байналмилали ба содир намудани ягон харакат ё худдори намудан аз он, агар чунин кирдорхо тавонанд вокеан ба бехатарии платформаи стасионарии вокеи  шелфи континентали тахдид намоянд, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол чазо дода мешавад.

4) Дар платформаи стасионарии вокеи шелфи континентали бо хар тарз чойгир кардан ё содир намудани харакатхо бо максади чойгир кардани восита ё моддае, ки метавонад платформаи стасионариро вайрон намояд ё ба бехатарии он тахдид кунад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то понздах сол чазо дода мешавад.

5) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум, дуюм, сеюм ё чоруми хамин модда, ки:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) аз чониби шахс бо истифода аз макоми хизмати;

г) бо истифодаи силох ё предмете, ки ба сифати силох истифода мешавад, содир шуда бошанд, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бист сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

 

Моддаи 1842. Кирдорхои касдона ба мукобили бехатарии хавопаймо ё кишти

 

1) Содир намудани амали зуровари нисбати шахсе, ки дар хавопаймо ё кишти карор дорад, агар чунин амал тавонад ба бехатарии ин хавопаймо ё кишти тахдид намояд, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.

2) Вайрон кардани хавопаймо ё кишти ва ё расонидани зарар ба ин хавопаймо ё кишти ё ин ки ба бори он, аз чумла вайрон намудани тачхизоти навигатсиони ё ба вучуд овардани монеахои чидди дар истифодабарии он, ки онро аз кор мебарорад ё метавонад ба бехатарии он тахдид намояд, чойгир кардан ё содир намудани харакатхое, ки дар хавопаймо ё кишти бо хар тарз чойгир намудани восита ё моддае оварда расонад, ки метавонад чунин хавопаймо ё кишти ва ё бори онро вайрон намояд ё ба он зараре расонад, ки метавонад ба бехатарии он тахдид намояд, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол чазо дода мешавад.

3) Содир намудан ё тахдиди содир намудани кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда бо максади мачбур намудани шахси вокеи ё хукуки, давлат ё ташкилоти байналмилали барои содир намудани ягон харакат ё худдори намудан аз он, агар чунин кирдорхо тавонанд вокеан ба бехатарии хавопаймо ё кишти тахдид намоянд, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то понздах сол чазо дода мешавад.

4) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум, дуюм ё сеюми хамин модда, ки:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё гурухи муташаккил;

в) аз чониби шахс бо истифода аз макоми хизмати;

г) аз беэхтиёти боиси марги инсон ё дигар окибатхои вазнин гардида бошанд.(КЧТ аз 13.06.13с., №966)

д) бо истифодаи силох ё предмете, ки ба сифати силох истифода мешавад, содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бист сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешаванд.

 

Моддаи 1843. Харакатхои касдона ба мукобили бехатарии фурудгоххое, ки ба авиатсияи граждани хизмат мерасонанд

 

1) Содир намудани амали зуровари дар фурудгох нисбати шахсе, ки ба авиатсияи граждани хизмат мерасонад, агар чунин амал ба бехатари дар ин фурудгох тахдид мекунад ё метавонад тахдид кунад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.

2) Вайрон намудан ё расонидани зарари чидди ба тачхизот ё иншооти фурудгохе, ки ба авиатсияи граждани хизмат мерасонад ё ин ки ба хавопаймохои вокеи фурудгох, ки дар истифодабари карор надоранд, ё халал расондан ба кори хадамоти фурудгох, агар чунин амал ба бехатари дар ин фурудгох тахдид кунад ё метавонад тахдид кунад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хафт то дах сол чазо дода мешавад.

3) Содир намудан ё тахдиди содир намудани кирдорхои пешбининамудаи кисми дуюми хамин модда бо максади мачбур намудани шахси вокеи ё хукуки, давлат ё ташкилоти байналмилали барои содир намудани ягон харакат ё худдори кардан аз он, агар чунин кирдорхо ба бехатари дар фурудгохе, ки ба авиатсияи граждани хизмат мерасонад, тахдид мекунанд ё метавонанд тахдид кунанд, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то понздах сол чазо дода мешавад.

4) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, ки:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё гурухи муташаккил; (КЧТ аз 13.06.13 с., №966)

в) аз чониби шахс бо истифода аз макоми хизмати;

г) аз беэхтиёти боиси марги инсон ё дигар окибатхои вазнин гардида бошанд; (КЧТ аз 13.06.13 с., №966)

д) бо истифодаи силох ё предмете, ки ба сифати силох истифода мешавад, содир шуда бошанд, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бист сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешаванд.

 

Моддаи 1844. Интиколи гайриконунии шахси содирнамудаи чинояти хусусияти террористидошта дар наклиёт

 

Интиколи гайриконунии шахс дар наклиёт бо дарки он ки ин шахс харакате содир намудааст, ки бо моддахои 179, 1791, 1792, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 пешбининамудаи хамин Кодекс чиноят мебошад, бо максади ёри расонидан ба чунин шахс барои гурехтан аз чавобгарии чинояти, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то понздах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

 

Моддаи 185. Ташкили вохидхои мусаллахи гайриконуни

1) Ташкили вохидхои мусаллахи гайриконуни (иттиходия, отряд, дастахо ё дигар гуруххо), хамчунин рохбари ба ин гуна вохидхо ё иштирок дар онхо,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.

2) Хамин харакат, ки аз чониби шахс бо истифодаи макоми хизмати анчом дода шудааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар вохидхои мусаллахи гайриконуни даст кашида ва силохашро супурдааст, агар дар кирдори у дигар таркиби чиноят мавчуд набошад, аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад.

Моддаи 186. Бандитизм

 

1) Ташкили гурухи (дастаи) мусаллахи устувор бо максади хучум ба шахрвандон ё ташкилот, хамчунин рохбари ба чунин гурух (даста),-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах  то бист сол ё бидуни он  чазо дода мешавад.

2) Иштирок дар гурухи (дастаи) мусаллахи устувор ё дар  хучумхои анчоммедодаи он,-

бо махрум сохтан  аз озоди ба мухлати аз  дах  то понздах сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар аз чониби шахс бо истифода аз макоми хизмати ё дар холати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок анчом дода шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бист сол бо мусодираи молу мулк ва махрум сохтан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба муддати то  панч  сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 187. Ташкили иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти)

 

1) Ташкили иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти) барои содир намудани чиноятхои вазнин  ё чиноятхои махсусан вазнин, хамчунин рохбари ба чунин иттиход (ташкилот) ё ба чузъу томи таркибии онхо, инчунин ташкили иттиходи ташкилотчиён, рохбарон ё дигар намояндагони гуруххои муташаккил бо максади тахияи накша ва фарохамоварии шароит барои содир намудани чиноятхои вазнин ва махсусан вазнин,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бист  сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он чазо дода мешавад.

2) Иштирок дар иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти) ё иттиходи ташкилотчиён, рохбарон ва ё дигар намояндагони гуруххои муташаккил,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он чазо дода мешавад.

3) Харакати пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, ки аз чониби шахс бо истифода аз макоми хизмати ё дар холати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок анчом дода шудааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бист сол ва бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

Эзох: Шахсе, ки ихтиёран ба макомоти хокимият оид ба иштирокаш дар иттиходди чинояти (ташкилоти чинояти) иттилоъ дода ва барои пешгирии фаъолияти он мусоидат мекунад, агар дар кирдори у таркиби чинояти дигар мавчуд набошад, аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад.

 

Моддаи 188. Бетартибихои оммави

 

1) Ташкили бетартибихои оммави, ки бо зуровари нисбат ба шахсият, харобкори, сухтор, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк, истифодаи силохи оташфишон, моддахои тарканда, воситахои таркиш ё моддахои оташзананда алокаманд аст, инчунин мукобилият нишон додан ба хокимият, ки бо истифодаи силох ё дигар предметхои ба сифати силох истифодашаванда содир шудааст, хамчунин иштирок дар ин амал, (КЧТ аз 26.07.14с., №1089)

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дувоздах сол чазо дода мешавад.

2) Даъват чихати фаъолона итоат накардан ба талаботи конунии намояндагони хокимият ё ба бетартибихои оммави, хамчунин даъват ба зуровари нисбат ба шахрвандон,

– бо махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол ё  махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 189. Барангехтани кинаю адовати милли, нажоди, махалгарои ва ёдини

 

1) Харакатхое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низоъи милли, нажоди, махалгарои ё дини, ё паст задани шаъну эътибори милли равона шудаанд, инчунин таргиби бартарии шахрвандон аз нигохи муносибати онхо ба дин, мансубии онхо ба миллат, нажод ё махал, агар ин кирдор ба таври оммави ё бо истифодаи воситахои  ахбори омма анчом дода шуда бошад,-

бо махдуд кардани озоди ба мухлати то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

2) Хамин харакат, агар:

а) такроран;

б) бо зуровари ё тахдиди истифодаи он;

в) бо истифодаи макоми хизмати;

г) аз чониби гурухи шахсон ё гурухи шахсон бо маслихати пешаки анчом дода шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

3) Харакати пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) аз беэхтиёти боиси марги инсон ё дигар окибатхои вазнин гардида бошад;

в) ба зуран пеш кардани шахрванд аз махалли сукунати доими оварда расонад;

г) дар холати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол  ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 190.  Вайрон кардани коидахои бехатарии корхои кухи, сохтмон ва дигар корхо

 

1) Вайрон кардани коидахои бехатари хангоми корхои кухи, сохтмон ва дигар корхо, агар ин аз беэхтиёти боиси ба саломатии инсон расонидани зарари вазнин ва ё миёна гардида бошад,-

бо чарима ба андозаи аз чорсад то хаштсад нишондиханда барои хисобхо хадди акал ё махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор агар аз беэхтиёти боиси марги инсон ё дигар окибатхои вазнин гардида бошад,-

бо махдуд кардани озоди ба мухлати то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

 

Моддаи 191. Вайрон кардани коидахои бехатари дар объектхое, ки хавфи таркиш доранд

 

1) Вайрон кардани коидахои бехатари дар объектхо ё цеххое, ки хавфи таркиш доранд агар ин аз беэхтиёти боиси ба саломатии инсон расонидани зарари вазнин ё миёна гашта бошад,-

бо чарима ба андозаи то панчсад нишондиханда барои хисобхо хадди акал ё махдуд кардани озоди ба мухлати то чор сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар аз беэхтиёти боиси марги инсон ё дигар окибатхои вазнин гашта бошад, –

бо махдуд кардани озоди ба мухлати то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 192. Вайрон кардани коидахои зидди сухтор

 

1) Вайрон кардани коидахои зидди сухтор аз чониби шахсе, ки ба ухдааш риояи ин масъулият  гузошта шудааст, агар он дар давоми соли баъди татбики чазои маъмури содир шуда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз панчсад то хаштсад нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки аз беэхтиёти ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна расонидааст, –

бо чарима ба андозаи аз хаштод то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи кисми якуми хамин модда, агар аз беэхтиёти боиси марги инсон ё дигар окибатхои вазнин гашта бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 193. Муносибати гайриконуни бо маводи радиоактиви

 

1) Гайриконуни сохиби кардан, истифода бурдан, ба даст овардан, фурухтан, нигох доштан, интикол, ба дигарон додан ё вайрон кардани маводи радиоактиви, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол чазо дода мешавад.

2) Содир намудани харакате, ки аз талабот бо тахдиди зури ё истифодаи он ё ин ки бо ягон шакли дигари тарсонидан барои додани маводи радиоактиви иборат мебошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, ки аз беэхтиёти ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна расонидааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол чазо дода мешавад.

4) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар аз беэхтиёти боиси марги инсон ё дигар окибатхои вазнин гашта бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлат аз дах то понздах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 194. Тасарруфи маводи радиоактиви

 

1) Тасарруфи маводи радиоактиви,  хамчунин тахдиди тасарруфи онхо бо максади мачбур намудани шахси вокеи ё хукуки, давлат ё ташкилоти байналмилали ба содир намудани ягон харакат ё худдори намудан аз он,-

бо чарима ба андозаи аз як хазор  то ду хазор нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон ё гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) аз чониби шахс бо истифода аз макоми хизмати;

г) бо истифодаи зуровари, ки ба хаёт ё саломатии шахс хавфнок намебошад ё тахдиди истифодаи чунин зуровари анчом дода шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дувоздах сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он чазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) бо истифодаи зуроварии барои хаёт ё саломатии инсон хавфнок ё тахдиди истифодаи чунин зуровари:

в) дар холати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то бист сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Эзох: Дар моддаи мазкур, инчунин дар моддахои 199 ва 202-и  хамин Кодекс хамон вакт чиноят такроран содиршуда эътироф карда мешавад, агар шахс пештар як ё бештар чиноятхои пешбининамудаи хамин моддахо, инчунин чиноятхои пешбининамудаи моддахои 186, 244-251-и хамин Кодексро содир карда бошад.

 

Моддаи 1941. Истифодабарии гайриконунии мавод, воситаи радиоактиви ё объекти ядрои

 

Истифодабарии гайриконунии мавод, воситаи радиоактиви ё объекти ядрои бо тарзе, ки рахоиёби ва ё хатари рахоиёбии маводи радиоактиви ба вучуд омада, боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон ё ин ки расонидани зарари чидди ба моликият, ба мухити зист мегардад, бо максади мачбур намудани шахси вокеи ё хукуки, давлат ё ташкилоти байналмилали ба содир намудани ягон харакат ё худдори намудан аз он, хамчунин тахдиди содир намудани чунин кирдор бо хамин максад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Дар моддаи мазкур зери мафхуми «маводи радиоактиви» маводи ядрои ва дигар моддахои радиоактивии нуклиддоре фахмида мешавад, ки худ аз худ тачзия меёбанд (чараёне, ки зимни он афканишоти ионии як ё якчанд намуд, масалан, алфа–афканишот, бета–афканишот, афканишоти нейтрони ва гамма–афканишот сурат мегирад) ва онхо вобаста ба хусусиятхои радиологи ва ё тачзияи худ метавонанд боиси марг, зарари вазнин ба саломати ва ё зарари чидди ба моликият ва мухити зист шаванд.

«Маводи ядрои» – плутоний, ба истиснои плутонийи дорои чамъи изотопхо, ки зиёда аз 80 фоизаш плутоний–238 аст; уран–233; урани бо изотопхои уран–235 ё уран–233 ганигардонидашуда; урани дорои омехтаи изотопхое, ки дар табиат дар шакле вомехуранд, ки аз маъдан ё пасмондахои маъдани фарк мекунанд; ва хар гуна маводи дорои як ё якчанд элементхои зикргардидае мебошад, ки дар ин холат «урани бо изотопхои уран–235 ё уран–233 ганигардонидашуда» урани дорои изотопхои уран–235 ё уран–233 номида мешавад ва ё дорои хар ду изотопест ба андозае, ки фоизи барзиёди мачмуи ин изотопхо дар мукоиса бо изотопи уран–238 нисбат ба фоизи изотопи уран–235 дар мукоиса бо изотопи уран–238, ки дар табиат вомехурад, зиёдтар аст.

«Объекти ядрои» аз инхо иборат аст:

а) хама гуна реактори ядрои, аз он чумла реакторхое, ки дар киштихои бахри, воситахои наклиёт, дастгоххои парвозкунанда ё объектхои кайхони барои истифодабари ба сифати манбаи барк барои ба харакат овардани чунин киштихо, воситахои наклиёт, дастгоххои парвозкунанда ё объектхои кайхони ва ё хама гуна дигар максад насб карда шудаанд;

б) хама гуна иншоот ё воситаи хамлу накл, ки барои истехсол, нигохдори, азнавкоркардабарои ё интиколи маводи радиоактиви истифода мегардад.

«Восита» аз инхо иборат аст:

а) хама гуна воситаи таркандаи ядрои; ё

б) хама гуна воситаи пахнкунандаи маводи радиоактиви ё афканандаи радиатсия, ки метавонад вобаста ба хусусиятхои радиологии худ боиси марг, зарари вазнин ба саломати ё зарари вокеи ба моликият ё мухити зист гардад.

 

Моддаи 1942. Харакатхои касдона ба мукобили бехатарии дастгохи ядрои

 

1) Содир намудани харакатхои касдона ба мукобили бехатарии дастгохи ядрои, инчунин харакатхои ба истифодабарии дастгохи ядрои халалрасонанда, ки таъсиррасонии шуоъи радиоактиви ё партовхои маводи радиоактиви боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон ё ин ки расонидани зарари чидди ба моликият ё ба мухити зист мегардад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.

2) Содир намудан ё тахдиди содир намудани харакатхои пешбининамудаи кисми якуми хамин модда бо максади мачбур намудани шахси вокеи ё хукуки, давлат ё ташкилоти байналмилали ба содир намудани ягон харакат ё худдори намудан аз он, –

бо махрум намудан аз озоди ба мухлати аз хафт то дах сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Зери мафхуми «дастгохи ядрои» дар моддаи мазкур дастгохе (инчунин бинохо ва тачхизоти бо вай алокаманде) фахмида мешавад, ки дар он истехсол, азнавкоркардабарои, истифодабари, коркард, нигохдори ё гуронидани маводи ядрои амали карда мешавад, агар зарар ё дахолат ба истифодабарии чунин дастгох метавонад ба шуоъхурии зиёди радиоактиви ё партови зиёди маводи радиоактиви оварда расонад.

 

Моддаи 1943. Гайриконуни тайёр кардани воситаи таркандаи ядрои ё воситаи афканандаи радиатсия

 

1) Гайриконуни тайёр кардани воситаи таркандаи ядрои ё воситаи пахнкунандаи маводи радиоактиви ё афканандаи радиатсия, ки боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон ё ин ки расонидани зарари чидди ба моликият ё ба мухити зист мегардад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки содир шудааст‚-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хафт то дувоздах сол чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) дар холати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудаанд, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то понздах сол чазо дода мешавад.

Эзох: Шахсе, ки воситахои дар моддаи мазкур зикргардидаро бо ихтиёри худ месупорад, агар дар харакати у дигар таркиби чиноят мавчуд набошад, аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад.

 

Моддаи 1944. Хамлу накли гайриконунии моддахои тарканда, маводи радиоактиви, силохи биологи, химияви ё ядрои дар хавопаймо, кишти ё наклиёти хушкигард

 

1) Хамлу накли гайриконуни дар хавопаймо, кишти ё наклиёти хушкигард:

а) ягон моддаи тарканда ё маводи радиоактиви, бо дарки он ки онхо барои расонидан ё ба вучуд овардани тахдиди расонидан ба марг ё расонидани зарари вазнин ба саломати ё зарар бо максади тарсонидани ахоли ё мачбур намудани давлат ё ташкилоти байналмилали ба содир намудани ягон харакат ё худдори аз он таъин гардидаанд;

б) хама гуна силохи биологи, химияви ё ядрои бо дарки он ки он силохи биологи, химияви ё ядрои мебошад;

в) хама гуна маводи ибтидои, ки махсус тачзия мешавад ё тачхизот ё маводе, ки махсус барои коркард, истифодабари ва ё истехсоли маводи махсус тачзияшаванда таъин ё тайёр карда шудаанд, бо дарки он ки онхо барои истифода дар фаъолияти бо таркишхои ядрои ё дигар фаъолияти ядрои алокаманди бо кафолатхои мувофики созишнома дар бораи кафолатхои пурра бо Агентии байналмилали оид ба энергияи атоми фаронагиранда таъин гардидаанд; ва ё

г) хама гуна тачхизот, мавод ё таъминоти барномави ё ин ки технологияи мувофик, ки сахми назаррасро дар банакшагири, истехсол ё расонидани силохи биологи, химияви ё ядрои мегузорад, бо нияти истифодаи онхо ба ин максад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

2) Аз беэхтиёти ба марг расонидан ё расонидани зарари вазнин ба саломатии ягон шахс бинобар содир намудани кирдори дар кисми якуми хамин модда пешбинишуда, – бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то понздах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 1945. Гайриконуни истифода бурдан ва ё партофтани моддахои тарканда, силохи биологи, химияви ё ядрои, моддахои хатарнок ва зараррасон аз кишти ё платформаи стасионарии вокеи шелфи континентали

 

1) Ба мукобили кишти ё платформаи стасионарии вокеи шелфи континентали гайриконуни истифода бурдан ё ин ки аз кишти ё платформаи стасионарии вокеи шелфи континентали партофтани моддахои тарканда, маводи радиоактиви ё силохи биологи, химияви ё ядрои, ё ин ки нафт, гази моеи табии ё дигар моддаи хатарнок ё зараррасон ба андоза ва хачме, ки он боиси марг ё зарари вазнин ба саломати мегардад ё шуда метавонад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

2) Содир намудан ё тахдиди содир намудани кирдорхои пешбининамудаи кисми якуми хамин модда бо максади тарсонидани ахоли ва ё мачбур кардани давлат ё ташкилоти байналмилали барои ичрои ягон харакат ё худдори намудан аз он, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то понздах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 195. Гайриконуни сохиб шудан,  ба дигарон додан, ба сохибияти каси дигар додан, нигох доштан, интикол додан гирифта гаштани силох,  лавозимоти чанги,  моддахои тарканда ва воситахои таркиш

 

1) Гайриконуни сохиб шудан, ба дигарон додан, ба сохибияти каси дигар додан, нигох доштан, интикол додан ё бо худ гирифта гаштани силохи оташфишон, (гайр  аз силохи суфтамили шикори), лавозимоти чанги, моддахои тарканда ё воситахои таркиш, (КЧТ аз 26.07.14с., №1089)

– бо чарима ба андозаи аз як хазор то ду хазор нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) ба микдори калон анчом дода шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди  ба мухлати аз  се то хафт сол чазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи кисми якуми хамин модда агар аз чониби гурухи муташаккил содир шуда бошад, хамчунин гайриконуни сохиб шудан,  ба дигарон додан, ба сохибияти каси дигар додан, нигох  доштан, интикол додан ё бо худ гирифта гаштани силохи заррави, химияви, биологи (бактириологи) ё дигар намуди силохи катли ом ё мавод ё тачхизоте, ки хангоми сохтани силохи катли ом истифода шуданашон мумкин аст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хафт то дувоздах сол чазо дода мешавад.

4) Гайриконуни сохиб шудан,  ба дигарон додан, ба сохибияти каси дигар додан ё гирифта гаштани силохи гази, ханчар, корди дудама ё дигар силохи сард, аз чумла силохи хаводиханда агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбики чазои маъмури содир шуда бошад,

– бо корхои хатми ба мухлати аз як саду хаштод то ду саду чил соат ё бо чрима ба андозаи аз дусад то пачсад нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: 1) Шахсе, ки ихтиёри предметхои дар модаи мазкур  номбурдашударо месупорад, агар дар кирдори у дигар таркиби чиноят мавчуд набошад, аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад.

2) Мутобики кисми якуми хамин модда чавобгарии чинояти  барои кирдорхои гайриконуни бо тирхо танхо он вакт ба миён меояд, ки шумораи тирхо то дах дона бошад ва агар ин кирдор дар давоми соли баъди татбики чазои маъмури содир шуда бошад. Барои зиёда аз дах дона тир бошад, чавобгарии чинояти новобаста аз чавобгарии маъмури ба миён меояд;

3) Силохи оташфишон (ду адад ва зиёда аз он), лавозимоти чанги (граната, снаряд ва гайра ду адад ва зиёда аз он, тир 30 адад ва зиёда аз он), микдори калон хисоб карда мешавад. (КЧТ аз 26.07.14с., №1089)

 

Моддаи 1951. Гайриконуни расонидан, чойгир намудан, ба кор андохтан ё тарконидани воситаи тарканда ё воситаи дигари марговар

 

Гайриконуни ва касдона расонидан, чойгир намудан, ба кор андохтан ё тарконидани воситаи тарканда ё воситаи дигари марговар дар худуди чойхои истифодаи чамъияти, объекти давлати ё хукумати, объекти системаи наклиёти чамъияти ё объекти инфрасохтор, инчунин ба тарзе, ки он ба мукобили онхо равона шуда, боиси хавфи марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии одамон мегардад ё ин ки чунин чойхо, объект ё системаро багоят хароб сохта, зиёни калони иктисоди мерасонад ё метавонад расонад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Дар моддаи мазкур «воситаи тарканда ё воситаи дигари марговар» аз инхо иборат аст:

а) силохи тарканда ё оташбор ё воситае, ки дорои таъиноти расонидан ё кобили расонидан ба марг ё расонидани зарари вазнин ба саломати ё зарари чиддии модди мебошад;

б) силох ё воситае, ки бо усули рахо, пахн кардан ё таъсир расонидан бо моддахои захрноки химияви, агентхои биологи ё захрхо ва ё моддахои ба онхо монанд ё ин ки радиатсия ё маводи радиоактивии дорои таъиноти расонидан ё кобили расонидан ба марг ё расонидани зарари вазнин ба саломати ё зарари чиддии модди мебошад.

 

Моддаи 1952.  Муомилот ва истифодаи моддахои оташзананда

 

1) Истехсол, тайёр кардан, сохиб шудан, нигох доштан, ба дигарон додан, ба сохибияти каси дигар додан, фиристодан, интикол додан, бо худ гирифта гаштани моддахои оташзананда, ки барои ба сифати силох истифода бурдан мувофик карда шудаанд,

– бо чарима ба андозаи аз як хазор то ду хазор нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Истифода бурдани моддахои оташзананда,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

3) Харакатхои пешбининамудаи кисмхои 1 ва 2 хамин модда, агар:

а) аз чониби гурухи шахсон ё гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

б) дар холати ретсидиви хавфнок;

в) бо сабаби нафрат ё хусумати милли, нажоди, дини, мазхаби, махалгарои ё интиком;

г) ба микдори калон содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.

4) Харакатхои пешбининамудаи кисмхои 1, 2 ва ё 3 хамин модда, агар:

а)  аз чониби гурухи муташаккил ё иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти);

б) дар холати ретсидиви махсусан хавфнок;

в) ба микдори махсусан калон содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: 1) Тахти мафхуми моддахои оташзананда дар хамин ва дигар моддахои Кисми махсуси Кодекси мазкур махлул, мавод ва моддахое фахмида мешаванд, ки новобаста аз тарзи омода намудан дорои кобилияти даргирандаги буда, барои истифода бурдан ба сифати силох мувофик карда шуда, чихати расонидани зарар ба хаёт, саломати, молу мулк ва мухити зист равона карда шудаанд.

2) Шахсе, ки ихтиёри моддахои оташзанандаи дар хамин модда зикршударо месупорад, агар дар кирдори у дигар таркиби чиноят мавчуд набошад, барои содир намудани чинояти мазкур ба чавобгари кашида намешавад.

3) Моддахои оташзананда дар хачми аз 0,5 литр то 1 литр микдори калон ва зиёда аз 1 литр микдори махсусан калон хисобида мешаванд.  (КЧТ аз 26.07.14с., №1089)

 

Моддаи 196. Гайриконуни сохтани силох

 

1) Гайриконуни сохтан ё таъмир кардани силохи оташфишон, кисмхои комплектии (пуркунандаи) онхо, хамчунин гайриконуни сохтани лавозимоти чанги, моддахои тарканда ё воситахои таркиш,-

бо чарима ба андозаи аз як то ду хазор нишондиханда барои хисобхо ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки такроран ё аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки содир шудааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол чазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, ки аз чониби гурухи муташаккил ё дар холати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.

4) Гайриконуни сохтани силохи гази, хамчунин ханчар, корди дудама ё дигар силохи сард, аз чумла силохи хаводиханда,-

бо корхои хатми ба мухлати аз як саду хаштод то дусаду чил соат ё бо чарима ба андозаи то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё ба махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Шахсе, ки ихтиёри предметхои дар хамин модда зикршударо месупорад, агар дар кирдори у дигар таркиби чиноят мавчуд набошад, аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад.

 

Моддаи 197. Нигахдошти бепарвоёнаи  силох

 

Нигахдошти бепарвоёнаи  силохи оташфишон, лавозимоти чнги, моддахои тарканда ё воситахои таркиш аз чониби дорандаи конунии онхо, ки барои онро истифода бурдани шахси дигар шароит фарохам овардааст ва агар он аз беэхтиёти боиси окибатхои вазнин гардида бошад,-

бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё бо махдуд кардани озоди ба мухлати то ду  чазо дода мешавад.

 

Моддаи 198. Ичрои номатлуби вазифаи хифзи силох, лавозимоти чанги, моддахои тарканда ва воситахои таркиш

 

1) Ичрои номатлуби вазифаи хеш аз чониби шахсе, ки ба зиммааш хифзи силох

оташфишон, лавозимоти чанги, моддахои тарканда ё воситахои таркиш гузошта шудааст, агар он сабаби тасарруф ё нобуд шудани онхо ё боиси дигар окибатхои вазнин гашта бошад,-

бо махдуд кардани озоди ба мухлати то панч сол ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

2) Ичрои номатлуби вазифа оид ба хифзи силох заррави, химияви, биологи (бактериологи) ё дигар намуди силохи катли ом ё мавод ё тачхизоте, ки хангоми сохтани силохи катли ом истифода шуданашон мумкин аст, агар ин боиси дигар окибатхои вазнин гашта бошад ё хавфи ба миён омадани чунин окибатхоро пеш оварда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то хафт сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 199. Тасарруфи  силох, лавозимоти  чанги, моддахои тарканда ва воситахои таркиш

 

1) Тасарруфи силохи оташфишон, кисмхои комплектии (пуркунандаи) он, лавозимоти чанги, моддахои тарканда ё воситахои таркиш,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол чазо дода мешавад.

2) Тасарруфи силохи заррави, химияви, биологи (бактериологи) ва дигар намуди силохи катли ом, хамчунин мавод ё тачхизотхое, ки хангоми сохтани силохи катли ом истифода шуданашон мумкин аст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) бо истифодаи зуровари, ки ба хаёт ва ё саломати хавфнок нест ё бо тахдиди истифодаи чунин зуровари анчом дода шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

4) Кирдори пешбининамудаи кисмхои якум, дуюм ё сеюми хамин модда, агар:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) бо истифодаи зуровари, ки барои хаёт ва саломати хавфнок аст ё бо тахдиди истифодаи чунин зуровари;

в) аз чониби шахс бо истифода аз макоми хизмати;

г)  дар холати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то бист сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 1991. Муомилоти гайриконунии маводи тарфгари (пиротехники)

 

1) Гайриконуни ба худуди Чумхурии Точикистон ворид намудан, истехсол кардан, нигох доштан, фурухтан, ба сохибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгари (пиротехники) ба микдори на чандон калон ё дар давоми сол пас аз таъини чазои маъмури барои содир намудани чунин кирдорхо, –

бо чарима ба андозаи аз сад то дусад нишондиханда барои хисобхо чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдорхо, агар ба микдори калон содир шуда бошанд, –

бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз як то ду сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Тахти мафхуми ба микдори начандон калон аз бист то сад адад маводи тарфгарии (пиротехникии) барои оташфавворахо истифодашаванда, аз панчох то дусад адад бозичахои оташбози ба монанди капсулахо барои туфангчахои бозича (дар лентахо, варакхо, роликхо ё халкахои гирди пластики печонидашуда), ба микдори калон зиёда аз сад адад маводи тарфгарии (пиротехникии) барои оташфавворахо, зиёда аз дусад адад бозичахои оташбози ба монанди капсулахо барои туфангчахои бозича (дар лентахо, варакхо, роликхо ё халкахои гирди пластики печонидашуда) фахмида мешавад.

 

БОБИ 22. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ САЛОМАТИИ АХОЛИ

 

Моддаи 200. Муомилоти гайриконунии воситахои нашъадор ё моддахои психотропи бо максади ба сохибияти каси дигар додан

 

1) Гайриконуни истехсол, тайёр кардан, коркард, сохиб шудан, нигох доштан, интикол ё фиристодан бо максади ба сохибияти каси дигар додан, хамчунин гайриконуни ба сохибияти каси дигар додани воситахои нашъадор ё моддахои психотропи ба  микдори кам,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч  сол чазо дода мешавад.

2) Харакатхои пешбининамудаи кисми якуми хамин модда,  агар ба микдори начандон калон  содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.  (КЧТ аз 13.06.13с., №965)

3) Харакатхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар :

а) такроран;

б) дар муассисахои тахсилоти хамагони ё дар дигар чойхое, ки барои гузаронидани чорабинихои таълими, варзиши ё дигар чорабинихои чамъияти истифода бурда мешавад;

в)  аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

г)  ба микдори калон;

д)  дар холати ретсидиви хавфнок содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол чазо дода мешавад.  (КЧТ аз 13.06.13с., №965)

4) Харакатхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми ё сеюм хамин модда, агар :

а) дар холати ретсидиви махсусан хавфнок;

б) дар махалли адои чазо дар намуди махрум сохтан аз озоди;

в) бо истифодаи макоми хизмати;

г) аз чониби гурухи муташаккил ё иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти);

д) ба микдори махсусан калон содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлат аз дувоздах то бист сол дода мешавад.  (КЧТ аз 13.06.13с., №965)

 

Эзох:

1) Дар моддахои  200 – 205- и хамин Кодекс хамон вакт чиноят такроран содир шуда эътироф карда мешавад, ки агар шахс каблан як ё якчанд чиноятхои пешбининамудаи хамин моддахоро содир карда бошад.

2) Мафхуми микдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калон, ки дар моддахои 200 – 202 ва 204 хамин Кодекс пешбини шудааст, мутобики «Номгу ва микдори воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва перекурсорхои дар муомилоти гайриконуни буда», ки дар замимаи №1 Кодекси мазкур  нишон дода шудаанд, муайян карда мешавад.

3) Мафхуми микдори кам, начандон калон, калон ва махсусан калон дар моддаи 204 нишон дода шуда дар Номгу аз руи микдори нихоли зироатхои дорои моддахои нашъадори кишташон маъшуда муайян карда мешавад.

 

Моддаи 201. Муносибати гайриконуни бо воситахои нашъадор ё моддахои психотропи

 

1) Гайриконуни истехсол, тайёр намудан, коркард, сохиб шудан, нигох доштан, интикол ё фиристодани воситахои нашъадор ё моддахои психотропи, бе максади ба сохибияти каси дигар додан ба микдори кам, –

бо чарима ба мндозаи аз сад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё   махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Харакатхои  пешбининамудаи кисми якуми хамин модда, агар ба микдори начандон калон  содир  шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол  чазо дода мешавад.

3) Харакатхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар;

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) дар махалли адои чазои дар намуди махрум сохтан аз озоди;

г) бо истифодаи макоми хизмати;

д)  дар холати рецидиви хавфнок;

е)  ба микдори калон содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он чазо дода мешавад.

4) Харакатхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюм ё сеюми хамин модда, агар;

а) дар холати рецидиви махсусан хавфнок;

б) ба микдори махсусан калон содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 202. Тасарруфи воситахои нашъадор ё моддахои психотропи

 

1) Тасарруфи воситахои нашъадор ё моддахои психотропи,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то  пач сол чазо дода мешавад.

2) Хамин харакат агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) бо истифода аз макоми хизмати;

г) ба микдори калон содир шуда бошад;

д) бо зуровари, ки барои хаёт ва саломати хавфнок нест ё бо тахдиди истифодаи он анчом дода шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз пач то дах сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол  ё бидуни он чазо дода мешавад.

3) Харакати пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) ба микдори махсусан калон;

в) бо истифодаи зуровари, ки барои хаёт ва саломати хавфнок аст ё бо тахдиди истифодаи чунин зуровари;

г)  дар холати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок  содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то понздах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

 

Моддаи 2021. Гайриконуни истехсол, тайёр кардан, коркард, сохиб шудан, нигох доштан, ба сохибияти каси дигар додан, интикол ё фиристодани прекурсорхо

 

1) Гайриконуни истехсол, тайёр кардан, коркард, сохиб шудан, нигох доштан, ба сохибияти каси дигар додан, интикол ё фиристодани прекурсорхо бо максади истифода бурдани онхо барои истехсол ё райёр кардани воситахои нашъадор ё моддахои психотропи ба микдори калон, –

бо  махрум сохтан аз  озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) бо истифода аз макоми хизмати содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз  панч то хафт сол  бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешаванд.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) дар холати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок;

в) ба микдори махсусан калон содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хафт то дах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешаванд. (КЧТ  аз 5.08.09с., №547)

 

Моддаи 2022. Тасарруфи прекурсорхо

 

1) тасарруфи прекурсорхо бо максади истехсол ё тайёр кардани воситахои нашъадор ё моддахои психотропи, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч  сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 5.08.09с., №547)

2) Хамин харакат агар:

а) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

б) такроран;

в) бо истифодаи зуроварие, ки барои хаёт ё саломати хавфнок нест ё бо тахдиди истифодаи он;

г) бо истифодаи макоми хизмати;

д) ба микдори калон содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хафт сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи масабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад. (КЧТ  аз 5.08.09с., №547)

3) Харакатхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда агар:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) бо истифодаи зуроварие, ки барои хаёт ё саломати хавфнок аст ё бо тахтиди истифодаи чунин зуровари;

б) ба микдори махсусан калон содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хафт то дувоздах сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 203. Моил кардан ба истеъмоли воситахои нашъадор ё моддахои психотропи

 

1) Моил кардан ба истеъмоли воситахои нашъадор ё моддахои психотропи, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

2) Хамин харакат, агар:

а) нисбати шахсони баръало ноболиг;

б) нисбати ду ё зиёда шахсон;

в) бо рохи фиреб;

г) бо истифодаи зуровари ё тахдиди истифодаи он;

д) такроран;

е) дар махалли адои чазои махрум сохтан аз озоди;

ж) аз чониби гурухи муташаккил содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то хафт сол чазо дода мешавад.

3) Харакати пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар аз беэхтиёти боиси марги чабрдида ё расонидани дигар окибатхои вазнин гашта бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хафт то дувоздах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 204. Парвариши гайриконунии зироатхои дорои моддахои нашъадори кишташон манъшуда

 

1) Парвариш, яъне кишт ё нигохубини гайриконунии зироатхое, ки дорои моддахои нашъадори кишташон манъшуда мебошанд, ба микдори кам содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол  чазо дода мешавад.

2) Харакатхои пешбининамудаи кисми якуми хамин модда, агар ба микдори начандон калон содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

3) Харакатхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) дар холати ретсидиви хавфнок;

г) ба микдори калон содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт  сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он  чазо дода мешавад.

4) Харакатхои  пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюм ё сеюми  хамин модда, агар:

а) дар холати ретсидиви махсусан хавфнок;

б) аз чониби гурухи муташаккил ё иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти);

в) бо истифода аз макоми хизмати;

г) ба микдори махсусан калон содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах  сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 205. Ташкил ё нигахдошти фасодхона  барои  истеъмоли  воситахои нашъадор ё моддахои психотропи

 

1) Ташкил ё нигахдории  фасодхона барои истеъмоли воситахои нашъадор ё  моддахои психотропи,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то  панч сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи муташаккил;

в) бо истифода аз макоми хизмати содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч  то дах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

 

Моддаи 206. Муомилоти гайриконунии моддахои сахттаъсир ё захролуд бо максади ба сохибияти каси дигар додан

 

1) Гайриконуни истехсол, тайёр намудан, коркард, сохиб шудан, нигох доштан, интикол ё фиристодан бо максади ба сохибияти каси дигар додан, хамчунин гайриконуни ба сохибияти каси дигар додани моддахои сахттаъсир ё захролуд, ки воситахои нашъадор ё моддахои психотропи намебошанд, –

бо махдуд кардани озоди ба мухлати аз се то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар;

а) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

б) такроран содир гардида бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хафт сол  бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) вобаста ба моддахои сахттаъсир ё захролуд ба микдори калон содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хафт то дах сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 2061. Вайрон намудани коидахои муомилоти воситахои нашъадор, моддахои психотропи ё прекурсорхо, моддахои сахттаъсир ё захролуд

 

1) Вайрон намудани коидахои истехсол, тайёр кардан, коркард, нигахдошт, бахисобгири, додан, фуруш, таксимот, интикол, фиристодан, сохибшудан, истифода, воридот, содирот ё нобуд кардани воситахои нашъадор моддахои психотропи ё прекурсорхо, инчунин мавод, асбоб ё тачхизоте, ки барои тайёр кардани воситахои нашъадор, моддахои психотропи ё прекурсорхо истифода бурда мешаванд ва тахти назорати махсус карор доранд, агар ин кирдор аз чониби шахсе анчом дода шуда бошад, ки он вазифадор аст коидахои зикргардидаро риоя кунад, –

бо чарима ба андозаи то пачсад нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё бо махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Вайрон кардани коидахои истехсол, сохиб шудан, нигох доштан, ба хисобгири, додан, интикол ё фиристодани моддахои сахттаъсир ё звхролуд, агар он боиси тасарруфи онхо ё расонидани дигар зарари чидди гардида бошад, –

бо чарима ба андозаи то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ва машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад. (кчт аз 17.05.04 №35)

 

Моддаи 207. Вайрон намудани коидахои санитарию  эпидемиологи

 

1) Вайрон кардани коидахои санитарию эпидемиологи, ки аз беэхтиёти боиси бемории оммави ё захролудшавии одамон гардидааст, –

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад. (кчт аз 17.05.04 с., №35)

2) Хамин кирдор, ки аз беэхтиёти боиси марги инсон шудааст, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду  то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 208. Нихон доштани иттилоот оид ба холатхое, ки барои хаёт ва саломатии одамон хавфнок мебошанд

 

1) Нихон доштан ё тахриф кардани иттилоот дар мавриди ходисахо, вокеъахо ё руйдодхое, ки барои хайёт ё саломатии одамон ё мухити атроф хавфнок мебошад, аз чониби шахсе, ки вазифадор аст ахолиро бо чунин иттилоот таъмин намояд, – (кчт аз 17.05.04 с., №35)

бо чарима ба андозаи аз панчсад то хафтсад нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) аз чониби шахс бо истифодаи макоми хизмати;

б) аз беэхтиёти ба саломатии инсон зарар расонида бошад ё боиси дигар окибатхои вазнин гашта бошад,-

бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ва машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 209. Истехсол, нигох доштан, интикол ё  ба сохибияти каси дигар додани мол ё махсулот, ичрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатари чавоб нмедихад

 

1) Истехсол, нигох доштан ё интикол додан бо максади ба сохибияти каси дигар додан ё ин ки ба сохибияти каси диагр додани   мол ё махсулот, ичрои кор ё хизматрасони, ки ба талаботи бехатари барои хаёт ё саломатии истеъмолкунандагон чавоб намедихад, хамчунин гайриконуни додани санади расми ё истифодаи чунин санад, ки мутобики ин мол, кор ё хизматрасониро ба талаботи бехатари тасдик мекунад,

– бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо хадди акал ё бо махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол ё бо махрум сохтан аз озоди ба хамон мухлат бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян  ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) вобаста ба мол, ё махсулот, кор ё хизматрасоние, ки ба кудакони то синни шашсола тааллук доранд;

б) аз беэхтиёти ба саломатии ду ё бештар чабрдидагон зарар расонида бошад;

в) аз беэхтиёти боиси марги инсон шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз  се  то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми моддаи мазкур, ки аз беэхтиёти боиси марги ду ё бештар чабрдидагон гардидааст, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати аз се то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 210. Гайриконуни машгул шудан ба фаъолияти амалии хусусии тибби ва фаъолияти хусусии фармасефти

 

1) Машгул шудан ба фаъолияти амалии хусусии тибби ё фаъолияти хусусии фармасефти аз чониби шахсе, ки барои ин фаъолияти интихобнамудааш ичозатнома (лицензия) надорад, агар ин аз беэхтиёти боиси расонидани зарар ба саломатии инсон  гашта бошад, – (кчт аз 17.05.04 с., №35)

бо чарима ба андозаи то панчсад нишондиханда барои хисобхо бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор агар аз беэхтиёти боиси марги инсон гардида бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 2101. Гайриконуни ба худуди Чумхурии Точикистон ворид намудан, истехсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, калбаки (сохта) ва ба талаботи стандартхои мукарраршуда чавобгуйнабуда, инчунин дорувории мухлати истифодааш гузашта

 

1) Гайриконуни ба худуди Чумхурии Точикистон ворид намудан, истехсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, калбаки (сохта) ва ба талаботи стандартхои мукарраршуда чавобгуйнабуда, инчунин дорувории мухлати истифодааш гузашта ба микдори калон, –

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то ду сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) бо истифодаи макоми хизмати содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз як хазор то ду хазор нишондиханда барои хисобхо ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ва дуюми хамин модда, агар:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) ба микдори махсусан калон;

в) аз беэхтиёти боиси марги инсон ё дигар окибатхои вазнин гашта бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол бо мусодираи молу мулк ва бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Эзох: Тахти мафхуми ворид намудан, истехсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, калбаки (сохта) ва ба талаботи стандартхои мукарраршуда чавобгуйнабуда, инчунин дорувории мухлати истифодааш гузаштаи дар хамин модда пешбинишуда ба микдори калон арзиши маводхои дорувории аз сад нишондиханда барои хисобхо зиёд ва ба микдори махсусан калон аз як хазор нишондиханда барои хисобхо зиёд фахмида мешавад. (КЧТ аз 31.12.08с., №451).

 

БОБИ 23. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ БЕХАТАРИИ ХАРАКАТ ВА ИСТИФОДАИ НАКЛИЁТ

 

Моддаи 211. Вайрон кардани коидахои бехатарии харакат ва истифодаи наклиёти рохи охан, хавои ё оби

 

1) Вайрон кардани коидахои бехатарии харакат ё истифодаи наклиёти рохи охан, хавои ё оби аз чониби шахсе, ки вобаста ба корхои ичронамуда ё вазифахои ишголнамудааш ухдадор шудааст  ин коидахоро риоя кунад, агар ин кирдор аз беэхтиёти ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна расонидааст ё зарар ба микдори калон ворид намудааст, –

бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат бо махрум намудан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то ду сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки аз беэхтиёти боиси марги инсон гаштааст, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол бо махрум намудан аз ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисми якуми моддаи мазкур, агар:

а) аз беэхтиёти боиси марги ду ё бештар шахс;

б) хорич карда шудааст;

б) боиси дигар окибатхои вазнин гардида бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дувоздах сол бо махрум намудан аз хукуки ишголи мансабхои муайян  ё машгул шудан бо фаъоляти муайян  ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 212. Вайрон кардани коидахои харакати рох ва истифодаи воситахои наклиёт

 

1) Аз чониби шахси идоракунандаи автомобиль ё дигар воситаи наклиёти механики вайрон кардани коидахои харакати рох  ё истифодаи воситаи наклиёт, ки аз беэхтиёти боиси расонидани зарари  миёна ба саломатии инсон гаштааст, –

бо чарима ба андозаи то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё бо махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки аз беэхтиёти боиси марги инсон, расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян  ё машгул шудан бо фаъоляти муайян  ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисми якуми хамин модда, ки аз беэхтиёти боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян  ё машгул шудан бо фаъоляти муайян ба мухлати то панч  сол чазо дода мешавад.

4) Кирдорхои пешбининамудаи кисми якуми хамин модда, ки аз тарафи шахси дар холати масти карордошта ё шахсе, ки хукуки идора кардани воситахои наклиётро надорад, содир карда шуда, аз беэхтиёти боиси марги инсон ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст,-  (КЧТ аз 28.08.17 с., №1467)

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол бо махрум намудан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати дах сол чазо дода мешавад.  (КЧТ аз 28.08.17 с., №1467)

5) Кирдорхои пешбининамудаи кисми якуми хамин модда, ки аз тарафи шахси дар холати масти карордошта ё шахсе, ки хукуки идора кардани воситахои наклиётро надорад, содир карда шуда, аз беэхтиёти боиси марги ду ва ё зиёда шахсон гардидааст,-  (КЧТ аз 28.08.17 с., №1467)

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то понздах сол бо махрум намудан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати аз дах то бист сол чазо дода мешавад.  (КЧТ аз 28.08.17 с., №1467)

Эзох: Тахти мафхуми дигар воситахои наклиёти механики дар моддаи мазкур трактор, дигар мошинхои худгард, троллейбус, инчунин мотоцикл ва дигар воситахои наклиёти механики дар назар дошта шудааст.

 

Моддаи 2121. Идора намудани воситаи наклиёт бо раками кайди давлатии бегона, раками калбаки ва ё тайёр кардани ракамхои калбакии кайди воситаи наклиёт

 

  1. Идора намудани воситаи наклиёт бо раками кайди давлатии бегона ё раками калбаки, агар дар давоми як соли пас аз татбики чазои маъмури барои чунин кирдор содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз сад то яксаду панчох нишондиханда барои хисобхо ё бо махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

  1. Тайёр кардани ракамхои калбакии кайди воситаи наклиёт, –

бо чарима ба андозаи аз яксаду панчох то дусад нишондиханда барои хисобхо ё бо махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.  (КЧТ аз 23.07.2016 с., №1331).

 

Моддаи 2122. Идора кардани воситаи наклиёт аз тарафи шахсе, ки хукуки ронандаги надорад ва дар холати масти карор дорад

 

Идора кардани воситаи наклиёт аз тарафи шахсе, ки хукуки ронандаги надорад ва дар холати масти карор дорад, инчунин аз тарафи ин шахс барои идоракуни додани воситаи наклиёт ба шахсе, ки хукуки ронандаги надорад ва дар холати масти карор дорад, агар дар давоми як соли пас аз татбики чазои маъмури барои чунин кирдор содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз панчсад то хазор нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.  (КЧТ аз 28.08.17 с., №1467)

 

Моддаи 213. Таъмири бадсифати роххо воситахои наклиёт ва ба истифода баровардани онхо бо  норасоихои техники

 

1) Таъмири бадсифати воситахои наклиёт, роххо, воситахои огохони ё алока ё дигар тачхизоти наклиёт , хамчунин барои истифодабари ичозат додани наклиёти аз чихати техники носоз аз чониби шахси масъули холати техникии воситахои наклиёт, агар ин кирдор аз беэхтиёти ба саломатии чабрдида зарари вазнин ё миёна, ё зарар ба микдори калон расонида бошад, –

бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад. (кчт аз 17.05.04 с., №35)

2) Хамин кирдор, агар аз беэхтиёти боиси марги инсон шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисми якуми хамин модда, агар:

а) аз беэхтиёти боиси марги ду ё бештар шахсон;

б) хорич карда шудааст; (кчт аз 17.05.04 с., №35)

б) боиси окибатхои дигари вазнин гардида бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 214. Корношоям сохтани воситахои наклиёт  ё роххо

 

1)  Хароб кардан, осеб расонидан ё бо усулу воситахои дигар барои истифода корношоям гардонидани воситахои наклиёт, роххо, воситахои огохони ё алока ё дигар тачхизоти наклиёт, хамчунин мухосираи роххои наклиёт, агар ин кирдор аз беэхтиёти ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна ё зарари калон расонида бошад, –

бо чарима ба андозаи аз як хазор то як хазору панчсад нишондиханда барои хисобхо ё хабс ба мухлати то шаш мох ё махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар аз беэхтиёти боиси марги инсон гашта бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисми якуми хамин модда, ки аз беэхтиёти боиси марги ду ё зиёда шахсон гаштааст, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 215. Гайриконуни дар наклиёти хавои бо худ бурдани моддахои тарканда ё зуддаргиранда

 

1) Гайриконуни дар кишти хавои бо худ бурдани моддахои тарканда ё зуддаргиранда, –

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки боиси руй додани окибатхои вазнин гардидааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 216. Вайрон кардани коидахое, ки кори бехатарии  наклиётро таъмин менамояд

 

1) Аз чониби мусофир, пиёдагард ё дигар иштироккунандаи харакат (ба гайр аз шахсони дар моддахои 211 ва 212 хамин Кодекс зикр гардида) вайрон кардани коидахои бехатари харакат ё истифодаи воситахои наклиёт, агар ин кирдор аз беэхтиёти ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна  расонида бошад, –

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар аз беэхтиёти боиси марги инсон гашта бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба  мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи кисми якуми хамин модда агар,

а) аз беэхтиёти боиси марги ду ё зиёда шахсон;

б) сабаби садама;

в) боиси окибатхои  дигари вазнин гардида бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 217. Вайрон кардани  коидахои  бехатари  хангоми сохтмон, истифодабари ва таъмири хатхои  кубури  магистрали

 

1) Вайрон кардани коидахои бехатари хангоми сохтмон, истифода ё таъмири хатхои кубури магистрали, агар ин кирдор аз беэхтиёти ба саломатии инсон зарари вазнин ё миёна ё зарар ба микдори калон расонида бошад, –

бо махдуд кардани озоди ба мухлати то чор сол, ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар аз беэхтиёти боиси марги инсон гардида бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи кисми якуми хамин модда, ки аз беэхтиёти боиси марги ду ё зиёда шахсон гаштааст, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 218. Вайрон кардани коидахои парвози  байналмилали

 

Риоя накардани хати парвози муайяншуда, чои фуруд дарвозахои фазои, баландии парвоз ё вайрон кардани дигар коидахои парвози байналмилали, –

бо чарима ба андозаи аз як хазор то ду хазор  нишондиханда барои хисобхо ё махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё корхои ислохи ба   мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 219. Худсарона, бидуни зарурат  боздоштани  поезд

 

Худсарона, бидуни зарурат боздоштани поезд бо асбоби боздори (стопкран) бо рохи чудо кардани магистрали хавоии тормози ё бо воситаи дигар,  агар он аз беэхтиёти боиси марги инсон,  чаппашави, осеб дидани катори поезд ё дигар окибатхои вазнин гардида бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дувоздах сол чазо дода мешавад.

 

ФАСЛИ IX. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИ ВА МУХИТИ ЗИСТ

(кчт аз 17.05.04 с., №35)

 

БОБИ 24. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИ ВА МУХИТИ ЗИСТ

(кчт аз 17.05.04 №35)

 

Моддаи 220. Вайрон кардани коидахои бехатарии экологи хангоми ичрои кор

 

Вайрон кардани  коидахои  хифзи   мухити   атроф   хангоми лоихакаши, чойгирсози, сохтмон, ба истифода додан ё истифодаи иншоотхои саноати, кишоварзи, илми ё дигар объектхо аз чониби шахсоне, ки барои риояи он масъул мебошанд, агар чунин кирдор аз беэхтиёти боиси тагьироти мухими манзари (фони) радиоактиви, марги як ё чанд шахсон, бемории оммавии одамон ё саросар мурдани хайвонот ё дигар окибатхои вазнин гашта бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то хашт сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 221. Касдан нихон доштан ё тахриф кардани тахсилот оид ба олудагии мухити атроф

 

1) Дидаю дониста аз чониби шахси мансабдор аз ахоли нихон доштани тахсилот дар бораи олудагии радиоактиви, химияви, бактериологи ё дигар олудагихои барои хаёт ё саломатии одамон ё мухити атроф хавфнок, хамчунин ба онхо баръало додани иттилооти тахрифшуда оид ба чунин олудагихо,-

бо чарима ба андозаи аз панчсад то хаштсад нишондиханда барои хисобхо  ё махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад

2) Хамин кирдор, агар;

а) аз беэхтиёти боиси марги як ё зиёда шахсон шуда бошад;

б) сабаби бемории оммавии одамон ё дигар окибатхои вазнин гардида бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ва машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 222. Наандешидани тадбир чихати рафъи  окибати олудагии экологи

 

Саркаши аз гузаронидани корхо  ё  номатлуб  анчом  додани тадбирхои дезактиви ва баркарорсози дар махалхое, ки бо олудагии экологи фаро гирифта шудаанд, аз чониби шахсе, ки вазифадор шудааст ин тадбирхоро андешад, агар он аз беэхтиёти боиси марги як  ё чанд шахсон, бемории оммавии одамон ё дигар окибатхои вазнин гардида бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 223. Вайрон кардани коидахои бехатари хангоми муносибат бо моддахо ва партовхои аз нигохи экологи хавфнок

 

1) Вайрон кардани коидахои бехатари хангоми истехсол интикол, нигахдошт, гур кардан, истифода ё дигар муносибат бо моддахо ё партовхои радиоактиви, бактериологи, химияви, агар он ба расонидани зарари чидди ба саломатии инсон ё мухити табиат тахдид кунад,-

бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол  ё махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) боиси олудаги, сироят ё захролудшавии  мухити табиати атроф гашта бошад, ба саломатии инсон зараровар ва ё боиси   саросар мурдани хайвонот гардида бошад;

б) дар минтакахои офати экологи ё минтакаи вазъияти фавкулоддаи экологи содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, ки аз беэхтиёти боиси беморихои оммавии инсон ё марги инсон гардида бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 224. Вайрон кардани коидахои бехатари хангоми муносибат бо омилхои микробиологи  ё дигар омилхои биологи ё токсинхо (моддахои захролуд)

 

1) Вайрон кардани коидахои бехатари хангоми муносибат бо омилхои микробиологи ё дигар омилхои биологи ё токсинхо, агар он аз беэхтиёти ба саломатии одамон зарар расонида, боиси пахн гардидани эпидемия (касалихои сирояткунанда) ё эпизоотия (муромурии хайвонот) ё дигар окибатхои вазнин гардида бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор агар аз беэхтиёти боиси марги инсон гардида бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 225. Вайрон кардани коидахои байтори (ветеринари) ва коидахои барои мубориза ба мукобили касали ва хашароти зараррасони растани мукарраршуда

 

1) Вайрон кардани коидахои байтори, ки аз беэхтиёти боиси пахн гардидани эпидемия (касалихои сирояткунанда), эпизоотия (муромурии хайвонот)  ё дигар окибатхои вазнин шудааст, –

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Вайрон кардани коидахои барои мубориза ба мукобили касали бар зидди хашароти зараррасони растани мукарраршуда, ки аз беэхтиёти боиси окибатхои вазнин гаштааст, –

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо  ё махрум сохтан аз озоди ба   мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 226. Ифлос кардани об

 

1)  Ифлос ё олуда кардани обхои руизамини ё зеризамини, манбаъхои оби нушидани,  мунтазам кам кардани захирахои об ё бад кардани сифати он ё шакли дигари тагйири хусусиятхои табиии он, агар  чунин кирдор дар давоми соли баъд аз татбики чазои маъмури содир шуда бошад, –

бо корхои хатми ба мухлати аз яксаду чил то дусаду чил соат ё бо чарима ба андозаи то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махдуд кардани озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) боиси расонидани зарари чидди ба олами хайвонот ё наботот, захирахои мохи, хочагии чангал ё сохаи кишоварзи, гардида бошад;

б) бо сабаби беэхтиёти ба саломатии одамон зарар расонида бошад;

в) боиси муромурии саросари хайвонот гашта бошад;

г) дар минтакахои мамнуъгохи давлати ё парваришгох ё дар минтакаи офати экологи ё   вазъияти фавкулоддаи экологи содир шуда бошад, –

бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, ки аз беэхтиёти боиси марги инсон шудааст, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлатиаз панч то хашт сол сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 227. Олуда сохтани фазо

 

1) Олуда сохтан ё ба тарзи дигар тагьир додани хосиятхои табиии хаво бо баланд кардани меъёрхои муайяншуда дар натичаи вайрон кардани коидахои истифодаи дастгоххо, иншоот ё дигар объектхо, агар ин кирдор ба мухити табиати атроф зарари чидди ворид карда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз   панчсад то хафтсад нишондиханда барои хисобхо ё бо  корхои ислохи  ба мухлати то ду сол ё махдуд кардани озоди ба мухлати то се   сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки аз беэхтиёти ба саломатии инсон зарар расонида бошад, –

бо корхои ислохи ба мухлати аз як то ду сол ё махрум сохтан  аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи кисми якуми хамин модда, ки аз беэхтиёти боиси марги инсон гардидааст, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 228. Хароб кардани замин

 

1) Захролуд ё ифлос кардани замин бо махсулоти зиёновари хочаги ё бо дигар навъи фаъолият дар натичаи вайрон кардани коидахои муносибат бо дорухои захрдор, пору, нумуяи авчи растани ё дигар моддахои хавфноки химияви ё биологи хангоми нигахдошт, истифода, интиколи онхо хамчунин дигар усули хароб кардани замин, ки ба саломатии инсон ё ба мухити табиати  атроф зарари чидди ворид кардааст, –

бо чарима ба андозаи аз панчсад то хаштсад нишондиханда барои хисобхо  ё махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол  чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки дар минтакаи офати экологи ё вазъияти фавкулоддаи экологи содир шудааст ё аз беэхтиёти ба саломатии одамон зарар расонидааст, –

бо чарима ба андозаи аз хафтсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё  махдуд кардани озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи кисми якуми хамин модда, ки аз беэхтиёти боиси марги инсон гардидааст, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 229. Вайрон  кардани коидахои хифз ва истифодаи сарватхои зеризамини

 

Вайрон кардани коидахои хифз ва  истифодаи  сарватхои зеризамини хангоми лоихакаши, чойгир намудан, сохтмон, ба истифода додан ва истифодаи корхонахои саноатии истихрочи маъдан ё иншооти зеризамини, ки ба истихрочи канданихои фоиданок алокаманд нестанд, хамчунин худсарона сохтани иншоот дар минтакахои чойгиршавии канданихои фоиданок, агар чунин кирдор зарари  чидди ворид намуда бошад,  –

бо чарима ба андозаи аз сесад то хафтсад нишондиханда барои хисобхо   ё махрум кардан аз  хукуки  ишголи мансабхои муайян ё  машгул  шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати  то панч сол ё корхои ислохи ба мухлати то ду  сол  чазо  дода   мешавад.

 

Моддаи 230. Сайди гайриконунии хайвоноти оби

 

1) Сайди гайриконунии мохи ё дигар намуди хайвоноти оби, агар ин кирдор:

а) ба микдори калон зарар оварда бошад;

б) бо истифода аз усули махви оммави анчом дода шуда бошад;

в) дар чойхои тухмгузори ё роххои харакат ба он чойхо

содир шуда бошад;

бо чарима ба андозаи аз сесад то хафтсад нишондиханда барои хисобхо ё махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то хафт сол ё хабс ба мухлати аз се то шаш мох чазо дода мешавад.

2) Кирдори пешбининамудаи кисми якуми хамин модда, ки:

а) аз чониби шахс бо истифодаи макоми хизмати;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё гурухи

муташаккил;

в) такроран;

г) дар худуди мамнуъгоххо, парваришгоххо ё дар минтакаи офати экологи ё минтакаи вазъияти фавкулоддаи экологи содир шуда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз як хазор то  ду хазор нишондиханда барои хисобхо бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба хамин мухлат ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 231. Вайрон кардани коидахои хифзи захираи мохи

 

Солрони, сохтмони пул, сарбанд, анчом додани корхои таркиш ва дигар корхо, хамчунин истифодаи иншоотхои обгири ва тачхизоти обкаши бо вайрон намудани коидахои хифзи захираи мохи, агар ин кирдор боиси талафоти саросари мохи ё дигар хайвоноти оби хамчунин боиси расонидани зарари чидди  аз махв гардидани захираи хурока ё дигар окибатхои вазнин гашта бошад,-

бо чарима ба андозаи аз панчсад то хафтсад нишондиханда барои хисобхо  ё махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 232. Шикори гайриконуни

 

1) Шикори гайриконуни, агар ин кирдор:

а) ба микдори калон зарар оварда бошад;

б) бо истифода аз воситахои наклиёти механики ё кишти хавои, моддахои тарканда, газхо ё дигар усулхои махви саросари паррандагон ва хайвонот содир шуда бошад;

в) бо шикори паррандагон ва хайвонот, ки шикори онхо пурра манъ шудааст, алокаманд бошад;

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо  ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё хабс ба мухлати аз се то шаш мох чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) аз чониби шахс бо истифода аз макоми хизмати;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё аз чониби гурухи муташаккил; (кчт аз 17.05.04 №35)

в) дар худуди мамнуъгох, парваишгох ё дар минтакаи офати экологи ё минтакаи вазъияти фавкулоддаи экологи содир шуда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз як хазор то  ду хазор нишондиханда барои хисобхо хадди акал бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 233. Нобуд кардани макони дар вазъияти басо хатарнок карордоштаи зисти организмхо, ки ба китоби Сурхи Чумхурии Точикистон дохил карда шудаанд

 

Нобуд кардани макони дар вазъияти басо хатарнок карордоштаи  зисти организмхо, ки ба китоби Сурхи Чумхурии Точикистон дохил карда шудаанд ва сабаби махви пахншавии ин организмхо гардидаанд,-

бо чарима ба андозаи аз панчсад то хафтсад нишондиханда барои хисобхо  ё махдуд кардани озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 234. Гайриконуни буридани дарахт  ва буттахо

 

1) Гайриконуни буридани дарахт, буттахо ё изгичи печон ё хамчунин расонидани зараре, ки ба сабзиши ояндаи онхо дар чангалзори гурухи якум ё китъахои махсус хифзшавандаи хамаи гурухи чангалзорхо имконнопазир гардидааст, инчунин дарахту бутта ва изгичи печон, ки ба фонди чангал дохил нашудааст ё буридани онхо манъ шудааст, агар бо ин кирдор зарари чидди расонида шуда бошад,-

бо  корхои хатми ба мухлати аз яксаду шаст то дусаду бист соат ё бо чарима ба андозаи аз панчсад то хафтсад нишондиханда барои хисобхо  ё махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол  чазо дода мешавад.

2) Гайриконуни буридан ё расонидани зараре, ки сабзиши чунин дарахту бутта ва изгичи печон, дигар намуди нихолу буттахои ба фонди чангал дохилнашударо дар хама гуруххои чангал имконнопазир гардонидааст, агар ин кирдор,

а) такроран;

б) аз чониби шахс бо истифода аз макоми хизмати;

в) боиси расонидани зарар ба микдори калон гардида бошад,-

бо чарима ба андозаи аз хафтсад то хазор нишондиханда барои хисобхо бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он ё хабс ба мухлати аз ду то шаш мох бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 2341. Муомилоти гайриконунии шираи камол

 

1) Гайриконуни чамъовари кардан, коркард, истехсоли дорувори, нигох доштан, интикол ё ба сохибияти каси дигар додани шираи камол ба микдори на чандон калон, –

бо чарима ба андозаи аз дусад то сесад нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то ду сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) аз чониби шахс бо истифода аз макоми хизмати;

г) бо истифодаи зуровари;

д) ба микдори калон содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз хафтсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол бо махрум кардан аз хукуки машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати аз се то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

Эзох: Тахти мафхуми ба микдори на чандон калон дар моддаи мазкур зиёда аз ду килограмм шираи камол ё нест кардани зиёда аз 20 бехи буттаи камол ва ба микдори калон зиёда аз дах килограмм шираи камол ё нест кардани зиёда аз 100 бехи буттаи камол фахмида мешавад.(КЧТ аз 31.12.08с №457).

 

Моддаи 235. Несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба чангал

 

1) Несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба чангал, инчунин ба дарахтзоре, ки ба фонди чангал дохил нашудааст, дар натичаи муносибати беэхтиётона бо оташ, моддахои тарканда ё дигар манбаи нихоят хатарнок,-

бо чарима ба андозаи аз сесад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махдуд кардани озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

2) Несту нобуд кардан ё расонидани осеб ба чангал, хамчунин ба дарахтзоре, ки ба фонди чангал дохил нашудааст, бо рохи  оташ задан ё дигар усули хатарноки умумидошта ё дар натичаи ифлоскунии он бо моддахои зарарнок, партов, оби ифлос ё дигар мавод,-

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то  се сол чазо дода мешавад.

3) Хамин кирдор, агар ба микдори калон зарар расонда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз як хазор то  ду хазор нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 236. Вайрон кардани низоми худудхо ва объектхои табии махсус хифзшаванда

 

Вайрон кардани низоми мамнуъгоххо, парваришгоххо, богхои милли, ёдгорихои табиат ё дигар худудхои табиии аз чониби давлат махсус хифзшаванда, ки боиси расонидани зарари чидди гардидааст,-

 бо корхои хатми ба мухлати аз яксаду хаштод то дусаду чил соат ё бо чарима ба андозаи аз сесад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё хабс ба мухлати аз чор то шаш мох чазо дода мешавад.

Эзох: Дар ин боб тахти мафхуми зарари чидди хисобу китобе дар назар дошта шудааст, ки мутобики таксахои муайяншуда зарар аз андозаи хадди акали нишондиханда барои хисобхо дар  лахзаи  содир гардидани чиноят си маротиба бештар мебошад, тахти мафхуми зарар ба микдори калон бошад  бештар аз сесад нишондиханда барои хисобхо  дар назар дошта шудааст.

 

ФАСЛИ X. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ТАРТИБОТИ ЧАМЪИЯТИ ВА АХЛОК 

БОБИ 25. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ТАРТИБОТИ ЧАМЪИЯТИ ВА АХЛОК

 

Моддаи 237. Авбоши

 

1) Авбоши,  яъне дагалона вайрон кардани тартиботи чамъияти, ки дар беэхтироми нисбат ба зохир мегардад ва бо зуровари ба шахрвандон ё тахдиди истифодаи зуровари, хамчунин несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки гайр алокаманд мебошад,-

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) боиси ворид намудани зарари миёна ба саломати гардида бошад;

б) аз чониби гурухи шахсон ё гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё муташаккил ё такроран;

в) бо нишон додани мукобилият ба намояндаи хокимият ё дигар шахсе, ки вазифаи  хифзи тартиботи чамъиятиро ба ухда дорад ё ба шахсе, ки ба вайрон кардани тартиботи чамъияти монеъ шудааст;

г) бо бешармии хоса, ки дар беэътиноии ошкоро нисбати меъёрхои кабулшудаи одобу ахлок ифода ёфтаанд,-

бо чарима ба андозаи аз як хазор то ду хазор нишондиханда барои хисобхо  ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

3) Авбошие, ки бо:

а) истифодаи силох ё предмети ба сифати силохи истифодашаванда ;

б) дар холати  рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хафт сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 2371. Вандализм

 

Вандализм, яъне зишту касиф намудани бино ва дигар иншоотхо, расонидани зиён дар наклиёти чамъияти ва дигар чойхои чамъияти, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбики чазои маъмури содир шуда бошад,-

бо корхои хатми ба мухлати аз шаст то яксаду бист соат ё бо чарима ба андозаи аз сад то дусад нишондиханда барои хисобхо  чазо дода мешавад.

 

Моддаи 238. Ба фохишаги чалб намудан

 

1) Чалб намудан ба фохишаги бо зуровари ё тахдиди истифодаи он, истифодаи вазъи тобеият, иръоб (шантаж), тахдиди несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк ё бо рохи фиреб,-

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо  ё. махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар такроран ё аз чониби гурухи муташаккил содир шуда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз як хазор то ду хазор нишондиханда барои хисобхо  ё махрум кардан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 239. Ташкил ё нигахдошти фохишахонахо, даллаги ё занчаллоби

 

Ташкил ё  нигахдошти фохишахона, хамчунин даллаги  бо гарази шахси ё занчаллоби, –

бо чарима ба андозаи аз як хазор то ду хазор нишондиханда барои хисобхо  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 240. Ташкил  ё нигохдории киморхона (казино), мизу автоматхои бози бо бурди пули

 

Ташкил  ё нигохдории киморхона (казино), мизу автоматхои бози бо бурди пули,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз шаш то хашт сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад. (КЧТ аз 26.03.09, №487)

 

Моддаи 241. Гайриконуни тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметхои порнографи

 

1) Гайриконуни тайёр кардан ва (ё) гузаронидан тавассути Сархади давлатии Чумхурии Точикистон бо максади пахн намудан, намоиши оммави ё реклама кардан ва ё пахн намудан, намоиши оммави ё  рекламаи мавод ё предметхои порнографи,

– бо чарима ба андозаи аз дусад то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешаванд. 

2) Пахн намудан, намоиши оммави ё рекламаи мавод ё предметхои порнографи дар байни ноболигон ва ё чалб намудани ноболиг ба муомилоти мавод ё предметхои порнографи, ки аз чониби шахси ба синни хаждах расида содир шудаанд,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян  ба мухлати то панч  сол ё бидуни он чазо дода мешаванд. 

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, ки:

а) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё гурухи муташаккил;

б) бо истифодаи воситахои ахбори омма, аз чумла шабакахои иттилоотию телекоммуникатсиони (инчунин шабакаи Интернет);

в) бо ба даст овардани даромад ба микдори калон содир шудаанд,

– бо махрум сохтан аз озоди  ба  мухлати аз  панч то хашт сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян  ба мухлати то панч  сол чазо дода мешаванд.

 

Эзох: Тахти мафхуми даромад ба микдори калон дар моддаи мазкур, инчунин дар моддаи 2411 хамин Кодекс даромад ба андозаи бештар аз дусад нишондиханда барои хисобхо фахмида мешавад.

(КЧТ аз 14.03.14 с., № 1066)

 

Моддаи 2411. Тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметхои порнографи бо акси ноболигон

 

1) Тайёр кардан,  сохиб шудан, нигох доштан ва (ё) гузаронидан тавассути Сархади давлатии Чумхурии Точикистон бо максади пахн намудан, намоиши оммави ё реклама кардан ва ё пахн намудан, намоиши оммави ё рекламаи мавод ё предметхои порнографи бо акси ноболигон,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол  бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян  ба мухлати то панч  сол ё бидуни он чазо дода мешаванд.

2) Хамин кирдорхо, ки:

а) аз чониби  падару модар ё дигар шахси конунан ба зиммааш тарбияи ноболиг гузошташуда, хамчунин омузгор ё дигар корманди муассисаи таълими, тарбияви ё муоличави;

б) нисбати шахси баръало ба синни чордах нарасида;

в) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё гурухи муташаккил;

г) бо ба даст овардани даромад ба микдори калон;

д) бо истифодаи воситахои ахбори омма, аз чумла шабакахои иттилоотию телекоммуникатсиони (инчунин шабакаи Интернет) содир шудаанд,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол  бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч  сол чазо дода мешаванд.

(КЧТ аз 14.03.14 с., № 1066)

 

Моддаи 2412. Истифодаи ноболиг бо максади истехсол намудани мавод ё предметхои порнографи

 

1) Суратгири, наворбардории кино ё видеоии ноболиг бо максади истехсол ва (ё) пахн намудани мавод ё предметхои порнографи ва ё чалб намудани ноболиг ба сифати ичрокунанда барои иштирок дар чорабинихои намоишии хусусияти порнографи, ки аз чониби шахси ба синни хаждах расида содир шудаанд,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то хафт сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян  ба мухлати то панч сол чазо дода мешаванд.

2) Хамин кирдорхо, ки:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё гурухи муташаккил;

в) нисбати шахси  баръало ба синни чордах нарасида;

г) бо  истифодаи  шабакахои  иттилоотию телекоммуникатсиони (инчунин шабакаи Интернет) содир шудаанд,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хафт то дах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешаванд.

(КЧТ аз 14.03.14 с., № 1066)

 

Моддаи 242. Несту нобуд ё вайрон кардани ёдгорихои таърих ва фарханг

 

1) Несту нобуд ё вайрон кардани ёдгорихои таърих, фарханг, комплексхои табии ё  обектхое, ки тахти хифзи давлат карор доранд, хамчунин предмет ё аснод, ки дорои арзиши таърихи ё фарханги мебошанд,-

бо чарима ба андозаи аз хафтсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё  махдуд кардани озоди ба мухлати то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки вобаста ба объект ё ёдгорихои махсусан арзишнок содир шудааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то хафт сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 243. Тахкири часади фавтидагон ва  гури онхо

 

1) Тахкири часади фавтидагон ё несту нобуд ё вайрон намудан ё касиф сохтани кабристони онхо, сохтмонхои руи кабр ё бинои гури, ки барои маросими дафн ё ёдбуди гузаштагон пешбини шудаанд,-

бо чарима ба андозаи аз сесад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол ё хабс ба мухлати то шаш мох чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки, ё гурухи муташаккил;

б) аз руи хиссиёти бадбини ё хусумати милли, нажоди, махалгарои ё дини;

в) ба мукобили хайкалу пайкара ё иншооти меъмори, ки ба муборизаи зидди фашизм ё ба курбониёни фашизм, ё кабристони иштирокчиёни мубориза бар зидди фашизм бахшида шудаанд;

г) бо зуровари ё тахдиди истифодаи он содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

 

ФАСЛИ ХI. ЧИНОЯТХО ДАР СОХАИ ИКТИСОДИЁТ 

БОБИ 26. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ МОЛИКИЯТ

 

Моддаи 244. Дузди

 

1) Дузди, яъне  тасарруфи нихонии молу мулки гайр,-

бо чарима ба андозаи панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба  хамин мухлат сол чазо дода мешавад

2) Дуздие, ки:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) ба шахрванд зарари чидди расонидааст;

г) бо рохи гайриконуни дохил шудан ба манзил, бино ё дигар амборхонахо содир шуда бошад,-

 бо чарима ба андозаи аз як хазор то ду хазор нишондиханда барои хисобхо  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад

3) Дуздие,ки:

а) ба микдори калон;

б) бо истифода  аз шароити офати табии ё чамъияти:

в)  дар холати рецидиви хавфнок содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

4) Дуздие,ки:

а)  дар холати рецидиви махсусан хавфнок;

б) ба микдори махсусан калон,-

в) аз чониби гуруххи муташаккил содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз  хашт то дувоздах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

 

Эзох: 1) Тахти мафхуми тасарруф дар моддахои Кодекси мазкур гайриконуни, богараз, ройгон гирифтан   ва (ё) ситонидани молу мулки гайр ба фоидаи гунахгор ё дигар шахсон дар назар дошта шудааст.

2) Тахти мафхуми ба микдори калон  дар моддахои хамин боб андозаи арзиши молу мулке дар назар дошта шудааст, ки аз андозаи нишондиханда барои хисобхо хадди акал як хазор маротиба зиёдтар мебошад. Ба микдори махсусан калон арзиши молу мулке фахмида мешавад, ки аз андозаи нишондиханда барои хисобхо ду хазор маротиба зиёдтар мебошад. Андозаи зарари ба моликияти шахси расонидашуда (чидди, калон ва махсусан калон) аз руи ахволи моддии чабрдида муайян карда мешавад.

3) Тахти мафхуми такроран (такрори) дар моддахои 244-251, 254 ва 257 хамин Кодекс чинояте дар назар дошта шудааст, ки агар кабл аз он як  ё якчанд чинояти пешбининамудаи хамин моддахо, хамчунин дар моддахои 186, 194, 199, 202 хамин Кодекс пешбинишуда,  содир шуда бошад.

4)  Чавобгарии чинояти барои тасарруфи молу мулки давлати ё дастачамъи (гайр аз горатгари, рохзани ва тамаъчуи) дар холатхое ба миён меояд,  ки  агар арзиши молу мулки тасарруфшуда аз дах андозаи нишондиханда барои хисобхо зиёд бошад. Чавобгарии чинояти барои тасарруфи молу мулки шахси новобаста аз арзиши он ба миён меояд.

 

Моддаи 245. Азонихудкуни ё исрофкори

 

1) Азонихудкуни ё исрофкори, яъне тасарруфи молу мулки гайр, ки ба гунахгор бовар карда супурда шудааст ё дар ихтиёри у мебошад, –

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) бо расонидани зарари чидди ба шахрванд;

г) бо истифодаи ваколати мансабдори содир шуда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар:

а) ба микдори калон;

б) аз чониби гурухи муташаккил содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз нухсаду дувоздах то якхазору чорсаду шаст нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то чор сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

4) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум, дуюм ё сеюми хамин модда, агар:

а) дар холати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок;

б) ба микдори  махсусан калон содир шуда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз як хазору чорсаду шаст то ду хазору яксаду навад нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз  хашт то дувоздах сол бо мусодираи молу мулк бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 246. Тасарруфи пулу моли ба тарики кредит додашуда

 

1) Тасарруфи пулу моли ба тарики кредит додашуда, –

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

2) Хамин кирдор, агар:

а)  такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) ба микдори калон содир шуда бошад; –

бо чарима ба андозаи аз панчсаду чилу хафт то як хазору чорсаду шаст нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то хашт сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар:

а) дар холати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок;

б) ба микдори махсусан калон;

в) аз чониби гурухи  муташаккил содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз якхазору чорсаду шаст то духазору яксаду навад нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз   хашт то дувоздах сол бо мусодираи молу мулк бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 247. Каллоби

 

1) Каллоби, яъне тасарруфи молу мулки гайр ё ба даст овардани хукук ба молу мулки гайр бо рохи фиреб ё суиистифодаи  бовари,-

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду солчазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

2) Каллобие, ки :

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) бо расонидани зарари чидди ба шахрванд;

г) аз чониби шахс бо истифодаи макоми хизмати содир шудааст,-

бо чарима ба андозаи  аз сесаду шасту панч то нухсаду дувоздах  нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол  бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

3) Каллобие, ки;

а)  ба микдори калон;

б)  аз чониби гурухи муташаккил;

в) дар холати рецидиви  хавфнок содир шудааст,-

бо чарима ба андозаи аз нухсаду дувоздах то як хазору чорсаду шаст нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

4) Каллобие, ки:

а) дар холати рецидиви махсусан хавфнок;

б) ба микдори махсусан калон содир шудааст,-

бо чарима ба андозаи  аз якхазору чорсаду шаст то духазору яксаду навад нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз  хашт  то дувоздах сол бо мусодираи молу мулк бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 248. Горатгари

 

1) Горатгари, яъне ошкоро тасарруф кардани молу мулки гайр,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол  чазо дода мешавад.

2) Горатгарие, ки:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) бо расонидани зарари чидди ба шахрванд;

г) бо истифодаи зуроварии барои хаёт ё саломати хавфнок нест ва ё бо тахдиди истифодаи чунин зуровари;

д) бо рохи гайриконуни даромадан ба манзил, бино ё дигар анборхонахо  содир шудааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз  панч то дах сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он чазо дода мешавад.

3) Горатгарие, ки:

а) бо истифода аз шароити офати табии ё чамъияти;

б) ба микдори калон;

в) аз чониби гурухи муташаккил;

г)  дар холати рецидиви  хавфнок содир шудааст, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то дувоздах   сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

4) Горатгарие, ки:

а) дар холати рецидиви  махсусан хавфнок;

б) ба микдори  махсусан калон содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то понздах    сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

 

Моддаи 249. Рохзани

 

1) Рохзани, яъне хучум бо максади тасарруфи молу мулки гайр бо истифодаи зуроварии барои хаёт ва саломати хавфнок ё тахдиди истифодаи чунин зуровари содир  шудааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он чазо дода мешавад.

2) Рохзание, ки:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) бо  рохи гайриконуни даромадан ба манзил, бино ё дигар анборхонахо содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то дувоздах сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он чазо дода мешавад.

3) Рохзание, ки;

а) бо максади ба микдори калон ба даст овардани молу мулк;

б) аз чониби гурухи муташаккил;

в) бо истифода аз шароити офати табии ё чамъияти;

г) бо расонидани зарари вазнин ба саломати;

д) дар холати рецидиви хавфнок содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то понздах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

4) Рохзание, ки;

а) дар холати рецидиви махсусан хавфнок;

б) бо  максади ба микдори махсусан калон ба даст овардани  молу мулк;

в) бо истифодаи силох, лавозимоти чанги ё моддахои тарканда содир  шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бист сол бо мусодираи молу мулк  чазо дода мешавад.

Моддаи 250. Тамаъчуи

 

1) Тасарруф бо рохи тамаъчуи, яъне талаби додани молу мулки гайр ё хукук ба молу мулк ё содир намудани дигар кирдори дорои хусусияти молу мулки бо тахдиди ифшои тахсилотхои беобрукунанда (бадномкунанда) нисбати чабрдида ё наздикони у, ошкор кардани чунин тахсилотхо  оид ба холатхое, ки вай   мехохад онро нихон дорад, хамчунин бо тахдиди истифодаи зуровари нисбат ба у ё наздикони  у ё бо тахдиди несту нобуд,  вайрон  кардани молу мулки гайр, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

2) Тамаъчуие, ки:

а) такроран;

б) бо истифодаи зуровари;

в) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки содиршуда бошад,

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то дувоздах сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он чазо дода мешавад.

3) Тамаъчуие, ки:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) бо расонидани зарари вазнин ба саломати;

в) дар холати рецидиви  хавфнок;

г) бо максади ба  микдори калон ба даст овардани молу мулк содир шудааст, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то понздах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

  1. Тамаъчуие, ки :

а) дар холати рецидиви  махсусан хавфнок;

б) бо максади ба микдори махсусан калон ба даст овардани молу мулк;

в) бо истифодаи силох, лавозимоти харби ё моддахои тарканда содиршуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бист сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 251. Тасарруфи ашьё ё асноди дорои арзиши  махсус

 

1) Тасарруфи ашьё  ё  асноди дорои арзиши махсуси таърихи, илми, бадеи ё фарханги, сарфи назар аз тарзи тасарруфи он,-

бо чарима ба андозаи  аз нухсаду дувоздах то якхазору чорсаду шаст нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.(КЧТ аз 21.07.10. №617)

2) Хамин кирдорхо, агар:

а)  такроран;

б) гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё  аз чониби гурухи муташаккил, содир шуда бошад;

в) боиси несту нобуд, хароб ё вайрон кардани ашьё ё асноди дар кисми якуми хамин модда нишондодашуда гардида бошад ,-

бо чарима ба андозаи аз як хазору чорсаду шаст то духазору яксаду навад нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.(КЧТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 252. Гайриконуни хай карда бурдани автомобил ё дигар воситахои наклиёт бидуни максади тасарруф

 

1) Гайриконуни хай карда бурдани автомобиль ё дигар воситахои наклиёт  бидуни максади тасарруф (рабудан); –

ба чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар;

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) бо зуровари, ки барои хаёт ё саломатии чабрдида хавфнок намебошад ё бо тахдиди истифодаи чунин зуровари содир шудааст, –

бо   махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то хафт сол чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар :

а)  бо расонидани зарар ба микдори калон;

б) аз чониби гурухи муташаккил;

в) бо истифодаи зуровари, ки барои хаёт ё саломатии чабрдида хавфнок аст ё бо тахдиди истифодаи чунин зуровари содир шудааст, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хафт то дувоздах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 253. Расонидани зарари молу мулки бо рохи  фиреб ё суиистифодаи бовари

 

1) Расонидани зарари молу мулки ба молик ё дигар сохиби молу мулк бо рохи фиреб ё суиистифода аз бовари   хангоми мавчуд набудани аломатхои тасарруф; –

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо  ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

2) Хамин кирдор, агар:

а) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

б) бо истифодаи макоми хизмати содир шуда бошад; –

бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то хафтсаду си нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати аз як то се сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то чор сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б)  бо расонидани зарар ба  микдори калон содир шуда   бошад;

бо чарима ба андозаи аз панчсаду чилу хафт то нухсаду дувоздах нишондиханда  барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 254. Сохиб  шудан ё ба сохибияти каси дигар додани молу мулке, ки баръало бо рохи чиноят ба даст оварда  шудааст

 

1) Сохиб шудан, нигох доштан ё ба сохибияти каси дигар додани молу мулки   каблан ваъдадоданашудае, ки баръало бо рохи чиноят ба даст оварда шудааст, –

бо чарима ба андозаи то панчсад нишондиханда барои хисобхо  ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё  махрум  сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) ба микдори калон;

в) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки содир шуда бошад; –

бо хабс ба мухлати то шаш мох  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар аз чониби гурухи муташаккил содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 255. Касдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк

 

1) Касдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки гайр, ки зарари чидди расонидааст; –

бо чарима ба андозаи  аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди  ба хамин мухлат сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

2) Хамин кирдор, агар:

а) бо рохи оташ задан, таркиш ё дигар усули хавфи умумидошта содир шуда бошад;

б)  аз беэхтиёти боиси марги инсон ё дигар окибатхои вазнин гардида бошад;

в) зарар ба микдори калон расонида бошад,-

бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол  чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 256. Аз беэхтиёти несту нобуд ё  вайрон кардани молу мулк

 

Несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки гайр, ки  аз сабаби муносибати беэхтиётона бо оташ ё манбаи хатари умумидошта содир шудааст  ё  ба микдори калон зарар расонидааст ё ба дигар окибатхои вазнин оварда расонидааст, –

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо ё  корхои ислохи мехнати ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 257. Тасарруфи воситаи фондхои  кумаки хоричи

 

1) Тасарруфи  воситаи фондхои кумаки хоричи, –

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

2) Хамин кирдорхо, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) ба микдори калон;

г)  бо истифодаи зуровари, ки ба хаёт ё саломати хавфнок нест ё бо тахдиди истифодаи чунин зуровари содир шуда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то якхазору дусаду хафтоду хафт нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то хафт сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

3) Кирдорхои пешбинишудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда агар:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) хорич карда шудааст.

б) бо рохи рохзани ё тамачъуи;

в) дар микдори махсусан калон содиршуда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз як хазору дусаду хафтоду хафт то ду хазору яксаду навад нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хафт то дувоздах сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

 

Эзох: Дар холати нарх надоштани  воситахои фондхои кумаки хоричи арзиши он аз руи нархи бозори, ки дар рузи содиршавии чиноят чой дорад, хисоб карда мешавад.

 

БОБИ 27. ЧИНОЯТХО ДАР СОХАИ ФАЪОЛИЯТИ ИКТИСОДИ

 

Моддаи 258. Монеъ шудан ба фаъолияти  конунии сохибкори

 

1) Радди гайриконунии бакайдгирии сохибкории инфироди ё корхона ё корхонаи тичорати ё саркаши аз бакайдгирии онхо, радди гайриконунии додани ичозати махсус (лицензия) барои татбики фаъолияти муайян ё саркаши аз додани чунин ичозатнома, гайриконуни махдуд сохтани хукук ва манфиатхои сохибкории инфироди ё корхона ё корхонаи тичорати, хамчунин дахолати гайриконуни ба фаъолияти онхо, ки аз чониби шахси мансабдор бо суиистифодаи макоми хизмати содир шудааст,

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати се сол чазо дода мешавад; (КЧТ аз 21.07.10с., №617)

2) Хамин кирдор, агар:

а) бо риоя накардани карори эътибори конуни пайдокардаи суд;

б) ба микдори калон зарар  расондааст содир шуда бошад,

– бо чарима ба андозаи аз  сесаду шасту панч то панчсаду чилу хафт нишондиханда барои хисобхо бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлти то панч сол ё махрум сохтан аз озоди бо мухлати то се сол чазо дода  мешавад. (КЧТ аз 21.07.10с., №617)

 

Моддаи 259. Сохибкории гайриконуни

 

1) Татбики фаъолияти сохибкори бидуни бакайдгири ё бидуни ичозатномаи махсус (лицензия) дар холатхое, ки чунин ичозат (лицензия) хатми мебошад ё бо вайрон кардани шартхои лицензиякунони ва (ё) бо рохи истифода бурдани шахсони дигар, инчунин машгул шудан ба намудхои манъшудаи фаъолияти сохибкори, ки бо ба даст овардани даромад  ба микдори калон ё расонидани зарар ба микдори калон ба манфиати шахрвандон, ташкилотхои тичорати ё гайритичорати ё ба давлат   содир шудааст (КЧТ аз 14.05.16. №1305),

бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то панчсаду чилу хафт нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

2) Хамин кирдор, агар:

а) аз чониби гурухи муташаккил:

б) бо ба даст овардани даромад ба  микдори махсусан калон;

в) аз чониби шахси каблан барои сохибкории гайриконуни ё фаъолияти гайриконунии бонки судшуда содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи  аз панчсаду чилу хафт то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо ё   бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол бо чарима ба андозаи то панчсад нишондиханда барои хисобхо  чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10с., №617)

 

Моддаи 2591. Истехсол, ба даст овардан, нигохдори, хамлу накл ё ба муомилот баровардани мол ва махсулоти тамганошуда

 

  1. Истехсол, ба даст овардан, нигохдори, хамлу накл бо максади муомилот ё ба муомилот баровардани мол ва махсулоти тамганошуда ки хатман бояд бо маркахои бочи аксизи, маркахои махсус ё аломатхои мутобикатии аз сохтакори мухофизатшаванда тамга карда шаванд, агар он ба микдори калон содир шуда бошад,

– бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо бо махрум аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати  то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10с., №617)

  1. Хамин кирдор агар:

а) аз  чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки ва ё гурухи муташаккил;

б) ба микдори  махсусан калон содир шуда бошад,

– бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10с., №617)

 

Эзох: 1) Дар моддахои 258, 259 ва 2591-и Кодекси мазкур тахти мафхуми даромад ё зарар ба микдори калон, даромад ё зараре фахмида мешавад, ки он аз як хазор нишондиханда барои хисобхо зиёд мебошад ва тахти мафхуми даромад ба микдори махсусан калон даромаде фахмида мешавад, ки андозаи он аз ду хазор  нишондиханда  барои  хисобхо  зиёд мебошад.

2) Тахти мафхуми даромад, ки дар боби мазкур  пешбини шудааст, фоида аз фарки байни маблаги сарфшуда ва дохилшуда  фахмида мешавад.

3) Дар моддахои боби мазкур зарар ба микдори калон ба манфиати шахрвандон чунин зараре хисобида мешавад, ки аз андозаи нишондиханда барои хисобхо  панчсад маротиба зиёд мебошад.

(КЧТ аз 14.03.14 с., № 1066)

 

Моддаи 260. Ташкили (таъсиси, азнавташкилдихии)  гайриконунии шахси хукуки

 

1) Ташкили (таъсиси, азнавташкилдихии) гайриконунии шахси хукуки ба воситаи шахсони дигар ва ё истифода бурдани чунин шахсони хукуки аз чониби шахсони дигар (КЧТ аз 14.05.16. №1305),

– бо чарима ба андозаи то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдорхо, ки:

а) аз чониби шахс бо истифодаи макоми хизматиаш;

б) аз чониби  гурухи шахсон бо маслихати пешаки содир шудаанд,

– бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то нухсаду понздах нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати  то панч сол ё махрум сохтан аз озоди  ба мухлати аз ду то панч сол  чазо дода мешаванд.

Эзох: Дар моддаи мазкур тахти мафхуми шахсони дигар  шахсоне фахмида мешаванд, ки  муассисони (иштирокчиёни) шахси хукуки ё макомоти идоракунии шахси хукуки буда, бо рохи гумрох намудани онхо шахси хукуки ташкил (таъсис, азнавташкилдихи)  шуда буд.

(КЧТ аз 14.03.14 с., № 1066)

 

Моддаи 2601. Истифодаи гайриконунии хуччатхо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдихии) шахси хукуки

 

1) Пешниходи хуччати тасдиккунандаи шахсият ё додани ваколатнома, агар ин харакатхо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдихии) шахси хукуки бо максади содир намудани як ё якчанд чиноятхо вобаста ба амалиёти молияви ва ё ахдхо бо маблаги пули ё дигар молу мулк содир шуда бошанд,

– бо чарима ба андозаи то дусад нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то як сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешаванд.

2) Сохиб шудан ба хуччати тасдиккунандаи шахсият ё истифодаи маълумоти шахси, ки бо рохи гайриконуни ба даст оварда шудаанд, агар ин кирдорхо барои ташкили (таъсиси, азнавташкилдихии) шахси хукуки бо максади содир намудани як ё якчанд чиноятхо вобаста ба амалиёти молияви ё ахдхо бо маблаги пули ё дигар молу мулк содир шуда бошанд,

– бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсаду чилу хашт  нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешаванд.

Эзох: Тахти мафхуми сохиб шудан ба хуччати тас-диккунандаи шахсият дар моддаи мазкур дар асоси музднок ё ройгон ба даст овардани он, азонихудкунии хуччати ёфтшуда ё тасарруфшудаи тасдиккунандаи шахсият, инчунин бо рохи фиреб ё суиистифода аз бовари сохиб шудан ба  он фахмида мешавад.

(КЧТ аз 14.03.14 с., № 1066)

 

Моддаи 261. Бакайдгирии ахди гайри-конуни бо замин

 

Дидаю дониста бакайд гирифтани ахди гайриконуни  бо  замин, тахриф намудани тахсилотхои бахисобгирии Кадастри давлатии замин, хамчунин касдан кам кардани андозаи пардохтхо барои замин, агар ин кирдорхо бо гараз ё  дигар манфиатхои шахси аз чониби шахси мансабдор бо истифода аз макоми хизмати анчом дода шуда бошад;

– бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол   чазо дода мешавад.

 

Моддаи 262. Конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда

 

1) Анчом додани амалиёти молияви ё ахдхои дигар бо маблагхои пули, когазхои киматнок ё молу мулки дигар, ки баръало даромадхои бо рохи чиноят бадастовардашуда мебошанд, бо максади руйпуш ва пинхон намудани сарчашмаи  ба даст овардани ин молу мулк ва ё  мусоидат намудан ба хар гуна шахсе, ки дар содир намудани чинояти асоси  иштирок намудааст, то ки у тавонад аз чавобгари барои кирдорхои содирнамудааш саркаши намояд, инчунин руйпуш ё пинхон кардани хусусияти асли, махали чойгиршави, тарзи ихтиёрдори, чойивазкуни, хукук ба молу мулк ё мансубияти он, хамчунин ба даст овардан, сохиби кардан, истифода бурдан ё ихтиёрдории  чунин молу мулк, (КЧТ аз 12.11.13с., №1028)

– бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба хамин мухлат чазо дода мешавад. (КЧТ аз 13.06.13с., №966)

2)  Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) аз чониби шахс бо истифода аз макоми хизмати;

г) ба микдори калон содир шуда бошад,

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то хафт сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.(КЧТ аз 13.06.13с., №966)

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар:

а) аз чониби гурухи муташаккил ё иттиходи чинояти (ташкилоти чинояти);

б) ба микдори махсусан калон содир шуда бошанд, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол бо мусодираи молу мулк ва махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешаванд.

Эзох: 1) Шахсе, ки дар конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда иштирок кардааст, аз чавобгарии чинояти барои хамин кирдор озод карда мешавад, агар у пас аз содир намудани чиноят ихтиёри омада, ба гунохи худ икрор шуда, ба ошкор намудани чиноят фаъолона мусоидат кунад ва (ё) ихтиёран даромадхои бо рохи чиноят бадастовардаашро супорида бошад.

2) Тахти мафхуми ба микдори калон дар моддаи мазкур андозаи даромадхои бо рохи чиноят ба дасовардашудае дар назар дошта шудааст, ки аз  андозаи нишондиханда барои хисобхо ду хазор маротиба зиёдтар мебошад. Ба микдори махсусан калон андозаи маблагхои пули ё арзиши молу мулке фахмида мешавад, ки аз андозаи нишондиханда барои хисобхо  панч хазор маротиба зиёдтар мебошад. (КЧТ аз 13.06.2013с.№966)

3) Даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда – хама гуна молу мулке, ки бевосита ё бавосита дар натичаи содир намудани чиноят ба даст оварда шудаанд.

4) Агар даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда кисман ё пура ба дигар молу мулк табдил дода шуда бошанд ё ба шакли дигар гардонида шуда бошанд, он гох чунин молу мулк мусодира карда мешавад.

5) Агар даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда  ба молу мулки аз сарчашмахои конуни гирифташуда хамрох карда шуда бошанд, он гох бе расонидани зарар ба хар гуна ваколатхои марбут ба манъ ё хабси он кисми молу мулк, ки ба арзиши даромадхои хамрохшуда мувофик меояд, мусодира карда мешавад. 

6) Нисбат ба фоида ё дигар манфиатхое, ки аз  даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда аз молу мулке, ки даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ба он табдил дода шудаанд ё ба шакли дигар гардонида шудаанд ё аз молу мулке, ки ба он  даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда  хамрох карда шудаанд, гирифта шудаанд, чорахои дар моддаи мазкур зикршуда бо хамон тарз ва дарачае, ки нисбат ба  даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда  пешбини шудаанд, татбик карда мешаванд.

7) Маблагхои пули, когазхои киматнок ва дигар молу мулке, ки   бо рохи чиноят ба даст оварда шудаанд,  инчунин фоида ё дигар манфиатхое, ки аз ин даромадхо ба даст оварда шудаанд, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 78 Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон мусодира карда мешаванд.(КЧТ аз 13.06.2013с.№966)

 

Моддаи 263. Фаъолияти гайриконунии бонки

 

1) Татбики фаъолияти бонки (амалиёти бонки) бидуни бакайдгири ё ичозатномаи махсус (лицензия) дар холатхое, ки чунин ичозатнома хатми мебошад, ё бо вайрон кардани шартхои лицензиякунони, агар ин кирдор бо ба даст овардани даромад ба микдори калон вобаста бошад ё ба манфиати шахрванд,  ташкилотхои тичорати ё  гайритичорати  ё давлат ба микдори калон зарар расонида бошад; –

бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то панчсаду чилу хафт нишондиханда барои хисобхо  ё   махрум сохтан аз озоди ба мухлати  то се сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни  он чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

2) Хамин кирдор, агар:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б)  бо  ба даст овардани даромад ба микдори махсусан калон;

в) аз чониби шахсе, ки каблан барои фаъолияти гайриконунии бонки ё сохибкории гайриконуни судшуда содир гардида бошад; –

бо чарима ба андозаи аз панчсаду чилу хафт то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз  се то панч сол  бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо  чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

Эзох:  Даромад ё зарар ба микдори калон чунин даромад ё зарарест, ки маблаги он аз андозаи нишондиханда барои хисобхо хадди акал як хазор маротиба ва даромади махсусан калон аз андозаи нишондиханда барои хисобхо се хазор маротиба зиёдтар мебошад.

 

Моддаи 264. Гайриконуни гирифтани кредит

 

1) Аз чониби шахрванд, сохибкори инфироди ё рохбари ташкилот гирифтани   кредит, иловапули (дотация) ё дигар шароити имтиёзноки кредитгузори бо рохи ба бонк ё дигар муассисаи кредити баръало пешниход кардани тахсилоти тахрифшуда оид ба вазъи хочагидори ё молиявии шахрванд, сохибкории инфироди ё ташкилот ё оид ба дигар холатхое, ки барои гирифтани  кредит, иловапули ё шароити имтиёзноки кредитгузори заруранд, (хангоми мавчуд набудани нишонахои тасарруфи молу мулки гайр), –

бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то хафтсаду си нишондиханда барои хисобхо ё   махдуд кардани озоди ба мухлати то чор сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

2) Гайриконуни гирифтани кредити максадноки давлати ё кредите, ки дар зери кафолати давлати дода мешавад, хамчунин бар хилофи максад истифода  бурдани онхо, агар ин кирдор ба шахрванд, ташкилот ё давлат  ба микдори калон зарар расонида бошад (хангоми мавчуд набудани нишонахои тасарруфи молу мулки гайр);

-бо чарима ба андозаи аз  сесаду шасту панч то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо   ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

Эзох: Зарар ба микдори калон чунин зараре хисобида мешавад, ки аз андозаи нишондиханда барои хисобхо як хазор маротиба зиёд мебошад.

 

Моддаи 265. Гайриконуни додани кредит

 

Гайриконуни додани хама гуна кредит ё ба ин мусоидат кардани шахсоне, ки бо истифода бурдани вазифаи хизматиаш мебоист ё метавонист ин кирдорхоро ба чо оварад; –

бо чарима ба андозаи аз  як дусаду панчох то панчсаду чилу хафт нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 266. Саркашии бадкасдона аз адои  карзи кредитори

 

Саркашии бадкасдонаи рохбари ташкилот,  сохибкори инфироди ё шахрванд  аз адои карзи кредитори ба микдори   калон ё аз пардохти когазхои киматнок пас аз эътибори конуни пайдо кардани карори суд; –

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

Эзох: Тахти мафхуми карзи кредитори ба микдори калон  –  карзи шахрванд ба андозаи бештар аз ду хазор нишондиханда барои хисобхо хадди акал ва карзи корхона ба андозаи бештар аз панч хазор нишондиханда барои хисобхо дар назар дошта шудааст.

 

Моддаи 267. Мачбур кардан ба бастани ахд ё ба саркаши кардан аз бастани он

 

1) Мачбур кардан ба бастани ахд ё ба саркаши кардан аз бастани он бо тахдиди истифодаи зуровари, несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки гайр, хамчунин пахн намудани тахсилотхое, ки чабрдида мехохад  онро нихон дорад (дар холати набудани аломатхои тамаъчуи),-

бо чарима ба андозаи аз  панчсад то як хазор  нишондиханда барои хисобхо  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду  сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) бо истифодаи зуровари;

в) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки содир шуда бошад;

г) ба чабрдида ба микдори калон зарар расонида бошад, –

бо  махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 268.  Гайриконуни истифода бурдани  маблаг

 

1) Кирдори бадкасдонаи рохбари муассисаи кредити ё корхона, сарфи назар аз шакли моликият, ки бо максади гараз ё манфиатдории шахси маблаги пулии дар суратхисоби худ бударо ба суратхисоби ташкилоти дигар гайриконуни гузаронидааст, хамчунин тартиботи мукарраршударо вайрон карда, маблаги пулиро ба тарзи дигар истифода бурдааст  ё дигар маблаги бучетиро гайримаксад истифода бурдааст, агар ин кирдор ба манфиатхои конунии шахрвандон, корхона ё давлат ба микдори калон зарар расонида бошад, –

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо   ё махдуд кардани озоди ба  мухлати то ду сол ё бо махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

2). Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) ба микдори махсусан калон зарар расонида бошад, –

бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

Эзох: 1) Дар тахти мафхуми зарар ба микдори калон чунин зарарест, ки он аз андозаи нишондиханда барои хисобхо хадди акал панчсад маротиба ва зарар ба микдори махсусан калон аз ду хазор маротиба зиёд мебошад.

3) Хангоми муайян намудани андозаи (микдори) зарари расонидашуда гайр аз зиёни бевосита хамчунин фоидаи аз даст рафтаро ба хисоб гирифтан зарур аст.

 

Моддаи 269.  Харакати гайриконуни хангоми муфлисшави

 

1) Пинхон кардани молу мулк ё ухдадорихои молу мулки, тахсилот дар  бораи молу мулк, микдори он, махалли чойгиршави ё дигар тахсилот оид ба молу мулк, ба ихтиёри дигар кас  вогузоштани молу мулк, бегона кардан ё несту нобуд кардани молу мулк, хамчунин пинхон, несту нобуд ё тахриф кардани асноди мухосибави ё дигар асноди бахисобгирии бухгалтери, ки фаъолияти иктисодиро дар бар мегиранд, агар ин кирдор аз чониби рохбар ё молики ташкилоти карздор ё сохибкори инфироди хангоми муфлисшави ё хангоми пешбинии муфлисшави содир шуда, ки  ба микдори калон  зарар расонида бошад, –

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо    ё  ба корхои ислохи ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Дидаю дониста бар зарари кредиторони дигар гайриконуни конеъ намудани талаботи молу мулкии кредиторони алохида аз чониби рохбар ё молики ташкилоти карздор ё сохибкори инфироди, ки аз вазъияти вокеии нодории худ (муфлиси) огоханд, хамчунин кабул намудани чунин шакли конеъгардони аз чониби кредиторе, ки бар зарари дигар кредиторон аз бартарии ба у фарохам овардаи карздор (нодор) огох аст, агар ин кирдор ба микдори калон  зарар расонида бошад,-

бо чарима ба андозаи аз хаштсад то як хазору панчсад нишондиханда барои хисобхо  ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол  чазо дода мешавад.

 

Моддаи 270.   Муфлисии бадкасдона

 

Бо максади ба манфиати худ ё шахсони дигар  вонамуд  сохтан ё зиёд кардани андозаи гайри кобили пардохт будани корхонаи тичорати аз чониби молик ё рохбари он, хамчунин аз чониби сохибкори инфироди, агар он ба микдори калон зарар расонида бошад,  ё ба дигар окибатхои вазнин оварда расонад,-

бо чарима ба андозаи аз  дусаду панчох то панчсаду чилу хафт нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан  аз  озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 271. Муфлисии сохта

 

Муфлисии сохта, яъне дидаю дониста аз чониби рохбар ё молики корхонаи тичорати, хамчунин сохибкори инфироди эълон кардани муфлиси бо максади ба тахлука андохтани кредиторон барои дароз кардани мухлат (отсрочка) ё кисм ба кисм додани(рассрочка) пардохти маблаг ба кредиторон ё тахфифи карзхо, хамчунин барои надодани карзхо, ки ба микдори калон зарар расонидааст,-

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то панчсаду чилу хафт нишондиханда барои хисобхо  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад. . (КЧТ аз 21.07.10. №617)

Эзох: Дар моддахои 269, 270 ва 271-и Кодекси маскур зарар ба микдори калон чунин зараре хисобида мешавад, ки агар он аз андозаи нишондиханда барои хисобхо  аз як хазор маротиба зиёд бошад.

 

Моддаи 272 бо кчт аз 17.05.04 с., №35 хорич карда шудааст

 

Моддаи 273. Кирдори  инхисори (монополисти) ва махдуд  кардани ракобат

 

1) Кирдори инхисори (монополисти), ки бо рохи мукаррар намудани нарххои баланди инхисори ё нарххои пасти инхисори содир шудаанд, хамчунин махдуд кардани ракобат бо рохи таксим кардани бозор, махдуд кардани дохилшави ба бозор, аз он танг карда баровардани дигар субъектхои фаъолияти иктисоди, мукаррар намудан ё нигох доштани нархи ягона,-

бо чарима ба андозаи дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихти пешаки содир шуда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар:

а) бо зуровари ё тахдиди истифодаи он;

б) бо несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки гайр ё тахдиди несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки гайр бидуни нишонахои тамаъчуи;

в) бо суиистифодаи макоми хизмати;

г) аз чониби гурухи муташаккил содир шуда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз нухсаду дувоздах то як хазору хаштсаду бисту панч нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ва бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 274. Бадкасдона вайрон кардани коидахои баргузории савдои оммави ё тендер, ё музоядахо (аукцион)

(кчт аз 17.05.04 с., №35; КЧТ аз 23.07.16 с., №1330)

 

Бадкасдона вайрон  кардани  коидахои  баргузории савдои оммави ё тендер, ё музоядахо, ки ба молики молу мулк, созмондихандаи савдо ё тендер, ё музояда, харидор ё дигар субъекти хочагидори ба микдори калон зарар расонидааст (кчт аз 17.05.04 с., №35; КЧТ аз 23.07.16 с., №1330).

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо ё  махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол ё махруми сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 275. Истифодаи гайриконунии воситахои фардикунонии иштирокчиёни ахлхои граждани молхо, корхо ва хизматрасони

 

1) Истифодаи гайриконуни номи фирмави, хамчун номи махалли истехсоли мол, тамгаи моли ва тамгаи хизматрасонии гайр нисбат ба мол ва хизматрасонии шабех, агар ин кирдорхо такроран пас аз додани чазои маъмури содир гардида ё ба микдори калон зарар расонида бошанд, –

бо чарима ба андозаи то дусад нишондиханда барои хисобхо ё  бо корхои  ислохи мухлати то дусол  чазо дода мешавад.

2) Истифодаи гайриконунии тамгагузории огохкунанда нисбат ба номи махалли истехсоли мол, ё тамгае молие, ки дар Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта нашудааст, агар ин кирдор такроран пас аз додани чазои маъмури содир шуда ё ба микдори калон зарар расонида бошад, –

бо чарима ба андозаи аз як дусаду панчо то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо  ё махрум сохтани аз озоди ба мухлати то ду сол  чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои  пешбининамудаи кисмхои якум ёдуюми хамин  мода, агар аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё аз чониби гурухи муташшакил содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то нухсаду  дувоздах нишондиханда барои хисобхо  ё махрум сохтани аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 3.07.12с., №844)

 

Моддаи 276. Дидаю дониста додани рекламаи бардуруг

 

1) Аз чониби рекламадиханда дидаю дониста додани тахсилоти бардуруг оид ба мол, кор ё хизматрасони, инчунин тахиякунандагон ё фурушандагони онхо, ки бо нияти гаразнок  содир шудааст, –

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол ё махдуд кардани озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Хамин кирдор, агар:

а) бо истифодаи воситахои ахбори омма сурат гирифта бошад;

б)  ба микдори калон зарар расонида бошад, –

бо чарима ба андозаи аз панчсаду чилу хафт то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардани озоди ба мухлати аз се то панч сол ё махрум сохтан аз озоди  ба хамин мухлат чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

Эзох: Дар моддахои 274, 275 ва 276-и Кодекси маскур зарар ба микдори калон чунин зарар хисобида мешавад, ки агар аз андозаи нишондиханда барои хисобхо як хазор маротиба зиёд бошад.

 

Моддаи 277.  Гайриконуни ба даст овардани маълумоти дорои сирри тичорати ё бонки

 

Чамъоварии маълумоти дорои сирри тичорати ё бонки   бо рохи тасарруфи аснод, ришвадихи ё тахдид нисбати шахсоне, ки сирри тичорати ё бонкиро медонанд ё бо наздикони онхо, дошта гирифтани мавчи воситахои алока ё гайриконуни тамос гирифтан ба системаи ё шабакаи компьютери  ё истифодаи воситахои махсуси техники, хамчунин бо рохи дигари гайриконуни бо максади ифшо ё истифодаи гайриконунии ин маълумотхо, –

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо  ё   махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

 

Моддаи 278. Ифшои сирри тичорати ё бонки

 

Ифшои гайриконуни ё истифодаи сирри тичорати ё бонки  бидуни розигии молики он аз чониби шахсе, ки ин сир вобаста ба фаъолияти касби ё хизматиаш маълум буд  ва ин кирдор бо максади гаразнок ё дигар манфиати шахси содир гардида, ба корхонаи тичорати ё сохибкори инфироди ба микдори калон зарар  расондааст,-

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то панчсаду чилу хафт нишондиханда барои хисобхо  ё  махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

Эзох: Таъкиби чиноят барои содир намудани кирдорхои пешбининамудаи хамин модда мутобики аризаи корхонаи тичорати ё сохибкори инфиродии зарардида огоз меёбад.

 

Моддаи 279. Ришвадихии тичорати

 

1) Гайриконуни додани пул, когазхои киматнок ё дигар молу мулк ба шахсе, ки дар корхонаи тичорати ё дигар корхона вазифаи идоракуниро ба чо меорад, хамчунин вобаста ба макоми ишголнамудаи ин шахс гайриконуни расонидани хизмати дорои хусусияти молу мулки ба у барои амали анчомдодааш (беамалиаш) ба манфиати ришвадиханда, –

бо чарима ба андозаи аз сесад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё  махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то ду сол ё махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) аз чониби гурухи муташаккил содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз панчсад то хаштсад нишондиханда барои хисобхо  ё махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол   ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то чор сол чазо дода мешавад.

3) Аз чониби шахсе, ки вазифаи идоракуниро дар корхонаи тичорати ё дигар корхона анчом медихад, гайриконуни гирифтани пул, когазхои киматнок ё дигар молу мулк, хамчунин аз чониби у гайриконуни вобаста ба макоми ишгол намудаи хизмати истифода бурдани хизматрасонии дорои хусусияти молу мулки барои амали анчомдода (беамали) ба манфиати ришвадиханда, –

бо чарима ба андозаи аз   хаштсад то як хазору панчсад нишондиханда барои хисобхо ё махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то ду сол ё махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

4) Кирдорхои пешбининамудаи кисми сеюми хамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё гурухи муташаккил;

в) дар алокаманди бо тамаъчуи содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз як хазору панчсад то ду хазор нишондиханда барои хисобхо бо махрум сохтан аз хукуки ишголи вазифахои муайн ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол  чазо дода мешавад.

 

Эзох: Агар нисбат ба шахси кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ва дуюми хамин моддаро содирнамуда тамачуи чойдошта бошад ва у ихтиёри ба макоме, ки хак дорад парвандаи чинояти кушояд, оид ба ришвадихи иттилоъ дихад, аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад.

 

Моддаи 280. Ришвадихи ба иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобикахои касбии варзиши ва озмунхои намоишии тичорати

 

1) Ришвадихи ба варзишгарон, доварони варзиш, устодон, рохбарони дастахо ё дигар иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобикахои варзишии касби, хамчунин ришвадихи ба ташкилотчиён ё аъзои доварони (жюрии) озмунхои намоиши тичорати бо максади расонидани таъсир ба натичахои мусобика ё озмунхо, –

бо корхои  хатми ба мухлати аз  сад то як саду хаштод соат ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё гурухи муташаккил содир шудааст, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол  чазо дода мешавад.

3) Гайриконуни гирифтани арзишхои модди ё истифода аз хизматрасонии дорои хусусияти молу мулки аз чониби варзишгарон, доварони варзиш, устодон, рохбарони дастахо ё дигар иштирокчиён ё ташкилотчиёни мусобикахои варзиши касби, хамчунин аз чониби ташкилотчиён ё аъзои доварони (жюри) озмунхои намоиши тичорати, ки баръало барои таъсир расонидан ба натичахои мусобика ё озмунхо дода шудаанд ё истифода гардидаанд,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол   чазо дода мешавад.

 

Моддаи 281. Тайёр кардан ё ба муомилот  баровардани пул ё когазхои киматноки калбаки (сохта)

 

1) Тайёр кардан  бо максади ба муомилот баровардан ё ба муомилот баровардани билетхои калбакии Бонки миллии Точикистон, танга ё  когазхои киматноки калбаки бо асъори Чумхурии Точикистон, асъори хоричи ё когазхои киматноки калбаки бо асъори  хоричи, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

б) ба микдори калон;

в) такроран, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, ки аз чониби гурухи муташаккил содир шудааст, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то понздах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

 

Моддаи 282.  Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани картахои сохтаи (калбакии) кредити ё хисоббаробаркуни ё дигар асноди  пардохт

 

1) Тайёр кардан бо максади ба муомилот  баровардан ё ба муомилот баровардани картахои сохтаи кредити ё картахои хисоббаробаркуни ё дигар асноди пардохт ё дигар хуччатхо, ки асъор ё дигар когазхои  киматнок ба шумор намераванд, вале асноди тасдиккунанда, мукарраркунанда ё дихандаи хукук ё ухдадорихои молу мулки мебошанд,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол  чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

б) ба микдори калон;

в) аз чониби шахси каблан барои хамин чиноят ё барои тайёр кардан  ё  ба муомилот баровардани пул ё когазхои  киматноки калбаки судшуда;

г) аз чониби гурухи муташаккил содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

 

Моддаи 283. Суиистифода хангоми баровардани когазхои киматнок (эмиссия)

 

1) Баровардани когазхои киматнок (эмиссия)  ва ба таври оммави таксим (пахн) кардани онхо бидуни бакайдгири мутобики тартиби мукарраргардида ё дидаю дониста истифода бурдани асноди сохта (калбаки) барои бакайдгирии когазхои киматнок,-

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо  ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Ба тархи эмиссияи когазхои киматнок дидаю дониста дохил намудани тахсилоти нодуруст, хамчунин тасдики тархи эммиссия, ки баръало тахсилоти нодуруст дорад ё дидаю дониста тасдик кардани натичахои тахрифшудаи эмиссия, агар ин кирдор ба микдори калон зарар расонида бошад,-

бо чарима ба андозаи аз  як хазор то ду хазор нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

Эзох: Дар моддахои 281, 282 ва 283 хамин Кодекс тахти махфуми микдори калон ё зарар ба микдори калон чунин микдор ё зараре хисобида мешавад, ки он аз андозаи нишондиханда барои хисобхо  як хазор маротиба зиёд бошад.

 

Моддаи 284. Бастани ахди гайриконунии бо металлхои киматбахо, сангхои кимматбахои табии ё марворид

 

1) Додугирифти металлхои кимматбахо, сангхои киматбахои табии ё марворид бар хилофи коидахои мукарраргардидаи конунхои Чумхурии Точикистон, хамчунин гайриконуни нигох доштан, интикол додан ё кашондани фулузоти киматбахо, сангхои киматбахои табии ё марворид дар хар  намуду холат, ба истиснои маснуоти заргари (чавохирот) ва маиши ва  порахои чунин маснуот, –

бо чарима ба андозаи аз як  хазор то як хазору панчсад нишондиханда барои хисобхо ё  махдуд  кардани озоди ба  мухлати то се сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) ба микдори калон;

в) аз чониби гурухи муташаккил содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то хафт сол бо мусодираи молу мулк  ё  бидуни он чазо дода мешавад.

 

Эзох:  Кирдорхои дар хамин модда пешбинишуда хамон вакт ба микдори калон содиршуда эътироф карда мешаванд, ки агар арзиши металлхои киматбахо, сангхои киматбахои табии ё марворид, ки мавриди муомилоти гайриконуни гардидаанд, аз як хазор нишондиханда барои хисобхо хадди акал зиёдтар бошад.

 

Моддаи 285.  Вайрон кардани коидахои ба давлат  супоридани  фулузот  ва  сангхои киматбахо

 

Саркаши кардан аз хатман ба аффинаж супоридан ё хатман ба давлат фурухтани  металлхои киматбахо ё сангхои киматбахои аз каъри замин истихрочшуда ё аз ашёи хомими муштак ба дастовардашуда хамчунин бардошташуда ё ёфташуда, агар ин кирдор ба микдори калон содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то панчсаду чилу хафт нишондиханда барои хисобхо   ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

Эзох: Вайрон кардани  коидахои супоридан ё фуруши фулузот ва сангхои кимматбахо ба давлат вакте ба микдори калон содиршуда шуморида мешавад, ки агар арзиши молу махсулоти дар хамин модда зикргардидаи ба давлаат насупорида ё фурухтанашуда аз андозаи як хазор нишондиханда барои хисобхо  зиёд бошад.

 

Моддаи 286. Додугирифти гайриконуни бо  асъори хоричи

 

1) Муомилоти гайриконуни бо асъори хоричи бо рохи харидан, фурухтан, фуруш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситахои пардохт, агар дар давоми сол баъд аз додани чазои маъмури содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз дусад то сесаду шасту панч маоши хадди акал ё махрум сохтан аз озоди ба  мухлати  аз шаш мох то як сол  чазо дода мешавад (КЧТ аз 14.05.16 с., №1304).

2) Муомилоти гайриконуни бо асъори хоричи бо рохи харидан, фуруш,  иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситахои пардохт, агар арзиши ашёи муомилот ё амалиёти гайриконуни аз панчсад маоши хадди акал зиёд бошад,-

бо чарима ба андозаи аз хафтсаду си то як хазору наваду панч нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба  мухлати аз чор то шаш сол чазо дода мешавад (КЧТ аз 14.05.16 с., №1304).

3) Кирдори пебининамудаи кисми дуюми хамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) ба микдори калон содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз як хазору дусаду хафтоду хафт то як хазору шашсаду чилу ду нишондиханда барои хисобхо ё махрум  сохтан аз озоди ба мухлати аз хафт то нух сол чазо дода мешавад (КЧТ аз 21.07.10 с., №617; КЧТ аз 14.05.16 с., №1304).

Эзох:  Кирдорхои дар хамин модда номбаршуда хамон вакт ба микдори калон хисобида мешаванд, ки агар арзиши ашёи муомилот ё амалиёти гайриконуни аз ду хазор нишондиханда барои хисобхо  зиёдтар бошад.

 

Моддаи 287. Аз хорича барнагардонидани воситахо ба асъори хоричи

 

Аз хорича ба микдори калон барнагардондани воситахо ба асъори хоричи аз чониби рохбарони корхона, ки мутобики конунхои Чумхурии Точикистон бояд ба хисобномаи бонки ваколатдори Чумхурии Точикистон хатман гузаронида шавад,-

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то панчсаду чилу хафт нишондиханда барои хисобхо ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян  ё  машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

Эзох: Дар  моддаи  мазкур кирдорхо хангоме ба микдори калон содиршуда шуморида мешавад, ки агар воситахои ба асъори хоричи баргардониданашуда аз андозаи панч хазор нишондиханда барои хисобхо бештар бошад.

 

Моддаи 288 бо кчт аз 17.05.04 с., №35 хорич карда шудааст

 

Моддаи 289. Кочок

(КЧТ аз 24.02.17 с., №1379)

 

1) Кочок – интиколи мол ва (ё) ашёи дигар аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон бидуни назорати гумруки ё пинхони аз назорати гумруки ё бо рохи фиреб истифода кардани хуччатхо ё воситахои хаммонандкунии (идентификатсионии) гумруки, ё декларатсия накардан, ё декларатсиякунонии носахехи онхо, ба истиснои ашёхое, ки дар кисми 3) моддаи мазкур нишон дода шудаанд, агар дар давоми сол пас аз татбики чазои маъмури содир шуда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.  (КЧТ аз 24.02.17 с., №1379)

2) Хамин кирдор, агар ба микдори калон содир шуда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз панчсад то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.  (КЧТ аз 24.02.17 с., №1379)

3) Интиколи воситахои нашъадор, моддахои психотропи, прекурсорхои онхо, моддахои сахттаъсир, захролуд, захролудкунанда, радиоактиви, тарканда, аслиха, воситахои таркиш, силохи оташфишон, лавозимоти чанги ё мухимоти харби, силохи заррави, химияви, биологи ё дигар намуди силохи катли ом, мавод ва тачхизоте, ки барои сохтани силохи катли ом истифода шуданашон мумкин аст, хамчунин ашёи хоми аз чихати стратеги мухим, осори бадеи, таърихи, бостоншиноси ё арзишхои дигари фарханги аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон, ки нисбат ба онхо коидахои махсуси интикол тавассути сархади гумрукии Чумхурии Точикистон муайян гардидаанд, агар ин кирдор бидуни назорати гумруки ё пинхони аз назорати гумруки, ё бо рохи фиреб истифода кардани хуччатхо, ё воситахои хаммонандкунии (идентификатсионии) гумруки, ё декларатсия накардан ё декларатсиякунонии носахех содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.  (КЧТ аз 24.02.17 с., №1379)

4) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум, дуюм ё сеюми моддаи мазкур агар:

а) такроран; 

б) аз чониби шахси мансабдор бо истифодаи макоми хизмати;

в) бо истифодаи зуровари ё тахдиди он нисбат ба шахсе, ки назорати гумрукиро анчом медихад;

г) бо рохи рахна кардани сархади гумруки содир шуда бошанд, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то понздах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешаванд.

5) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум, дуюм, сеюм ё чоруми хамин модда, агар аз чониби гурухи муташаккил содир шуда бошанд,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бист сол ва бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешаванд.  (КЧТ аз 24.02.17 с., №1379)

Эзох: Кирдори пешбининамудаи кисми дуюми моддаи мазкур хангоме ба микдори калон содиршуда хисобида мешавад, агар арзиши мол ё воситаи наклиёти интиколшуда аз дую ним хазор нишондиханда барои хисобхо бештар бошад.  (КЧТ аз 24.02.17 с., №1379)

 

Моддаи 290. Ба худуди Чумхурии Точикистон  барнагардонидани  сарватхои бадеи, таърихи ё бостоншиносии халкхои Чумхурии  Точикистон ва мамлакатхои хоричи

 

Дар мухлати мукарраршуда ба худуди Чумхурии Точикистон барнагардонидани сарватхои бадеи, таърихи ё бостоншиносии халкхои Чумхурии Точикистон ё мамлакатхои хоричие, ки берун аз хоки он бурда шуда буд, ба шарте, ки баргардонидани он,  мувофики конунхои Чумхурии Точикистон хатми бошад,

– бо махрум кардан аз озоди ба мухлати то панч сол бо чазо дода мешавад.

 

Моддаи 291. Саркаши аз пардохтхои гумруки

 

1) Саркаши аз пардохтхои гумруки ба микдори калон,-

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо ё бо махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Хамин кирдор, агар:

а)  аз чониби гурух бо маслихати пешаки;

б) бо истифода аз макоми хизмати;

в) аз чониби  шахси каблан барои чинояти дар хамин модда ё барои чиноятхои дар моддахои 292 ё 293 пешбинишуда судшуда;

г) ба микдори махсусан клон содир шуда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то панчсаду чилу хафт нишондиханда барои хисобхо  бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

(Эзоњ бо КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

 

Моддаи 292. Саркаши аз супоридани андозхо ва (ё) пардохтхо аз шахси хукуки

 

1) Саркаши аз  супоридани андозхо ва (ё) пардохтхо аз шахси хукуки, ки конун мукаррар намудааст, бо рохи дидаю дониста ба асноди мухосибави (бухгалтери) ё деклоратсияи андоз дохил намудани тахсилоти  тахрифшуда оид ба даромад ва харочот ё бо рохи дигар пинхон доштани дигари объектхои андозбандишаванда, ки ба микдори калон содир шудааст,-

бо чарима бо андозаи аз панчсаду чилу хафт то нухсаду дувоздах нишондиханда барои  хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол бо махрум намудан аз хукуки ишголи мансабхои  муайян ё машгул шудан  бо фаъолияти муайян ба хамин мухлат чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Хамин кирдор, агар:

а) аз чониби шахси каблан барои чинояти дар хамин модда ё барои чиноятхои дар моддахои 291 ё 293 пешбинишуда, судшуда;

б) ба микдори махсусан калон содир шуда бошад,-

бо чарима бо андозаи аз нухсаду дувоздах то як хазору чорсаду шаст нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол бо махрум намудан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба хамин мухлат чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

 

Эзох: 1) Чавобгарии чинояти барои саркаши аз пардохтхои гумруки, супоридани андозхо ва (ё) пардохтхо, ки дар моддахои 291, 292 ва 293 Кодекси мазкур пешбини шудаанд, танхо дар холате ба миён меояд, ки агар шахс бори аввал ин кирдорхоро содир намуда, дар давоми чилу хашт рузи бонки аз рузи кабули карори дахлдори макомоти гумрук, андоз ва (ё) дигар макомоти дахлдор, маблаги пардохтхои гумруки, андозхо ва (ё) пардохтхоро бо чарима ва фоизхояш пурра насупорад, инчунин кирдорхои мазкурро такроран содир намуда, дар давоми бисту чор рузи бонки аз рузи кабули карори дахлдори макомоти гумрук, андоз ва (ё) дигар макомоти дахлдор маблаги пардохтхои гумруки, андозхо ва (ё) пардохтхоро бо чарима ва фоизхояш пурра насупорида бошад.  (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

2) Агар нисбати шахс бо моддахои 291, 292 ё 293 Кодекси мазкур парвандаи чинояти огоз карда шуда, хангоми тафтиши пешаки ва ё баррасии судии парвандаи чинояти шахс маблаги пардохтхои гумруки, андозхо ва (ё) пардохтхоро бо чарима ва фоизхояш пурра супорад, дар асоси моддаи 72 хамин Кодекс аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад.  (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

3) Дар мавриди пас аз баровардани хукми суд махкумшуда маблаги пардохтхои гумруки, андозхо ва (ё) пардохтхоро бо чарима ва фоизхояш пурра супорад, бо карори суде, ки хукм баровардааст, ё суди махалли ичрои чазо ва ё суди болои, аз адои минбаъдаи чазо озод карда мешавад.  (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

4) Саркаши аз пардохтхои гумруки, аз супоридани андозхо ва (ё) пардохтхо, ки дар моддахои 291, 292 ва 293 Кодекси мазкур пешбини шудаанд, хангоме ба микдори калон содиршуда хисобида мешавад, ки агар маблаги пардохтхои гумруки, андозхо ва (ё) пардохтхои супориданашуда аз бист хазор нишондиханда барои хисобхо ва ба микдори махсусан калон, аз сию хафт хазору панчсад нишондиханда барои хисобхо бештар бошад.  (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

 

Моддаи 293. Саркашии  шахси вокеъи аз пардохти андоз

 

1) Саркашии  шахси вокеъи аз пардохти андоз бо рохи пешниход накардани декларация оид ба даромад, дар холате, ки пешниходи декларация хатми мебошад ё ба декларация дидаю дониста дохил кардани тахсилотхои тахрифшуда оид ба даромад ва харочот, ки боиси ба микдори калон напардохтани андоз гаштааст, –

бо чарима ба андозаи аз сад то дусаду панчох нишондиханда барои хисобхо  ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Хамин кирдор, агар ;

а) аз чониби шахси каблан барои чинояти дар хамин модда ё барои чиноятхои дар моддаи 291 ё 292 пешбинишуда, судшуда;

б) ба микдори махсусан калон содир шуда бошад,

– бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то панчсаду чилу хафт нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

(Эзоњ бо КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

 

Моддаи 294. Фиреби истеъмолкунандагон

 

1) Камтар чен кардан, кам баркашидан, кам додани бакияи пул, гумрох кардани истеъмолкунандагон дар мавриди хосияти истеъмолкуни ё сифати махсулот (хизматрасони) ё дигар навъи фиреб  додани истеъмолкунандагон дар корхонахо сарфи назар аз шакли моликият, ки ба фуруши молу махсулот ё хизматрасони ба ахоли машгуланд, хамчунин аз чониби шахрвандон   ба микдори назаррас  содир шуда бошанд; –

бо чарима ба андозаи  то сесад нишондиханда барои хисобхо  ё бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а)  аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

б) ба микдори калон;

в) аз чониби шахсе, ки каблан барои фиреби истеъмолкунандагон суд  шудааст, содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ва дуюми хамин модда, агар:

б) аз чониби гурухи муташаккил;

а) ба микдори махсусан калон содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз  ду то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

Эзох: Фиреби истеъмолкунандагон  хангоме ба микдори назаррас содиршуда шумурда мешавад, ки агар зарари ба истеъмолкунандагон расонидашуда аз дахяки нишондиханда барои хисобхо  бештар, ба микдори калон бошад – аз  як  нишондиханда барои хисобхо  бештар бошад, ба микдори махсусан калон аз панчох нишондиханда барои хисобхо зиёд бошад.

 

Моддаи 295. Суиистифодаи ваколат аз чониби кормандони ташкилотхои тичорати ва дигар ташкилотхо

 

1) Аз чониби кормандони ташкилоти тичорати ва дигар ташкилотхо истифода намудани ваколатхои фармонфармои ё дигар ваколатхои идорави бар хилофи манфиатхои ин ташкилотхо ва бо максади ба даст овардани фоида ва бартари барои худ ё барои дигарон ё расонидани зарар ба шахсони дигар, агар ин кирдор ба хукук ва манфиатхои конунии шахрвандон, корхона, чамъият ё давлат зарари чидди расонда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо  ё  бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Хамин кирдор агар боиси окибатхои вазнин гардида  бошад,-

бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то панчсаду чилу хафт нишондиханда барои хисобхо   ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

Эзох: 1) Тахти мафхуми  кормандони ташкилотхои   тичорати  ё дигар  ташкилотхо дар моддаи мазкур шахсоне дар назар дошта шудаанд, ки ба таври доими, муваккати ё мутобики ваколати махсус вазифаи фармонфармои ё дигар вазифаи идоравиро дар ташкилоти  тичорати сарфи назар аз шакли моликият ва инчунин дар ташкилоти гайритичорати, ки макоми хокимияти давлати намебошанд,  анчом медиханд.

2) Агар кирдорхои пешбининамудаи хамин модда танхо ба ташкилоти тичорати, ки ташкилоти давлати намебошад, зарар расонида бошад, таъкиби чинояти аз руи аризаи хамин ташкилот  ё бо розигии он огоз карда мешавад. Хангоми расонидани зарар ба дигар ташкилот, инчунин ба манфиати шахрвандон, чамъият ё давлат – таъкиби чинояти дар асосхои умуми  ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 296. Суиистифодаи ваколат аз чониби  аудиторхо, судяхои хаками ё арбитрхои арбитражи байналмилалии тичорати, (адвокат)

   (КЧТ аз 23.07.16 с., №1330)

 

1) Аз чониби аудитор, судяи хаками ё арбитри арбитражи байналмилалии тичорати, истифода намудани ваколаташон бар хилофи вазифахои фаъолияти ба зиммаашон гузошташуда ва ба максади ба даст овардани фоида ва бартарихо барои худ ё дигар шахсон ё расонидани зарар ба дигарон, агар ин кирдор ба хукук ва манфиатхои конунии шахрвандон, ташкилот, чамъият ё давлат зарари чидди расонда бошад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1330),

– бо чарима ба андозаи аз  панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар такрори содир шуда бошад,

бо чарима ба андозаи аз як хазор то ду хазор нишондиханда барои хисобхо   ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 297. Аз хадди ваколат гузаштани кормандони хадамоти мухофизати хусуси ва детективи

 

1) Аз чониби рохбарон ё хизматчиёни хадамоти мухофизати хусуси ё детективи, бар хилофи вазифахои фаъолияти худ гузаштан аз хадди ваколат, ки мутобики лецензия ба онхо дода шудааст, агар ин кирдор бо истифодаи зуровари ё тахдиди истифодаи он содир шуда бошад, –

бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) бо истифодаи силох ё воситахои махсус содир шуда бошад;

б) боиси окибатхои вазнин гардида бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз   панч то хашт сол  чазо дода мешавад.

 

ФАСЛИ XII. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТИ 

БОБИ 28. ЧИНОЯТХО  БА МУКОБИЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТИ

 

Моддаи 298. Гайриконуни  даромадан ба  иттилооти компьютери

 

1) Гайриконуни  даромадан ба иттилооте, ки дар система ё шабакаи компьютери, ё дар махзани мошинхо мавчуданд, бо вайрон кардани   системаи мухофизати онхо,-

бо чарима ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиханда барои хисобхо  ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар аз беэхтиёти  боиси тагйир додан, нест кардан ё мухосираи (блокировкаи) иттилоот, хамчунин аз кор баровардани тачхизоти компьютери гардида бошад ё зарари чидди расонида бошад, –

бо чарима ба андозаи аз сесад то панчсад нишондиханда барои хисобхо  ё  корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба  мухлати то се сол  чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар аз беэхтиёти боиси окибатхои вазнин гардида бошад, –

бо чарима ба андозаи аз чорсад то хафтсад нишондиханда барои хисобхо ё  бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то чор сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 299. Тагйир додани иттилооти компьютери

 

1) Тагйири иттилоот, ки дар системаи ё шабакаи компьютери, ё дар махзани мошинхо нигох дошта шудааст, хамчунин дидаю дониста ба онхо дохил намудани иттилооти баръало бардуруг, ки зарари чидди расонидааст ё тахдиди расонидани чунин зарарро пеш овардааст,-

бо чарима ба андозаи аз сесад то панчсад нишондиханда барои хисобхо  ё  корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) бо рохи гайриконуни даромадан ба системаи ё шабакаи компьютери алокаманд бошад;

б) аз беэхтиёти боиси окибатхои вазнин гардида бошад,-

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо  ё   махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 300. Тахриби компьютери

 

1) Несту нобуд, мухосира ё корношоям сохтани иттилооти компьпютери ё барнома, аз кор баровардани тачхизоти компьютери, хамчунин вайрон кардани системаи ё шабакаи комьпютери ё махзани мошинхо, –

бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо  ё  махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол ё хабс ба мухлати то чор мох чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) бо рохи гайриконуни даромадан ба системаи ё шабакаи компьютери алокаманд бошад;

б)  аз беэхтиёти боиси окибатхои вазнин гардида бошад, –

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо  ё  махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 301. Гайриконуни ба даст овардани  иттилооти компьютери

 

1) Нусхабардории гайриконуни ё бо дигар усули гайриконуни ба даст овардани иттилоот, ки дар система ё шабакаи компьютери ё дар махзани мошинхо мавчуданд, хамчунин дошта гирифтани  иттилооте, ки ба воситаи алокаи компьютери  фиристода мешавад, –

бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо  ё  махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Мачбур кардан барои додани иттилооте, ки дар системаи ё шабакаи компьютери ё дар махзани мошинхо мавчуданд, бо тахдиди ифшо кардани тахсилотхои беобрукунанда нисбати шахс ё наздикони у, ошкор кардани чунин тахсилотхо оид ба холатхое, ки чабрдида мехохад онхоро нихон дорад, хамчунин бо тахдиди истифодаи зуровари нисбат ба шахс ё наздикони у ё бо тахдиди несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки шахс, наздикони у ва шахсони дигар, ки чунин иттилоот ба онхо бовар карда супорида шудааст ё тахти мухофизати онхо карор дорад, –

бо махдуд кардани озоди ба мухлати то панч сол ё   махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то чор сол чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар:

а) бо истифодаи зуровари нисбат ба шахс ё наздикони у алокаманд бошад;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки содир шуда бошад;

в) ба чабрдида зарари чидди расонида бошад;

г) бо максади ба даст овардани иттилооти нихоят арзишнок содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хафт сол чазо дода мешавад.

4) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум, дуюм ё сеюми хамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи муташаккил содир шуда бошад;

в) аз беэхтиёти боиси марги инсон ё дигар окибатхои вазнин гардида бошад,

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хафт то дах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 302.  Тайёр кардан ва ба сохибияти каси дигар додани воситахои махсус барои гирифтани тамоси гайриконуни ба системаи ё шабакаи компьютери

 

Тайёр кардан  бо  максади ба сохибияти каси дигар додан,  хамчунин ба сохибияти каси дигар додани воситахои махсуси барномаи ё тачхизоти барои гайриконуни даромадан ба системаи ё шабакаи компьютерии мухофизатдор,

бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо  ё  махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол   чазо дода мешавад.

 

Моддаи 303. Тахия, истифода ва пахн кардани  барномахои зараровар

 

1) Тахияи барномахои компьютери ё даровардани тагйирот ба барномахои мавчуда бо максади бе ичозат нобуд ё мухосира кардан ё тагйир додан ё  нусхабардории  иттилоот, ки   дар  системаи ё шабакаи компьютери ё  дар махзани мошинхо махфуз аст, инчунин тахияи барномахои махсуси вирусдор, дидаю дониста истифода бурдани онхо ё пахн кардани махзанхои дорои чунин барномахо, –

бо чарима ба андозаи аз сесад то панчсад нишондиханда барои хисобхо  ё махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар аз беэхтиёти боиси окибатхои вазнин  гардида бошад,

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 304.  Вайрон кардани коидахои истифодаи система ё шабакаи компьютери

 

1) Вайрон кардани коидахои истифодаи системаи ё шабакаи компьютери аз чониби шахсе, ки ба ин система ё шабака  хукуки даромаданро дорад, агар ин амал аз беэхтиёти боиси нобуд ё мухосира шудан ё тагйир ёфтани иттилооти компьютери, вайрон шудани кори тачхизоти компьютери  ё расонидани  дигар зарари чидди гашта бошад, –

бо чарима ба андозаи  то сесад нишондиханда барои хисобхо  ё   махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар хангоми истифодаи система ё шабакаи компьютери, ки иттилооти нихоят арзишнок дорад, содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз сесад то панчсад нишондиханда барои хисобхо  ё  корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар аз беэхтиёти боиси окибатхои вазнин гардида бошанд,-

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо  ё  махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

 

ФАСЛИ ХIII. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ 

БОБИ 29. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ АСОСХОИ СОХТИ КОНСТИТУТСИОНИ ВА АМНИЯТИ ДАВЛАТ

 

Моддаи 305. Хиёнат ба давлат

 

  1. Хиёнат ба давлат, яъне чосуси, додани сирри давлати, ё расонидани дигар хел ёри ба давлати хоричи, ташкилоти хоричи ё ба намояндагони онхо дар фаъолияти душманонаашон ба зарари истиклолият, дахлнопазирии арзи, иктидори мудофиави ва ё амнияти берунии Чумхурии Точикистон, ки аз чониби шахрванди Чумхурии Точикистон содир шудааст, (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то бист сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби хизматчии харби;

в) бо истифода аз макоми хизмати;

г) дар вазъияти чанги ё замони чанг;

д) дар холати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бисту панч сол ё якумра аз озоди махрум сохтан чазо дода мешавад.  (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

Эзох: Шахсе, ки чинояти пешбининамудаи хамин модда, инчунин моддахои 306 ва 308 Кодекси мазкурро содир кардааст, агар ихтиёри ва бо сари вакт огохонидани макомоти  хокимият ё дигар усул ба пешгирии зарари расонидашаванда мусоидат карда бошад ва дар кирдорхои у дигар таркиби чиноят мавчуд набошад, аз чавобгарии чинояти озод карда  мешавад.

 

Моддаи 306. Бо зуровари гасб намудани хокимият ё бо зуровари нигох доштани хокимият

 

  1. Харакате, ки барои бо рохи зуровари ба гасб кардани хокимият ё бо зуровари нигох доштани хокимият бар хилофи Конститутсияи Чумхурии Точикистон равона шудааст, хамчунин ба максади бо зуровари тагйир додани сохти конститутсиони дар Чумхурии Точикистон ё бо зуровари  тагйир  додани  тамомияти арзии Чумхурии Точикистон равона гардидааст,  (Ѕонуни ЇТ аз17.05.2004 № 35;  КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то бист сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби хизматчии харби;

в) бо истифода аз макоми хизмати;

г) дар вазъияти чанги ё замони чанг;

д) дар холати ретсидиви хавфнок ва ё махсусан хавфнок содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бисту панч сол ё якумра аз озоди махрум сохтан чазо дода мешавад.  (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

 

Моддаи 307. Даъвати оммави барои бо рохи зуровари тагйир додани сохти конститутсионии Чумхурии  Точикистон

 

1) Даъватхои оммави чихати бо рохи зуровари гасб кардани хокимияти давлати ё бо зуровари нигох доштани он ё бо рохи зуровари тагйир додани сохти конститутсиони ё бо рохи зуровари вайрон кардани тамомияти арзии Чумхурии Точикистон, инчунин мусоидат кардан ба содиркунии чунин кирдорхо  (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то хашт сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи муташаккил;

в) бо истифодаи макоми хизмати;

г) бо истифодаи воситахои ахбори омма ё дар шабакаи интернет;

д) дар холати рецидиви  махсусан хавфнок содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то понздах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти  муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар мутобики супориши ташкилотхои нияти душманона дошта ё намояндагони давлатхои хоричи содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бист сол бо мусодираи молу мулк бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати аз се то панч  сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 3071. Даъвати оммави барои амали намудани фаъолияти экстремисти (ифротгарои) ва сафедкунии оммавии экстремизм

1) Даъвати оммави барои амали намудани фаъолияти экстремисти (ифротгарои) ва (ё) сафедкунии оммавии экстремизм, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар бо истифода аз воситахои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои 1 ва 2 хамин модда, агар:

а) такроран;

б) дар холати ретсидиви хавфнок ва ё махсусан хавфнок содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Зери мафхуми сафедкунии оммавии экстремизм таргибу ташвики оммави дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва тачрибаи экстремизм, таклифи таклид ва дастгирии он фахмида мешавад.  (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

 

Моддаи 3072. Ташкили иттиходи экстремисти (ифротгарои)

1) Ташкили иттиходи экстремисти, яъне гурухи муташаккили шахсон барои тайёр ё содир намудани чиноятхои дар моддахои 157, 158, 160, 185, 188, 189, 237, 2371, 242, 243 (чиноятхои хусусияти экстремисти дошта) пешбинамудаи хамин Кодекс аз нигохи бадбини ё кинаю адовати идеологи, сиёси, нажоди, милли, махалгарои, ё дини, хамчунин аз нигохи бадбини ё кинаю адоват нисбати кадом як гурухи ичтимои, инчунин рохбари ба чунин иттиходи экстремисти, ба чузъ ё томхои ба чунин иттиход дохилшаванда, хамчунин  ташкили иттиходи  ташкилкунандагон, рохбарон ё дигар намояндагони чузъ ё томхои чунин иттиход бо максади тахияи накшахо ва (ё) шароит барои содир намудани чиноятхои  хусусияти экстремисти дошта,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабои муайян  ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 25.12.15с., № 1261)

2) Иштирок дар идтиходи экстремисти,-

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз чор то хафт сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 25.12.15с., № 1261)

3) Кирдорхои дар кисмхои якум ё дуюми хамин модда пешбинишуда, ки такроран ё бо истифодаи макоми хизмати содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то понздах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати аз се то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 25.12.15с., № 1261)

Эзох: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар иттиходи экстремисти даст мекашад, аз чавобгарии инояти озод карда мешавад, агар дар кирдори у таркиби чинояти дигар мавчуд набошад.

 

Моддаи 3073. Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремисти (ифротгарои)

 

1) Ташкили фаъолияти хизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти ё дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз чониби суд карори эътибори конуни пайдо карда дар бораи бархам  додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремисти кабул шудааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хафт то дах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 25.12.15с., № 1261)

2) Иштирок дар фаъолияти хизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти, дини ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз чониби суд карори эътибори конуни пайдокарда дар бораи бархам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремисти кабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онхо бо истифода аз воситахои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар,   (КЧТ аз 14.11.2016 с., №1359)

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 25.12.15с., № 1261)

Эзох: Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар фаъолияти хибхои сиёси, иттиходияхои чамъияти ё дини ва ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз чониби суд карори эътибори конуни пайдо карда дар бораи бархам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремисти кабул шудааст, даст мекашад, аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад, агар дар кирдори у таркиби чинояти дигар мавчуд набошад.

 

Моддам 3074. Ташкили таълим ё гурухи таълимии хусусмяти динии экстремистидошта

 

  1. Ташкили таълим ё гурухи таълимии хусусияти динии экстремистидошта, инчунин рохбари ё иштирок дар чунин таълим новобаста аз чойи таълим,

– бо махрум сохтан аз озодй ба мухлати аз хашт то дувоздах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад. (КЧТ аз 25.12.15с., № 1261)

  1. Хамин кирдор, агар:

– бо истифода аз макоми хизмати содир шуда бошад;

– бо маблаггузори намудани чунин гуруххо алокаманд бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то понздах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати панч сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад. (КЧТ аз 25.12.15с., № 1261; КЧТ аз 2.08.11с.,№750)

 

Моддаи 308. Чосуси

 

Супоридани тахсилотхои дорои сирри давлати ба давлати хоричи, ташкилотхои хоричи ё намояндагони онхо, инчунин чамъовари, тасарруф кардан ё нигахдоштани чунин тахсилотхо бо максади супоридан ба онхо хамчунин супоридан ё чамъоварии дигар тахсилотхо мутобики супориши кашфи (разведкаи) хоричи барои истифода бурдани онхо бар зарари истиклолият, дахлнопазирии арзи, иктидори мудофиави ё амнияти берунии Чумхурии Точикистон, агар ин кирдор аз чониби шахрванди хоричи ё шахси бешахрванди содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то бист сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

 

Моддаи 309. Тахрибкори (Диверсия)

 

1) Бо максади ноустувор сохтани амнияти иктисоди ва иктидори мудофиавии Чумхурии Точикистон, содир намудани таркиш, сухтор ё дигар кирдорхое, ки барои нобуд ё вайрон кардани корхонаю иншоот, рох ва воситахои наклиёт, воситахои алока, объектхои таъминоти зиндагии ахоли равона шудааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то понздах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи муташаккил содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то бист сол бо мусодираи молу мулк  чазо дода мешавад.

 

Моддаи 310. Тачовуз  ба хаёти  арбоби давлати ё чамъиятии Чумхурии Точикистон

 

Тачовуз ба  хаёти  арбоби давлати ё чамъиятии Чумхурии Точикистон бо максади суст кардани асосхои сохти конститутсиони ё амнияти давлат, хамчунин бо максади катъ гардонидани фаъолияти давлати ё дигар фаъолияти сиёси ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиком барои чунин фаъолият (акти террористи),

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то бист сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 311. Ифшои сирри давлати

 

1) Ифшои маълумоти дорои сирри давлати аз чониби шахсе, ки ин маълумот ба у бовар карда шудааст ё вобаста ба хизмат ё кор ба у маълум гардидааст, агар ин маълумот дастраси дигар шахсон шуда, дар ин кирдори у нишонахои хиёнат ба давлат мавчуд набошад,

– бо махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол  ё махрум кардан аз озоди ба мухлати то се сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки аз беэхтиёти боиси окибатхои вазнин гардида бошад, (кчт аз 17.05.04 с., №35)

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 312. Гум кардани асноди дорои сирри давлати

 

Аз чониби шахсе, ки ба сирри давлати ичозат дорад, вайрон кардани коидахои мукарраргардидаи муносибат бо аснодхои дорои сирри давлати дошта, хамчунин бо предметхое, ки маълумот дар бораи онхо сирри давлати мебошанд, агар ин кирдор аз беэхтиёти боиси гум шудани онхо ё фаро расидани окибатхои вазнин гардида бошад,

– бо   махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 313. Исёни мусаллахона

 

Ташкили исёни  мусаллахона  ё иштироки фаъолона дар он бо максади аз байн бурдан ё бо рохи зуровари тагйир додани сохти конститутсиони Чумхурии Точикистон ё вайрон намудани тамомияти арзии Чумхурии Точикистон,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то бист сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

 

БОБИ 30. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ ВА ВА МАНФИАТХОИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИ

         

Моддаи 314. Суиистифода аз ваколатхои мансаби

 

1) Аз чониби шахси мансабдор истифода намудани ваколатхои хизмати худ бархилофи манфиатхои хизмати, агар ин кирдор (харакат ё бехаракати) бо гараз ё дигар манфиатхои  шахси содир шуда, ба таври чидди хукук ва манфиатхои конунии шахрвандон ё ташкилотхо ё манфиатхои конунан хифзшудаи чамъият ё давлатро поймол карда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо ё махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Хамин кирдор агар аз чониби шахсе, ки мансабхои давлатии Чумхурии Точикистон ё сардори макоми худидоракунии махаллиро ишгол мекунад, содир шуда бошад,

бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати  аз ду то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

3) Кирдрхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, ки боиси окибатхои вазнин гардида бошад,-

бо чарима ба андозаи аз нухсаду дувоздах то як хазору хаштсаду бисту панч нишондиханда барои хисобхо ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панчто дах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

Эзох:

1) Тахти мафхуми шахси мансабдор дар Кодекси мазкур шахси таъин ё интихобшуда фахмида мешавад, ки ба таври доими, муваккати ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи хокимияти давлатиро амали менамояд, яъне бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дорои ваколатхои амрдихи нисбат ба шахсоне мебошад, ки дар тобеияти хизматии у карор надоранд, инчунин шахсе, ки вазифахои ташкилию амрдихи, маъмурию хочагидориро дар макомоти хокимияти давлати, муассисахои давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, хамчунин дар субъектхои хочагидори давлати ва дигар субъектхои хочагидоре, ки дар онхо хиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медихад, батаври музднок ё бемузд ичро менамояд ва шахсони ба онхо баробаркардашуда.  (КЧТ аз 24.02.17 с., №1380)

2) Тахти мафхуми шахсе, ки мансабхои давлатии Чумхурии Точикистонро ишгол мекунад, дар моддахои боби мазкур ва дигар моддахои хамин Кодекс шахсоне дар назар дошта шудаанд, ки мансабхои барои ичрои бевоситаи салохияти макомоти давлати муайнамудаи Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва дигар конунхои Чумхурии Точикистонро ишгол мекунанд.

3) Хизматчиёни давлати, хизматчиёни макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ки ба шумули шахсони мансабдор дохил намешаванд, мутобики моддахои хамин боб дар холатхои махсус пешбининамудаи моддахои дахлдор ба чавобгарии чинояти кашида мешаванд. (КЧТ аз 24.02.17 с., №1380)

4) Вазифахои ташкилию амрдихи – ваколатхо оид ба амали намудани рохбарии коллективи мехнати, доираи муайяни кор, кормандони алохида, интихоб ва чобачогузории кадрхо, ташкили мехнати кормандони тобеъ, назорат ва санчиши риояи интизоми мехнат, татбики чорахои хавасмандгардони ва мучозоти интизоми.  (КЧТ аз 24.02.17 с., №1380)

5) Вазифахои маъмурию хочагидори – ваколатхо оид ба идора ва ихтиёрдории молумулк.  (КЧТ аз 24.02.17 с., №1380)

 

Моддаи 315. Беамали дар ичрои вазифа

 

Аз тарафи хизматчии давлати, ки шахси мансабдор  намебошад бо максади гаразнок ё дигар манфиати шахси ё гурухи ичро накардани вазифахои хеш, агар ин кирдор ба таври чидди хукук ва манфиатхои конунии шахрвандон, ташкилотхо, чамъият ё давлатро поймол карда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо  ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 316. Баромадан аз хадди  ваколатхои мансаби

 

1) Аз чониби шахси мансабдор анчом додани харакате, ки аз хадди ваколатхои у баръало берун мебарояд ва боиси ба таври чидди поймол гардидани хукук ва манфиатхои конунии шахрванд ё ташкилот ё манфиатхои конунан хифзшудаи чамъият ё давлат гаштааст,-

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то хафтсаду си нишондиханда барои хисобхо ё махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то чор сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Хамин харакатро агар шахсе содир карда бошад, ки вазифаи давлатии Чумхурии Точикистон ё сардори макоми худидораи махаллиро ишгол мекунад,

– бо чарима ба андозаи аз хафтсаду си то як хазору дусаду хафтоду хафт нишондиханда барои хисобхо  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз чор то хафт сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

3) Харакатхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда агар:

а) бо зуровари ё тахдиди истифодаи он;

б) бо истифодаи силох ё воситахои махсус;

в) бо расонидани окибатхои вазнин содир шуда бошад,

бо чарима ба андозаи аз нухсаду дувоздах то як хазору хаштсаду бисту панч нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 317 . Сохиби кардани ваколати шахси мансабдор

 

Аз чониби хизматчии давлати ё хизматчии макомоти  худидораи махалли, ки шахси мансабдор намебошад, сохиби кардани ваколати шахси мансабдор ва вобаста ба он содир намудани харакате, ки хукук ва манфиатхои конунии шахрвандон ё ташкилотхоро ба таври чидди поймол мекунанд,-

бо чарима ба андозаи  то панчсад нишондиханда барои хисобхо   ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол  чазо дода мешавад.

 

Моддаи 318. Иштироки гайриконуни дар фаъолияти сохибкори

 

Аз чониби шахси мансабдор  таъсис додани ташкилоте,  ки фаъолияти сохибкориро анчом медихад ё шахсан иштирок дар идораи чунин ташкилот ё ба воситаи шахси боваринок хилофи манъи мукаррарнамудаи конун, агар ин кирдор аз фарохам овардани имтиёз ва бартари ё бо дигар шакли пуштибони ба чунин ташкилот  алокаманд бошад,

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои  муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10.№617)

 

Моддаи 319. Гирифтани пора

 

1) Аз чониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, когазхои киматнок дигар, молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулки дошта, барои ичро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиханда ё намояндагони у, агар чунин харакат (бехаракати)   ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хоричи ё шахси ё шахси ташкилоти байналмилали дохил бошанд ё онхо вобаста ба кудрати мавкеи мансабиашон ба чунин харакат (бехаракати) мусоидат карда метавонанд, хамчунин барои пуштибонии умуми ё сахлангори  дар хизмат, (КЧТ аз 12.11.13с., №1028)

– бо чарима ба андозаи аз се хазору шашсаду панчох то нух хазору яксаду бисту панч нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274)

2) Аз чониби шахси мансабдор шахси мансабдори давлати хоричи ё шахси ташкилоти байналмилали гирифтани пора барои харакати (бехаракатии) гайриконуни, (КЧТ аз 12.11.13с., №1028)

– бо чарима ба андозаи аз панч хазору чорсаду хафтоду панч то дувоздах хазору хафтсаду хафтоду панч нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то хафт сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274)

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда агар аз чониби шахсе содир шуда бошад, ки вазифаи давлатии Чумхурии Точикистон ё сардори макоми худидораи махаллиро ишгол мекунад,-

– бо чарима ба андозаи аз нух хазору яксаду бисту панч то хаждах хазору дусаду панчох нишондиханда барои хисобхо ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати аз се то панч сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он чазо дода мешавад (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274).

4) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум, дуюм ё сеюми хамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё гурухи муташаккил;

в) бо тамаъчуии пора;

г) ба микдори калон,

– бо чарима ба андозаи аз дувоздах хазору хафтсаду хафтоду панч то бисту як хазору нухсад нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хафт то дувоздах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати панч  сол чазо дода мешавад (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274).

 

Эзох: 1) Дар моддаи 319 Кодекси мазкур  зери мафхуми  микдори калон, микдори пул, арзиши когазхои киматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои хусусияти молу мулки доштае фахмида мешавад, ки арзиши онхо аз як хазор нишондиханда барои хисобхо хадди акал  зиёд  бошад.

2) Тахти мафхуми такроран (такрори)  дар моддахои 319, 320, 324 ва 325-и хамин Кодекс чинояте дар назар дошта шудааст, ки агар каблан як ё якчанд чиноятхои пешбини намудаи хамин моддахоро содир шуда бошад.

 3) Тахти мафхуми шахси мансабдори давлати хоричи дар моддахои 319-321 Кодекси мазкур шахси дар макомоти конунгузор, ичроия, маъмури ё судии давлати хоричи ягон мансабро ишголнамуда (интихобгардида ё таъингардида) ва дигар шахсе, ки барои ин макомоти давлати хоричи ягон функсияи давлатиро ичро менамояд, фахмида мешавад. (КЧТ аз 12.11.13с., №1028)

4) Тахти мафхуми шахси мансабдори ташкилоти байналмилали хизматчии ташкилоти байналмилали ё дигар шахсе, ки ваколатдор аст аз номи ин ташкилот фаъолият намояд, фахмида мешавад. (КЧТ аз 12.11.13 с., №1028)

 

Моддаи 320. Додани пора

 

1) Додани пора шахсан ба шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хоричи ё шахси ё шахси ташкилоти байналмилали ё аз тарики миёнарав, (КЧТ аз 12.11.13с., №1028)

– бо чарима ба андозаи аз се хазору шашсаду панчох то нух хазору яксаду бисту панч нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274)

2) Додани пора ба шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хоричи ё шахси ташкилоти байналмилали барои аз чониби онхо дидаю дониста анчом додани харакати (бехаракатии) гайриконуни ё такроран додани пора, (КЧТ аз 12.11.13с., №1028)

– бо чарима ба андозаи аз нух хазору яксаду бисту панч то хаждах хазору дусаду панчох нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол сол чазо дода мешавад (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274).

 

Эзох: 1) Агар аз  чониби  шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хоричи ё шахси ташкилоти байналмилали тамаъчуии пора ба амал омада бошад ё агар шахси порадода ихтиёран ба макоме, ки ба огози парвандаи чинояти хукук дорад хабар дихад, у аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад. (КЧТ аз 12.11.13с., №1028)

2) Тахти мафхуми тамаъчуе, ки дар моддаи 319 ва 320 хамин Кодекс пешбини шудааст, талаботи шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хоричи ё шахси ташкилоти байналмилали оид ба додани пора зери тахдиди содир кардани чунин амалхои вобаста ба фаъолияти хизматие, ки метавонад ба манфиатхои конунии порадиханда зарар расонад, ё инчунин касдона гузоштани шахрванд ба чунин холате, ки у мачбур аст барои бартараф кардани окибатхои зарарнок ба манфиатхои конунии худ пора дихад, фахмида мешавад.

 

Моддаи 321. Игвои порадихи

 

Кушиши ба шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хоричи ё шахси  ташкилоти байналмилали додани пул, когазхои киматнок, дигар молу мулк ё хизматрасонии дорои хусусияти молу мулки бе розигии онхо бо максади сохтани далелхои сунъи оид ба гирифтани пора (КЧТ аз 12.11.13с., №1028)

– бо чарима ба андозаи аз нух хазору яксаду бисту панч то хаждах хазору дусаду панчох нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274).

 

Моддаи 322. Хунукназари

 

1) Хунукназари, яъне ичро накардан ё ба таври дахлдор ичро накардани  вазифахои худ аз чониби шахси мансабдор дар натичаи муносибати беинсофона ё бепарвоёна ба хизмат, агар ин боиси ба таври чидди поймол кардани хукук ва манфиатхои конунии шахрванд ё ташкилот ё манфиатхои конунан хифзшудаи чамъият ё давлат гашта бошад,

– бо чарима ба андозаи аз сад то дусаду панчох нишондиханда барои хисобхо ё корхои хатми ба мухлати аз яксаду бист то яксаду хаштод соат ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Хамин кирдор, ки аз беэхтиёти боиси марги инсон ё дигар окибатхои вазнин гаштааст,

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 323. Сохтакории хизмати

 

Сохтакории хизмати,  яъне аз чониби шахси мансабдор, хамчунин хизматчии давлати ё хизматчии макомоти худидоракунии маххали, ки шахси мансабдор намебошад, ба асноди расми дидаю дониста дохил намудани тахсилотхои бардуруг, хамчунин ба асноди зикршуда ворид намудани ислохоте, ки мазмуни аслии онро тахриф мекунад ё дидаю дониста додани хуччатхои бардуруг ё калбаки, агар ин кирдор бо максади гаразнок ё дигар манфиатдории шахси содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати аз як то ду сол  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 3231. Гайриконуни додани шиносномаи шахрванди Чумхурии Точикистон, хамчунин ба хуччатхое, ки барои гирифтани шахрвандии Чумхурии Точикистон асос мебошанд, ворид намудани маълумотхои баръало бардуруг

 

1) Аз чониби шахси мансабдор ё хизматчии давлати гайриконуни додани шиносномаи шахрванди Чумхурии Точикистон ба шахрвандони хоричи ё шахсони бешахрванд, хамчунин аз чониби шахси мансабдор, хизматчии давлати ё хизматчии макомоти худидоракунии махалли, ки шахси мансабдор намебошад, ворид намудани маълумотхои баръало бардуруг ба хуччатхое, ки барои гирифтани шахрвандии Чумхурии Точикистон асос мегарданд,

– бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

2) Аз чониби шахси мансабдор ё хизматчии давлати ба таври дахлдор ичро накардан ё хунукназарона ичро кардани вазифахои хизмати, ки боиси гайриконуни додани шиносномаи шахрванди Чумхурии Точикистон ба шахрвандони хоричи ё шахсони бешахрванд ё гайриконуни ба даст овардани шахрвандии Чумхурии Точикистон гашта бошад,

– бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад.  (КЧТ аз 31.12.08с №451).

 

Моддаи 324. Гирифтани мукофот бо рохи тамаъчуи

 

1) Гирифтани мукофот бо рохи тамаъчуи, яъне талаб кардани мукофоти моли ё фоидаи молу мулки аз чониби хизматчии корхона сарфи назар аз шакли моликият, гайр аз шахсони мансабдори макомоти давлати, барои ичрои кори муайян ё расонидани хизмат, ки ба доираи вазифаи хизматии чунин корманд дохил мешавад, хамчунин касдан гузоштани шахрванд дар чунин шароите, ки у барои пешгири кардани вайронкунии хукук ва манфиатхои конунан хифзшавандааш мачбур аст чунин мукофотро барояш мухайё созад,

– бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо , ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) ба микдори калон содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

 Моддаи 325. Додани мукофот ба хизматчи

 

1) Додани мукофот ба хизматчи, яъне додани мукофоти моли ё фоидаи молу мулки ба хизматчии корхона, сарфи назар аз шакли моликият, гайр аз шахсони мансабдори макомоти давлати, барои ба манфиати шахси мукофотдиханда  ичро кардани амали гайриконуни,

– бо чарима ба андозаи аз панчсад то хаштсад нишондиханда барои хисобхо  ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2)  Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) ба микдори калон;

г) ба манфиати гурухи муташаккил содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Дар моддахои 324 ва 325 – и Кодекси мазкур зери мафхуми микдори калон, микдори пул, арзиши кгазхои киматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои хусусияти молу мулки доштае фахмида мешавад, ки арзиши онхо аз панчсад нишондиханда барои хисобхо зиёд бошад.

 

Моддаи 326. Гайриконуни ичозат додан ба гирифта гаштан ва нигохдории силохи оташфишон

 

Гайриконуни ичозат додан ба гирифта гаштан ва нигохдории силохи оташфишон,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 327. Гайриконуни нигох доштани мухофизони  шахси ва истифодаи техникаи чанги бо хамин максад

 

Гайриконуни нигох доштани мухофизони шахси, инчунин истифодаи, техникаи чанги бо хамин максад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

 

 

БОБИ 31. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ТАРТИБИ ИДОРАКУНИ

 

Моддаи 328. Истифодаи зуровари ба мукобили намояндаи хокимият

 

1) Истифодаи зуроварие, ки барои хаёт ё саломати хавфнок нест ё тахдиди истифодаи зуровари, хамчунин тахдиди несту нобуд кардани молу мулк нисбат ба намояндаи хокимият ё наздиконаш вобаста ба ичрои вазифаашон, (кчт аз 17.05.04 с., №35)

– бо чарима ба андозаи то панчсад нишондиханда барои хисобхо  ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Истифодаи зуровари нисбат ба шахсони дар кисми якуми хамин модда зикргардида, ки ба хаёт ва саломати хавфнок аст,

– бо махдуд кардани озоди ба мухлати аз ду то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч  сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Дар моддаи  мазкур  ва дигар моддахои хамин Кодекс тахти мафхуми намояндаи хокимият шахсе дар назар дошта шудааст, ки дар макомоти  хокимияти давлати  хизмат карда ва мутобики тартиби мукаррарнамудаи конун нисбат ба шахсони тахти тобеъияти хизматиаш карорнадошта ваколати амрдихиро дорад.

 

Моддаи 329. Тахдид нисбати кормандони макомоти хифзи хукук ё хизматчиёни харби

 

Тахдиди куштан, расонидани зарар ба саломати, вайрон ё несту нобуд сохтани молу мулк  нисбати кормандони макомоти хифзи хукук, хизматчиёни харби, хамчунин нисбати шахсони наздики онхо бо максади монеъ шудан бо фаъолияти конуни ин шахсон оиди мухофизати тартиботи чамъияти ё таъмини бехатарии чамъият ё аз руи интиком барои чунин фаъолияташон содир шуда бошад, –

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо  ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати  то се сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 330. Тахкири намояндаи хокимият

 

1) Тахкири оммавии намояндаи хокимият хангоми ичрои вазифахои хизмати ё вобаста ба ичрои онхо,

бо корхои хатми бо мухлати аз яксаду хаштод то дусаду чил соат ё бо чарима ба андозаи аз панчсад  то як хазор нишондиханда барои хисобхо хадди акал ё корхои ислохи ба мухлати аз ду мох то як сол  чазо дода мешавад. (кчт аз 17.05.04 с., №35)

2) Тахкири намояндаи хокимият дар баромадхои оммави, асархои ба таври оммави намоишдодашуда  дар воситахои ахбори омма ё дар шабакаи интернет,

– бо чарима ба андозаи аз як хазор  то як хазору панчсад нишондиханда барои хисобхо хадди акал ё хабс ба мухлати аз ду то шаш мох ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 331. Монеъ шудан ба фаъолияти муассисахои татбиккунандаи чазо ва муассисахои хабси пешаки

 

1) Тахдиди зуровари нисбати кормандони муассисахои татбиккунандаи чазо, нисбати кормандони муассисахои хабси пешаки бо максади монеъ шудан ба фаъолияти муътадили ин муассисахо,

бо  махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Бо хамин максад истифода бурдани зуровари нисбати шахсони дар кисми якуми хамин модда зикргардида, ки ба хаёт ё саломатии шахс хавфнок намебошад,

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол  чазо дода мешавад.   

3) Кирдорхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар:

а) бо зуровари, ки барои хаёт ва саломатии шахс хавфнок аст;

б) аз чониби гурухи муташаккил:

в) дар холати рецидиви  хавфнок ё махсусан хавфнок содир шудааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 332.  Кирдорхое, ки кори чойхои махрумият  аз озодиро номураттаб месозанд

1) Кирдорхое, ки шахси адокунандаи чазо дар чойхои махрум сохтан аз озоди содир намуда, дар:

а) тахкиру шиканчаи махкумшудагон;

б) хамла овардан ба намояндагони маъмурияти чойхои махрум сохтан аз озоди;

в) ташкил намудани гуруххо бо ин максад ё дар амали онхо фаъолона иштирок намудан ифода ёфтааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар аз чониби шахси барои чинояти вазнин ё махсусан вазнин махкумшуда содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 333. Истифодаи гайриконунии аломату нишонахои Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар

 

Истифодаи гайриконунии аломату нишонхои тафрикаи Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар, инчунин номи Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар,

– бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо   ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 334. Худсари

 

1) Худсари, яъне худсарона, бар хилофи тартиби мукаррарнамудаи конун ё санади дигари меъёрии хукуки ба амал баровардани хукуки вокеи ё эхтимоли, ки ба хукуку манфиатхои конунан хифзшавандаи шахрвандон ё манфиатхои ё чамъияти давлати зарари чидди расонидааст,

– бо чарима ба андозаи то дусад нишондиханда барои хисобхо  ё корхои ислохи ба мухлати аз  як то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар бо зуровари ё тахдиди истифодаи он содир шуда бошад,

– бо махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол,  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 31.12.08 с., №451).

 

Моддаи 335. Гайриконуни гузаштан аз Сархади давлатии Чумхурии Точикистон

 

1) Гайриконуни, бидуни хуччати муайяншуда ва ичозати зарури гузаштан аз сархади давлатии Чумхурии Точикистон,

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 31.12.08 с., №451)

2) Сархади давлатии Чумхурии Точикистонро гайриконуни, бо маслихати пешаки гузаштани гурухи шахсон ё гурухи муташаккил ё бо истифодаи зуровари ё бо тахдиди истифодаи он,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Кирдори  пешбининамудаи хамин модда нисбати шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванде, ки бо вайрон кардани коидаи гузаштан аз  Сархади давлати ба  Чумхурии Точикистон барои истифодаи хукуки панохгохи сиёси мутобики Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ворид гаштаанд, пахн намегардад.

 

Моддаи 3351. Ташкили воридшавии гайриконунии шахрвандони хоричи ё шахсони бешахрванд ба Чумхурии Точикистон ё ташкили гузариши транзитии гайриконуни ба воситаи марзи Чумхурии Точикистон

 

1) Ташкили воридшавии гайриконунии шахрвандони хоричи ё шахсони бешахрванд ба Чумхурии Точикистон ё ташкили гузариши транзитии гайриконунии чунин шахсон ба воситаи марзи Чумхурии Точикистон,

– бо чарима ба андозаи аз сесад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати аз шаш мох то як сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё гурухи муташаккил;

в) бо расонидани зарари чидди ба шахрванд;

г) бо истифодаи макоми хизмати;

д) бо максади машгул шудан бо фаъолияти гайриконуни содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё бидуни он чазо дода мешавад. (КЧТ аз 31.12.08 с., №451)

 

Моддаи 335 2. Ташкили мухочирати гайриконуни

 

1) Ташкили гайриконуни фиристонидан ва бо кор таъмин кардани шахрвандони Чумхурии Точикистон дар хорича,

– бо чарима ба андозаи аз сесад то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати аз шаш мох то як сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то ду сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

2) Бо кор таъмин намудани мухочирон аз чониби шахсе, ки барои амали намудани чунин намуди фаъолият ичозатнома надорад,

– бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати аз як то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.  (КЧТ аз 31.12.08 с., №451)

 

Моддаи 336. Вайрон кардани низоми  Сархади  давлати

 

Вайрон кардани низоми Сархади давлати, низоми сархади ва низоми гузаргохи Сархади давлати, ки дар давоми сол пас аз додани чазои маъмури барои хамин гуна вайронкунихо содир шуда бошад,

– бо чарима ба андозаи аз сесад то хаштсад нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 337. Тасарруфи мукофоти давлати

 

Тасарруфи мукофоти давлати,

– бо махдуд кардани озоди ба мухлати аз як то се сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 338. Худсарона ишгол намудани китъаи замин ва сохтмони худсарона дар он

 

1)  Худсарона ишгол намудани китъаи замин, агар дар давоми соли пас аз татбики чазои маъмури барои чунин хукуквайронкуни содир шуда бошад,

– бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Сохтмони худсарона дар китъаи замини худсарона ишгол намуда, новобаста аз татбики чазои маъмури,

– бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

3)  Кирдори пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки содир шуда бошад,

– бо чарима ба андозаи аз нухсаду дувоздах то хазору чорсаду шаст нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Чиноятхои дар моддахои 338 ва 3381 Кодекси мазкур пешбинигардида дар хамон вакт такроран содиршуда эътироф карда мешаванд, ки агар шахсе каблан як ё якчанд чиноятхои дар хамин моддахо пешбинигардидаро содир намуда бошад. (КЧТ аз 25.03.11 с., №694)

 

Моддаи 3381. Гайриконуни додани китъаи замин

 

1) Гайриконуни додани китъаи замин,

– бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Кирдори пешбининамудаи кисми якуми хамин модда, агар:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) бо истифода аз ваколати мансаби содир шуда бошад,

– бо чарима ба андозаи аз нухсаду дувоздах то хазору чорсаду шаст нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 25.03.11 с., №694)

 

Моддаи 339. Тасарруф ё вайрон кардани хуччат,  штамп, мухр

 

1) Тусарруфи шиноснома (паспорт) ё дигар хуччати мухими шахсии шахрванд,

бо корхои хатми ба мухлати аз хаштод то яксаду бист соат ё бо чарима ба андозаи то дусад нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати то як сол чазо дода мешавад.

2)  Бо максади гаразнок ё манфиати дигари шахси тасарруф, нобуд, вайрон ё пинхон кардани хуччатхои расми, штамп ё мухр,

– бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо  ё  корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то як сол чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои дар кисми якум ё дуюми хамин модда пешбинигардида, ки бо максади хариду фуруши одамон содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 340. Сохтакори, тайёр кардан ё ба сохибияти каси дигар додани хуччат, мукофоти давлати, штамп, мухр ва бланкахои калбаки

 

1) Сохтакории шиноснома (паспорт) шаходатнома ё дигар хуччатхои расмии хукукдиханда ё аз ухдадори озодкунанда бо максади истифода аз чониби худи сохтакор ё шахси дигар ё ба сохибияти каси дигар додани чунин хуччат, ба хамин максад тайёр кардан  ё ба сохибияти каси дигар додани мукофоти давлатии Чумхурии Точикистон, ЧШС Точикистон, ИЧШС, штампу мухр ё бланкахои калбаки, инчунин истифодаи хуччатхои баръало калбаки,

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад. (КЧТ аз 25.03.11 с., №694)

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) бо маслихати пешаки аз чониби гурухи шахсон;

в) бо истифодаи техникаи компьютери содир шуда бошад,

бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 25.03.11 с., №694)

3) Кирдорхои дар кисми якум ва дуюми хамин модда пешбинигардида, ки бо максади хариду фуруши одамон содир шуда бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол чазо дода мешавад.

                                                 

Моддаи 3401. Сохтакорона тайёр кардан, ба муомилот баровардани маркахои бочи аксизи, маркахои махсус ё аломатхои мутобикат ва ё истифодаи онхо

 

  1. Сохтакорона тайёр кардан бо максади муомилот ё ба муомилот баровардани маркахои аксизи, маркахои махсус ё аломатхои мутобикати мухофизатшаванда ва ё истифодаи онхо,-

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

  1. Хамин кирдор, агар бо маслихати пешаки аз чониби гурухи шахсон ва ё гурухи муташаккил содир шуда бошад,-

бо чарима ба андозаи аз сесаду шасту панч то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо  бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду  то панч сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

 

Моддаи 341. Сохиб шудан ё ба сохибияти каси дигар додани хуччатхои расми ва мукофоти давлати

 

Гайриконуни сохиб шудан ё ба сохибияти каси дигар додани хуччатхои расмии хукукдиханда ё аз ухдадори озодкунанда, инчунин мукофоти давлатии Чумхурии Точикистон, ЧШС Точикистон, ИЧШС, –

бо корхои хатми ба мухлати аз яксаду бист то яксаду хаштод соат ё бо чарима ба андозаи то панчсад нишондиханда барои хисобхо  чазо дода мешавад. (кчт аз 17.05.04 с., №35)

 

Моддаи 342. Тахкир кардани рамзхои  давлати

 

Тахкир кардани рамзхои давлатии Чумхурии Точикистон,

бо чарима ба андозаи то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё бо махдуд кардани озоди ба мухлати то ду сол  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то як сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 343. Саркаши аз хизмати харби ва  альтернативи

 

1) Саркаши аз даъвати навбати ба хизмати хатмии харби, хамчунин саркаши кардани шахси ухдадори харби аз чамъомадхои таълими ё санчиши харби дар холати набудани асосхои конуни барои аз ин хизмат озод намудан,

– бо чарима ба андозаи аз  панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо   ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Саркашии шахсони аз хизмати харби озодшуда аз адои хизмати альтернативи,

бо корхои хатми ба мухлати аз яксаду хаштод то дусаду чил соат ё бо чарима ба андозаи аз сесад то хаштсад нишондиханда барои хисобхо чазо дода мешаванд.

3) Саркаши аз даъвати хизмати харбии хатми ё альтернативи бо рохи:

а) ба худ расонидани зарар  ба саломати;

б) бо сохтакории хуччатхо ё фиреби дигар,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Агар даъватшаванда то ба суд супурдани парванда ба даъватгох хозир шавад, у аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад.

 

Моддаи 344. Саркаши аз даъвати сафарбари

 

Саркаши аз даъвати сафарбари ба сафи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

 

БОБИ 32. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ АДОЛАТИ СУДИ

 

Моддаи 345. Монеъ шудан ба татбики адолати суди, тахкик ва тафтиши пешаки

  (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274)

 

1) Дар хар шакл дахолат кардан ба фаъолияти суд бо максади монеъ шудан ба татбики адолати суди,

– бо чарима ба андозаи аз  панчсад  то як хазор нишондиханда барои хисобхо  ё  корхои ислохи ба мухлати то ду сол  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2)  Дар хар шакле дахолат кардан ба фаъолияти прокурор, муфаттиш ё тахкикбаранда бо максади монеъ шудан ба хамачониба, пурра ва объективии тахкик ё тафтиши пешакии парванда (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274),

– бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои дар кисми якум ё дуюми хамин модда пешбинигардида, ки аз чониби шахс бо истифода аз макоми хизматии худ содир шудаанд,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян  ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

 

Моддаи 346. Дидаю дониста расонидани  хабари бардуруг

 

1) Дидаю дониста расонидани хабари бардуруг оиди содир шудани чиноят,

– бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо  ё махдуд кардани озоди  ба мухлати то ду сол  чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар вобаста:

а) бо гунахгор кардан ба содир намудани чинояти вазнин ё махсусан вазнин;

б) бо сохтани далелхои сунъии айбдоркуни;

в) аз нияти гаразнок;

г) ба манфиати гурухи муташаккил содир шуда бошад,

– бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои дар кисмхои якум ё дуюми хамин модда пешбинигардида агар:

а) нисбати судя, прокурор, муфаттиш ё тахкикбаранда содир шуда бошанд (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274);

б) боиси окибатхои вазнин гардида бошанд,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хафт сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 347.  Хабар надодан дар бораи чиноят ё пинхон доштани он

 

1) Хабар надодан дар бораи чинояти вазнин ё махсусан вазнин, аник маълуми тайёршудаистода ё содиршуда, хамчунин хабар надодан дар бораи шахси аник маълуми содирнамудаи ин чиноят ё бошишгохи у,

– бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Пинхон доштани чинояти вазнин ё махсусан вазнини пешаки ваъданашуда,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: 1) Хамсар ва хешовандони наздики шахси содирнамудаи чиноят барои хабар надодан дар бораи чиноят ва пинхон доштани чинояти пешаки ваъданашудаи он ба чавобгарии чинояти кашида намешаванд.

2) Инчунин ходими калисо барои хабар надодан дар бораи чинояте, ки ба у хангоми омурзиш маълум гардидааст, ба чавобгарии чинояти кашида намешавад.

 

Моддаи 348. Дидаю дониста ба чавобгарии чинояти кашидани шахси бегунох

 

1) Дидаю дониста шахси бегунохро ба сифати айбдоршаванда ба чавобгарии чинояти кашидан аз чониби тахкикбаранда, муфаттиш ё прокурор (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274), –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) вобаста бо айбдоркуни дар содир намудани чинояти вазнин ё махсусан вазнин;

б) вобаста бо сохтани далелхои сунъии айбдоркуни содир шуда бошад;

в) боиси окибатхои вазнин гардида бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч  сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 349. Дидаю дониста гайриконуни баровардани хукм, халнома ё дигар актхои суди

 

1) Дидаю дониста аз тарафи судя (судяхо) гайриконуни баровардани хукм, халнома ё дигар актхои суди,

бо чарима ба андозаи аз як хазор то як хазору панчсад нишондиханда барои хисобхо  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) вобаста бо баровардани хукми аз озоди махрум сохтан;

б) вобаста бо сохтани далелхои сунъии айбдоркуни содир шуда бошад;

в) боиси окибатхои вазнин гардида бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан ба фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 350. Монеъ шудан ба хозиршавии шохид ё чабрдида ба суд, макомоти тахкик ё тафтиши пешаки

 (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274)

 

Монеъ шудан  ба  хозиршавии  шохид  ё  чабрдида  ба  суд, макомоти тахкик ё тафтиши пешаки (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274), –

бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо  ё  махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 351. Гувохии бардуруг

 

1) Дидаю дониста  нишондоди бардуруг додани шохид,  чабрдида ё хулосаи галат додани коршинос (эксперт), хамчунин хангоми тахкик, тафтиши пешаки ё дар суд дидаю дониста нодуруст тарчума кардани тарчумон (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274), –

бо махдуд кардани озоди ба мухлати аз як то се сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар вобаста:

а) ба айбдоркуни дар содир намудани чинояти вазнин ё махсусан вазнин:

б) ба тайёр кардани далелхои сунъии айбдоркуни;

в) бо максади гаразнок;

г) ба манфиати гурухи муташаккил содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Агар шохид, чабрдида, коршинос ё тарчумон дар чараёни тахкик, тафтиши пешаки ё мурофиаи суди то баровардани хукм ё халномаи суд дар хусуси бардуруг будани баёнот, хулосахо ё дидаю дониста нодуруст тарчума карданашон ихтиёри арз намоянд, аз чавобгарии чинояти озод карда мешаванд (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274).

 

Моддаи 352. Саркаши аз хозир шудан ё нахостани додани нишондод, хулоса ё  тарчума кардан

 

1) Саркаши кардани шохид ё чабрдида аз хозир шудан ба даъвати макомоти тахкик, тафтиши пешаки ё ба суд ё нахостани додани нишондод (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274),-

бо корхои хатми ба мухлати аз яксаду бист то яксаду хаштод соат ё бо чарима ба андозаи то панчсад нишондиханда барои хисобхо  чазо дода мешавад.

2) Саркаши кардани коршинос (эксперт), мутахассис тарчумон ё шахси холис аз хозир шудан ба даъвати худи хамон макомот ё саркаши кардан аз ичрои вазифахои худ,- (КЧТ аз 31.12.08с №451).

бо корхои хатми ба мухлати аз яксаду бист то яксаду хаштод соат ё бо чарима ба андозаи то панчсад нишондиханда барои хисобхо чазо дода мешавад.

 

Эзох: Шахс барои саркаши намудан аз додани нишондод ба мукобили худ ва хешовандони наздикаш ба чавобгарии чинояти кашида намешавад (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274).

 

Моддаи 353. Ришвадихи ё мачбур кардан барои додани  баёноти  бардуруг, хулосаи  бардуруг ё тарчумаи нодуруст

 

1) Ришвадихи ба шохид, чабрдида бо максади аз чониби онхо додани баёноти бардуруг ё ба коршинос бо максади пешкаш намудани хулосаи бардуруг ё додани нишондоди бардуруг, хамчунин ба тарчумон бо максади нодуруст тарчума карданаш,-

бо корхои хатми ба мухлати аз яксаду бист то яксаду хаштод  соат ё бо чарима ба андозаи  то панчсад нишондиханда барои хисобхо  чазо дода мешавад.

2) Мачбур сохтани шохид, чабрдида барои додани нишондоди бардуруг, коршинос барои пешниходи хулосаи бардуруг ё тарчумон чихати нодуруст тарчума кардан, хамчунин мачбур сохтани шахсони мазкур барои саркаши намудан аз додани нишондод вобаста бо:

а) иръоб (шантаж);

б) тахдиди куштан;

в) тахдиди расонидани зарар ба саломати;

г) тахдиди нобуд сохтани молу мулки ин шахсон ё наздикони онхо содир шуда бошад, –

бо махдуд кардани озоди ба мухлати аз як то се сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои дар кисми дуюми хамин модда пешбинигардида, бо истифодаи зуроварии барои хаёт ва саломатии шахсони мазкур хавфнок набуда содир шуда бошад, –

бо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

4) Кирдорхои дар кисмхои якум ё дуюми хамин модда пешбинигардидае, ки:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) бо истифодаи зуроварии барои хаёт ва саломатии шахсони зикргардида хавфнок содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 354. Аз чониби тахкикбаранда, муфаттиш ё суд мачбур сохтан ба додани нишондод

(КЧТ аз 15.03.16 с., №1274)

 

1) Бо рохи тахдид, иръоб ё кирдорхои дигари гайриконуни гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, чабрдида ё шохидро мачбур намудан ба додани нишондод, инчунин коршиносро барои пешниходи хулоса мачбур каран аз чониби тахкикбаранда, муфаттиш ё суд (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274), –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 355. Беэхтироми нисбати суд

 

1) Беэхтироми нисбати суд, ки дар тахкири иштирокчиёни мурофиаи суди ифода ёфтааст, –

бо корхои хатми ба мухлати аз яксаду хаштод то дусаду чил соат ё бо чарима ба андозаи  то панчсад нишондиханда барои хисобхо чазо дода мешавад.

2) Тахкири судя,  машваратчи ё шахси дигаре, ки дар татбики адолати суди иштирок менамояд,-

бо корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

 

Моддаи 356. Тахдид ё зуровари вобаста ба амалбарории адолати суди, тахкик ё тафтиши пешаки

(КЧТ аз 15.03.16 с., №1274)

 

1) Тахдиди куштан, расонидани зарар ба саломати, вайрон ё несту нобуд кардани молу мулк нисбати судя, машваратчии халки, прокурор, муфаттиш, тахкикбаранда, адвокат эксперт, тарчумон, пристави суд ё котиби суд, ичрочии суд, хамчунин наздикони онхо вобаста ба гузаронидани тахкик, тафтиши пешаки, баррасии парванда ё мавод дар суд, ё ичрои хукм, халномаи суд ё санади дигари суди (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274), –

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

2) Бо сабаби гузаронидани тахкики ибтидои, тафтиши пешаки, баррасии парванда ё мавод дар суд ё ичрои хукм, халномаи суд ё санади дигари суди нисбати шахсони дар кисми якуми хамин модда зикргардида, истифода намудани зуровари, ки барои хаёт ва саломатиашон хавфнок нест,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои дар кисмхои якум ё дуюми хамин модда пешбинишуда бо истифода намудани зуровари, ки барои хаёт ва саломати хавфнок аст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 357 бо кчт аз 17.05.04 с., №35 хорич карда шудааст

 

Моддаи 358. Гайриконуни дастгир ё хабс намудан

 

1) Дидаю дониста гайриконуни дастгир намудан, –

бо махдуд кардани озоди ба мухлати то се сол, ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то ду сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

2) Дидаю дониста гайриконуни хабс кардан ё дар хабс нигох доштан,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то пач сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои дар кисмхои якум ё дуюми хамин модда пешбинигардидае, ки боиси окибатхои вазнин гардидаанд, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хафт сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч  сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 359. Сохтакории далелхо

 

1) Сохтакории далелхои парвандаи граждани аз чониби шахси дар парванда иштирокдошта ё намояндаи у, –

бо корхои хатми ба мухлати аз яксаду шаст то дусаду чил соат ё чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё бо  корхои ислохи ба мухлати аз як то ду сол чазо дода мешавад.

2) Сохтакории далелхои парвандаи чинояти аз чониби тахкикбаранда, муфаттиш, прокурор ё химоятгар (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274), –

бо чарима ба андозаи аз як хазор то ду хазор нишондиханда барои хисобхо ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

3) Сохтакории далелхои парвандаи чинояти аз чониби шахсони дар кисми дуюми хамин модда зикргардида, агар:

а) дар хусуси чинояти вазнин ё махсусан вазнин бошад;

б) аз беэхтиёти боиси окибатхои вазнин гардида бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 360. Гайриконуни озод кардан  аз чавобгарии чинояти

 

Шахси дар содир намудани чиноят гумонбар ё айбдоршавандаро гайриконуни аз чавобгарии чинояти озод кардани прокурор, муфаттиш ё тахкикбаранда (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274), –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 361. Фош кардани маълумоти тахкик ибтидои ё тафтиши пешаки

(КЧТ аз 15.03.16 с., №1274)

 

Бе ичозати тахкикбаранда, муфаттиш ё прокурор тахсилоти тахкики ибтидои ё тафтиши пешакиро фош кардани шахсе, ки мувофики тартиби мукаррарнамудаи конун аз фош накардани онхо огохонида шуда буд (КЧТ аз 15.03.16 с., №1274), –

бо чарима ба андозаи то панчсад нишондиханда барои хисобхо ё корхои ислохи ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 362. Харакати гайриконуни нисбати молу мулке, ки руйхат шудааст, ё ба вай хабс гузошта шудааст, ё ин ки мусодира карда мешавад

 

1) Молу мулки руйхат шуда ё ба он хабс гузошташударо исроф намудан, бегона ё пинхон кардани шахсе, ки молу мулки мазкур ба вай бовар карда супурда шуда буд, хамчунин аз тарафи хизматчиёни ташкилотхои кредити ба амал баровардани амалиётхои бонки ба воситахои пули (пасандозхо), ки ба онхо хабс гузошта шуда буд, –

бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо , ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Пинхон ё азони худ кардани молу мулке, ки бо хукми суд мусодира карда мешавад, хамчунин бо тарзи дигар саркаши кардан аз ичрои хукми ба кувваи конуни даромадаи суд оиди таъмини мусодираи молу мулк, –

бо чарима ба андозаи аз як хазор то ду хазор нишондиханда барои хисобхо  ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 363. Ичро накардани хукми суд, халномаи  суд ё санади дигари суди

 

Хукм, халнома ё санади дигари эътибори конуни пайдонамудаи судро касдан ичро накардани намояндаи хокимият, хизматчии давлатии хизматчии макоми худидораи махалли, инчунин хизматчии муассисаи давлати, ташкилоти тичорати ё дигар ташкилот, инчунин ба ичрои онхо монеъ шудан,-

бо чарима ба андозаи аз дусад то панчсад нишондиханда барои хисобхо  ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 364. Саркаши аз адои чазои махрум  сохтан аз озоди

 

Аз адои чазои махрум сохтан аз озоди саркаши кардани шахси ба махрум сохтан аз озоди махкумшудае, ки ба у барои аз чойхои махрум сохтан аз озоди ба муддати кутох сафар  кардан ичозат дода шудааст  ё ичрои хукм дар мавриди татбики чазо мавкуф гузошта шудааст баъд аз ба охир расидани мухлати ичозати рафтан ё мухлати мавкуф гузошта шуда, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 365. Гурехтан аз чойхои махрум сохтан аз озоди ё аз хабси пешаки

 

1) Аз чойхои махрум сохтан аз озоди ё аз хабси пешаки гурехтани  шахсе, ки чазоро адо мекунад ё дар хабси пешаки мебошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) бо маслихати пешаки аз чониби гурухи шахсон;

б) бо зуроварии барои хаёт ё саломатии шахсони дигар хавфнок ё бо тахдиди истифодаи чунин зуровари;

в) бо истифодаи силох ё предметхои ба сифати силох истифодашаванда содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад. (кчт аз 17.05.04 с., №35)

 

Эзох: Шахсе, ки дар мухлати се руз ихтиёри,  ба чойхои махрум аз озоди ё ба хабси пешаки бармегардад, аз чавобгарии чинояти барои гурехтан озод када мешавад, агар дар харакатхои ин шахс таркиби чиноятхои дигар набошад.

 

ФАСЛИ XIV. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ХИЗМАТИ ХАРБИ 

БОБИ 33. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ ХИЗМАТИ  ХАРБИ

 

Моддаи 366. Мафхуми чиноятхо ба мукобили хизмати харби

 

1) Чиноятхои мукобили хизмати харби – он чиноятхои пешбининамудаи хамин боб эътироф карда мешаванд, ки ба мукобили тартиботи мукарраргардидаи адои хизмати харби аз чониби хизматчиёни харби, ки дар асоси даъват ё  ба тартиби ихтиёри дар Куввахои мусаллахи Чумхурии Точикистон ва дигар сохторхои харбии Чумхурии Точикистон адои хизмат мекунанд, содир шудаанд, хамчунин аз чониби шахрвандони дар эхтиётбуда, хангоми гузаштани чамъомадхои харби ё шахсони, ки мутобики конунхои чори макоми хизматии харби доранд, содир шудаанд.

2) Шахсоне, ки дар хамин модда зикр нашудаанд, барои шарики дар чиноятхои мукобили хизмати харби аз  руи моддахои дахлдори хамин Кодес ба сифати ташкилкунанда, тахриккунанда ва ёрдамчи ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 367 бо кчт аз 17.05.04 с., №35 хорич карда шудааст

 

Моддаи 368. Ичро накардани фармон

1) Аз чониби зердаст ичро накардани фармони мутобики тартиби мукарраршуда додаи сардор, ки ба манфиати хизмат зарари чидди расонидааст ба истиснои холатхои ичро накардани фармони баръало чинояти,-

бо махдуд кардан дар хизмати харби ба мухлати то ду сол  ё бо нигох доштан дар кисмхои харбии интизоми ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки дар вазъияти чанги ё дар замони чанг содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 369. Мукобилият ба  сардор ё мачбур кардани у ба вайрон кардани вазифахои хизмати

 

1) Мукобилият нишон додан ба сардор ё ба шахси дигаре, ки  ичрои вазифахои сардор ба ухдааш гузошта шудааст, хамчунин барои вайрон кардани ин вазифахо мачбур сохтани у, ки бо зуровари ё тахдиди истифодаи он алокаманд аст,-

бо махдуд кардан дар хизмати харби ба мухлати то ду сол ё  нигох доштан дар кисми харбии интизоми ба мухлати то ду сол ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) аз чониби гурухи шахсон, гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё гурухи муташаккил;

б) бо истифодаи силох техникаи чанги ё моддахои тарканда;

в) бо расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломати содир

шудааст ва ё боиси дигар окибатхои вазнин гашта бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

3) Хамин кирдор, ки дар вазъияти чанги ё дар замони чанг содир шуда бошад,

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то понздах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 370. Истифодаи зуровари дар хакки сардор

 

1) Лату куб ё истифодаи шакли дигари зуровари ба сардор вобаста ба ичрои вазифахои хизмати харбии у  ё хангоми ичрои ин вазифахо, –

бо махдуд кардан дар хизмати харби ба мухлати то ду сол ё  нигох доштан дар кисмхои харбии интизоми ба мухлати то ду сол ва ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

2) Хамин харакат, агар:

а) аз чониби гурухи шахсон, гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё гурухи муташаккил;

б) бо истифодаи силох;

в) бо расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломати содир шудааст ва ё боиси дигар окибатхои вазнин гардидааст, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

3) Харакатхои пешбининамудаи кисмхои якум ё дуюми хамин модда, ки дар вазъияти чанги ё дар замони чанг содир шудаанд,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то понздах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 371. Тахдид ба сардор

 

1) Тахдиди куштан, расонидани зарар ба саломати ё тахдиди лату куби  сардор дар холати мавчудияти асосхои кофи, барои амали шудани ин тахдид бинобар вазифахои хизмати харбиро ичро кардани вай, –

нигох доштан дар кисмхои харбии интизоми ба мухлати то ду сол ё бо махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар дар вазъияти чанги ё дар замони чанг содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 372. Тахкири хизматчии харби

 

1) Аз чониби хизматчии харби тахкир намудани хизматчии харбии дигар хангоми ичрои вазифа ва ё вобаста ба ичрои вазифахои хизмати харби, –

бо махдуд кардан дар хизмати харби ба мухлати то шаш мох ё нигох доштан дар кисмхои харбии интизоми ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

2) Сардорро тахкир кардани зердаст, хамчунин тахкири зердаст аз чониби сардор хангоми ичрои вазифа ё вобаста ба ичрои вазифаи хизмати харби, –

бо махдуд кардани хизмати харби ба мухлати то як сол ё нигох доштан дар кисмхои харбии интизоми ба хамин мухлат чазо дода мешавад. 

 

Моддаи 373. Вайрон кардани коидахои оинномавии муносибатхои байнихамдигарии хизматчиёни  харби  дар  холати   набудани тобеияти хизмати дар байни онхо

 

1) Вайрон кардани коидахои оинномавии муносибатхои байнихамдигарии хизматчиёни харби, дар холати набудани тобеияти хизмати дар байни онхо, ки дар тахкири мунтазам, паст задани шаъну эътибор, шиканча, расонидани зарари сабук  ба саломати, ки боиси бад шудани саломати гардидааст ё дар гайриконуни махрум кардан аз озоди зохир мегардад, –

бо нигох доштан дар кисми харбии интизоми ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар:

а) такроран;

б) нисбати ду ва зиёда шахсон;

в) аз чониби гурухи шахсон, гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё гурухи муташаккил;

г) бо истифодаи силох;

д) бо расонидани зарари вазнин ё миёна ба саломати содир шудааст ва ё боиси дигар окибатхои вазнин гардидааст,

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 374. Худсарона тарк кардании кисми харби ё махалли хизмат

 

1) Худсарона тарк кардани кисми харби ё махалли хизмат, хамчунин бидуни сабабхои узрнок сари вакт барнагаштан ба хизмат пас аз рухсати аз кисми харби, рухсати мехнати, хангоми таъин кардан ё гузаронидан бо дигар чой ба хизмат, ё ба дигар хизмат гузаронидан, ё аз сафари хизмати бар нагаштан, ё аз муассисахои табобати, ки зиёда аз се  шабонаруз, вале на зиёда аз дах шабонарузро дар бар мегирад аз чониби хизматчиёни харбие, ки тибки даъват хизмат мекунанд, инчунин саркаши кардан аз хизмат ба хамин мухлат бо рохи пешкаш намудани хуччатхои калбаки ё шаклхои дигари фиреб, –

бо нигох доштан дар кисмхои харбии интизоми ба мухлати то як сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, агар аз чониби хизматчии харби, ки дар кисми харбии интизоми мухлати чазоро адо мекунад, содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

3) Худсарона тарк кардани кисми харби ё чои хизмат аз чониби хизматчии хизмати хатмии харби, шахси хайати афсари, прапорщик, ё хизматчие, ки бо тартиби ихтиёри  адои хизмат мекунад, инчунин барнагаштан ба хизмати харби дар вакти муайяншуда бе сабабхои узрнок, зиёда аз дах шабонаруз, вале на бештар аз як  мох инчунин саркаши кардан аз хизмати харби ба хамин мухлат бо рохи пешкаш намудани хуччатхои калбаки ё шаклхои дигари фиреб,-

бо махдуд кардан дар хизмати харби ба мухлати то ду сол ё бо махрум сохтан аз озоди  ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

4) Худсарона тарк кардани кисмхои харби ё махали хизмат, ё бе сабабхои узрнок сари вакт барнагаштан ба махали хизмат зиёда аз дах шабонаруз, инчунин саркаши кардан аз хизматбо мухлати зикргардида бо рохи пешниход намудани хучатхои калбаки, ё шаклхои дигари фиреб, аз чониби хизматчии харбие, ки дар кисми харбии интизоми мухлати чазоро адо менамояд, содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то чор сол чазо дода мешавад. 

 5) Худсарона тарк карданикисмхои харби ё махали хизмат, инчунин бе сабабхои узрнок сари вакт барнагаштан ба махали хизмат зиёда аз як мох аз чониби дар кисмхои якум ё сеюми  хамин модда зикргардида, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч  сол чазо дода мешавад. 

6) Кирдорхои дар хамин модда пешбинишуда, ки дар вазъияти чанг ё замони  чанг ,сарфи назар аз давомнокии он содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Хизматчии  харбии кирдори дар дар кисмхои якум, дуюм, сеюм,  чорум ва панчуми  модди мазкур пешбинишударо бори аввал содир карда, агар худсарона тарк кардани кисми харби бо сабаби пеш омадани шароитхои вазнин содир шуда бошад, метавонад аз чавобгарии чинояти озод карда шавад.

 

Моддаи 375. Фирор

 

1) Фирор, яъне худсарона аз кисми харби ё аз чои хизмат баромада рафтани хизматчии харбии дар асоси даъват адои хизмат кардаистода бо максади саркаши аз адои хизмати харби, инчунин бо хамин максад барнагаштан дар вакти муайяншуда,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор агар аз чониби шахси хайати афсари, прапорщик, ё хизматчии харбие, ки бо тартиби ихтиёри адои  хизмат мекунад содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то хафт сол чазо дода мешавад.

3) Фирор бо силох, ки дар чои хизмат бовар карда супурда шудааст, инчунин фирор аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки ё гурухи муташаккил содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

4) Фироре, ки дар вазъияти чанги ё замони чанг содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати  аз хашт то дувоздах сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Хизматчии харбие, ки мутобики кирдорхои пешбининамудаи кисми якуми хамин модда бори аввал фирор кардааст, агар ихтиёран дар мухлати се руз омада ба гунохаш икрор шавад ва ё фирор аз сабаби ба миён омадани шароитхои вазнин содир шуда бошад, метавонад аз чавобгарии чинояти озод карда шавад.

 

Моддаи 376. Саркаши аз ичрои вазифахои хизмати харби бо рохи узвмаибкуни ё усули дигар

 

1) Саркашии хизматчии харби аз ичрои вазифахои хизмати харби бо рохи расонидани зарар ба худ (узвмаибкуни), ё саркаши бо рохи бемории сохта ва ё фиреби дигар,-             

бо махдуд кардан дар хизмати харби ба мухлати то ду сол, ё равон кардан ба кисмхои харбии интизоми  ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба хамин мухлат чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки бо максади тамоман озод шудан аз ичрои вазифахои хизмати харби содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

3) Хамин кирдор, ки дар вазъияти чанг ё дар замони чанги содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 377. Вайронкунии коидахои бачооварии  навбатдории чанги

 

1) Вайронкунии коидахои бачооварии навбатдории чанги (хизмати чанги) оид ба сари вакт ошкор намудан ва зада гардонидани хучуми нигахони ба Чумхурии Точикистон ё оид ба таъмини амнияти он, агар ин кирдор ба манфиатхои амнияти давлат зарар расонидааст ё метавонист зарар расонад, –

бо махдуд кардан дар хизмати харби ба мухлати то ду сол ё нигох доштан дар кисмхои харбии интизоми ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки боиси окибатхои вазнин гардидааст ё дар вазъияти чанги ё замони чанг содир шуда бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то понздах  сол чазо дода мешавад.

3) Вайрон кардани коидахои ба чо овардани навбатдории чанги (хизмати чанги) дар натичаи муносибати бепарвоёна ё беинсофона ба хизмат, ки боиси окибатхои вазнин гардидааст,-

бо махдуд кардани дар хизмати харби ба мухлати то ду сол, ё нигох доштан дар кисмхои харбии интизоми ба мухлати то ду сол, ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 378. Вайронкунии коидахои ба чо  овардани хизмати сархади

 

1) Вайронкунии коидахои  ба чо овардани хизмати сархади, аз чониби шахси дар хизмати наряди сархади буда ё ичрокунандаи дигар вазифахои хизмати сархади, агар ин кирдор ба манфиатхои амнияти давлат зарар расонидааст ё метавонист зарар оварад,-

бо махдуд кардан дар хизмати харби ба мухлати то ду сол ё нигох доштан дар кисмхои харбии интизоми ба мухлати то ду сол ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки боиси руй додани окибатхои вазнин гардидааст ё дар вазъияти чанги ё замони чанг содир шуда бошад,-

бо  махрум сохтан аз  озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

3) Вайронкунии коидахои ба чо овардани хизмати сархади дар натичаи муносибати бепарвоёна ё беинсофона ба онхо, ки сабаби окибатхои вазнин шудааст,-

бо махдуд кардан дар хизмати харби ба мухлати то ду сол ё нигох доштан дар кисмхои харбии интизоми ба мухлати то ду сол ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 379. Вайронкунии коидахои оинномавии хизмати каровули

 

1) Вайронкунии коидахои оинномавии хизмати каровули (посбони) аз чониби шахси ба хайати каровули (посбони) дохилшуда, агар ин кирдор боиси ба объектхои аз чониби каровул (посбон) мухофизатшаванда расонидани зарар гардидааст,-

бо махдуд кардан дар хизмати харби ба мухлати то ду сол,  ё бо нигох доштан дар кисмхои харбии интизоми ба мухлати то ду сол, ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки боиси руй додани окибатхои вазнин гардидааст ё дар вазъияти чанги ё замони чанг содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

3) Вайронкунии хизмати оинномавии каровули (посбони), дар натичаи муносибати бепарвоёна ё беинсофона ба онхо, ки боиси окибатхои вазнин гардида бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 380. Вайронкунии коидахои оинномавии ба чо овардани хизмати дохили ва гардиши посбонон дар гарнизон

 

Вайронкунии коидахои оинномавии хизмати дохили  аз чониби   шахси ба хайати наряди шабонаруза дохилбуда, хамчунин вайронкунии коидахои оинномавии гардиши посбон дар гарнизон аз чониби шахси ба хайати наради посбонон дохил буда, агар ин кирдор боиси окибатхои вазнин гардида бошад,-

бо махдуд кардан дар хизмати харби ба мухлати то ду сол, ё бо нигох доштан дар кисмхои харбии интизоми ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 381. Вайронкунии коидахои ба чо овардани хизмат оид ба хифзи тартиботи чамъияти ва таъмини  амнияти  чамъияти

 

1) Вайронкунии коидахои ба чо овардани хизмат оид ба хифзи тартиботи чамъияти ё таъмини амнияти чамъияти, агар ин кирдор ба хукук ва манфиатхои конунии шахрвандон зарар расонида бошад,-

бо махдуд  кардан дар хизмати харби ба мухлати то ду сол,  ё нигох доштан дар кисмхои харбии интизоми ба мухлати то ду сол ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки боиси окибатхои вазнин гардидааст,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 382. Ихтиёран додани силохи оташфишон, лавозимоти чанги, моддахои тарканда, воситахои таркиш ва техникаи чанги аз чониби хизматчии харби

 

Ихтиёран ба шахси дигар додани силохи оташфишон,  лавозимоти чанги, моддахои тарканда, воситахои таркиш ё техникаи чанги аз  чониби хизматчии харби, ки ба у ин чизхо барои истифодаи хизмати бовар карда супурда шудааст ва агар он боиси окибатхои вазнин гардида бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то хафт сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 383. Воситахои бурдани чангро ба душман таслим намудан ё он воситахоро партофта рафтан

 

Куввахои харби ба у бовар карда супоридашударо ба душман таслим намудани сардор, инчунин бе зарурияти вазъияти чанг истехком, техникаи чанги ё дигар воситахои бурдани чангро ба ихтиёри душман партофта рафтани сардор, ки вай ин харакатхоро бе максади ба душман ёри расондан содир карда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати  аз дах то понздах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 384. Худсарона баромада рафтан аз майдони чанг ё саркаши кардан аз кор фармудани силох

 

Дар вакти чанг худсарона баромада рафтан аз майдони чанг ё ки дар вакти чанг саркаши кардан аз кор  фармудани силох,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 385. Бо ихтиёри худ таслим шудан  ба асири

 

Аз сабаби тарсончаки ё бечуръати бо ихтиёри худ таслим шудан ба асири,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 386. Несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки харби

 

1) Несту нобуд ё вайрон кардани силох, лавозимоти чанги ё предметхои техникаи харби дар натичаи беэхтиёти, ки боиси окибатхои вазнин гардида бошад,-

бо чарима ба андозаи то панчсад нишондиханда барои хисобхо хадди акал ё бо махдуд  кардан дар хизмати харби ба мухлати то ду сол, ё нигох доштан дар кисмхои харбии интизоми ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Касдан несту нобуд ё вайрон кардани силох, лавозимоти чанги ё предметхои техникаи харби,-

бо чарима ба андозаи аз як хазору панчсад то ду хазор нишондиханда барои хисобхо хадди акал ё бо махдуд кардан дар хизмати харби ба мухлати то ду сол, ё нигох доштан дар кисми интизомии харби ба мухлати то ду сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

3) Кирдорхои дар кисми дуюми хамин модда пешбинишуда, ки боиси окибатхои вазнин гардида бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

4) Кирдорхои дар кисми дуюми хамин модда, ки дар вазъияти чанги ё замони чанг содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то понздах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 387. Вайронкунии коидахои муносибат  бо силох ва бо предметхое, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад

 

1) Вайронкунии коидахои муносибат бо силох, лавозимоти чанги, маводи радиоактиви, моддахои тарканда ё дигар маводу асбобу анчоме, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад, агар он аз беэхтиёти боиси расидани зарари вазнин ё миёна ба саломатии чабрдида, нобуд шудани техникаи харби ё ба дигар окибатхои вазнин оварда расонида бошад,-

бо нигох доштан дар кисмхои харбии интизоми ба мухлати то ду сол, ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то се сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки  аз беэхтиёти боиси марги чабрдида гардидааст, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

3) Кирдори дар кисми якуми хамин модда пешбинишуда, ки аз беэхтиёти боиси марги ду ё зиёда чабрдидагон гашта бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 388. Барбод додан ё гум кардани молу мулки харби

 

1) Барбод додан, яъне аз чониби хизматчии харби фурухтан, ба истифода додан, ба шахси дигар ё ба гарав мондани сарулибос ё асбобу анчомхои харбие, ки бо у барои истифодабарии шахси дода шудаанд, инчунин дар натичаи вайрон кардани коидахои сариштакуни гум ё вайрон кардани чизхои мазкур,-

бо чарима ба андозаи дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо  ё бо нигох доштан дар кисмхоии харбии интизоми ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

2) Вайронкунии коидахои сариштакунии силох, лавозимоти чанги ё предметхои техникаи чанги, ки барои истифодаи хизмати боваркарда супорида шудааст, агар ин сабаби гум шудани онхо гардида бошад,-

бо чарима ба андозаи  аз дусаду панчох то сесаду шасту панч нишондиханда барои хисобхо ё бо махдуд кардан дар хизмати харби ба мухлати то ду сол, ё нигох доштан дар кисмхои интизоми ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10. №617)

3) Кирдорхои дар хамин модда пешбини шуда, ки дар вазъияти чанги ё замони чанг содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 389.  Вайронкунии коидахои ронандаги  ё истифодабарии мошинхо

 

1) Вайронкунии коидахои ронандаги ё истифодабарии мошинхои чанги, махсус ё дигар наклиёте, ки аз беэхтиёти боиси ба саломатии чабрдида расонидани зарари вазнин ё миёна гашта бошад,-

бо  нигох доштан дар кисмхои харбии интизоми ба мухлати то ду сол, ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол, бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки аз беэхтиёти боиси марги инсон гашта бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад.

3) Кирдори дар банди якуми хамин модда пешбинишуда, ки аз беэхтиёти боиси марги ду ва зиёда чабрдидагон гашта бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз чор то дах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати панч сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 390. Вайронкунии коидахои парвоз  ё тайёри ба он

 

Вайронкунии коидахои парвоз ё ин ки тайёри ба он, инчунин вайронкунии коидахои истифодабарии аппаратхои парвозкунанда, ки аз беэхтиёти боиси марги инсон ё дигар окибахои вазнин гардида бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 391. Суиистеъмоли хокимият ё макоми хизмати, аз хадди ваколатхои мансаби ва хизмати баромадан ё  бефаъолиятии хокимият

 

1) Суиистеъмоли хокимият ё макоми хизмати, аз хадди ваколатхои мансаби ё хизмати баромадан, инчунин бефаъолиии хокимият аз чониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Куввахои Мусаллах, хукук ё манфиатхои конунан хифзшаванда хизматчиёни харби ё дигар шахрвандон зарари чидди расонида бошад,-

бо чарима ба андозаи аз дусаду панчох то нухсаду дувоздах нишондиханда барои хисобхо ё махдуд кардан дар хизмати харби ба мухлати то ду сол, ё бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати то панч сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то се сол ё бидуни он чазо дода мешавад. (КЧТ аз 21.07.10 с., №617)

2) Хамин кирдорхо, агар боиси расонидани зарари миёна ё вазнини ба саломати инсон гардида бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то хашт сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панч сол чазо дода мешавад.

3) Хамин кирдорхо, агар:

а) аз беэхтиёти сабаби марги инсон;

б) боиси дигар окибатхои вазнин гашта бошад, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хашт то дувоздах сол чазо дода мешавад.

4) Кирдорхои дар хамин модда пешбинишуда, ки дар вазъияти чанги ё замони чанг содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то понздах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 392. Муносибати хунукназарона  ба хизмат

 

1) Ичро накардан ё  ичрои  номатлуби  вазифахои  хизматии худ аз чониби сардор ё дигар шахси мансабдор дар натичаи муносибатхои беэхтиётона ё беинсофона ба онхо, ки боиси  расондани зарар ба микдори калон ё дигар окибатхои вазнин гардида бошад,-

бо махдуд кардан дар хизмати харби ба мухлати то панч  сол ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати то ду сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор,  агар дар  вазъияти чанги ё дар замони чанг содир шуда бошад,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 393. Тасарруфи силохи оташфишон, лавозимоти чанги ва техникаи чанги

 

1) Тасарруфи силохи оташфишон, лавозимоти чанги, техникаи чанги, моддахои тарканда ё дигар молу мулки чанги, ки дар анборхои харби ё дигар анборхо, дар истифодаи хизмати ё дар дасти дигар хизматчиён махфузанд,-

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз се то хафт сол чазо дода мешавад.

2 ) Тасарруфе, ки:

а) такроран;

б) аз чониби гурухи шахсон бо маслихати пешаки;

в) бо истифодаи зуровари, ки ба хаёт ва саломати хавфнок нест ё тахдиди чунин зуровари содир гардидааст;

г) ба микдори калон ё боиси окибатхои вазнин гардидааст, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хафт то дувоздах сол  чазо дода мешавад.

3) ) Тасарруфе, ки:

а) аз чониби гурухи муташаккил;

б) ба микдори  махсусан калон;

в) бо истифодаи зуроварии ба хаёт ва саломати хавфнок ё бо тахдиди истифодаи чунин зуровари содир гардидааст, –

бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то бист сол бо мусодираи молу мулк  чазо дода мешавад.

 

Моддаи 394 бо кчт аз 2.12.02 с., № 64 хорич карда шудааст

 

  ФАСЛИ XV. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ СУЛХУ АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ 

БОБИ 34. ЧИНОЯТХО БА МУКОБИЛИ СУЛХУ АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ

 

Моддаи 395. Чанги тачовузкорона

 

1) Ба накша гирифтан ё тайёр кардани чанги тачовузкорона,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то понздах сол ба мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

2) Огоз ё пешбурди чанги тачовузкорона,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бист сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

 

Моддаи 396. Даъвати оммави барои сар кардани чанги тачовузкорона

 

1) Даъвати оммави барои сар кардани чанги тачовузкорона,

– бо чарима ба андозаи аз панчсад то як хазор нишондиханда барои хисобхо ё махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдор, ки бо истифода аз  воситахои ахбори омма ё дар шабакаи интернет ё аз чониби шахсони ишголкунандаи мансабхои давлатии Чумхурии Точикистон содир шудааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол бо махрум кардан аз хукуки ишголи мансабхои муайян ё машгул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати   то панч сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Руйхати шахсоне,  ки мансабхои давлатии Чумхурии Точикистон ишгол  мекунанд, бо конунхои Чумхурии Точикистон муайян мешавад.

 

Моддаи 397. Истехсол ё пахн намудани силохи катли ом

 

Гайриконуни сохтан, истехсол, сохиб шудан, нигох доштан, интикол, ирсол ё ба сохибияти каси дигар додани силохи заррави (ядрои), нейтрони, химияви, биологи (бактериологи), иклими, инчунин намуди дигари силохи катли оми бо шартномаи байналмилали манъшуда, хамчунин ба хар давлати силохи заррави надошта додани маводи ибтидои ё махсуси тачзияшаванда ё технологияе, ки баръало барои бунёди силохи катли ом истифода шуда метавонанд, ё ба хар гуна шахс додани намудхои дигари силохи катли ом ё кисматхои  барои истехсоли он зарурбудае, ки бо шартномахои байналмилали манъ гардидаанд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1330),

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то бист сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 398. Геноцид

 

Кирдорхое, ки ба пурра ё кисман махв сохтани гурухи милли, этники, нажоди ё дини бо рохи пурра ё кисман кир кардани онхо, зуроварона монеъ шудан ба таваллуди кудак равона гардидаанд, ё аз як гурухи одамон ба дигаре додани кудакон, расонидани зарари вазнин ба саломатии онхо ё фарохам овардани чунин шароити зиндагие, ки ба нобудкунии чисмонии аъзои ин гурух нигаронида шудаанд,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бисту панч сол ё чазои катл ё якумра аз озоди махрум сохтан чазо дода мешавад.

 

Моддаи 399. Биоцид

 

Истифодаи силохи заррави, нейтрони, химияви, биологи (бактериологи),  иклими ё силохи дигари катли ом бо максади нобуд кардани мардум ва мухити  зист,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бисту панч сол ё чазои катл ё якумра аз озоди махрум сохтан чазо дода мешавад.

 

Моддаи 400. Экоцид

Махви оммавии олами наботот ё хайвонот,  захролудкунии атмосфера ё захирахои об, инчунин анчоми кирдорхои дигаре, ки фалокати экологиро ба вучуд оварда метавонанд,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз понздах то бист сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 401. Зархариди

 

1) Чалб, таълим, маблаггузори ё таъминоти дигари моддии зархаридон, инчунин истифодаи онхо дар задухурди мусаллахона ё амалиёти чанги,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дувоздах сол чазо дода мешавад.

2) Хамин кирдоре, ки шахс бо истифода аз макоми хизмати ё нисбати ноболиг содир намудааст,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хафт то понздах сол бо мусодираи молу мулк чазо дода мешавад.

3) Иштироки зархарид дар задухурди мусаллахона ё амалиёти чанги,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то бист сол чазо дода мешавад.

 

Эзох: Шахсе зархарид эътироф карда мешавад, ки махсус чалб гардида, бо максади гирифтани подоши модди амал мекунад, шахрванди давлате намебошад, ки дар задухурдхои муссалохона ё амалиёти  чанги иштирок мекунад,  дар худуди он сукунати доими надорад, ба хайати шахсии куввахои мусаллахи давлате, ки дар холати чанг карор дорад, шомил намебошад ва барои ичрои вазифахои расми дар хайати куввахои мусаллах аз чониби давлати дигар фиристода нашудааст.

 

Моддаи 4011. Чалб ва иштироки гайриконунии шахрвандони Чумхурии Точикистон ва шахсони бешахрванд дар вохиди мусаллах, задухурди мусаллахона ё амалиёти чанги дар каламрави дигар давлатхо

 

Чалби гайриконунии шахрвандони Чумхурии Точикистон ва шахсони бешахрванди доимо дар Чумхурии Точикистон истикоматкунанда барои иштирок дар вохиди мусаллах, задухурди мусаллахона ё амалиёти чанги дар худуди дигар давлатхо, инчунин иштироки гайриконунии шахрвандони Чумхурии Точикистон ва шахсони бешахрванди доимо дар Чумхурии Точикистон истикоматкунанда дар вохиди мусаллах, задухурди мусаллахона ё амалиёти чанги дар худуди дигар давлатхо,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то бист сол чазо дода мешавад.

(КЧТ аз 26.07.14с., №1088)

Эзох: Шахсе, ки ихтиёри аз иштироки гайриконуни дар вохиди мусаллах, задухурди мусаллахона ё амалиёти чанги дар худуди дигар давлатхо то катъ гардидани фаъолияти вохиди мусаллах, анчом ёфтани задухурди мусаллахона ё амалиёти чанги даст мекашад, агар дар кирдори у аломатхои таркиби чинояти дигар мавчуд набошанд, аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1176)

 

Моддаи 402. Хамла ба шахсон ва муассисахои тахти химояи байналмилали карордошта

   (КЧТ аз 23.07.16 с., №1330)

 

1) Хамлаи касдона ба намояндаи давлати хоричи ё корманди ташкилоти байналмилалии тахти химояи байналмилали карордошта ё аъзои оилаи бо у истикоматкунанда, инчунин ба бинохои хизмати ё истикомати ё воситаи наклиёти шахсоне, ки тахти химояи байналмилали карор доранд, агар ин харакатхо бинобар макоми расмии онхо ё бо максади барангехтани чанг ё мураккаб сохтани муносибатхои байналмилали содир шуда бошанд,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз панч то дах сол чазо дода мешавад.

2) Тахдиди бо хамлаи дар кисми якуми хамин модда пешбинигардида,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз ду то панч сол чазо дода мешавад.

3) Кирдори пешбининамудаи кисми якуми хамин модда, агар:

а) бо хучуми мусаллахона; 

б) аз тарафи гурухи муташаккил содир шуда бошад;

в) боиси марги инсон ё дигар окибатхои вазнин гардида бошад,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дувоздах то бист сол чазо дода мешавад.(КЧТ аз 13.06.13с., №966)

 

Моддаи 403. Баркасдона вайрон  кардани меъёрхои байналмилалии хукуки башар, ки дар чараёни низои мусаллахона содир  шудааст

(КЧТ аз 23.07.16 с., №1330)

 

1) Баркасдона вайрон кардани меъёрхои байналхалкии хукуки башар, ки дар вакти низои мусаллахонаи байналхалки ё дохили содир шудааст, яъне хамла ба ахолии мулки ё шахсони алохидаи мулки, хучуми дорои хусусияти интихобнагардида, ки ба манфиати ахолии мулки, ё иншооти мулки дахолат мекунад, хучум ба дастгоххо ё иншооте, ки дорои неруи хавфнок мебошад, хучум ба шахсе, ки иштироки худро дар амалиёти чанги катъ кардааст, ба манбаи хучум карор додани махалли мухофизатнашаванда ва минтакахои гайринизоми гардонидашуда, аз байн бурдан ё осеб расонидан ба ёдгорихои таърихи, асархои санъат ё махалхои адои расму русуми дини, ки ёдгории фарханги ё манъанавии халкхо мебошад, ахдшиканона истифода бурдани нишонахои фарккунандаи Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар ва дигар нишонахои химояви ва бонгхое (ишоратхое), ки мутобики хукуки байналмилалии башар эътироф шудааст, аз чониби давлати забткунанда аз як чо ба чои дигар интикол додани кисми ахолии мулки ба худуде, ки аз чониби он забт шудааст ё депортацияи он ё интикол додани як кисм ё тамоми ахолии худуди забтшуда дар доираи хамин минтака ё берун аз худуди он,  беасос дароз кардани мухлати репатриацияи асирони харби ё шахсони мулки, истифодаи амалияи апартеит ё дигар кирдорхои гайрибашардустона ё пастзананда, ки шаъни шахсиятро тахкир мекунад ва ба дискриминацияи нажоди асос ёфта ва боиси марг гардидааст ё зарари назаррас ба холати чисмони ё рухии хама гуна шахс зарари чидди расонидааст ё зиёни калон ворид намудааст, (кчт аз 17.05.04 с., №35; КЧТ аз 23.07.16 с., №1330)

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то понздах сол чазо дода мешавад.

2) Баркасдона вайрон кардани меъёрхои хукуки байналмилалии башар, ки дар вакти мухолифати мусаллахонаи байналмилали ё дохили содир шуда, ба мукобили шахсоне равона гардидааст, ки дар амалиёти харби иштирок намекунад ё дорои воситаи химоя намебошанд, инчунин ба мукобили захмиён, беморон, хамчунин ба мукобили хайати шахсии табибон ва рухониён, кисмхои санитари ё воситаи наклиёти санитари, мукобили асирони харби, шахсони мулки, ахолии мулки, ки дар минтакахои забтшуда ё дар минтакахои амалиёти харби карор доранд, ба мукобили гурезахо ва апатритхо, хамчунин ба мукобили дигар шахсоне, ки хангоми амалиёти харби аз химоя истифода мебаранд ва он дар кирдорхои зайл ифода ёфтааст (КЧТ аз 23.07.16 с., №1330):

а) кину азоб додан ё муомилаи гайриинсони, ки тачрибахои биологии ба одамон татбик карда шударо дар бар мегирад;

б) расонидани азобу шиканчаи вазнин ё амале, ки ба холати чисмони ва рухи тахдид мекунад;

в) мачбур намудани асири харби ё шахси  пуштибонро ба хизмат ба куввахои мусаллахи ракиб; (кчт аз 17.05.04 с., №35)

г) махрум кардани асири харби ё шахси  дигари пуштибонро аз хукуки мурофиаи судии бегараз ва муътадил; (кчт аз 17.05.04 с., №35)

д)  депортация ё бадаргаи гайриконуни ё дастгир кардани шахсони тахти  пуштибон кароргиранда; (кчт аз 17.05.04 с., №35)

е) гаравгонгири;

ж) худсарона расонидани харобкорихо ба микьёси калон ё аз худ кардани молу мулке, ки аз нуктаи назари харби зарур нестанд,

– бо махрум сохтан аз озоди аз понздах то бист сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 404. Баркасдона вайрон кардани меъёрхои хукуки байналмилалии башар, ки дар вакти мухолифати мусаллахонаи байналмилали ё дохили бо тахдид ба саломати содир шудаст ё боиси осеби чисмони гардидааст

(КЧТ аз 23.07.16 с., №1330)

 

Нисбати шахсоне, ки дар тахти хокимияти тарафи мукобил карор доранд, шахсони дастгиршуда ё бо ин ё он сабаб аз озоди махрум шуда, истифода бурдани хама гуна навъи амалиёти тибби, ки мутобики вазъи саломати шахсони зикргардида ба он зарурат надоранд ва он ба меъёрхои умумикабулгардидаи тибби, ки хангоми холатхои аз чихати тибби шабех нисбат ба шахрвандони давлате, ки чунин амалро анчом медиханд истифода бурда мешаванд,  мувофик нестанд, аз чумла хатто бо розигии онхо нисбат ба чунин шахсон истифода бурдани амале, ки боиси осеби чисмони гардидааст, гузаронидани тачрибахои тибби ё илми, амалиёт оид ба чудо карда гирифтани бофтахо ё узв барои ба дигар кас шинонидани онхо,

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз хафт то дах сол чазо дода мешавад.

 

Моддаи 405. Дигар конуншиканихои меъёри байналмилалии хукуки башар

(КЧТ аз 23.07.16 с., №1330)

 

Хангоми мавчуд набудани аломатхои чиноятхои пешбининамудаи моддахои 403 ва 404 хамин Кодекс, толонгари, яъне дар вазъияти чанги сохиб шудан ба молу мулки шахсони фавтида ё захмиён, хамчунин молу мулки шахрвандон, ки дар минтакахои амалиёти харби монда шудаанд, истифоди шахсони зикргардида барои аз амалиёти харби химояи куввахои худ ё иншоот, дар амалиёти харби ё мухолифати мусаллахона истифода бурдани восита ва маводе, ки тибки шартномахои байналмилали манъ шуданд, истифодаи силохи катли ом, ки мутобики шартномаи байналмилали манъ шудааст (КЧТ аз 23.07.16 с., №1330),

– бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати аз дах то бист сол чазо дода мешавад.

 

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                       Э.Рахмонов

 

г. Душанбе

21 маи соли 1998, №574

 

 

(Ба хамин Кодекс бо Конуни ЧТ аз 17.05.04 с., № 35 замимаи № 1 илова шуд)

 

Замимаи № 1

 

Номгуй ва микдори воситахои нашъадор, моддахои психотропИ ва прекурсорхои дар муомилоти гайри конунИ буда

 

Чадвали №1

 

Номгуи воситахои нашъадор ва моддахои психотропи Микдори начандон калон, «зиёда аз» – «то (хамчунин)» Микдори начандон калон, «зиёда аз» – «то (хамчунин)» Микдори калон «зиёда аз»- «то (хамчунин)» Микдори махсусан калон «зиёда аз»
1 2 3 4 5 6
1. Бангдона (Каннабис)
Нихоли бангдона 5-10 нихол 10-50 нихол 50-500 нихол 500 нихол
Бангдонаи нохушконда 500-1000 гр 1-5кг. 5кг. – 50 кг. 50 кг.
Бангдонаи хушконда 100-200 гр. 200-1000 гр. 1-10 кг. 10 кг.
Хашиш (гул, гулбарг ва меваи бангдона ба гайр аз тухмии он). 20-100 гр. 100-500 гр. 500гр. – 5кг. 5 кг.
Шираи бангдона (чарс) 10-25гр. 25-125 гр. 125гр.-1кг. 1 кг.
Равгани хашиш 10-25гр. 25-125гр. 125гр. -1кг. 1 кг.
2. Кукнор
Нихоли кукнор 10-25 нихол 25-125 нихол 125-1250 нихол 1250 нихол
Омехтаи поя, баргхо тухмдон (курак) ва дигар кисмхои нихоли кукнори нохушконда 100-500 гр. 500 гр. -2,5кг. 2,5-25 кг. 25кг.
Омехтаи поя, баргхо, тухмдон (курак) ва дигар кисмхои нихоли кукнори хушконда 20-100гр. 100-500гр. 500г.-5кг. 5кг.
Киём, шира, чушондаи кукнор, инчунин бо рохи истехсоли косиби 20-100 мл. 100-500 мл. 500мл.-5л. 5 л.
Афюн 5-100гр. 100-1000гр. 1-10 кг. 10 кг.
3. Кока
Нихоли кока 1-нихол 1-5 нихол 5-50 нихол 50 нихол
Баргхои кокаи нохушконда 500 гр. 500 гр. -2,5кг 2,5-25 кг. 25 кг.
Баргхои кокаи хушконда 100 гр. 100-500 гр. 500 гр. -5 кг. 5 кг.
Хамираи кока 25 гр. 25-125 гр. 125 гр -1 кг. 1 кг.
4. Хосилаи  табии ва сунъии морфинмонанд, ки дар тиб истифода намешаванд
Атсеторфин 0,5-10 гр. 10-100 гр. 100-1000гр. 1000 гр.
Дезоморфин 0,5-10 гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Эторфин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000 гр.
Героин (диатсетилморфин) 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
5. Хосилахои фентанил, ки дар тиб истифода намешаванд
Альфа-метилфентанил 0,0002-0,01 гр. 0,01-01гр. 0,1-1,0 гр. 1,0 гр.
МППП(МРРР) 0,0002-0,01 гр. 0,01-0,1гр. 0,1-1,0гр. 1,0гр.
Тиофентанил 0,0002-0,01 гр. 0,01-0,1гр. 0,1-1,0гр. 1,0гр.
6. Моддахои гурухи амфетаминхо, ки дар тиб истифода намешаванд
Катинон 0,02-1,0гр. 1,0-10гр. 10-100гр. 100гр.
МДМА(МDМА) 0,02-1,0гр. 1,0-10гр. 10-100гр. 100гр.
Тенамфетамин 0,02-1,0гр. 1,0-10гр. 10-100гр. 100гр.
7. Лизергид(ЛСД) 0,02-1мг. 0,001-0,01г. 0,01-0,1гр. 0,1гр.
8. Тетрагидрокан-набинол, дигар изомерхо ва шаклхои стериохимиявиашон. 0,1 -10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
9. Хосилахои табии ва сунъии морфинмонанд, ки дар тиб истифода мешаванд
Атсетилметадол 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Дигидроморфин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Димепгептанол (Метадол) 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Гидрокодон 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Гидроморфон 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Изометадон 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Метадон 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Морфин 0,5-10гр. 10-100 гр. 100-1000гр. 1000гр.
Норметадон 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Норморфин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Тебаин 0,5-10 гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Кодеин 1-10гр. 10-100гр 100-1000гр 1000гр.
Этилморфин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Норкодеин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Фолкодин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Тримеперидин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
10. Фентнаил 0,001-0,1гр. 0,1-1,0гр. 1,0-10гр. 10гр.
11. Маводхои гурухи кокаин
Кокаин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Экгонин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
12. Маводхои гурухи амфетамин, ки дар тиб истифода мешаванд
Амфетамин (фенамин) 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Катин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
Метамфетамин 0,5-10гр. 10-100гр. 100-1000гр. 1000гр.
13. Моддахои гурухи барбитуратхо, ки дар тиб истифодаашон махдуд мебошад
Амобарбитал 2-100гр. 100-1000гр. 1кг. -10кг. 10 кг.
Сиклобарбитал 2-100гр. 100-1000гр. 1 кг. -10 кг. 10кг.
Пентобарбитал 2-100гр. 100-1000гр. 1кг.-10кг. 10кг.
14. Моддахои гурухи барбитуратхо, ки дар тиб васеъ истифода мешаванд.
Аллобарбитал 5-100гр. 100-1000гр. 1кг.-10кг. 10кг.
Бутобарбитал 5-100гр. 100-1000гр. 1кг.-10кг. 10 кг.
Барбитал 5-100гр. 100-1000гр. 1 кг.-10кг. 10 кг.
Фенобарбитал 5-100гр. 100-1000гр. 1кг. -10кг. 10кг.
Секбутабарбитал 5-100гр. 100-1000гр. 1кг.-10кг. 10кг.
Глутетимид 10-100гр. 100-1000гр. 1кг.-10кг. 10кг.
Пентазотсин 2-100гр. 100-1000гр. 1 кг.-10кг. 10 кг.
15. Моддахои гурухи бензодиазепин, ки дар тиб васеъ истифода мешаванд
Алпразолам 0,1-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5кг.
Бромазепам 0,6-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5кг.
Хлордиазепоксид (Элениум) 1-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5кг.
Клобазам 0,5-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5кг.
Клоназепам 0,2-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5кг.
Клоразепат (Транксен) 1,5-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5гр. 2,5 кг.
Клотиазепам 0,5-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5 кг.
Клоксазолам 0,5-25 гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5 кг.
Делоразепам 0,5-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5 кг.
Диазепам(Реланиум) 0,5-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5кг.
Эстазолам 0,2-25 гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5 кг.
Флунитразепам 0,1-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг 2,5кг.
Лоразепам 0,2-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5кг.
Медазепам (Мезапам) 1-25 гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5кг.
Нитразепам (Радедорм) 1-25гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5кг.
Оксазепам(Тазепам) 1-25гр. 25-250гр. 250гр.- 2,5кг. 2,5 кг.
Темазепам 1-25 гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5 кг.
Тетразепам 5-25 гр. 25-250гр. 250гр.-2,5кг. 2,5 кг.
Триазолам 0,05-25гр. 25-250гр. 250 гр. -2,5кг. 2,5 кг.
16. Мепробамат 40-100 гр. 100-1000гр. 1-10 кг. 10 кг.

 

ЭЗОХ:

1.Ба воситахои нашъадор ва моддахои психотропи он восита ва моддахое, ки ба номгуи мазкур дохил нагардиданд, вале ба Руйхатхои Конвенсияи СММ ва Руйхати миллии Чумхурии Точикистон ё баъди нашри Номгуи мазкур ба таври иловаги ба Руйхатхои Конвенсияи СММ ва Руйхати миллии Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррар гардида дохил карда шудаанд, дар вобастаги ба гуруххои пешбининамуда, мансуб мебошанд.

2.Дар номгуи мазкур вучуд надоштани номи воситаи нашъадор, моддаи психотропи ё ин, ки мувофикан синоними онхо, маънои онро надорад, ки ин восита ё моддаи мазкур, ки номаш ба «Руйхати миллии воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхо» баён шудааст, воситаи нашъадор, моддаи психотропи ба шумор намераванд. Дар ин холат, онхо ба яке аз гуруххои дар номгу пешбинишуда дахл доранд ва мувофики он гурух, банду баст карда мешаванд.

3.Хангоми ошкор намудани дока, пахта ё латтаи чабида бо воситахои нашъадор, моддахои психотропи, микдорхои онхо аз руи бокимондаи хушки экстраксияи моддахои мазкур бе кайди иловагихои нейтрали муайян карда мешавад.

 

МАФХУМХО

Воситахои нашъадор – маводи сунъи ё табии, шаклхои дорувории онхо ва растанихое, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Руйхати милли айнан гурухбанд шудаанд.

Моддахои психотропи– маводи сунъи ё табии, шаклхои дорувории онхо инчунин растанихое, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Руйхати милли айнан гурухбанд шудаанд.

Дорувори – омехтаи моддахо дар хама гуна холатхои физики ва шакли дорувори, ки дар таркибашон новобаста аз микдорашон як ё якчанд воситаи нашъадор  ё моддаи психотропи  дорад (Ба истиснои моддахои дар Руйхати  IV пешбинишуда).

Нихоли бангдона – (хама гуна нихолхои гурухи Cannabis)

Бангдона – кисми болоии нихоли бангдона бо гулбарг, гул ва мевахояш, ки аз онхо  ширааш  ногирифта бошад.

Хашиш – омехтаи шираи махсус тайёрнамуда аз гард  ё кисми болоии  бангдона, ки новобаста аз шаклаш  (моеъ ё сахт ) дорои воситаи нашъадори канобиноид мебошад.

Равгани  хашиш – аз хама  гуна  намудхои  растанихои  бангдона бо хар гуна махлулхо ё равганхо бо рохи чудо намудан (чабидан, экстрасия) пайдо намудани воситахои нашъадор.

Шираи бангдона – аз растании бангдона чудо намудани  шираи тоза кардашуда ё тозанокарда.

Омехтаи  хошоки кукнор – аз омехтаи  хошоки  кукнор  чудо намудани маводи омехтаи алколоидхо, инчунин бо рохи  косиби  тайёр намудани  дорувори, харгуна номе, ки надошта  бошанд, аз нигохи хамин Мачмуи номгу ба воситахои нашъадор мансуб дониста мешаванд.

 

Чадвали  № 2

 

Номгуи прекурсорхо «Микдори калон («зиёда аз-то» (хамчунин), кг». «Микдори махсусан калон  (зиёда  аз), кг».
1 2 3 4
1. Кислотаи лизергин 0,0001-0,001 0,001

 

2. Посевдоэфедрин 0,03-0,3 0,3
3. 1-фенил-2-пропанон 0,04-0,4 0,4
4. Эргометрин (эргоновин) 0,01-0,05 0,05
5. Эрготамин 0,01-0,05 0,05
6. Эфедрин 0,03-0,3 0,3
7. N-кислотаи  ацетилантранил 0,3-3,0 3,0
8. Изосафрол 0,5-5,0 5,0
9. 3,4-метилендиоксифенил-2-пропанон 0,1-0,5 0,5
10. Приперональ 0,2-2,0 2,0
11. Сафрол 1,0-10 10,0
12. Гиёхи эфедра (Ephedra eduisetina Bunge)

– нохушконда

– хушконда

 

2,5-12,5

2,0-10,0

 

12,5

10,0

13. Норэфедрин 0,03-0,3 0,3

 

Чадвали №3

 

Номгуи прекурсорхо «Микдори калон «зиёда аз-то» (хамчунин), кг». «Микдори махсусан калон  (зиёда аз), кг».
1 2 3 4
1. Ангидриди кислотаи уксус 2,0-4,0 4,0
2. Кислотаи антранил 2,5-25,0 25,0
3. Атсетон 50,0-200,0 200,0
4. Пиперидин 0,2-2,0 2,0
5. Эфири этили 20,0-200,0 200,0
6. Кислотаи атсетати  фенил (фенилуксус) 1,0-10,0 10,0
7. Метилэтилкетон 50,0-200,0 200,0
8. Перманганати калий 1,0-5,0 5,0
9. Кислотаи сульфат 100,0-500,0 500,0
10. Кислотаи хлорид 100,0-500,0 500,0
11. Толуол 50,0-200,0 200,0

 

ЭЗОХ:

  1. Моддахои номбаршудаи чадвали 2 ва 3 дар зери назорати милли карор доранд (Номгуи 4 Руйхати Миллии  воситахои  нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхо, ки бо Карори Хукумати Чумхурии Точикистон №390 аз 21.09 соли 2000 тасдик шудааст). Инчунин, онхо (гайр аз гиёхи эфедра), дар зери назорати байналмилали  карор доранд (ба Чадвалхои I ва II-и Конвенсияи соли 1988 СММ оид ба мубориза алайхи гардиши гайриконунии маводи нашъадор  ва моддахои  психотропи дохил карда шудаанд). Ин моддахо дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон  «прекурсорхо» ном гирифтаанд. Прекурсорхо – моддахое, ки дар Конвенсияи байналмилалии дахлдор ва Руйхати Милли  хамчун  асос ё ёрирасон барои истехсол, тайёр кардан  ва коркарди  воситахои нашъадор ва моддахои психотропи  гурухбанд шудаанд.
  2. Ба чадвали 1 моддахое, ки аз онхо тайёр кардани воситахои нашъадор  ва моддахои  психотропи имконпазир аст, дохил  карда шудаанд. Ба Чадвали 2 моддахое, ки ба воситаи онхо тайёр кардани воситахои  нашъадор  ва моддахои  психотропи имконпазир аст, дохил карда шудаанд. Дар муайянкунии андозаи прекурсорхо тавсияхо, корхо ва маводи тахсилотии Кумитаи байналмилалии назорати прекурсорхо (Вена, Австрия), Кумитаи мубориза  бо нашъаманди ва нашъачаллобии Вазорати адлияи  Чумхурии Казокистон, актхои конунгузори ва меъёрии Ташкилоти Давлатхои Амрико (ОАГ), Иттиходи  Аврупо  (ЕС), Украина  истифода  шуданд. Инчунин, хангоми хисоби андозахои калон ва махсусан калони прекурсорхо истифода  шуданд:  М.Д. Машковский  «Лекарственные средства», Вып. 2, Т.1. – 14-е изд., перераб. испр. и доп.- М.: ООО Изд-во  «Новая Волна», 2000.-540 с;  Прекурсоры (справочное пособие), сост-ль  Саидмурадов  Ш.Д.,  АКН.,  Изд-во  ГП «Востокредмет», 2001. 0 80 с.;  «Сборник руководств  по клинической  практике  для  службы  ПМСП  Республики Таджикистан», по ред. Профессора А. Ахмедова, Душанбе, 2002  г; Chemicals used in the clandesfine producfion of drugs/ U.S. Department of  Justice Drug Enforcement  Administration. 1997;  Merck Index, 11 th edition, Merck and Co.,Inc., United States America, 1989.
  3. Хангоми мусодира кардани прекурсорхои моеъ, ки бо литр ифода ёфтаанд, гузаронидани онхо ба моддаи сахт барои муайян кардани вазн бо килограмм, формулаи химиявии «зичи»-ро истифода мебаранд. Зичи ин массаи (вазни) модда дар вохиди хачм мебошад. Поёнтар формулаи зичи оварда мешавад:

 

Зичи  (d) = масса (m)

хачм (v)

 

Вохиди зичи, чун коида, бо кг/л ё г/л ифода мешавад. Бо максади  якшакли, дар ин тасниф хамаи зичихо бо кг/л  ифода мешаванд. Формулаи зичиро барои  хисоб кардани массаи модда хангоми муайян  будани хачм, ё ин  ки хачм  хангоми муайян будани  вазн  истифода мебаранд. Дар поён  мисолхои  хисоб кардани  вазн  ва хачм  бо ин формула  оварда  мешаванд:

А) Агар  2500 литр  метилэтилкетон мусодира шуда бошад, вазни он бо меъёри килограмм (кг) чи кадар мешавад?

M=d x v;

  1. Зичии метилэтилкетонро ёбед. Он 0,81 кг/л-ро ташкил дод.
  2. 0,81 кг/л (d) зарби 2500 л. (v) тахминан ба 2025 кг. (m) баробар мешавад.
  3. Хамин тавр, 2500 л. Метилэтилкетон 2025 кг. вазн дорад. Дар поён зичии баъзе прекурсорхо  оварда мешавад (дар асоси  маълумотхо тахсилотхо оиди зичи, ки дар Merck Index, 11 th edition, Merck and Co., Inc., United States America, 1989, оварда  шудаанд):

 

Номгуи  прекурсорхо Зичи, кг/л
1-фенил-2-пропанон 1,02
Изосафрол 1,12
3,4 метилендиоксифенил

-2-пропанон

1,20
Сафрол 1,10
Ангидриди кислотаи уксус 1,08
Атсетон 0,79
Пиперидин 0,86
Эфири этили 0,71
Метилэтилкетон 0,81
Толуол 0,87
Кислотаи консентронидаи  сулфати   98% 1,84
Кислотаи  консентронидаи хлориди 38% 1,19

 

Барои муайян кардани андозахои кислотахои  сулфат ва хлорид, андозахои нишондодашуда ба кислотахои  консентронида  – кислотаи  сулфати  98%  ва кислотаи  хлориди  38%  дахл доранд. Хангоми  мусодира  намудани махлулхои омехтаи ин кислотахо, муайян кардани  консентратсияи  фоизии ин махлулхо ва гардондани микдори кислотаи омехта ба микдори кислотаи консентронида, ки барои тайёр  кардани хамин микдор кислотаи омехта  лозим мебошад, зарур аст.

Мисол:

Хангоми мусодира  кардани 100 литр кислотаи  сулфати  25% (зичии кислота 1,18 кг/л), хисоб  кардани микдори кислота  бо кг зарур аст.

 

Axdxc           А-микдори кислотаи мусодирашуда бо кг;

Х= ———–;       d-зичии кислотаи  мусодирашуда бо кг/л;

98%            с-консентратсия кислотаи мусодирашуда бо %;

Х-микдори кислота бо кг;

 

Axdxc            100 л х 1,18 кг/л  х   25%

Х=———-=—————————————-=30,1 кг кислотаи  сулфати  консентронида.

98%                            98%

 

***

 

 

Конуни

Чумхурии Точикистон 

Дар бораи кабули Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон

 

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

 

  1. Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон кабул карда шавад.

 

  1. Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон, ки бо Конуни Чумхурии Точикистон аз 17 августи соли 1961 “Дар бораи тасдик кардани Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон” тасдик шудааст, инчунин хамаи конунхое, ки дар давраи аз 17 августи соли 1961 то 21 маи соли 1998 ба Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон тагйироту иловахо ворид кардаанд, аз рузи амали гардидани Кодекси нав беэътибор дониста шаванд.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                 Э. Рахмонов

 

ш. Душанбе, 21 маи соли 1998

№ 574

 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1998, № 9, моддаи 69)

 

 

***

 

 

 

 

 

КАРОРИ

МАЧЛИСИ ОЛИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди мавриди амал карор додани

Кодекси Чиноятии ЧумХурии Точикистон

 

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  карор мекунад:

 

  1. Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон баъди расман нашр шуданаш аз 1 сентябри соли 1998 мавриди амал карор дода шавад, ба истиснои холатхое, ки хамин Карор мухлати дигари мавриди амал карор доданро мукаррар кардааст.

 

2.Минбаъд то ба Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон мутобик кардани конунхо ва дигар санадхои меъёрию хукуки дар кисме, ки онхо ба Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон мухолиф нестанд, истифода карда мешаванд.

 

  1. Хукумати Чумхурии Точикистон дар давоми се мох:

а) таклифхояшро доир ба мутобик намудани конунгузории амалкунандаи чори бо Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон барои барраси ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход намояд;

б) карорхои Хукумати Чумхурии Точикистонро ба Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон мутобик гардонад.

 

  1. Бинобар он, ки дар асоси моддаи 13 Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон на танхо конуне, ки чиноят будани кирдорро бартараф мекунад, чазоро сабук месозад, инчунин ба тарики дигар вазъи шахси чиноят содиркардаро бехтар мекунад, кувваи бозгашт дорад, хукми судхо ва дигар санадхое, ки чорахои хусусияти хукукии чиноиро доранду то рузи амали гардидани хамин Кодекс бароварда шудаанд, бо максади мутобик сохтани онхо ба Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон аз нав дида баромада шаванд.

Аз нав дида баромадани хукмхои судхо ва дигар санадхои судии каблан бароварда шуда, аз чониби судяи суде, ки хукмро баровардааст ё суде, ки дар чои адои чазои махкумшуда чойгир аст, ба амал бароварда мешавад.

Хамаи парвандахои чиноятии огозшуда оиди кирдорхое, ки мутобики Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон чиноят эътироф нашудаанд, катъ карда шаванд.

 

  1. Холатхои хамин Кодекс оиди намудхои чазои махдуд кардани озоди ё хабс баъд аз ба мавриди амал карор додани Кодекси ичроияи чиноятии Чумхурии Точикистон мавриди амал карор дода мешаванд, хангоми ба вучуд овардани шароитхои зарури оиди ичрои ин намуди чазохо, вале на дертар аз 1 январи соли 2000.

 

  1. Ашхосе, ки мутобики моддаи 24 Кодекси Чиноии Чумхурии Точикистон реседивисти махсусан хавфнок эътироф шудаанд, чазоро дар намуди махрум кардан аз озоди дар калонияхои ислохии низомашон махсус адо мекунанд.

 

Раиси

Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                                                                 С. Рачабов

 

ш. Душанбе, 21 маи соли 1998

№ 575

 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1998, № 9, моддаи 70)

 

***

 

 

 

КОНУНИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи боздоштани татбики чазои катл

 

Мачлиси намояндагон 2-юми июни соли 2004 кабул кардааст

Мачлиси милли 8-уми июли соли 2004 чонибдори намудааст

 

Моддаи 1.

  1. Татбики чазо дар шакли чазои катл дар Чумхурии Точикистон, барои содир намудани чиноятхое, ки дар моддахои 104 кисми 2, 138 кисми 3, 179 кисми 3, 398 ва 399 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон мукарраршуда ва инчунин ичрои чазои катл ва дигар коидахои вобаста ба он, ки дар моддахои 19, 21, 23, 25, 78, 100, 127, 129, 131, 133, 214-222 Кодекси ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, боздошта шавад.
  2. Дар давраи боздоштани татбики чазои катл чазои махрум сохтан аз озоди ба мухлати бисту панч сол муайян карда шавад.

 

Моддаи 2.

Конуни мазкур аз 30 апрели соли 2004 мавриди амал карор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                              Э.Рахмонов

 

ш. Душанбе, 15 июли соли 2004

№ 45

(Ахбори  Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1998, №9, мод. 68, мод. 69, №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, к. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, №10, мод. 803, №12, к. 1, мод. 986, №12, к. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80, №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155, №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161, №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258, №7, мод. 694, с. 2013, №6, мод. 403, мод. 404, №11, мод. 785, №12, мод. 881; с. 2014, №3, мод. 141, №7, к. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, №3, мод. 198, мод. 199, №11, мод. 949, №12, к. 1, мод. 1107; с. 2016, №3, мод. 127, №5, мод. 355, мод. 356, №7, мод. 608, мод. 609, №11, мод. 874, №11, мод. 875; с. 2017, №2, мод. 2, мод. 3; Конуни ЧТ аз 28.08.2017 с., №1467)

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …