Главная / Техника / НОУТБУКХО: компютерхои фардии (хурдхачм) (портативный)

НОУТБУКХО: компютерхои фардии (хурдхачм) (портативный)

Дар ин чо мо дар бораи як намуди компютерхое сухан меронем, ки аз компютерхои фардии руимизи фарк доранд. Дар бораи компютерхое сухан меронем, ки хамаи блокхояшон (ба гайр аз принтер) дар як кутти «корпус» чойгир карда шудаанд, ки онхо ноутбук ном доранд. Дар ин намуди компютерхо, яъне дар ноутбукхо дисплейи хаму ростшаванда истифода бурда мешавад. Дар холати пушонидани дисплей компютери фарди тавассути тугмачаи махсус, ки дар байни дисплей ва клавиатура чойгир мебошад, дорои речаи махсус «ждущий режим» (Дар ин холат  компютер микдори ками кувваи баркро истифода мебарад) мегардад.

Расми компютери Ноутбук

Дар ин намуди компютерхо мушак дар байни клавиатура чойгир карда шудааст. Баъзе истифодабарандагон чунин мушакхоро намеписанданд. Мо метавонем муши компютерхои руимизиро ба ноутбукхо пайваст намуда, аз он истифода барем. Динамикхо, тачхизоти хондани дискхо низ дар кисмхои компютери ноутбук чойгир карда шудааст. Инчунин динамикхоро низ илова кардан мумкин аст.

Хусусияти фарккунандаи ноутбукхо аз компютерхои руимизи дар он аст, ки онхо  андозаи хурд доранд ва ба воситаи батарея кор мекунанд. Батарея то муддати аз 2 то 6 соат бе истифодабарии кувваи барк кор карда метавонад. Ноутбукхоро бо барк низ кор фармуда метавонем.

Бинобар ин мо метавонем ин намуди компютерхоро дар дохили катора, хавопаймо ва чойхои дигаре, ки кувваи барк мавчуд нест, истифода барем.

Кайд кардан зарур аст, ки бо компютерхои фарди ба воситаи блоки таъминоти чараён (UPS) то муддати 20 дакика кор кардан мумкин аст. Масъалан: дар вакти хомуш будани барк (тамоман барк набудан) мо метавонем, ки компютерро ба воситаи ин асбоб бо барк таъмин созем.

Компютерхои ноутбукро бештар дар семинархо- конференсияхо истифода мебаранд. Масалан, дар конференсияхо ба воситаи барномаи PowerРоint маърузаамонро тайёр «презентация» намуда ва бо ноутбук ва проектор муфассал дар бораи маърузаамон маълумот медихем.

Инчунин кобед

26

Шумораи садамаи наклиёт дар Точикистон

Дар Точикистон дар як сол зиёда аз 1300 садамаи наклиёти (мошин/автомобил/трактор ва гайра) рух медихад …