Шумора ва афзоиши ахолин руи Замин. Инсоният таърихи дуру дароз дорад. Аз рузи ба дунё омадан то имруз вай даврахои гуногуни таърихиро аз cap гузарондааст, Мувофики фикри олимон ачдоди одамони кунуни 40-50 хазор сол мукаддам дар кураи Замин пахн гардидаанд. Аз ин хусус бокимондахои онхо, ки аз хама гушаю канори чахон ёфтаанд, гувохи медихад. Оихоро одамони навин мегуянд, ки аз Осиёи Пеш ба тамоми кураи Замин пахн гардидаанд. Як кисми онхо каламрави чануби шаркй, шарки, шимоли шаркии Осиё ва тамоми Австралия ва Океанияро фаро гирифтаанд. Кисми дуюми онхо ба воситаи гарданаи Беринг (хушкие, ки 40 хазор сол пеш дар чои гулугохи хозираи Беринг вучуд дошт) аввал ба Америкаи Шимоли ва баъд ба Америкаи Чануби пахн гардидаанд. Кисми сеюми онхо дар Африка ва кисми чоруми онхо дар Европа ва Осиёи Гарби маскун шудаанд.
Хамаи ин гуруххо ба шумораи имрузаи ахолии чачон., халкхо, нажодхо ва давлатхо асос гузоштанд. To эраи мо ахолии чачон суст меафзуд ва мутеи табиат буд. Дар асрхои 8 ва 7 пеш аз милод (то солшумории мо) хамаги дар кураи Замин 5-10 миллион нафар ахоли зиндаги мекард. Баъди инкишоф ёфтани олоти мехнат дар ибтидои давраи мо микдори ахолй ба 250-300 миллион нафар расид. Холо дар кураи Замин зиёда аз 6 милпиард нафар ахолй хаёт ба cap мебарад. Ахолии чахон дар сатхи кураи Замин нобаробар чойгир шудааст. Хусусан, дар минтакахои хунуки Замин, дар минтакаи куххои баланд, биёбонхои тропики ва минтакаи муътадил ахоли нихоят кам аст. Материки Антарктида бошад, тамоман ахолин доими надорад. Чои аз хама серахолии кураи Замин Осиёи Чануби Шарки, делтаи дарёи Нил, Европаи Гарби, кисми шаркии Америкаи Шимоли ва Маркази мебошад.
2. Нажодхои асоси ва пахншавии онхо. Тамоми одамони кураи Замин ба як намуди биологи дохил мешаванд, ки онро инсон меноманд. Ба хамин маъни мутафаккири бузурги форсу точик Саъдии Шерози чунин гуфтааст:
Бани одам аъзои якдигиранд,
Ки дар офириниш зи як гавхаранд.
Дар ин мисраъхо пайдоиши ягона доштани инсон ба таври равшан баён ёфтааст. Аммо дар як вакт одамони нохияхо ва мамлакатхои кураи Замин аз якдигар бо симои зохирии худ; сохти бадан, ранги пуст, муи cap, колаби cap, чашм, абру, пешона, лаб, дандон ва гайра фарк мекунанд. Ин ба шароити гуногуни табии мутобик шудани инсонро нишон медихад, ки он хосияти ирси (мероси) пайдо кардааст ва устувор мебошад. Мувофики он аломатхо олимон чамъияти инсониро ба се нажод чудо намудаанд: зардпуст, сиёхпуст ва сафедпуст. Ин таксимот факат дорои мохияти илми буда, ба нажодпарасти ягон умумият надорад. Чунин таксимотро мо дар асари олим ва мутафаккири точик Мухаммадхочаи Бехбудй низ мушохида менамоем. У дар асари худ “Мунтахаби географияи умумй” ахолии кураи Заминро ба се не, балки ба чор нажод чудо кардааст. У гайр аз се нажоди маълум хиндухои Америкаро хамчун нажоди ахмар (сурхпустхо) фарк менамояд.
Дар давраи мо дар байни ин ва ё он халкхо, албатта, намояидагони нажодхои гуногунро дидан мумкин аст. Катъи назар аз он, дар аксари мамлакатхои чахон яке аз нажодхои асосй бартари дорад.
Нажоди сиёхпуст (экваторй) дар Африка аз биёбони Сахрои Кабир ба тарафи чануб пахн гардидааст. Онхо кисман дар кисми чанубии Иёлоти Муттахидаи Америка ва Бразилия зиндаги мекунанд. Онхоро мустамликадорон аз Африка хамчун гулом оварда буданд. Аломати асосии ин нажод пусти сиёх, муйхои чингила, чашмони сиёх, камриши, бинии пахн ва лабони гафс мебошад.
Нажоди зардпуст (мугулоидхо) дар каламрави Осиёи Маркази Шарки ва дар Америка (хиндухо) маскун гардидаанд. Онхо пусти зардча, муи сиёхи рост, рухсораи барчаста, чашми танг доранд.
Нажоди сафедпуст (европоиди) дар Европа, Осиёи Гарби ва Африкаи Шимоли бартари дорад. Холо дар натичаи аз Европа мухочират кардан намояндагони ин нажод то Америкаи Шимоли, Чануби, Австралия. Зеландияи Нав пахн гардидаанд. Барои ин нажод пусти сафед ё гандумгун, муи мавчдор ва рости малла ё сиёх, бинии тегадор ва рухсораи нафиси дароз хос мебошад. Точикон ба нажоди сафедпуст (европоиди) дохил мешаванд. Онхо муй чашми сиёх, риш ва бурути ггфсу гулй, бинии рости барчаста ва пешонии рост доранд.
Савол ва супориш
- Одамони навин чи тавр дар кураи Замин пахн гардидаанд?
- To давраи мо дар кураи Замин чи кадар ахолй зиндагй мекард? Холо дар кураи Замин чй кадар ахолй хаёт ба cap мебарад?
- Дар сатхи кураи Замин ахолй чй тавр чойгир шудаасг?
- Халкхои чахон ба чанд нажод чудо мешаванд?
- Аз харитаи ахолии чахон пахншавии нажодхои асоснро нишон дихед. 7. Барои чй нажодхо аз якдигар фарк мекунанд?
Баробархукукии нажодхо. Илм исбот кардааст, ки аз руи аломатхон асосй, зохири, морфологи, дохили, физиологй ва хусусиятхои рухи халкхои нажодхои гуногун аз якдигар кам фарк мекунанд. Гайр аз ин, илм ошкор намудааст, ки хамаи нажодхо ва халкхо аз як чинс пайдо шудаанд. Онхо аз чихати биологй (хонадоршавй), ичтимои ва маданй (азхуд намудани маданияти якдигар) имконияти калони бо хам омехташави доранд. Дар натичаи омехташавии биологии намояндагони халкхои нажодхои гуногун нажодхои мобайнй ба вучуд омаданд.
Мисол, малагасихо аз омехташавии зардпустон (мугулоид) ва сиёхпустои (экваторй ё занги) пайдо шудаанд. Хамаи ин далелхо аз он гувохи медиханд, ки инсоният аз рузи азал ягона буд. Аммо ба ин нигох накарда. як гурухи олимони буржуази аломат ва хусусиятхои фарккунандан байни нажодхоро барои асонок намудани акидаи нажодпарастии худ истифода мебаранд. Мувофики акидаи онхо халкахои сафедпуст ба нажоди оли, халкхои зардпуст ва сиёхпуст ба нажоди паст дохил мешаванд. Ин гояи гайриилмй дар байни бисёр халкхо бо шаклхои гуногун зохир мегардад. Дарачаи олии он гояи нажодпарасти мебошад, ки барои яз байн бардоштани он соли 1965 Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттахид шартномаи байналхалки ба имзо расонд.
Шартнома хама гуна шаклхои гояхои нажодпарастиро чиноят номид. Дар хакикат дар байни халкхо фаркияти хакики вучуд надорад. Хамаи онхо баробархукук мебошанд. Онхо факат аз чихати дарачаи маърифат ва пешрафти илму техника, иктисодиёт фарк доранд. М. Бехбуди маърифатиокии намояндагони нажодхоро яке аз аломатхои асосии пешравии онхо хисобидааст. Аммо акибмонии ичтимои ва мадании онхо ба фаркияти табиии нажодхо вобаста нест. Ба он системаи мустамликадори ва сиёсати нобаробарин иктисоди, техникию технологие, ки мамлакатхои мутараккии капиталисти нисбат ба собик мустамликахои худ дар микёси чахон гузаронда истодаанд, чавобгар мебошанд.
Саёхати Миклухо-Маклан ба Гвинеяи Нав ва исботи баробарии пажодхо. Дар давраи олим ва сайёхи рус Н.Н.Миклухо-Маклай (1846-1888) гояи нажодпарастй нисбат ба давраи мо пуркувват буд. Бо ин гоя олимони буржуази сиёсати мустамликадори, несткунии одамони тахчоии Америка. Африка. Австралия ва Осиёи Чануби Шаркиро пардапуш мекарданд. Онхо ба ахли чахон талкин мекарданд, ки халкхои зардпуст ва сиёхпуст нажодхои пастанд, кобилияти мехнати акли надоранд, бояд доим ба мехнати чисмонй машгул бошанд. Миклухо-Маклай барои халли муаммои нобаробарии халкхо солхои тулонй халкхои кураи арзро омухт.
Соли 1871 ба Гвинеяи Нав омада, ба тахкики тарзи зиндаги ва маданияти халкхои махалии он чо машгул шуд. У аз руи маводи илмии чамъкардаи худ ба хулосае омал, ки хамаи одамони кураи арз хамавлоду хамнажод мебошанд. Ин исбот ва тасдики гуфтахои мутафаккирони форсу точик Саъдии Шерозй мебошад, ки якчанд аср мукаддам аз тадкикоти Миклухо-Маклай пайдоиши ягона доштани хамаи халкхои чахонро дар ашъори худ тараннум кардааст. Мо хам авлоди ин мутафаккири бузургем ва дар фаьолияту зиндагии худ ба мероси инсондустии у такя менамоем.
Холо дар Чумхурии Точикистон намояндагони халкхои гуногун зиндаги мекунанд. Мисол, узбекхо, казокхо, туркманхо, киргизхо, тоторхо, русхо, гурчихо ва дигарон. Хамаи онхо баробархукук мебошанд. Аз музаффариятхои истиклолияти халки точик як хел истифода мебаранд.
Анъанахои дини ва мазхабии худро озод ба чо меоранд.
Савол ва супориш
- Ба кадом максад олимони буржуази гояи нажодпарастиро бофта баровардаанд? Н. Н. Миклухо-Маклай баъди саёхатхои худ ба чи хулоса омад?
- Дар Чумхурии Точикистон намояндагони халкхои кадом нажодхо икомат доранд?
- Аз харитаи чахон Гвинеяи Навро нишон дихед.