Главная / Чамъият / Лоихахои иморатсози

Лоихахои иморатсози

Моддаи 55-и  Карори шахрсози. Лоихахои иморатсози

  1. Лоихахои иморатсози дар асоси накшахои муфассали банакшагири дар сархадхои бо хати сурх мукарраршуда ё сархади китъахои замин тахия карда мешаванд.
    2. Бо лоихахои иморатсози инхо муайян карда мешаванд:
    – хати танзими иморатсози;
    – чобачогузории бино ва иншоот, кабатнокии онхо, шакл ва дигар хусусиятхо;
    – карори меъмории иморатсози;
    – низоми тачхизоти мухандиси, алока ва ободони, инчунин шароити пайвастшавии низоми мазкур ба иншоот ва шабакахои танзими мухандиси, алока ва ободонии берун аз китъаи замин, махаллахо ва дигар унсурхои сохторхои банакшагирии махалхои ахолинишин чойгиршуда;
    – ташкили харакати воситахои наклиёт ва пиёдагардон;
    – худудхои истифодаи умум.
    3. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахру нохияхо хукук доранд вобаста ба шароитхои махал нисбат ба лоихахои иморатсози талаботи иловагии ба меъёру коидахои шахрсози мухолифатнадоштаро, аз чумла талаботи вобаста ба лоихакаши ва сохтмон дар минтакахои хифзи объектхои мероси фарханги, кабудизоркунии худудхо, чойгиронии объектхои меъмории шаклхои хурд, рекламахо, овезахо ва дигар талаботро пешниход намоянд.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

perepis

Аз 1-уми октябр дар Точикистон баруйхатгирии ахоли огоз мегардад

Аз 01.10.2020 дар Точикистон фаъолияти баруйхатгири – баруйхатгирии ахоли огоз мегардад. Дар ин бора дар …