Главная / Чамъият / Ишорахои чугрофи

Ишорахои чугрофи

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи ишорахои чугрофи 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2007, №3, мод. 169; Конуни ЧТ аз 03.07.2012с., №855)  

Конуни мазкур муносибатхоеро, ки вобаста ба хифзи хукуки ва истифодабарии ишорахои чугрофии истехсоли мол дар Чумхурии Точикистон ба вучуд меоянд, танзим менамояд.

  БОБИ 1.  Мукаррароти умуми 

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

ishorahoi-jugrofi

Мафхумхои асосие, ки дар Конуни мазкур истифода мешаванд:

объекти чугрофи каламраве, ки худуди он ба таври расми муайян карда шудааст, азон чумла мамлакат, минтака хамчун кисми мамлакат, махалли  ахолинишин, мавзеъ;

ишорахои чугрофиаломатест, ки молро хамчун аз каламрави кишвар ё минтака ва ё махал дар ин каламрав баромада хаммоханд мекунал, ки дар он сифат, шухрат ва тавсифхои дигари мол то андозае бо пайдоиши чугрофи алокаманд аст. Мафхуми ишораи чугрофи мафхумхои номи чои пайдоиши мол ва ишораи пайдоиши молро дар бар мегирад; (КЧТ аз 03.07.2012с., №855)

дархост– мачмуи хуччатхое, ки барои бакайдгири ва гирифтанихукуки истифодаи номи махалли истехсоли мол ё барои гирифтани хукуки истифодаи номи махалли истехсоли мол, ки каблан ба кайд гирифта шудааст, заруранд;

дархостдиханда – шахси вокеи ё хукуки, ки барои бакайдгири ва гирифтани хукуки истифодаи номи махалли истехсоли мол ба макомоти ваколатдор дархост медихад;

– макомоти  салохиятдор – макомоти давлати, ки  салохияти  муайян  намудани худудхои объекти чугрофиеро дорад, ки дар он моли дорои хосиятхои махсуси марбут ба шароити табии ва омилхои дигари ин объекти чугрофи (ё мутобикати шароити табии ва ин омилхо), ки баъзе хосиятхои мол ба онхо вобастаги дорад, истехсол мешавад;

– номи чои пайдоиши мол номи кишвар, махалли ахолинишин, махал ва ё дигар объекти чугрофи буда, барои ишоракунии пайдоиши мол аз он чо истифода бурда мешавад, ки хуссиятхои хоси он танхо ва ё асосан бо шароитхои табии барои ин объекти чугрофи хос ва ё дигар омилхои ба шароитхои табии ва ин омилхо мувофик, муайян карда мешавад. Номи чои пайдоиши мол мумкин аст номи таърихии объекти чугрофи бошад; (КЧТ аз 03.07.2012с., №855)

– ишораи пайдоиши мол – аломатест, ки бевосита ва ё бавосита ба чои пайдоиши хакики ва ё истехсоли мол ишора мекунад. Ишораи пайдоиши мол мумкин аст дар шакли номи объекти чугрофи ва ё тасвир пешниход карда шавад. (КЧТ аз 03.07.2012с., №855) 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи ишорахои чугрофи

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи ишорахои чугрофи ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 Моддаи 3. Макомоти ваколатдори давлати ва салохияти он

Амали сохтани сиёсати давлати ва анчом додани вазифахои дар Конуни мазкур пешбинишуда оид ба хифзи хукукии ишорахои чугрофи ба ухдаи макомоти ваколатдори давлати гузошта мешавад. Макомоти ваколатдори давлатиро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Макомоти ваколатдори давлати дар холатхои дар Конуни мазкур пешбинишуда, мутобики салохияти худ хуччатхои меъёриро оид ба татбики Конуни мазкур кабул менамояд.

Макомоти ваколатдори давлати Шурои шикоятиро таъсис медихад, ки он масъалахои бо Конуни мазкур ба салохияташ вогузоршударо мутобики Низомномаи худ барраси менамояд.

 

БОБИ 2. ИШОРАХОИ ЧУГРОФИ ВА ХИФЗИ ХУКУКИИ ОНХО

 

Моддаи 4. Аломатхое, ки ба сифати номи махалли истехсоли мол эътироф намешаванд

Аломате, ки аз номи объекти чугрофи иборат аст ё чунин номро дар бар мегирад, вале дар Чумхурии Точикистон хамчун ифодае маъмул гаштааст, ки он барои ишораи моли намуди муайян истифода мешавад ва бо чои истехсоли ин мол алокамандие надорад, ба сифати номи махалли истехсоли мол эътироф намешавад.

 

Моддаи 5. Нишондоди истехсоли мол

Нишондоди истехсоли мол метавонад дар шакли аломати вожавие, ки номи объекти чугрофиро дар бар мегирад, ё дар шакли тасвир истифода бурда шавад.

 

Моддаи 6. Хифзи хукукии номи махалли истехсоли мол

Номи махалли истехсоли мол дар Чумхурии Точикистон дар асоси бакайдгирии давлатии он тибки тартиби муайяннамудаи Конуни мазкур ё дар асоси санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон мавриди хифзи хукуки карор мегирад.

Номи махалли истехсоли мол метавонад ба номи як ё якчанд шахси вокеи ё хукуки ба кайд гирифта шавад. Шахсе, ки номи махалли истехсоли молро кайд кардааст, хукуки истифода бурдани онро сохиб мешавад, ба шарте ки моли истехсолшаванда ба талаботи мукаррарнамудаи Конуни мазкур чавобгу бошад.

Хукуки истифода бурдани худи хамон номи махалли истехсоли молро ба хама гуна шахси вокеи ё хукуки, ки дар худуди худи хамон объекти чугрофи моли дорои айнан хамон хосиятхои асосиро истехсол менамояд, додан мумкин аст.

Бакайдгирии номи махалли истехсоли мол бемухлат эътибор дорад.

 

Моддаи 7. Хифзи хукукии нишондоди истехсоли мол

Хифзи хукукии нишондоди истехсоли мол дар асоси истифодабарии он амали карда мешавад.

Хифзи хукукии нишондоди истехсоли мол аз рох надодан ба  истифодабарии ишорахои калбакии истехсоли мол, инчунин ишорахое, ки истеъмолкунандаро оид ба чои вокеии баромади мол ба иштибох меандозанд, иборат аст.

Нишондоди истехсоли мол ба кайди давлати гирифта намешавад.

 

Боби 3. БаКайдгирИ ва додани хуКуКи истифодаи

номи махалли истеХсоли мол

 

Моддаи 8. Дархост ва тартиби пешниходи он

Дархост ба макомоти ваколатдор аз чониби шахси вокеи ва (ё) шахси (шахсони) хукуки бевосита ё тавассути намояндаи патенти пешниход карда мешавад.

Шахсони вокеие, ки ба таври доими берун аз каламрави Чумхурии Точикистон истикомат доранд ва шахсони хукукии хоричи ё намояндагони онхо бо макомоти ваколатдор ба воситаи намояндагони патенти, ки хукуки ба амал баровардани фаъолияти намояндаи патентиро тибки конунгузорииЧумхурии Точикистон сохиб шудаанд ва ваколаташон бо ваколатнома тасдик гардидааст, пеш мебаранд.

Дархост бояд ба як номи махалли истехсоли мол дахл дошта бошад.

Дархост бояд инхоро дар бар гирад:

– ариза дар бораи бакайдгири ва гирифтани хукуки истифодаи номи махалли истехсоли мол ё дар бораи гирифтани хукуки истифодаи номи каблан бакайдгирифташудаи махалли истехсоли мол бо нишон додани номи дархостдиханда (дархостдихандагон) ва инчунин макони чойгиршави ё макони зисти у (онхо);

– аломати арзшаванда;

– ишораи моле, ки нисбат ба он бакайдгири ва гирифтани хукуки истифодаи номи махалли истехсоли мол ё гирифтани хукуки истифодаи номи каблан бакайдгирифташудаи махалли истехсоли мол дархост карда мешавад;

– ишораи чои истехсоли мол (худудхои объекти чугрофи);

– тавсифи хосиятхои махсуси мол.

Дархост ба забони давлати пешниход карда мешавад.

Дархостро дархостдиханда ва дар холати пешниходи он ба воситаи намояндаи патенти, дархостдиханда ё намояндаи патенти имзо мекунад.

Агар объекти чугрофие, ки номи он ба сифати номи махалли истехсоли мол арз шудааст, дар каламрави Чумхурии Точикистон вокеъ бошад, ба дархост хулосаи макомоти салохиятдор дар бораи он, ки дар худуди объекти чугрофии ишорашуда дархостдиханда молеро истехсол менамояд, ки хосиятхои махсуси онро шароити табии ва (ё) омилхои инсонии хоси махз хамин объекти чугрофи муайян менамоянд, замима карда мешавад.

Агар объекти чугрофие, ки номи он ба сифати номи махалли истехсоли мол зикр шудааст, берун аз худуди Чумхурии Точикистон вокеъ бошад, ба дархост хуччате замима мешавад, ки хукуки дархостдихандаро ба номи зикршудаи махалли истехсоли мол дар мамлакати баромади мол тасдик менамояд.

Ба дархост инчунин хуччате замима мешавад, ки ба андозаи мукарраршуда ворид гардидани пардохти хатмиро барои пешниходи дархост тасдик менамояд.

Хуччатхои ба дархост замимашаванда ба забони давлати ё дигар забон пешниход карда мешаванд. Агар ин хуччатхо ба забони дигар пешниход шуда бошанд, тарчумаи онхо ба забони давлати ба дархост замима карда мешавад. Тарчумаро ба забони давлати на дертар аз ду мохи пас аз санаи ба дархостдиханда фиристодани огохиномаи макомоти ваколатдор оид ба зарурати ичрои ин шарт пешниход намудан мумкин аст.

Санаи ба макомоти ваколатдор ворид гардидани хуччатхои дар кисми чоруми моддаи мазкур пешбинишуда ё, агар ин хуччатхо дар як вакт ворид нагардида бошанд, санаи пешниходи хуччати охирини воридгардида санаи пешниходи дархост махсуб  мешавад.

 

Моддаи 9. Экспертизаи дархост

Экспертизаи дархост, ки аз экспертизаи расми ва экспертизаи аломати арзшуда иборат аст, аз чонибимакомоти ваколатдор гузаронида мешавад.

Дар давраи гузаронидани экспертизаи дархост то аз руи он кабул гардидани карор дархостдиханда хукук дорад ба маводи дархост иловахо ва ислохот ворид намояд.

Агар маводи иловашуда мохияти дархостро тагйир дихад, чунин мавод барои барраси кабул карда намешавад ва ин мавод метавонад азчонибидархостдиханда хамчун дархости мустакил танзим шавад.

Дар рафти гузаронидани экспертизамакомоти ваколатдор хукук дорад тибки санадхои меъёрии хукуки аз дархостдиханда маводи иловагиеро, ки бе он гузаронидани экспертиза имконнопазир аст, талабнамояд.

Маводи иловагии марбут ба талабномаи экспертиза бояд дар давоми ду мохи пас аз  талабномаро гирифтани дархостдиханда пешниход шавад. Аз руи аризаи дархостдиханда макомоти ваколатдор метавонад ин мухлатро дароз кунад, агар ариза то анчоми ин мухлат ворид гардида бошад. Агар дархостдиханда мухлати зикргардидаро риоя накарда ва ё талабномаи экспертизаро бечавоб монда бошад, дархости аризадиханда бозхондашуда дониста мешавад.

Экспертизаи расмии дархост дар давоми ду мохи пас аз санаи пешниходи он ба макомоти ваколатдор гузаронида мешавад.

Дар рафти гузаронидани экспертизаи расми мавчуд будани хуччатхои зарури, инчунин мувофикати онхо ба талаботи мукарраргардида тафтиш карда мешавад. Аз руи натичахои экспертизаи расми карор дар бораи ба барраси кабул шудан ё ба барраси кабул нашудани дархост бароварда мешавад.

Хамзамон бо огохинома оид ба натичаи мусбати экспертизаи расми ба дархостдиханда, инчунин дар бораи санаи пешниходи дархост, ки тибки Конуни мазкур мукаррар гардидааст, маълумот дода мешавад.

Дар холати рад намудани кабул ва баррасии дархост аз тарафи макомоти ваколатдор ба дархостдиханда огохиномаи асоснок фиристода мешавад.

Аз руи дархости ба барраси кабулшуда экспертизаи аломати арзшуда, аз назари мувофикати он ба талаботи дар Конуни мазкур мукарраргардида гузаронида мешавад.

Дар чараёни экспертизаи аломати арзшуда, инчунин асоснок будани ишораи чои истехсоли мол дар каламрави Чумхурии Точикистон тафтиш карда мешавад.

То кабул намудани карор аз руи натичаи экспертизаи аломати арзшуда, ба дархостдиханда дар бораи натичахои санчиши мувофик будани аломати арзшуда ба талаботи дар Конуни мазкур мукарраргардида огохинома фиристода, аз у дархост намудан мумкин аст, ки мулохизахои худро оид ба далелхои дар огохинома зикршуда пешниход намояд. Далелхои дархостдиханда, агар онхо дар давоми шаш мохи пас аз санаи фиристодани огохинома пешниход шуда бошанд, хангоми кабули карор аз руи натичахои экспертизаи аломати арзшуда ба инобат гирифта мешаванд.

Аз руи натичахои экспертиза макомоти ваколатдор дар бораи бакайдгири ё рад шудани бакайдгирии номи махалли истехсоли мол ва додани хукуки истифодаи он ё дар бораи додан ё надодани хукуки истифодаи номи каблан бакайдгирифташудаи махалли истехсоли мол карор кабул менамояд.

Дархостдиханда метавонад дар мархилаи дилхохи баррасии дархост, то ба Фехристи давлатии номхои махалли истехсоли мол (минбаъд – Фехрист) ворид намудани маълумот оид ба бакайдгирии номи махалли истехсоли мол ва (ё) додани хукуки истифодаи ин ном,  дархосташро бозхонд намояд.

Коидахои пешбурди Фехрист ва таркиби маълумоти ба он воридшавандаро макомотиваколатдор мукаррар менамояд.

 

Моддаи 10.  Эътирознома нисбат ба карор ва баркарор намудани мухлатхои гузашта

Дар сурати норози будан бо карорхои аз руи натичаи  экспертизаи расмии дархост кабулшуда, бо карор дар бораи рад кардани кабули дархост чихати барраси, бо карор аз руи натичаи экспертизаи аломати арзшуда ё  бо карор дар бораи бозхондашуда эътироф гардидани дархостдархостдиханда метавонад ба Шурои шикояти дар давоми се мох аз санаи гирифтани карори дахлдор эътирознома пешниход намояд.

Мухлатхои бо кисми 5 моддаи 9 ва кисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда, ки дархостдиханда онхоро гузаронидааст, метавонанд аз чониби макомоти ваколатдор тибки аризаи дархостдиханда, ки на дертар аз ду мохи пас аз анчоми ин мухлатхо пешниход гардидааст, дар сурати тасдик гардидани сабабхои узрнок ва ворид кардани пардохти хатмии дахлдор баркарор карда мешаванд.

Чунин ариза бамакомоти ваколатдор хамзамон бо маводи иловагии аз чониби санчиш талабшуда ё боариза оид ба дароз кардани мухлати пешниходи ин мавод ва ё хамзамон бо пешниходи эътирознома ба Шурои шикояти пешниход карда мешавад.

 

Моддаи 11. Бакайдгирии номи махалли истехсоли мол ва додани шаходатномаи хукуки истифодаи он

Дар асоси кароре, ки аз руи натичахои экспертиза кабул шудааст, макомоти ваколатдор номи махалли истехсоли молро дар Фехрист ба кайд мегирад. Ба Фехрист номи махалли истехсоли мол, ишора ва тавсифи хосиятхои махсуси моле, ки номи махалли истехсоли мол барои он мол ба кайд гирифта шудааст, дигар маълумоти марбут ба бакайдгири ва додани хукуки истифодаи номи махалли истехсоли мол ва дароз кардани мухлати эътибори шаходатнома, инчунин тагйироти минбаъдаи ин маълумот ворид карда мешавад.

Макомоти ваколатдор шаходатномаи хукуки истифодаи номи махалли истехсоли молро (минбаъд – шаходатнома) дар давоми як мохи пас аз гирифтани хуччат оид ба ворид гардидани пардохти хатмии дахлдор медихад ва ба Фехрист маълумотро оид ба дорандаи шаходатнома ворид менамояд.

Дар сурати бо тартиби мукарраргардида пешниход накардани хуччате, ки ворид гардидани пардохти хатмиро барои додани шаходатномаи хукуки истифодаи номи махалли истехсоли мол тасдик менамояд, шаходатнома дода намешавад ва маълумот дар бораи дорандаи шаходатнома ба Фехрист ворид карда намешавад.

Шакли шаходатнома ва таркиби маълумотеро, ки ба он ворид мегардад, макомоти ваколатдор мукаррар менамояд.

 

Моддаи 12. Мухлати эътибори шаходатнома

Шаходатнома дар тули дах соли пас аз санаи пешниходи дархост ба макомоти ваколатдор эътибор дорад.

Мухлати эътибори шаходатномаро тибки аризаи дорандаи шаходатнома дар сурати аз чониби у пешниход гардидани хулосаи макомоти салохиятдор дароз кардан мумкин аст. Дар хулосаи макомоти салохиятдор дар хусуси он, ки дорандаи шаходатнома дар худудхои объекти чугрофии дахлдор молеро истехсол менамояд, ки дорои хосиятхои дар Фехрист зикргардида мебошад, маълумот дода мешавад.

Агар номи махалли истехсоли мол номи объекти чугрофие бошад, ки берун аз каламрави Чумхурии Точикистон вокеъ аст, бар ивази хулосаи зикргардидаи макомоти салохиятдордорандаи шаходатнома хуччатеро пешниход менамояд, ки он дар санаи пешниходи ариза оид ба дароз кардани мухлати эътибори шаходатнома дар мамлакати баромади мол хукук доштани уро ба истифодаи номи махалли истехсоли мол тасдик мекунад.

Ариза дар бораи дароз кардани мухлат дар давоми охирин соли эътибори шаходатнома пешниход карда мешавад.

Мухлати эътибори шаходатнома хар дафъа ба муддати дах сол дароз карда мешавад.

Аз руи аризаи дорандаи шаходатнома дар сурати ворид намудани пардохти хатмии иловаги барои дароз кардани мухлати эътибори шаходатнома ба у шаш мохи иловагии пас аз анчоми мухлати эътибори шаходатномаро додан мумкин аст.

Маълумот дар бораи дароз кардани мухлати эътибори шаходатнома аз чониби макомоти ваколатдор ба Фехрист ва шаходатнома ворид карда мешавад.

 

Моддаи 13. Ворид намудани тагйирот ба Фехрист ва шаходатнома

Дорандаи шаходатнома макомоти ваколатдорро дар бораи тагйир ёфтани унвони худ, ному насаб, инчунин оид ба тагйироти дигари марбут ба бакайдгири ва додани хукуки истифодаи номи махалли истехсоли мол огох менамояд.

Маълумот доир ба тагйироти марбут ба бакайдгири ба Фехрист ва шаходатнома дар сурати ворид намудани пардохти корбарии дахлдор ворид карда мешавад.

Макомоти ваколатдор бо максади ислох намудани хатохои возехи техники метавонад ба Фехрист ва шаходатнома  ислохоти дахлдорро ворид намояд.

 

Моддаи 14. Интишори маълумот дар бораи бакайдгири ва додани хукуки истифодаи номи махалли истехсоли мол

Маълумотро доир ба бакайдгири ва додани хукуки истифодаи номи махалли истехсоли мол, ки ба Фехрист мувофики Конуни мазкур ворид карда шудааст, ба истиснои маълумоте, ки тавсифи хосиятхои махсуси молро дар бар мегирад, макомоти ваколатдор бе таъхир пас аз воридкунии ин маълумот ба Фехрист дар хабарномаи расми интишор менамояд.

 

 

Моддаи 15. Бакайдгирии номи махалли истехсоли мол дар мамлакатхои хоричи

Шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон хукук доранд номи махалли истехсоли молро дар мамлакатхои хоричи ба кайд гиранд.

Аризаи бакайдгирии номи махалли истехсоли мол дар мамлакатхои хоричи пас аз бакайдгирии он ва сохиб шудан ба хукуки истифодаи ин номи махалли истехсоли мол дар Чумхурии Точикистон пешниход карда мешавад.

 

Боби 4. Истифодаи ИШОРАХои ЧуГрофИ

 

Моддаи 16. Истифодаи ишорахои чугрофи

Ба кор бурдани ишорахои чугрофи дар руи мол, тамгакогазхо, борпечхо, дар реклама, нашрияхои чопии рекламави, бланкхо ва дигар хуччатхои расмие, ки бо воридкунии мол ба муомилоти граждани алокаманданд, истифодабарии номи махалли истехсоли мол хисобида мешавад.

Истифодабарии нишондодхои бардуруги баромади мол ва номи бакайдгирифташудаи махалли истехсоли мол аз чониби шахсоне, ки шаходатнома надоранд, хатто агар дар ин холатхо номи вокеии махалли истехсоли мол нишон дода шавад ва ё ном дар тарчума ё бо истифодаи вожахои «аз кабили», «намуди», «монанд» ва амсоли онхо истифода шавад, инчунин истифодабарии аломати ба ишораи чугрофи монанд нисбат ба хама гуна мол, ки метавонанд истеъмолкунандаро оид ба махалли истехсол ва хосиятхои махсуси мол ба иштибох андозанд (истифодабарии гайриконунии ишорахои чугрофи), манъ карда мешавад.

Гузашт намудани хукуки истифодаи ишораи чугрофи ва додани хукуки истифодаи он дар асоси шартнома  номумкин аст.

 

Моддаи 17. Аломати огохкунанда

Дорандаи шаходатнома дар пахлуи номи махалли истехсоли мол аломати огохкунандаро дар шакли харфи лотинии “К” (ё К дар дохили давра ®) ва ё аломати вожавиеро, ки ба номи дар Чумхурии Точикистон бакайдгирифташудаи махалли истехсоли мол будани аломати истифодашаванда ишора мекунанд, истифода бурда метавонад.

 

Боби 5.  МАВРИДИ БАХС КАРОР ДОДАН ВА Катъ Гардидани

Хифзи ХуКуКии  номи махалли ИСТЕХСОЛи мол

 

Моддаи 18. Мавриди бахс карор додани хифзи хукукии номи махалли истехсоли мол, додани шаходатнома ва беэътибор донистани онхо

Тахти хифзи хукуки карор гирифтани номи махалли истехсоли мол, агар дар рафти он талаботи мукаррарнамудаи Конуни мазкур риоя нашуда бошад, дар давоми тамоми мухлати амали хифзи хукуки метавонад мавриди бахс карор гирад ва беэътибор дониста шавад.

Додани шаходатнома дар давоми тамоми мухлати амали хифзи хукуки метавонад мавриди бахс карор гирад ва шаходатнома метавонад беэътибор дониста шавад, агар он бо риоя нагардидани талаботи мукаррарнамудаи Конуни мазкур дода шуда бошад ё мавриди хифзи хукуки гаштани номи махалли истехсоли мол беэътибор дониста шуда бошад.

Хар шахс метавонад тибки мукаррароти дар кисми якум ва дуюми моддаи мазкур пешбинишуда ба Шурои шикояти бар зидди мавриди  хифзи хукуки карор додани номи махалли истехсоли мол ва додани шаходатнома эътирознома пешниход намояд.

Тахти хифзи хукуки карор гирифтани номи махалли истехсоли мол ва додани шаходатнома дар асоси карори Шурои шикояти ва инчунин халномаи судие, ки ба кувваи конун даромадааст, беэътибор дониста мешавад.

 

Моддаи 19. Катъ гардидани хифзи хукукии номи махалли истехсоли мол ва амали шаходатнома

Хифзи хукукии номи махалли истехсоли мол дар холатхои зерин катъ мегардад:

– агар шароити хоси хамин объекти чугрофи аз байн рафта, истехсоли моле, ки дорои хосиятхои дар Фехрист зикршуда аст, имконнопазир гардида бошад;

– агар шахсони вокеи ва хукукии хоричи хукуки ба ин номи махал истехсоли молро дар мамлакати баромади мол аз даст дода бошанд.

Амали шаходатнома катъ мегардад:

– агар мол хосиятхои махсусеро, ки дар Фехрист нисбат ба хамин номи махалли истехсоли мол зикр гардидаанд, гум карда бошад;

– агар хифзи хукукии номи махалли истехсоли мол катъ гардида бошад;

– агар шахси хукуки – дорандаи шаходатнома бархам дода шуда бошад;

– агар дорандаи шаходатнома бо хохиши худ дар бораи катъ кардани амали шаходатномаба макомоти ваколатдор ариза дода бошад.

Хар шахс аз руи асосхое, ки бо кисмиякум ва сархатхои якум ва дуюми кисми дуюми моддаи мазкур пешбини шудаанд, метавонад ба Шурои шикояти оид ба катъ намудани хифзи хукукии номи махалли истехсоли мол ва эътибори шаходатнома ариза дихад.

Хар шахс метавонад аз руи асоси пешбининамудаи сархати сеюми кисми дуюми моддаи мазкур ба макомоти ваколатдор оид ба катъи амали шаходатнома ариза дихад.

Хифзи хукукии номи махалли истехсоли мол ва амали шаходатнома дар асоси карори Шурои шикояти, макомоти ваколатдор ва инчунин халномаи ба кувваи конун даромадаи суд катъ карда мешавад.

 

Боби 6 . МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 20. Карорхои Шурои шикояти

Коидахои пешниходи эътирозномахо ва аризахо ба Шурои шикояти ва тартиби баррасии онхоро макомоти ваколатдор мукаррар менамояд.

Карорхои аз руи эътирозномаву аризахои бо тартиби муайяннамудаи Конуни мазкур кабулкардаи Шурои шикояти аз тарафи макомоти ваколатдор тасдик карда мешаванд, аз санаи тасдикшавиашон мавриди амал карор мегиранд ва нисбати онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 21. Пардохтхои хатми ва пардохтхои корбари

Барои пешниходи дархост, бакайдгири ва гирифтани шаходатнома, дароз кардани мухлати эътибори шаходатнома ва баркарор намудани мухлатхои гузаронидашуда, инчунин барои ичрои дигар амалхои дорои ахамияти хукуки, ки бо бакайдгири ва дароз кардани мухлати эътибори шаходатнома алокаманданд,пардохтхои хатми ситонида мешаванд.

Барои гузаронидани экспертиза, ба маводи дархост дохил намудани тасхеху ислохот, нашри маълумот оид ба бакайдгирии номи махалли истехсоли мол, дар Шурои шикояти барраси кардани эътирозномахо, инчунин барои ичро намудани амалхои дигари марбут ба экспертизаи дархост аз чониби макомоти ваколатдор пардохтхои корбари ситонида мешаванд.

Андозаи пардохтхои хатми ва пардохтхои корбариро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Пардохтхои хатмива пардохтхои корбариро дархостдиханда, дорандаи шаходатнома ва ё бо розигии онхо хар шахси вокеи ё хукуки супорида метавонад.

 

Моддаи 22. Хукукхои шахсони вокеи ва хукукии хоричи

Шахсони вокеи ва хукукии хоричи тибки санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон ё дар асоси принсипи муомилаи мутакобила аз хукукхои дар Конуни мазкур пешбинишуда баробари шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон истифода мебаранд.

Хукуки дар Чумхурии Точикистон ба кайд гирифтани номи махалли истехсоли мол ба шахсони вокеи ва хукукии давлатхое дода мешавад, ки хамин гуна хукукро ба шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон медиханд.

 

Моддаи 23. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 24. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми  мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон Э.Рахмонов

 

              ш.Душанбе,

        5 марти соли 2007

                 № 236

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …