Главная / Чамъият / Хурмати Падару Модар – эхтиром ба волидайн (Иншо)

Хурмати Падару Модар – эхтиром ба волидайн (Иншо)

Барои хар як фарди мусулмон баъд аз Холику Паёмбари  акрам (с) падару модар махбубтарин шахс мебошанд (Иншо).

хурмати падару модар волидайнПарвардигор ба воситаи китоби азиму-ш-шаъни хеш бандагонашро огох сохтааст, ки нисбат ба падару модари худ мехрубон буда, хамеша нисбати онхо сухану амалхоеро анчом диханд, ки боиси хушхолиашон гардад ва дар навбати худ онхо доимо аз даргохи Парвардигор шукургузори кунанд, ки фарзандашонро дар рохи рост рахнамои намудааст. Фарзандони солех барои волидон хадяи бехтарини Холики ягона, нури чашмон, фараху сурури калбхоянд.

Дар Куръони карим доир ба хамин мавзуъ чунин оварда шудааст: 
«Молу фарзандон ороиши зиндагонии дунё аст ва некихои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз руи савоб бехтаранд ва аз руи умед доштан хубтаранд» (Сураи «Кахф», ояти 46).
Расули Акрам (с) низ фармудаанд:

  1. «Яке аз нишонахои саодату хушбахтии мард доштани фарзанди солех мебошад» («Мизону-л-хикма», хадиси 6736).
  2. 2.«Хушнудии Худованд дар хушнудии падару модар аст ва хашми Худованд дар хашми падару модар» (Чомеъу-с-сагир»-и Суюти, хадиси 4457).

Худованд Худ окилу доност, хамаи он аъмоли хайре ба даргохаш кабул мегардад, ки холисона анчом дода шудааст. На мисли хурмату эхтироме, ки нисбат ба волидон аз руйи риёву худнамои  ва миннату таъна ичро шуда, дилхояшонро меранчонад. Бо амри Холики Якто, аввалину хубтарин некукори дар хакки волидон ин хурмату эхтироми эшонро ба чо овардан дар мадди аввал истода, сипас  таъминоти моддии онхо мебошад.
Хурмату эхтироми волидон дар Куръон хеле мухим арзёби гардидааст. Ин аст, ки дар чандин оятхои Куръон У моро ба ин рахнамои карда, амалашро фарз намудааст.

Хар кадаре, хурмату эхтироми падару модар ба чой орем, боз хам кам аст, зеро эшон шоистаи бехтарин суханони неку дилписандтарин муомила мебошанд.

«Эй Парвардигори ман, илхом дех маро, ки шукри ин неъмати Ту кунам, ки бар ману бар падару модари ман инъом кардаи; ва кирдори шоиста ба чо орам, ки Ту аз он хушнуд шави ва барои ман дар фарзандони ман салох пайдо кун! Ба рости, ки ман ба суи Ту бозгаштам ва ман аз мусулмононам» (Сураи «Ахкоф», ояти15).
«Ва одамиро нисбат ба падару модари вай хукм фармудем; модараш вайро дар холи сусти болои сустии дигар дар шикам бардоштааст; ва аз шир чудо кардани у дар ду сол аст; (хукм фармудем, ки) Моро ва падару модари худро шукргузори кун! Бозгашт ба суи Ман аст» (Сураи «Лукмон», ояти 14).

Аз оёти мазкур маълум аст, ки то кадом андоза Худованди карим   эхтироми волидонро бузург дониста, арчгузориро нисбат ба онхо кори мухим хисобидааст. Хидмати волидон кори бузург буда, дар Куръони карим ишорахо бар он аст, ки ба хотири накуи бар падару модар дархои бихишт ба руи фарзандон кушода шаванд.
Ду гавхараки дида ва дурри гаронмоя, ки сабаби ба хаёт омадани мову нашъунамои моянд, падару модар аст. Аз неъматхои зохириву ботини, моддию маънави моро бархурдор ва комгор гардондаанд. Дар рохи тарбияти фарзанд чи ранчхову  захматхо кашидаанд. Аксари лаззатхо ва неъматхои дунёро ба хотири фарзандон тарк кардаанд.

Дар ранчурии фарзанд ранчуранд ва аз хурсандии фарзанди хеш болидахотиранд. То ба камолот расидани фарзанд чи ранчу машаккатхо мекашанд, ожангхо дар чехраи зебои онхо пайдо мешавад, комати  сарвину алифсони онхо камонсифат мегардад. Бахту саодати хешро нисори фарзандон месозанд, з-ин ру бар фарзандон вочиб аст, ки волидайнро эхтиром ва икром намоянд.
Дини мубини Ислом чи тавр ба макому манзалати эхтироми онхо бахо медихад ва кадру рутбаи онхоро то кадом дарача боло бурдааст, инро дар сурахои Бани Исроил, Ахкоф, Лукмон, Соффот, Нисо, Анъон ва гуфтахои Паёмбари акрам Мухаммад (с), асхоби у, тобеину табаа тобеин, олимону бузургони олами Ислом дидан мумкин аст.

Хар як падару модар барои фарзандони худ бояд  намунаи ибрат бошанд, то дар камолоти онхо накши муассире бозанд. Дар масири таърих падару модарони зиёде фарзандони солехи худро бо бехтарин усулхо тарбияву парвариш намудаанд, ки ифтихори хам падару модар ва хам кишвари азизашон шудаанд. Таълиму тарбияти дурусти фарзандон, манъ намудани онхо аз корхои зишту нораво (аз кабили даст задан ва ширкат намудан  дар амалиёти ифротгарои, рехтани хуни нохак чи дар дохили кишвар, чи дар хорич аз он), дар рухияи худшиноси, ватандорию ватанпарасти ва бо ахлоки хамидаю писандида тарбия намудани онхо яке аз масъалахои асосии чомеаи имрузаи мо мебошад.

Дар Куръони карим дар ин бора омадааст:

«Эй муъминон, хештан ва ахли хонаи худро аз оташе, ки оташафрузи он мардум ва сангхо бошанд, нигох доред! Фариштагони дуруштху, сахтру бар он оташ муваккаланд, Худоро дар он чи ба онхо фармудааст, нофармони намекунанд ва он чиро мекунанд, ки ба онхо хукм мешавад» (Сураи «Тахрим», ояти 6).
«…Бигу: Хамоно зиёнкорон ононанд, ки хештан ва ахли худро рузи киёмат зиён додаанд. Огох бош, хамоно ин зиёни ошкор аст!» (Сураи «Зумар», ояти15).
Вазифаи падару модар нихоят гуногунпахлу ва вазнин буда, аз онхо сабру тахаммул, бурдборива захмату талоши пайвастаро чихати тарбияи солими  фарзандон такозо дорад. Мутаассифона, баъзе падару модар ба тарбияи фарзандони худ таваччухи махсус зохир накарда, ба ин кори нихоят мухим бемасъулияти зохир менамоянд, окибат самараи талхи тарбияи худро бо чашм мебинанд, вале афсус ки пушаймони суде надорад.

Расули акрам(с) дар гироми доштани волидон чунин фармудааст: 

  1. «Бандае, ки аз волидайн ва Парвардигораш итоат ва фармонбардори кунад дар болотарин дарачаи бихишт карор дорад» («Канз-ул-уммол», хадиси 45480).
  2. 2. «Намози касе, падару модараш аз у хашмгин ва норози бошанд кабул намешавад» («Канз-ул-уммол», хадиси 45485).
  3. «Ба се чиз нигох кардан ибодат аст: 1) назар кардан ба руи падару модар; 2) нигох кардан ба Куръон; 3) нигох кардан ба бахр». («Канзу-л-уммол», хадиси 45336).
  4. «Ал-чаннату тахта-л-кудуми уммахот»,  «Бихишт зери пои модарон аст».(«Луббу-л-албоб», Рованди, хадиси 17933, «Ат-тарѓиб ва-т-тархиб», ривояти ибни Молик, хадиси 448).

Хидмати сазовори падару модар далели камоли имону имондори мебошад, зеро хидмати накуи онхо сифати паёмбарону расулон аст. Аз забони Паёмбар Яхё (раз.) дар Куръони карим оварда шудааст:
«Ва (маро) ба модари худ некукор (сохтааст) ва маро гарданкаши бадбахт накардааст» (Сураи «Марям», ояти 32).

Накуиба падару модар бехтарин ибодат ва асли тоатхо буда, рохест ба суи чаннат. Подоши накуиба падару модар аз  он иборат аст, ки сохибашро ба чаннат мебарад. Амр ибни Ос овардааст, ки марде назди Паёмбар (с) омада гуфт: Ман бо ту паймон мекунам, ки ба хотири савоб хамрохат чиход ва хичрат кунам. Фармуд: Оё яке аз волидайни ту зинда аст? Гуфт: Бале, хар ду зиндаанд. Фармуд: Ту мехохи савоби Худоро дарёби? Гуфт: Бале. Гуфт: Ба назди волидайни худ баргард ва ба онхо накуи кун!».

Падару модарба хотири бавоя расониданва тарбияи фарзандон азобхои зиёде кашида, тамоми машаккатхои зиндагиро сабру тахаммул мекунанд. Махз барои хамин Куръони карим ба фарзандон, хатто ичозати «уф» гуфтанро ба волидайнашонро надодааст:

«Ва Парвардигори ту хукм кард, ки ба чуз Худаш (дигаре)-ро ибодат макунед; ва ба падару модар  накукори бикунед; агар яке аз онхо ё харду назди ту ба калонсоли бирасанд, пас, ба онхо «уф» магу ва бар онхо бонг мазан ва ба онхо сухани неку бигу!  Ва аз (чихати) мехрубони бозуи  фурутаниро барояшон паст кун ва бигу: «Эй Парвардигори ман,  бар онхо бибахшои, чунончи маро дар хурдсоли парвариш карданд!» (Сураи «Исро», оятхои 23-24).

Дар оёти куръони ва аходиси набави хамеша аз чониби фарзандон дар ихотаи рахму шафкат, хусни муошират, мехру мухаббат, иззату икром карор доштани модартаъкид гардидааст. Дар аходиси набави назар ба падар модарро бештар таъкид кардани Паёмбар (с) бе хикмат нест, зеро зан нисбат ба  мард  бисёр заифу муштипар аст. Ба дунё овардани тифл аз давраи хамл то таваллуд,  шир додан, хама бар души уст, аз ин ру фарзанд бояд шафкатро нисбат ба у бештар кунад.

Дар хадиси дигари шариф омада: «Ривоят аст аз Абухурайра (раз.), ки гуфт: «Гуфт Наби алайхи-с-салом: Се дуо ба  даргохи Худованд мустачоб аст. Дуои мазлум, дуои мусофир ва дуои падару модар. Хар як мусулмон бояд аз ин дуохо пархез ва канорачуи намояд. Банда аз зулм пархез кунад, мусофирро наранчонад ва волидайнро  фармонбардори кунад, то дуои неки онхоро сохиб шавад, на дуои бадро». Ин матнро дар иншо ва ё реферататон истифода намоед. 

Тирмизи (рах.) аз Абдуллох ибни Умар (рах.) ривоят мекунад, ки Расули акрам (с) фармуданд: «Худои таоло аз он банда рози бошад, ки падару модар аз у рози бошанд ва хар он банда, ки падару модараш аз у рози набошанд, Аллох таоло  он бандаро ба ѓазаби худ гирифтор карда, дар оташи дузах бияндозад».
Дар «Чомеъ-ус-саѓир» омада: Аллох таоло итоат ва фармонбардории падару модарро амр кардааст. Хар ки падару модарро фармонбардор бошад, эшонро итоат карда бошад, аз ахли чаннат аст. Хар касе, ки  волидайнро озор дода бошад, Аллох таолоро дар ѓазаб оварда бошад».

Яке аз пайравони мазхаби Имоми Аъзам(рах.) факех Абулайси Самарканди (рах.) дар китоби хеш «Танбеху-л-ѓофилин» овардааст, ки агар Аллох таоло дар Куръон зикри хурмати падару модарро намекард, шахси окил медонад, ки хурмати волидайн вочиб аст. Хамеша дар тахсили ризои падару модар саъй кунад, дар зиндаги ризои онхоро дарёбад, баъд аз мурдан ба  фотиха ва хайру садака арвохи падару модарро хушнуд гардонад. Хак субхона ва таъоло дар Куръони мачид барои хурмати падару модар ва ризоии онхо амр кардааст.

Замоне, ки ибни Хубайра Имом Абуханифаро барои мунши шудан  даъват дод ва эшон имтиноъ варзид ва бар асари он ба Имом Абуханифа шаллок заданд, модари Имом зинда буд ва бисёр нигарон шуд. Имом Абуханифа мефармуд: «Аз ин шиканча норохат нестам, вале аз ин ки модарам аз ин масъала ѓамгин мешавад, норохат хастам».

Аз Ибни  Масъуд (раз.) ривоят аст, ки эшон фармуданд: «Ё расулаллох, кадом амал бехтар аст? Расулуллох фармуд: Гузоридани намоз дар вакташ. Гуфтам: Баъд кадом? Эшон фармуд: Накуи бар падару модар. Гуфтам: Баъд кадом? Эшон фармуд: Чиход дар рохи Худо».
Инчунин дар хадис омадааст, ки марде гуфт: «Ё  расулаллох, барои кадом кас некуи кунам? Расулуллох (с) фармуд: Барои модарат. Он мард айнан суолро се бор такрор намуд ва Паёмбар (с) дар хар бор мегуфт: Барои модарат ва дар мартабаи чахорум фармуд: накуи кун барои падарат ва баъд аз падар барои хешовандони наздиктар». Истифодаи ин матн дар иншо ё реферат ройгон аст.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …