Моддаи 14-и кодекси Андоз оиди “Шахсони мутакобилан вобаста”
- Шахсони мутакобилан вобаста шахсоне мебошанд, ки муносибатхои байни онхо метавонанд ба шароит ва натичаи иктисодии фаъолияти байни онхо ё фаъолияти шахсоне, ки онхоро намояндаги менамоянд, таъсир расонанд, аз чумла дар холатхое, ки:
– шахсон муассисони (иштирокчиёни) хамон як корхона бошанд, агар хиссаи хар яки онхо на камтар аз 20 фоизро ташкил намояд;
– як шахс мустаким ва (ё) гайримустаким дар шахси дигар иштирок намояд ва хиссаи умумии чунин иштирок зиёда аз 20 фоизро ташкил дихад;
– як шахс ба шахси дигар мувофики вазъи вазифави тобеъ бошад ё як шахс тахти назорати (мустаким ё гайримустакими) шахси дигар карор гирифта бошад;
– шахсон тахти назорати мустаким ё гайримустакими шахси сеюм карор дошта бошанд;
– шахсон мустакиман ё гайримустакиман шахси сеюмро назорат кунанд, агар хукуки овози хар кадоми онхо на камтар аз 20 фоизро ташкил дихад;
– шахсон бо хамдигар дар кайди никох бошанд ё муносибатхои хешованди дошта бошанд.
- Суд метавонад бо дигар асосхое, ки дар кисми 1 хамин моддапешбини нашудаанд, шахсонро мутакобилан вобаста эътироф намояд, агар муносибатхои миёни ин шахсон ба натичахои ахдхо оид ба тахвили (фуруши) молхо (ичрои корхо, хизматрасони) таъсир расонида тавонанд.