Главная / Чамъият / Экспертизаи давлатии суди

Экспертизаи давлатии суди

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи экспертизаи давлатии суди

 Бо Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

аз 18-уми майи соли 2005, № 60

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2005, № 5, моддаи 339)

кабул гардидааст 

Бо Карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

аз 15-уми июли соли 2005, № 97

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2005, № 6, моддаи 418) чонибдори гардидааст

 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2005, №7,  мод. 404; с.2007, №3, мод.160;

с.2012, №4, мод. 254; Ќонуни ЉТ аз 27.11.2014 с., № 1144)

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

 Моддаи 1. Максади Конуни мазкур

 Конуни мазкур асоси хукуки ва вазифахои асосии фаъолияти экспертизаи давлатии судиро дар Чумхурии Точикистон муайян намуда, муносибатхои чамъиятиеро, ки хангоми ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии суди ба вучуд меоянд, танзим менамояд.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи экспертизаи давлатии суди

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи экспертизаи давлатии суди ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон иборат мебошад.

Моддаи 3. Вазифаи экспертизаи давлатии суди

Вазифаи экспертизаи давлатии суди муайян кардани холатхое мебошад, ки онхо бо карорхои судхо, макомоти тахкик ва тафтишоти пешаки, инчунин дархостхои шахсони вокеи ва хукуки ба воситаи ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии суди бояд исбот карда шаванд.

БОБИ 2.

ФАЪОЛИЯТИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДИ

Моддаи 4. Мафхуми фаъолияти экспертизаи давлатии суди

Фаъолияти экспертизаи давлатии суди – фаъолиятест оид ба ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии суди аз руи таъиноти суд, карорхои судя, макомоти тахкик ва тафтишоти пешаки ва дархости шахсони вокеи ва хукуки аз чониби муассисахои махсус, ки Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис додааст, бо максади таъмин намудани хукук ва манфиатхои конунии шахс дар рафти мурофиаи чинояти, граждани, иктисоди ё маъмури тавассути донишхои махсус дар сохаи илм, техника, санъат ё хунар мукаррар кардани холатхое, ки бояд исбот карда шаванд.

Моддаи 5. Принсипхои фаъолияти экспертизаи давлатии суди

Фаъолияти экспертизаи давлатии суди ба принсипхои конуният, риояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд, мустакилияти коршиноси (эксперти) суди (минбаъд – коршиноси суди), мустакилии муассисахои экспертизаи давлатии суди, салохиятноки, бегарази, мукаммали ва пуррагии экспертиза, асоснокии илмии воситахо ва тарзу усулхои гузаронидани тадкикот, риояи одоби касби асос меёбад.

Моддаи 6. Риояи  хукуку  озодихои  инсон  ва  шахрванд  хангоми амали намудани фаъолияти

                      экспертизаи давлатии суди

  1. Фаъолияти экспертизаи давлатии суди дар худуд ва шаклхое, ки хамин Конун ва конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон мукаррар кардаанд, амали карда мешавад.
  2. Экспертизае, ки муваккатан махдуд кардани озодии шахс ё дахлнопазирии уро такозо мекунад, дар асос ва бо тартибе, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, гузаронида мешавад.
  3. Шахсе, ки гумон дорад амалиёти муассисаи экспертизаи давлатии суди ё коршиноси суди боиси махдуд шудани хукук ва озодихои у гардидааст, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон шикоят карда метавонад.

Моддаи 7. Салохиятноки, бегарази, мукаммали ва пуррагии экспертизаи давлатии суди

  1. Коршиноси суди экспертизаро дар асоси илми ва амали, дар худуди ихтисоси дахлдор, мукаммал ва пурра бо истифодаи комёбихои муосири илм ва техника мегузаронад.
  2. Хулосаи коршиноси суди бояд ба мукаррарот ва сатхи муосири рушди илм асос ёфта, имконият дихад, ки он дар заминаи маълумоти макбули умум санчида шавад.

Моддаи 8. Объектхои экспертиза ва таъмини нигахдории онхо

  1. Далелхои шайъи, намунахо барои экспертиза, хуччатхо, ашё, хайвон, часадхо ва кисмхои онхо, инчунин маводи парванда, ки аз руи он экспертизаи давлатии суди гузаронида мешавад, объектхои экспертиза буда метавонанд.
  2. Экспертиза нисбати шахс низ гузаронида мешавад.
  3. Объектхое, ки хусусиятхои одам, часад, хайвон, ашё, мавод ё модда, холати чои вокеа, намунахо барои мукоиса ва гайраро инъикос мекунанд ва ба коршиноси суди барои гузаронидани экспертиза ва додани хулоса лозиманд, намунахои экспертиза мебошанд.
  4. Хангоми гузаронидани экспертизахои давлатии суди он объектхои экспертизаро, ки дар кисми якуми хамин модда нишон дода шудаанд, бо ичозати маком ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, танхо ба андозае, ки барои гузаронидани экспертиза ва додани хулоса зарур аст, осебдор ё сарф кардан мумкин аст. Ичозати мазкур бояд дар карор ё таъинот дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии суди ё дар дархости дахлдор мавчуд бошад.
  5. Агар экспертизаи давлатии судиро дар чои вокеа гузаронидан зарур бошад, ё объекти экспертизаро ба муассисаи экспертизаи давлатии суди интикол додан гайриимкон бошад, маком ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардаанд, бояд ба коршиноси суди дастрасии бемамониати объект ва имконпазирии экспертизаи онро таъмин  намоянд.
  6. Таъмини нигохдории объектхои экспертизаи давлатии суди бо тартиби мукаррарнамудаи макомоти дахлдори Чумхурии Точикистон, ки дар моддаи 9 Конуни мазкур пешбини гардидаанд, амали карда мешавад. (КЧТ аз 16.04.12с., №804)

Моддаи 9. Муассисахои экспертизаи давлатии суди дар Чумхурии Точикистон

  1. Муассисахои экспертизаи давлатии суди дар Чумхурии Точикистон вобаста ба экспертизаи суди ва криминалисти дар Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон,  вобаста ба экспертизаи судии тибби ва судии равонпизишки дар Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, вобаста ба экспертизаи судии криминалисти дар Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон, вобаста ба экспертизаи судии сохаи гумрук дар Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон, вобаста ба экспертизаи судии маводи нашъаовар дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон ва вобаста ба экспертизаи судии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва савдо дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис дода мешаванд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1144)
  2. Фаъолияти муассисахои экспертизаи давлатии судиро оид ба ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии суди хамин Конун ва конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон танзим менамоянд.
  3. Гайр аз муассисаи экспертизаи давлатии судии равонпизишкии Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон дар дигар муассисахои экспертизаи давлатии суди ташкил кардан ва гузаронидани экспертизаи давлатии судии равонпизишки мумкин нест. (КЧТ аз 27.11.14с., №1144)
  4. Муассисахои экспертизаи давлатии суди ташкил ва гузаро-нидани экспертизаи давлатии судиро дар асоси муносибати ягонаи илмию методи ба амалияи экспертиза, омодагии касби ва ихтисоси коршиносони суди ба амал мебароранд.
  5. Муассисахои экспертизаи давлатии суди экспертизаи давлатии судиро мувофики сохае мегузаронанд, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои онхо муайян кардаанд.
  6. Фаъолияти экспертизаи давлатии суди оид ба ташкил ва гуза-ронидани экспертизаи давлатии суди барои дигар давлатхо мувофики шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

Моддаи 10. Мазмуни фаъолияти экспертизаи давлатии суди

Мазмуни фаъолияти экспертизаи давлатии суди аз инхо иборат аст:

1) ташкили фаъолияти муассисахои экспертизаи давлатии суди;

2) гузаронидани экспертизаи давлатии суди оид ба парвандахои чинояти, граждани, оилави, иктисоди ё маъмури; (КЧТ аз 16.04.12с., №804)

3)  тадкикоти илми дар сохаи экспертизаи давлатии суди;

4)  таъмини илмию методии экспертизаи давлатии суди;

5)  интихоб, тайёрии касби ва такмили ихтисоси коршиносони суди.

Моддаи 11. Тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии суди

Экспертизаи давлатии судиро бо тартиби мукаррарнамудаи хамин Конун ва дигар конунхои Чумхурии Точикистон коршиноси суди мегузаронад.

Моддаи 12. Намудхои экспертизаи давлатии суди

  1. Ба намудхои экспертизаи давлатии суди экспертизаи ибтидои, иловаги, такрори, комиссиони ва комплекси мансубанд.
  2. Экспертизаи ибтидои – экспертизаи судие мебошад, ки аввалин бор аз руи парванда барои халли масъалаи мавриди назари суд, макомоти тахкик ва тафтишоти пешаки, шахсони вокеи ва хукуки гузаронида шудааст.
  3. Экспертизаи иловаги – экспертизаи суди буда, дар мавридхое гузаронида мешавад, ки хулосаи коршиноси суди аз руи натичахои экспертизаи пештара ба таври кофи равшан намебошад ё коршиноси суди масъалахои дар наздаш гузошташударо пурра хал накардааст, ё хал кардани масъалахои иловаги бо экспертизаи пештара алокаманданд, ки ба хамон ё дигар коршиноси суди супорида мешавад.
  4. Экспертизаи такрори – экспертизаи суди буда, дар мавридхое гузаронида мешавад, ки хулосаи коршиноси суди аз руи натичахои экспертизаи давлатии судии пештара ба кадри кофи асоснок нест ё дурустии он боиси шакку шубха мегардад, ё меъёрхои мурофиавии гузаронидани экспертизаи давлатии суди чиддан вайрон карда шудаанд, ки ба дигар коршиноси суди ё коршиносони суди супорида мешавад.
  5. Экспертизаи комиссиони – экспертизаи судиест, ки комиссияи коршиносони судии як ихтисос мегузаронанд.
  6. Экспертизаи комплекси – экспертизаи судиест, ки комиссияи коршиносони судии ихтисосхои гуногун дар мавридхое мегузаронанд, ки агар барои мукаррар кардани холатхои барои парванда ахамиятнок тадкикот дар асоси сохахои мухталифи донишхо зарур бошад.

Моддаи 13. Таъмини илмию методии фаъолияти экспертизаи  давлатии суди

  1. Ташкили таъмини илмию методии фаъолияти экспертизаи дав-латии суди ба зиммаи вазоратхо ва идорахое гузошта мешавад, ки ба системаи онхо муассисахои махсусгардонидашуда ва хадамоти идоравии экспертизаи давлатии суди дохил мешаванд.
  2. Масъалахои мухимтарини рушди экспертизаи давлатии судии дорои хусусияти байниидоравиро Шурои хамохангсози оид ба масъалахои экспертизаи давлатии судии назди Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон барраси ва амали менамояд, ки  Низомномаи онро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.

БОБИ 3.

ВАЗЪИ ХУКУКИИ РОХБАРИ МУАССИСАИ

ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДИ  ВА КОРШИНОСИ СУДИ

Моддаи 14. Хукукхои рохбари муассисаи экспертизаи  давлатии  суди

  1. Рохбари муассисаи экспертизаи давлатии суди хукук дорад:

1) карор ё таъинот, инчунин дархостро дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии суди, объектхои тахкик ва маводи парвандаро, ки барои гузаронидани он пешниход шудаанд, ичро накарда баргардонад, агар дар ин муассиса коршиноси ихтисоси мушаххас, асоси моддию техникии зарури ё шароити махсуси гузаронидани экспертиза мавчуд набошанд;

2) ба маком ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст дар бораи ба хайати комиссияи коршиносон дохил намудани шахсонеро дархост намояд, ки дар ин муассиса кор намекунанд, агар донишхои махсуси онхо барои додани хулоса зарур бошанд;

3) гузаронидани экспертизаи давлатии судиро бо иштироки дигар муассисахое, ки дар карор ё таъинот дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии суди нишон дода шудаанд, ташкил намояд.

  1. Рохбари муассисаи экспертизаи давлатии суди хукук надорад:

1) бе карор ё таъинот, инчунин дархост дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии суди объекти экспертиза ва маводи парвандаро, ки барои гузаронидани экспертизаи давлатии суди заруранд, талаб намояд;

2) мустакилона, бе мувофикаи маком ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ба гузаронидани экспертиза шахсонеро чалб намояд, ки онхо дар ин муассиса кор намекунанд;

3) ба коршинос чунин дастур дихад, ки чараёни экспертизаро пешаки хал кунад ва мазмуни хулосаро оид ба экспертизаи давлатии судии мушаххас муайян намояд.

  1. Рохбари муассисаи экспертизаи давлатии суди хак дорад аз маком ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, чуброни харочотеро талаб намояд, ки бо амалхои зерин алокаманд мебошад:

1) подоши нигохдошти объектхои экспертиза, ки барои экспертизаи давлатии суди пешниход шудаанд;

2) хамлу накли объектхо баъд аз экспертизаи онхо;

3) нигох доштани объектхои экспертиза дар муассисахои экспертизаи давлатии суди баъди анчоми экспертизаи давлатии суди ва нигох доштани онхо зиёда аз мухлатхои мукарраркардаи санадхои меъёрии муассисахои экспертизаи давлатии суди;

4) бархам додани окибатхои таркиш, сухтор ва дигар холатхои фавкулодда, ки дар натичаи ба ин муассиса овардани объектхои дорои хавфи зиёд сар задааст, агар маком ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, дар бораи коидахои махсуси муомила бо объектхои мазкур хабар надода бошад ё онхо ба таври бояду шояд бастабанди  нашуда бошанд.

Моддаи 15. Вазифахои  рохбари муассисаи экспертизаи  давлатии суди

  1. Рохбари муассисаи экспертизаи давлатии суди вазифадор аст:

1) дар баробари гирифтани карор ё таъинот, инчунин дархост дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии суди гузаронидани экспертизаро ба коршиноси суди ё комиссияи коршиносони судии мушаххас, аз чумлаи  кормандони хамин муассиса супорад, ки доир ба саволхои гузошташуда донишхои махсус доранд;

2) ба коршиноси суди ё комиссияи коршиносони суди хангоми ба вазифа таъин шудан хукук ва вазифахояшонро фахмонда дихад;

3) коршиноси судиро дар бораи чавобгарии чинояти барои дидаю дониста додани хулосаи бардуруг, саркаши ё даст кашидан аз додани хулоса огох намояд ва аз у забонхати дахлдор гирад, ки он якчоя бо хулосаи коршинос ба маком ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, фиристода мешавад;

4) мухлати гузаронидани экспертизаи давлатии судиро бо тар-тиби мукарраркардаи конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намояд ва риояи онро назорат кунад;

5) назорати пурраги ва босифати экспертизаи давлатии судии гузаронидаро, бо риояи принсипи мустакилияти коршиноси суди, таъмин намояд;

6) баъди анчоми экспертиза хулосаи коршиноси суди, объектхои экспертиза ва маводи парвандаро ба маком ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин ё дархост кардааст, равон намояд.

7) иштироки коршиноси судиро дар мачлиси суди, амалиётхои суди ва тафтишоти таъмин намояд.

  1. Рохбари муассисаи экспертизаи давлатии суди барои гузарони-дани экспертизаи давлатии суди вазифадор аст мавчудияти тачхизот, асбоб, мавод ва воситахои таъминоти иттилооти, риояи коидахои техникаи бехатари ва санитарии истехсоли, нигох доштани объектхои экспертиза ва маводи парвандаро таъмин намояд.
  2. Рохбари муассисаи экспертизаи давлатии суди барои вайрон кардани мукаррароти хамин Конун ва ичро накардани вазифахои дар кисмхои якум ва дуюми хамин модда нишондодашуда мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон чавобгар мебошад.

Моддаи 16. Коршиноси суди

Коршиноси суди корманди муассисаи экспертизаи давлатии суди мебошад, ки экспертизаи давлатии судиро бо тартиби ичрои вазифахои хидматии худ мегузаронад.

Моддаи 17. Талаботи касби ва тахассуси ба коршиноси суди

  1. Вазифаи коршиноси судиро дар муассисахои экспертизаи давлатии суди шахсе ишгол карда метавонад, ки тахсилоти оли ё махсус дошта бошад ва тайёрии минбаъдаро аз руи ихтисоси мушаххаси коршиноси бо тартиби дар муассисаи экспертизаи давлатии судии мукарраршуда гузашта бошад.
  2. Дарачаи тайёрии касбии коршиноси суди ва ба у додани хукуки мустакилона гузаронидани экспертизаи давлатии судиро комиссияи  тахассуси муайян мекунад, ки онро рохбари вазорат ё идорае, ки муассисаи экспертизаи давлатии суди ба сохтори он дохил мешавад, таъсис додааст.

 

Моддаи 18. Хукукхои коршиноси суди

  1. Коршиноси суди хукук дорад:

1) объектхо, аз чумла намунахоеро барои экспертиза гирад, ки хангоми додани хулоса заруранд;

2) дар бораи додани объектхои экспертиза ва маводи парванда, ки барои додани хулоса заруранд, дархост дихад;

3) бо ичозати макоме (шахсе), ки мурофиаи чинояти, граждани, иктисоди ё маъмуриро мебарад, бо маводи парванда, ки ба мавзуи экспертиза мансуб аст, шинос шавад, маълумотеро, ки барои додани хулоса зарур аст, навишта гирад ё нусхабардори намояд;

4) барои гузаронидани экспертизаи давлатии суди чалб намудани дигар коршиносон ва мутахассисонро дархост намояд;

5) бо ичозати макоме (шахсе), ки мурофиаи чинояти, граждани, иктисоди ё маъмуриро мебарад, дар гузаронидани амалиётхои мурофиави иштирок намояд ва ба иштирокчиёни онхо вобаста ба мавзуи экспертизаи давлатии суди савол дихад;

6) бо мувофикаи макоме (шахсе), ки экспертизаро таъин кар-дааст, оид ба масъалахои дар наздаш гузошташуда, инчунин дигар холатхое, ки бо ташаббуси коршиноси суди дар худуди салохияти вай мукаррар карда шудааст, хулоса дихад;

7) диккати макомоти тахкик ва тафтишоти пешаки, суд ва дигар иштирокчиёни мурофиаро ба холатхое, ки бо мавзуи экспертиза, аз чумла бо ташаккули саволхои барои коршиноси суди алокаманд, чалб намояд;

8) бо протоколи амалиёти мурофиави, ки дар он иштирок кардааст, инчунин бо кисми дахлдори протоколи мачлиси суд шинос шавад ва дар хусуси пурраги ва дурустии дар протокол дохил кардани амалиётхои у эродхое баён намояд, ки онхо бояд ба протокол дохил карда шаванд;

9) товони харочотеро, ки хангоми истехсолот аз руи парванда ба вучуд омадааст ва товони зарареро гирад, ки бо амалиётхои гайриконунии макоме (шахсе), ки мурофиаи чинояти, граждани, иктисоди ё маъмуриро мебарад, расонида шудаанд;

10) аз гузаронидани экспертизаи давлатии суди даст кашад, агар:

– тартиби мурофиавии таъин кардани экспертизаи давлатии суди вайрон карда шуда бошад, агар ин холат гузаронидани экспертизаи давлатии судиро мушкил гардонад ё гузаронидани онро гайриимкон гардонад;

– объектхои экспертиза ва маводи парванда барои додани хулоса корношоям ё нокифоя бошанд ва ба коршиноси суди дар пурра кардани онхо рад карда шуда бошад;

– шароит, воситахои методи ва тачхизоте, ки барои гузаронидани экспертиза ва додани хулоса заруранд, мавчуд набошад;

– барои хаёт ва саломатии коршиноси суди хатари вокеи мавчуд бошад.

  1. Коршиноси  суди  хукук надорад:

1) супоришро дар бораи гузаронидани экспертизаи давлатии суди, ба истиснои рохбари муассисаи экспертизаи давлатии суди, бевосита аз ягон маком ё шахс гирад;

2) бо иштирокчиёни мурофиа оид ба масъалахое, ки бо гузаронидани экспертизаи давлатии суди алокаманд мебошанд, алокаю робитаи шахси ба рох монад, агар асос бошад, ки коршиноси суди ба натичаи кор манфиатдор аст;

3) барои гузаронидани экспертизаи давлатии суди мустакилона мавод чамъ намояд;

4) ба истиснои шахс ё макоме, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ба ягон кас дар бораи натичахои экспертизаи давлатии суди хабар дихад;

5) объектхои экспертизаро нобуд кунад ё хусусиятхои онхоро бе ичозати маком ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, тагйир дихад.

 

Моддаи 19. Вазифахои коршиноси суди

Коршиноси  суди вазифадор аст:

1) экспертизаи пурра гузаронад ва оид ба масъалахои дар назди у гузоштаи макоме (шахсе), ки уро конунгузории Чумхурии Точикистон ваколатдор кардааст, хулосаи хаттии илман асоснок ва холисона дихад;

2) аз додани хулоса даст кашад, агар масъалахои гузошташуда берун аз доираи донишхои махсуси у бошанд;

3) хангоми интихоби тарзу усули экспертиза талаботи хаддалимкон беосеб нигох доштани объектхои экспертизашавандаро ба назар гирад;

4) ба макоме (шахсе), ки мурофиаи чинояти, граждани, иктисоди ё маъмуриро мебарад харочотнома ва хисоботи харочоти суратгирифтаро пешниход намояд;

5) бо даъвати макоме (шахсе), ки мурофиаи чинояти, граждани, иктисоди ё маъмуриро мебарад, барои ба иштирокчиёни мурофиа нишон додани хулоса хозир шавад, ба саволхои онхо посух дихад, инчунин мазмуни хулосаро фахмонда дихад;

6) ба макоме (шахсе), ки мурофиаи чинояти, граждани, иктисоди ё маъмуриро мебарад, хуччатхои тасдиккунандаи тахассуси худро нишон дихад;

7) бо талаби макоме (шахсе), ки мурофиаи чинояти, граждани, иктисоди ё маъмуриро мебарад, инчунин бо талаби тарафхои иштироккунандаи мачлиси суди, дар бораи тачрибаи касби ва муносибати худ бо иштирокчиёни мурофиа маълумот дихад, дар сурате ки агар у бо шахсони мазкур ягон муносибат дошта бошад, аз гузаронидани экспертиза ва додани хулоса даст кашад;

8) маълумотро дар бораи амалиёти тафтишотии бо иштироки у гузаронидашуда ва холатхои дар ин маврид ошкор гардида, маълумоти мачлиси пушидаи суди, инчунин маълумоти ба у маълумшудаи холатхоеро, ки ба дахлнопазирии хаёти шахси, сирри давлати, тичорати ё дигар сирри бо конун хифзшаванда дохил мешавад, ошкор накунад.

 

Моддаи 20. Кафолатхои мустакилияти коршиноси суди ва дурустии хулосаи у

  1. Коршиноси суди хангоми гузаронидани фаъолияти экспер-тизаи давлатии суди мустакил аст ва наметавонад аз маком ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ба тарафхо ва дигар шахсони ба натичаи кор манфиатдор ягон вобастаги дошта бошад.
  2. Мустакилияти коршиноси суди ва дурустии хулосаи у таъмин мегардад:

1) бо тартиби таъин кардани экспертизаи давлатии суди, ки конунгузории мурофиавии чинояти, конунгузории мурофиавии граждани, конунгузории мурофиавии иктисоди ва конунгузори дар бораи хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини кардаанд;

2) бо тартиби мурофиави таъин кардани коршиноси суди;

3) бо мавчудияти муассисахои экспертизаи давлатии суди, ки аз суд, макомоти тахкик ва тафтишоти пешаки вобастаги надоранд;

4) бо фарохам овардани шароити моддию техники барои фаъолияти коршиноси суди;

5) бо пешбини намудани чавобгарии чиноии коршиноси суди барои дидаю дониста додани хулосаи бардуруг ва бе сабабхои узрнок саркаши кардан ё даст кашидан аз додани хулоса;

6) бо имконпазирии таъини экспертизаи давлатии судии иловаги, такрори, комиссиони ва комплекси;

7) бо хозир будани иштирокчиёни мурофиа дар мавридхои пешбиникардаи конунгузори хангоми гузаронидани экспертизаи давлатии суди;

8) бо бавучуд овардани низоми интихоб, тайёрии касби, такмили ихтисоси коршиноси суди.

  1. Аз тарафи судхо, судяхо, макомоти тахкик ва тафтишоти пешаки, муфаттишон ва прокурорхо, инчунин дигар макомоти давлати, шахсони вокеи ва хукуки, рохбари муассисаи экспертизаи давлатии суди бо максади гирифтани хулоса ба нафъи яке аз иштирокчиёни мурофиа ё ба манфиати дигар шахсон ба фаъолияти коршинос дахолат кардан мумкин нест.
  2. Шахсони вокеи ва хукуки, ки ба фаъолияти коршиноси суди дахолат мекунанд, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

БОБИ 4.

ГУЗАРОНИДАНИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДИ

Моддаи 21. Асосхои гузаронидани экспертизаи давлатии суди

  1. Асосхои гузаронидани экспертизаи давлатии суди таъиноти суд, карорхои судя, шахси тахкиккунанда, муфаттиш ё прокурор, инчунин дархости шахсони вокеи ва хукуки буда, аз рузи ворид гардидани карор ё дархости дахлдор  таъиншуда хисоб карда мешавад.
  2. Дар карор ё таъинот дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии суди бояд санаи таъин кардани экспертизаи давлатии суди, ном, насаб, вазифаи шахс ё номи макоме, ки экспертизаро таъин кардааст, номи муассисаи экспертизаи судие, ки ба он экспертизаи давлатии суди супорида мешавад, асосхои таъин кардани экспертиза нишон дода шуда, саволхои дар назди коршиноси суди гузошташуда, руйхати ашё ва маводе, ки ба у барои экспертиза дода шудаанд, оварда шаванд; дар мавридхои зарури шартхои махсуси сару кор бо объектхои экспертиза, инчунин дигар холатхои пешбиникардаи конунгузории мурофиави шарху эзох дода мешаванд.
  3. Маком ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, объектхои экспертиза ва маводи парвандаро, ки барои гузаронидани экспертиза ва додани хулосаи коршиноси суди заруранд, медихад.
  4. Маком ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, барои экспертиза намунахоро мегирад ва онхоро бо тартиби мукарраркардаи конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон ба парванда хамрох мекунад. Дар мавридхои зарури намунахо бо иштироки коршиноси суди, ки ба вай гузаронидани экспертизаи давлатии суди супорида шудааст ё мутахассис гирифта мешаванд.
  5. Дар сурате, ки агар гирифтани намунахо як кисми экспертиза буда, аз тарафи коршиноси суди бо истифодаи объектхои барои экспертизаи давлатии суди пешниходшуда ба чо оварда шавад, намунахо баъд аз тамом шудани экспертизаи давлатии суди ба маком ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, фиристонида мешаванд ё як вакти муайян дар муассисаи экспертизаи давлатии суди нигох дошта мешаванд.
  6. Экспертизаи давлатии суди метавонад бо дархости шахсони вокеи ва хукуки ё намояндагони онхо барои мукаррар кардани холатхое гузаронида шавад, ки ба акидаи шахсони мазкур, барои хифзи манфиатхои онхо истифода шуда метавонанд. Дархости шахсони мазкур дар бораи гузаронидани экспертиза бояд маълумотеро дар бар гирад, ки дар кисми дуюми хамин модда нишон дода шудаанд.
  7. Хусусиятхои гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси вокеиро боби 5 хамин Конун муайян мекунад.

 

Моддаи 22. Махдудиятхо хангоми ташкил ва гузаронидани  экспертизаи давлатии  суди

  1. Ба муассисаи экспертизаи давлатии суди гузаронидани экспертизаи давлатии суди супорида намешавад ва дар мавридхое, ки гузаронидани экспертизаи давлатии судии мазкур огоз карда шудааст, он фавран катъ карда мешавад, агар холатхои тасдиккунандаи ба натичаи кор манфиатдор будани рохбари хамин муассиса мукаррар карда шавад.
  2. Коршиноси суди дар сурати мавчуд будани асосхои пешбиникардаи конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон аз иштирок дар гузаронидани экспертизаи давлатии суди бояд рад карда шавад, агар экспертиза ба у супорида шуда бошад, вазифадор аст гузаронидани онро фавран катъ намояд.
  3. Экспертизаи давлатии суди ичронашуда хисобида мешавад ва хулосаи коршинос ба сифати исбот истифода карда намешавад, агар экспертизаи давлатии суди бо вайронкунии талаботи пешбиникардаи кисмхои якум ва дуюми хамин модда ташкил ва гузаронида шуда бошад. Дар ин маврид масъалаи таъин кардани экспертизаи давлатии судии такрори хал карда  мешавад.
  4. Дар гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси вокеи духтуре, ки то таъин кардани экспертиза ба шахси номбаршуда ёрии тибби расонидааст, иштирок карда наметавонад.

 

Моддаи 23. Экспертизаи давлатии судии иловаги ва такрори

  1. Экспертизаи давлатии судии иловаги дар сурате таъин карда мешавад, ки агар хулосахои коршиноси суди зери шубха гузошта нашаванд, вале онхоро чун хулосахои басо равшан ё комил хисобидан мумкин набошад ё аз сабаби нопуррагии экспертиза саволхои наве пайдо шаванд, ки барои мукаррар кардани хакикат ахамият дошта бошанд. Экспертизаи давлатии судии иловаги ба шахсе, ки экспертизаи асосиро гузаронидааст ё ба дигар коршиноси суди супорида мешавад.
  2. Экспертизаи давлатии судии такрори дар сурате таъин карда мешавад, ки агар хулосаи коршиноси суди асоснок набошад ё дар дурусти, аники ва асоснокии хулосаи у шубха ба вучуд омада бошад, инчунин экспертизаи такрори хангоми ошкор кардани зиддияти байни хулосахои якчанд коршиноси суди гузаронида мешавад. Экспертизаи давлатии судии такрори ба дигар коршиноси суди ё гурухи дигари коршиносони суди супорида мешавад.
  3. Агар натичахои экспертизаи давлатии судии ибтидои ва такрори ба хам мувофикат накунанд, коршиноси судие, ки экспертизаи такрориро гузаронидааст, вазифадор аст, ки дар хулосаи худ сабабхои ин ихтилофро нишон дихад.
  4. Дар сурати таъин кардани экспертизаи давлатии судии иловаги ва такрори асосхои таъин кардани онхо нишон дода мешаванд. Дар вакти таъин кардани экспертизаи давлатии судии такрори хулосае, ки баъди тамом шудани экспертизаи давлатии судии ибтидои тартиб дода шудааст, ё санад дар бораи имконнопазирии додани хулоса, инчунин тамоми маводи иловагие, ки дар ихтиёри шахс ё макоми экспертизаи давлатии судии навро таъинкарда мавчуд аст, пешниход карда мешаванд.

 

Моддаи 24. Экспертизаи давлатии судии комиссиони

  1. Экспертизаи давлатии судии комиссиони метавонад аз тарафи комиссияе, ки мутахассисони салохиятдори хамон як сохаро дар бар мегиранд, гузаронида шавад.
  2. Хусусияти комиссиявии экспертизаи давлатии судиро маком ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ё рохбари муассисаи экспертизаи давлатии суди муайян менамояд.
  3. Комиссияи коршиносони суди бо назардошти зарурат барои хал кардани масъалахои дар наздаш гузошташуда, максад, пайдархами ва хачми экспертизаи дарпешистодаро мувофика мекунад.
  4. Хангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии комис-сиони, хар яке аз коршиносони суди экспертизаро дар хачми пурра мегузаронад ва онхо натичахои ба даст овардашударо якчоя тахлил мекунанд.
  5. Коршиносони суди ба як фикру акидаи умуми омада, хулосаи якчоя ё маълумотномаро дар бораи имконнопазирии додани хулоса тахия карда, имзо мекунанд. Дар сурати байни коршиносони суди ба вучуд омадани ихтилофот, хар яке аз онхо аз руи масъалахое, ки боиси ихтилофот гардидаанд, хулосаи алохида медиханд.

Моддаи 25. Экспертизаи  давлатии  судии  комплекси

  1. Экспертизаи давлатии судии комплекси – экспертизаи давла-тии судие, ки онро комиссияи коршиносони судии дорои ихтисосхои мухталиф дар сурате мегузаронад, ки агар барои мукаррар намудани холате, ки барои парванда ахамият дорад, гузаронидани экспертиза дар асоси донишхои сохахои гуногун зарур бошад.
  2. Хангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии комплекси хар яке аз коршиносони суди экспертизаро дар доираи салохияти худ мегузаронад ва дар ифодаи посуххо танхо дар сохаи фаъолияти у, ки донишхои махсусро такозо мекунад, иштирок менамоянд.
  3. Дар хулосаи коршиносони суди, ки дар гузаронидани экспертизаи давлатии судии комплекси иштирок мекунанд, нишон дода мешавад, ки хар як коршиноси суди кадом экспертизаро ва дар кадом хачм гузаронидааст, у кадом холатхоро муайян кардааст ва ба кадом хулоса омадааст. Хар як коршиноси суди, ки дар гузаронидани экспертизаи давлатии судии комплекси иштирок мекунад, он кисми хулосаро имзо менамояд, ки дар он тавсифи экспертизаи гузаронидаи у мавчуд аст ва  барои он чавобгар мебошад. (КЧТ аз 27.11.14с., №1144)
  4. Хулосаи умумиро коршиносони судие мебароранд, ки дар арзёбии натичахои хосилшуда ва ифодаи хамин хулоса салохиятноканд. Агар асоси хулосаи умуми далелхое бошанд, ки онхоро як ё якчанд коршиноси суди мукаррар кардаанд, он бояд дар хулоса нишон дода шавад. Дар сурати пайдо шудани ихтилофи назар байни коршиносони суди, хар яке аз онхо мувофики кисми 2 хамин модда хулосаи алохида медихад.
  5. Ташкили экспертизаи давлатии судии комплекси ба зиммаи рохбари муассисаи экспертизаи давлатии суди гузошта мешавад.

 

Моддаи 26. Хозир будани иштирокчиёни мурофиа хангоми гузаронидани экспертизаи

                       давлатии суди дар муассисаи экспертизаи давлатии суди

 

  1. Хангоми гузаронидани экспертизаи давлатии суди он иштирокчиёни мурофиа хозир буда метавонанд, ки ба онхо конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон ин хукукро додааст.
  2. Иштирокчиёни мурофиа, ки дар гузаронидани экспертизаи давлатии суди хозир мебошанд, хак надоранд ба чараёни экспертиза дахолат кунанд, вале метавонанд шарху эзоххо ва ба коршиноси суди саволхои ба мавзуи экспертизаи давлатии суди дахлдоштаро диханд.
  3. Хангоми аз тарафи коршиноси суди тартиб додани хулоса, инчунин дар давраи мачлиси машваратии коршиносони суди ва тавсияи хулосахо, агар экспертизаи давлатии судиро комиссияи коршиносони суди гузаронад, хозир будани иштирокчиёни мурофиа мумкин нест.
  4. Агар иштирокчии мурофиа, ки дар гузаронидани экспертизаи давлатии суди иштирок дошт, ба коршиноси суди халал расонад, коршиноси суди хак дорад экспертизаро боздорад ва аз маком ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, бекор кардани ичозати дар экспертизаи давлатии суди хозир будани ин иштирокчии мурофиаро дархост намояд.
  5. Хусусиятхои хозир будани иштирокчии мурофиаро дар гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси вокеи боби 5 хамин Конун муайян менамояд.

 

Моддаи 27. Мухлатхои гузаронидани экспертизаи давлатии суди

Мухлатхои гузаронидани экспертизаи давлатии судиро дар муассисаи экспертизаи давлатии суди дастурамалхо дар бораи ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии суди, ки вазорату идорахои дар кисми якуми моддаи 9 Конуни мазкур номбаршуда кабул менамоянд, муайян мекунанд.

 

Моддаи 28. Хулосаи коршиноси суди ё комиссияи коршиносони   суди  ва  санад  дар  бораи

                       имконнопазирии  додани  хулоса

 

  1. Дар асоси экспертизаи гузаронидашуда, бо назардошти натичахои он ва мувофики донишхои махсус коршиноси суди аз номи худ (комиссия аз номи коршиносони суди) хулосаи хатти медихад ва барои хулосаи додашуда шахсан чавобгар мебошад. Хулосаро коршиноси (коршиносони) суди имзо мекунад ва он бо мухри муассисаи экспертизаи давлатии суди тасдик карда мешавад.
  2. Дар хулосаи коршиноси суди ё комиссияи коршиносони суди бояд нишон дода шавад:

1) вакт ва чои гузаронидани экспертизаи давлатии суди;

2) асосхои гузаронидани экспертизаи давлатии суди;

3) маълумот дар бораи маком ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст;

4) маълумот дар бораи муассисаи давлатии суди, дар бораи коршиноси суди (насаб, ном, номи падар, тахсилот, ихтисос, собикаи кор аз руи ихтисос, унвони илми, рутба, вазифаи ишголнамуда), ки ба он гузаронидани экспертизаи давлатии суди супорида шудааст;

5) мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон огох кардани коршиноси суди дар бораи чавобгарии чинояти барои дидаю дониста додани хулосаи бардуруг, саркаши ё рад кардан аз додани хулоса;

6) саволхое, ки дар назди коршиноси суди ё комиссияи коршиносони суди гузошта шудаанд;

7) объектхои экспертиза ва маводи парванда, ки ба коршиноси суди барои гузаронидани экспертизаи давлатии суди пешниход карда шудаанд;

8) маълумот дар бораи иштирокчиёни мурофиа, ки хангоми гузаронидани экспертизаи давлатии суди хозир мебошанд;

9) мазмун ва натичахои экспертиза, асосноксози ва ифодаи хулосахо оид ба саволхои гузошташуда.

  1. Маводе, ки хулосаи коршиноси суди ё комиссияи коршино-сони судиро шарх медихад, ба хулоса замима карда мешавад ва кисми таркибии он мебошад. Хуччатхое, ки чараён, шароит ва натичахои экспертизаро нишон медиханд, дар муассисаи экспертизаи давлатии суди махфуз дошта мешаванд. Бо талаби маком ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, хуччатхои зикршуда барои хамрох кардан ба парванда дода мешаванд. Агар то огози экспертиза коршиноси суди бовари хосил кунад, ки саволхои гузошташуда аз доираи донишхои махсуси у берун мебароянд ва комёбихои илм, техника, тачрибаи амали имкон намедиханд, ки ба ин саволхо посух дода шавад, ё маълумоти ибтидоии мавчуда барои додани хулосаи экспертизаи давлатии суди кофи нестанд ё корношоям мебошанд, у дар бораи имконнопазирии додани хулоса санад тартиб медихад.
  2. Хулосаи коршиноси суди ё санад дар бораи имконнопазирии додани хулоса аз тарафи рохбари муассисаи экспертизаи давлатии суди ба шахс ё макоме, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, фиристода мешавад.

 

Моддаи 29. Арзёбии хулосаи коршиноси суди

 

Хулосаи коршиноси суди мувофики конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон бо назардошти дакики, бегарази ва пуррагии экспертизаи гузаронидашуда, инчунин самарабахши ва бунёдии усулхои истифодашудаи экспертиза арзёби карда мешавад. Хулосаи коршиноси суди барои суд, прокурор, муфаттиш ё шахсе, ки тахкик мебарад, хатми намебошад, вале бо хулоса рози набудани онхо бояд асоснок карда шавад.

 

БОБИ 5.

ХУСУСИЯТХОИ   ГУЗАРОНИДАНИ  ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДИИ

ШАХСИ ВОКЕИ

Моддаи 30. Гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси вокеи

  1. Экспертизаи давлатии судии шахси вокеи дар сурати мавчуд будани шароите, ки барои гузаронидани экспертизаи дахлдор зарур аст, инчунин дар сурати таъмини риояи хукук ва манфиатхои конунии шахсоне, ки мавриди экспертиза карор мегиранд, гузаронида мешавад.
  2. Экспертизаи давлатии судии шахси вокеи бо тартиби мукарраркардаи конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.

Моддаи 31. Шароит ва чои гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси вокеи

  1. Экспертизаи давлатии судии шахси вокеи дар муассисаи тибби ё дигар муассисаи экспертизаи давлатии суди, инчунин дар чои дигаре гузаронида шуда метавонад, ки дар он чо шароитхое, ки барои гузаронидани экспертизаи дахлдор ва таъмини хукук ва манфиатхои конунии шахсе, ки нисбати у экспертиза гузаронида мешавад, мавчуданд.
  2. Агар хангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси вокеи зарурати хобондани шахс дар беморхона ба миён ояд, онро бо тартиби пешбиникардаи моддахои 32-35 хамин Конун ва талаботи конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон дар беморхона чойгир кардан мумкин аст.
  3. Ба муассисаи тибби ё дигар муассиса бурдани шахсеро, ки ба экспертизаи давлатии суди ба таври мачбури равона карда шудааст, маком ё шахсе таъмин мекунад, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст.

 

Моддаи 32. Ихтиёри ва мачбури гузаронидани экспертизаи  давлатии судии шахси вокеи

  1. Экспертизаи давлатии судии шахси вокеи метавонад ба таври ихтиёри ё мачбури гузаронида шавад.
  2. Агар экспертизаи давлатии суди ба таври ихтиёри гузаронида шавад, ба муассисаи экспертизаи давлатии суди бояд розигии хаттии шахсе дода шавад, ки нисбати вай экспертизаи давлатии суди гузаронида мешавад.
  3. Агар шахсе, ки нисбати вай экспертизаи давлатии суди таъин карда шудааст, ба синни 16 солаги нарасида бошад ва ё аз тарафи суд гайри кобили амал дониста шуда бошад, барои гузаронидани экспертизаи давлатии суди розигии хаттиро намояндаи конунии ин шахс медихад.
  4. Доираи шахсонеро, ки ба экспертизаи давлатии суди ба таври мачбури равона карда шуда метавонанд, конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон муайян менамояд. Агар дар конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон имконпазирии ба экспертизаи давлатии суди мачбуран равона кардани шахс дастури мустаким набошад, муассисаи экспертизаи давлатии суди хукук надорад, ки нисбати ин шахс экспертизаи давлатии судиро ба таври мачбури гузаронад.

 

Моддаи 33. Асосхо ва тартиби дар беморхона чой додани шахс

  1. Агар хангоми таъин ё гузаронидани экспертизаи давлатии судии тибби ё экспертизаи давлатии судии равонпизишки зарурияти хобонидани шахс дар беморхона ба миён ояд, шахс дар беморхонаи дахлдор дар асоси карор ё таъинот дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии суди чой дода мешавад. Тартиби дар беморхона чой додани шахсро конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон муайян менамояд.
  2. Шахсоне, ки дар хабсанд, барои гузаронидани экспертизаи давлатии суди дар беморхонахое чой дода мешаванд, ки махсус барои нигох доштани шахсони мазкур мувофик карда шудаанд.
  3. Барои гузаронидани экспертизаи давлатии судии равонпи-зишки шахс дар беморхонаи равонпизишки танхо дар асоси таъиноти суд, карори судя, прокурор, инчунин карори муфаттиш, макоми тахкик бо розигии прокурор чойгир карда мешавад. Беморхонахои равонпизишки барои дар онхо чойгир кардани шахсоне, ки дар хабс мебошанд ё барои дар онхо чойгир кардани  шахсони дар хабс набуда таъин карда мешавад.
  4. Маком ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст ва шахсро дар беморхона ба таври мачбури чойгир кардааст, вазифадор аст дар давоми 24 соат дар ин бора ба яке аз аъзои оилаи шахси чойгиркардашуда, хешу табори у ё бо дастури вай ба дигар шахсон ва дар сурати набудани шахсони мазкур, ба макоми корхои дохилии чои зисти шахси мазкур хабар дихад.

Моддаи 34. Мухлатхои дар беморхона будани шахс

  1. Шахс дар беморхона барои гузаронидани экспертизаи давлатии суди ба мухлати то 30 руз метавонад чойгир карда шавад.
  2. Дар сурати зарурат бо дархости асосноки коршиноси суди ё комиссияи коршиносони суди мухлати дар беморхона будани шахс бо таъиноти суд, карори судя, прокурор, инчунин муфаттиш ва тахкиккунанда бо розигии прокурор дароз карда мешавад.
  3. Дархости коршиноси суди ё комиссияи коршиносони суди дар бораи дароз кардани мухлати дар беморхона нигох доштани шахс бояд ба суд (судя), прокурор, муфаттиш, тахкиккунандае, ки парванда дар истехсолоти у мебошад, на дертар аз 10 шабонаруз пеш аз тамом шудани мухлати мукарраркардаи нигохдори пешниход гардад.
  4. Суд (судя), прокурор, муфаттиш ва тахкиккунанда дар мухлати 3 шабонаруз аз рузи гирифтани дархост карори дахлдор кабул менамояд ва оид ба он коршиноси суди ё комиссияи коршиносони судиро хабар медихад.
  5. Дар сурати аз тарафи суд (судя), прокурор, муфаттиш, тахкиккунанда рад кардани дароз намудани мухлати дар беморхона будани шахс, вай аз он чо фавран озод карда мешавад.
  6. Рохбари беморхона дар бораи таъиноти суд (судя), карори прокурор, муфаттиш, тахкиккунанда оид ба дароз кардани мухлат ба шахсе, ки дар беморхонаи зикршуда мебошад, хабар медихад.
  7. Дар мавридхои истиснои бо худи хамон тартиб дарозкунии такрории мухлати дар беморхона будани шахс мумкин аст. Зимнан мухлати умумии дар беморхона будани шахс хангоми гузаронидани як экспертизаи давлатии суди аз 90 шабонаруз зиёд шуда наметавонад.
  8. Барои вайрон кардани мухлати дар беморхона нигох доштани шахс, ки хамин модда мукаррар кардааст, шахс, химоятгар, намояндаи конуни ё дигар намояндагони вай, ки ба иштирок дар парванда рох дода шудаанд, инчунин рохбари беморхона бо тартиби пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон шикоят карда метавонанд.

Моддаи 35. Хифзи хукук  ва  манфиатхои  конунии  шахси вокеие, ки нисбати у экспертизаи

                       давлатии суди гузаронида  мешавад

 

  1. Хангоми гузаронидани экспертизаи давлатии суди манъ аст:

1) махдуд кардани хукук, фиреб додан, ба кор бурдани зури, тахдид ва дигар чорахои гайриконуни бо максади гирифтани маълумот аз шахси вокеие, ки нисбати у экспертизаи давлатии суди гузаронида мешавад;

2) озмудани воситахои нави дорувори, тарзу усулхои тадкикот, пешгири ва муоличаи беморихо, инчунин гузаронидани тадкикоти тачрибавии биотибби ва ба сифати объект истифода кардани шахси вокеие, ки нисбати вай экспертизаи давлатии суди гузаронида мешавад.

  1. Шахси вокеие, ки нисбати у экспертизаи давлатии суди гузаронида мешавад, хукук дорад ба коршиноси суди шарху эзохе дихад, ки он ба мавзуи хамин экспертизаи давлатии суди мансуб мебошад.
  2. Коршиноси суди дар хусуси маълумотхои гирифтааш аз шахси вокеие, ки нисбати у экспертизаи давлатии суди гузаронида шудааст ва ба мавзуи хамин экспертизаи давлатии суди мансубият надоранд, пурсиш карда намешавад.
  3. Вохурии шахси дар беморхона чойдодашуда бо химоятгар, намояндаи конуни ё дигар намояндагони у, ки ба иштирок дар парванда рох дода шудаанд, дар шароите ташкил карда мешавад, ки имконияти аз тарафи шахси сеюм гирифтани маълумотро истисно менамояд.
  4. Ба шахси дар беморхона чойдодашуда бояд имконияти вокеии пешниход кардани арзу шикоятхо ва дархостхо дода шавад. Шикоятхое, ки мувофики конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон аз тарафи шахси дар беморхона чойгиргардида пешниход шудаанд, набояд тафтиш шаванд ва дар давоми 24 соат ба шахсе, ки ба сурогаи у навишта шудааст, фиристода шавад.
  5. Шахсоне, ки дар хабс нигох дошта намешаванд, хукук доранд чуброни харочоти бо гузаронидани экспертизаи давлатии суди алокамандро дар асос ва бо тартиби пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон талаб намоянд.

 

Моддаи 36. Шартхои гузаронидани экспертизаи давлатии суди  нисбати шахсоне, ки дар хабс

                       ва дар беморхонахои  равонпизишки нигох дошта намешаванд

 

  1. Экспертизаи давлатии судии равонпизишки нисбати шахсоне, ки дар хабс нигох дошта намешаванд, дар беморхонахои равонпизишкии дорои бахши экспертизаи суди ва дар дигар беморхонахои равонпизишки гузаронида мешавад. Дар беморхонахои мазкур чойгир кардани шахсоне, ки дар хабс нигох дошта мешаванд, мумкин нест.
  2. Дар дигар беморхонахои равонпизишки чойгир кардани шахсоне, ки дар хабс нигох дошта намешаванд, гузаронидани экспертизаи давлатии судиро набояд душвор гардонад.
  3. Шахсоне, ки дар хабс нигох дошта намешаванд, дар давраи гузаронидани экспертизаи давлатии судии равонпизишки аз хукукхои беморони беморхонахои равонпизишки, ки конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи нигохдории тандурусти мукаррар кардааст, истифода мекунанд.
  4. Агар хангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии тибби ё судии равонпизишки зарурати мушохида ба хобонидани шахс пайдо шавад, суд, прокурор, инчунин муфаттиш, тахкиккунанда бо розигии прокурор шахсро дар муассисаи тиббии дахлдор чойгир мекунад ва оид ба ин дар карори таъин кардани экспертизаи давлатии суди нишон дода мешавад.
  5. Шахсе, ки дар хабс нигох дошта намешавад, дар муассисаи муоличавию равонпизишки бо розигии прокурор ё муовини у, ё бо таъиноти суд чойгир карда мешавад.
  6. Дар холати аз тарафи шахси дар хабс нигох доштанашаванда ва ба иллати вазнини рухи гирифтор набуда содир кардани амалиётхои ба хаёт ва саломатии атрофиён тахдидкунанда ё кори беморхонахои равонпизишкиро чиддан вайронкунанда маъмурияти беморхона дар ин бора ба макоми корхои дохилии махалли чойгиршави фавран хабар медихад, ки он бояд нисбати вайронкунанда чорахое андешад, ки онхо ба катъ кардани амалиётхои мазкур равона карда шуда бошанд.

Моддаи 37. Шароити гузаронидани экспертизаи давлатии суди нисбати шахсоне, ки дар

                       беморхонахои равонпизишки дар хабс нигох дошта мешаванд

 

  1. Экспертизаи давлатии судии равонпизишки нисбати шахсоне, ки дар хабс нигох дошта мешаванд, дар беморхонахои равонпизишки, ки барои дар онхо чойгир кардани шахсони мазкур таъин карда шудаанд, гузаронида мешавад.
  2. Таъмини амният ва посбонии беморхонахои мазкурро мако-моте ба амал мебароранд, ки ба зиммаи онхо таъмини амният ва посбонии чойхои дар хабс нигох доштан гузошта шудааст.
  3. Ба шахсони дар хабс нигох дошташаванда, ки дар беморхонахои дар кисми якуми хамин модда пешбинишуда чойгир карда шудаанд, меъёрхои Кодекси мурофиавии чиноятии Чумхурии Точикистон татбик мегарданд. Зимнан меъёрхое, ки ба кор бурдани чорахои чазо ва чавобгарии моддии шахсони мазкурро пешбини менамоянд, инчунин асосхои истифода бурдани силох нисбат ба шахсоне дахл надорад, ки онхо дорои аломатхои ошкорои иллати вазнини рухи мебошанд. (КЧТ аз 27.11.14с., №1144)
  4. Тартиби амалиёти хамкории шахсоне, ки амният ва посбонии беморхонахои дар кисми якуми хамин модда пешбинишударо таъмин менамоянд, бо кормандони тиббии беморхонахои мазкур якчоя аз тарафи Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон ва Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. (КЧТ аз 27.11.14с., №1144)

Моддаи 38. Махдудият дар татбики тарзу усулхои тадкикот  хангоми   гузаронидани

                        экспертизаи   давлатии  судии  шахси  вокеи

 

  1. Хангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси вокеи ба кор бурдани тарзу усулхои тадкикот, ки бо расонидани хисси дарди сахт алокаманданд, ё ба саломатии шахс таъсири манфи расонида метавонанд, тарзу усулхои чаррохи, инчунин тарзу усулхои истифодаашон дар амалияи хифзи саломати бо конунгузории Чумхурии Точикистон манъ карда шудааст, мумкин нест.
  2. Шахсе, ки нисбати у экспертизаи давлатии суди гузаронида мешавад, бояд дар шакли барои у дастрас дар бораи он тарзу усулхои тадкикот, ки нисбати у ба кор бурда мешаванд, аз он чумла тарзу усулхои алтернативи дар бораи эхтимолияти дардноки ва холатхои иловаги огох карда шавад. Ахбори мазкур инчунин ба шахсе, ки ба намояндаи конунии шахси тахти экспертизаи давлатии суди карордошта дархости дахлдорро изхор кардааст, расонида мешавад.
  3. Расонидани ёрии тибби ба шахсе, ки нисбати у экспертизаи давлатии суди гузаронида мешавад, танхо дар асос ва бо тартиби пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хифзи сихатии ахоли амали карда мешавад.
  4. Хангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси вокеи дар муассисаи тибби аз онхо намунахо гирифта мешаванд, ки онхо барои гузаронидани экспертиза заруранд ва дар ин бора дар хулосаи коршиноси суди нишон дода мешавад. Намунахоро духтур ё дигар мутахассис дар хузури ду коркуни тиббии хамин муассисаи тибби мегирад. Аз шахсоне, ки ба таври ихтиёри барои экспертизаи давлатии суди равон карда шудаанд, мачбуран гирифтани намунахо манъ аст.

Моддаи 39. Хозир   будани   иштирокчиёни   мурофиа хангоми гузаронидани экспертизаи

                      давлатии судии шахси вокеи

 

  1. Хангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси вокеи он иштирокчиёни мурофиа хозир буда метавонанд, ки ба онхо ин гуна хукукро конунгузории мурофиавии Чумхурии Точикистон додааст. Хозир будани дигар иштирокчиёни мурофиа бо ичозати маком ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст ва шахсе, ки нисбати вай экспертизаи давлатии суди гузаронида мешавад ё намояндаи конунии у рох дода мешавад.
  2. Хангоми гузаронидани экспертиза, ки дар рафти он барахна кардани шахсе сурат мегирад, ки нисбати у экспертизаи давлатии суди гузаронида мешавад, танхо шахсони хамчинс иштирок карда метавонанд. Махдудиятхои мазкур ба духтурон ва дигар коркунони тиббие, ки дар гузаронидани экспертизаи номбаршуда иштирок мекунанд, дахл надорад.

 

 

БОБИ 6.

ТАЪМИНОТИ  МОЛИЯВИ ВА МОДДИИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДИ

 

Моддаи 40. Маблаггузории муассисахои экспертизаи  давлатии  суди

 

  1. Маблаггузории муассисахои экспертизаи давлатии суди аз хисоби маблагхои бучети давлати, инчунин аз хисоби шахсони вокеи ва хукуки, ки музди гузаронидани экспертизахои суди, тадкикоти илми ва дигар корхои бо онхо алокамандро пардохт менамоянд, сурат мегирад. Тартиби пардохти маблагро аз хисоби шахсони вокеи ва хукуки Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.
  2. Пардохти музди экспертизаи давлатии судии парвандахои граждани,оилави ва иктисоди аз хисоби тарафе сурат мегирад, ки экспертиза бо талаби он гузаронида мешавад, оид ба ин дар карор ё таъинот дар бораи таъини экспертизаи давлатии суди нишон дода мешавад. (КЧТ аз 16.04.12с., №804)
  3. Маблаги харочоти гузаронидани экспертизаи давлатии судии парвандахои чинояти ва маъмури аз хисоби бучети давлати пардохт карда мешавад. (КЧТ аз 16.04.12с., №804)

 

Моддаи 41. Таъминоти моддии фаъолияти коршиноси суди

 

Пардохти музди мехнат, хавасмандгардони ва таъминоти дигари моддии коршиноси суди мувофики мукаррароти санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

БОБИ 7.

ХАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ ДАР СОХАИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДИ

Моддаи 42. Гузаронидани экспертизаи давлатии  суди бо хохиши   макомоти салохиятноки

                       дигар давлатхо

 

Тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии судиро бо хохиши макомоти салохиятноки дигар давлатхо конунгузории мурофиави ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон пешбини менамоянд.

 

Моддаи 43. Чалб намудани мутахассисони дигар давлатхо барои якчоя гузаронидани

                         экспертизахои давлатии суди

 

Рохбари муассисаи экспертизаи давлатии суди дар холатхои зарури хукук дорад бо розигии шахс ё макоме, ки экспертизаи давлатии судиро таъин мекунад, ба хайати комиссияи экспертиза мутахассисони ихтисосманди дигар давлатхоро дохил намояд. Ин гуна комиссияхои муштарак экспертизахои давлатии судиро мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон мегузаронанд.

 

Моддаи 44. Хамкории байналмилалии илми дар сохаи фаъолияти   экспертизаи давлатии

                       суди

 

Муассисахои экспертизаи давлатии судии Чумхурии Точикистон хукук доранд бо муассисахои экспертизаи давлатии суди ва криминалистии дигар давлатхо робитахои байналмилалии илми мукаррар намоянд, конференсияхо, симпозиумхо ва семинархои якчояи илми гузаронанд, бо тачриба, иттилооти илми ва нашрияхои чопи мубодила намоянд ва дар сохаи экспертизаи суди ва криминалисти нашрияхои муштарак  созмон диханд.

 

БОБИ 8.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 45. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 46.  Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон           Э.Рахмонов

 

ш. Душанбе, 25 июли соли 2005

№ 102

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …