ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18-уми майи соли 2005, № 60
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 5, моддаи 339)
қабул гардидааст
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15-уми июли соли 2005, № 97
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 6, моддаи 418) ҷонибдорӣ гардидааст
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 404; с.2007, №3, мод.160;
с.2012, №4, мод. 254; Ќонуни ЉТ аз 27.11.2014 с., № 1144)
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асоси ҳуқуқӣ ва вазифаҳои асосии фаъолияти экспертизаи давлатии судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки ҳангоми ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи давлатии судӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи давлатии судӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Моддаи 3. Вазифаи экспертизаи давлатии судӣ
Вазифаи экспертизаи давлатии судӣ муайян кардани ҳолатҳое мебошад, ки онҳо бо қарорҳои судҳо, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, инчунин дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба воситаи ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ бояд исбот карда шаванд.
БОБИ 2.
ФАЪОЛИЯТИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ
Моддаи 4. Мафҳуми фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ
Фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ – фаъолиятест оид ба ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ аз рўи таъиноти суд, қарорҳои судя, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ ва дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби муассисаҳои махсус, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додааст, бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахс дар рафти мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмурӣ тавассути донишҳои махсус дар соҳаи илм, техника, санъат ё ҳунар муқаррар кардани ҳолатҳое, ки бояд исбот карда шаванд.
Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ
Фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ ба принсипҳои қонуният, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мустақилияти коршиноси (эксперти) судӣ (минбаъд – коршиноси судӣ), мустақилии муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ, салоҳиятнокӣ, беғаразӣ, мукаммалӣ ва пуррагии экспертиза, асоснокии илмии воситаҳо ва тарзу усулҳои гузаронидани тадқиқот, риояи одоби касбӣ асос меёбад.
Моддаи 6. Риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти
экспертизаи давлатии судӣ
- Фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ дар ҳудуд ва шаклҳое, ки ҳамин Қонун ва қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, амалӣ карда мешавад.
- Экспертизае, ки муваққатан маҳдуд кардани озодии шахс ё дахлнопазирии ўро тақозо мекунад, дар асос ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, гузаронида мешавад.
- Шахсе, ки гумон дорад амалиёти муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ё коршиноси судӣ боиси махдуд шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ў гардидааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят карда метавонад.
Моддаи 7. Салоҳиятнокӣ, беғаразӣ, мукаммалӣ ва пуррагии экспертизаи давлатии судӣ
- Коршиноси судӣ экспертизаро дар асоси илмӣ ва амалӣ, дар ҳудуди ихтисоси дахлдор, мукаммал ва пурра бо истифодаи комёбиҳои муосири илм ва техника мегузаронад.
- Хулосаи коршиноси судӣ бояд ба муқаррарот ва сатҳи муосири рушди илм асос ёфта, имконият диҳад, ки он дар заминаи маълумоти мақбули умум санҷида шавад.
Моддаи 8. Объектҳои экспертиза ва таъмини нигаҳдории онҳо
- Далелҳои шайъӣ, намунаҳо барои экспертиза, ҳуҷҷатҳо, ашё, ҳайвон, ҷасадҳо ва қисмҳои онҳо, инчунин маводи парванда, ки аз рўи он экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад, объектҳои экспертиза буда метавонанд.
- Экспертиза нисбати шахс низ гузаронида мешавад.
- Объектҳое, ки хусусиятҳои одам, ҷасад, ҳайвон, ашё, мавод ё модда, ҳолати ҷои воқеа, намунаҳо барои муқоиса ва ғайраро инъикос мекунанд ва ба коршиноси судӣ барои гузаронидани экспертиза ва додани хулоса лозиманд, намунаҳои экспертиза мебошанд.
- Ҳангоми гузаронидани экспертизаҳои давлатии судӣ он объектҳои экспертизаро, ки дар қисми якуми ҳамин модда нишон дода шудаанд, бо иҷозати мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, танҳо ба андозае, ки барои гузаронидани экспертиза ва додани хулоса зарур аст, осебдор ё сарф кардан мумкин аст. Иҷозати мазкур бояд дар қарор ё таъинот дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ ё дар дархости дахлдор мавҷуд бошад.
- Агар экспертизаи давлатии судиро дар ҷои воқеа гузаронидан зарур бошад, ё объекти экспертизаро ба муассисаи экспертизаи давлатии судӣ интиқол додан ғайриимкон бошад, мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардаанд, бояд ба коршиноси судӣ дастрасии бемамониати объект ва имконпазирии экспертизаи онро таъмин намоянд.
- Таъмини нигоҳдории объектҳои экспертизаи давлатии судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с., №804)
Моддаи 9. Муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба экспертизаи судӣ ва криминалистӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба экспертизаи судии тиббӣ ва судии равонпизишкӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба экспертизаи судии криминалистӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба экспертизаи судии соҳаи гумрук дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба экспертизаи судии маводи нашъаовар дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вобаста ба экспертизаи судии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва савдо дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1144)
- Фаъолияти муассисаҳои экспертизаи давлатии судиро оид ба ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ҳамин Қонун ва қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд.
- Ғайр аз муассисаи экспертизаи давлатии судии равонпизишкии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ ташкил кардан ва гузаронидани экспертизаи давлатии судии равонпизишкӣ мумкин нест. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1144)
- Муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ ташкил ва гузаро-нидани экспертизаи давлатии судиро дар асоси муносибати ягонаи илмию методӣ ба амалияи экспертиза, омодагии касбӣ ва ихтисоси коршиносони судӣ ба амал мебароранд.
- Муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ экспертизаи давлатии судиро мувофиқи соҳае мегузаронанд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо муайян кардаанд.
- Фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ оид ба ташкил ва гуза-ронидани экспертизаи давлатии судӣ барои дигар давлатҳо мувофиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 10. Мазмуни фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ
Мазмуни фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ аз инҳо иборат аст:
1) ташкили фаъолияти муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ;
2) гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ё маъмурӣ; (ҚҶТ аз 16.04.12с., №804)
3) тадқиқоти илмӣ дар соҳаи экспертизаи давлатии судӣ;
4) таъмини илмию методии экспертизаи давлатии судӣ;
5) интихоб, тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси коршиносони судӣ.
Моддаи 11. Тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ
Экспертизаи давлатии судиро бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон коршиноси судӣ мегузаронад.
Моддаи 12. Намудҳои экспертизаи давлатии судӣ
- Ба намудҳои экспертизаи давлатии судӣ экспертизаи ибтидоӣ, иловагӣ, такрорӣ, комиссионӣ ва комплексӣ мансубанд.
- Экспертизаи ибтидоӣ – экспертизаи судие мебошад, ки аввалин бор аз рўи парванда барои ҳалли масъалаи мавриди назари суд, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гузаронида шудааст.
- Экспертизаи иловагӣ – экспертизаи судӣ буда, дар мавридҳое гузаронида мешавад, ки хулосаи коршиноси судӣ аз рўи натиҷаҳои экспертизаи пештара ба таври кофӣ равшан намебошад ё коршиноси судӣ масъалаҳои дар наздаш гузошташударо пурра ҳал накардааст, ё ҳал кардани масъалаҳои иловагӣ бо экспертизаи пештара алоқаманданд, ки ба ҳамон ё дигар коршиноси судӣ супорида мешавад.
- Экспертизаи такрорӣ – экспертизаи судӣ буда, дар мавридҳое гузаронида мешавад, ки хулосаи коршиноси судӣ аз рўи натиҷаҳои экспертизаи давлатии судии пештара ба қадри кофӣ асоснок нест ё дурустии он боиси шакку шубҳа мегардад, ё меъёрҳои мурофиавии гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ҷиддан вайрон карда шудаанд, ки ба дигар коршиноси судӣ ё коршиносони судӣ супорида мешавад.
- Экспертизаи комиссионӣ – экспертизаи судиест, ки комиссияи коршиносони судии як ихтисос мегузаронанд.
- Экспертизаи комплексӣ – экспертизаи судиест, ки комиссияи коршиносони судии ихтисосҳои гуногун дар мавридҳое мегузаронанд, ки агар барои муқаррар кардани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятнок тадқиқот дар асоси соҳаҳои мухталифи донишҳо зарур бошад.
Моддаи 13. Таъмини илмию методии фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ
- Ташкили таъмини илмию методии фаъолияти экспертизаи дав-латии судӣ ба зиммаи вазоратҳо ва идораҳое гузошта мешавад, ки ба системаи онҳо муассисаҳои махсусгардонидашуда ва хадамоти идоравии экспертизаи давлатии судӣ дохил мешаванд.
- Масъалаҳои муҳимтарини рушди экспертизаи давлатии судии дорои хусусияти байниидоравиро Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва амалӣ менамояд, ки Низомномаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
БОБИ 3.
ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ РОҲБАРИ МУАССИСАИ
ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ ВА КОРШИНОСИ СУДӢ
Моддаи 14. Ҳуқуқҳои роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ
- Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ҳуқуқ дорад:
1) қарор ё таъинот, инчунин дархостро дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ, объектҳои таҳқиқ ва маводи парвандаро, ки барои гузаронидани он пешниҳод шудаанд, иҷро накарда баргардонад, агар дар ин муассиса коршиноси ихтисоси мушаххас, асоси моддию техникии зарурӣ ё шароити махсуси гузаронидани экспертиза мавҷуд набошанд;
2) ба мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст дар бораи ба ҳайати комиссияи коршиносон дохил намудани шахсонеро дархост намояд, ки дар ин муассиса кор намекунанд, агар донишҳои махсуси онҳо барои додани хулоса зарур бошанд;
3) гузаронидани экспертизаи давлатии судиро бо иштироки дигар муассисаҳое, ки дар қарор ё таъинот дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ нишон дода шудаанд, ташкил намояд.
- Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ҳуқуқ надорад:
1) бе қарор ё таъинот, инчунин дархост дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ объекти экспертиза ва маводи парвандаро, ки барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ заруранд, талаб намояд;
2) мустақилона, бе мувофиқаи мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ба гузаронидани экспертиза шахсонеро ҷалб намояд, ки онҳо дар ин муассиса кор намекунанд;
3) ба коршинос чунин дастур диҳад, ки ҷараёни экспертизаро пешакӣ ҳал кунад ва мазмуни хулосаро оид ба экспертизаи давлатии судии мушаххас муайян намояд.
- Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ҳақ дорад аз мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ҷуброни хароҷотеро талаб намояд, ки бо амалҳои зерин алоқаманд мебошад:
1) подоши нигоҳдошти объектҳои экспертиза, ки барои экспертизаи давлатии судӣ пешниҳод шудаанд;
2) ҳамлу нақли объектҳо баъд аз экспертизаи онҳо;
3) нигоҳ доштани объектҳои экспертиза дар муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ баъди анҷоми экспертизаи давлатии судӣ ва нигоҳ доштани онҳо зиёда аз мўҳлатҳои муқарраркардаи санадҳои меъёрии муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ;
4) барҳам додани оқибатҳои таркиш, сўхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, ки дар натиҷаи ба ин муассиса овардани объектҳои дорои хавфи зиёд сар задааст, агар мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, дар бораи қоидаҳои махсуси муомила бо объектҳои мазкур хабар надода бошад ё онҳо ба таври бояду шояд бастабандӣ нашуда бошанд.
Моддаи 15. Вазифаҳои роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ
- Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ вазифадор аст:
1) дар баробари гирифтани қарор ё таъинот, инчунин дархост дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ гузаронидани экспертизаро ба коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судии мушаххас, аз ҷумлаи кормандони ҳамин муассиса супорад, ки доир ба саволҳои гузошташуда донишҳои махсус доранд;
2) ба коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судӣ ҳангоми ба вазифа таъин шудан ҳуқуқ ва вазифаҳояшонро фаҳмонда диҳад;
3) коршиноси судиро дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста додани хулосаи бардурўғ, саркашӣ ё даст кашидан аз додани хулоса огоҳ намояд ва аз ў забонхати дахлдор гирад, ки он якҷоя бо хулосаи коршинос ба мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, фиристода мешавад;
4) мўҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии судиро бо тар-тиби муқарраркардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд ва риояи онро назорат кунад;
5) назорати пуррагӣ ва босифати экспертизаи давлатии судии гузаронидаро, бо риояи принсипи мустақилияти коршиноси судӣ, таъмин намояд;
6) баъди анҷоми экспертиза хулосаи коршиноси судӣ, объектҳои экспертиза ва маводи парвандаро ба мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин ё дархост кардааст, равон намояд.
7) иштироки коршиноси судиро дар маҷлиси судӣ, амалиётҳои судӣ ва тафтишотӣ таъмин намояд.
- Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ барои гузарони-дани экспертизаи давлатии судӣ вазифадор аст мавҷудияти таҷҳизот, асбоб, мавод ва воситаҳои таъминоти иттилоотӣ, риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва санитарии истеҳсолӣ, нигоҳ доштани объектҳои экспертиза ва маводи парвандаро таъмин намояд.
- Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ барои вайрон кардани муқаррароти ҳамин Қонун ва иҷро накардани вазифаҳои дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда нишондодашуда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
Моддаи 16. Коршиноси судӣ
Коршиноси судӣ корманди муассисаи экспертизаи давлатии судӣ мебошад, ки экспертизаи давлатии судиро бо тартиби иҷрои вазифаҳои хидматии худ мегузаронад.
Моддаи 17. Талаботи касбӣ ва тахассусӣ ба коршиноси судӣ
- Вазифаи коршиноси судиро дар муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ шахсе ишғол карда метавонад, ки таҳсилоти олӣ ё махсус дошта бошад ва тайёрии минбаъдаро аз рўи ихтисоси мушаххаси коршиносӣ бо тартиби дар муассисаи экспертизаи давлатии судии муқарраршуда гузашта бошад.
- Дараҷаи тайёрии касбии коршиноси судӣ ва ба ў додани ҳуқуқи мустақилона гузаронидани экспертизаи давлатии судиро комиссияи тахассусӣ муайян мекунад, ки онро роҳбари вазорат ё идорае, ки муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ба сохтори он дохил мешавад, таъсис додааст.
Моддаи 18. Ҳуқуқҳои коршиноси судӣ
- Коршиноси судӣ ҳуқуқ дорад:
1) объектҳо, аз ҷумла намунаҳоеро барои экспертиза гирад, ки ҳангоми додани хулоса заруранд;
2) дар бораи додани объектҳои экспертиза ва маводи парванда, ки барои додани хулоса заруранд, дархост диҳад;
3) бо иҷозати мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад, бо маводи парванда, ки ба мавзўи экспертиза мансуб аст, шинос шавад, маълумотеро, ки барои додани хулоса зарур аст, навишта гирад ё нусхабардорӣ намояд;
4) барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ҷалб намудани дигар коршиносон ва мутахассисонро дархост намояд;
5) бо иҷозати мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад, дар гузаронидани амалиётҳои мурофиавӣ иштирок намояд ва ба иштирокчиёни онҳо вобаста ба мавзўи экспертизаи давлатии судӣ савол диҳад;
6) бо мувофиқаи мақоме (шахсе), ки экспертизаро таъин кар-дааст, оид ба масъалаҳои дар наздаш гузошташуда, инчунин дигар ҳолатҳое, ки бо ташаббуси коршиноси судӣ дар ҳудуди салоҳияти вай муқаррар карда шудааст, хулоса диҳад;
7) диққати мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, суд ва дигар иштирокчиёни мурофиаро ба ҳолатҳое, ки бо мавзўи экспертиза, аз ҷумла бо ташаккули саволҳои барои коршиноси судӣ алоқаманд, ҷалб намояд;
8) бо протоколи амалиёти мурофиавӣ, ки дар он иштирок кардааст, инчунин бо қисми дахлдори протоколи маҷлиси суд шинос шавад ва дар хусуси пуррагӣ ва дурустии дар протокол дохил кардани амалиётҳои ў эродҳое баён намояд, ки онҳо бояд ба протокол дохил карда шаванд;
9) товони хароҷотеро, ки ҳангоми истеҳсолот аз рўи парванда ба вуҷуд омадааст ва товони зарареро гирад, ки бо амалиётҳои ғайриқонунии мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад, расонида шудаанд;
10) аз гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ даст кашад, агар:
– тартиби мурофиавии таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ вайрон карда шуда бошад, агар ин ҳолат гузаронидани экспертизаи давлатии судиро мушкил гардонад ё гузаронидани онро ғайриимкон гардонад;
– объектҳои экспертиза ва маводи парванда барои додани хулоса корношоям ё нокифоя бошанд ва ба коршиноси судӣ дар пурра кардани онҳо рад карда шуда бошад;
– шароит, воситаҳои методӣ ва таҷҳизоте, ки барои гузаронидани экспертиза ва додани хулоса заруранд, мавҷуд набошад;
– барои ҳаёт ва саломатии коршиноси судӣ хатари воқеӣ мавҷуд бошад.
- Коршиноси судӣ ҳуқуқ надорад:
1) супоришро дар бораи гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ, ба истиснои роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ, бевосита аз ягон мақом ё шахс гирад;
2) бо иштирокчиёни мурофиа оид ба масъалаҳое, ки бо гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ алоқаманд мебошанд, алоқаю робитаи шахсӣ ба роҳ монад, агар асос бошад, ки коршиноси судӣ ба натиҷаи кор манфиатдор аст;
3) барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ мустақилона мавод ҷамъ намояд;
4) ба истиснои шахс ё мақоме, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ба ягон кас дар бораи натиҷаҳои экспертизаи давлатии судӣ хабар диҳад;
5) объектҳои экспертизаро нобуд кунад ё хусусиятҳои онҳоро бе иҷозати мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, тағйир диҳад.
Моддаи 19. Вазифаҳои коршиноси судӣ
Коршиноси судӣ вазифадор аст:
1) экспертизаи пурра гузаронад ва оид ба масъалаҳои дар назди ў гузоштаи мақоме (шахсе), ки ўро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор кардааст, хулосаи хаттии илман асоснок ва холисона диҳад;
2) аз додани хулоса даст кашад, агар масъалаҳои гузошташуда берун аз доираи донишҳои махсуси ў бошанд;
3) ҳангоми интихоби тарзу усули экспертиза талаботи ҳаддалимкон беосеб нигоҳ доштани объектҳои экспертизашавандаро ба назар гирад;
4) ба мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад хароҷотнома ва ҳисоботи хароҷоти суратгирифтаро пешниҳод намояд;
5) бо даъвати мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад, барои ба иштирокчиёни мурофиа нишон додани хулоса ҳозир шавад, ба саволҳои онҳо посух диҳад, инчунин мазмуни хулосаро фаҳмонда диҳад;
6) ба мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси худро нишон диҳад;
7) бо талаби мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад, инчунин бо талаби тарафҳои иштироккунандаи маҷлиси судӣ, дар бораи таҷрибаи касбӣ ва муносибати худ бо иштирокчиёни мурофиа маълумот диҳад, дар сурате ки агар ў бо шахсони мазкур ягон муносибат дошта бошад, аз гузаронидани экспертиза ва додани хулоса даст кашад;
8) маълумотро дар бораи амалиёти тафтишотии бо иштироки ў гузаронидашуда ва ҳолатҳои дар ин маврид ошкор гардида, маълумоти маҷлиси пўшидаи судӣ, инчунин маълумоти ба ў маълумшудаи холатҳоеро, ки ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда дохил мешавад, ошкор накунад.
Моддаи 20. Кафолатҳои мустақилияти коршиноси судӣ ва дурустии хулосаи ў
- Коршиноси судӣ ҳангоми гузаронидани фаъолияти экспер-тизаи давлатии судӣ мустақил аст ва наметавонад аз мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ба тарафҳо ва дигар шахсони ба натиҷаи кор манфиатдор ягон вобастагӣ дошта бошад.
- Мустақилияти коршиноси судӣ ва дурустии хулосаи ў таъмин мегардад:
1) бо тартиби таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ, ки қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, қонунгузории мурофиавии гражданӣ, қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ ва қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд;
2) бо тартиби мурофиавӣ таъин кардани коршиноси судӣ;
3) бо мавҷудияти муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ, ки аз суд, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ вобастагӣ надоранд;
4) бо фароҳам овардани шароити моддию техникӣ барои фаъолияти коршиноси судӣ;
5) бо пешбинӣ намудани ҷавобгарии ҷиноии коршиноси судӣ барои дидаю дониста додани хулосаи бардурўғ ва бе сабабҳои узрнок саркашӣ кардан ё даст кашидан аз додани хулоса;
6) бо имконпазирии таъини экспертизаи давлатии судии иловагӣ, такрорӣ, комиссионӣ ва комплексӣ;
7) бо ҳозир будани иштирокчиёни мурофиа дар мавридҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ;
8) бо бавуҷуд овардани низоми интихоб, тайёрии касбӣ, такмили ихтисоси коршиноси судӣ.
- Аз тарафи судҳо, судяҳо, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, муфаттишон ва прокурорҳо, инчунин дигар мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ бо мақсади гирифтани хулоса ба нафъи яке аз иштирокчиёни мурофиа ё ба манфиати дигар шахсон ба фаъолияти коршинос дахолат кардан мумкин нест.
- Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти коршиноси судӣ дахолат мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
БОБИ 4.
ГУЗАРОНИДАНИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ
Моддаи 21. Асосҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ
- Асосҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ таъиноти суд, қарорҳои судя, шахси таҳқиқкунанда, муфаттиш ё прокурор, инчунин дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, аз рўзи ворид гардидани қарор ё дархости дахлдор таъиншуда ҳисоб карда мешавад.
- Дар қарор ё таъинот дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ бояд санаи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ, ном, насаб, вазифаи шахс ё номи мақоме, ки экспертизаро таъин кардааст, номи муассисаи экспертизаи судие, ки ба он экспертизаи давлатии судӣ супорида мешавад, асосҳои таъин кардани экспертиза нишон дода шуда, саволҳои дар назди коршиноси судӣ гузошташуда, рўйхати ашё ва маводе, ки ба ў барои экспертиза дода шудаанд, оварда шаванд; дар мавридҳои зарурӣ шартҳои махсуси сару кор бо объектҳои экспертиза, инчунин дигар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузории мурофиавӣ шарҳу эзоҳ дода мешаванд.
- Мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, объектҳои экспертиза ва маводи парвандаро, ки барои гузаронидани экспертиза ва додани хулосаи коршиноси судӣ заруранд, медиҳад.
- Мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, барои экспертиза намунаҳоро мегирад ва онҳоро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парванда ҳамроҳ мекунад. Дар мавридҳои зарурӣ намунаҳо бо иштироки коршиноси судӣ, ки ба вай гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ супорида шудааст ё мутахассис гирифта мешаванд.
- Дар сурате, ки агар гирифтани намунаҳо як қисми экспертиза буда, аз тарафи коршиноси судӣ бо истифодаи объектҳои барои экспертизаи давлатии судӣ пешниҳодшуда ба ҷо оварда шавад, намунаҳо баъд аз тамом шудани экспертизаи давлатии судӣ ба мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, фиристонида мешаванд ё як вақти муайян дар муассисаи экспертизаи давлатии судӣ нигоҳ дошта мешаванд.
- Экспертизаи давлатии судӣ метавонад бо дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё намояндагони онҳо барои муқаррар кардани ҳолатҳое гузаронида шавад, ки ба ақидаи шахсони мазкур, барои ҳифзи манфиатҳои онҳо истифода шуда метавонанд. Дархости шахсони мазкур дар бораи гузаронидани экспертиза бояд маълумотеро дар бар гирад, ки дар қисми дуюми ҳамин модда нишон дода шудаанд.
- Хусусиятҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеиро боби 5 ҳамин Қонун муайян мекунад.
Моддаи 22. Маҳдудиятҳо ҳангоми ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ
- Ба муассисаи экспертизаи давлатии судӣ гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ супорида намешавад ва дар мавридҳое, ки гузаронидани экспертизаи давлатии судии мазкур оғоз карда шудааст, он фавран қатъ карда мешавад, агар ҳолатҳои тасдиқкунандаи ба натиҷаи кор манфиатдор будани роҳбари ҳамин муассиса муқаррар карда шавад.
- Коршиноси судӣ дар сурати мавҷуд будани асосҳои пешбиникардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иштирок дар гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ бояд рад карда шавад, агар экспертиза ба ў супорида шуда бошад, вазифадор аст гузаронидани онро фавран қатъ намояд.
- Экспертизаи давлатии судӣ иҷронашуда ҳисобида мешавад ва хулосаи коршинос ба сифати исбот истифода карда намешавад, агар экспертизаи давлатии судӣ бо вайронкунии талаботи пешбиникардаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда ташкил ва гузаронида шуда бошад. Дар ин маврид масъалаи таъин кардани экспертизаи давлатии судии такрорӣ ҳал карда мешавад.
- Дар гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ духтуре, ки то таъин кардани экспертиза ба шахси номбаршуда ёрии тиббӣ расонидааст, иштирок карда наметавонад.
Моддаи 23. Экспертизаи давлатии судии иловагӣ ва такрорӣ
- Экспертизаи давлатии судии иловагӣ дар сурате таъин карда мешавад, ки агар хулосаҳои коршиноси судӣ зери шубҳа гузошта нашаванд, вале онҳоро чун хулосаҳои басо равшан ё комил ҳисобидан мумкин набошад ё аз сабаби нопуррагии экспертиза саволҳои наве пайдо шаванд, ки барои муқаррар кардани ҳақиқат аҳамият дошта бошанд. Экспертизаи давлатии судии иловагӣ ба шахсе, ки экспертизаи асосиро гузаронидааст ё ба дигар коршиноси судӣ супорида мешавад.
- Экспертизаи давлатии судии такрорӣ дар сурате таъин карда мешавад, ки агар хулосаи коршиноси судӣ асоснок набошад ё дар дурустӣ, аниқӣ ва асоснокии хулосаи ў шубҳа ба вуҷуд омада бошад, инчунин экспертизаи такрорӣ ҳангоми ошкор кардани зиддияти байни хулосаҳои якчанд коршиноси судӣ гузаронида мешавад. Экспертизаи давлатии судии такрорӣ ба дигар коршиноси судӣ ё гурўҳи дигари коршиносони судӣ супорида мешавад.
- Агар натиҷаҳои экспертизаи давлатии судии ибтидоӣ ва такрорӣ ба ҳам мувофиқат накунанд, коршиноси судие, ки экспертизаи такрориро гузаронидааст, вазифадор аст, ки дар хулосаи худ сабабҳои ин ихтилофро нишон диҳад.
- Дар сурати таъин кардани экспертизаи давлатии судии иловагӣ ва такрорӣ асосҳои таъин кардани онҳо нишон дода мешаванд. Дар вақти таъин кардани экспертизаи давлатии судии такрорӣ хулосае, ки баъди тамом шудани экспертизаи давлатии судии ибтидоӣ тартиб дода шудааст, ё санад дар бораи имконнопазирии додани хулоса, инчунин тамоми маводи иловагие, ки дар ихтиёри шахс ё мақоми экспертизаи давлатии судии навро таъинкарда мавҷуд аст, пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 24. Экспертизаи давлатии судии комиссионӣ
- Экспертизаи давлатии судии комиссионӣ метавонад аз тарафи комиссияе, ки мутахассисони салоҳиятдори ҳамон як соҳаро дар бар мегиранд, гузаронида шавад.
- Хусусияти комиссиявии экспертизаи давлатии судиро мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ё роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ муайян менамояд.
- Комиссияи коршиносони судӣ бо назардошти зарурат барои ҳал кардани масъалаҳои дар наздаш гузошташуда, мақсад, пайдарҳамӣ ва ҳаҷми экспертизаи дарпешистодаро мувофиқа мекунад.
- Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии комис-сионӣ, ҳар яке аз коршиносони судӣ экспертизаро дар ҳаҷми пурра мегузаронад ва онҳо натиҷаҳои ба даст овардашударо якҷоя таҳлил мекунанд.
- Коршиносони судӣ ба як фикру ақидаи умумӣ омада, хулосаи якҷоя ё маълумотномаро дар бораи имконнопазирии додани хулоса таҳия карда, имзо мекунанд. Дар сурати байни коршиносони судӣ ба вуҷуд омадани ихтилофот, ҳар яке аз онҳо аз рўи масъалаҳое, ки боиси ихтилофот гардидаанд, хулосаи алоҳида медиҳанд.
Моддаи 25. Экспертизаи давлатии судии комплексӣ
- Экспертизаи давлатии судии комплексӣ – экспертизаи давла-тии судие, ки онро комиссияи коршиносони судии дорои ихтисосҳои мухталиф дар сурате мегузаронад, ки агар барои муқаррар намудани ҳолате, ки барои парванда аҳамият дорад, гузаронидани экспертиза дар асоси донишҳои соҳаҳои гуногун зарур бошад.
- Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии комплексӣ ҳар яке аз коршиносони судӣ экспертизаро дар доираи салоҳияти худ мегузаронад ва дар ифодаи посухҳо танҳо дар соҳаи фаъолияти ў, ки донишҳои махсусро тақозо мекунад, иштирок менамоянд.
- Дар хулосаи коршиносони судӣ, ки дар гузаронидани экспертизаи давлатии судии комплексӣ иштирок мекунанд, нишон дода мешавад, ки ҳар як коршиноси судӣ кадом экспертизаро ва дар кадом ҳаҷм гузаронидааст, ў кадом ҳолатҳоро муайян кардааст ва ба кадом хулоса омадааст. Ҳар як коршиноси судӣ, ки дар гузаронидани экспертизаи давлатии судии комплексӣ иштирок мекунад, он қисми хулосаро имзо менамояд, ки дар он тавсифи экспертизаи гузаронидаи ў мавҷуд аст ва барои он ҷавобгар мебошад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1144)
- Хулосаи умумиро коршиносони судие мебароранд, ки дар арзёбии натиҷаҳои ҳосилшуда ва ифодаи ҳамин хулоса салоҳиятноканд. Агар асоси хулосаи умумӣ далелҳое бошанд, ки онҳоро як ё якчанд коршиноси судӣ муқаррар кардаанд, он бояд дар хулоса нишон дода шавад. Дар сурати пайдо шудани ихтилофи назар байни коршиносони судӣ, ҳар яке аз онҳо мувофиқи қисми 2 ҳамин модда хулосаи алоҳида медиҳад.
- Ташкили экспертизаи давлатии судии комплексӣ ба зиммаи роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ гузошта мешавад.
Моддаи 26. Ҳозир будани иштирокчиёни мурофиа ҳангоми гузаронидани экспертизаи
давлатии судӣ дар муассисаи экспертизаи давлатии судӣ
- Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ он иштирокчиёни мурофиа ҳозир буда метавонанд, ки ба онҳо қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳуқуқро додааст.
- Иштирокчиёни мурофиа, ки дар гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ҳозир мебошанд, ҳақ надоранд ба ҷараёни экспертиза дахолат кунанд, вале метавонанд шарҳу эзоҳҳо ва ба коршиноси судӣ саволҳои ба мавзўи экспертизаи давлатии судӣ дахлдоштаро диҳанд.
- Ҳангоми аз тарафи коршиноси судӣ тартиб додани хулоса, инчунин дар давраи маҷлиси машваратии коршиносони судӣ ва тавсияи хулосаҳо, агар экспертизаи давлатии судиро комиссияи коршиносони судӣ гузаронад, ҳозир будани иштирокчиёни мурофиа мумкин нест.
- Агар иштирокчии мурофиа, ки дар гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ иштирок дошт, ба коршиноси судӣ халал расонад, коршиноси судӣ ҳақ дорад экспертизаро боздорад ва аз мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, бекор кардани иҷозати дар экспертизаи давлатии судӣ ҳозир будани ин иштирокчии мурофиаро дархост намояд.
- Хусусиятҳои ҳозир будани иштирокчии мурофиаро дар гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ боби 5 ҳамин Қонун муайян менамояд.
Моддаи 27. Мўҳлатҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ
Мўҳлатҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судиро дар муассисаи экспертизаи давлатии судӣ дастурамалҳо дар бораи ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ, ки вазорату идораҳои дар қисми якуми моддаи 9 Қонуни мазкур номбаршуда қабул менамоянд, муайян мекунанд.
Моддаи 28. Хулосаи коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судӣ ва санад дар бораи
имконнопазирии додани хулоса
- Дар асоси экспертизаи гузаронидашуда, бо назардошти натиҷаҳои он ва мувофиқи донишҳои махсус коршиноси судӣ аз номи худ (комиссия аз номи коршиносони судӣ) хулосаи хаттӣ медиҳад ва барои хулосаи додашуда шахсан ҷавобгар мебошад. Хулосаро коршиноси (коршиносони) судӣ имзо мекунад ва он бо мўҳри муассисаи экспертизаи давлатии судӣ тасдиқ карда мешавад.
- Дар хулосаи коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судӣ бояд нишон дода шавад:
1) вақт ва ҷои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ;
2) асосҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ;
3) маълумот дар бораи мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст;
4) маълумот дар бораи муассисаи давлатии судӣ, дар бораи коршиноси судӣ (насаб, ном, номи падар, таҳсилот, ихтисос, собиқаи кор аз рўи ихтисос, унвони илмӣ, рутба, вазифаи ишғолнамуда), ки ба он гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ супорида шудааст;
5) мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ кардани коршиноси судӣ дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста додани хулосаи бардурўғ, саркашӣ ё рад кардан аз додани хулоса;
6) саволҳое, ки дар назди коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судӣ гузошта шудаанд;
7) объектҳои экспертиза ва маводи парванда, ки ба коршиноси судӣ барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ пешниҳод карда шудаанд;
8) маълумот дар бораи иштирокчиёни мурофиа, ки ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ҳозир мебошанд;
9) мазмун ва натиҷаҳои экспертиза, асосноксозӣ ва ифодаи хулосаҳо оид ба саволҳои гузошташуда.
- Маводе, ки хулосаи коршиноси судӣ ё комиссияи коршино-сони судиро шарҳ медиҳад, ба хулоса замима карда мешавад ва қисми таркибии он мебошад. Ҳуҷҷатҳое, ки ҷараён, шароит ва натиҷаҳои экспертизаро нишон медиҳанд, дар муассисаи экспертизаи давлатии судӣ маҳфуз дошта мешаванд. Бо талаби мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ҳуҷҷатҳои зикршуда барои ҳамроҳ кардан ба парванда дода мешаванд. Агар то оғози экспертиза коршиноси судӣ боварӣ ҳосил кунад, ки саволҳои гузошташуда аз доираи донишҳои махсуси ў берун мебароянд ва комёбиҳои илм, техника, таҷрибаи амалӣ имкон намедиҳанд, ки ба ин саволҳо посух дода шавад, ё маълумоти ибтидоии мавҷуда барои додани хулосаи экспертизаи давлатии судӣ кофӣ нестанд ё корношоям мебошанд, ў дар бораи имконнопазирии додани хулоса санад тартиб медиҳад.
- Хулосаи коршиноси судӣ ё санад дар бораи имконнопазирии додани хулоса аз тарафи роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ба шахс ё мақоме, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, фиристода мешавад.
Моддаи 29. Арзёбии хулосаи коршиноси судӣ
Хулосаи коршиноси судӣ мувофиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дақиқӣ, беғаразӣ ва пуррагии экспертизаи гузаронидашуда, инчунин самарабахшӣ ва бунёдии усулҳои истифодашудаи экспертиза арзёбӣ карда мешавад. Хулосаи коршиноси судӣ барои суд, прокурор, муфаттиш ё шахсе, ки таҳқиқ мебарад, ҳатмӣ намебошад, вале бо хулоса розӣ набудани онҳо бояд асоснок карда шавад.
БОБИ 5.
ХУСУСИЯТҲОИ ГУЗАРОНИДАНИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДИИ
ШАХСИ ВОҚЕӢ
Моддаи 30. Гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ
- Экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ дар сурати мавҷуд будани шароите, ки барои гузаронидани экспертизаи дахлдор зарур аст, инчунин дар сурати таъмини риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсоне, ки мавриди экспертиза қарор мегиранд, гузаронида мешавад.
- Экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Моддаи 31. Шароит ва ҷои гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ
- Экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ дар муассисаи тиббӣ ё дигар муассисаи экспертизаи давлатии судӣ, инчунин дар ҷои дигаре гузаронида шуда метавонад, ки дар он ҷо шароитҳое, ки барои гузаронидани экспертизаи дахлдор ва таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсе, ки нисбати ў экспертиза гузаронида мешавад, мавҷуданд.
- Агар ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ зарурати хобондани шахс дар беморхона ба миён ояд, онро бо тартиби пешбиникардаи моддаҳои 32-35 ҳамин Қонун ва талаботи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхона ҷойгир кардан мумкин аст.
- Ба муассисаи тиббӣ ё дигар муассиса бурдани шахсеро, ки ба экспертизаи давлатии судӣ ба таври маҷбурӣ равона карда шудааст, мақом ё шахсе таъмин мекунад, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст.
Моддаи 32. Ихтиёрӣ ва маҷбурӣ гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ
- Экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ метавонад ба таври ихтиёрӣ ё маҷбурӣ гузаронида шавад.
- Агар экспертизаи давлатии судӣ ба таври ихтиёрӣ гузаронида шавад, ба муассисаи экспертизаи давлатии судӣ бояд розигии хаттии шахсе дода шавад, ки нисбати вай экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад.
- Агар шахсе, ки нисбати вай экспертизаи давлатии судӣ таъин карда шудааст, ба синни 16 солагӣ нарасида бошад ва ё аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шуда бошад, барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ розигии хаттиро намояндаи қонунии ин шахс медиҳад.
- Доираи шахсонеро, ки ба экспертизаи давлатии судӣ ба таври маҷбурӣ равона карда шуда метавонанд, қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Агар дар қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазирии ба экспертизаи давлатии судӣ маҷбуран равона кардани шахс дастури мустақим набошад, муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ҳуқуқ надорад, ки нисбати ин шахс экспертизаи давлатии судиро ба таври маҷбурӣ гузаронад.
Моддаи 33. Асосҳо ва тартиби дар беморхона ҷой додани шахс
- Агар ҳангоми таъин ё гузаронидани экспертизаи давлатии судии тиббӣ ё экспертизаи давлатии судии равонпизишкӣ зарурияти хобонидани шахс дар беморхона ба миён ояд, шахс дар беморхонаи дахлдор дар асоси қарор ё таъинот дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ ҷой дода мешавад. Тартиби дар беморхона ҷой додани шахсро қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
- Шахсоне, ки дар ҳабсанд, барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ дар беморхонаҳое ҷой дода мешаванд, ки махсус барои нигоҳ доштани шахсони мазкур мувофиқ карда шудаанд.
- Барои гузаронидани экспертизаи давлатии судии равонпи-зишкӣ шахс дар беморхонаи равонпизишкӣ танҳо дар асоси таъиноти суд, қарори судя, прокурор, инчунин қарори муфаттиш, мақоми таҳқиқ бо розигии прокурор ҷойгир карда мешавад. Беморхонаҳои равонпизишкӣ барои дар онҳо ҷойгир кардани шахсоне, ки дар ҳабс мебошанд ё барои дар онҳо ҷойгир кардани шахсони дар ҳабс набуда таъин карда мешавад.
- Мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст ва шахсро дар беморхона ба таври маҷбурӣ ҷойгир кардааст, вазифадор аст дар давоми 24 соат дар ин бора ба яке аз аъзои оилаи шахси ҷойгиркардашуда, хешу табори ў ё бо дастури вай ба дигар шахсон ва дар сурати набудани шахсони мазкур, ба мақоми корҳои дохилии ҷои зисти шахси мазкур хабар диҳад.
Моддаи 34. Мўҳлатҳои дар беморхона будани шахс
- Шахс дар беморхона барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ба мўҳлати то 30 рўз метавонад ҷойгир карда шавад.
- Дар сурати зарурат бо дархости асосноки коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судӣ мўҳлати дар беморхона будани шахс бо таъиноти суд, қарори судя, прокурор, инчунин муфаттиш ва таҳқиқкунанда бо розигии прокурор дароз карда мешавад.
- Дархости коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судӣ дар бораи дароз кардани мўҳлати дар беморхона нигоҳ доштани шахс бояд ба суд (судя), прокурор, муфаттиш, таҳқиқкунандае, ки парванда дар истеҳсолоти ў мебошад, на дертар аз 10 шабонарўз пеш аз тамом шудани мўҳлати муқарраркардаи нигоҳдорӣ пешниҳод гардад.
- Суд (судя), прокурор, муфаттиш ва таҳқиқкунанда дар мўҳлати 3 шабонарўз аз рўзи гирифтани дархост қарори дахлдор қабул менамояд ва оид ба он коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судиро хабар медиҳад.
- Дар сурати аз тарафи суд (судя), прокурор, муфаттиш, таҳқиқкунанда рад кардани дароз намудани мўҳлати дар беморхона будани шахс, вай аз он ҷо фавран озод карда мешавад.
- Роҳбари беморхона дар бораи таъиноти суд (судя), қарори прокурор, муфаттиш, таҳқиқкунанда оид ба дароз кардани мўҳлат ба шахсе, ки дар беморхонаи зикршуда мебошад, хабар медиҳад.
- Дар мавридҳои истисноӣ бо худи ҳамон тартиб дарозкунии такрории мўҳлати дар беморхона будани шахс мумкин аст. Зимнан мўҳлати умумии дар беморхона будани шахс ҳангоми гузаронидани як экспертизаи давлатии судӣ аз 90 шабонарўз зиёд шуда наметавонад.
- Барои вайрон кардани мўҳлати дар беморхона нигоҳ доштани шахс, ки ҳамин модда муқаррар кардааст, шахс, ҳимоятгар, намояндаи қонунӣ ё дигар намояндагони вай, ки ба иштирок дар парванда роҳ дода шудаанд, инчунин роҳбари беморхона бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят карда метавонанд.
Моддаи 35. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахси воқеие, ки нисбати ў экспертизаи
давлатии судӣ гузаронида мешавад
- Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ манъ аст:
1) маҳдуд кардани ҳуқуқ, фиреб додан, ба кор бурдани зўрӣ, таҳдид ва дигар чораҳои ғайриқонунӣ бо мақсади гирифтани маълумот аз шахси воқеие, ки нисбати ў экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад;
2) озмудани воситаҳои нави доруворӣ, тарзу усулҳои тадқиқот, пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳо, инчунин гузаронидани тадқиқоти таҷрибавии биотиббӣ ва ба сифати объект истифода кардани шахси воқеие, ки нисбати вай экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад.
- Шахси воқеие, ки нисбати ў экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад, ҳуқуқ дорад ба коршиноси судӣ шарҳу эзоҳе диҳад, ки он ба мавзўи ҳамин экспертизаи давлатии судӣ мансуб мебошад.
- Коршиноси судӣ дар хусуси маълумотҳои гирифтааш аз шахси воқеие, ки нисбати ў экспертизаи давлатии судӣ гузаронида шудааст ва ба мавзўи ҳамин экспертизаи давлатии судӣ мансубият надоранд, пурсиш карда намешавад.
- Вохўрии шахси дар беморхона ҷойдодашуда бо ҳимоятгар, намояндаи қонунӣ ё дигар намояндагони ў, ки ба иштирок дар парванда роҳ дода шудаанд, дар шароите ташкил карда мешавад, ки имконияти аз тарафи шахси сеюм гирифтани маълумотро истисно менамояд.
- Ба шахси дар беморхона ҷойдодашуда бояд имконияти воқеии пешниҳод кардани арзу шикоятҳо ва дархостҳо дода шавад. Шикоятҳое, ки мувофиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахси дар беморхона ҷойгиргардида пешниҳод шудаанд, набояд тафтиш шаванд ва дар давоми 24 соат ба шахсе, ки ба суроғаи ў навишта шудааст, фиристода шавад.
- Шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта намешаванд, ҳуқуқ доранд ҷуброни хароҷоти бо гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ алоқамандро дар асос ва бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд.
Моддаи 36. Шартҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ нисбати шахсоне, ки дар ҳабс
ва дар беморхонаҳои равонпизишкӣ нигоҳ дошта намешаванд
- Экспертизаи давлатии судии равонпизишкӣ нисбати шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта намешаванд, дар беморхонаҳои равонпизишкии дорои бахши экспертизаи судӣ ва дар дигар беморхонаҳои равонпизишкӣ гузаронида мешавад. Дар беморхонаҳои мазкур ҷойгир кардани шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд, мумкин нест.
- Дар дигар беморхонаҳои равонпизишкӣ ҷойгир кардани шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта намешаванд, гузаронидани экспертизаи давлатии судиро набояд душвор гардонад.
- Шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта намешаванд, дар давраи гузаронидани экспертизаи давлатии судии равонпизишкӣ аз ҳуқуқҳои беморони беморхонаҳои равонпизишкӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нигоҳдории тандурустӣ муқаррар кардааст, истифода мекунанд.
- Агар ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии тиббӣ ё судии равонпизишкӣ зарурати мушоҳида ба хобонидани шахс пайдо шавад, суд, прокурор, инчунин муфаттиш, таҳқиқкунанда бо розигии прокурор шахсро дар муассисаи тиббии дахлдор ҷойгир мекунад ва оид ба ин дар қарори таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ нишон дода мешавад.
- Шахсе, ки дар ҳабс нигоҳ дошта намешавад, дар муассисаи муолиҷавию равонпизишкӣ бо розигии прокурор ё муовини ў, ё бо таъиноти суд ҷойгир карда мешавад.
- Дар ҳолати аз тарафи шахси дар ҳабс нигоҳ доштанашаванда ва ба иллати вазнини рўҳӣ гирифтор набуда содир кардани амалиётҳои ба ҳаёт ва саломатии атрофиён таҳдидкунанда ё кори беморхонаҳои равонпизишкиро ҷиддан вайронкунанда маъмурияти беморхона дар ин бора ба мақоми корҳои дохилии маҳалли ҷойгиршавӣ фавран хабар медиҳад, ки он бояд нисбати вайронкунанда чораҳое андешад, ки онҳо ба қатъ кардани амалиётҳои мазкур равона карда шуда бошанд.
Моддаи 37. Шароити гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ нисбати шахсоне, ки дар
беморхонаҳои равонпизишкӣ дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд
- Экспертизаи давлатии судии равонпизишкӣ нисбати шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд, дар беморхонаҳои равонпизишкӣ, ки барои дар онҳо ҷойгир кардани шахсони мазкур таъин карда шудаанд, гузаронида мешавад.
- Таъмини амният ва посбонии беморхонаҳои мазкурро мақо-моте ба амал мебароранд, ки ба зиммаи онҳо таъмини амният ва посбонии ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан гузошта шудааст.
- Ба шахсони дар ҳабс нигоҳ дошташаванда, ки дар беморхонаҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда ҷойгир карда шудаанд, меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд. Зимнан меъёрҳое, ки ба кор бурдани чораҳои ҷазо ва ҷавобгарии моддии шахсони мазкурро пешбинӣ менамоянд, инчунин асосҳои истифода бурдани силоҳ нисбат ба шахсоне дахл надорад, ки онҳо дорои аломатҳои ошкорои иллати вазнини рўҳӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1144)
- Тартиби амалиёти ҳамкории шахсоне, ки амният ва посбонии беморхонаҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишударо таъмин менамоянд, бо кормандони тиббии беморхонаҳои мазкур якҷоя аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1144)
Моддаи 38. Маҳдудият дар татбиқи тарзу усулҳои тадқиқот ҳангоми гузаронидани
экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ
- Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ ба кор бурдани тарзу усулҳои тадқиқот, ки бо расонидани ҳисси дарди сахт алоқаманданд, ё ба саломатии шахс таъсири манфӣ расонида метавонанд, тарзу усулҳои ҷарроҳӣ, инчунин тарзу усулҳои истифодаашон дар амалияи ҳифзи саломатӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, мумкин нест.
- Шахсе, ки нисбати ў экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад, бояд дар шакли барои ў дастрас дар бораи он тарзу усулҳои тадқиқот, ки нисбати ў ба кор бурда мешаванд, аз он ҷумла тарзу усулҳои алтернативӣ дар бораи эҳтимолияти дарднокӣ ва ҳолатҳои иловагӣ огоҳ карда шавад. Ахбори мазкур инчунин ба шахсе, ки ба намояндаи қонунии шахси таҳти экспертизаи давлатии судӣ қарордошта дархости дахлдорро изҳор кардааст, расонида мешавад.
- Расонидани ёрии тиббӣ ба шахсе, ки нисбати ў экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад, танҳо дар асос ва бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ амалӣ карда мешавад.
- Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ дар муассисаи тиббӣ аз онҳо намунаҳо гирифта мешаванд, ки онҳо барои гузаронидани экспертиза заруранд ва дар ин бора дар хулосаи коршиноси судӣ нишон дода мешавад. Намунаҳоро духтур ё дигар мутахассис дар ҳузури ду коркуни тиббии ҳамин муассисаи тиббӣ мегирад. Аз шахсоне, ки ба таври ихтиёрӣ барои экспертизаи давлатии судӣ равон карда шудаанд, маҷбуран гирифтани намунаҳо манъ аст.
Моддаи 39. Ҳозир будани иштирокчиёни мурофиа ҳангоми гузаронидани экспертизаи
давлатии судии шахси воқеӣ
- Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ он иштирокчиёни мурофиа ҳозир буда метавонанд, ки ба онҳо ин гуна ҳуқуқро қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст. Ҳозир будани дигар иштирокчиёни мурофиа бо иҷозати мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст ва шахсе, ки нисбати вай экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад ё намояндаи қонунии ў роҳ дода мешавад.
- Ҳангоми гузаронидани экспертиза, ки дар рафти он бараҳна кардани шахсе сурат мегирад, ки нисбати ў экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад, танҳо шахсони ҳамҷинс иштирок карда метавонанд. Маҳдудиятҳои мазкур ба духтурон ва дигар коркунони тиббие, ки дар гузаронидани экспертизаи номбаршуда иштирок мекунанд, дахл надорад.
БОБИ 6.
ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВӢ ВА МОДДИИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ
Моддаи 40. Маблағгузории муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ
- Маблағгузории муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, инчунин аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки музди гузаронидани экспертизаҳои судӣ, тадқиқоти илмӣ ва дигар корҳои бо онҳо алоқамандро пардохт менамоянд, сурат мегирад. Тартиби пардохти маблағро аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
- Пардохти музди экспертизаи давлатии судии парвандаҳои гражданӣ,оилавӣ ва иқтисодӣ аз ҳисоби тарафе сурат мегирад, ки экспертиза бо талаби он гузаронида мешавад, оид ба ин дар қарор ё таъинот дар бораи таъини экспертизаи давлатии судӣ нишон дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с., №804)
- Маблағи хароҷоти гузаронидани экспертизаи давлатии судии парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с., №804)
Моддаи 41. Таъминоти моддии фаъолияти коршиноси судӣ
Пардохти музди меҳнат, ҳавасмандгардонӣ ва таъминоти дигари моддии коршиноси судӣ мувофиқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
БОБИ 7.
ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ
Моддаи 42. Гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ бо хоҳиши мақомоти салоҳиятноки
дигар давлатҳо
Тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии судиро бо хоҳиши мақомоти салоҳиятноки дигар давлатҳо қонунгузории мурофиавӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамоянд.
Моддаи 43. Ҷалб намудани мутахассисони дигар давлатҳо барои якҷоя гузаронидани
экспертизаҳои давлатии судӣ
Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуқуқ дорад бо розигии шахс ё мақоме, ки экспертизаи давлатии судиро таъин мекунад, ба ҳайати комиссияи экспертиза мутахассисони ихтисосманди дигар давлатҳоро дохил намояд. Ин гуна комиссияҳои муштарак экспертизаҳои давлатии судиро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд.
Моддаи 44. Ҳамкории байналмилалии илмӣ дар соҳаи фаъолияти экспертизаи давлатии
судӣ
Муассисаҳои экспертизаи давлатии судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ ва криминалистии дигар давлатҳо робитаҳои байналмилалии илмӣ муқаррар намоянд, конференсияҳо, симпозиумҳо ва семинарҳои якҷояи илмӣ гузаронанд, бо таҷриба, иттилооти илмӣ ва нашрияҳои чопӣ мубодила намоянд ва дар соҳаи экспертизаи судӣ ва криминалистӣ нашрияҳои муштарак созмон диҳанд.
БОБИ 8.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 45. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 46. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш. Душанбе, 25 июли соли 2005
№ 102