Главная / Илм / ДУРБИНи

ДУРБИНи

durbiniДУРБИНи (Hypermetropia), дурназари, як навъ нуксони биноии чашм. Хангоми Д. нурхое, ки аз ашёи муоинашаванда ба чашм мерасанд, на дар шабакия (турпардаи чашм), балки дар паси он хамдигарро бурида мегузаранд. Д. сабук, миёна ва вазнин мешавад. Дарачаи Д.-ро аз руи кувваи оптикии линза муайян мекунанд: дар аснои ба руи чашм (дар мавриди оромии татобук, яъне аккомодатсия) гузоштан, линза самти нурхои мутавозии ба он афтандаро чунон тагйир медихад, ки онхо дар шабакия якдигарро бурида мегузаранд. Д.-и сабук бемори нест. Факат Д.-и вазнинро, ки дар натичаи аз инкишоф мондани гузаи чашм ба миён меояд, бемори донистан мумкин аст. Инкисори чашми дурбин нисбатан суст мебошад. Барои дар шабакия акс ёфтани чизхои хатто дур, чашм бояд инкисорро аз хисоби татобук, яъне зиёд кардани качии булурак, таквият дихад. Бахри баръало дидани ашёи наздик бояд татобуки чашм боз хам зуртар гардад. Татобуки пурзур дар мавриди дурбинии миёна ва вазнин боиси хастагии чашм, дарди сар, сарчархзани хохад шуд. Агар кувваи татобук барои ба руи шабакияи чашми дурназар баръало акс кунондани ашё басанда набошад, он гох босира заиф мегардад (чашм хира мешавад).
Дар ин маврид истифодаи айнаке, ки шишахояш нурро чамъ мекунанд, кувваи дидро бехтар намуда, шиддати татобукро рафъ месозад. Хангоми дар бачаги рух додани Д. бо максади ислохи он доим айнак гирифтан лозим аст. Дар аснои Д.- и сабук ё миёна айнак факат барои дар масофаи наздик кор кардан ва агар Д. вазнин бошад, барои хамеша гирифта гаштан таъин карда мешавад. Ниг. низ Чашм.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …