Главная / Илм / ДУРБИНӣ

ДУРБИНӣ

durbiniДУРБИНӣ (Hypermetropia), дурназарӣ, як навъ нуқсони биноии чашм. Ҳангоми Д. нурҳое, ки аз ашёи муоинашаванда ба чашм мерасанд, на дар шабакия (тӯрпардаи чашм), балки дар паси он ҳамдигарро бурида мегузаранд. Д. сабук, миёна ва вазнин мешавад. Дараҷаи Д.-ро аз рӯи қувваи оптикии линза муайян мекунанд: дар аснои ба рӯи чашм (дар мавриди оромии татобуқ, яъне аккомодатсия) гузоштан, линза самти нурҳои мутавозии ба он афтандаро чунон тағйир медиҳад, ки онҳо дар шабакия якдигарро бурида мегузаранд. Д.-и сабук беморӣ нест. Фақат Д.-и вазнинро, ки дар натиҷаи аз инкишоф мондани ғӯзаи чашм ба миён меояд, беморӣ донистан мумкин аст. Инкисори чашми дурбин нисбатан суст мебошад. Барои дар шабакия акс ёфтани чизҳои ҳатто дур, чашм бояд инкисорро аз ҳисоби татобуқ, яъне зиёд кардани каҷии булӯрак, тақвият диҳад. Баҳри баръало дидани ашёи наздик бояд татобуқи чашм боз ҳам зӯртар гардад. Татобуқи пурзӯр дар мавриди дурбинии миёна ва вазнин боиси хастагии чашм, дарди сар, сарчархзанӣ хоҳад шуд. Агар қувваи татобуқ барои ба рӯи шабакияи чашми дурназар баръало акс кунондани ашё басанда набошад, он гоҳ босира заиф мегардад (чашм хира мешавад).
Дар ин маврид истифодаи айнаке, ки шишаҳояш нурро ҷамъ мекунанд, қувваи дидро беҳтар намуда, шиддати татобуқро рафъ месозад. Ҳангоми дар бачагӣ рух додани Д. бо мақсади ислоҳи он доим айнак гирифтан лозим аст. Дар аснои Д.- и сабук ё миёна айнак фақат барои дар масофаи наздик кор кардан ва агар Д. вазнин бошад, барои ҳамеша гирифта гаштан таъин карда мешавад. Ниг. низ Чашм.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …