Главная / Маданият ва санъат / АДАБИЁТИ ТОЧИК – Китоби дарси барои синфи 10

АДАБИЁТИ ТОЧИК – Китоби дарси барои синфи 10

МУКАДДИМА

Адабиёт ва мавзуи бахси он: Адабиёт лафзи араби буда, решаи он адаб аст, ки ба маънои дониш, маърифат, гуфтору кирдори нек ва хирад далолат мекунад. Адабиёт дар мафхуми васеи он мачмуи осори хаттию шифохии кавме, халке, миллате буда, дар фахмиши махдуди он инъикоси бадеии хаёт аст ва ин тарзи тасвири зиндаги ба воситаи образхо ба тасвир овардани хаёт мебошад. Яъне адабиёт дар фахмиши истилохии он як навъи санъат буда, ба воситаи образхо тасвир намудани хаёт, дунё аст ё ин ки адабиёт инъикоси образноки хаёт буда, дар он харду пахлуи зиндаги-тарафхои мусбат ва пахлухои манфи ба воситаи образхо, тимсолхо, намунахо тасвир карда мешавад. Ба ин восита зухури манфии чомеа махкум карда шуда, пахлухои мусбати он тархибу ташвик мегардад.

rudakiАз ин ру, адабиёт хамчун навъи санъат барои рушду нумуи чамъият таъсири нихоят кави дорад ва дигаргунсозихои хаёти чамъияти ба он вобаста аст. Умуман, адабиёт инъикоси вокеият ба воситаи образест, ки тавассути каломи манзум (назм) ва мансур (наср) амали мегардад.

Адабиёт китоби дарсии хаёт аст. Эчодкори адабиётро адиб меноманд ва адибе, ки бо каломи манзум-шеър сару кор дорад, эчод мекунад, шоир ва адибе, ки осори насри меофарад, нависанда номида мешавад.

Хадаф аз лафзи адабиёт, пеш аз хама, адабиёти бадеи буда, онро дар гузашта каломи бадеъ гуфтаанд. Каломи бадеъ- сухани нав, ачоиб, нодир буда, дар мантики оддии ифода сухани образнок, тасвири образнок аст. Аз ин ру, адабиёти бадеи ба инсон сару кор дорад, рузгору фаъолияти инсонро меомузад. Ба эхсосоту тафаккури инсон таъсир мерасонад. Чахонбини, донишу хирад, маърифату тафаккури уро такмил медихад ва аз ин чост, ки адибро мухандиси рухии инсон низ мегуянд.

Калимаи адабиёт махсули миёнахои асри XIX буда, таърихи зухури адабиёт хамчун санъати сухан хеле кадима аст. Аз ин ру, дар асрхои миёна иборахои улуми адаби, улуми адабия, фунуни адабия мавриди истифода карор гирифтаанд, ки аз 12 то 22 чузъи фунуни адабиро фаро мегирад. Аз чумла: илми лухат, илми нахв, илми сарф, илми баён, илми аурз, илми кофия, илми хат, илми иншо, илми маъони ва гайра ба шумор мерафтааст.

Дар маркази адабиёти бадеи симои инсон, шахс меистад. Яъне мавзуи бахси адабиёти бадеи хамоно инсон ва чамъият, одамон ва вокеияту мухити ихотакунандаи онхост. Камолоти маънавии инсон хадафи адабиёти бадеист.

Адабиёт фанни инсоншиноси, санъати сухан ва воситаи тарбияю такмили камолоти маънавии башарият аст. Адабиёт таърихи халк, андозаи чахонбини, тафаккури бадеи, хазинаи зехни, тавоноии аклони ва бардоштхои мафкуравии инсоният аст ва аз сабаби он ки фанни миллист, пас бурду бохти хамон миллату халкият низ хаст.

Адабиёт дар заминаи эчодиёти шифохии халк дар замонхои хеле кадим пайдо шудааст ва аз руи иттилооти олимон таърихи адабиёти точик 8 хазор сол кабл зухур кардааст. Дар адабиёти шифохи бошад, унсурхои суханони образнокро дар асотир чустаанд ва минтакахои мадани ё гахвораи тамаддунро дар Эрон, Мисру Чин, Хиндустону Рим донистаанд. Дар Мисри Кадим ахди Ромсиси II осори манзум тахмин карда мешавад, ки охози садаи Х1Уто милод эчод шудааст. Ё худ «Иллиада» ва «Одиссея»-и Хомери Юнони охози асри IX то милод ва «Ведо»-и хиндухо дар асри XII то милод манзум шудаанд. «Авасто» (гуё аввалин шеърро Бобои Одам гуфтааст) ва хусусан, готхо кадимтарин бахши он ба шумор меравад, ки аз зухури адабиёт ва фархангу хунар гувохи медихад. Вале, чунон ки ишора намудем, таърихи эчодиёти шифохи (фолклор) боз хам мукаддамтар аст, зеро эчодиёти шифохии халк то зухури хат ва алифбо пайдо шудаву ибтидо ё худ огози пайдоиши адабиёти касби ба шумор меравад.

Дар асрхои миёна бошад мо хануз дар огози пайдоиши феодализм ташаккули адабиётро мушохида мекунем, ки ибтидои он ба эчодиёти Рудаки ва муосирони вай рост меояд, ки ба кавле дар ин аср наздик ба 250 тан куввахои адаби зиндаги ва эчод кардаанд.

Давраи нави инкишофи адабиёти асрхои миёна ба замони эхёи мадани рост омадааст. Хусусан чараёни маорифпарвари (нимаи II асри XIX) миёни нерухои адаби табаддулоти мафкуравиро тавлид намуд ва такони ичтимоие зухур кард, ки барои пешрафти чамъият заминаи хеле мусоид фарохам овард.

Тарзу усули тасвир дар адабиёт мохияти баланди зебоипарасти дорад, зеро нафосатро хама дуст медорад ва аз ин ру, адабиёт тамоили пурра ба нафосат дорад. Масалан, чузъиёти табиат: санг, замин, кух, дарахт, дарё, гиёх, борон, абр, бод, осмон ва Хайра мавзуи бахси илмхои дигар низ хаст. Адабиёт хангоми ба тасвир гирифтани онхо, пеш аз хама, ба онхо зебои мебахшад, чунончи тасвири бахор дар як бахорияи устод Рудаки:

Омад бахори хуррам бо рангу буи тиб,

Бо сад хазор нузхату ороиши ачиб.

Шояд, ки марди пир бад-ин гах шавад чавон,

Гети ба дил ёфт шабоб аз пайи машиб[1].

Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,

Лашкар-ш абри тираву боди сабо накиб[2].

Наффот[3] барки равшану тундар-ш таблзан,

Дидам хазор хайлу надидам чунин мухиб[4].

Он абр бин, ки гиряд чун марди сугвор

В-он раъд бин, ки нолад чун ошики каиб[5].

Хуршедро зи абр дамад руй гох-гох,

Чун он хисорие, ки гузар дорад аз ракиб.

Якчанд рузгор чахон дардманд буд,

Бех шуд, ки ёфт буи суманбодро табиб.

Борони мушкбуй биборид нав ба нав

В-аз абр баркашид яке хуллаи касиб[6].

Кунче, ки барф пеш хамедошт гул гирифт,

чуяке, ки хушк хамебуд, шуд ратиб[7].

Тундар миёни дашт хаме бод бардамад,

Барк аз миёни абр хаме баркашад казиб[8].

Лола миёни кишт бихандад хаме зи дур,

Чун панчаи арус ба хино шуда хазиб[9].

Булбул хаме бихонад дар шохсори бед,

Сор аз дарахти сарв мар уро шуда мучиб[10].

Сулсул ба сарвбун-бар бо наХмаи кухан,

Булбул ба шохи гул-бар бо лахнаки Хариб.

Акнун хуред бодаву акнун зиед шод,

К-акнун барад насиб хабиб аз бари хабиб.

Соки гузин бодаву май хур ба бонги Зер[11],

К-аз кишт сор ноладу аз боХ андалеб.

Харчанд навбахор чахон ас(т) ба чашм хуб,

Дидори хоча хубтар-он мехтари хасиб[12].

Шеби ту бо фарозу фарози ту бо нишеб,

Фарзанди одами ба ту андар ба шебу теб[13].

Диди ту режу[14] ком бад-у андарун басе,

Бо ридакони[15] мутриб буди ба фарру зеб.

Дар ин бахория хама чиз зебост ва адабиёт, пеш аз хама, ба онхо чунин нафосатро эхдо намудааст. Бахор беш аз сад хазор воститахои зебу зинат хамрох дорад ва аввалиндарачаи он мухассанот рангу буи ачоиб аст. Ин аст, ки бахор марди пирро шояд чавон гардонад, вале табиати сармозадаро аллакай бедор намуда чавонию чамол бахшидааст. Зеро борон-мушкбуй, абр-хуллаваш, руи замин (дашту даман)-гулпуш, киштзоронро лола мисли панчахои хинобастаи арусон намудаву паррандагон наХмасароихо доранд. Максади шоир хушгузаронии умри азиз, ру овардан ба шодию нишот ва бахрабардори аз хаёт аст.

  1. Адабиёт на танхо табиат ва ачзои онро хусну тароват, нафосату зебои мебахшад, беш аз он адабиёт ба инсон аз нигохи зохиру ботин, шаклу намуд ва ниходу сират низ неру медихад. Башарият хангоми ба забон гирифтан ё хондани номхои Рустам-тахамтани муктадир,

халкпарвар, ватандуст, озодихох, адолатчуро тасаввур мекунад. Ё ки баробари ба ёд овардани Лайли, Ширин, Мачнун, Юсуф иффату исмат, покиву сафо ба хотир мерасад. Баръакс, хангоми шунидани Заххок, Шируя, Хусрав, Афросиёб, Кайковус симои манфури худписанди, такаббур, пасттинати, кутохназари, бехиради, гумрохи, худхохи, хиёнату бевафои, зиёну бадкирдори, золимию котили ва Хайра ба ёди кас меояд, ки он аз таъсири кувваи сухан, неруи калом- адабиёт аст.

Албатта дар ин миён симохои машхур мисли Рустам, Сухроб, Сиёвуш низ Халатхо кардаанд, вале инсоният аз Халатхои онхо низ сабаки хаёти мегирад. Аз ин ру, хатто образхои манфи низ ба инсонхо таъсири мусбат мерасонанд, зеро одамон аз кирдори зишти онхо низ тачриба хосил намуда, дар хаёт аз хислатхои разила хазар мекунанд, дури мечуянд, то ки ба рафтору кирдори зишт ру ба ру нашаванд. Аз ин ру, эчодкорони адабиётро вобаста ба донишу махорат, истеъдоду хунар, чахонбинию пояи эчодиашон башарият кадршиноси менамояд. Ин аст, ки дар таърихи эчоди бадеъ унвонхои ифтихории «маликушшуаро», «амирушшуаро», «надимушшуаро», «одамушшуаро», «халлокулмаони», «афсахулму-такаллимин», «абулахлок», «абулмаони», «лисонулХайб», «маликулкалом», «султонулфузало» ва Хайра ба миён омаданд ва суханварон вобаста ба пояи эчодиашон сазовор дониста шудаанд. Масалан, Рудаки «одамушшуаро», Камоли Исмоил (охири асри XII) «халлокулмаони», Саъди «абулахлок», Хофиз «лисонулхайб», Бедил «абулмаони» дониста шудаанд.

Адабиёти бадеи, ки ба инсон сару кор дорад ва максади асосии он тархиби хислатхои хамидаи инсон ва махкум намудани аъмоли разила буда, барои ба максад расидани одамон дар чомеа кумак мерасонад. Адабиёти бадеи ба инсон барои расидан ба максад ёри менамояд ва одамонро ба хаёт, ба зиндаги дилгарм, шердил, бохайрат ва ухдабаро мегардонад. Баробари пешравию инкишофи инсон, мухиту чамъият, адабиёти бадеи низ дар заминаи конунхои муайян инкишоф меёбад, пеш меравад ва конуниятхои ба худ хосу чудогона дорад. Илме, ки конуниятхои пайдоишу ташаккул, рушду тахввулоти адабиёти бадеиро меомузад, адабиётшиноси ном дорад, ки он дар навбати худ, дорои се кисм аст: таърихи _ада_биёт, _назарияи _адаби, _накди _адаби мебошанд. Таърихи адабиёт-пайдоиш, ташаккул ва рушду тахаввули адабиётро меомузад.

Конуниятхои зухуру ташаккул ва инкишофи анвоъи адаби, принсипхои эчод ва бардоштхои жанрию чинсии адабиётро кисмати назарияи адабиёт тадкик мекунад. Оид ба хунари эчодиву хусну кубхи таълиф накди адаби сару кор дорад. Бахшхои мазкури адабиётшиносиро бе якдигар наметавон мукаммал донист, зеро онхо дар хамбастагии якдигар инкишоф меёбанд.

Бахшхои мазкур кисматхои асосии адабиётшиноси буда, онхо инчунин бахшхои ёрирасони дигар низ доранд, ки барои инкишофу пешрафти илми адабиётшиноси мусоидат менамоянд. Масалан, ба кисматхои ёвари адабиётшиноси: матншиноси, сабкшиноси, сарчашмашиноси, китобшиноси ва гайра дохил мешаванд. Дар таърихи адабиёти точик хатто доварихои шоирона таърихи накди адаби ё танкидро мукаммал сохтааст. Шоирони форс-точик: Рудаки, Фирдавси, Унсури, Фаррухи, Манучехри, Носири Хусрав, Санои, Аттор, Хокони, Низоми, Захири Форёби, Анвари, Хусрави Дехлави, Хасани Дехлави, Саъди, Салмони Совачи, Хочуи Кирмони, Чалолуддини Балхи, Убайди Зокони, Хофизи Шерози, Камоли Хучанди, Чоми, Хилоли, Мушфики, Калими Кошони, Соиби Табрези, Нозими Хироти, Сайидо, Бедил, Возех, Шохин ва дигарон, ки шашуним хазори онхо сохибдевонанд, хар кадом сабки хоси худ, чою макон ва макоми хешро доранд. Онхо дар ашъори худ аз назокат, неруи аклони, хунари суханварию санъати сухани худ ёд карда, норасоии хамкасбони хешро низ ёдрас намудаанд. Масалан, Манучехрии Домхони (нимаи аввали асри XI) мегуяд:

Шеър ногуфтан бех аз шеъре, ки бошад нодуруст,

Бачча нозодан бех аз шашмоха бифкандан чашш.

Хадафи шоир дар ин байт эчоди бадеъро фарзанди эчодкор гуфтан буда, у шеърро фарзанди шоир медонад ва бояд хаматарафа дар камолоти эчод сайъ намуд, то нуксоне дар он рох наёбад. Ё худ Хоконии Шарвони баъд аз Хаким Саноии Газнави дуюмин шоир аст, ки дар ашъори худ бо олами улви сару кор мегирад, зеро аз шоирон хампанчаи худро намеёбад. Чунончи, у мегуяд:

Сухан гуфтан ба ки хатм аст, медониву мепурси,

Фалакро бин, ки мегуяд: ба Хокони, ба Хокони.

Яъне ба хамин тарик, шоирон бартарию афзалияти хунари худро васф намудаву нуксони ашъори хампешагонашонро хотиррасон кардаанд. Масалан, Унсурии Балхи-шоири нимаи аввали асри XI дарбори Газнавиён-аввалин маликушшуаро дар таърихи адабиёти форс-точик аст, вале Хокони уро бо он сарзаниш мекунад, ки ба чуз газалу касидасарои хунари дигар надорад:

Чуз аз тарзи мадху тирози газал

Накарди зи табъ имтихон Унсури.

Шиносанд афозил, ки чун ман набуд

Ба мадху Хазал дурфишон Унсури.

Зи дах шева, к-он хиляти шоирист,

Ба як шева шуд достон Унсури.

На тахкик гуфту на вазъу на зухд,

Ки харфе надонист аз он Унсури.

Маро шеваи хосу тозасту дошт

Хамон шеваи бостон Унсури.

Ин андешахои шоирон-эчодкорон барои пешрафти илми адабиётшиноси кумаки фаровон менамоянд, зеро дар таърихи адабиёти форс-точик он ба хукми анъана даромадааст.

Адабиёти бадеи мачмуи донишу тафаккур, махорату истеъдод, табъу тавон, худшиносию чахонбинии адиб аст. Чун адиб ба ин ва ё он халке, миллате тааллук дорад, пас адабиёт бурду бохти мафкуравии хамон халк, симои хамон миллат мебошад.

Адабиёти бадеи хамчун навъи санъат, яъне санъати сухану суханвари нисбат ба навъхои дигари санъат: меъмори, хайкалтароши, мусики, театру кино ва Хайра дар чамъият таъсири бештар дорад. Зеро яке аз сарчашмахои асосии навъхои дигари санъат низ адабиёти бадеи аст. Муроду максад ва хадафи эчодкор аз адабиёт тарбияи омма, таълими мардум буда, ба ин маъни хазрати Саъди мегуяд:

Муроди мо насихат буду гуфтем, Хаволат бо Худо кардему рафтем.

Адабиёти бадеи хиссиёту хаячони инсонро ангезиш медихад, одамонро аз пастиву баландихо, шебу фарозхо, бурду бохтхо, чуну чарохо, бешу камихо, тазодхои хаёту зиндаги, руйдодхои олам огох месозад. Фирдавси дар «Шохнома»-и худ аз пайдоиши оламу одам, аз зухури нахустин шох-Каюмарс то истилои араб, то охирин шохи сулолаи Сосониён-Яздигурди III (соли 651 мелоди) сухан рондааст. Дар мантики оддитари ифодаи мазкур дар «Шохнома»-и хаким Фирдавси мо саргузашти 50-шохро мебинем. «Шохнома» моли адабиёт-шеър аст ва эчодкори он шоири хакими Туси. Магар ахбори у аз ахбори сарчашмахои таърихи бо тафсилу муътамад ва боарзиштару судмандтар нест?!, Аз ин ру, адабиёти бадеи дар чомеа, пеш аз хама, накши тарбияви ва таълими дорад. Дар баробари он, адабиёти бадеи ба хиссу таассуроти хонанда таъсир расонида, ба ходисахои мусбати хаёт таваччухи уро бедор месозад, уро бо хаёту зиндаги дилгарм намуда, ба муборизахову талошхои рузгор омода менамояд. Хонандаро нисбат ба арзишхои умумиинсони:   халкдусти, ватанпарвари, илмдусти, касбомузи,

мехнаткарини, халолкори, нафърасони, софдили, халими, мехрубони, хушмуомилаги, шердили, Хаюри, суботкори, далери, шучоаткори, шикастанафси, дурандеши ва Хайра мухаббати беандоза бармеангезад. Адабиёти бадеи дар сирати инсон барои бедор намудани хиссиёти зебои ва идеалхои хаётии у яке аз мухимтарин воситахои барангезиш аст.

Тамоми ёдгорихои хаттии адабиёти бадеи, ки дар шакли назму наср эчод гардидаву махфуз мондаанд, мероси адаби ном доранд. Мероси адабиро Хановати маънави, хазинаи зехни, бардоштхои мафкурави, хофизаи таърихи, кути чон ва Хизои рух низ меноманд. Дар ин чода халки точик хампанча надорад, зеро танхо шоирони сохибдевон дар таърихи адабиёти точик беш аз шашуним хазор буда, ашъори шоирони девонашон махфуз намондаву осори мансури таълифгардида ба он дохил намешаванд. Ин осор ба кавле таърихи хаштхазорсола дошта, то кунун аз он кохи бегазанди ниёгон 108 матни хаттии (аз ёдгорихои ахди бостон) то инкишофи ислом боки мондааст, ки аз онхо 16-тояшро андарзномахо фарохам овардаанд.

Бояд гуфт, ки ин осор то охири асри ХУ-то зухури давлатхои Сафавихо (дар Эрон) ва Шайбонихо (дар Мовароуннахру Хуросон) миёни форсизабонони каламрави мазкур муштарак аст ва аз ин ру, дар илми адабиётшиноси истилохи форс-точик кабул гардидааст, ки мафхуми зикршуда мохияти муштарак будани осори адабиро ифода менамояд.

Дар таълифи ин китоб имлои исмхои хос, хусусан ному насаби адибон тачдиди назар карда шуд. Яъне, ба чои Абу-Абдуллох-Абуабдуллох, Насриддини Туси – Насируддини Туси, Абдурахмон -Абдуррахмон, Чалолиддин-Чалолуддин, Шервон-Шарвон, Хачвири-Хучвири, Хисрав- Хусрав ва гайра навишта шудаанд.

Адабиёти иловагиро алохида, дар интихои китоб низ ба ду кисм чудо намуда, онхоро вобаста ба асрхо пешниход намудем, яъне аввал нусхаи асл-осори адибон (сарчашмахо) ва пас аз он асару маколахои илми- тадкикоти чой дода шуд.

[1]       Машиб-пири, кухансоли

[2]       Накиб-пешво

[3]       Наффот-оташбоз, партавафруз.

[4]         Мухиб-бохайбат

[5]      Каиб-гамгин

[6]   Хуллаи касиб-либоси абрешимин

[7]   Ратиб-тар, намнок

[8]   Казиб-шох, шоха,

[9]   Хазиб-рангин

[10]   Мучиб-чавобдиханда

[11]   Зер-пардае аз мусики

[12]   Хасиб-сохиби фазилат

[13]   Шебу теб-саргашта, ошуфта

[14]   Реж-мурод, максад

[15]   Ридакон-Хуломбачахо

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …