Главная / Маданият ва санъат / АДАБИЁТИ ТОҶИК – Китоби дарсӣ барои синфи 10

АДАБИЁТИ ТОҶИК – Китоби дарсӣ барои синфи 10

МУҚАДДИМА

Адабиёт ва мавзӯи баҳси он: Адабиёт лафзи арабӣ буда, решаи он адаб аст, ки ба маънои дониш, маърифат, гуфтору кирдори нек ва хирад далолат мекунад. Адабиёт дар мафҳуми васеи он маҷмӯи осори хаттию шифоҳии қавме, халқе, миллате буда, дар фаҳмиши маҳдуди он инъикоси бадеии ҳаёт аст ва ин тарзи тасвири зиндагӣ ба воситаи образҳо ба тасвир овардани ҳаёт мебошад. Яъне адабиёт дар фаҳмиши истилоҳии он як навъи санъат буда, ба воситаи образҳо тасвир намудани ҳаёт, дунё аст ё ин ки адабиёт инъикоси образноки ҳаёт буда, дар он ҳарду паҳлуи зиндагӣ-тарафҳои мусбат ва паҳлуҳои манфӣ ба воситаи образҳо, тимсолҳо, намунаҳо тасвир карда мешавад. Ба ин восита зуҳури манфии ҷомеа маҳкум карда шуда, паҳлуҳои мусбати он тарҳибу ташвиқ мегардад.

rudakiАз ин рӯ, адабиёт ҳамчун навъи санъат барои рушду нумуи ҷамъият таъсири ниҳоят қавӣ дорад ва дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба он вобаста аст. Умуман, адабиёт инъикоси воқеият ба воситаи образест, ки тавассути каломи манзум (назм) ва мансур (наср) амалӣ мегардад.

Адабиёт китоби дарсии ҳаёт аст. Эҷодкори адабиётро адиб меноманд ва адибе, ки бо каломи манзум-шеър сару кор дорад, эҷод мекунад, шоир ва адибе, ки осори насрӣ меофарад, нависанда номида мешавад.

Ҳадаф аз лафзи адабиёт, пеш аз ҳама, адабиёти бадеӣ буда, онро дар гузашта каломи бадеъ гуфтаанд. Каломи бадеъ- сухани нав, аҷоиб, нодир буда, дар мантиқи оддии ифода сухани образнок, тасвири образнок аст. Аз ин рӯ, адабиёти бадеӣ ба инсон сару кор дорад, рӯзгору фаъолияти инсонро меомӯзад. Ба эҳсосоту тафаккури инсон таъсир мерасонад. Ҷаҳонбинӣ, донишу хирад, маърифату тафаккури ӯро такмил медиҳад ва аз ин ҷост, ки адибро муҳандиси рӯҳии инсон низ мегӯянд.

Калимаи адабиёт маҳсули миёнаҳои асри XIX буда, таърихи зуҳури адабиёт ҳамчун санъати сухан хеле қадима аст. Аз ин рӯ, дар асрҳои миёна ибораҳои улуми адабӣ, улуми адабия, фунуни адабия мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки аз 12 то 22 ҷузъи фунуни адабиро фаро мегирад. Аз ҷумла: илми луҳат, илми наҳв, илми сарф, илми баён, илми аӯрз, илми қофия, илми хат, илми иншо, илми маъонӣ ва ғайра ба шумор мерафтааст.

Дар маркази адабиёти бадеӣ симои инсон, шахс меистад. Яъне мавзӯи баҳси адабиёти бадеӣ ҳамоно инсон ва ҷамъият, одамон ва воқеияту муҳити иҳотакунандаи онҳост. Камолоти маънавии инсон ҳадафи адабиёти бадеист.

Адабиёт фанни инсоншиносӣ, санъати сухан ва воситаи тарбияю такмили камолоти маънавии башарият аст. Адабиёт таърихи халқ, андозаи ҷаҳонбинӣ, тафаккури бадеӣ, хазинаи зеҳнӣ, тавоноии ақлонӣ ва бардоштҳои мафкуравии инсоният аст ва аз сабаби он ки фанни миллист, пас бурду бохти ҳамон миллату халқият низ ҳаст.

Адабиёт дар заминаи эҷодиёти шифоҳии халқ дар замонҳои хеле қадим пайдо шудааст ва аз рӯи иттилооти олимон таърихи адабиёти тоҷик 8 ҳазор сол қабл зуҳур кардааст. Дар адабиёти шифоҳӣ бошад, унсурҳои суханони образнокро дар асотир ҷустаанд ва минтақаҳои маданӣ ё гаҳвораи тамаддунро дар Эрон, Мисру Чин, Ҳиндустону Рим донистаанд. Дар Мисри Қадим аҳди Ромсиси II осори манзум тахмин карда мешавад, ки оҳози садаи Х1Уто милод эҷод шудааст. Ё худ «Иллиада» ва «Одиссея»-и Ҳомери Юнонӣ оҳози асри IX то милод ва «Ведо»-и ҳиндуҳо дар асри XII то милод манзум шудаанд. «Авасто» (гӯё аввалин шеърро Бобои Одам гуфтааст) ва хусусан, готҳо қадимтарин бахши он ба шумор меравад, ки аз зуҳури адабиёт ва фарҳангу ҳунар гувоҳӣ медиҳад. Вале, чунон ки ишора намудем, таърихи эҷодиёти шифоҳӣ (фолклор) боз ҳам муқаддамтар аст, зеро эҷодиёти шифоҳии халқ то зуҳури хат ва алифбо пайдо шудаву ибтидо ё худ оғози пайдоиши адабиёти касбӣ ба шумор меравад.

Дар асрҳои миёна бошад мо ҳанӯз дар оғози пайдоиши феодализм ташаккули адабиётро мушоҳида мекунем, ки ибтидои он ба эҷодиёти Рӯдакӣ ва муосирони вай рост меояд, ки ба қавле дар ин аср наздик ба 250 тан қувваҳои адабӣ зиндагӣ ва эҷод кардаанд.

Давраи нави инкишофи адабиёти асрҳои миёна ба замони эҳёи маданӣ рост омадааст. Хусусан ҷараёни маорифпарварӣ (нимаи II асри XIX) миёни нерӯҳои адабӣ табаддулоти мафкуравиро тавлид намуд ва такони иҷтимоие зуҳур кард, ки барои пешрафти ҷамъият заминаи хеле мусоид фароҳам овард.

Тарзу усули тасвир дар адабиёт моҳияти баланди зебоипарастӣ дорад, зеро нафосатро ҳама дӯст медорад ва аз ин рӯ, адабиёт тамоили пурра ба нафосат дорад. Масалан, ҷузъиёти табиат: санг, замин, кӯҳ, дарахт, дарё, гиёҳ, борон, абр, бод, осмон ва Ҳайра мавзӯи баҳси илмҳои дигар низ ҳаст. Адабиёт ҳангоми ба тасвир гирифтани онҳо, пеш аз ҳама, ба онҳо зебоӣ мебахшад, чунончи тасвири баҳор дар як баҳорияи устод Рӯдакӣ:

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тиб,

Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.

Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,

Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз пайи машиб[1].

Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,

Лашкар-ш абри тираву боди сабо нақиб[2].

Наффот[3] барқи равшану тундар-ш таблзан,

Дидам ҳазор хайлу надидам чунин муҳиб[4].

Он абр бин, ки гиряд чун марди сӯгвор

В-он раъд бин, ки нолад чун ошиқи каиб[5].

Хуршедро зи абр дамад рӯй гоҳ-гоҳ,

Чун он ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб.

Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,

Беҳ шуд, ки ёфт бӯи суманбодро табиб.

Борони мушкбӯй биборид нав ба нав

В-аз абр баркашид яке ҳуллаи қасиб[6].

Кунҷе, ки барф пеш ҳамедошт гул гирифт,

ҷӯяке, ки хушк ҳамебуд, шуд ратиб[7].

Тундар миёни дашт ҳаме бод бардамад,

Барқ аз миёни абр ҳаме баркашад қазиб[8].

Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,

Чун панҷаи арӯс ба ҳино шуда хазиб[9].

Булбул ҳаме бихонад дар шохсори бед,

Сор аз дарахти сарв мар ӯро шуда муҷиб[10].

Сулсул ба сарвбун-бар бо наҲмаи кӯҳан,

Булбул ба шохи гул-бар бо лаҳнаки Ҳариб.

Акнун хӯред бодаву акнун зиед шод,

К-акнун барад насиб ҳабиб аз бари ҳабиб.

Соқӣ гузин бодаву май хӯр ба бонги Зер[11],

К-аз кишт сор ноладу аз боҲ андалеб.

Ҳарчанд навбаҳор ҷаҳон ас(т) ба чашм хуб,

Дидори хоҷа хубтар-он меҳтари ҳасиб[12].

Шеби ту бо фарозу фарози ту бо нишеб,

Фарзанди одамӣ ба ту андар ба шебу теб[13].

Дидӣ ту режу[14] ком бад-ӯ андарун басе,

Бо ридакони[15] мутриб будӣ ба фарру зеб.

Дар ин баҳория ҳама чиз зебост ва адабиёт, пеш аз ҳама, ба онҳо чунин нафосатро эҳдо намудааст. Баҳор беш аз сад ҳазор воститаҳои зебу зинат ҳамроҳ дорад ва аввалиндараҷаи он муҳассанот рангу бӯи аҷоиб аст. Ин аст, ки баҳор марди пирро шояд ҷавон гардонад, вале табиати сармозадаро аллакай бедор намуда ҷавонию ҷамол бахшидааст. Зеро борон-мушкбӯй, абр-ҳуллаваш, рӯи замин (дашту даман)-гулпӯш, киштзоронро лола мисли панҷаҳои ҳинобастаи арӯсон намудаву паррандагон наҲмасароиҳо доранд. Мақсади шоир хушгузаронии умри азиз, рӯ овардан ба шодию нишот ва баҳрабардорӣ аз ҳаёт аст.

  1. Адабиёт на танҳо табиат ва аҷзои онро ҳусну тароват, нафосату зебоӣ мебахшад, беш аз он адабиёт ба инсон аз нигоҳи зоҳиру ботин, шаклу намуд ва ниҳоду сират низ нерӯ медиҳад. Башарият ҳангоми ба забон гирифтан ё хондани номҳои Рустам-таҳамтани муқтадир,

халқпарвар, ватандӯст, озодихоҳ, адолатҷӯро тасаввур мекунад. Ё ки баробари ба ёд овардани Лайлӣ, Ширин, Маҷнун, Юсуф иффату исмат, покиву сафо ба хотир мерасад. Баръакс, ҳангоми шунидани Заҳҳок, Ширӯя, Хусрав, Афросиёб, Кайковус симои манфури худписандӣ, такаббур, пасттинатӣ, кӯтоҳназарӣ, бехирадӣ, гумроҳӣ, худхоҳӣ, хиёнату бевафоӣ, зиёну бадкирдорӣ, золимию қотилӣ ва Ҳайра ба ёди кас меояд, ки он аз таъсири қувваи сухан, нерӯи калом- адабиёт аст.

Албатта дар ин миён симоҳои машҳур мисли Рустам, Сӯҳроб, Сиёвуш низ Ҳалатҳо кардаанд, вале инсоният аз Ҳалатҳои онҳо низ сабақи ҳаётӣ мегирад. Аз ин рӯ, ҳатто образҳои манфӣ низ ба инсонҳо таъсири мусбат мерасонанд, зеро одамон аз кирдори зишти онҳо низ таҷриба ҳосил намуда, дар ҳаёт аз хислатҳои разила ҳазар мекунанд, дурӣ меҷӯянд, то ки ба рафтору кирдори зишт рӯ ба рӯ нашаванд. Аз ин рӯ, эҷодкорони адабиётро вобаста ба донишу маҳорат, истеъдоду ҳунар, ҷаҳонбинию пояи эҷодиашон башарият қадршиносӣ менамояд. Ин аст, ки дар таърихи эҷоди бадеъ унвонҳои ифтихории «маликушшуаро», «амирушшуаро», «надимушшуаро», «одамушшуаро», «халлоқулмаонӣ», «афсаҳулму-такаллимин», «абулахлоқ», «абулмаонӣ», «лисонулҲайб», «маликулкалом», «султонулфузало» ва Ҳайра ба миён омаданд ва суханварон вобаста ба пояи эҷодиашон сазовор дониста шудаанд. Масалан, Рӯдакӣ «одамушшуаро», Камоли Исмоил (охири асри XII) «халлоқулмаонӣ», Саъдӣ «абулахлоқ», Ҳофиз «лисонулҳайб», Бедил «абулмаонӣ» дониста шудаанд.

Адабиёти бадеӣ, ки ба инсон сару кор дорад ва мақсади асосии он тарҳиби хислатҳои ҳамидаи инсон ва маҳкум намудани аъмоли разила буда, барои ба мақсад расидани одамон дар ҷомеа кӯмак мерасонад. Адабиёти бадеӣ ба инсон барои расидан ба мақсад ёрӣ менамояд ва одамонро ба ҳаёт, ба зиндагӣ дилгарм, шердил, боҳайрат ва ӯҳдабаро мегардонад. Баробари пешравию инкишофи инсон, муҳиту ҷамъият, адабиёти бадеӣ низ дар заминаи қонунҳои муайян инкишоф меёбад, пеш меравад ва қонуниятҳои ба худ хосу ҷудогона дорад. Илме, ки қонуниятҳои пайдоишу ташаккул, рушду таҳввулоти адабиёти бадеиро меомӯзад, адабиётшиносӣ ном дорад, ки он дар навбати худ, дорои се қисм аст: таърихи _ада_биёт, _назарияи _адабӣ, _нақди _адабӣ мебошанд. Таърихи адабиёт-пайдоиш, ташаккул ва рушду таҳаввули адабиётро меомӯзад.

Қонуниятҳои зуҳуру ташаккул ва инкишофи анвоъи адабӣ, принсипҳои эҷод ва бардоштҳои жанрию ҷинсии адабиётро қисмати назарияи адабиёт тадқиқ мекунад. Оид ба ҳунари эҷодиву ҳусну қубҳи таълиф нақди адабӣ сару кор дорад. Бахшҳои мазкури адабиётшиносиро бе якдигар наметавон мукаммал донист, зеро онҳо дар ҳамбастагии якдигар инкишоф меёбанд.

Бахшҳои мазкур қисматҳои асосии адабиётшиносӣ буда, онҳо инчунин бахшҳои ёрирасони дигар низ доранд, ки барои инкишофу пешрафти илми адабиётшиносӣ мусоидат менамоянд. Масалан, ба қисматҳои ёвари адабиётшиносӣ: матншиносӣ, сабкшиносӣ, сарчашмашиносӣ, китобшиносӣ ва ғайра дохил мешаванд. Дар таърихи адабиёти тоҷик ҳатто довариҳои шоирона таърихи нақди адабӣ ё танқидро мукаммал сохтааст. Шоирони форс-тоҷик: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Аттор, Хоқонӣ, Низомӣ, Заҳири Форёбӣ, Анварӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Саъдӣ, Салмони Соваҷӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Убайди Зоконӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Мушфиқӣ, Калими Кошонӣ, Соиби Табрезӣ, Нозими Ҳиротӣ, Сайидо, Бедил, Возеҳ, Шоҳин ва дигарон, ки шашуним ҳазори онҳо соҳибдевонанд, ҳар кадом сабки хоси худ, ҷою макон ва мақоми хешро доранд. Онҳо дар ашъори худ аз назокат, нерӯи ақлонӣ, ҳунари суханварию санъати сухани худ ёд карда, норасоии ҳамкасбони хешро низ ёдрас намудаанд. Масалан, Манучеҳрии Домҳонӣ (нимаи аввали асри XI) мегӯяд:

Шеър ногуфтан беҳ аз шеъре, ки бошад нодуруст,

Бачча нозодан беҳ аз шашмоҳа бифкандан ҷашш.

Ҳадафи шоир дар ин байт эҷоди бадеъро фарзанди эҷодкор гуфтан буда, ӯ шеърро фарзанди шоир медонад ва бояд ҳаматарафа дар камолоти эҷод сайъ намуд, то нуқсоне дар он роҳ наёбад. Ё худ Хоқонии Шарвонӣ баъд аз Ҳаким Саноии Ғазнавӣ дуюмин шоир аст, ки дар ашъори худ бо олами улвӣ сару кор мегирад, зеро аз шоирон ҳампанҷаи худро намеёбад. Чунончи, ӯ мегӯяд:

Сухан гуфтан ба кӣ хатм аст, медониву мепурсӣ,

Фалакро бин, ки мегӯяд: ба Хоқонӣ, ба Хоқонӣ.

Яъне ба ҳамин тариқ, шоирон бартарию афзалияти ҳунари худро васф намудаву нуқсони ашъори ҳампешагонашонро хотиррасон кардаанд. Масалан, Унсурии Балхӣ-шоири нимаи аввали асри XI дарбори Ғазнавиён-аввалин маликушшуаро дар таърихи адабиёти форс-тоҷик аст, вале Хоқонӣ ӯро бо он сарзаниш мекунад, ки ба ҷуз ғазалу қасидасароӣ ҳунари дигар надорад:

Ҷуз аз тарзи мадҳу тирози ғазал

Накардӣ зи табъ имтиҳон Унсурӣ.

Шиносанд афозил, ки чун ман набуд

Ба мадҳу Ҳазал дурфишон Унсурӣ.

Зи даҳ шева, к-он ҳиляти шоирист,

Ба як шева шуд достон Унсурӣ.

На таҳқиқ гуфту на вазъу на зӯҳд,

Ки ҳарфе надонист аз он Унсурӣ.

Маро шеваи хосу тозасту дошт

Ҳамон шеваи бостон Унсурӣ.

Ин андешаҳои шоирон-эҷодкорон барои пешрафти илми адабиётшиносӣ кӯмаки фаровон менамоянд, зеро дар таърихи адабиёти форс-тоҷик он ба ҳукми анъана даромадааст.

Адабиёти бадеӣ маҷмӯи донишу тафаккур, маҳорату истеъдод, табъу тавон, худшиносию ҷаҳонбинии адиб аст. Чун адиб ба ин ва ё он халқе, миллате тааллуқ дорад, пас адабиёт бурду бохти мафкуравии ҳамон халқ, симои ҳамон миллат мебошад.

Адабиёти бадеӣ ҳамчун навъи санъат, яъне санъати сухану суханварӣ нисбат ба навъҳои дигари санъат: меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, мусиқӣ, театру кино ва Ҳайра дар ҷамъият таъсири бештар дорад. Зеро яке аз сарчашмаҳои асосии навъҳои дигари санъат низ адабиёти бадеӣ аст. Муроду мақсад ва ҳадафи эҷодкор аз адабиёт тарбияи омма, таълими мардум буда, ба ин маънӣ ҳазрати Саъдӣ мегӯяд:

Муроди мо насиҳат буду гуфтем, Ҳаволат бо Худо кардему рафтем.

Адабиёти бадеӣ ҳиссиёту ҳаяҷони инсонро ангезиш медиҳад, одамонро аз пастиву баландиҳо, шебу фарозҳо, бурду бохтҳо, чуну чароҳо, бешу камиҳо, тазодҳои ҳаёту зиндагӣ, рӯйдодҳои олам огоҳ месозад. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и худ аз пайдоиши оламу одам, аз зуҳури нахустин шоҳ-Каюмарс то истилои араб, то охирин шоҳи сулолаи Сосониён-Яздигурди III (соли 651 мелодӣ) сухан рондааст. Дар мантиқи оддитари ифодаи мазкур дар «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ мо саргузашти 50-шоҳро мебинем. «Шоҳнома» моли адабиёт-шеър аст ва эҷодкори он шоири ҳакими Тӯсӣ. Магар ахбори ӯ аз ахбори сарчашмаҳои таърихӣ бо тафсилу мӯътамад ва боарзиштару судмандтар нест?!, Аз ин рӯ, адабиёти бадеӣ дар ҷомеа, пеш аз ҳама, нақши тарбиявӣ ва таълимӣ дорад. Дар баробари он, адабиёти бадеӣ ба ҳиссу таассуроти хонанда таъсир расонида, ба ҳодисаҳои мусбати ҳаёт таваҷҷӯҳи ӯро бедор месозад, ӯро бо ҳаёту зиндагӣ дилгарм намуда, ба муборизаҳову талошҳои рӯзгор омода менамояд. Хонандаро нисбат ба арзишҳои умумиинсонӣ:   халқдӯстӣ, ватанпарварӣ, илмдӯстӣ, касбомӯзӣ,

меҳнатқаринӣ, ҳалолкорӣ, нафърасонӣ, софдилӣ, ҳалимӣ, меҳрубонӣ, хушмуомилагӣ, шердилӣ, Ҳаюрӣ, суботкорӣ, далерӣ, шуҷоаткорӣ, шикастанафсӣ, дурандешӣ ва Ҳайра муҳаббати беандоза бармеангезад. Адабиёти бадеӣ дар сирати инсон барои бедор намудани ҳиссиёти зебоӣ ва идеалҳои ҳаётии ӯ яке аз муҳимтарин воситаҳои барангезиш аст.

Тамоми ёдгориҳои хаттии адабиёти бадеӣ, ки дар шакли назму наср эҷод гардидаву маҳфуз мондаанд, мероси адабӣ ном доранд. Мероси адабиро Ҳановати маънавӣ, хазинаи зеҳнӣ, бардоштҳои мафкуравӣ, ҳофизаи таърихӣ, қути ҷон ва Ҳизои рӯҳ низ меноманд. Дар ин ҷода халқи тоҷик ҳампанҷа надорад, зеро танҳо шоирони соҳибдевон дар таърихи адабиёти тоҷик беш аз шашуним ҳазор буда, ашъори шоирони девонашон маҳфуз намондаву осори мансури таълифгардида ба он дохил намешаванд. Ин осор ба қавле таърихи ҳаштҳазорсола дошта, то кунун аз он кохи бегазанди ниёгон 108 матни хаттии (аз ёдгориҳои аҳди бостон) то инкишофи ислом боқӣ мондааст, ки аз онҳо 16-тояшро андарзномаҳо фароҳам овардаанд.

Бояд гуфт, ки ин осор то охири асри ХУ-то зуҳури давлатҳои Сафавиҳо (дар Эрон) ва Шайбониҳо (дар Мовароуннаҳру Хуросон) миёни форсизабонони қаламрави мазкур муштарак аст ва аз ин рӯ, дар илми адабиётшиносӣ истилоҳи форс-тоҷик қабул гардидааст, ки мафҳуми зикршуда моҳияти муштарак будани осори адабиро ифода менамояд.

Дар таълифи ин китоб имлои исмҳои хос, хусусан ному насаби адибон таҷдиди назар карда шуд. Яъне, ба ҷои Абӯ-Абдуллоҳ-Абӯабдуллоҳ, Насриддини Тӯсӣ – Насируддини Тӯсӣ, Абдураҳмон -Абдурраҳмон, Ҷалолиддин-Ҷалолуддин, Шервон-Шарвон, Ҳаҷвирӣ-Ҳуҷвирӣ, Хисрав- Хусрав ва ғайра навишта шудаанд.

Адабиёти иловагиро алоҳида, дар интиҳои китоб низ ба ду қисм ҷудо намуда, онҳоро вобаста ба асрҳо пешниҳод намудем, яъне аввал нусхаи асл-осори адибон (сарчашмаҳо) ва пас аз он асару мақолаҳои илмӣ- тадқиқотӣ ҷой дода шуд.

[1]       Машиб-пирӣ, кӯҳансолӣ

[2]       Нақиб-пешво

[3]       Наффот-оташбоз, партавафрӯз.

[4]         Муҳиб-боҳайбат

[5]      Каиб-ғамгин

[6]   Ҳуллаи қасиб-либоси абрешимин

[7]   Ратиб-тар, намнок

[8]   Қазиб-шох, шоха,

[9]   Хазиб-рангин

[10]   Муҷиб-ҷавобдиҳанда

[11]   Зер-пардае аз мусиқӣ

[12]   Ҳасиб-соҳиби фазилат

[13]   Шебу теб-саргашта, ошуфта

[14]   Реж-мурод, мақсад

[15]   Ридакон-Ҳуломбачаҳо

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …