Главная / Илм / ЗОДАН

ЗОДАН

zodanЗОДАН (Partus), зоиш, валодат, таваллуд, амали мураккаби физиологиест, ки дар мавриди он давраи ҳомилагӣ анҷом пазируфта, тифл ба дунё меояд. Дар шароити физиологӣ З. баъди 10 моҳи момоии ҳомилагӣ (9 моҳи тақвимӣ, 280 рӯз ё 40 ҳафта) фаро мерасад. Дар ин давра тифл пурра ташаккул ёфта, ба зиндагии берун аз батни модар омода мешавад.
Оид ба наздик омадани З. метавон аз рӯи баъзе аломатҳо, ки онҳоро пешхабар меноманд, хулоса баровард. Мас., овезон шудани шикам (2 – 3 ҳафта пеш аз таваллуд ба мушоҳида мерасад); кам шудани вазни бадан (1 – 2 кг; 2 – 3 рӯз пеш аз З.); суст гаштани ҳаракатҳои кӯдак ва ғ. Яке аз нишонаҳои муҳиме, ки аз наздик омадани З. дарак медиҳад, номунтазам кашиш хӯрдани бачадон ва таровидани луоб аз маҳбал аст. Бисёр вақт кашишхӯрии дарднок, вале номунтазами бачадон (заҳдон)-ро дар ин давра саҳван оғози З. мепиндоранд. З. бо кашиши бонизоми мушакҳои бачадон, ки дардгирӣ ном дорад, оғоз меёбад.
З. аз се давра иборат аст: давраи I – боз шудани гарданаи бачадон (дар занҳои нахустзо 10 – 11, дар занҳои фарзанддор 6 – 7 соат идома мекунад); давраи II – бачаронӣ (дар занҳои нахустзо 1 – 2 соат, дар занҳои фарзанддор аз 30 дақ. то 1 соат давом менамояд); давраи III – афтодани ҳамроҳак (тақр. 20 – 30 дақ. идома меёбад). Давомоти З. дар занҳои нахустзо бисёр вақт 10 – 12, дар занҳои фарзанддор 7 – 8 соат аст.
Давраи боз шудани гарданаи бачадон аз дардгирӣ то пурра кушода шудани даҳонаи заҳдонро дарбар мегирад. Дар оғоз дард баъди ҳар 10 – 15 дақ. такрор мешавад; минбаъд он пай дар пай хуруҷ карда, шиддат меёбад. Бинобар кашиш ёфтани мушаки бачадон гарданаи он ҳамвор ва боз мешавад. Бештар мушакҳои танаи бачадон кашиш мехӯранд. Барои боз шудани гарданаи заҳдон ҷанинхалта низ мусоидат менамояд: дар вақти хуруҷи дард фишори дохили бачадон меафзояд, ҷанинхалта таранг шуда, оби ҷанин поён тазйиқ меорад, қисми зерии ҷанинхалта ба даҳонаи дарунии гарданаи бачадон ворид мегардад. Дар занҳои нахустзо аввал даҳонаи дарунии бачадон боз мешавад, сипас гарданаи бачадон ҳамвор гашта, даҳонаи берунӣ кушода мешавад. Дар занҳои фарзанддор даҳонаи берунӣ ҳанӯз дар давраи охири ҳомилагӣ нимбоз аст; дар вақти З. раванди бозшавии даҳонаи дарунӣ ва берунӣ, инчунин ҳамвор гаштани гарданаи бачадон якбора сурат мегирад.
Дараҷаи боз шудани гарданаи бачадон бо сантиметр муайян карда мешавад (бо ангушт чен мекунанд). Мас., агар ба гарданаи бачадон (аз маҳбал) ангуштони 1 – 2 – 3 – 4 ворид шаванд, пас маълум мегардад, ки он тақрибан 2 – 4 – 6 – 8 см кушода аст. Зимни пурра боз гаштани гарданаи бачадон даҳонаи он 10 – 12 см фарох мешавад.
Давраи рондашавии кӯдак баъди комилан боз шудани гарданаи бачадон оғоз ёфта, бо берун омадани кӯдак аз ҷавфи бачадон ба итмом мерасад. Кӯдак аз бачадон дар натиҷаи чордард, яъне ба таври муназзам кашиш хӯрдани мушакҳои заҳдон ва диафрагмаю мушакҳои шикам хориҷ карда мешавад. Мушакҳои шикам ба таври рефлексӣ кашиш мехӯранд. Ҳангоми чордард зан нафас намекашад, диафрагма дар як сатҳ нигоҳ дошта мешавад; мушакҳои қаъри кос низ ба таври рефлексӣ кашиш мехӯранд. Дар натиҷаи ба қаъри кос тазйиқ овардани сари кӯдак чордард якбора шиддат ва баъди ҳар 2 – 3 дақ. такрор меёбад. Сари кӯдак ҳангоми чордард аз роҳи аъзои таносул намоён мешавад. Рӯи кӯдак ҷониби поён аст. Баъди такрор ёфтани чордард ва берун омадани сар китфони кӯдак баробари аз коси хурд гузаштан, тоб мехӯранд ва дар натиҷа рӯи тифл ҷониби рони рости модар мегардад. Китфи рост пештар ҳаракат карда, дар банди зиҳор (симфиз) каме таваққуф мекунад, сипас китфи чап пеш меояд. Баъди берун шудани китфҳо тана ва андомҳои поёни кӯдак бе душворӣ хориҷ мешаванд. Кӯдак аввалин маротиба нафас гирифта, гиря мекунад (ниг. Навзод).
Давраи ҳамроҳакӣ баъди таваллуди кӯдак фаро мерасад. Дар ин муддат ҳамроҳак аз девораи заҳдон ҷудо ва машима (ҳамроҳак, ҷанинпарда ва ноф) аз роҳи таносул хориҷ карда мешавад. Баъди ба дунё омадани тифл, бачадон ҷамъ шуда, шакли кураро мегирад; қаъри он тақрибан дар баробари сатҳи ноф аст. Пас аз 10 – 15 дақиқаи З. зан дарди сабук кашида, ҳамроҳак ва сипас машимаро аз бачадон хориҷ мекунад. Ҳамроҳак мумкин аст аз марказ ё канор кӯчад. Дар сурати аз марказ кӯчидани ҳамроҳак, одатан, хуншорӣ ба мушоҳида намерасад. Аломати аввалини аз канор кӯчидани ҳамроҳак хунравӣ аз роҳи таносул аст. Пас аз афтодани ҳамроҳак давраи баъди таваллуд фаро мерасад.
Таъсири баъзе бемориҳо ба зоиш
Занҳои гирифтори бемориҳои аъзои таносул ё узвҳои дигар бисёр вақт бо душворӣ таваллуд мекунанд.
Нуқси дил барои модар ва кӯдак хавфи ҷиддӣ дошта, мумкин аст ҳангоми З. ё баъди он боиси фавти зан гардад. Духтур ба зан доруҳои дил, глюкоза, витамин, оксиген таъин мекунад. Хусусан ба тавассути дору рафъ сохтани дарди З. муҳим аст. Дар сурати таъсир нарасондани доруҳо ва хуруҷи иллати дил зан фавран ҷарроҳӣ карда мешавад (ниг. Чоки қайсар).
Бо мақсади пешгирии оризаҳои З. бармаҳал ошкор сохтани нуқси дил дар зани ҳомила ва ҳалли масъалаи мумкин будан ё набудани ҳомилагӣ аҳамияти калон дорад.
Бемории гипертония низ ба ҷараёни З. таъсири номатлуб мерасонад. Дар аснои бад шудани саломатии зан ва кӯдак аз усули ҷарроҳӣ истифода мекунанд.
Анемия (камхунӣ) ҳамсафари асосии бисёр занҳои ҳомила мебошад. Дар занҳои гирифтори анемияи камоҳан аксар вақт баъди З. бемориҳои сироятӣ хуруҷ менамоянд. Кӯдакони чунин модарон низ дар муддати 6 – 8 моҳи аввали ҳаёт гирифтори анемияи камоҳан мешаванд.
Диабети қандӣ бемории маъмул аст. Ҳангоми гирифторӣ ба он ҷарроҳӣ фақат дар мавриди зарурат гузаронда мешавад. Дар вақти З. тазриқи инсулин ҷоиз аст. Хун ва пешоби кӯдакро бо мақсади муқаррар намудани миқдори қанди таркиби онҳо месанҷанд. Пас аз он чунин санҷишро баъди ҳар 3 моҳ 1 маротиба гузарондан лозим аст.
Беморони сил дар шӯъбаи махсуси таваллудхона зоёнда мешаванд. Фарҷоми З. барои модар ва тифл нисбатан хуб аст. Ҳангоми шаклҳои фаъоли сил ба кӯдак сина намемаконанд.
Шахии гарданаи бачадон дар занҳои калонсоли навзо ба мушоҳида мерасад. Он баъзан бинобар бемориҳои илтиҳобӣ ва баъди ҷарроҳии гарданаи бачадон, исқоти ҳамл ва ғ. падид меояд. Гарданаи бачадон намеёзад. Ба зан доруҳои рафъи ташаннуҷ ва маҳлули лидаза таъин мекунанд. Дар сурати натиҷаи дилхоҳ надодани дорушифоӣ ва бо ангушт боз намудани даҳонаи бачадон аз усули ҷарроҳӣ истифода менамоянд.
Миомаи бачадон бисёр вақт боиси пеш аз мӯҳлат ҷорӣ шудани оби ҷанин, суст хуруҷ ёфтани аломатҳои зоиш, гипоксияи кӯдак, хуншорӣ, зуд ғунча нашудани бачадон баъди таваллуд ва ғ. мегардад. Ҳангоми калон будани миома дар вақти ҷарроҳӣ онро (ё бачадонро) бурида дур месозанд.
Хуншорӣ ҳангоми зодан
Дар вақти З. то 0,5%-и массаи бадан талаф додани хун аз нигоҳи физиологӣ безиён аст. Хунравии шадид (зиёда аз 1,5%-и массаи бадан) боиси ихтилоли фаъолияти силсилаи асаби марказӣ, нафаскашӣ, ғадудҳои эндокринӣ, гардиши хун ва мубодилаи моддаҳо мегардад.
Вокуниши занҳо нисбати хуншорӣ гуногун аст. Гоҳо талаф додани 700 – 800 мл хун кофист, ки зан вафот ёбад. Ҳол он ки баъзан аз 800 мл зиёд талаф шудани хун фишори шараёнро паст намекунад. Ҳангоми хуншорӣ фишори шараёнро мунтазам назорат карда истодан лозим аст.
Хуншорӣ метавонад дар давраҳои I, II ва III-и З., инчунин баъди он рух намояд. Хуншорие, ки дар давраи I-и З. ба вуҷуд омадааст, мумкин дар давраи III ё ҳамон лаҳза баъди зоиш шиддат ёбад. Хуншории дар давраи III саршуда бисёр вақт дар давраи аввали баъди таваллуд давом мекунад. Сабаби хуншорӣ дар давраҳои I ва II-и З. кӯчидани бармаҳали ҳамроҳак ва даридани бофтаҳои роҳи кӯдакгузар аст. Хуншорӣ дар давраи III-и З. имкон дорад дар натиҷаи дер ҷудо шудани ҳамроҳак ва машима (бинобар суст будани тонуси заҳдон) падид ояд; дар ин давра аз сабаби даридани бофтаҳои нарми роҳи таваллуд низ хуншорӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Зимни бисёр талаф додани хун мумкин аст гипо- ё афибриногенемия инкишоф ёбад.
Баҳри пешгирии хунравӣ ҳангоми З. ва баъди он ба зан дуруст кӯмак расондан лозим аст; дар мавриди заиф будани хуруҷҳои З. бояд тадбирҳои зарурӣ андешид. Ба вена фиристодани метилэргометрин (1 мл маҳлули 0,02%) бо 20 мл маҳлули 40% глюкоза барои пешгирии хуншориҳои гипотонӣ ва атонӣ муҳим аст. Истифодаи қатравии окситотсин (5ED) дар 500 мл маҳлули 5%-и глюкоза низ нафъ дорад. Баробари рух намудани хуншорӣ момодоя бояд бетаъхир ба духтур хабар расонад.
Осебҳои зодан
Осебҳои марбут ба З. метавонанд дар модар ва тифл ба вуҷуд оянд. Сабаби онҳо асосан бо ноҷӯрӣ ҷараён гирифтани раванди З. ва кӯмаки ноӯҳдабароёнаи момоӣ мебошад. Ба осебҳои зоиш даридани чатан, фарҷ ва маҳбал, хуномоси фарҷ ва маҳбал, даридани гардана ва танаи бачадон, носури аъзои таносулу пешоб ва рӯдаю маҳбал (носурҳои баъди зоиш), ҷудо шудани устухони зиҳор, чаппа гаштани бачадон ва ғ. мансубанд.
Сабабҳои даридани чатан гуногун мебошанд, мас., нисбатан шах будани бофтаҳо дар занҳои калонсоли навзо; нодуруст ҷой гирифтани кӯдак ё калон будани он; танг будани устухони кос; амалҳои нодурусти момодоя ва ғ. Даридани чатан 3 дараҷа дорад. Ҳангоми даридагии дараҷаи I девораи қафои маҳбал, кафшераки қафо ва пӯсти чатан чок мешаванд; мушакҳо осеб намеёбанд. Дар мавриди даридагии дараҷаи II дар баробари ин ҳама мушакҳои чатан (ғайр аз ҳалқамушаки берунии рӯдаи рост) низ зарар мебинанд. Зимни даридагии дараҷаи III ба ҳалқамушаки берунии рӯдаи рост, баъзан ба девораҳои он низ зарар мерасад.
Дар мавриди даридани чатан имкон дорад, ки ба узву бофтаҳо микробҳо роҳ ёбанд. Минбаъд эҳтимол аъзои таносул низ фарояд. Ҳангоми даридагии дараҷаи III зан боди шикам ва ахлотро нигоҳ дошта наметавонад. Бинобар ин ҳар гуна даридагии чатан бояд дӯхта шавад. Момодоя метавонад фақат даридагии дараҷаҳои I ва II-ро кӯк занад; даридагии дараҷаи III-ро духтур бояд бидӯзад. Баъд аз З. зан камаш 10 – 12 рӯз набояд шинад (ба ҷои духташуда зӯр наояд). Истеъмоли давоҳои равғании дарунрон нафъ дорад.
Даридагии фарҷ ва маҳбал бисёр вақт якҷоя бо даридагии чатан рух намуда, боиси хунравӣ мешавад. Даридагии аёни фарҷро медӯзанд, рагҳои хуншорро мебанданд. Бештар ҳиссаи поён, баъзан ҳиссаи миёна ва болои фарҷ медарад. Хусусан даридагии ҳиссаи болои фарҷ вазнин аст; ҳангоми чуқур даридани он ба параметрий (бофтаҳои назди бачадон) хун ворид шуда, гематома (хуномос) ба вуҷуд меояд.
Хуномоси фарҷ ва маҳбал нисбатан кам ба мушоҳида мерасад (асосан ҳангоми тез таваллуд кардан, мавҷудияти ғуддаҳои варикозии фарҷ ва ғ.). Дар аснои ба вуҷуд омадани хуномос зан аз эҳсоси фишор, тазйиқ ва дард дар фарҷ ва маҳбал шикоят мекунад. Дар фарҷ (бештар дар лабҳои калони он) ё зери луобпардаи маҳбал омосҳои кабуди арғувонӣ пайдо мешаванд. Хуномосҳои хурд худ аз худ нопадид мегарданд. Хуномосҳои калонро бо дору табобат мекунанд. Агар хуномос фасод гирифта, ҳарор. бадан баланд шавад, пас онро буридан лозим аст.
Даридагии гарданаи бачадон дар аснои тез таваллуд кардан, калон будан ва нодуруст ҷой гирифтани кӯдак, дуруштии гарданаи бачадон, танг будани кос пайдо мешавад. Даридагии маҷбурӣ бинобар корбасти анбӯрҳои момоӣ, зӯран тоб додани кӯдак ва ғ. падид меояд. Баъзан даридагӣ то ба равоқи маҳбал мерасад ва онро низ фаро мегирад. Нишонаи даридагии амиқи гарданаи бачадон аз роҳи таносул шоридани хун (ҳамон лаҳза баъди таваллуди кӯдак) аст. Даридагиҳои хурд ягон нишонаи махсус надоранд. Ҷойҳои даридагиро кӯк мезананд.
Даридагии танаи бачадон ду навъ – пурра ва нопурра мешавад. Дар натиҷаи вуҷуд доштани монеаҳо барои З., номувофиқатии андозаи кос ва сари кӯдак, кӯндаланг ҷойгир будани тифл, омоси бофтаҳои нарми роҳи зоиш, мавҷудияти изи чоки қайсар ва ғ. сар мезанад.
Ҳангоми хавфи даридани танаи бачадон амалиёти З. тезутунд шуда, дард баъзан хусусияти ташаннуҷӣ мегирад. Қисми поёни заҳдон ёзида тунук ва хеле дардманд мешавад; бачадон шакли соати региро мегирад. Бандакҳои ҳалқашакли он беҳад таранг ва дардманд мебошанд. Канорҳои гарданаи заҳдон варам мекунанд (варам ба чатан ва маҳбал низ паҳн мегардад). Зан беқарор мешавад, рӯи ҷогаҳ печутоб мехӯрад, шикамашро дошта нолиш мекунад. Дар ин гуна мавридҳо кӯдакро бо ҷарроҳӣ берун меоранд.
Носурҳои баъди зоиш аз ҷумлаи оризаҳои З. буда, аҳёнан ба мушоҳида мерасанд. Сабаби онҳо бисёр вақт мувофиқат накардани сари кӯдак бо андозаи коси модар аст. Дар сатҳи коси хурд банд гаштани сари тифл, ё худ сари кӯдакро ба устухони кос зер кардани бофтаҳои маҳбал, гарданаи бачадон, масона, рӯдаи рост ва ғ. низ имкон дорад мӯҷиби пайдоиши носурҳо гардад. Пас аз 3 – 8 рӯзи З. ҷойҳои мавтшудаи бофтаҳои мазкур кӯчида, носурҳои гуногун ба вуҷуд меоянд. Носурҳои хурд худ аз худ шифо меёбанд; носурҳои калон ҷарроҳӣ (баъди 4 – 6 моҳи З.) карда мешаванд. То ҷарроҳӣ фарҷро ҳар рӯз шуста, равғани вазелин ё эмулсияи синтомитсин молидан лозим аст.
Аз ҳам гусастани устухонҳои зиҳор дар натиҷаи ёзидан ё канда шудани банди зиҳор рух менамояд. Дар зери ноф дард пайдо шуда, дар вақти ҳаракат кардан он шиддат меёбад. Бемор бояд 3 – 5 ҳафта бистарӣ гардад, аз корсетҳои махсус истифода кунад.

М. Ф. Додхоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …