Главная / Илм / ЗЕРЕВ

ЗЕРЕВ

zerevЗЕРЕВ, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳ. Ишкошим. Тақр. 5 км дуртар аз резишгоҳи сои Дараи Зерев, дар баландии 2900 м аз с. б. ҷой гирифтааст. Минералнокиаш – 2,0 г/л, ҳарор. обаш +10 – +180 С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (255мг/л), натрий (175 мг/л), магний (65,0 мг/л), анионҳои гидрокарбонатҳо (1391 мг/л), сулфатҳо ( 125 мг/л) мавҷуданд. Оби чашма барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, роҳҳои нафас ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо нафъ дорад. Вобаста ба таркиби химиявӣ ба оби минералии Тсагвери (Гурҷистон) наздик аст.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …