Главная / Илм / ЗАНБӯРУҒЧОЙ

ЗАНБӯРУҒЧОЙ

zanburugchoyЗАНБӯРУҒЧОЙ, навъе аз нӯшокиҳои ҳаловатбахш. Онро бо роҳи дар чой парвариш кардани занбӯруғҳои хамиртуруш таҳия месозанд. Бо номҳои занбӯруғи лионӣ, ҳиндӣ ва японӣ низ маъмул аст. Ҳамчунин онро чун занбӯруғи баҳрӣ ва манжурӣ ном мебаранд. З. зоҳиран ба медузаи рӯи об монанд аст. Бо мақсади тайёр намудани З. банка (одатан 3 л)-ро бо сода мешӯянд. Сипас аз нисф зиёди онро бо чойи сиёҳи ширгарм пур ва барои ширин шудан, шакар илова мекунанд (100 г шакар барои 900 мл чой). Занбӯруғ (ё як қисми он)-ро дар оби ҷӯшидаи ширгарм шуста ба банка мегузоранд ва даҳони зарфро бо дока баста, дар ҷои гарм (бояд нури офтоб нарасад) нигоҳ медоранд. З. баъди як ҳафта тайёр мешавад. Занбӯруғро боз такроран истифода мебаранд. Қабл аз истеъмол З.-ро бо дока полондан мумкин аст.
З. таъми гуворо дошта, ташнагиро мешиканад. З. давои маҳвсозандаи бактерияҳост. Бинобар ин онро ҳангоми бемориҳои шадиди гулӯ, роҳи нафас ва милки дандонҳо тавсия медиҳанд. З. кори меъдаю рӯдаҳоро ба сомон меорад. Аз ин рӯ истеъмоли он барои ашхоси туршии меъдаашон паст муфид мебошад.
Табибони халқӣ З.-ро барои истеъмол ва ғарғара кардани гулӯ (дар мавриди бемориҳои илтиҳобӣ ва аллергии роҳи болои нафас – бронхит, назла, ангина, тонзиллити музмин, стоматит, фарингит ва ларингит) тавсия медиҳанд. Муқаррар шудааст, ки рӯзе 4 – 6 маротиба ғарғара кардани гулӯ бо З.-и гарм ба бемориҳои илтиҳобии ҷавфи даҳон ва роҳи болои нафас даво мебахшад. Мас., ҳангоми табобати ангина дард зуд барҳам хӯрда, фурӯ бурдани ғизо осон мешавад, ҳарорати бадан мефарояд, варам ва сурхии гулӯ мегардад. З.-ро барои муолиҷаи захмҳои фасоднок ва ҷои сӯхта низ кор мефармоянд. Дар тибби муосир барои табобати атеросклероз ва бемории гипертония манфиат доштани З. исбот шудааст. З. ҳамчунин холестерини хунро кам карда, барои табобати сардард, дарди дил, бехобӣ, қабзият ва бемориҳои рӯда нафъ дорад. Одамоне, ки туршии меъдаашон баланд аст, ҳамчунин ашхоси гирифтори касалии қанд бояд аз истеъмоли З. худдорӣ намоянд.
Ад.: Нураллиев Ю.Н., Лекарственные растения, Д., 1988.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …