Главная / Илм / ЗАҲРОЛУДӣ АЗ РАСТАНИҲО

ЗАҲРОЛУДӣ АЗ РАСТАНИҲО

zahroludi-az-rastanihoЗАҲРОЛУДӣ АЗ РАСТАНИҲО. Заҳролудии шадид аз растаниҳои заҳрнок намуди маъмули заҳролудӣ аз хӯрокворӣ мебошад. Чунин заҳролудӣ бештар дар мавсими гарми сол – баҳор, тобистон ё тирамоҳ дар байни сайёҳоне, ки ҳаёти худро дар хатар монда, растаниҳо ё занбӯруғҳои ношиносро дар хӯрок истифода мебаранд, инчунин дар коллективҳои кӯдаконе, ки тобистон ба лагерҳо мераванд, ба вуқӯъ мепайвандад. Диққати кӯдакони хурдсол (хусусан то 5-сола)-ро намуди зебои ғуҷуммева ва растаниҳо ҷалб мекунад. Заҳролудии шадид дар ин шароит аксар ҷанбаи умумӣ дошта, ҳамчун эпидемияи ҳақиқӣ даҳҳо одамонро аз ҳаёт маҳрум месозад.
Худмуолиҷа, яъне бе маслиҳати духтур ё бо тавсияи шиносони «ҳамадон» истеъмол кардани ҷӯшобу шираи растаниҳо, боиси заҳролудии шадид мегардад.
Пас аз истеъмоли растаниҳои заҳрнок фаъолияти меъдаю рӯдаҳо халал меёбад. Бинобар ин, заҳролудии шадид аз растаниҳоро аз заҳролудии ғизоӣ, ки сабаби он бо хӯрок ба организм роҳ ёфтани микробҳо ва заҳри онҳо мебошад, фарқ намудан басо мушкил аст.
Растаниҳое ҳастанд, ки аслан заҳрнок буда, дар таркиби худ моддаҳои барои одам зарарнок доранд. Инчунин растаниҳои муфиде низ мавҷуданд, ки дар натиҷаи тағйир ёфтани таркиби химиявӣ ё бо занбӯруғи заҳрнок олуда шудан (ҳангоми нигоҳдории нодуруст), аз онҳо заҳролуд гаштан мумкин аст (чуноне, ки мавриди истифодаи ғалла ё картошкае, ки зимистон дар саҳро мондааст, мушоҳида мешавад). Заҳри таркиби растаниҳо аз пайвастҳои химиявии гуногун иборат буда, ба гурӯҳи алкалоидҳо, гликозидҳо, баъзе равғанҳои эфирӣ ва кислотаҳои органикӣ (кислотаи сианид, оксалат) мансубанд. Алкалоидҳо пайвастҳои мураккаби органикӣ буда, таркиби онҳо аз карбон, гидроген ва нитроген иборат аст. Намаки алкалоидҳо дар об зуд ҳал шуда, дар меъдаву рӯда тез ҷаббида мешаванд. Хислати хоси гликозидҳо аз он иборат аст, ки онҳо бе душворӣ ба ҷузъҳои таркибии худ – карбогидратҳо (қандҳо) ва чанд маводи заҳрноки дигар таҷзия мешаванд. Ҷараёни ҳосил ва ғун шудани заҳри растаниҳо гуногун буда, вобаста ба марҳилаи инкишоф, шароити иқлим, хок якбора тағйир меёбад.
Ҳассосияти ҳайвонот ва инсон ба таъсири заҳр гуногун мебошад. Мас., нисбат ба одам асп ва саг ба 1 кг вазн 10, кабӯтар 100, қурбоққа 1000 баробар зиёдтар ба таъсири алкалоидҳои хашхош (кӯкнор) тоб меоранд. Заҳрогинии бисёр растаниҳо кайҳо маълум бошад ҳам, ҳар сол шумораи заҳрҳои нави растаниҳо меафзояд.
Нишонаҳои осеб дидани одам аз заҳри растаниҳо ба таъсири махсуси онҳо ба узвҳои муайяни организм (заҳрнокии интихобӣ) вобаста аст. Ҳангоми З. пеш аз ҳама нишонаҳои осеби ситемаи асаб падид меоянд. Хусусияти заҳролудӣ метавонад гуногун бошад. Дар баъзе мавридҳо маводи заҳрноки растанӣ фаъолияти маркази асабро ба ҳаяҷон меоранд, дар ҳолатҳои дигар бошад, баръакс, фаъолияти онро фурӯ менишонанд ё боиси фалаҷ мегарданд. Вобаста ба ин, дар ҳолати якум нишонаҳои ҳаяҷони зиёд, ихтилоҷи дасту по, ихтилоли шуур, хориши пӯст ва ба назар намудани ҳашароти хурд бартарӣ доранд. Мардумаки чашм васеъ, пӯст хушк ва тафсон, набз ва нафасгирӣ тез мешавад. Ин аломатҳо дар мавриди заҳролудӣ аз шобезак, банги девона, шоҳдона, явшон, аҷалгиёҳ ва диг. растаниҳои заҳрашон асабгиро ба мушоҳида мерасанд. Дар ҳолати дуюм аломатҳои сустии ҳассосияти пӯст, хоболудӣ, рӯҳафтодагӣ, душвории ҳаракатҳои ғайриихтиёрӣ ва беҳушӣ бартарӣ доранд; задани набз ва нафасгирӣ суст гашта, бадан арақшор ва хунук мешавад. Ин гуна нишонаҳо ҳангоми заҳролудӣ аз кӯкнор, чилбуғум ва ғ. мушоҳида мешаванд.
Дар аснои заҳролудии вазнин ангезиши системаи асаб фақат дар давраи аввали таъсири заҳр ба мушоҳида мерасад, сипас фаъолияти он фалаҷ меёбад. Таъсири аввалин ба системаи асаб, одатан, бо ихтилоли дигар узвҳо (дар навбати аввал дил ва аъзои нафас) ҷараён гирифта, боиси фавти бемор мегардад.
Бисёр растаниҳои заҳрнок ба пардаҳои луобии ҳозима таъсир расонида, боиси дарди шадиди шикам, дилбеҳузурӣ, қай ва исҳол мешаванд. Дар натиҷаи зуд камоб шудани организм мумкин аст беҳолӣ, нафастангӣ, заъфи фаъолияти дил инкишоф ёбад. Ба ин гурӯҳ растаниҳое мансубанд, ки таркибашон аз сапонинҳо (зарбат, картошкаи нешзада, ангури сагак, хардал ва ғ.) иборат аст.
Заҳри растаниҳое, ки бо таъсири худ фаъолияти дилро халалдор месозанд, гликозидҳо ном доранд. Мас., панҷаи Алӣ, гули барфак, испарак, бедгул ва ғ. Ҷӯшоби онҳоро ба сифати дору кор мефармоянд. Он мушакҳои дилро таҳрик медиҳад, суръати кашиши дилро танзим менамояд. Меъёри зиёд ва заҳрогини ин гуна растаниҳо фаъолияти дилро беҳад таҳрик дода, онро аз дарки боздорандаи таъсири системаи асабҳои марказӣ, ки тавассути асаби гумроҳ фиристода мешавад, маҳрум менамояд. Заҳролудӣ аз онҳо бо задани дил (ба ихтилоли фаъолияти он вобаста аст), паридани ранги рӯй ва беҳушӣ зоҳир мегардад.
Ҳаминро бояд дар хотир дошт, ки гликозидҳои панҷаи Алӣ ва растаниҳои дигар хосияти кумулятивӣ доранд, яъне ҳангоми дуру дароз истеъмол намудан, дар организм ғун мешаванд. Дар ин маврид нишонаҳои заҳролудӣ метавонанд ҳатто пас аз истеъмоли меъёри андаке аз ин доруҳо (15 – 20 қатра) низ сар зананд. Ғайр аз ин, дар таркиби чунин ҷӯшобҳо сапонин ва диг. пайвастҳои органикӣ мавҷуданд, ки луобпардаи аъзои ҳозимаро хароб карда, сабаби дилбеҳузурӣ, қай ва исҳол мегарданд.
Заҳролудӣ аз ҷӯшоби чемеритса бо ногаҳон суст шудани набзу дилзанӣ (баъзан дар 1 дақ. то 20 – 30 маротиба) оғоз ёфта, боиси беҳушӣ ва фавти бемор мешавад.
Бархе аз растаниҳо асосан ба ҷигар таъсир мерасонанд, бинобар ин онҳоро заҳрҳои ҷигар меноманд. Ба онҳо салиба, чойчӯба ва талхаки гулобӣ мансубанд. Алкалоидҳои ин растаниҳо сабаби беиштиҳоӣ, ихтилоли ҳазми хӯрок (дилбеҳузурӣ, исҳол), зардпарвин, хориши пӯст, дарди атрофи ҷигар, ихтилоли фаъолияти рӯҳӣ (ҳаяҷони нутқ, ки ба хоболудӣ иваз мешавад) мегардад.
Ҳангоми З. беморро бо роҳи аз организм дур кардани заҳр ва истифодаи ҳаргуна позаҳрҳо муолиҷа менамоянд. Сарфи назар аз намуди растании заҳрнок фавран ангуштро ба даҳон андохта қай овардан зарур аст. Қабл аз қай ба бемор 1 – 2 истакон оби гарми шӯртаъм (0,5 қошуқча намак ба 1 истакон об) менӯшонанд. Қайро 5 – 6 бор такрор намуда, пас аз он маводи ҷаббанда (80 – 100 г нони қоқи сиёҳ ё 3 – 4 қурси ангишти фаъол – карболен) медиҳанд. Сипас нӯшонидани доруи исҳоловар (30 – 50 г намаки сулфати натрий ё сулфати магний дар 0,5 истакон об) тавсия мешавад.
Дар мавриди ба ҳаяҷон омадани бемор то расидани гурӯҳи ёрии таъҷилӣ ӯро дар бистар хобонда ба сараш чизи хунук мегузоранд; ҳангоми беҳушӣ сарашро аз пойҳо пасттар намуда мехобонанд; агар нафасгирӣ ва фаъолияти дил қатъ гардад, бо усули даҳон ба даҳон нафас дода, масҳи дил мегузаронанд.
Барои пешгирии З. иҷрои қоидаҳои зерин муҳим аст: 1) дар хӯрок истифода набурдани ҳар гуна гиёҳ ва занбӯруғҳои номаълум; 2) истеъмол накардани картошка, ғалладона, марҷумак, нахӯд ва ғ., ки нодуруст нигоҳ дошта шудаанд ё зимистон дар саҳро мондаанд; 3) бе маслиҳати духтур нахӯрдани ҷӯшоб ва доруҳое, ки дар шароити хона аз гиёҳҳои доруӣ таҳия шудаанд; 4) худсарона аз меъёри таъинкардаи духтур зиёд истеъмол накардани ҷӯшобе, ки дар дорухона тайёр карда шудааст; 5) ба кӯдакон (хусусан ба кӯдакони хурдсол) бе назорати одамони калон иҷозат надодани ҷамъоварии занбӯруғу ғуҷуммева; 6) зинҳор насупурдани ҳаёт ва саломатии худ ба дасти одамоне, ки маълумоти махсуси тиббӣ надоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …