Главная / Гуногун / ЗАҲИРИ ФОРЁБӢ

ЗАҲИРИ ФОРЁБӢ

ЗАҲИРИ ФОРЁБӢ аз машоҳири122 ҷаҳон асту аз афозили даврон. Тамоми девони ў матбўъу123 мақбул аст. Ба латофат ва салосати сухани ў ҳеҷ кас нест. Девони вай машҳур аст ва ашъори вай бар забонҳо мазкур. Дар давлати Атобак Абўбакр тарбиятҳо ёфт. Шабе дар маҷлиси вай ин рубоӣ бигуфт:

Р у б о ӣ

Ай вирди малоика дуъои сари ту,
Сар нест замонаро ба ҷойи сари ту.
Бо душмани ту наёми124 шамшери ту гуфт:
«Сирри дили ман бод қазои сари ту».

Бифармуд, то ҳазор динор зари сурх дар маҷлис нисори ў карданд Бар асари ин рубоии дигар гуфт:

Р у б о ӣ

Шоҳо, зи ту кори мулку дин бонасак аст
В-аз адли ту ҷони зулму фитна рамақ аст,
Дар ақди ту рофизию суннӣ бо ҳам
Карданд мувофиқат, ки Бўбакр ҳақ аст.

Ва аз латоифи ашъори вай аст ин чанд байт бар услуби маснавӣ: 

М а с н а в ӣ
Олиме бар фарози минбар гуфт:
— Ки чу пайдо шавад сарои нуҳуфт,
Ришҳои сафедро зи гуноҳ
Бахшад эзид ба ришҳои сиёҳ.
Боз риши сиёҳ рўзи умед
Бошад андар паноҳи риши сафед.
Мардаке сурхриш ҳозир буд,
Даст дар риш зад, чу ин бишнуд.
Гуфт: «Мо худ дар ин шумор наем,
Дар ду гетӣ ба ҳеҷ кор наем».

Ва камоли вай дар шеър ба масобаест 125, ки шуарои мутақаддам ба миёни вай ва Анварӣ ва тарҷеҳи яке бар дигаре ихтилоф доштаанд. Чунон ки баъзе бар сабили истифсор126 аз баъзеи дигар гуфтаанд:

Қ и т ъ а

Ай он замини виқор, ки бар осмони фазл
Моҳи  хуҷистапайкару хуршедманзарӣ!
Қавме зи ноқидони127 сухан гуфтаи Заҳир
Тарчеҳ медиҳанд бар ашъори Анварӣ.
Қавме дигар бар ин сухан инкор мекунанд,
Филҷумла, дар маҳалли низоъанду доварӣ.
Тарҷеҳи як тараф ту бад-эшон намо, ки ҳаст
Зери нигини ҳукми ту мулки суханварӣ.

Ва Имомии Ҳарави 128 дар ҷавоби вай гуфтааст:

Ай солики масолики фикрат, дар ин суол
Маъзур нестӣ, ба ҳақиқат чу бингарӣ.
Тамйизро129 зи баъди таносуб дар ин ду тавр
Ҳеҷ эҳтиёҷ нест дар ин шарҳгустарӣ,
К-ин мўъҷиз асту он сеҳр, ин – нуру он -чароғ,
Ин- моҳу он -ситора в- ин – ҳуру он – парӣ.
Ва  дигаре гуфтааст дар  ҷавоби  ҳамон қитъа;

 

Қ и т ъ а

Ҳар мубтадӣ, ки беҳуда тарҷеҳ мениҳад

Шеъри Заҳир бар сухани поки Анварӣ.

Монад бад-он гурўҳ, ки нашнохтанд боз

Эъҷози Мўсавиро аз сеҳри Сомирӣ.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …