Главная / Илм / ЁЗИШИ ПАЙ

ЁЗИШИ ПАЙ

yozishi-payЁЗИШИ ПАЙ (Distorsio), дисторсия, иллатест, ки дар натиҷаи аз ҳад зиёд ёзидани пайи буғумҳо ба амал меояд. Аксар вақт торҳои ҷудогонаи пай, баъзан худи пай тамоман канда шуда, ҳатто як пораи устухонеро, ки ба он часпидааст, аз ҷояш мекӯчонад.
Бештар Ё. п.-и банди соқу панҷаи по ба мушоҳида мерасад; иллат асосан дар вақти ба ҷойҳои ноҳамвори замин по мондан (аз ин сабаб тоб ва лат хӯрдани по), инчунин ҳангоми ба паҳлӯ ғалтидан (агар попанҷа ноҷунбон бошад, чунончи дар лижаронҳо) ба амал меояд. Ҳангоми Ё. п. дарди бисёр сахт пайдо мешавад. Сонитар (дар рӯзи дуюм) буғум варамида, дар атрофи он хуномос падид меояд.
Ёрии аввалин – таранг бинтпеч кардани банди соқу панҷа. Дар вақти сахт дард кардан попанҷаро бо ягон воситаи дастрас ноҷунбон сохта, осебдидаро зуд назди духтур бурдан лозим аст. Вагарна ҳатто ёзиши сабуки пай боиси суст шудани он гардида, дар натиҷа попанҷа тез-тез тоб ва лат мехӯрад, Ё. п. борҳо такрор мешавад.
Ё. п.-и зону зимни иҷрои ҳаракатҳои зӯрнорас дар банди зону, мас., ба паҳлӯ қат кардани он, инкишоф меёбад. Нишонаҳояш чунинанд: сахт дард кардани зону; дар вақти ҷунбиш зӯртар шудани дард. Ёрии аввалин: зонуро таранг бинтпеч карда ба он ҷабира (тахтачаи шикастабандӣ) ё дигар чизи ёрирасон бастан. Муолиҷаро духтур мегузаронад. Ё. п.-и дигар буғумҳо кам рӯй медиҳад.
Дар аснои дуруст муолиҷа кардани Ё. п. оризаи ногувор боқӣ намемонад. Пешгирии Ё. п. (махсусан барои варзишгарон): ҳамеша таранг нигоҳ доштани мушакҳо; пеш аз бозӣ ба ҷойҳои қаблан латхӯрда печондани бинти эластик (ёзанда); пӯшидани пойафзоли махсуси спортӣ; истифодаи зонубандҳо ва ғ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …