Хирси малла дар ҷангал худро озод хис мекунад. Вай монанди шеру паланг қариб тамоман душман надорад. Вазнаш то 300 кг мешавад. Хирс дар ҷустани хӯрок саросема нашуда оҳиста меравад. Дар роҳ мӯрчахонаҳоро мекобад, кирми ҳашароти зери пӯстлохро мехурад, хонаи занбӯрҳои асали ёбоиро вайрон мекунад.
Хӯроки асосии хирси малла мева. шохчаю барги растаниҳо буда, ба ҳайвонҳо кам ҳамла мекунад. Хирс дар зимистон дар ғор ё зери шохаҳои зиёд то баҳор хоб меравад. Дар ин вақт ҳарорати баданаш андаке паст шуда, хароб мешавад. Зимистон модахирс 1-2 насл медиҳад, ки аз сагбачаи навзод андак калонанд.
Хирси сафед то 800 кг вазн дошта, дар қутби шимол, дар рӯйи барфу яхҳои соҳил зиндагӣ ва дар об нағз шино мекунад. Вай асосан моҳӣ ва тюленҳоро ғизо мекунад. Азбаски шумораи онҳо хеле кам мебошад, шикораш манъ аст.
Дар ҷумҳурии мо як зери мудахирси нохунсафед дида мешавад.