Главная / Гуногун / ВОПАСИН ДИДОР (Аҷал ҷои гурез нест)

ВОПАСИН ДИДОР (Аҷал ҷои гурез нест)

Дар ибтидо табибон таскин доданд, ки ҷарроҳии Ҳикмат-амак вазнин бошад ҳам хуб гузашт. Кулли  хешу табор, ёру дўстон ва  мо ҳамсоягон низ умедвор будем, ки ў дере нагузашта шифо меёбад. Лекин даҳ-дувоздаҳ рўз пас духтурон аз писари калониаш хоҳиш намуданд, ки мўйсафедро хона баранд. Онҳо ҳар кори аз дасташон меомадаро карданд… Яъне он тарафаш хости худову тақдир…

08Аҳли оила – хурду калон калобаи худро гум карда ба чор сў метохтанд. Ҳеҷ касро аз дасти беамони аҷал ҷои гурез нест, ба аёдату аҳволпурсии мўйсафед медаромаданд. Дуо талаб мекарданд, тани гарм, касалӣ меояду меравад гуфта, сиҳатмандиашро мехостанд.

Ва ман ҳоло назди болини Ҳикмат-амак нишастаам. Ҳамсараш чои гарм оварда рехт. Чашмони мўйсафед хеле ба қаъраш фурў рафтаанд. Дар рўяш қариб, ки хун набуд, лабонаш мепарриданд. Бо вуҷуди беҳолу мадорӣ аз забон намонда буд. Аз сақфи хона чашм намеканд, гўё вассаҳои ҷуфтро мешумориду мешуморид…

– Оқи падар ҳамсинфатро ёд дорӣ? – ногаҳон пурсид ў.

– Шодиро? Албатта…

Вай дигар ҳарфе назад. Аз чашмонаш як қатра ашк рехт. Нигоҳашро илтиҷоомез дарёфтам.

Ба хона баргаштам. Вале нигоҳи илтиҷоомези мўйсафед аз пеши назарам дур намешуд. Чаро, чаро ў писари понздаҳ сол пеш «зани урус, овардӣ?» гўён оқ кардаву аз ҳавлӣ рондаашро ёд карда аз ман пурсид. Аз беқарорӣ ҷои нишаст намеёфтам… Суратҳои давраи мактабхониро гирифтам. Дар онҳо акси Шодӣ бисёр аст.

Аз падарам маслиҳат ҷустам. Он кас андешамандона гуфтанд.

– Мўйсафед чор чашм дар роҳ интизор аст. Вай медонад, ки фарзанд аз камари падар ба дунё меояд ва бовар дорад, ки дуои бади падар ба сари фарзанд бадбахтиҳо меорад. Дер ё зуд… То Шодиро набинад, ҷон канданаш пуразоб мешавад…

– Чаро аз ман ўро пурсид?

– Як вақтҳо чанд сол пеш ба мўйсафед хабар расонда будам, ки Шодӣ гоҳ-гоҳ ҳам бошад, ба ту хат навишта меистад. Шояд дар ёдаш мондааст.

Ҳарчи бодо бод! Зуд почта рафта ба номи Шодӣ телеграмма фиристондам. Навистам, ки падарат сахт бемор аст. Фавран биё!

Панҷ рўз пас Шодӣ бо ҳамсараш Галина ва писару духтараш расида омад. Ман ўро истиқбол гирифтам.

Ва боз сари болини  Ҳикмат-амак нишастам. Дасташро доштам, арз кардам.

– Писаратон Шодӣ, зану бачаҳояш омаданд… Чашм кушоед, ана ҳамаашон!

Мўйсафед ба писару келини урусаш, ба наберагонаш дуру дароз нигарист. Хаёлам чашмонаш андак нур гирифт, ба чеҳрааш хун дамид, лабҳояш моили табассум шуданд. Вай бо душворие дастони писару зани ўро, сила намуд, фишурд. Қаноатмандона сар ҷунбонд. Пичиррос зада чанд ҳарфе ба забон оварду соате пас аз олам чашм пўшид…

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …