ВЕЗДАРА, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Шуғнон. Дар соҳ. рости д. Вездара, 50 км дуртар аз ш. Хоруғ воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 3400 м. Дебиташ – 2,6 – 3,3 л/сон., минералнокии умумиаш – 3,3 г/л, ҳарор. обаш +17 – +330С. Дар таркиби оби чашма натрий (400 мг/л), калий (53 мг/л), калсий (196 мг/л), магний (36 мг/л), гидрокарбонтаҳо (1165 мг/л), хлоридҳо (430 мг/л), сулфатҳо (50 мг/л), кислотаҳои силитсий (187 мг/л), метаборат (97 мг/л), ангидриди озоди карбон (660 мг/л) мавҷуданд. Оби чашма шифобахш буда, барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо муфид аст. Онро метавон биошомид, ҳамчун обзан (ванна) кор фармуд. Вобаста ба таркиби химиявӣ ба оби чашмаҳои Налчик шабоҳат дорад.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …