Главная / Илм / ВАРЗИШИ ШИФОӣ

ВАРЗИШИ ШИФОӣ

kinetoterapieВАРЗИШИ ШИФОӣ (Kinetotherapia, therapia correctiva), яке аз воситаҳои табобат ва пешгирии бемориҳо. Асосан дар дармонгоҳу санаторияҳо истифода бурда мешавад. Усули асосии реабилитатсияи тиббист. Истифодаи бамаврид ва дурусти В. ш. барои зуд табобат ёфтан ва барқарор шудани қобилияти кории беморон кӯмак мерасонад.
Самараи В. ш. дар тӯли асрҳо санҷида шудааст. Табибони Юнони Қадим – Буқрот, Асклепиад ва диг. машқҳои ҷисмониро яке аз ҷузъҳои муҳим ва ҳатмии муолиҷа меҳисобиданд. Табиби машҳур Ҷолинус барои беморон нафақат машқҳои гимнастикӣ, балки заврақронӣ, аспсаворӣ, шикор, ҷамъоварии мева, сайру гашт ва масҳро низ тавсия мекард. Табиб ва файласуфи тоҷик Абӯалӣ Сино дар «Ал-Қонун фи-т-тиб» машқҳои ҷисмониро ҳамчун яке аз унсурҳои тибби муолиҷавӣ ва пешгирии беморӣ таъкид кардааст.
Воситаи ягонаи В. ш. машқҳои ҷисмонӣ, яъне ҳаракати мушакҳост. Дар мавриди В. ш. тамоми воситаҳои таъсирбахшеро, ки тарбияи ҷисмонӣ дар ихтиёр дорад, истифода мебаранд. Бо мақсади табобат он машқҳоеро кор мефармоянд, ки махсус интихоб шуда, аз ҷиҳати методӣ танзим гардидаанд. Ҳангоми таъин кардани машқҳои ҷисмонӣ духтур хусусияти беморӣ, дараҷаи тағйироти системаю узвҳо, инчунин маълумотро доир ба муолиҷа ба назар мегирад. Асоси таъсири муолиҷавии В. ш. аз машқҳое иборат мебошанд, ки фаъолияти организми осебдидаро барқарор месозанд. Машқҳо ду навъ мешаванд: машқҳои умумӣ, ки мақсад аз онҳо солим гардондан ва мустаҳкам кардани органзим аст ва машқи махсус, ки барои аз байн бурдани иллати кори системаю узвҳои муайян равона шудаанд. Машқҳои гимнастикӣ ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: а) аз рӯи шарти анатомӣ – барои гурӯҳи муайяни мушакҳо (панҷаҳо, кафи по ва ғ.); б) мувофиқи фаъолият – пассив ва фаъол. Ҳамон машқҳое пассив номида мешаванд, ки онҳоро худи бемор бо кӯмаки узвҳои солим ё бо мадади методист (инструктор)-и В. ш. иҷро менамояд. Ҳамон машқҳое фаъол маҳсуб мешаванд, ки онҳоро пурра худи бемор иҷро мекунад. Барои варзиши махсус гурӯҳи муайяни машқҳо интихоб мешаванд. Мас., барои тақвияти мушакҳои шикам машқҳоро рост истода, нишаста ва хобида ба ҷо меоранд. Дар натиҷаи мунтазам машқ кардан, организм ба вазнинии рӯзафзун одат карда, ноҷуриҳои бемориро бартараф месозад. Муҳимтарин ҷиҳати муолиҷавии машқҳои ҷисмонӣ таъсир ба асабҳо мебошад. Омили асосии таъсири машқҳои ҷисмонӣ ба бемор қабл аз ҳама нерубахшии умумии онҳост. Машқҳои ҷисмонӣ фаъолияти халалёфта ё барҳамхӯрдаро барқарор мекунанд, ба кори асабҳо таъсири мусбат мерасонанд. Истифодаи машқҳои ҷисмонӣ самараи дигар воситаҳои табобат (дору, физиотерапия, муолиҷаи балнеологӣ ва ғ.)-ро афзун мегардонад. Тафовути В. ш. аз усулҳои дигари муолиҷа дар он аст, ки бемор ҳангоми иҷрои машқҳои ҷисмонӣ дар ҷараёни табобат фаъолона ширкат меварзад. Машқҳои В. ш. аҳамияти тарбиявӣ низ доранд (бемор одат мекунад, ки мунтазам бо машқҳои ҷисмонӣ машғул гардад). Онҳо дар рафти муолиҷа ба зарурати зиндагӣ табдил меёбанд; ҳатто вақте ки бемор сиҳат шуда ба шуғли худ идома медиҳад, варзиши ҷисмонӣ барои ӯ ҳамчун одат боқӣ мемонад.
В. ш.-ро бояд духтур муқаррар ва назорат кунад. Фақат ӯ ҳолати бемор ва хусусияти бемориро медонад ва қодир аст таъсири ҷисмонии В. ш.-ро муайян созад. Баъзе беморон бо худтабобат, мас., ба давидан, иҷрои машқҳои гимнастикӣ ва ғ., ки барои одамони солим пешбинӣ шудаанд, машғул мешаванд. Чунин табобати беҷо метавонад ба бемор зарари калон расонад. Муолиҷа бояд қатъиян бо таъинот ва назорати духтури мутахассис гузаронида шавад.
Дар мавриди В. ш. усулҳои гуногуни машқҳои ҷисмонӣ – гимнастика, бозӣ, спорт истифода мешаванд. Яке аз онҳо гимнастика мебошад, ки тавассути он ба гурӯҳҳои ҷудогонаи мушак ва банду буғум таъсир мерасонанд. Машғулиятҳои гимнастикӣ аз рӯи усули махсус, ки барои ҳар як беморӣ муайян шудааст, гузаронида мешаванд. Онҳоро метавон барои ҳар нафар алоҳида, барои гурӯҳи хурд (2 – 3 наф.) ё гурӯҳи калони беморон (8 – 10 наф.) гузаронд. Бо мақсади иҷрои машғулиятҳо дар шароити хона ба бемор маслиҳатҳои махсус дода хоҳанд шуд. Муқаррар кардани мӯҳлати машқҳо, интихоби ҳолати дурусти аввала, адади машқҳои такрорӣ ва суръати иҷро, интихоби дурусти фосила ва мароми ҳаракат, дуруст иваз кардани давраҳои машқ ва истироҳат, танзими эҳсосот, ба назар гирифтани хусусиятҳои шахсии бемор ва ғ. низ аз ҷумлаи тадбирҳои зарурие мебошанд, ки дар мавриди В. ш. ҳатман ба эътибор гирифтан лозим аст.
Яке аз навъҳои В. ш. – гимнастикаи ислоҳӣ мебошад. Вазифаи он рафъи баъзе иллати узвҳои такяю ҳаракат ва муолиҷаи нуқси андом, қомати хамида ва каҷ шудани сутунмӯҳра аст. Гимнастикаи ислоҳиро бештар дар давраи рушди организм, яъне дар синни кӯдакӣ ва навҷавонӣ ба кор мебаранд. Дар мавриди каҷ шудани сутунмӯҳра мақсади машқ пурқувват кардани он мушакҳоест, ки дар атрофи сутунмӯҳра ҷой гирифтаанд. Дар мавриди каҷии сутунмӯҳра машқҳои ислоҳиро ҳатман якҷоя бо машқҳои умумии роҳи нафас таъин мекунанд. Ҳангоми В. ш.-и кӯдакон бештар бозиҳои гуногунро истифода мебаранд. Ин кор шавқу ҳаваси бачагонро афзун мегардонад, вале бо вуҷуди ин барои пешгирии хастагӣ меъёри бозиҳоро қатъиян риоя бояд кард. Машқҳои спортӣ (бо маҳдудиятҳо) асосан дар муассисаҳои санаторию курортӣ истифода бурда мешавад (волейбол, теннис ва ғ.).
Мунтазам ва бидуни фосила гузаронидани машғулиятҳо, пайваста мураккаб кардани машқҳои ҷудогона, ба ҳисоб гирифтани синну сол, касбу кор, серҳаракатии мариз ва хусусияти ҷараёни беморӣ аз ҷумлаи шартҳои асосӣ баҳри натиҷаи хуб додани В. ш. мебошанд. Механотерапия, табобат тавассути меҳнат ва масҳ машғулиятҳои иловагии В. ш. маҳсуб мешаванд. Машғулиятҳои В. ш. пайваста бо обутоби организм сурат мегиранд.
Доираи таъиноти В. ш. хеле васеъ аст. Онро ҳамчун усули муолиҷаи вазифавӣ дар мавриди осеб ёфтани дасту по, тезонидани офиятёбии ҷароҳат, шикастани сутунмӯҳра, иллати мушаку устухон ва банду буғумҳо истифода мебаранд (ниг. Артрит, Спондилит, Спондилез). Дар амалияи ҷарроҳӣ В. ш.-ро пеш ва баъд аз амалиёти ҷарроҳӣ кор мефармоянд. В. ш. баҳри нисбатан зудтар барқарор шудани фаъолияти организми иллатёфта мусоидат мекунад. Дар клиникаи бемориҳои дарунӣ В. ш.-ро ҳангоми амрози узвҳои дилу раг, махсусан бемории камхунии дил таъин мекунанд. Дар мавриди сактаи дил В. ш. ҳамчун ҷузъи ҳатмии табобат ба маҷмӯи тадбирҳои барқарор намудани саломатии бемор дар тамоми давраҳои муолиҷа (беморхона, санатория, дармонгоҳ) дохил карда мешавад. В. ш. махсусан баҳри реабилитатсияи баъди ҷарроҳии беморон аҳамияти калон дорад. Методикаи истифодаи В. ш. дар мавриди гипотензия (паст шудани фишори хун) ва гипертензия (баланд гаштани фишори хун), норасоии иклилии музмин, иллати дил ва амрози дигари узвҳои дилу раг таҳия шудааст. Бо кӯмаки машқҳои ҷисмонӣ ба фаъолияти роҳҳои нафас, ки дар натиҷаи беморӣ иллат ёфтаанд, таъсир расонда, мушакҳои нафасро тақвият бахшидан мумкин аст. Бинобар ин В. ш.-ро дар аснои пневмонияи шадид ва музмин, зиқи нафас, эмфиземаи шуш ва диг. иллати узвҳои нафас истифода мебаранд. Аҳамияти В. ш. ҳангоми бемориҳои мубодилаи моддаҳо, фарбеҳӣ, ниқрис, диабети қанд ва ғ. низ калон аст. В. ш. ҳамчун усули муолиҷа ҳангоми фалаҷи пурра ва нопурра, невроз, инчунин бемориҳои сироятие, ки дар натиҷаи онҳо асабҳо хароб шудаанд, истифода мешавад. В. ш. ҷузъи ҳатмии муолиҷаи қариб тамоми бемориҳои гинекологии музмин аст. Дар кори татбиқи В. ш. баҳри муолиҷаи бисёр бемориҳои роҳи меъдаю рӯда таҷрибаи зиёд андӯхта шудааст. В. ш.-ро махсусан барои табобати бемориҳои давраи бачагӣ кор мефармоянд. Беморӣ серҳаракатии кӯдакро, ки шарти ҳатмии ташаккул ва инкишофи мӯътадили организм аст, халалдор месозад. Аз ин сабаб В. ш. ҷузъи муҳими ҷараёни муолиҷаи ҳамаи бемориҳои давраи бачагӣ маҳсуб меёбад.
Дар шароити ҳозира, ки пешрафти илму техника доираи меҳнати ҷисмониро маҳдуд карда, ҷои онро мошину автоматҳо гирифтаанд, В. ш. дар маҷмӯи муолиҷаи беморон аҳамияти махсус пайдо кардааст. Камҳаракатӣ (гипокинезия) ва ангезишҳои аз ҳад зиёди асабӣ ба тандурустии одам хатари калон доранд. Камҳаракатӣ бояд бо ёрии машқҳои мунтазами гимнастикаи пагоҳирӯзӣ, намудҳои гуногуни варзиши ҷисмонӣ ва спорт бартараф карда шавад. Ин, хусусан, барои бемороне, ки дурудароз бистарӣ мебошанд, муҳим аст. Якбора кам шудани ҳаракати бемор боиси ноҷурӣ ва нохушиҳои гуногун мегардад. Ба тартиби рӯзи бемор бо камоли кордонӣ дохил кардани ҳаракатҳои гуногун (сайру гашт, гимнастикаи махсус ва ғ.) оқибатҳои ногувори гипокинезияро бартараф ва кори мӯътадили организмро таъмин месозад. В. ш.-ро духтури муолиҷ таъин карда, машғулиятҳоро инструкторҳо (методистҳо)-и В. ш. таҳти роҳбарии духтурони В. ш. мегузаронанд.
Ад.: Алиева Е.Г., Значение раннего применение ЛФК и массажа в реабилитационном периоде больных с ревматоидным артритом. Дар маҷ.: «Здравоохранение Таджикистана», Д., 1995, № 3; Ҳамон муаллиф, Роль длительных тренировок в лечении больных гипертонической болезнью. Дар кит.: Актуальные проблемы клинической онкологии», Д., 2002; Епифанов В.А., Лечебная физическая культура, М., 2004.

Е.Ғ. Алиева.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …