Главная / Гуногун / ЧАШМАИ ВАНҶ

ЧАШМАИ ВАНҶ

vanchЧАШМАИ ВАНҶ – чашмаи минералии обаш гарм. Дар соҳили чапи дарёи Ванҷ, 57 километр болотар аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Масофа аз чашма то роҳи мошингард – 2,5 километр аст. Ҳарорати обаш +220 С; дебиташ 2,3 л/сон. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (86,0 мг/л), натрий (63, 0 мг/л), магний (62,0 мг/л), анионҳои гидрокарбонатҳо (390 мг/л), сулфатҳо (283 мг/л), хлоридҳо (5,01 мг/л), ҳамчунин микроэлементҳо (мис, кобалт, бор, молибден ва арсениум) мавҷуданд. Вобаста ба таркиби химиявӣ ва хосиятҳои физикӣ ба оби чашмаи Пауши Ҷумҳурии Руминия шабоҳат дорад. Омили асосии шифобахши чашма оби камминерали дорои гидрокарбонатҳо, сулфатҳо, магний, калтсий ва натрий аст. Онро метавон барои табобати гастрити музмин, гепатити музмин, холесистит ва колит истеъмол кард.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …