Нохушовозе ба бонги баланд қуръон ҳамехонд. Соҳибдиле бар ў бигузашту гуфт:
– Туро мушохара чанд аст?
Гуфт:
– ҳеҷ
Гуфт:
– Пас заҳмати худ чандин чаро ҳамедиҳӣ?
Гуфт:
– Аз баҳри худо мехонам.
Гуфт:
– Аз баҳри худо, махон!
Гар ту қуръон бар ин намат хонӣ,
Бубари равнақи мусулмонӣ!