БИГЗАРАД
Дар паи обу ғами нон бигзарад,
Умри ман то кай бад- ин сон бигзарад?
Хуррам он хотир, к-аз ин зулматсаро,
Зудтар бо нури имон бигзарад.
Мо дар ин маҳфил накарда ҷой гарм,
Умри барқосо шитобон бигзарад.
Булбули мо то мижа барҳам занад,
Даври гул, аҳди гулистон бигзарад.
Аз фишорам мекушад барфу хунук,
То баҳор ояд, зимистон бигзарад.
Дар ҷаҳон чизе набошад пойдор,
Бе сухан ин бигзарад, он бигзарад.
Ҳар чӣ дар чашми ту душвор омада,
Сабр кун, Бетоб, осон бигзарад.
ҒАЗАЛИ АБДУЛҲАҚИ БЕТОБ