ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи пайвандсозии (трансплантатсияи) узв ва (ё) бофтаҳои инсон
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007, №7, мод.693)
Бо Кодекси тандурустии ҶТ аз 30.05.2017 с., №1413
АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТА ШУД
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми июни соли 2007, № 619 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 6, моддаи 483) қабул гардидааст.
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми июли соли 2007, № 402 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, № 7, моддаи 744) ҷонибдорӣ гардидааст.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии пайвандсозии (трансплантатсияи) узв ва (ё) бофтаҳои инсон, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донор, ретсипиент ва муассисаҳои тандурустиро муқаррар намуда, муносибатҳои вобаста ба пайвандсозиро (трансплантатсияро) ба танзим медарорад.
Пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон василае барои наҷоти ҳаёт, барқарорсозии саломатии шаҳрвандон буда, дар асоси риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқҳои инсон мутобиқи принсипҳои инсондӯстонаи эълоннамудаи ҷомеаи байналмилалӣ, ки дар он манфиатҳои инсон аз манфиати ҷомеа ва илм боло гузошта мешавад, амалӣ мегардад.
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
– узв – ҷузъи бадан, ки сохти муайян ва таъиноти махсус дорад (дил, гурда, ҷигар, шуш, ғадуди зери меъда, устухонҳо, мағзпардаи сахти сар, шоҳпардаи чашм ва ғайра);
– бофта – силсилаи ҳуҷайраҳо ва маҳсули онҳо (моддаҳои байниҳуҷайравӣ), ки аз ҷиҳати умумияти сохт, фаъолият ва инкишофи худ муттаҳид шудаанд (мағзи устухон, системаи мушаки устухонбандӣ, бофтаҳои рагҳо, даричаи дил, пӯст ва ғайра);
– маводи пайвандсозӣ – узв ё бофта, ки барои пайвандсозӣ истифода бурда мешаванд;
– пайвандсозӣ (трансплантатсия) – пайванд сохтани узвҳо ё бофтаҳо бо мақсади ҷоннок кардани онҳо дар ҳудуди як организм (аутотрансплантатсия) ё аз як организм ба организми дигар (гомотрансплантатсия) пайваст намудан бо мақсади наҷот додани ҳаёти инсон ё барқарорсозии фаъолияти организми ӯ;
– донор – шахсе, ки ягон узв ва ё бофтаи худро барои пайвандсозӣ ба шахси дигар (ретсипиент) ихтиёран медиҳад;
– ретсипиент – шахсе, ки бо мақсади табобат ба вай ягон узв ё бофтаи дигари инсон ё организм (донор) пайванд сохта мешавад;
– марги мағзи сар – пурра ва бебозгашт қатъ гардидани ҳама вазифаҳои (фаъолияти) мағзи сар, ки дар ҳолати кор кардани дил ва таҳвияи сунъии шуш (ИВЛ) ба қайд гирифта шудааст. Марги мағзи сар баробар ба марги инсон аст;
– машварати духтурон (консилиум) – машварати як гурӯҳ духтурон барои муайян намудани вазъи маъмулан вазнини саломатии бемор, ташхиси беморӣ, муайян намудани усулҳои табобат, лаҳзаи марг ва ғайра.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Шароит ва тартиби пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон
Пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсонро аз донори зинда ё майит танҳо дар ҳолате истифода кардан мумкин аст, ки агар воситаҳои тиббии дигар нигаҳдории ҳаёти ретсипиент ё худ барқарорсозии саломатии ӯро кафолат дода натавонанд.
Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз донори зинда танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки агар мувофиқи хулосаи гурӯҳи машваратии духтурони мутахассис амали мазкур ба саломатии ӯ зарари ҷиддӣ нарасонад.
Пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон танҳо дар асоси ризоияти донори зинда ва чун қоида бо ризоияти ретсипиент анҷом дода мешавад.
Узв ва (ё) бофтаҳои инсон маводи хариду фурӯш шуда наметавонанд. Хариду фурӯши узв ва (ё) бофтаҳои инсон, ҳамчунин тарғиби ин амал мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.
Моддаи 4. Назорати давлатӣ ба фаъолияти пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон
Назорати давлатиро ба фаъолияти пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон мақоми ваколатдори давлатие, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, амалӣ менамояд.
Мақоми ваколатдор номгӯи муассисаҳои тандурустиро, ки гирифтан, омодасозӣ ва пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсонро амалӣ менамоянд, муқаррар намуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳоро дар самтҳои зерин таъмин менамояд:
– мусоидат ба доноригарии узвҳо;
– таҳияи протоколҳо, дастур ва тавсияномаҳо;
– ҷорӣ намудани варақаи интизоршавӣ;
– ташкили кори омодасозии узвҳо;
– тақсимоти узвҳо мутобиқи меъёрҳои муайяншуда;
– ҷорӣ намудани дафтари қайди ҳаракати маводҳои пайвандӣ;
– расонидани кӯмак ба татбиқи барномаи миллии тайёр намудани мутахассисон барои гирифтан, омодасозӣ ва пайвандсозии узвҳо ва (ё) бофтаҳои инсон.
Моддаи 5. Номгӯи узв ва (ё) бофтаҳои инсон – объектҳои пайвандсозӣ
Дил, гурда, ҷигар, шуш, мағзи устухон, дигар узв ва (ё) бофтаҳо, ки номгӯи онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдор муайян карда мешавад, объектҳои пайвандсозӣ шуда метавонанд.
Амали Қонуни мазкур ба узвҳо, қисмати онҳо ва бофтаҳои мутааллиқи раванди тавлид шудани инсон, ки ба он бофтаҳои репродуктивӣ (тухмҳуҷайра, нутфа, тухмдонҳои мардона ва занона ё ҷанинҳо) шомил мебошанд, ҳамчунин хун ва ҳиссаҳои таркибии он паҳн намегардад.
Моддаи 6. Маҳдудсозии доираи донорҳои зинда
Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо барои пайвандсозӣ аз донорҳои зиндае, ки ба сини 18-солагӣ нарасидаанд (ба истиснои ҳолатҳои кӯчонидани мағзи устухон) ё худ мутобиқи тартиби муқарраршуда ғайри қобили амал эътироф шудаанд, манъ аст.
Агар муайян шуда бошад, ки узв ва (ё) бофтаҳо ба шахси гирифтори беморӣ тааллуқ дошта, барои ҳаёт ва саломатии ретсипиент хавф дорад, он гоҳ гирифтани онҳо мумкин нест. Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо барои пайвандсозӣ аз шахсоне, ки бо ретсипиент дар тобеъияти хизматӣ ё дигар тобеъият ҳастанд, манъ аст.
Зӯроварӣ ба донори зинда аз ҷониби ҳар шахс баҳри гирифтани ризоияти ӯ барои гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.
Моддаи 7. Муассисаҳои тандурустие, ки гирифтан, омодасозӣ ва пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсонро амалӣ менамоянд
Гирифтан ва омодасозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон барои пайвандсозӣ танҳо дар муассисаҳои махсусгардонидашудаи давлатии тандурустӣ иҷозат дода мешавад.
Фаъолияти муассисаҳое, ки гирифтан, омодасозӣ ва пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсонро амалӣ месозанд, дар асоси Дастурамали тасдиқнамудаи мақоми ваколатдор ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 8. Хулосаи тиббӣ оид ба зарурияти пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон
Хулосаи тиббӣ оид ба зарурати пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон аз ҷониби гурӯҳи машваратии духтурони муассисаи тандурустии дахлдор, дар ҳайати духтурони табобаткунанда, ҷарроҳ, эҳёгар ва ҳангоми зарурат духтурони соҳаҳои дигар дар асоси Дастурамали тасдиқнамудаи мақомоти ваколатдор дода мешавад.
Моддаи 9. Ризоияти ретсипиент барои пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон
Пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон бо ризоияти хаттии ретсипиент анҷом дода мешавад. Дар ин мавриди ретсипиент оид ба имконпазирии нуқс барои саломатии ӯ бо сабаби дахолати ҷарроҳии дарпешистода бояд огоҳонида шавад. Агар ретсипиент ба сини 18-солагӣ нарасида бошад ё худ мувофиқи тартиботи муқаррарӣ ғайриқобили амал эътироф шуда бошад, пайвандсозии зикршуда бо ризоияти хаттии волидайн ё намояндаи қонунии ӯ анҷом дода мешавад.
Боби 2. Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз майит барои пайвандсозӣ
Моддаи 10. Муайян кардани лаҳзаи фавт
Узв ва (ё) бофтаҳо барои пайвандсозӣ аз майит дар ҳолате гирифта мешаванд, ки агар бо далелҳои бебаҳс ҳолати фавт аз ҷониби гурӯҳи машваратии духтурони мутахассис қайд шуда бошад.
Хулосаи тиббӣ дар бораи фавт дар асоси муайян шудани фавти бебозгашти пурраи мағзи сар (марги мағзи сар) мутобиқи дастурҳои аз ҷониби мақоми ваколатдор тасдиқшуда дода мешавад.
Иштироки мутахассисони пайвандсоз ва аъзои гурӯҳ, ки кори хадамоти донориро таъмин менамоянд ва аз ин ҳисоб музд мегиранд, ҳангоми ташхиси марг вобаста ба эҳтимолияти истифодашавии майит ба сифат донор манъ аст.
Моддаи 11. Иҷозат барои гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз майит
Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз майит бо ризоияти хешовандони наздики фавтида ва иҷозати сардухтури муассисаи тандурустӣ дар ҳолати риояи талаботи Қонуни мазкур сурат мегирад.
Дар сурати пайдо гардидани зарурат барои гузаронидани экпертизаи судию тиббӣ, иҷозат барои гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз майит, инчунин аз ҷониби хадамоти экспертизаи судию тиббӣ дода шуда, дар ин бора прокуратура огоҳонида мешавад.
Боби 3. Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз донори зинда барои пайвандсозӣ
Моддаи 12. Шароитҳои гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз донори зинда
Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз донори зинда барои пайвандсозӣ танҳо ба манфиати саломатии бемор ва дар ҳолати мавҷуд набудани узв ва (ё) бофтаҳои ба пайвандсозӣ лозими майит ё усули табобати алтернативӣ, ки таъсирнокии он ба таъсири пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳо қиёспазир мебошад, амалӣ гардонида мешавад.
Гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз донори зинда барои пайвандсозӣ ба ретсипиент дар ҳолати риояи шартҳои зерин иҷозат дода мешавад:
– агар донор оид ба нуқси эҳтимолӣ барои саломатии ӯ бо сабаби дахолати ҷарроҳии дарпешистода ҳангоми гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо огоҳонида шуда бошад;
– агар донор бо хоҳиши худ ва огоҳона ба таври хаттӣ ризоияти худро барои гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо изҳор намуда бошад;
– агар донор муоинаи ҳамаҷонибаи тиббиро гузашта, хулосаи гурӯҳи машваратии духтурони мутахассис дар хусуси имкони гирифтани узв ва (ё) бофтаҳои вай барои пайвандсозӣ мавҷуд бошад;
– агар донор аз оқибатҳои розӣ нашуданаш ба гирифтани узву бофта барои ретсипиент дар давраи охирини тайёрӣ ба пайванд кардани онҳо огоҳонида шуда бошад.
Аз донори зинда гирифтани узвҳо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки агар ӯ бо ретсипиент ҳамбастагии ирсӣ дошта бошад, ба истиснои ҳолатҳои пайвандсозии мағзи устухон.
Моддаи 13. Ҳуқуқҳои донор
Доноре, ки ризоияташро барои пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои худ изҳор намудааст, ҳақ дорад:
– аз муассисаи тандурустӣ ахбори пурраро оид ба нуқсҳои эҳтимолӣ барои саломатии ӯ бо сабаби дахолати ҷарроҳии дарпешистода ҳангоми гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо талаб намояд;
– ба гирифтани табобати ройгон, аз ҷумла маводи доруворӣ дар муассисаи тандурустӣ бо сабаби ҷарроҳии гузаронидашуда.
Моддаи 14. Маҳдудиятҳо ҳангоми гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз донори зинда
Аз донори зинда барои пайвандсозӣ гирифтани яке аз узвҳои ҷуфт, қисми узв (ё) бофта, ки набудани он сабаби халалдоршавии бебозгашти саломатӣ намегардад, мумкин аст.
Боби 4. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 15. Ҷавобгарӣ оид ба фошсозии маълумот дар бораи донор ва ретсипиент
Ба духтурон ва кормандони дигар муассисаи тандурустӣ фошсозии маълумот дар бораи донор ва ретсипиент манъ аст.
Фошсозии чунин маълумот мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Моддаи 16. Манъ будани фурӯши узв ва (ё) бофтаҳои инсон
Ба муассисаҳои тандурустие, ки барои гузаронидани ҷарроҳии гирифтан ва омодасозии узв ва (ё) бофтаҳои майит иҷозат дода шудааст, фурӯхтани онҳо манъ аст.
Ба дорувориҳо ва маводҳои пайвандӣ, ки барои омодасозии онҳо қисмати бофтаҳо истифода шудааст, доираи амали Қонуни мазкур паҳн намегардад.
Моддаи 17. Ҷавобгарии шахсони мансабдор ва муассисаи тандурустӣ
Агар вобаста ба риоя накардани шароит ва тартиби гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо ё худ шароит ва тартиби пайвандсозии муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба саломатии донор ё ретсипиент зараре расад, шахсони мансабдор ва муассисаи тандурустӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 19. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭ.Раҳмонов
ш.Душанбе, 30 июли соли 2007
№ 331
___________________________