Главная / Чамъият / Пайвандсозии (трансплантатсияи) узв ва (ё) бофтахои инсон

Пайвандсозии (трансплантатсияи) узв ва (ё) бофтахои инсон

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи пайвандсозии (трансплантатсияи) узв ва (ё) бофтахои инсон

 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2007, №7, мод.693)

 

Бо Кодекси тандурустии ЧТ аз 30.05.2017 с., №1413

АЗ ЭЪТИБОР СОКИТ ДОНИСТА ШУД

 

Бо Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 6-уми июни соли 2007, № 619 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2007, № 6, моддаи 483) кабул гардидааст.

organ-trafficking-0

Бо Карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 19-уми июли соли 2007, № 402 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2007, № 7, моддаи 744) чонибдори гардидааст.

 

Конуни мазкур асосхои хукукии пайвандсозии (трансплантатсияи) узв ва (ё) бофтахои инсон, хукук ва ухдадорихои донор, ретсипиент ва муассисахои тандурустиро мукаррар намуда, муносибатхои вобаста ба пайвандсозиро (трансплантатсияро) ба танзим медарорад.

Пайвандсозии узв ва (ё) бофтахои инсон василае барои начоти хаёт, баркарорсозии саломатии шахрвандон буда, дар асоси риояи  конунхои Чумхурии Точикистон ва хукукхои инсон мутобики принсипхои инсондустонаи эълоннамудаи чомеаи байналмилали, ки дар он манфиатхои инсон аз манфиати чомеа ва илм боло гузошта мешавад, амали мегардад.

 

Боби 1. Мукаррароти умуми

 

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– узв – чузъи бадан, ки сохти муайян ва таъиноти махсус дорад (дил, гурда, чигар, шуш, гадуди зери меъда, устухонхо, магзпардаи  сахти сар, шохпардаи чашм ва гайра);

– бофта – силсилаи хучайрахо ва махсули онхо (моддахои байнихучайрави), ки аз чихати умумияти сохт, фаъолият ва инкишофи худ муттахид шудаанд (магзи устухон, системаи мушаки устухонбанди, бофтахои рагхо, даричаи дил, пуст ва гайра);

– маводи пайвандсози – узв ё бофта, ки барои пайвандсози истифода бурда мешаванд;

– пайвандсози (трансплантатсия) – пайванд сохтани узвхо ё бофтахо бо максади чоннок кардани онхо дар худуди як организм (аутотрансплантатсия) ё аз як организм ба организми дигар (гомотрансплантатсия) пайваст намудан бо максади начот додани хаёти инсон ё баркарорсозии фаъолияти организми у;

– донор – шахсе, ки ягон узв ва ё бофтаи худро барои пайвандсози ба шахси дигар (ретсипиент) ихтиёран медихад;

– ретсипиент – шахсе, ки бо максади табобат ба вай ягон узв ё бофтаи дигари инсон ё организм (донор) пайванд сохта мешавад;

– марги магзи сар – пурра ва бебозгашт катъ гардидани хама вазифахои (фаъолияти) магзи сар, ки дар холати кор кардани дил ва тахвияи сунъии шуш (ИВЛ) ба кайд гирифта шудааст. Марги магзи сар баробар ба марги инсон аст;

– машварати духтурон (консилиум) – машварати як гурух духтурон барои муайян намудани вазъи маъмулан вазнини саломатии бемор, ташхиси бемори, муайян намудани усулхои табобат, лахзаи марг ва гайра.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи пайвандсозии узв ва (ё) бофтахои инсон

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи пайвандсозии узв ва (ё) бофтахои инсон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Шароит ва тартиби пайвандсозии узв ва (ё) бофтахои инсон

Пайвандсозии узв ва (ё) бофтахои инсонро аз донори зинда ё майит танхо дар холате истифода кардан мумкин аст, ки агар воситахои тиббии дигар нигахдории хаёти ретсипиент ё худ баркарорсозии саломатии уро кафолат дода натавонанд.

Гирифтани узв ва (ё) бофтахо аз донори зинда танхо дар холате имконпазир аст, ки агар мувофики хулосаи гурухи машваратии духтурони мутахассис амали мазкур ба саломатии у зарари чидди нарасонад.

Пайвандсозии узв ва (ё) бофтахои инсон танхо дар асоси ризоияти донори зинда ва чун коида бо ризоияти ретсипиент анчом дода мешавад.

Узв ва (ё) бофтахои инсон маводи хариду фуруш шуда наметавонанд. Хариду фуруши узв ва (ё) бофтахои инсон, хамчунин таргиби ин амал мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон боиси чавобгарии чинояти мегардад.

 

Моддаи 4. Назорати давлати ба фаъолияти пайвандсозии узв ва (ё) бофтахои инсон

Назорати давлатиро ба фаъолияти пайвандсозии узв ва (ё) бофтахои инсон макоми ваколатдори давлатие, ки онро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад, амали менамояд.

Макоми ваколатдор номгуи муассисахои тандурустиро, ки гирифтан, омодасози ва пайвандсозии узв ва (ё) бофтахои инсонро амали менамоянд, мукаррар намуда, хамохангсозии фаъолияти онхоро дар самтхои зерин таъмин менамояд:

– мусоидат ба доноригарии узвхо;

– тахияи протоколхо, дастур ва тавсияномахо;

– чори намудани варакаи интизоршави;

– ташкили кори омодасозии узвхо;

– таксимоти узвхо мутобики меъёрхои муайяншуда;

– чори намудани дафтари кайди харакати маводхои пайванди;

– расонидани кумак ба татбики барномаи миллии тайёр намудани мутахассисон барои гирифтан, омодасози ва пайвандсозии узвхо ва (ё) бофтахои инсон.

 

Моддаи 5. Номгуи узв ва (ё) бофтахои инсон – объектхои пайвандсози

Дил, гурда, чигар, шуш, магзи устухон, дигар узв ва (ё) бофтахо, ки номгуи онхо аз чониби макомоти ваколатдор муайян карда мешавад, объектхои пайвандсози шуда метавонанд.

Амали Конуни мазкур ба узвхо, кисмати онхо ва бофтахои мутааллики раванди тавлид шудани инсон, ки ба он бофтахои репродуктиви (тухмхучайра, нутфа, тухмдонхои мардона ва занона ё чанинхо) шомил мебошанд, хамчунин хун ва хиссахои таркибии он пахн намегардад.

 

Моддаи 6. Махдудсозии доираи донорхои зинда

Гирифтани узв ва (ё) бофтахо барои пайвандсози аз донорхои зиндае, ки ба сини 18-солаги нарасидаанд (ба истиснои холатхои кучонидани магзи устухон) ё худ мутобики тартиби мукарраршуда гайри кобили амал эътироф шудаанд, манъ аст.

Агар муайян шуда бошад, ки узв ва (ё) бофтахо ба шахси гирифтори бемори тааллук дошта, барои хаёт ва саломатии ретсипиент хавф дорад, он гох гирифтани онхо мумкин нест. Гирифтани узв ва (ё) бофтахо барои пайвандсози аз шахсоне, ки бо ретсипиент дар тобеъияти хизмати ё дигар тобеъият хастанд, манъ аст.

Зуровари ба донори зинда аз чониби хар шахс бахри гирифтани ризоияти у барои гирифтани узв ва (ё) бофтахо мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон боиси чавобгарии чинояти мегардад.

 

Моддаи 7. Муассисахои тандурустие, ки гирифтан, омодасози ва пайвандсозии узв ва (ё) бофтахои инсонро амали менамоянд

Гирифтан ва омодасозии узв ва (ё) бофтахои инсон барои пайвандсози танхо дар муассисахои махсусгардонидашудаи давлатии тандурусти ичозат дода мешавад.

Фаъолияти муассисахое, ки гирифтан, омодасози ва пайвандсозии узв ва (ё) бофтахои инсонро амали месозанд, дар асоси Дастурамали тасдикнамудаи макоми ваколатдор ба рох монда мешавад.

 

Моддаи 8. Хулосаи тибби оид ба зарурияти пайвандсозии узв ва (ё) бофтахои инсон

Хулосаи тибби оид ба зарурати пайвандсозии узв ва (ё) бофтахои инсон аз чониби гурухи машваратии духтурони муассисаи  тандурустии дахлдор, дар хайати духтурони табобаткунанда, чаррох, эхёгар ва хангоми зарурат духтурони сохахои дигар дар асоси Дастурамали тасдикнамудаи макомоти ваколатдор дода мешавад.

 

Моддаи 9. Ризоияти ретсипиент барои пайвандсозии узв ва (ё) бофтахои инсон

Пайвандсозии узв ва (ё) бофтахои инсон бо ризоияти хаттии ретсипиент анчом дода мешавад. Дар ин мавриди ретсипиент оид ба имконпазирии нукс барои саломатии у бо сабаби дахолати чаррохии дарпешистода бояд огохонида шавад. Агар ретсипиент ба сини 18-солаги нарасида бошад ё худ мувофики тартиботи мукаррари гайрикобили амал эътироф шуда бошад, пайвандсозии зикршуда бо ризоияти хаттии волидайн ё намояндаи конунии у анчом дода мешавад.

 

Боби 2. Гирифтани узв ва (ё) бофтахо аз майит барои пайвандсози

 

Моддаи 10. Муайян кардани лахзаи фавт

Узв ва (ё) бофтахо барои пайвандсози аз майит дар холате гирифта мешаванд, ки агар бо далелхои бебахс холати фавт аз чониби гурухи машваратии духтурони мутахассис кайд шуда бошад.

Хулосаи тибби дар бораи фавт дар асоси муайян шудани фавти бебозгашти пурраи магзи сар (марги магзи сар) мутобики дастурхои аз чониби макоми ваколатдор тасдикшуда дода мешавад.

Иштироки мутахассисони пайвандсоз ва аъзои гурух, ки кори хадамоти донориро таъмин менамоянд ва аз ин хисоб музд мегиранд, хангоми ташхиси марг вобаста ба эхтимолияти истифодашавии майит ба сифат донор манъ аст.

 

Моддаи 11. Ичозат барои гирифтани узв ва (ё) бофтахо аз майит

Гирифтани узв ва (ё) бофтахо аз майит бо ризоияти хешовандони наздики фавтида ва ичозати сардухтури муассисаи тандурусти дар холати риояи талаботи Конуни мазкур сурат мегирад.

Дар сурати пайдо гардидани зарурат барои гузаронидани экпертизаи судию тибби, ичозат барои гирифтани узв ва (ё) бофтахо аз майит, инчунин аз чониби хадамоти экспертизаи судию тибби дода шуда, дар ин бора прокуратура огохонида мешавад.

 

 

Боби 3. Гирифтани узв ва (ё) бофтахо аз донори зинда барои пайвандсози

 

Моддаи 12. Шароитхои гирифтани узв ва (ё) бофтахо аз донори зинда

Гирифтани узв ва (ё) бофтахо аз донори зинда барои пайвандсози танхо ба манфиати саломатии бемор ва дар холати мавчуд набудани узв ва (ё) бофтахои ба пайвандсози лозими майит ё усули табобати алтернативи, ки таъсирнокии он ба таъсири пайвандсозии узв ва (ё) бофтахо киёспазир мебошад, амали гардонида мешавад.

Гирифтани узв ва (ё) бофтахо аз донори зинда барои пайвандсози ба ретсипиент дар холати риояи шартхои зерин ичозат дода мешавад:

– агар донор оид ба нукси эхтимоли барои саломатии у бо сабаби дахолати чаррохии дарпешистода хангоми гирифтани узв ва (ё) бофтахо огохонида шуда бошад;

– агар донор бо хохиши худ ва огохона ба таври хатти ризоияти худро барои гирифтани узв ва (ё) бофтахо изхор намуда бошад;

– агар донор муоинаи хамачонибаи тиббиро гузашта, хулосаи гурухи машваратии духтурони мутахассис дар хусуси имкони гирифтани узв ва (ё) бофтахои вай барои пайвандсози мавчуд бошад;

– агар донор аз окибатхои рози нашуданаш ба гирифтани узву бофта барои ретсипиент дар давраи охирини тайёри ба пайванд кардани онхо огохонида шуда бошад.

Аз донори зинда гирифтани узвхо дар холате ичозат дода мешавад, ки агар у бо ретсипиент хамбастагии ирси дошта бошад, ба истиснои холатхои пайвандсозии магзи устухон.

 

Моддаи 13. Хукукхои донор

Доноре, ки ризоияташро барои пайвандсозии узв ва (ё) бофтахои худ изхор намудааст, хак дорад:

– аз муассисаи тандурусти ахбори пурраро оид ба нуксхои эхтимоли барои саломатии у бо сабаби дахолати чаррохии дарпешистода хангоми гирифтани узв ва (ё) бофтахо талаб намояд;

– ба гирифтани табобати ройгон, аз чумла маводи дорувори дар муассисаи тандурусти бо сабаби чаррохии гузаронидашуда.

 

Моддаи 14. Махдудиятхо хангоми гирифтани узв ва (ё) бофтахо аз донори зинда

Аз донори зинда барои пайвандсози гирифтани яке аз узвхои чуфт, кисми узв (ё) бофта, ки набудани он сабаби халалдоршавии бебозгашти саломати намегардад, мумкин аст.

 

Боби 4. Мукаррароти хотимави

 

Моддаи 15. Чавобгари оид ба фошсозии маълумот дар бораи донор ва ретсипиент

Ба духтурон ва кормандони дигар муассисаи тандурусти фошсозии маълумот дар бораи донор ва ретсипиент манъ аст.

Фошсозии чунин маълумот мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон боиси чавобгари мегардад.

 

Моддаи 16. Манъ будани фуруши узв ва (ё) бофтахои инсон

Ба муассисахои тандурустие, ки барои гузаронидани чаррохии гирифтан ва омодасозии узв ва (ё) бофтахои майит ичозат дода шудааст, фурухтани онхо манъ аст.

Ба доруворихо ва маводхои пайванди, ки барои омодасозии онхо кисмати бофтахо истифода шудааст, доираи амали Конуни мазкур пахн намегардад.

 

Моддаи 17. Чавобгарии шахсони мансабдор ва муассисаи тандурусти

Агар вобаста ба риоя накардани шароит ва тартиби гирифтани узв ва (ё) бофтахо ё худ шароит ва тартиби пайвандсозии мукаррарнамудаи Конуни мазкур ба саломатии донор ё ретсипиент зараре расад, шахсони мансабдор ва муассисаи тандурусти тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 18. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукукие, ки талаботи Конуни мазкурро вайрон мекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 19. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти Чумхурии ТочикистонЭ.Рахмонов

 

ш.Душанбе, 30 июли соли 2007

№ 331

___________________________

 

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …