Главная / Биология / Таъсири ҷамоаи наботот ба муҳити атроф

Таъсири ҷамоаи наботот ба муҳити атроф

Таъсири ҷангал ба муҳити атроф. Ҷамоаи наботот ба муҳити атроф таъсири назаррас мерасонад. Инро дар мисоли ҷангалзорҳо дида мебароем. Тобистон ҳарорати ҳавои ҷангал нисбат ба минтақаҳои ҳамшафати беҷангал аз 8 то 10°С паст бошад, дар зимистон 0,1-0,5°С баландтар мешавад.

Ҷангалро бо ибораи дигар “шуши сайёра” мегӯянд. Зеро маҷмӯи растаниҳои дар ҷангал нашъунамокунанда ҳаворо аз оксиген, ки барои нафаскашии ҳамаи мавҷудоти зинда зарур аст, бой мегардонанд. Дар фасли баҳор ва тобистон як гектар ҷангалзор ҳамон микдор оксигене хориҷ мекунанд, ки барои нафаскашии 200 одам кифоя аст.

nabotot

Низоми рӯшноии ҷангал ба табақаи растаниҳои дарахтӣ ва зич- ҷойгиршавии онҳо вобаста аст. Ба қабати поёнии (зери) ҷангал аз 5 то 40 фоизи рӯшноии рӯзона дохил мешавад. Ҷангали фарқ, чинор, чормағз, талохро сиёҳҷангал (ҷангали торик) мегӯянд. Чунки аз байни шохаю баргҳои онҳо рӯшноӣ хеле кам мегузарад. Баръакси ҳол, ҷангали тӯсу сафедор ва шунгу ангатро ҷангалзори равшан мегӯянд. Зеро аз байни навдаву баргҳои онҳо рӯшноӣ нағз мегузарад.

Дар ҷангалзор низоми ба худ хоси намнокии ҳаво ва таркиби хок мушоҳида карда мешавад. Ҷангалзор оби барфу боронро тавассути решаҳояшон ҷаббида гирифта, хокро аз шусташавӣ нигоҳ медорад.

Ҷангалзор ноҳияҳои серборишот ва оби зеризаминиашон наздик бударо, аз ботлоқшавӣ нигоҳ медорад. Барҳам додани чунин ҷангалзорҳо боиси зиёд гаштани обҳои зеризаминӣ гашта, минтақа ба ботлоқ табдил меёбад.

Ба таври сунъӣ бунёд намудани ҷангалҳо дар минтақаҳои даштӣ имконият медиҳад, ки киштзорҳо аз таъсири қувваи нобудсозандаи гармсел муҳофизат карда шаванд. Ҷангал ҳамчун девори сабз суръат ва шиддати шамолро паст мекунад ва ба пайдошавии ҷариҳо, оббурдаҳо роҳ намедиҳад.

Ҷангал ҳаворо аз гарду чанг ва барангезандаҳои хурди касалиовар муҳофизат мекунад. Таҳлили ҳаво нишон медиҳад, ки гарду чанг дар минтақаи ҷангал қариб ки вонамехӯрад. Ҳол он ки дар минтақаҳои беҷангал ва нуқтаҳои сераҳолӣ дар ҳаво миқдори гарду чанг хеле зиёд аст.

Барг ва гули бисёр растаниҳои ҷангал аз худашон моддаҳои хушбӯй (муаттар) – равғанҳои эфирӣ хориҷ мекунанд, ки хусусияти фитонсидӣ (микроорганизмҳои касалангезро нобуд мекунанд) дошта, муҳити атрофро безарар мегардонанд. Фитонсидҳо, инчунин ба инкишофи паҳнкунандагони асосии касалиҳои сирояткунанда (масалан, пашша) монеъ мешаванд.

Растанӣ ҳаво, об ва хокро аз ҳар гуна ифлосиҳои заҳрноки барои саломатии одамон зарарнок тоза мекунад. Дар раванди безарар гардондани муҳит мақоми асосиро ҷангал мебозад. Растанӣ қудрати на танҳо фурӯ бурдани моддаҳои барои ҳайвоноту инсон зарарнокро дорад, балки метавонад ин моддаҳоро ба моддаҳои безарар табдил диҳад.

Сарчашмаҳои асосии ифлосшавии муҳит ин нақлиёти автомобилӣ, стансияҳои барқии аловӣ, фаъолияти он корхонаҳои саноатӣ, ки дастгоҳҳои ҳавотозакунанда надоранд ва ғайраҳо мебошанд.

Ҷангалзор инчунин макони зисти бисёр ҳайвоноти ёбоӣ ба ҳисоб меравад. Дар навдаю шохаҳои дарахтони он паррандагон лона месозанд, тухм мегузоранд, наслашонро зиёд мекунанд. Онҳо (паррандагон) худро аз таъсири омилҳои номусоиди табиат (шамоли сахт, ҳарорати манфӣ, нури сӯзони офтоб ва ғайра) муҳофизат мекунанд. Олами ҳайвоноти ҷангал дар навбати худ ба рушду инкишофи ҷангал таъсири муфид мерасонанд. Онҳо гардолудшавии гули растаниҳои ҷангалро таъмин карда, тухму меваи онҳоро паҳн мекунанд ва бисёр зараррасонандагони онҳоро нобуд месозанд.

Ҳайвонҳое, ки дар дохили хок маскан доранд, ба ҳосилхезии хок таъсири фоиданок мерасонанд. Ҳамин тавр, дар ҷангалзор ҷамоаи наботот бо олами ҳайвонот дар алоқаи зич мебошад.

Дар ҷангалзорҳо барои истироҳати кӯдакону хонандагони мактабҳо, санатория, хонаҳои истироҳатӣ, базаҳои туристӣ (сайёҳон), лагерҳо бунёд мекунанд. Бинобар он, аҳамияти бемислу монанди ҷангалро дар ҳаёти сайёраамон эътироф карда, барои бунёди ҷангалзору ҷангалбоғҳои навин кӯшиш карда, онҳоро чун гавҳараки чашм муҳофизат кардан лозим аст.

Растанӣ ҳамчун нишондиҳандаи ифлосии муҳити зист. Баъзе намудҳои растаниҳои ҷудогона барои аниқ зоҳир кардани гурӯҳи моддаҳои муайян хусусиятҳои баланди ҳассосӣ доранд. Ин гурӯҳи растаниҳо барои муайян кардану баҳо додани ҳолат ва дараҷаи ифлосгардии ҳаво, хок ва об мавриди истифода қарор доранд. Масалан, барои дар ҳаво аниқ кардани гази заҳрноки гидрогенсулфид нишондиҳандаи асосӣ гулсанг ба ҳисоб ме равад. Зеро, агар микдори ин газ дар ҳаво аз 0,3 мг/м2 зиёд бошад, гулсанг нобуд мешавад. Аз гази гидрогенсулфид хусусан коҷ (растании сӯзанбарг) хеле зарари калон мебинад. Дар муҳити ин газ растаниҳои себарга, юнучқа, офтобпараст, бомӯс нағз нашъунамо карда наметавонанд. Аз рӯи мавқеъ ва ҳолати растаниҳои дар боло номбаршуда дар бораи мавҷудияти ин гази заҳрнок (яъне гидрогенсулфид) чорабиниҳои даркорӣ гузаронида мешаванд.

Ифлосшавии ҳаво аз газҳои заҳрноки нақлиёти автомобилӣ ба растании традескансия ба таври махсус таъсир карда, мутаассиршавии онро ба вуҷуд меоварад. Бо баланд шудани микдори омехтаи баъзе газҳои заҳрнок дар ҳавои муҳити зисти традескансия ранги гардгираки гули он аз ранги кабуд ба гулобӣ иваз мешавад.

Растанӣ эҳсоскунандаи омилҳои (вазъи) муҳити атроф. Олимон муқаррар кардаанд, ки растаниҳо қобилияти гуногуни ҳис кардани ифлосии муҳитро доранд. Масалан, ушнаҳо, гулсангҳо, коҷ, пихта, кулкан (граб) ва дигарҳо дорои чунин қобилият мебошанд. Агар дар муҳити (зиёди) бойи газҳои заҳрнок ин растаниҳои номбурда бо тезӣ нобуд шаванд, боз дар табиат растаниҳое вомехӯранд, ки нисбат ба газҳои зарҳнок тобовар буда, ин газҳоро фурӯ бурда, ҳаворо тоза нигоҳ медоранд. Хусусан, растаниҳои тӯс, бед, дӯлона, роздор (олха), ақоқиёи сафед ва зард, ёс, коҷи баргаш резанда, мевабарфак қобилият доранд, ки ҳаворо аз гарду чанг ва аз газҳои заҳрнок (бо роҳи фурӯ бурдани онҳо) тоза нигоҳ доранд. Бинобар он, ин растаниҳоро ба сифати растаниҳои ороишӣ дар боғу гулгаштҳо, боғҳои истироҳатӣ ва хиёбону кӯчаҳо парвариш кардан айни муддао мебошад. Барги дарахтони кастона (шоҳбулут), зирфун, сафедор қобилияти фурӯ бурдани пайвастагиҳои сурбро, ки ҳамроҳи газҳои заҳрноки нақлиётхои автомобилӣ хориҷ мешаванд, доранд. Парвариши ин растаниҳо дар канори роҳҳо паҳншавии газҳои заҳрнокро махдуд карда, ба саломатии одамон фоида мерасонанд. Ҳамин тавр, ҳифзу барқарор ва зиёд намудани масоҳати қолини сабзи растаниҳо дар сайёраамон барои беҳдошти шароити муҳити зист на танҳо барои насли имрӯза, балки барои наслҳои оянда хизмат хоҳад кард.

  1. Чаро ҷангалро “шуши сайёра” мегӯянд?
  2. Кадом намуди дарахтон нисбатан торикшавии ҷангалро (сиёҳҷангалро) ба вуҷуд меоваранд?
  3. Кадом намуди дарахтон рӯшноии зиёди рӯзонаро ба поён мегузаронанд?
  4. Ҷангалзор ба муҳити атроф чӣ гуна таъсир мерасонад?
  5. Дар натиҷаи буридани ҷангал чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?
  6. Кадом растаниҳо ифлосшавии муҳити зистро нишон медиҳанд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …