Главная / Гуногун / ТАЪРИХИ УМУМИ – КИТОБИ ДАРСӢ БАРОИ СИНФИ 8

ТАЪРИХИ УМУМИ – КИТОБИ ДАРСӢ БАРОИ СИНФИ 8

Хонандагони синфн 8-ум дар синфи 7-ум таърихи навро аз охирҳои асри XV то миёнаи асри XIX омӯхта, хуб фаҳмидаанд, ки дар асрҳои ин давра муносибатҳои сармоядорй ташаккул ёфтаанд ва бо хамин асрҳои миёна ба охир расида, давраи нав cap мешавад. Нерӯҳои истеҳсолкунандаи мамлакатҳои пешқадами ҷаҳон тараққй карда, ба тағйирёбии сохта иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии онҳо шароити мусоид фароҳам оварданд.

Китоби таърих синфи 8Дар ин давра сиёсати хориҷии мамлакатҳои ба роҳи сармоядорирафта комилан тағйир ёфт. Ин давлатҳо беш аз пеш ба забти мустамликаҳо мепардохтанд, то ки манбаъҳои арзони ашёи хому нерӯҳои корй ва бозорхои кулайи молфурӯширо ба даст дароранд. Ҳамин тариқ, мамлакатҳои мутараққии сармоядорй Осиё, Африка, Америкам Лотинй чазираҳо ва роҳҳои муҳимтарини баҳриро зӯран аз худ мекунанд.

Аз назари пешрафти нерӯҳои истехсолкунандаю муносибатҳои истехсолӣ ва сиёсати дохилию хориҷии давлатҳои сармоядорй таърихи нав ба ду марҳала тақсим мешавад. Марҳалаи аввал оғози сармояғундорӣ номида шуда, он тахминан то миёнахои асри XIX давом кардааст. Марҳалаи дуюми таърихи нав сармоядории инхисорй (монополиста) номида шудааст, ки он аз миёнаи асри XIX огоз ёфта, бо анҷомёбии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба охир расидааст. Китоби дарсии мазкур хамин марҳалаи таърихи навро дар бар гирифтааст.

Дар ин марҳала дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатҳои пешқадами ҷаҳон навгониҳои зиёде ба амал омадаанд. Аз он ҷумла ташкилёбии империяҳои мустамликавй ва ширкатҳои пуриқтидори инхисорй, пурзўршавии рақобат дар байни ширкатхову банкҳо ва марказонида шудани онҳо, рақобати шадиди мамлакатҳои империалисти барои ба даст даровардани манбаъхои арзони ашёи хом ва бозорҳои молфурӯшӣ, ғалабаи муносибатҳои бозоргонӣ, ба роҳи демократа дохил шудани як қатop мамлакатҳои сармоядорй, ташаккули муассисахои демократии давлатҳои мутамаддин, пайдо шудани табақахои нави ҷамъиятӣ – коргарони кирояву буржуазия ва ғалабаи инқилобҳои буржуазию демократӣ. Дар баробари ин дар империяҳои мустамликавӣ ҳаракатҳои миллию озодихоҳӣ вусъат ёфта, онҳоро сол то сол заифтар мегардониданд.

Дар марҳалаи нави таърихй давлатҳои империалиста дар сиёсати хориҷиашон якка-якка ба максадхои империи худ ноил шуда наметавонистанд. Аз ҳамин сабаб гурӯҳбанднҳои ҳарбию сиёсии “Антанта” ва “Итифоқи Сегона” ташкил меёбанд. Мақсади онҳо аз нав тақсим кардани ҷаҳонӣ аллакай тақсим кардашуда буд. Солкой 1914-1918 ҷанги байни ин ду паймон ба амал омада, талафоти бузурги то ҳол диданашудаи ҷонию моли ба бор овард.

Дар давраи дуюми таърихи нав тараққиёти мамлакатҳои ҷаҳон як хел сурат нагирифт. Нисбат ба давлатҳои дигар давлатҳои Европа хеле пеш рафта буданд. Иёлоти Мутаҳидаи Америка низ ба онҳо расида гирифта буд. Лекин давлатҳои Осиё ва Африка ҳанӯз марҳалаи то сармоядориро аз cap мегузарониданд. Мамлакатҳои Америкаи Лотинй бошанд, акнун ба давраи сармоядорй ворид мешуданд. Тобеият ба мамлакатҳои абарқудрат имконият намедод, ки мамлакатҳои Осиё, Африка ва Америкаи Лотинй тезтар таракқӣ карда, ба мамлакатҳои пешқадами Европа ва ИМА расида гиранд.

Империяҳои мустамликавй дар мустамликаҳои худ сиёсати ғоратгаронаро амалй мекарданд. Зарурат ба даромад давлатҳои мустамликадорро водор менамуд, қи дар мустамликаҳояшон корхонаҳои саноатию роҳҳои окан сохта, муносибатхои пулию молии онҳоро ба нафъи худ ба рок монанд. Пешрафти сармоядорй дар мустамликаҳо ва тарзи идоракунии онҳо ба эхтиёчоти сохибони мустамликаҳо мувофиқ кунонида шуда буданд.

Дар ин китоби дарсй мавзӯъхои дар боло зикрёфта ва масъалаҳои дигари марбути таърихи нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX ба таваҷҷӯҳи хонандагони синфи 8-ум пешниҳод карда мешаванд.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …