Главная / Илм / ТАЪБИРИ ХОБ — КИТОБ

ТАЪБИРИ ХОБ — КИТОБ

Ба коми Худованди бахшандаи меҳрубон

Сипос Худойро, ки воҳиду самаду қодир аст ва ризқдиҳандаи халқ ва олими ғайб ва донандаи сир аст, зоҳиру ботин ва аввалу охир аст. Дуруду таҳият бар Мустафои пок саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи аҷмаъин. Чунин гӯяд Абул Фазл Ҳусайн ибни Иброҳим. Тақлисӣ, ки чун аз тасонифи китоби «Сиҳҳат-ул-абдон” бипардохтам, нигоҳ кардам дар китоби асли таъбир, ки ба форсӣ сохта буданд, китобе возеҳу ҷомеъ наёфтам.

xob-didanЧунончи аҳволи устодони ин илм, ки ба ҳуҷҷат ва бурҳон дар он баён карда буданд ва ба тариқи истихроҷи ҳap хобе ба тартиби ҳуруф мураттаб ва машруҳ боз намуда. Пас чун бар ин баён китобе надидам, ки муфид бошад, дар ин саъй кардам ва ранҷ бар худ бурдам, то ин китоб сохтам. Аз китобҳое, ки дар ин илми нафис маъруф ва машҳур аст:

  • «Byсум” –и Дониёл алайҳиссалом,
  • ”Тақсим”-и Ҷаъфари Содиқ разияллоҳу анҳу,
  • «Чомеъ”- и Муҳаммад ибни Сайрин,
  • «Дастур»- и Иброҳими Кирмонӣ,
  • ”Иршод” — и Ҷобири Мағрибй,
  • ”Канз-ур-рӯъёӣ — и Маъмун» ҳамлу далоил ва мабодилоту таъбир ва ғайра.

Ва пас китоби мутафарриқ аз калимоти ҳар кас, ки дар ин илм тасниф кардаанд ба чунин тартиб. Аввал ҳар хобе ва насқи ҳуруфи аввал ва ҳуруфи дуввум ва саввум машруҳ дар ин китоб ёд кардем ва номаш «Комил-ут-таъбир» ниҳодем, зеро ки аз ин илм китобе аз ин фозилтар ба порсӣ насохтаанд ва он чӣ инсоф аст ҳама касро ба ин китоб эҳтиёҷ аст ва ҳар ки қавли ин таъбир дар назар дорад, аз ҳама таъбирхо бениёз бошад ва аз гуфтори устодони ин заъиф аҳволи шаш кас ёд карда, ки ҳар як дар асри хеш ягона ва ҳакими вақт буданд.

Аввал, Дониёл Ҳаким, ки дар рӯзгор наҷибуннасаб буд. 2/ Ҷаъфари Содиқ разияллоҳу анҳу. З/Муҳаммад ибни Сайрин. 4/ Ҷобири Мағрибӣ. 5/Иброҳими Кирмонӣ 6/Исмоил ибни Ашъис разияллоҳу анҳум.

Аз ҳақ субҳонаҳу ва таъоло тавфиқу ёрӣ хоҳем ба тамом кардани ин китоб ва савоби ду чаҳонӣ чашм дорем.

АНДАР ФАЗИЛАТИ ИН ИЛМ 

Бидон, ки илми таъбир илми бузург ва шариф аст. Аввал чизе, ки ҳазрати ҳақ субҳонаҳу ва таълоло ба ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалом дод, он буд, ки фариштаи муқаррибро дар хоб диду гуфт: «Эй Муҳаммад, башорат бод, ки ҳақ субҳонаҳу ва таъоло туро аз ҷумлаи анбиё кард ва туро ихтиёр кард ҳотами анбиё гардонид. tabiri-xobЧун Расули Худо бедор гашт, хоби набувват хайру иқбол аст ва баъд аз мероҷ хоби дигар дид, чунончи эзид таъоло фармуд: «Лақад садақаллоҳу расулаҳур руъё бил хаққи латадхулунал масҷидал ҳарома иншоаллоҳу оминина то он ҷо, ки фармуд» фатҳан қариб” ва дар қиссаи Иброҳим алайҳиссалом гуфт: «Инни аро фил маноми анни азбаҳука фанзур мо зо таро» ва дар Хабар чунин омадааст, ки ин мӯъҷизаи Юсуф алайҳиссалом буд ва илме, ки мӯъҷизаи пайғамбарӣ буд, яқин ки бас илме шариф ва бузург буд ва баъзе аз анбиё алайҳиссалом ки мурсал набудаанд, эшонро ба хоб каромат гашт ва Ҳушшом бини Урва аз падари хеш ривоят мекунад: ӯ гуфт, ки дар таъбири ин оёт, ки ҳақтаъоло фармуда «Лаҳумул бушро фил ҳаётид дунё» яъне, Ҳақтаъоло бадин “бушро» хоби солеҳои хоста аст, ки мардуми солеҳ хешро хобе бинад е касе ӯро хобе бинад, ки дар тасдиқи хоб оёт ва аҳодисе бисёр аст.

Аз Анас агар ҷумларо ёд кунем, китоб дароз гардад. Ва дар Хабар аст аз Анас, ки Расулоллоҳ с.а.в. гуфт: Дидани хоби марди солех ҷузвест аз чиҳилу шаш узви пайғамбарӣ ва ин хабар аз баҳри он гуфт, ки чиҳилсола буд, ки бар вай ваҳй омад ва 63 сола буд, ки аз дунё реҳлат кард. Миёни ваҳй ва реҳлат 23 сол буд ва ончи хоста буданд, ба хоб медиданд андар мудати шаш моҳ аз 23 сол як наҳр аз 46 наҳр буд. Пас Расул алайҳиссалом бадин маънӣ гуфт ва пайғамбарони дигар ҳамчунин буданд, ҳар чӣ хоста буданд, ҳақтаъоло аз хоб эшон­ро боз намудӣ ва хабар аст аз Абдуллоҳ бинни Аббос разияллоҳу анҳу ки Рассуллоҳ с.а.в. фармуд, ки хоби рост ваҳй аст, ки ҳақтаъоло мар бинандаро аз хайру шар ба вай расад, то дар дунё мағрур нашавад ва аз амри кирдигор ғофил набошад ва Абу Ҳурайра разияллоҳу анҳу гуфт: Чун Расул алайҳиссалом бемор шуд, ёронаш ғамнок пеши вай омаданд ва гуфтанд: Ту моро аз кори хайр хабар медодӣ, агар аёзан биллоҳи манҳумо туро аҷал бирасад моро кӣ хабар диҳад, дар ихтиёри кори дин ва тадбири он чигуна хабар донем?

Расул алайҳиссалом гуфт: «Баъд аз вафоти ман ваҳй бурида шавад, аммо мубашширот бурида нашавад.» Гуфтанд, «Мубашширот чист? Гуфт: «Дидани хобҳои солеҳ, ки марди нек бинад ё касе дигар аз баҳри ӯ бинад.» Ва дар хабар аст, аз Абӯсаъиди Хадарӣ, ки гуфт:» Аз расул с.а.в. шунидам, ки бо ёрон мегуфт, ки чун касе аз шумо хобе писандида ва нек бинад, бояд, ки шукри ҳақтаъоло гуяд ва он хоб бо бародарони мӯъмин ва дӯстон бигӯяд ва агар нописандида бинаду марди солеҳ буд, чанд бор аъузу биллоҳ гӯяд ва аз шарри дев паноҳ ба ҳақтаъоло равад ва он хоб ба хеҷ кас нагӯяд, то мазаррате ва газанде ба вай нарасад.

Ва дар хабар аст, аз Амирал Мӯъминин Алӣ разияллоҳу, ки гуфт чун мӯъмине хоб бинад ё вайро ба хоб бинанд, воҷиб аст донистани таъбири он хоб то аз хоби нек баҳрае шодӣ баргирад ва аз хоби бад ҳазар кунад: яъне ба дуъо, ибодат ва садақот машғул шавад. Ибни Caйрин раҳматуллоҳу алайҳ гӯяд: Мартабаи ин илм ва илмҳои дигар чунон аст, ки ҳар кӣ илме талаб кунад, аз аслаш нагардад ва қиёсаш таъбир напазирад ва тариқи он маълум накунад, магар ин илм аз асл нагардад ва аз аҳволи мардум ба ҳайъат ва сифат ва қадру диёнат ва ҳиммат ва иродат ва низ ба ихтилофи вақтҳо ҳамегардад, зеро ки вақти таъбираш ё ба асл бояд кард ва вақти зидгоҳ аз баҳри мардумон Овагоҳ аз баҳри азғос ва аҳлом яъне хобҳои шӯрида ва бидон, ки ҳар олиме ки илме дорад ва мустағнӣ бошад аз илми дигар, илло муаббир бояд, ки ба зарурат илми тафсири Қуръон ва ахбори Муҳаммад с.а.в. ва амсолу ашъори араб ва аҷам, иштиқоқи луғат ва ғайра, бояд ки бузургу латиф бошад ва шамоилу аҳволи мардум нек шиносад ба қиёсу илми усули нек донад ва доим таъфиқ аз худои таъоло хохад, то ӯро ба карами хеш роҳ намояд ва бар забонаш салоҳу савоб ронад ва он чизҳо ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ба касе диҳад, табъи ӯ пок бошад аз ҳама, ба луқмаи ҳаром хӯрдан ва аз суханҳои нобакор дур бошад ва аз маъоси эҳтироз намояд, то дар сулуки уламои варасатул анбиё дарҷ гардад ва вориси пайғамбарон бошад. Пас, бар хирадмандон воҷиб бошад донис­тани илми таъбир ва шинохтани қавонини он зеро, ки чӣ хосу ом, олиму ҷоҳилро бад ин илм ҳоҷат аст.

ФАСЛИ АВВАЛ ДАР ШИНОХТАНИ МИЗОҶИ ХОБҲО:

Андар ин фасл баён кунем, ки ҳадди хоб ва мизоҷи вай чист? Бидон, ки ҳукамо гуфтаанд, ки сабаби вуҷули хоб аз бухорҳои тари мутасаъид аст, ки аз тан ба сӯи димоғ боло шавад ва бидон, ки ҷумла ҳавое ва қуво ба ёрмандии ӯ осоиш ёбанд ва таъомҳои хӯрда музмаҳил шавад ва омезишҳои тан пухта гардад ва инчунин хобро пизишконе табиъӣ гӯянд ва баъзе гӯянд, ки хобро гузаштани рӯҳ аст, истеъмоли ҳавосро ва баъзе гӯянд хоб феълест аз феълҳои димоғ ва он феъли табиъӣ аст, зеро ки аз вай роҳатҳо ба қувоҳо мерасад, хусус қуввати тахайюл ва қуввати фикр. Ин қуватҳо, ки ёд карда шуд, ҳаракати рӯҳи нафсонианд ва мавзеъи эшон димоғ буд ва осоиш ба хоб аст, то рӯҳи нафсонӣ орамида гардад. Далел бар ин он аст, ки чун касе ба таҳсили илм машғул гардад ва ба шаб гармию хушкӣ бар мизоҷи ӯ ғолиб шавад ва рӯҳи нафсонӣ аз бисёрии ҳаракат сусту заъиф гардад ва аз ин ҷо ранҷу беморӣ таваллуд кунад илоҷи он чизҳо сарду тар бошад чун равғани нилуфар ва амсоли ин.

Ҳукамо гуфтаанд хоб ба ду навъ аст :

Табиъӣ ва дигаре ғайритабиъӣ. Аммо табиъӣ ҳарорати ғаризӣ бардиҳад: яъне гармии аслӣ андарунро аз андарун нигаҳ дорад. Чун биёр хуспад қувваи нафсонй суст гардад ба сабаби он чӣ тарӣ бар вай чира гардад, валек ин бояд ранҷ зоил кунад ва фазлҳо, ки дар тан чамъ шуда, ҷумла ба арақ ва андомҳо дафъ кунад ва хобе, ки ғайри табиъӣ аст, ба се гуна бошад: Яке аз фасоди мизоҷи тан. Дуввум, аз зиёда шудани баъзе масомҳо. Сеюм хурдани ғизоҳои ғализ. Зиёнкории мизоҷ сардтар аст ва мояи он аз сардию тарии димоғ зоҳир шавад ва аз онҷост, ки димоғи гарму тар хоб бисёр кунад ва агар касе эътироз кунад ва гӯяд, ки чӣ донисти ки хоб феълист, аз афъоли сарду тар ва poҳатy қуввати мутахаийила ватафаккура аст. Ҷавоби ӯ он аст, ки моро аз тариқи ақл маълум мешавад, ки нишастан роҳати истодан аст ба эътилоли роҳат бедорӣ ва осоиши қувватҳои димоғ пас яқин аст, ки хоб феълист аз афъоли мағзи сар ва шарҳи хоби табиъӣ ва ғайритабиъӣ ва заъфи қуввати тахайюл ва қуввати зикру қуввати фикр ба ҳуҷҷат ва бурҳон аз қавми ҳукамои қадим дар китоби «Кифоят ут талаб” ниҳодаем ва ҷумла дар он баён кардаем.

ДАР ДОНИСТАНИ ХОБ.

Дониёл алайҳиссалом гӯяд, ки хоб дар асл ду чиз аст. Яке огоҳкунанда аз ҳақиқати ҳолҳо. Дуввум, бедор кардан аз саранҷоми корҳо. Ва ин ду фасл аз чаҳор қисмҳост. Яке хоби умр аст: яъне фармоянда. Дуввум, хоб зоҷир: яъне боздоранда. Саввум мунзир: яъне бимкунанда ва тарсонанда. Чаҳорум хоби бушр яъне муждадиҳанда. Абдуллоҳ ибни Масъуд разиоллоҳу анҳу у гӯяд, ки Расул алайҳиссалом гуфт: Арруъёу салосата ақсдмин миналлоҳи таъоло ва башарил мӯъминина фи ҳаётиҳим. Қисми дуввум мина шайтониллазина оману қисми саввум азғос ва алҳом. Яъне, хоб бар се қисм аст аз ҳақ таъоло башорат мӯъминонро дар зиндагонӣ ба эшон. Дуввум, қиём он аст, ки мардумонро андӯҳгин гардонад З қисм он аст, ки хобҳои ошуфта бошад. Ҷаъфари Содиқ разиялллоҳу анҳу гӯяд ки асли хоб бар се қисм аст. Якеро ҳукм хонанд дуввумро қисми муташобеҳ хонанд ва саввум қисмро азғосу аҳлом хонанд ва азғосу аҳлом 4 гурӯҳ бинанд.

  1. Гуруҳе, ки табъи эшон ба фасод моил аст.
  2. Гуруҳе, ки шорибулхамр бошанд.
  3. Гуруҳе, ки ғизои савдоангез хуранд чун бодинҷон ва адос ва он чӣ бадон монад.
  4. Гуруҳи ноболиғ. Муҳаммад банни Сайрин раҳматуллоҳу алайҳ гӯяд хоб дар ду кисм аст: Аввал хоби ҳукм, ки он дуруст буд. Дуввум азғосу аҳлом во он хоб парешон ва пароканда буд ва азғос дастҳои гиёҳ бошад, яъне чунон, ки гиёҳҳо мутафариққанд, ҳар гуна дар бӯстонҳо ва азғос низ мухталиф аст ва он низ бар се навъ аст: баъзе аз ғалабаи табъ ва ҳаво, баъзе аз намотши дев, баъзе аз ҳадиси нафс ва ин ҳар се навъ дуруст набошад. Кирмонӣ гӯяд хоб бар се навъ аст: «Қисме аз башорати ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ва кисме васваса аз шайтон ва кисме аз сухане, ки бо худ гӯяд ва аз ҳаваси он сухан дар хоб бинад ва он рост сурати фаришта буд ки аз лавҳи маҳфуз башорат диҳад ба чизе, ки карда бошад ё банда ба ҳақ таъоло буд аз шарри он эмин гардад, ки ба вай расад. Аз ин сабаб чун касе хоб бинад ва фаромӯш кунад муаббир гӯяд тавба кун аз гуноҳон: фаромӯш кардан аз маъсият бошад, зеро ки намояндаи хоб фариштаест aз лавҳи маҳфуз.

Мағрибӣ гӯяд, хоб бар ду қисм аст:

Қисме хоби рост ва қисме хоби дурӯғ. Хоби рост ба се қисм аст. Қисми аввалро табшир хонанд ва қисми дуввумpo таҳдид ва қисми саввумро илҳом.

Қисми табширон аст, ки ҳақ таъоло фаришта бар лавҳи маҳфуз муваккил фармудааст, то ҳар чӣ аз хайру шар бар сари фарзанди одам, ки хоҳад гузашт, аз лавҳи маҳфуз ба вай расонад ва бинамояд ӯро дар хоб ва он фариштаро ки малаки руъё хонанд, пас сун касеро башорате хохад расонид, малаки руъё ӯро дар хоб боз намояд ва хоби таҳдид он аст, ки малаки руъё ӯро битарсонад ва огоҳӣ диҳад аз чизе, ки ба вай хохад расидан, то бинандаи хоб ба тоат дарояд ва аз гуноҳ бипарҳезад ва сабаби он ибодату фармонбардорӣ кунад ва аз шарре ки ба вай хохҳад расид эмин гардад. Ва хоби илҳом он аст, ки худои таъоло илҳом диҳад он фариштаро, то дар хоб бинамояд бандаро, ки садақа бояд додан ва ҷиҳод кардан ва ба ҳақ субҳонаҳу ва таъоло боз гаштан ва аз сари гуноҳ дар гузаштан ва адлу эҳсон бо халоиқ кардан ва хоби дурӯғ бар се ваҷҳ аст. Якеро хоби ҳиммат гӯянд, дуввум хоби иллат, саввум хоби шайтонӣ, яъне хоби ошуфта ва мухталиф. Хоби ҳиммат он аст, ки мардум ба бедорӣ чизе андешанд чун хоб раванд ҳамон бинанд ва он хобро асле набошад ва таъвили вай рост наояд. Ва хоби иллат он аст, ки бихуспад он дард бар вай ғолиб шавад ва чизҳои мункару саҳмгин ба хоб бинад ва сабаби он хоб дард бошад ва он хобро асле набошад ва хоби шайтонӣ аст, ки уро тан шустан вочиб кунад ва ё чизе номомумкин ба хоб бинаду ӯро таъбир ва таъвил набошад. Ва Амирал Мӯъминин Алӣ фармуд, ки аз аҷоибҳое, ки ҳақ таъоло офарид, яке хоб аст ва он чӣ дар хоб ҳамебинам аз хайру шар, ки баъд аз он ҳукми худованд бирасад.

Ибни Сайрин гӯяд, ки аҷоибҳои хоб яке он аст, ки шахсе дар хоб бинад хайре ва манфиате ва роҳате бинад ва офате ҳамчунон он хайру роҳат ва шарру офат ба айния ба бедорӣ ба вай расад. Ва яке дигар он, ки бисёре аз мардумом кундфаҳм ва кундзабон бошанд. Чунончи дар бедорӣ шеъре дароз ёд натавонад гирифтан дар хоб хонад ва ёд гирад ва дар бедорӣ дуруст боз хонда ва бисёр мардумом ҷоҳил бошанд, ки суханони ҳикматангез ва лафзҳои некӯ гӯянд, чунонки ҳеҷ ҳаким ва олим натавонад гуфт ва чун бедор шавад, он суханон боз гӯянд. Ҷобири Мағрибӣ гӯяд аз аҷоибҳои хоб яке он аст, ки дар хоб чизе бинад, ки ифтиро бошад ва тавили он чунон аст, ки он чӣ дар хоб бинад фарзанд ё бародар раво бошад чунонки Муҳҳммади Мустафос, яке ба хобдид, ки Буҷаҳл мусулмон шудӣ.  Он хоб пас ба Акрима боз гашт. Ҳам марде дигар ба хоб дид, Асад амири Макка мусул­мон шуд. Он хоб ба писарони Аббос бинни Асад боз гашт. Чун кӯдаке ба хоб бинад, таъвилаш модари ӯро буд, ё бандае бинад, таъвилаш хоҷаи ӯро бошад, аз ин аҷоибҳо.

ДАР ЁД КАРДАНИ НАФАС ВА РӮҲ

Бидон, ки ҳақ субҳонаҳу ва таъоло дар Қуръони маҷид фармояд: «Оллоҳу ятавафал анфуса ҳина мавтиҳо валлати лам тамутфи маномиҳо фаямсака лати қазо алайҳал мавту ва юрсалал ухро ило аҷамин мусамо. Эзид таъоло хабар кардааст моро, ки нафас бо хештан гиранд дар хоб ва бедорӣ боз гузорад ва аммо мурда боз нагзорад. Ва миёни уламо ва ҳукамо дар маънии нафас ва рӯҳ хилоф аст. Багзе гуфтаанд ҳар ду яке аст, маънии нафас ва рӯҳ ҷон аст ва далели эшон он аст, ки гӯянд дар каломи араб ҳашт маънӣ дорад ва ҷону хун, оби маний ва баррзу риммат ва ҷис ва яд. Ва рӯҳро гуянд, 12 маънӣ дорад: ҷону боду калому ва руҳулқудус ва борону ваҳй ва афсун Масеҳ ибни Марям ва зиндагонию фаришта ва раҳмати ҳақ. Ва баъзе гӯянд, ки ҷони бинандаи хоб аз тан берун ояд ва ба осмон равад ва он чи дида ва шунида ёд медорад, чун бедор шавад, боз ҷон дар тани ӯ дарояд. Далели эшон он аст, ки Расули акрам с.а.в. гуфт бандае, ки бо таҳорат бихуспад ва зикри ҳақ таъоло бар забон орад, ҷони ӯро бар осмон баранд ва баъзе муаббирон ин ояти хабарро манъ кунанд.

Гӯянд, ки на қавли расул аст, агар хуфтаро ҷон аз тан рафтӣ ҳаракоту дам задан надоштӣ. Пас чун ин ҳол дар хуфта ҳосил аст, далел кунад, ки ҷон ҳамчунон дар тан хуфта аст ва баъзе миёни ҷон ва равон фарқ ниҳанд ва гӯянд, ки чун хуфта дар хоб равад, равони ӯ аз танаш бадар ояд ва гирди олам бигардад ва боз дар тан дарояд ва ончӣ дида бошад, ҷонро хабар диҳад. Ва гӯяд, ки масали ҷон чун курси офтоб аст ва мисли равон чун фарқ ниҳанд ва гӯянд, ки чун хуфта дар хоб равад, равони ӯ аз танаш бадар ояд ва гирди олам бигардад ва боз дар тан дарояд ва он чӣ дида бошад ҷонро хабар диҳад ва гӯянд, ки масали чон чун курси офтоб аст ва мисли равон чун равшании офтоб, чунонки курси офтоб дар фалаки чаҳорум аст равшаноии ӯ дар ҷаҳон. Ва ҷамъе аз фалсафа гӯянд, ҷону paвон худ якест ва ҳеҷ фарқе нест миёни онхо, зеро ки сифати эшон ба қиёси ақли чун ях аз об аст ва об ях ва назди Арасту нафас мабдаи аввал аст ва ӯ шариф ва бузургвортар аз рӯҳ аст ва аммо сифати нафсу  рӯҳ аз қавли ҳукамои пеш аз ин ёд кардем дар китобе, ки аз назари аҳли суннат рӯҳ амрест аз амрҳои бори субҳонаҳу ва таъоло: Ясъалунака анир pӯҳ. Кулирруҳу мин амри рабий.

Яъне Эй Муҳаммад, савол мекунанд туро аз ҷон бигӯ, ки рӯҳ аз амри кирдигори ман аст. Ва эътимод бар кавли ҳақ субҳонаҳу ва таъоло аст ва мақсуд аз ёд кардани ақовили ҳукамо дар ин боб ин буд то ин китоб аз зикри эшон ва бурҳон холӣ набошад. Худованд моро ба тариқи дини хеш ва суннати пайғамбар нигох дорад тавфиқу хайру каромот рузӣ кунад.

ДАРДУРУСТИИ ХОБҲО ВА АЛОМАТҲО

Кирмонӣ раҳматуллоҳу алайҳ гӯяд: Ҳар кӣ хоҳад то дурустии хоби хеш ба аломатҳо ва далел нек бидонад, бояд, ки то тавонад ба таҳорат хуспад ва ба паҳлӯи рост хобад ва худойро ёд кунад ва таъоми бисёр нахӯрад, зеро ки он кас ки таъоми бисёр хӯрад ва худоро ёд накунад, меъдаи ӯ пур гардад ва бухорҳои таъом ба димоғи ӯ расад ва ақл аз он мутахаййил гардад. Аз ин сабаб хобҳои ошуфта ва парешон бисёр бинад ва таъоми андак ҳам нахӯрад, зеро ки чун меъда аз таъом холӣ бошад ва гурусна хуспад, хоби ошуфта бинад, зеро ки табиати ғизо набояд суст ва заъиф шавад, ӯро хоб набарад ва чун дар хоб равад, хоби ошуфта бинад ва мардум дар вақти хоб бояд на сер бошанд ва на гурусна, то хобе бинанд рост ва дуруст бошад ва низ хобро фаромӯш накунанд. Ва дар Хабар аст аз Абдуллоҳ ибни Масъуд, ки марди аъробӣ назди расули акрам с.а.в. омад ва гуфт ё Расуллоҳ, дӯш чунин хобе дидам ва хоби ошуфта оғоз карду мегуфт. Расул с.а.в. фармуд: чӣ хӯрда будӣ? Хурмо хӯрда будам бисёр.

Расул алайҳиссалом фармуд, ки ин хобро таъвил нест, ва дуруст наояд. Ва аз он ҷост, ки муаббирон бисёр хобро тағйир мекунанд ва таъвили он дуруст намеояд. Муаббир бояд, ки аз ин таъбирҳо ғофил набошад ва чунин чизҳо аз соил бипурсад баъд аз он таъвили хоб бикунад, то он чӣ гӯяд, рост ва дуруст ояд ва аломатҳои дурустии хоб чунин бошад, ки ёд карда шуд. Ибни Сайрин гӯяд, ки бисёр хоб аст, ки касе бинад, чун он кас сазовори он набошад, таъвилаш ба касе аз хешони ӯ боз гардад, яъне ба фарзанд ё бародар ё падар. Ва бисёр буд, ки таъвили хоб аз марги ӯ таъсир кунад ва мо дар ин боб пеш аз ин тақрири Акрима бинни Абу Ҷаул кардаем, ки бар падар хоб диданд ва таъвили он бар писар расид чунончӣ, кӯдаки ноболиғ чун хоб бинад, бар падар боз гардад.

Пас чун муаббир усули ин чизҳо дониста бошад, бар ӯ ҳеҷ мушкил набуд ва Ҷаъфари Содиқ гӯяд, бисёр хоб аст, ки бинандаро саъб ва саҳмгин намояд, таъвилаш ба хилофи он бошад. Чунончӣ андӯҳу бим ва таъвилаш шодӣ ва хуррамӣ бошад ва гурехтан аз бими подшоҳ ва душману дадон ва он чи ба инҳо монанд далел кунад, ки худованди хоб дар амони худои таъоло бошад ва ашколи ин таъвилоти бисёр аст ва мо ҳар яке дар мавқеи худ баён кунем.

ДАР МАЪРИФАТИ ХОБИ РОСТ ВА ДУРӮҒ

Дониёл алайҳиссалом гӯяд, ки мардумон бошанд дар шакл ва сурат ва табоеъ ва боло ва сухан гуфтан ва хоби ҳар кас чун бар таъби мардум ва ҳаво ва шаҳри ҳар кас мухталиф бошанд ва бар якдигар намонад. Чун бар таъби мардум хун ғолиб шавад, аз бисёр хӯрдани гушт ва ҳалво ва шароб ва чизҳои дигар аз вай хун биафзояд, дар хоб раг задан ва ҳаҷомат кардан аз лаб тохтан ва ишрат кардан ва овози чанг ва чағона шунидан он чӣ бадин монад. Пас чун муаббир дар вай нигоҳ кунад ва гунаи вай сурх бинад ва тан фарбеҳ ва дар вай нишот ва шодӣ бинад, на ба вақти /ҳангоми/ холияш, бидонад, ки он аз иллати золиб шудани хун аст ва он хобро асле набошад ва чун бар таъби мардум сафро ғолиб бошад, аз хурдани чизҳои сафровӣ чун панир ва пиёз ва фулфил ва чизҳои гарм ва хушк, дар хоб оташ ва чароғ ва шамъ ва қандил ва гармо ва чизи бисёр бинад, чун муаббир ӯро зардгуна ва лоғар бинад, дар вай тезӣ ва ҳаракат бинад ва сухан бисёр гӯяд, донад, ки сафро бар вай ғолиб аст ва хоби ӯро асле нест. Ва чун бар табъи ӯ балғам ғоли бшавад, аз хӯрдани чизҳои балғамафзо чун дӯғ ва мост ва шир ва он чӣ бадин монад. Дар хоб барф ва борон ва он чӣ бадон монад, бисер бинад. Чун муаббир гӯнаи ӯ сафеду тани фарбеҳ бинад ва дар сухан ӯро гаронӣ бошад ва андак бар мизоҷи ӯ балғам ғолиб аст ва донад, ки хоби ӯро асле нест ва чун бар табъ савдо ғолиб шавад ва  хӯрдани чизҳои савдоангез чун гӯшт ва туршиҳо ва бодинҷон ва он чӣ бадин монад хобҳои бо биму тарс ва мору каждум ва торикӣ. Ва чун бинад, ки рангу рӯи ӯ аз андеша мутаффаккир аст ва бе сабаб ба рую риши худ даст молад, муаббир бидонад, ки савдо бар вай ғолиб аст ва хоби ӯро асле нест. Пас аз poҳu худ воҷиб аст, ки муаббир дар ин чизҳо ки гуфтем, ба тааммул нигоҳ кунад ва хоби ҳар насро нек пурсад ва бар он воқиф гардад, то таъвили хоб бар вафқи савоб ояд. Ибни Сайрин гӯяд, хоби он касоне, ки аз асҳоби ҳиммат бошанд, чун ошиқ маъшуқро ба хоб бинад ё арбоби ҳирфат пешаи ӯ ба хоб бинад. Масалан, чулоҳ карбосро ё оҳангар оҳанро бинад, бар муаббир воҷиб аст, ки хоб боз пурсад, ки дӯш чӣ хӯрда буди? Ва дар чӣ андеша хуфтӣ то баёни таъбир кунад ё касе ки ба хоб дар миёни барфу борону ях ва сармо гирифтор аст чун бедор шавад ҷомаи хоб аз вай дур шуда бошад, он сармо ба хоб дидан сабаби бараҳнагӣ бошад ва он хобро асле набошад. Ва агар хоб бинад, андар гармо буд ё офтобу ҳарорате дар худ бинад, чун бедор шавад ва ҷома бар худ бисёр печида бошад ва он гармӣ ба сабаби бар худ ҷома бисёр печидан буд. Агар касе бинад, ни аз иллате нолиду дарде дар андоми ӯ афтода буд вайро ранчур медошт ва ҳамон дард дорад.

Дар хоб бинад, ки бавл мекард, чун бедор шавад бинад, ки дар ҷомаи хоб бавл андохта буд ё бавл бар вай ғолиб шуда буд. Инчунин хобҳоро асле набошад.

ДАР МАЪРИФАТИ ФАРҚИ МИЁНИ ХОБҲО:

Кирмонӣ гӯяд, ки хоби мусулмонон росттар аз хоби кофарон бошад ва хоби доно беҳтар аз хоби нодон ва хоби солеҳ беҳтар аз хоби фосиқ ва хоби пирон росттар аз хоби кӯдакон ва дар хоби ҳap кас муаббирро бояд, ки дар вақти гузаронидани хоб маротиб некӯ нигоҳ дорад. Чун аз худованди хоб суол кунад ва алфози пароканда шунавад, ҳамаро ба қиёси ақл рост кунад. Чунончӣ, лафзи аввал ба охир буд ва он охир ба аввал орад, он гоҳ таъбир кунад ва хар кадом, ки лафзи қавитар бинад, ба усул ба ҳамон лафз таъбир кунад, чун мизони калом нигох дошта бошад, ӯро ғалат наяфтад ва он чӣ гӯяд, зеро уламои қадим     қиёс чунин карданд ва савобу рост омадӣ. Ҳикоят: Марде аз ибни Сайрин савол кард, ки ба хоб дидам, ки бонги /азон/ намоз гуфтам ибни Сайрин гуфт: Ҳаҷ бигзорӣ. Дар он вақт марде биемад ва гуфт: «Дар хоб дидам бонги намоз мегуфтам, Гуфт: туро ба дуздӣ муттаҳам кунанд.

Шогирдон гуфтанд, ки ин ду хоб як сурат дошт, ки бонги намоз мегуфтанд. Чигуна таъбири ин мухолифат кунад? Гуфт: «Онро симои салоҳ дидам гуф­там, ки ту ҳаҷ бикунӣ. Дар он дигаре симои аҳли фасод дидам ва мухолифат дар таъбир гуфтам, ки туро ба дуздӣ бигиранд. Ҷаъфари Содиқ гӯяд вақте бошад, ки хобе бинанд ва таъвили он ҳам дар он рӯз бошад ва хобе андар шаб бинанд ва таъвили он як сол бошад ва хобе бинанд таъвили он шаш моҳ бошад ва вақте бошад, ки хобе бинанд, таъвили он ба бист сол дуруст шавад то чиҳил сол бикашад.

Чунончӣ дар куштани Амиралмуъминин Ҳусаин он чунон буд, ки Расули акрам с.а.в. ба хоб дид ки саге хуни вай бихурдӣ ва баъди 40 сол дурустии вай падид омад, ки ӯро /Ҳусайнро/ шаҳид карданд. Ҷобири Мағрибӣ гӯяд, ки таъвили хоби шаб қавитар аз рӯз бошад ва хобе, ки аввали шаб бинанд дуруст набошад, аксар аз касрати андеша ва ашғол ва хобе, ки дар ними шаб бинанд, ҳам қисми азғос /парешон/ аст. Пас дурустар хоби саҳаргоҳ буд, зеро ки хоби саҳаргоҳ фаришта аз лавҳи маҳфуз бо мардум бинамояд. Аз ин сабаб таъвилаш дуруст ва рост буд. Ибни Сайрин гӯяд, ки хобе, ки дар аввали шаб бинанд, таъбираш ба панҷ сол пайдо шавад ва агар миёни шаб бинанд таъвилаш ба панҷ моҳ пайдо шавад ва агар дар саҳаргоҳ бинанд, таъвилаш то 10 рӯз пайдо шавад. Хулоса ҳарчанд, ки шаб ва рӯз наздик буд, хоб дурусттару зудтар буд.

ДАР БАЁНИ ДОНИСТАНИ ХОБИ ҶАЗР ТО БАР МУАББИР РОСТ ОЯД

Дониёл алайҳиссалом гӯяд, ки ҳар ки хоҳад тадбири хоб кунад, ночор аст он ки илми ҷазр ва фолро ки устодони қадимро буд нек бидонанд. Чунон ки кас аз вай таъбири хоб бипурсад бояд, ки муаббир номи соил /пурсанда/ бипурсад.

Агар номаш нек бошад, далел бар нек кунад. Чунонки Муҳаммад Аҳмад, Ҳусайн ва Қашир, Ҳабиб ва ончи бадин монад. Бидон ки ҷумларо бар ҳайру фараҳ буд, бар он кас ки расида. Агар ном ба хилофи ин буд, далел кунад бар шар ва андӯҳ, ки бар ӯ расад. Чун соил аз вай таъбири хоб пурсад, муаббир дар он замон аст ё хар ё шутур бинад, хоб писандида ва некӯ бошад ва низ бинандаи хоб сафар кунад. Хоса ки аспу устури бо зин ва лаҷом бинад ва агар соил аз вай таъбири хоб бипурсад ва он замин калоғ /зоғи ало/ се бор бонг кунад, далел бар хайру некӣ кунад ва агар калоғ ду бор бонг кунад, далел бар бадӣ буд, ки ба вай расад. Ҷобири Мағрибӣ гӯяд, шахсе хобе мепурсид аз Абдуллоҳ ибни Аббос дар он ҳол калоғе биёмад ва бар девори хона бинишаст ва ду бонг кард.

Абдуллоҳ гуфт, далел ки бар ту шарре расад, ҳам дар он шаб дузде ба хонаи ӯ рафт. Сурохе карду ҳар чӣ дошт, бибурд. Абдуллоҳ гуфт ки ман ба ёрон гуфтам, агар касе таъбири хоб бипурсад ва калоғ ду бор бонг кунад, далел бар мазаррат ва зиён буд ва агар 4 бор бонг кунад, далел бар хайру некӯӣ ва агар 5 бор кунад, бад бошад ва агар шаш бор кунад, нек бошад. Ибни Сайрин гӯяд, ки бонги калоғ чун тоқ бошад, далел бар хайр бошад ва чун чуфт буд, далел ба табоҳи буд. Ҷаъфари Содиқ гӯяд, агар марде бихуспад ба нияти он, ни хобе бинад ва аз он хоб аҳволи неку бад боз донад, aгap дар хоб гӯспанд ё гов ё асп ва монанди ин бошад ки аз гӯшти вай чизе хӯранд далел бар табохии кори ӯ бошад. Агар бинад, ки дари баста аз баҳри ӯ кушоданд ё таъоме ширин ёфт ва хӯрд, далел бар некӣ кунад.

ДАР ХОБЕ, КИ ФАРОМӮШ КАРДА БОШАНД

Ҷаъфари Содиқ гӯяд, чун касе хобе дида бошад ва фаромӯш кунад ва муаббир хоҳад, ки хоби ӯ бидонад, тариқ он аст, ки номаш бипурсад ва ҳарфҳои номаш бишуморад ва ба ҳисоби абҷад нӯҳ-нӯҳ аз вай бияндозад ва нигоҳ кунад, ки чанд монда аст. Масалан, агар нӯҳ монда бошад, шаҳрро ба хоб дида таъвилаш бар фасод кунад. Ва агар ҳашт монда бошад, сафар ё тазвиқ дида бошад ва агар ҳафт монда бошад, дадон ё сагон дида бошад. Ва агар 6 монда бошад ва худованди хоб мастур бошад, далел кунад, ки фариштагон ва аҳли салоҳро хоб дида бошад, ва агар панҷ монда бошад, аспон ва силоҳҳо ба хоб дида бошад ва агар 4 монда бошад, осмону ситорагон ба хоб дида бошад, агар се монда бошад, далел, ки бо касе коре гуфта бошад. Агар ду монда бошад ё як, далел, ки дар дину дунё манфиат кунад.

Ибни Сайрин гӯяд, чун касе хобе дида бошад ва фаромӯш карда будва муаббир хоҳад, ки хоб бидонад худованди хобро гӯяд, даст бар узве, бар аъзои хеш нек. Агар ба cap ниҳад, кӯҳ хоб дида бошад ва агар бо чашм ниҳад, чашмаи оби шӯр дида бошад ва агар барбинӣ ниҳад, домони кӯҳ хоб дида бошад ва агар бар рухсора нихад, марғзор дида бошад ва агар бар даҳон ниҳад, чашмаи оби хӯш дида бошад ва агар бар гӯш ниҳад, шикофҳо ва мағокҳо дида бошад ва агар dap риш ниҳад, гиёҳҳо дap хоб дида бошад ва агар бар ишкам ниҳад, рӯдхона dap хоб дида бошад ва агар бар аврат ниҳад, харобот дар хоб дида бошад ва агар бар дӯш ниҳад, кушк ва манзара дида башад. Дониёл алайҳиссалом гӯяд, ки чун касе хоб бинад ва фаромӯш кунад аз чаҳор чиз буда бошад: 1 /аз бисёрии гуноҳ, 2/ аз кирдори мухталиф, 3 /аз заъфи ният 4 /ихтилофи табъҳо. Чун аз ҳол бигардед, лоҷарам /ноилоч/ xoбҳо фаромӯш кунед.

ДАР ГУЗАРОНИДАНИ ХОБ БА ҚАВЛИ ҶОҲИЛОН

Кирмонь гӯяд, аҳли ҳикмат ҷоиз надоштанд, ки касе хоб пеши ҷоҳил гӯяд, ё таъбири он аз ҷоҳил пурсад ва ин ки гӯянд агар касе хобе дида, аз нодон пурсид ва ӯ таъбир карду он чӣ муаббир гуфта бошад воъеъ шавад, ин маҳол аст. Зеро намояндаи хоб фариштаест ва ҳаргиз хато наандешад ва он чи гӯяд ҳақ бошад ва ҳақ ба қавли нодон ботил нагардад ва миёни олиму ҷоҳил фарқи бисёр аст.

ДАР МАЪРИФАТИ ХОБҲО АЗ ҲОЛИ БА АВҚОТ ВА АСНОФ ВА ҲАЙАТ.

Ибни Сайрин гӯяд, хоб ба aвқот / вакт/ гардад. Чунончи агар касе ба шаб хоб бинад, ки бар сабиле /poҳ/ нишастааст, далел, ки бузургӣ кунад ва шуғле, ки ӯро бошад, андар он манфиати андак буд ва агар ин хоб ба рӯз бинад, далел, ки занро талоқ диҳад ва агар ба шаб бинад, ки мурғ сагро бигирифт, далел, ки ӯро ба марди aблаҳ кор афтад ва агар ба рӯз бинад, бемор гардад. Ҷаъфари Coдиқ гӯяд, ки хоб аз асл нагардад ба қадри дину санъату ҳирфат ва касб кардан чунон ки таъвили ҳамон хоб ба якдигар азоб буд.

Чун ин хоб марде солеҳ бинад, далел, ки даст аз гуноҳон ва корҳои носазо бидорад. Чунончи Муҳаммад бини Абдулазиз ривоят кунад ба исноди дуруcт аз Абдураҳмон Салмо, ки паёғамбар с.а.в. миёни Абӯбакри Сиддиқ ва Салмони Форсӣ бародари карда дод. Ва Салмон хобе дид мар Абубакрро гуфт. Ва сабаби он хоб аз вай дур шуд. Ва Абубакр гуфт, даст аз capи ту кӯтоҳ шуд то ба қиёмат. Салмон p.aнҳу аз ин хоб сайиди оламро с.а.в. хабар дод, таъвил ҳамон фармуд, ки Абубакр гуфта буд.

Ривоят аст, ки зане аз расули акрам с.а.в. пурсид: Ба хоб дидам, ки сутуни сақфи хонаи ман бар ман шикаста буд. Гуфт, ки шавҳарат аз сафар боз ояд. Бори дигар хамин хоб бидид. пеши Абубакр р.а. рафт аз ӯ пурсид. Гуфт: шавҳарат бимирад. Ва хоб ҳар ду яке буд, аммо таъвилаш аз ихтилофи вақт бигашт. Ва Кирмонӣ р.а. гӯяд, ҳар хобе, ки дар фасли баҳор бинад, умедвор бошад неку, аммо дар ҳукми таъвилаш таъхир буд. Хобе, ки дар фасли тобистон бинад, ҳукми таъвилаш зудтар ва қавитар бошад. Ва ҳар хоб, ки дар фасли хазон бинад, таъвилаш дуруст наояд. Ва бар дурустии ин сухан далел он аст, ки марде аз Абӯбакри Сиддиқ р.а. пурсид, ки ба хоб 70 барги шумурда аз дарахте ба ман доданд. Абӯбакр р.а. гуфт, ҳафтод чӯб бар ту зананд, дар он ҳафта 70 чӯб бар вай заданд. Пас соли дигар хамин хоб бидид, ҳамон 70 барг аз Абӯбакри Сиддиқ р.а. пурсид. Гуфт: ”70 ҳазор дирам бар ту диҳанд. Гуфт: “Ё амирал муъминин, порсол ҳамин хоб дидам, таъвали он 70 чӯб буд. имсол 70 ҳазор дирам маро гуфтӣ аз фасли ин хабар кун. Гуфт: Порсол дар фасли хазон дида буди дар он вақт дарахтон ҳама хушк мешуданд ва барг мерехт, таъвили он буд, ки имсол баҳор аст ва дарахтон рӯй ба иқбол доранд. Он мард 7О ҳазор дирам ёфт.

Дониёл алайҳиссалом гуфт, ки чун касе дар иқболи хоб бипурсад, аз бомдод то нимрӯз ҳукми таъвилаш бар иқбол ва баъд аз завол то шабонгоҳ далел бар шарру фасод буд ва таъбири он хоб ба рӯзи абру барфу борон ва ба вақти омадан ва фурӯ шудани офтоб нашояд пурсид.

Ҷобири Мағрибӣ гӯяд, ки ростатарини хобҳо он аст, ки вақти саҳар то офтоб баромадан бинад, ва таъвили хоби шукуфтани дарахтон ва расидани меваҳо хобҳо некӯ буд ва тъвмили он дуруст ояд ва хобе, ки рӯзи зимистон бинад ҳукми таъвилаш заиф бошад ва дар зимистон боду борон дорад ва дар баҳорон ҷаҳон хушу хуррам аст.

ДАР МАЪРИФАТИ ШАРОИТИ ОДОБ БА АҲЛИ ХОБ

Дониёл алайҳиссалом гӯяд, муаббир бояд, ки доно ва порсо бошад ва сокит ва алим ва аз исён дур бошад ва ба вақте, ёти томом бишунавад ва бидонад, ки соил подшоҳ аст ё раъият, кеҳтар аст ё меҳтар, олим аст ё ҷоҳил озод аст ё банда, ғариб аст ё шахрӣ, тавонгар аст ё дарвеш, мард аст ё зон, фориғдил аст ё машғул, дар тобистон дидааст он хоб ё зимистон. Чун инҳо ҷумла бидонад, ҳap якеро ба қиёси ақл, чунонки устодони ин илм гуфтаанд, таъвил кунад ва аз худ нагӯяд. Ибни Сайрин раҳматуллоҳи алайҳ гӯяд, ки бо вуҷуди он ки дар ин илм имом ва ягона буд, бо ин хама фазл хобҳoe, ки таъбираш надонистӣ, нагуфтӣ. Пас муаббир бояд, ки аввал сухани писандидаи хоби некӯ бишнавад ва онро таъбири нек бидонад ва дар он тааммул            кунад ва агар сухани дуруст бошад ва маънии он саҳеҳ бошад, чунонки эҳтимол таъвил кунад, он гоҳ таъбир кунад ва агар ҳашве /сухани зиёд/ дар миёнаи сухан бошад, он ҳашв аз вай ҷудо бияфганад ва бар асл таъвил кунад ва агар ҳама сухан мухталиф бошад, ҳеч ба якдигар намонад азғоси аҳлом /хоби парешон/ аст ва таъвили он накунад. Ва агар таъвили он бипӯшад, бар вай аз он маънӣ пурсад аз соил, ки тангдил аст ё хушдил ва он чӣ бишнавад, бинои таъвили хоб дар он ниҳод ва агар натавонад гуфтан ва муаббир он хоб натавонад донистан ба ном таъбир кунад ё бо табъ иборат ва гуфтор ва зиштӣ ва некӯӣ ва дурӯғ ва рост ва агар таъвили хобаш бар чизи бад бувад нагӯяд ва бар вай пӯшида дорад.

Кирмонӣ гӯяд, асли хоб бар се чиз аст: яке ҷинс, дуввум сифат ва саввум табъ. Ва ҷинс чун дарахтон ва мурғон бувад. Ин ҳама дар таъвили мардон бошад. Ва сифат он аст, ки муаббир бидонад, ки дарахт кадом аст ва ин мурғ аз чӣ ҷинс аст ва аз чӣ сифат аст ва агар дарахт гирдакон, ба қиёс бидонад, ки марди ачамӣ /ғайриарабе/ аст, зеро ки дар араб дарахти гирдакон набошад ва агар мурғ товус бошад, аҷамӣ бувад ва агар шутурмурғ бошад, марди арабӣ бувад. Ва табъ он аст, ки бидонад табъи он дарахт чӣ навъ аст. Пас таъвил бар навъи он дарахт кунад. Агар дарахти гирдакон бувад, марди тавонгар бувад. Валекин бадмуомила ва бахил бувад, зеро чун гирдакон бичунбонӣ, бонг кунад ва то нашканӣ мағзаш берун наояд ва агар дарахти хурмо бошад, коре ихтиёр кунад, ки осон бошад. Он ҷо хурмо буд ва агар мурғе бошад, ки ҳамепарид, бидонад ки ин мард сафар кунад.

Пас табъ мурғ низ бибояд донист, ки агар калоғ бошад, марде бадаҳд буд. Ва низ бинандаи хоб бояд, ки марде рост ва бо диёнат бошад ва ҳеҷ сухан дар он чӣ дида бошад, зиёдат ва нуқсон накунад, зеро ки ҳама хобро ба забон оварад. Ва агар касе хобе бинад ва аз он битарсад, бояд ки се бор оятулкурсӣ бихонад, ва бод бар хештан бидамад ва бигӯяд: Аъузу бирабби Мусо ва Иброҳима лази ва мин шарри руъёи лати ва айтуҳо мин маноли ан язурранӣ фид дини вад дунёи ва маъишати азза ҷоука ва ҷалла саноука ва ло илоҳо ғайрук. Пас аз ин ду ракат намоз хонад ва садақа диҳад, шарри он хоб бигардад. Мағрибӣ гӯяд, Иблиси алайҳиллаънат дар ҳама хобҳо эътироз кунад ва ба ҳама чиз хештанро монанд кунад, магар ба худо азза ва ҷалла ва фариштагону пағамбарон ва осмон ва офтоб ва маҳтоб, ситорагон худро бадин ташбеҳҳоо монанд натавонад кард. Ва агар вайро қуввати ин буди, ки худро монанди ин чизҳо намудӣ, миёни халоиқ фитна афкандӣ, ки гоҳе худро ба сурати пайғамбарон намудӣ ва гуфтӣ, ки ман аз ту хушнудам ҳар чӣ хоҳӣ, мекун, бо дигаре мегуфтӣ, ки ман офаридгори туам, гуноҳони туро афв кардам.

ДАР МАЪРИФАТИ ИН КИ ТАЪВИРАЗ ЧАНД НАВЪ БОШАД.

Ибни Сайрин с.а.в. гӯяд, муаббир бояд ки нахустин ном ва миқдору мартабат ва мазҳабу сирату ақлу фаҳми соил магълум кунад ва вақти савол чӣ ҳаракат мекунад ва хоб бар чӣ насқ мегузорад. Фасли моҳи форсӣ ва рӯзи моҳи тозӣ бидонад, онгоҳ он чӣ савоб иаздиктар бошад, таъвил кунад.

Дониёл алайҳиссалом гӯяд, чун касе аз муаббир хоб пурcaд ё номи вай ё номи падари вай аз номҳои пайғамбарон буд аз роҳи ҷазру фол, далел кунад бар хайру башорат ва хуррамӣ ва агар номи вай номи бад бошад, далел бар шарру фасод кунад. Дониёл алайҳиссалом гӯяд, хоб дар аввали рӯзи якшанбе некӯ буд тааллуқ бар офтоб ва дар аввали рӯзи сешанбе тааллуқ баp Миррих дорад. Пурсидани хоб нашояд дар аввали рӯзи чаҳоршанбе, ки тааллуқ ба Аторуд дорад ва далел ба ҳалоки қавм бошад. Ҳам нашояд пурсидан дар аввали рӯзи панҷшамбе Муштариро бошад. Аввал рӯзи хоб далел бар саъодат ва ишрат буд ва дар аввали рӯзи ҷумъа Зӯҳраро буд далел бар тарабу нишот.

Мағрибӣ гӯяд, муаббир бояд, ки таҷриба бисёр бошад дар таъбири хоб, чунонки табибро таҷриба ба бемор ва муолиҷати ӯ.

ДАР ДОНИСТАНИ МАСОИЛ КИ ТАЪБИРИ ОН МАҚЛУБ /ЧАППА/БОШАД.

Бидон, ки бисёр масал буд, ки таъбири он мақлуб бошад. Чунонки баъзе аз он дар ин фасл баён кунем, то бар мудаллим пӯшила намонад.

Ибни Сайрин гӯяд, ки гирифтан дар хоб шодӣ бошад ва дар хоб хона хароб шудан, духтарон зодан буд ва духтарон зодан дар хоб кишт кардан. Карбос танидан дар хоб некӣ буд ва анҷир дар хоб хӯрдан пушаймонӣ хӯрдан. Мӯзаи нав пӯшидан дар хоб ғаму андӯҳ бошад. Ва агар касе дар хоб бо силоҳ мӯзаи кӯҳна пӯшида бошад, далел бар хуррамӣ бошад.

ДАР ДИДАНИ ХУДО ТАЪОЛО ВА ФАРИШТАГОН ВА ПАЙҒАМБАРОН АЛАЙҲИМУССАЛОМ:

Мусанпифи ин китоб ки устоди ин заъиф буд, таъивили дидани Худованд ва фариштагону пайғамбарон дар аввали китоб ёд кардаанд, бинобар ин мо низ савоб дидем, ки дар аввали китоб ёд кунем.

Таъвили дидани Худованд. Дониёл алайҳиссалом гӯяд. Ҳар бандаи мӯъмин, ки худои таъоло азза ва ҷалларо дар хоб бинад, чунончи дар ахбор омадааст, далел кунад, ки ӯро дидори хеш бинмояд ва ҳоҷатҳои ӯро раво кунад ва агар чунон буд, ки истода буд ва худои таъоло ӯро медид, далел бар салоҳи кор ва саломатии нафс бошад ва агар гунаҳгор бошад тавба кунад. Агар бинад, ки ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ба ӯ роз мегуфт, далел кунад, ки он кас назди ҳақ киромӣ гардад ва агар бинад, ки аз паси ҳиҷоб /парда/ бо вай сухан гуфт, далел кунад, ки ӯро дар дин халале ё хатое бошад: Ва агар бинад, ки ӯро муқаррибу азиз гардонд бо вай ҳисоб карду ӯро биёмурзид /бубахшид/ далел кунад, ки ӯро биёмурзад ва аммо дар дунё бало бар вай гуморад ва агар бинад, ки ӯро панд медод, далел, кунад, ки ризои худо дар он набуд.

Агар бинад, ки худои таъоло ӯро чизе дод, далел кунад, ки дар дунё бало ва меҳнат бар вай гуморад ва агар бинад, ки ба назари лутф бар вай нигарист, далел кунад, ки биҳишт ва лиқои худро ба ӯ рӯзӣ кунад. Агар бинад, ки ӯро аз матоъи дунё чизе дод, далел кунад, ки бемории сахт кашад ва аз он аҷру савоб ёбад. Баъзе муаббирон гуфтаанд, ки муставҷиби уқубат гар­дад. Агар ӯро бинад ва касе бад ӯ гӯяд, ки худои азза ва ҷалла аст, далел, ки ӯро ба подшоҳе ҳоҷот афтад, ва агар бинад, ки худо ба замин фуруд омад, далел кунад, ки аҳли он мавзеъ мазлум бошанд ва ҳақ таъоло аҳли он мавзеъро нусрат диҳад ва агар аҳли он мавзеъ гунаҳкор бошанд, ҳақ онхоро тавба дихад.

Ва агар ҳақро мисли нуре бинад, чунончи васфи он натвонад кард, онро далел бар ғаму андӯҳ кунад ва агар бинад, ки худо уро номе дигар ниҳод, далел бар шарафи бузургист ва чун бинад, ки бар вай хашм гирифт, далел кунад, ки зӯҳду порсоӣ бошад ва агар бинад, ки ӯро наздики худ хонад, далел, ки аҷалаш наздик шуда бошад. Мағрибӣ гӯяд, агар касе худоро дар деҳе ё шаҳре бинад, далел кунад, ки он мавзеъ, ононе ки муслиҳанд, иззу шараф ёбанд ва дасти зулм аз эшон дур шавад. Ва агар бинад, ки худо бар аҳли он шаҳр хашм гирифт, далел кунад, ки қозии он шаҳр майли мудоҳинат кунад ё амири он шаҳр ба раият зулм кунад ва агар ин хоб дузде бинад, далел кунад, ки дасту пои ӯро бибуранд. Абдуллоҳ ибни Масъуд гӯяд, агар касе худоро дар хоб бинад, аз тарсу ваҳм эмин гардад. Ва агар кофир бошад мусулмон шавад ва агар мусулмон бошад, дар охират дидори ҳақ таъолоро бинад.

Муфассирон таъбир дар лиқои ҳақ гуфтаанд, ки агар ӯро ба сурате бинад, ки мисли он сурат надида бошанд, далел кунад бар фазл ва карами худованд ва агар бар сурати марде бинад, далел кунад, ки он мард қоҳир ва номдор гардад ва агар худовандро дар намоз ва тасбеҳ бинад, далел кунад бар раҳмат ва омӯрзиши он кас, ки дида бошад. Ва агар Худоро ғозиён дар ғазо дида бошанд, далел, ки он ғозиёнро нусрат бошад ва агар худои таъолоро бар сари турбати мурдагон бинад, далел кунад, ки он мурдагонро биёмурзад. Ва агар бинад, ки худовандро дашном  медод, далел кунад, ки он кас кофир гардад.

Ва агар бинад, ки Худои таъоло бар тахт нишаста буд ё хуфта, ин ҳама сифат  носазо аст. Далел кунад, ки бинандаи хоб баддин ва осӣ буд. Ҷаъфари Содиқ  разиялллоҳу анҳу гӯяд: таъвили дидани худои таъоло бар ҳафт ваҷҳа буд. Аввал афв ва мағфират, дуввум эминӣ аз бало ва меҳнат, саввум нур ва ҳидоят ва қувват дар дил, чаҳорум зафар бар аҳли зулм панҷум эминӣ аз бало ва уқубат ва азоби охират, шашум дар он диёр ободонӣ ва адл подшоҳ, ҳафтум иззу шараф ва баландӣ дар дунё ва охират чун ба раҳмат назар кунад ва агар наъузу биллоҳ минҳо ба назари қаҳр нигоҳ кунад хилофи он бошад.

Ва агар қозӣ бинад, ки худованди таъоло бо вай бо хашм буд, далел ки дар шаръ таҷовуз кунад ва доди мазлум надиҳад ва агар подшоҳ буд далел ба беадлӣ кунад ва агар олим буд, дар дину эътиқоди ӯ халал буд. Ва ҳap киро ба назари қаҳр бинад заҳмату азоб буд ва ҳуҷҷати мо он аст, ки гӯё  худои азза ва ҷалла мавҷуд аст, дидан ӯро аз роҳи ақл бошад. Пас бояд, ки ба хоб дидани худои таъоло мункир набошад.

Абӯ ҳотам аз Муҳаммад ибни Сайрин шунид, ки гуфт: аз хобҳо ҳеҷ дурусттар аз он набошад ки ҳақ таъолоро ба хоб бинад.

РӮЪЯТУЛ /ДИДАН/  МАЛОИ КА

Таъвили дидани фариштагон далел кунад бар подшоҳи комгор бо дин ва диёнат ва ё олими парҳезгор ва бузургтарини малоика чаҳоранд: Ҷабраил, Макоил, Исрофил ва Азроил алайҳимуссалом. Ибни Сайрин рахматуллоҳи алайҳӣ гӯяд: Агар касе Ҷабраилро дар хоб бинад, ӯ хуштабъ ва кушодарӯй, далел, ки бар душман зафар ёбад, ва агар ба хилофи ин бинад, далел бар ғаму андӯҳ. Ва чун хоб бинад, ки Ҷабраил ӯро мужда дод ё ваъдаи некӯ ё аз коре боздошт, давлату иззат ёбад. Агар бинад ки Ҷабраил ӯро чизе дод, далел аз подшоҳ қадр ёбад. Баъзе аз муаббирон гуфтаанд, ки агар Ҷабраил ба вай чизе дод, далел бар тарсу бими азим буд, ки ба вай расад. Ва агар дар хоб бинад, ки ба ӯ гӯянд, ки ту Ҷабраилӣ; далел кунад, ки сухандон гардад.

Ва агар касе Макоилро дар хоб бинад, чунонки сурати ӯст, далел, ки хайру башорат ба ӯ расад, зеро ки Ҷабраил орандаи азоб ва Макоил орандаи башорат аст. Ибни Сайрин гӯяд, ки агар дар хоб бинад, ки Микоил ӯро ато дода, далел, ки хайру бузургӣ ёбад. Ва агар ба хоб бинад, ки гӯянд ту Микоилӣ, далел, ки аз вай хайру башорат ба мардум расад.

Ибни Сайрин гуяд, ки Исрофилро ба хоб дидан чунонки сурати ӯст, далел бар қуввату бузургӣ ва ҷоҳу молу илму дониш буд ва бар ҳар диёр ки бинад, далел барои эминӣ ва ободонианд ва агар бинад, ки сӯр дар даст дошт ва медид,  далел бар ғаму андӯҳ бошад Ва агар бинад, ки Исрофил сӯр дар даст дошт ва

Инчунин кобед

лицейи умари хаём дар Душанбе

Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …