Главная / Гуногун / СОХТОРИ ДОХИЛӢ ВА ҚАБАТҲОИ ЗАМИН

СОХТОРИ ДОХИЛӢ ВА ҚАБАТҲОИ ЗАМИН

Таркиби дохилии Замин аз моддаҳои газӣ, моеъ ва сахт иборат ёфта, се қабатро ташкил мекунад: литосфера, мантия ва ҳаста (ядро) (расм  29). Ин қабатҳо бо таркиби моддӣ ва хусусиёташон аз ҳам фарқ мекунанд. Таҳқиқоти За­мин душвориҳои зиёд дорад. Ammo олимон дар ҳоли ҳозир бо кандани чоҳҳо ба чуқурии 10 км расидаанд ва таҳқиқи хусусиёти қабатҳои дохилии Заминро идома медиҳанд.

Расми 29. Сохти дохилии ЗаминБа ғайр аз ин, бо истифода аз мавҷҳои сейсмикӣ таҳқиқи чукуриҳои то ин вақт номаълуми Замин, барои ба даст овардани маълумотҳои дақиқ идома доранд. Дар натиҷаи заминларза ва таркишҳои сунъӣ лаппишҳои гунотун пайдо мешаванд. Фишори дохилӣ дар қабатҳои дохилии Замин мавҷҳои дароз ва арниро ба вуҷуд меорад. Ин мавҷҳо дар қабатҳои чукури Замин бо суръати гуногун рӯӣ медиҳанд. Рух додани чунин лаппишҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки қабатҳои дохилии Замин ҳолати сахт ва моеъ доранд.

Қишри Замин дар якҷоягӣ бо қисмати болоии мантия қишри сахи Замин – литосфераро ба вуҷуд меорад. Ғафсии он аз 5 то 80 км. ро ташкил медиҳад.

Дар он шароит барои ҳаёти организмҳои зинда мавҷуд аст. До солҳои 60 уми қарни XX литосфера ва қишри Заминро синонимҳо меҳисобиданд. Дар ҳоли ҳозир бошад собит шудааст, ки қисмати болоии литосфера қишри заминӣ буда, дар чуқурии 50 км дар зери уқёнус ва 100 км дар зери қитъаҳои хушкӣ қабати Моҳорович ҷойгир гардидааст. Дар ин қабат мавҷҳои сейсмикӣ бо суръати аз 5 то 8 км/сония мегузаранд.

Зилзилаамвоҷ – ларзишҳои сахте, ки дар замин паҳн шуда, созандаи манбаи заминларза, тарқишҳо ва берун шудани вулқонҳо шуда метавонад.

Қабатҳои дохилии Замин
Қабатҳои дохилии Замин

Мантия – дар миёни қишри замин ва ядро ҷойгир шудааст. Дар зери ли­тосфера ҷойгир туда, мантия то жарфнои 2250-3000 км рафтанаш мумкин аст. Дар мантия ҳарорати баланд мушоҳида карда мешавад. Тамоми моддаҳо дар шакли гудохта ҳастанд. Мантия ба болоӣ, миёна ва поёнӣ тақсим мешавад (рас. 30).

Ҳаста (ядро) – қисмати аз ҳама бузурги дохилии Замин ба шумор меравад. Ҳаста аз моддаҳое иборат ёфтааст, ки дороӣ хусусиёти металлӣ мебошанд.

Радиуси ҳаста 3500 км ро ташкил медиҳад. Ҳарорати он бошад ба 4000- 5000°С мерасад.

Таркиби дохилии Замин ва равандҳои дар он ба вуқӯъ омада, таъсири зиёд ба шаклгирии атмосфера ва гидросфераи Замин расонидаанд.

Омӯзиши таркиби дохилии Замин ба мо ба савоҳои зиёде, ки барои ҳаёти инсон дар рӯи Замин зарурианд, посух медиҳад:

  • Оё канданиҳои фоиданок кофианд ва ба охир намерасанд?
  • Чаро заминларзаҳо дойр мегарданд ва чи туна мешавад онҳоро пешгӯи кард?
  • Ҳарорат дар қаъри Замин чи 1уна аст?
  • Чаро баъзе қитъаҳои Замин баланд ва баъзеашон паст мешаванд?
  • Оё қитъаҳо ҳаракат мекунанд?
  • Оташфишонии вулқон чи гуна ба амал меояд?

Дар параграфы оянда щумо маълумоти зиёди шавқовар оиди литосфера ва равандҳои дар он ба вуқӯ омада дарёфт мекунед.

Савол ва супоришҳо

  1. Қишри замин чист?
  2. Сохтори дохилии замин аз кадом қабатҳо иборат мебошад?
  3. Дар бораи таҳқиқоти нави олимон оиди сохтори дохилии Замин маьлумот омода кунед

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …