Главная / Маданият ва санъат / Силаи раҳм бо ақрабо

Силаи раҳм бо ақрабо

Силаи раҳм бо ақрабо

 

Расули акрам (с) фармуданд: – Ҳар касе имон дорад ба Худованд ва ба рӯзи қиёмат, пас бояд, ки силаи раҳмро нигоҳ дораду бипайвандад бо хешони худ.

Расули акрам (с) фармуданд, ки дохили биҳишт намешавад касе, ки аз хешони худ бибурад.

Дар хадиси Расули акрам (с) омадааст, ки ҳар ки хоҳад умри ӯ дароз гардаду зиндагонии ӯ ҳуш гузарад, бигӯ, ки силаи раҳмро нигоҳ дорад, яъне хешовандонро хабар гирад.

Ҳикоят. Яҳё ибни Сулаймон гуфт: – Дар Макка будам. Марди Хуросонии парҳезгоре он ҷо буд. Мардумон назди вай амонатҳояшонро, яъне чизҳояшонро мегузоштанд ва ӯ чизҳои онҳоро то омадани онҳо нигоҳ медошт.

Марде ба назди вай омада даҳ ҳазор динор амонат ниҳоду бирафт. Чун он мард ба Макка бозомад, Хуросонӣ мурда буд. Аз аҳди ӯ пурсид, гуфтанд, ки намедонем, ки аз кӣ пул гирифтааст ва ба куҷо мондааст?

Аз донишмандони Макка савол карданд. Онҳо гуфтанд: -Умед дорем, ки Хуросонӣ аҳли биҳишт бошад.

Чун сеяки аз шаб ё нимаи шаб бигузарад, ба сари чоҳи замзам раву сари худро ба он чоҳ поён кун ва Хуросониро фарёд кунӯ бигӯй: амонати маро дар куҷо мондӣ? Ҳамчунин то се шаб фарёд кун.

Он мард чун се шаб Хуросониро бихонду ҷавоб наёфт, боз ба назди донишмандон омад.

Гуфтанд; – Метарсем, ки ӯ аз аҳли дӯзах набошад. Дар Яман водие аст, ки онро Барҳавон гӯянд ва дар он водӣ чоҳе аст. Саратро дар он чоҳ фӯру куну ӯро фарёд кун.

Баъд аз нимаи шаб он мард бар сари он чоҳ рафт ва ӯро фарёд кард. Хуросонй аз он чоҳ ҷавоб доду гуфт: – Моли ту дар фалон ҷо аст. Рафта бигир.

Он мард пурсид, ки чи чиз туро дар ин чоҳ гирифтор кард?

Овоз омад, ки маро дар Хуросон хешон буданд ва аз онҳо бибурида будам. Худованд аз ҳамин сабаб маро бад-ин чоҳ  андохт.

Он мард омаду аҳли ӯро хабар дод. Он ҷо, ки гуфта буд, биканданд ва мард моли худро ёфта гирифт.

Бидонӣ, ки силаи раҳм нигоҳ надоштан сабаби гирифтории « дӯзах аст ва силаи раҳм нигоҳ доштан сабаби халосии дӯзах аст.

Илоҳо, аз ҳар коре, ки сабаби гирифтории мо бошад, моро нигоҳ дор ва он чи сабаби наҷоти мо бошад, моро каромат  фармоӣ, омин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …