Главная / Гуногун / Шеъри ҷавонӣ

Шеъри ҷавонӣ

АКСБОЗӢ
Аксҳои ҷавонии худро
Мегузорад ба Фейсбук доим.
То кунад ошиқаш ҷавононро,
То қиёмат кунад зи нав қоим.
Аз ҷавонон паём мегирад:
“Бахудо, ки надида ошиқатем,
Дар куҷоӣ? Шумораатро деҳ,
Ки дар ин рӯзгор лоиқатем”…
javoniМедиҳад ӯ шумораашро зуд,
Мезанад ҳарфи гарми тилфонӣ.
Лек агар гап равад зи вохурдан,
Рад кунад он қадар ба осонӣ.
Ки ҷавонии ӯ фақат дар акс
Мондаасту худаш кунун пир аст.
Ки ба вохурдану ба бӯсу канор
Бо ҷавонон барои ӯ дер аст.
Кори ӯ дар хазони зиндагияш,
Водареғо, ки аксбозӣ шуд.
Ин ҳама таъна нест, дилсӯзист,
Навҷавонии ӯ маҷозӣ шуд.
Хоҳамаш пирии Зулайхоро,
То ҷавонии рафтаро кобад.
Хоҳамаш қисмати Зулайхоро,
То ки Юсуфи хешро ёбад…
Муаллиф: Шоир – Бузургмеҳри Тоҷиддин

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …