Главная / Ҷамъият / ШАЙТОН ДАР НАМОЗ

ШАЙТОН ДАР НАМОЗ

Намоз ибодати бузург ба шумор меравад ва алббата шайтон сайъ мекунад то ки ҳушу ёди моро аз намоз дур гардонад. Ҳангоме ки вақти намоз фаро мерасад ва МО мехоҳем, ки барои хондани намоз омодагй бинем, шайтон ноаён ба назди МО меояд ва пичирос мезанад: “Ҳоло вақт ҳаст. Ту ҲОЛО кори бисёре дорй… Ба ОНҲО машғул шав… Чй хел монда шудай аз хоб сер накардай, ҲОЛО камтари дигар хоб кун”. Ҳамин тавр, Ӯ моро аз роҳ мезанад ва намегузорад, ки МО намозамонро дар вақташ бе қазо хонем.

shaiton

Одами шайтон

Баъзан, шайтон бо воситаи одамони дигар ин корро анҷом медиҳад, то ки МО намозамонро тарк кунем. Вақте ки МО дар миёни одамон бошем, Ӯ чунин фикрро ба МО талқин мекунад: “Ҳоло вақт аст. Ту чизе гуфтан мехоҳӣ, то ба охир онро бигӯй… Боз ба рафиқат сӯҳбат намо. Вақте ки Ӯ рафт, баъд намозатро мехонй”. Агар дар ин ҳолат МО чунин андеша кунем: “Аз барои Аллоҳ Таъоло ҳатман бояд намоз гузошт. Чй қадаре ки пештар хонем, ин ҳамон қадар хуб аст” ва намозро барпо намуда, онро дар вақташ адо намоем, ҳамин тавр бар шайтонголиб мебароем.

Яке аз роҳҳое, ки бештар шайтон истифода мекунад, ин кӯшиши ҳар чй зудтар ба охир расонидани намоз мебошад. у моро маҷбур месозад, ки шитоб кунем: “Ту корҳои зиёде дорй, ки бояд онҳоро ба охир расонй. Шитоб кун то зудтар намоз анҷом ёбад”. Вай ба хотири мо ҳамаи он корҳоеро мерасонад, ки бояд мо онҳоро зудтар анҷом диҳем ва сайъ мекунад, ки мо ҳарчӣ зудтар намозро тамом кунем, гӯё мо тамоман вақт надошта бошем. Дар асл бошад, агар мо ба ҳаёти ҳаррӯзаи худ нигарем, бе ягон мушкилй мебинем, чӣ қадар вақтро мо беҳуда мегузаронем.

Барои он ки шайтон моро аз намоз боздорад, ӯ чунон макру ҳилаеро истифода мекунад, ки ҳатто мо тассавур карда наметавонем. Шайтон ба назди одами камбатал ва нодор омада ӯро талқин мекунад: “Намоз на аз барои шумост. Вай барои онҳоест, ки Аллоҳ ба онҳо неъмату сарват додааст”. Беморонро низ мегӯяд: “Намозро як сӯ гузор, Аллоҳ гуфтааст: “Барои беморон душворию вазнинй нест. Вақте ки сиҳат шудй, он вақт бисёр намоз мегузорй”. Ҳамин тавр ӯ сайъ мекунад, то ки инсон намозҳояшро тарк кунад. Ба ҳар як инсон ӯ бо тарзу усули гуногун вобаста ба вазъу ҳолати он таъсири худро мерасонад.

Барои халос гардидан аз шарри шайтон беҳтарин васила ҳамеша ботаҳорат будан ва чун вақти намоз расид, ба ҷо овардани он мебошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …