Главная / Маданият ва санъат / Шафоат кардани тифлон падару модари дӯзахиашонро

Шафоат кардани тифлон падару модари дӯзахиашонро

Шафоат кардани тифлон падару модари дӯзахиашонро

Фарзандони тифл, ки дар хурдӣ аз дунё гузаштаанд, чун падару модари худро дар дӯзах бинанд, фарёд бароранд. Онҳо, ки дар дунё дар оғӯши модар буданд, он замон чун падару модарро дар дӯзах бинанд, бо фарёду фиғон худро дар оташ андозанду ба дасту пои падару модар овезанд.

Оташи дӯзах аз дидани тифлон бигурезад. Тифлон фарёд кунанду гӯянд:

– Худовандо, агар модарону падарони моро дар дӯзах андохтӣ, моро низ дар дӯзах ба паҳлӯи онҳо андоз.

Худовандо, моро дар дунё дар хурдсолӣ аз падару модар ҷудо кардӣ, дар уқбо, яъне дар охират моро аз онҳо ҷудо макун ва ҳар яке модару падари худро гирифта фарёд кунад.

Аз нолаву зории тифлон малоикаҳои Арщу Курсӣ ҳама дар гиря дароянд ва ҷумлаи халоиқ зорӣ кунанду гӯянд: – Худовандо, агарчи бар ин гунаҳгорон қаҳр мекунӣ, яке раҳм ва карам дар бораи ин тифлон кун.

Дар аснои он гиряву зорӣ баногоҳ Ҷабраил (а) аз Ҳазрати Раббулиззат даррасад. Ҳама халоиқ чашм ба ӯ доранд, ки магар фатҳёбӣ шавад, яъне шояд, ки ягон хурсандие пайдо шавад. Чун Ҷабраил (а), ояд чанд шишаи об аз зери арш берун ораду ба он тифлон бидиҳад ва гӯяд, ки ин обро ба тарафи дӯзах андозед.

Тифлон он обро ба сӯи дӯзах андозанд. Оташ аз хавфу тарсӣ он обҳо бигурезад. Ҷумла халоиқ аз он мутаҳайир бимонанду пурсанд, ки ин чӣ гуна об буд?

Ҷабраил (а) гӯяд, ки ин оби гиряи мусибатзадагон аст. Чун он кӯдакон дар хурдӣ фавтида, ҳар яке монанди донаи марворид дар назари модарону падарон падид мешуданд, онҳо дар мусибати марги фарзандон ашк аз дидагон мерехтанд.

Пайки аҷал чун бар сари ин тифлон парвоз карду ҳар яке ба марг гирифтор шуда, шӯълаи оташи фироқу ҷудоӣ дар синаи падару модар афрӯхтанд. Ҷӯйҳои об, ки аз чашми онҳо равона мешуд, он обро бар шишаҳо карда дар зери Арши маҷид бо амри ҳазрати Ҳақ субҳона ва таъоло медоштанд, ки имрӯз дастгири вакти он дармондагону бечорагон гардидааст.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …