Главная / Ҷамъият / Сафири нави Амрико (ИМА) дар Тоҷикистон таъин шуд

Сафири нави Амрико (ИМА) дар Тоҷикистон таъин шуд

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, номзадии Ҷон Марк Поммершим аз Флоридаро ба мақоми сафри ИМА дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кохи сафед, Ҷон Марк аз соли 1990 дар хадамоти дипломатии ИМА қарор дорад.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон

Ӯ дар гузашта дар намояндагии ИМА дар Қазоқистон, Русия, Чин ва Ҷопон кор кардааст.

Ба иттилои Кохи сафед, Ҷон Марк, хатмкардаи Донишгоҳи Бакнел буда, забони русиро дар донишкадаи давлатии забони русии Пушкин омӯхтааст.

Кохи сафед номзади пешниҳодкардаи Трамп ба мақоми сафирӣ дар Тоҷикистонро соҳиби 10 ҷоиза муаррифӣ карда, изҳор доштааст, ки Ҷон Марк донандаи забонҳои русӣ, олмонӣ, ҷопонӣ ва чинӣ мебошад.

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …