Олимон сохти ҳуҷайраро бо ёрии микроскоп омӯхта, мушоҳида карданд, ки ҳуҷайраи аксари узвҳои растанӣ қобилияти сабзида ба камол расидан ва тақсим шуда афзоиш карданро дорад. Дар натиҷа ҳуҷайраҳои нав ба вуҷуд меоянд.
Тақсимшавии ҳуҷайра одатан хеле мураккаб мегузарад. Сараввал, ядрои ҳуҷайра калон шуда, дар он хромосомаҳо, ки ҷисмчаҳои ода- тан зугӯташакл ё силиндрианд ва аломатҳои ирсиро аз ҳуҷайра ба ҳуҷайраи нав бавуҷудомада мегузаронанд, дучанд мешаванд ва ба хубӣ аён мегарданд 16 .
Баъди ҷойивазкуниҳои мураккаб нисфи хромосомаҳо ба як қутби ҳуҷайра ва нисфи дигараш ба қутби дигари он ҷой иваз мекунанд. Дар қутбҳо ду ядрои нав пайдо мешавад, ки микдори хромосомаҳои ҳар кадоми онҳо ба микдори хромосомаҳои дар ядрои пеш ба тақ- симшавӣ шурӯъкардаи хуҷайраи модарӣ баробар аст.
Дар ин вақт дар дохили (ё мобайни) ситоплазмаи ҳуҷайраи тақсимшудаистода пластинка (лавҳача) пайдо мешавад. Вай ҳуҷайраро ба ду қисми баробар тақсим мекунад ва дар ҳар кадоми ин қисмҳо яке аз ядроҳои бавуҷудомада ҷойгир мешавад. Тамоми моддаҳои зиндаи ҳуҷайра низ дар байни ин ду ҳуҷайраи ҷавон (нав пайдошуда) баробар тақсим мешаванд. Ҳамин тавр, дар натиҷаи тақсимшавӣ аз як хуҷайраи модарӣ ду ҳуҷайраи ҷавон (духтарӣ) ба вуҷуд меояд .
Тақсимшавии хуҷайра дар баъзе ҳолатҳо ва дар баъзе организмҳои растанигӣ бе ҷойивазкунии мураккаби хромосомаҳо низ рӯй доданаш мумкин аст. Дар ин ҳолатҳо ядро ва ситоплазма бево сита ба ду ҳисса чудо шуда, ду ҳуҷайраи навро ба вуҷуд меоваранд.
Ҳуҷайраҳои ҷавон аз ҳуҷайраҳои пир бо баъзе аломатҳояшон фарқ мекунанд. Андозаи онҳо хурд буда, асосан аз ситоплазма пур мебошанд ва инчунин, бисёр вакуолаҳои хурд доранд. Ядрои хуҷайраи ҷавон дар мобайни ҳуҷайра ҷой гирифтааст. Ҳуҷайраи калон (пир) одатан як вакуолаи калон ва ситоплазма дорад. Дар ситоплазма ядро ҷойгир аст, ки ба лифофаи ҳуҷайра ҷафс аст.
Ҳамин тавр, тақсимшавии ҳуҷайра аз тақсимшавии ядро оғоз меёбад ва микдори хромосомаҳои ҳар кадом ядрои ду ҳуҷайраи ҷавон (нав) ва ядрои ҳуҷайраи аввала (то тақсимшавӣ) баробаранд. Ҳуҷайраҳои ҷавони аз нав бавуҷудомада месабзанд, дарозрӯя мешаванд, ба андозаи ҳуҷайраҳои болиғ расида, худашон ҳам ба тақсимшавӣ шурӯъ мекунанд. Ҳамаи узвҳои растанӣ (реша, поя, барг, гул ва ғайраҳо) бо туфайли тақсимшавӣ ва калоншавии ҳуҷайраҳо месабзанд ва қад мекашанд 17 .
- Ҳуҷайра чӣ тавр тақсим мешавад?
- Дар вақти тақсимшавии ҳуҷайра бо ядро чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?
- Ҳуҷайраҳои ҷавон аз ҳуҷайраҳои пир чӣ фарқ доранд?
- Сабзиши узвҳои растаниро чӣ гуна метавон шарҳ дод?