Рӯзаи назрй – ин рӯзаест, ки мо барои вафои ваъдаи худ дар назди Худованд адо менамоем. Доштани ин рӯза воҷиб аст.
Ду навъи рӯзаи назр аст:
- Рӯзаи назрии бо шарт
> Масалан агар мо қавл додем: «Агар модарам шифо ёбад ман се рӯз барои ризои Худованд рӯза хоҳам гирифт», пас агар модар шифо ёфт, албатта бояд се рӯз рӯза гирем.
- Hузаи назрии бешарт
Агар мо қавл додем: «Ман барои ризои Худованд, як рӯз рӯза мегирам», пас кадом рӯзе, ки мо рӯза гирем назри худро адо намудем. Агар мо қавл додем: «Ман рӯзи душанбеи ояндаро рӯза мегирам» – пас бояд рӯзи душанбеи ояндаро рӯза гирем.