Главная / Гуногун / Рибо – гуноҳи кабира

Рибо – гуноҳи кабира

Рибо. Маънии луғавии «рибо»«-зиёдат», «фоида» ва «суд» (ба таъбири масеҳиёни рибохӯр»-протсент»-С.Б.Б) мебошад. Рибо, дар шариъати ғуррои Муҳаммад (с)-ия, як навъи доду гирифти пуливу молии мутлақан ҳаромро гӯянд ва нораворо гӯянд, ки иборат аз ду қисм аст: Рибои дар савдо ва рибои дар қарз. Худованд мегӯяд: «Аҳаллал-лоҳул-байа ва ҳаррамар-рибо» (Тарҷума: «-Ҳалол кардааст Аллоҳ, яъне, тиҷоратро ва ҳаром кардааст (мутлақан) риборо»). Яъне, возеҳтар, ҳарду навъи рибо, дар муносибат ва муошират ва муомилоти савдоӣ ва  қарздиҳиву қарзгирӣ ҳаром аст!

Рибохоронро тӯдаи ҳаромхӯрон, низ гӯянд, ки на пули ба даст овардаашон (аз фоидаи пулу мол) ҳалол аст ва на нони мехӯрдаашон, яъне, луқмаҳо ҳаром аст. Ва луқмаҳо, ки ҳаром гардид, пас фарзандон ҳам, аз он луқмаи ҳароми истеъмолшуда ба дунё хоҳанд омад, ки оқибати онро Худованд, ба хайр гардонад. Сари ҳама мусибатҳо ва фалокатҳо рибо аст. Ва Расул (с) ин амалро бар умматонаш қатъиян манъ кардааст, яъне, наҳӣ карда, ки: «-Лаъана Расулуллоҳи (с) окилар-рибо ва маъкулаҳу!» (Яъне: «-Лаънат кардааст, Расулуллоҳ (с) сӯдхур (рибохӯранда) ва сӯддиҳандаро (рибодиҳандаро)».

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …