Қошуқ

Қошуқ ҳанӯз дар асри Х маълум буд. Аввалин намуди қошуқро аз чўб барои одамони бой месохтанд. Баъдан аз нуқра барои ҳамаи намуди таомҳо месохтагӣ шуданд. Паси ҳам шакл ва андозаҳои гуногун шуданд, мувофиқи вазифаашон (таиноташон). Инак, таоми равонро ба қошуқе истеъмол мекунанд, ки онро барои таомҳои якум таъин шудааст.

Вақте ки таом дар табақчаи чуқур ё дар косачаҳо (чашка) – кашида шудааст,  фақат боқимондаи таоми суюқро оҳиста бо фурӯбарии майда хӯрдан мумкин аст. Дар ҳолати истеъмол кардани таоми якум қошуқро аз дастакаш ба дасти рост мегиранд. Умуман, ҳамаи намуди шавларо бо қошуқ мехӯранд. Дар вақти истеъмол кардани дисерт қошуқи дисертиро истифода мебаранд. Дар вақти таомхурӣ қошуқро мувозӣ ва камтар дастакашро аз худ давр занонда (поварачивая) бе овоз мехӯранд.

Қошуқи чой барои нӯшидани чой, қаҳва бо шир ва қаҳваи сиёҳ лозим аст. Бо он шакарро омехта мекунанд ва мурабборо мехӯранд.

Агар чойро ба стакан рехта бошанд, қошуқчаро мегузоранд, аммо дар пиёла (чашка) ҳеҷ гоҳ намемонанд. Бо қошуқи худ аз шакардони умумӣ шакар ё қанди рафинад гирифтан мумкин нест. Барои ин бо қандро сиқонаки махсус ё бо нӯги даст мегиранд. Барои шакар қошуқи махсус гузошта мешавад. Қошуқ боз вазифаи дигар низ дорад, мисол бо он донакҳои олуча, ангур, апелсин ва ғайра, ки дар зарф қарор дорад, мегиранд. Баъзе меваҷотро мехӯранд, монанди грейпфрут, тарбуз, харбуза ва ғ.

Бо қошуқи махсус хуришро аз табақи умумӣ ба табақчаи худ мегузоранд. Барои рехтани қайла (соус) қошуқи махсуси соусро истифода мебаранд.

Боз дигар намуди қошуқҳо ҳастанд монанди:

Кафлесқошуқ (шумовка) –аз ҳама қошуқи калон ҳисоб мешавад, ки барои рехтани таоми равон ва компот истифода мешавад. Онҳо ҳар хел шакл ва андоза доранд. Боз қошуқ барои мураббо ва аз ҳама хурдтарин қошуқ барои дорувориҳо.

Расми 13. Намуди қошуқи хўрокхўрӣ

а) қошуқ барои таом.

б) қошуқ барои дисерт

в) қошуқ барои чой

г) қошуқ барои қаҳва

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …